Номи Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ сардори терминали №1-и шаҳри Душанбе дубора дар титри хабари расонаҳо ҷой гирифт. Ҳадди аққал ду ниҳоди муҳимми давлати Тоҷикистон аз тасмимоти худ дар робита ба ин подполковники пешини хидмати дохила дар баробари хабарнигорон гузориш доданд. Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод гуфта, ки “нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон арзу шикоят ворид нашудааст” ба ин далел муқобили ӯ парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ накардаанд.Вале Хуршед Каримзода, раиси Кумитаи гумрук гуфтааст, ки Раёсати амнияти дохилии ин ниҳодро барои онки натавонистаст аз рафтору кирдори Шаҳбоз Раҷабов огоҳ бишавад ва пешгирӣ кунад, барҳам додааст.
Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ сардори терминали №1-и Душанбе, писари табиби шахсии Президент ва раҳбарии Маркази бемориҳои дил дар бемористони Қараболои пойтахт Музаффар Раҷабзода дар як ҷаласаи васеъи кормандони соҳаи молия, андоз, гумрук ва бонкдори кишвар дар 10 майи соли ҷорӣ аз тарафи Раҳмон мавриди мазаммат ва интиқоди шадид қарор гирифт. Раҳмон ӯро дар фасоду ришват муттаҳам хонда бо суолҳои пайдарпай гуноҳони ӯро дар ҳузури омм дайн ва дар гарданаш ниҳод ва дар фароварди суханаш гуфт,ки “гум шавад”.
Медонед?
Аз ин ҷо буд,ки роҳбарони ин ду ниҳоди муҳимми давлатӣ ногузир шуданд ба саволи журналистон,ки саволи кулли ҷомеаи Тоҷикистон ҳам ҳаст,посух бидиҳанд. Инки то куҷо посухи онҳо ҷомеаи кишвар ва бахусус хабарнигоронро қонеъ кард, ҳарфи дигар аст аммо инки чаро Раҷабзода бо инки ин ҳама ҷиноятҳои сангинро муртакиб шудааст, аз ҷумла чи тавр тавониста,ки аз як лейтенанти оддӣ давоми як солу ҳашт моҳ то рутбаи подполковникӣ бирасад ва инки бо ин ҳама ришвату фасод,ки миллионҳоро ташкил дода ва ҳатто даҳҳо ҳазор долларро ба суратҳисобҳои офшорӣ мунтақил кардааст, чаро ба ҷавобгарӣ кашида нашуд, муаммоест,ки сару нуги он боз ҳам бармегардад ба ойилаи Раҳмон ва ин бор бештар ба Озодаи Раҳмон,ки роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳуриро бар дӯш дорад.
Ҳам раиси Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ва ҳам раиси Кумитаи гумрук, ки аз табору авлоди худи Раҳмонанд, ҳадди аққал ба хотири эҳтироми иззат ва обрӯи Президенти як давлат,ки “публично” Шаҳбозро “суд” ва ҳукмашро ҳам дод, бисёр мехостанд, ки бигӯянд, бале ӯ ҷазои сазовор гирифт.Аммо дасти тавонои Озода на танҳо ӯро бидуни муҷозот гузошт, балки гуфта мешавад ба вазифае дигар гузаронидаанд ва ҳоло ҳам “саломи касеро алейк” намегирифтааст.
Аз ин ҷо мешавад хулоса кард, ки шахсияти Шаҳбоз Раҷабзода барои шахси Озодаи Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ва завҷаи Ҷамолиддин Нуралиев,муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон бисёр ҳам муҳим, муфид ва ҳойизи аҳамият будааст. Вагарна, он ҳама дурушту дағалгуфторӣ ва он сақатгуиҳо ва он ҳама ифшокориҳо ва он ҳама гумшавгӯиҳои оммавии раиси як давлат ин қадар беарзиш намебуд. Дар ҳоле,ки маълум аст агар Раҳмон билфарзе дар ин ё ин масъала як салла биёред гуяд, нукаронаш як бора даҳсоларро бо калла меоранд. Бадзабонҳо мегуянд,ки агар Шаҳбоз аз доираи наздик ба роҳбари Дастгоҳ набуд кайҳо дар кунҷи зиндон буд. Аз хеле вақтҳо боз Шаҳбозу Озода дӯстиву рафоқат ва алоқаҳои бисёр ҳам танготанг доштаанд. Ва,ҳоло ҳам ин меҳру муҳаббати самимонаашон боис шудааст, ки ин “ҷавон” қурбон нашавад. Вагарна вақте Таҳминаву (Таҳмина Раҳмон ҳоло аруси Зарифбеки Шарифбек аст) писари Ёқуб Гулов,раиси пешини Корхонаи саноати сабуки Тоҷикистон ҷудо шуданд ва Гулов аз ҳокимият ва аз сари дастархони Раҳмон барои абад дафъ карда шуд.
