режими «Фюрер» САҲА-ро чӣ тавр мехоҳад бифиребад
Дар ҳоле,ки ҳайати фиристодаи режими «Фюрер» барои нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо беш аз пеш шарманда шуда ва «артилеристон»-и он чун Зариф Ализода ва Абдулло Раҳнамои русурхак дар баробари дурбинҳои хабарнигорон сиёҳу сафед мешаванд, боз як тақаллуб ва дуруғи бузурги онҳо ошкор шуд. Онҳое,ки гуиё ба ҳайси намояндаи ТҒД-НПО-ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз Душанбе ба Варшава фиристода шудаанд ва ҳоло худро намояндаҳои ҷомеаи маданӣ унвон мекунанд,дар асл кормандини ниҳодҳои давлатианд. Асомии бархе аз онҳо ва маҳалли аслии кори онҳоро зикр хоҳем кард, аммо инҷо дар бораи яке аз онҳо,ки сари кайҳо кафидаашро бо тоқӣ пушидааст, як кам бештар хоҳем гуфт.Чун ӯ дар гузашта дар воқеъ ҳам аз аъзои ҲНИТ ва ҳатто котиби ҷаласаҳои ин ҳизб дар ноҳия буд.
Инро ҳам бояд бигуям,ки гирду ғун ва роҳӣ кардани нафароне аз ҳарҷо,ҳарҷо масалан Қазоқистону Русия ба ҳайси «группа поддержки» (нафароне чун Иноятуллохони Валиев, С. Мирзоаҳмадов ва чанд тане дигар) ва суханрониҳои онҳо дар ҳавои «пешво-пешво»-и хониҳои Абдулло Раҳнамои русурхак ва Муллоабдураҳими ба гуфтаи худаш кулобӣ ҳеҷ асаре ба ҷараёни иҷлосияи ОБСЕ накарду намекунад. Зеро барои намояндагони кишварҳои узви ОБСЕ ҳам тааҷҷубовар ва ҳам ғайриқобили қабул аст ки бар фарзи мисол ҳамин Иноятуллохон ва Мирзоаҳмадов аз берун аз Тоҷикистон истода Раҳмонро чаро тавсиф мекунанд. Ин ки дақиқ аст ки режим онҳоро барои дастгирии худ аҷир кардааст ва инҳо ҳам хачирвор бори гуноҳони Фюрерро дар пушт кашида истодаанд ва шояд ҳам медонанд ва шояд ҳам намедонанд,ки Фюрер ин ҳамаро мушоҳида карда беш аз ҳама ба ҳоли онҳо ханда карда истодааст.
Аммо акнун бигуем аз тоқибарсари саркафида,то хонанда бидонад,ки аз ин режим чӣ касоне ҳимоят мекунанд. Ва бидонанд,ки аксариятаи “эъзомиҳо”-и ҳукуматӣ ҳамин тавр гаравгонҳо ва муттаҳамони назди дарбори Раҳмонанд, аз ҷумла ҳамин Раҳнамои русурхак ва Муллоабдураҳими “кулобӣ”,ки худаш бо чунин наҳвае баромад намуд.
Номи ин нафар Камол Самиев,аст ки рӯзи якшанбеи 15.09.2019 дар сафҳаи Рашид Рашидиён,яке аз дастандаркорони “фермаи ҷавоб” бо ҳамроҳи Мулло Абдурраҳим дар шабакаи Фейсбук ва Ютуб роҳ ёфт,ки гӯё ҳамчун намоянда аз “ҷомеаи шаҳрвандӣ” ба САҲА меоянд.Вай қабл аз вуруд ба иҷлоси САҲА хеле сақат гуфт аз мухолифини Фюрер.Дар рӯзи дуюми кори САҲА боз дар наворе зуҳур кард ва иддио намуд,ки бархе аз мухолифин ӯро таҳқир карда бошанд,ки маълум шуд туҳмати маҳз буда ва касе ба ӯ ҳатто салом накардааст. Рашиди Рашидиён,ки бо нашри навори ӯ аз Мулло Абдурраҳим суҳбатеро ба нашр расонид,ки гуиё М. Кабирӣ ба назди ӯ одам мефиристодааст ва ӯ М. Кабириро ба дебат даъват мекунад ва мегӯяд,ки ман Мулло Абдурраҳими кулобиям. Камол Самиев ва Мулло Абдурраҳим ба назарам як хел ва дар як сатҳу сифат намуданд, чун ҳарду аз як сафҳа баромад карданд ва як маротиба не балки ду маротибаӣ,ва ҳарду ҳам як намд ва як мазмун гап мезаданд.Аҷибаш боз инҷост,ки ҳатто ҳайати расмии ҳукумат ба монанди Абдуллоҳи Раҳнамо аз саҳифаи Рашид Рашидиён баромад кард.Ин шаҳодати волои дигар аз як дудмон будани “Фермаи ҷавоб” зери номи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ” ва ҳайати ҳукуматӣ мекунад.