Дахолати Рустаму Озода –фарзандони соҳибмансаби Раҳмон дар корҳо ва умуре,ки дар салоҳияти онҳо нест, барои тамоми вазиру раиси суду прокурори Тоҷикистон маълум аст. Мансабдорони тоҷик ҳар қадар,ки дар баробари Раҳмон дуқаду чорқад мешаванд дар баробари Рустаму Озода ҳам ҳамин гуна зону мезананд.
Оё дар чунин ҳолат,ки Шаҳбоз дӯсти бовафо ва ғамгусори Озода бошад раиси Оҷонси мубориза бо фасод чи ҳадде тавоне дорад,ки алайҳи ӯ тафтишот бубарад ва ба дастонаш завлона зада ҳамчун порахӯру ришватситон қисми чаҳори моддаи порахӯриро бизанад: “барои гирифтани ришва бо маблағи махсусан калон”. Саддарсад мутмаинам,ки аз лаби он пораҳо коми Озодаро ҳам Шаҳбоз ширин кардагиаст. Вагарна дар як солу ҳашт моҳ ӯ читавр аз лейтенанти оддӣ то ба дараҷаи подполковникӣ мерасид? Агар ки, албатта, Озода, аз раиси Кумитаи гумрук, ки писархолаи худи Раҳмон ва писартағои апаи Азизмоҳ- аз ду тараф хеши наздик барои Озода хоҳиш накарда бошад,ки барои Шаҳбоз зудтар полковникӣ диҳад. Чун инҷо ҳама чиз ҳатто дустиву муҳаббати самимона ва ниҳоят танготанг ва алоқаҳои хешу таборӣ ҳам бо пул чену баркаш карда мешавад. Ёдатон бошад Холмурод Сафаров, раиси Хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари Раҳмонро,ки дар назди автовокзали Душанбе паронда куштанд. Барои онки 350 ҳазор долларро гирифт, ки ба Раҳмон пора дода он касро раиси кони Шуғнов мекунад.Аммо чизе шуд,ки он кас раиси Шуғонов нашуд ва язнаи Раҳмон барои барнагардонидани пул кушта шуд.Ҳама сокинони Душанбе аз кофтукоби силоҳеки Х.Сафаров аз он кушта шуда буд ва барои пайдо намудани он тапонча,ҳатто водолазҳо чанд ҳафта дарёчаи Душанберо меҷустанд. Дар ҳар сурат агар кори рутбагирии Шаҳбоз ба риволи маъмул пеш мерафт ҳадди ақал даҳ сол зарур буд,ки ӯ лейтенанти калон ё шавад, сипас капитан ва сипас майор ва баъдан подполковник.Ин баландравиҳо дар ин муддати кутоҳ танҳо аз равобити хело наздик ва ё ошиқона метавонад бошаду тамом.
Акнун меоем ба сари суоли асосӣ. Кадом раис агар ки он ҳатто раиси Ожонсии зидди коррупсия ҳам бошад ҷуръат карда алайҳи нафаре,ки дар ду сол аз лейтенантӣ ба подполковникӣ расид дело мекушояду худро дар балои бад гирифтор мекунад? Фикр мекунед, ки Сулаймон Султонзода аз робитаи Шаҳбозу Озода дарак надошт? Шояд дарак надошт. Вале ӯ пай бурд,ки кадом “покровител”-и бақувват надошта бошад чи тавр аз вазорати меҳнат ба Гумрук ва он ҳам ба терминали №1 мегузарад? Барои ҳамин ӯ маҷбур буд дуруғ бигуяд,ки “арзу шикоят” нарасидааст. Вагарна дастури раиси ҷумҳурӣ агарчи шифоҳӣ бошад ҳам барои ниҳоди зери раҳбарии ӯ бояд ва ҳатмист, ки мавриди иҷро қарор бигирад. Ана барои чӣ мегуем,ки раисону вазирони имрӯза на танҳо ба Раҳмон ба Озодову Рустам ҳам бояд корҳоро “ҳамоҳанг” ва “мувофақа” бикунанд.
Манбаъи Ислоҳ аз хонадони худи Раҳмон аст чунин мегуяд:
“Ба Шаҳбоз худи Озода ҳамсар интихоб намуда аст.Он духтарҳам,ки номаш пеши мо ҳаст духтархонди ин оила буда аст.Инчунин дороиҳои Шаҳбоз аслан аз ин терминали № 1 нестанд ва ӯ то ин мансабҳам онҳоро дошт.Инки каме афзӯда бошад барояш ягон навоварии ҷадиде набуд.