Акнун меравем ба асли матлаб,ки донед сатҳи Мулло Абдурраҳим бо чӣ касе баробар шудааст.
Ҳасби ҳол:
Камол Самиев дар ноҳияи Ашт бо лақаби Камолчаи майзада маъруф аст ва ӯро бо ҳамин ном мешиносанд.Ӯ дар солҳои 2000 то 2003 ва ё 2004 узви ҲНИТ буд. Аммо қиссаи пазируфта шудани ӯ ба сафи ҳизб воқиан ҷолиб аст. Соли таваллуди Камолчаи майзада 1954 ва ё 1955 аст.
Шуъбаи ҲНИТ дар Ашт дар як биное иҷора менишаст,ки дар он ҳамчунин шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист-экология ва чанд идораи давлатӣ ва ғайридавлатии дигар қарор доштанд.То инки узвият дар ҲНИТро дарёфт кунад Камолча корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зист буд ва ба арақ сахт алоқа дошт ва ҳамарӯза сархуш ва гоҳо сахт маст мегашт. Мастии ӯро,чуноне гуфтем тамоми мардуми Ашт бохабар буд. Рӯзе аз рӯзҳо ҳамин Камоли майзада вориди утоқи бародарони Наҳзатӣ шуда ва мегуяд,ки ӯ тарки арақ мекунад ва ба намозу рӯза мегузарад. Зеро дар хона, куча ва маҳалли кораш хеле обруяшро аз даст додааст.Вай мегуяд,ки ӯ ба ҳамин ният қарор қабул кардааст,ки шомили ҳизби исломӣ бишавад ва ҳам тарки арақ бикунад ва ҳам тарки гуноҳ ва рӯ оварад ба Худову расул. Аз чунин тасмими ӯ гарчанде ҳамагон ҳайратзада мешаванд,аммо истиқбол мекунанд. Ва,ӯ бо сароҳат изҳор менамояд,ки ҷонашро фидои ин роҳ хоҳад кард ва як тан аз сарсупурдаҳои ҲНИТ хоҳад шуд.Ин суханони ӯро, вақте чанд домуллое,ки дар он ҷаласа иштирок доштанд мешунаванд мегирянд,ки ва мегуянд,ки “бубинед, вақте Аллоҳ шахси майзадаро ҳидоят кардааст, ӯ чи гуна садоқат нишон медиҳад ва содиқ гаштааст”.Ҳатто яке аз аҳли ҷаласа бо садои нимашунаво мегуяд: “Беҳтарини шумо дар ҷоҳилият,беҳтаринатон дар ислом”.
Бале, ин дақиқан порае аз ҳасби ҳоли Камол Самиев, майзадаи собиқ, узи пешини ҲНИТ аст,ки ҳоло ба ҳайси намояндаи “ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар нишасти байналмилалӣ дар Варшава ҳузур дорад.Ва,ҷое барои тааҷҷуб ҳам нахоҳад дошт, чун на танҳо ӯст,ки дар идораи давлатӣ кору фаъолият дошта ва ҳоло барои онки аз режими “Фюрер” пуштибонӣ кунад,худро “НПОшник” муаррфӣ карда истодааст. Ҳоло қиссаи ҳасби ҳоли ин “наҳзатӣ”-и пешин идома дорад.Давомашро мутолаа фармоед.
Камол Самиев,ки акнун наҳзатӣ шуда тарки арақхурӣ кард,дар шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,дар бахши кор бо маълулини ноҳия фаъолият дошт ва дар ҷаласаҳои ҳизб котибӣ ҳам мекард. Аммо бархеҳо дар ҳизб ба ӯ ва садоқат ва самимияташ шакку гумон доштанд.Билахира барояшон маълум шуд ва ӯро хуб шинохтанд,ки ин мард аз тарафи амният ҳамчун “Буз” фиристодашудааст. Аз ӯ эҳтиёт мекарданд. Азбаски ҳама кору фаъолияти ҳизб ошкоро буд ва дар чавкоти қонунҳо амал мекард,агарчанде аз ӯ эҳтиёт мекарданд ва ,аксар аз ӯ дурӣ меҷӯстанд аммо ӯ омаду рафт мекард. Дар ин миён шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ин бино кучонида шуд.Вале Камоли Самиев аз онҷо барои кор ба шуъбаи экология,ки қароргоҳаш дар паҳлуи ҳуҷраҳои ба иҷорагирифтаи ҲНИТ буд ва ҳарду дар як бино ва зери як сақф қарор доштанд,гузаронида шуд.Дигар барои наҳзатиҳо шак ба яқин табдил шуд,ки ин узви ҳизб дар асл хабаркаши КГБ аст.Ва чизи дигар инки ӯ пинҳонӣ ба арақхурии худ идома додааст ва чанд бор хонумаш ҳам аз болои ӯ барои шикоят омадааст. Қарор карданд,ки ӯро аз ҳизб хоҳанд ронд. Аммо дар ин миён худи Аллоҳи меҳрубон кори наҳзатиҳоро осон мекунад. Ӯ як рӯз ба шуъба меояд ва мегуяд,ки ман як писар дорам ва ӯро дар яке аз сохторҳои муҳимми давлатӣ ба кор хоҳанд гирифт. Аммо узвияти ман дар ҲНИТ ба ӯ халал мерасонад ва ман набояд дар ҲНИТ бошам. Зеро вақте ман дар як ҳизби мухолиф бошам писарамро кор намегиранд. Ман дар мақомоти давлатӣ кор мекунам ва метавонам аз он мақомот барои шумо хабар оварам ва одами шумо дар дохили ҳукумат бошам. Ҳоло муваққатан аз сафи ҳизб баромадан мехоҳам.