Ин манбаъҳам аз алоқаи зичи Озодаи Раҳмон бо Шаҳбозро тасдиқ намуд ва чунин афзӯд:
”Чанд ҳодисаҳои рекетизми Шаҳбозро аз даврони дар консулгарӣ коркарданаш ва ба баъд, ки хело хашин будаанд нақл намуд.Ҳамаи онҳо сазовори ҷазои сангине ҳастанд дар воқеъ, агар ҳар шахси дигаре мебуд кайҳо дар зиндон буд.”
Мислеки Озода дар ҳимоят хело содиқонатар аз дигар афроди оила будааст.
Раиси Кумитаи гумрук эълом кард,ки Раёсати амнияти дохилии ин ниҳодро дар пайи танқиди Шаҳбоз Раҷабзода аз тарафи Раҳмон барҳам додааст. Аҷаб?! Як ниҳоди як идораи муҳим мунҳал ва барҳам зада шуд, шояд чанд нафаре ҳам бекор монд, ба хотири ҷурму ҷиноёти Шаҳбоз аммо худи ӯ гул халонда гаштааст.Ҳайрон намешавед, қойил намешавед, ду даст ба гиребон намебаред? Идораи давлатӣ, ниҳоди калидии давлат муҷозот мешавад вале дӯсти Озода,ки муҷиби барҳамзании як Раёсат шудааст, бо он ҳама айбу иттиҳомоте,ки худи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эълонаш карду дар гарданаш дайн намуд чизаеш нашуд.
Зимнан як нуктаи дигарро мебояд тазаккур дод. Вақте раиси Кумитаи гумрук гуфт,ки танқиди Раҷабзода аз тарафи раиси ҷумҳурӣ барояш “ғайричашмдошт” буд, дуруст ҳам мегуяд. Чунки ӯ буд,ки бо дастуру дархости Озода ба Шаҳбоз рутбаи подполковникро дода ва барояш ин ҳама салоҳият ва ихтиёроти калонро вогузор карда буд,ки ҳарчи бештар “ҷамъу ғунд” кунад ва ҳарчи бештар пул кор кунад. Ҳамчунин интизорро надошт,ки Раҳмон аз дустиву ошноии Шаҳбозу Озода ва аз инки дар пушти Шаҳбоз Озода меистад бехабар бошад.Ва инро ҳам медонист,ки Раҳмон аз онки Шаҳбоз чандин сол шофёри бачаҳо ва худи Озода аст ва Озода бо Шаҳбоз хеле муносибати пур аз меҳру муҳаббат дорад,комилан бохабар аст.Барои ҳамин ба ришваву фасодкориҳои Шаҳбоз чизе гуфта наметавонист,сукут мекард,худро нодида меангорид.
Зимнан як ҳарфе дигари ҷолиб,ки дар робита ба Шаҳбоз аз ҷониби Ҷумъа Давлатзода, раиси Ожонси хадамоти давлатӣ садо баҳсҳое дигарро дар фазои маҷозӣ ба бор овардааст.Ҷаноби Давлатзода,ки низ эҳтимол меравад аз қиссаву достони дустиву рафоқати Шаҳбозу Озода огоҳӣ дорад, ба хотири Шаҳбоз шуда ҳарфҳое ба мисли “ҷомеаи тоҷик омода нест,ки дороиҳои мансабдорони тоҷикро бишнавад” зада худро дар банду қайди хиҷолат ва расвоӣ қарор додааст.
Бо онки таъсири фарзандони Раҳмон болои масъулини давлат беш аз пеш афзоиш меёбад Раҳмон боз ҳам, дар ҷаласаи ахири ҳукуматаш ба Озода дастур дод,ки назорат аз болои мансабдорони давлатро пурзур кунад ва ҷиддӣ бигирад. Хуб, дигар ки маълум аст маҳз ба хотири онки Рустамро ҷойи худаш оварад, синни президентиро аз 35 ба 30 коҳиш дод.
Ҳоло дахолат бар умури давлат аз тарафи Рустам ва Озода ба ҳадде густариш пайдо кардааст, ки қиссаи Шаҳбоз Раҷабзода, сардори пешини терминали №1-и Тоҷикистон як абзатси кучаки он аст.Қиссаҳои воқеии дигарро ба вақти дигар мегузорем ва хело фактҳои ҷолиби дигареҳам дар дасти мо вуҷуд дорад,ҳоло вақти баёни онҳамаро намебинем.