Аъзои ҲНИТ дар ноҳияи Ашт дигар мутмаин буданд,ки аз будани чунин шахс латмае ба ҳизб ворид мегардад ва аз буданаш набуданаш хубтар аст,посух медиҳанд,ки ҳар шахс дар интихоби роҳ ва ақидааш озод аст вале мо ниёз ба ҳеҷ хабаре аз ягон мақомоти кишвар надорем. Муҳим,ки ӯро аъзои ҲНИТ аз майзадагӣ раҳониданд ва аз ӯ як шахсе сохтанд,ки метавонист худро руи поҳо нигоҳ бидорад.
Ҳамчунин аз онки маоши ночизе дошт ҳамчун муаллафатул қулуб кумак мекарданд,ки ҳамчун як инсон зиндагонияш хуб бошад ва дубора майзада нагардад ва бутилка ҷамъоврӣ накунад.
Як манбаи “Ислоҳ” гуфт,ки Камол Самиевич ҳатто назди ҳамсараш қадр надорад ва ҳамсараш ӯро к….е гуфта садо мекардааст. Аз ин ҳамсараш як духтарча дорад. Як зан,ки Худо биёмурзадаш ҳамсояи ӯ будааст борҳо гуфтааст,ки ту чи гуна узви ҲНИТ ҳастӣ,ки намоз намехониву руза ҳам намегирӣ: -ман чанд соле инҷо ҳамсояи шумо ҳастам ва обдасти туро надидаам ва чихел ту дар ҲНИТ кор мекунӣ,ки намоз хониятро боре надидаам?
Манбаъи дигари Ислоҳ гуфт,ки ҳамсари аввалии Камол,ки аз майзадагии ӯ безор шуда буд аз Ашт фирор карда ба Регар- назди волидон баргаштааст. Кор то ҷое расида будааст, ки Камоли майзада дар роҳу ҷуйбор масту беҳуш хобида ва ба либосҳояш наҷосат мекардааст. Аз нақли як қассоби ҳамдеҳааш,ки дар гузашта дар совхозе ҳамкори Камол будааст ҳикоя карданд, ки баъди аз ҷойи кор ронда шудани Камол дар паси ҷевони утоқи кориаш як халтаи калон шишаҳои холии одеколонҳои нушидаи Камолро пайдо кардаанд. Аз зани аввал Камол як духтару як писар дошт,ки ба ҳукми тақдир духтараш гирифтори бемории саратон шуда мемирад, вале Камол он замон то дараҷае майзада буд, ки ба аёдат ва ҳатто ҷанозаи духтараш рафта наметавонад. Бародари Камол бо ҳамсараш аз шарм ба ҷои ӯ ба ҷанозаи духтари Камолча ба Регар рафта будаанд.
Аммо манобеъ мегуянд,ки дар ин чанд гоҳи ахир Камол асосан аз ҳисоби заминфурушӣ рӯз мегузаронад: як минтақа-участкаи 8 сотихаро ба номаш гирифта фурӯхта мошини Тико харида, то имрӯз савори он будааст.Дертар дуюм участкаро фурӯхта духтарашро ба шавҳар медиҳад. (харҷи туй). Ҳоло боз ду участкаи дигар ҳам гирифтааст, вале чун лаёқати меҳнат ва маблағе барои сохтмон надорад, онро ҳам пинҳонӣ ба фурӯш гузоштааст. Аммо иллати ин ҳам участка гириҳои ӯ ин аст ки вай аз чанде аст,ки дар шуъбаи кумитаи дини ноҳияи Ашт ба кор даромад ва ҳатто аз ҷойи кори наваш ба ҳайси роҳбалад ба ҳаҷ ҳам рафт. Хонандаи ҳушманди мо худ медонад,ки чи касоне дар шуъбаҳои кумитаи дини навоҳӣ фаъолият мекунанд. Онҳо ё корманди КГБанд ва ё хабаркаши он. Вале, бубинед,ки чи гуна афрод роҳбаладони зоирин мешаванд ва чӣ касоне аз тарафи КДАМ барои ин фаризаи Илоҳӣ масъулият мегиранд. Вой ба ҳоли он ҳоҷиҳои бечорае,ки дар ҳаёт як маротиба мераванд ва аз оё чунин роҳбаладон маносики ҳаҷашонро чӣ гуна меомӯхта бошанд ва анҷом дода бошанд?Албатта ҳадафи КГБ маълум аст ки барои ҷамъоварии маълумот чунин ашхоси дасту рӯйношустаро роҳбаланд таъйин мекунад. аст.
Ҳоҷӣ Камоли майзада, хабаркашаки КГБ – як шахсе бо ин гузаштаи торик ва ҳоли табоҳ чи гуна намояндаи ҷомеаи шахрвандӣ мешавад? Дар ҳоле,ки вай корманди хукумати махаллӣ аст. Нуктаи дигари машкук будани шахсияти ӯ ҳам ин аст дар синни нафақа ҳам бошад ҷояшро барои ҷавоне холӣ накардааст?
Ва ин Камоли майзада ҳоло дар конфаронси САҲА нусхаи журналҳоеро аз фаъолиятҳои ба гуфтаи онҳо террористӣ-ҲНИТ тавзеъ карда истодааст,ки саропо фалш, фотошоп ва пур аз туҳмату таҳқир аст. Онҳое,ки ин журналро пул харҷ карда ба чоп расонида ва то Варшава расонидаанд, гумонашон ин аст ки бо ин дуруғҳо мешавад чеҳраи ҲНИТро дар Урупо доғдор кард. Аммо бехабар аз онки ин ҳарфҳо даҳҳо маротиба бозраси ва пажуҳиш шуда бепову асос будани онҳоро ҳамагон фаҳмидаанд.Худи ҳамин корашон,ки журналҳои омодакардаи “Фюрер” ва нукарони русурхакашро ба ном НПОшникҳо тақсим мекунанд,ки будани ин намояндаҳои ҷомеаи мадании эъзомиро ошкор мекунад. Аммо аз ҷониби дигар,дар ҳаминҷо ҳам ахлоқу одобу инсониятро қиёс кунед,ки як майзадаро наҳзатиҳо аз бало раҳонида, ба ҳаёт баргардонида, дар шумори мардум дароварданд аммо ӯ бо чи ҳамоқате посух медиҳад. Ва,аммо инҷо чун аз русурхак гуфтем як гуфтаи Абдулло Раҳмон дар суҳбат бо САТВ тасдиқ кард,ки тамоми кору борашон дар ин сафар ҳам ҳама аз кизбу дуруғ иборат аст ва ин русурхакон ҳарчанд мегуянд,ки бидуни “машқу омодагӣ” ба САҲА омадаанд ва ҳайати ҳукуматӣ танҳо аз 6 нафар иборат аст,дар асл ин тавр нест.Хеле тамрин кардаанд. Аммо азбаски реша ва бунёд кизб аст ошкор мешавад ва намешавад,ки ба чашми кулли ҷаҳон,аз ҷумла САҲА ва кишварҳои узви он хок пошид.
Шумо дуруғ гуфта истодаед,ки аз ҳукумат танҳо 6 нафар аст. Бубинед,ки инҳо ҳам кормандони давлатианд ва аз буҷҷа маош мегиранд.
Камол Самиев(Камоли майзада)-корманди шуъбаи дин ва танзими анъанаи ҳукумати ноҳияи Ашт,ё вазорати ҳифзи иҷтимоӣ қисми маълулин.
Раҳим Каримов,( МуллоАбдураҳим) декани факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии динии Тоҷикистон
Дилором Маҳкамова,декани факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар
Рустам Ҳайдаров,муовини мудири Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи Улуми Тоҷикистон ва дар гузашта масъули фонди олмонии ба номи Эбберт дар Душанбе.
Инчунин чанд ҷавони дигарро,ки аз Русия зери номҳои “созмонҳои ҷавонон,донишҷӯён” барои сафед кардани режими “Фюрер” ба САҲА омадаанд,ки онҳоро мешиносед.
А.Абдурахимов, “Молодежного общества студентов Таджикистан”
Хусрав Аюбов,ки аз Русия аз номи тоҷикони ин кишвар ҳарду баромад доранду ин режимро сафед ва ё ҳимоят доранд.
Хокзании шумо ба чашми ҷомеаи байналмилалӣ коргар нахоҳад шуд. Тавлаки расвоӣ ва бадномии худро беш аз ин нанавозед…