посухи Раҳнамои рӯсурхак ба навиштаи мо, ҳамин мақолро ба ёдам овард
Ду соли пеш Абдулло Раҳнамои рӯсурхак дар ҷавоб ба Сайидрасули Мусавӣ,сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфта буд,ки вай як пажуҳишгар аст ва рабте ба ҳукумат ва давлат надорад. Ҳамон вақт ҳам корманди МТС буд, аммо худро давлатӣ намеҳисобид. Аммо ҳоло ки дар таркиби ҳайати эъзомӣ зераш карданд, аз “трудовая книжка”-аш сафаҳоти стажи корӣ дар давлатро муҳосаба кард ва берун оварду гуфт,ки 20уанд(!) сол мешавад, ки дар давлат аст ва барои ҳамин дар ин ҳайат шомил шудааст.Ӯ ва ҳамроҳонаш мутахассисанд. Бо “чор нафари аз ҷавобгарӣ гурехта” ва дар Аврупо “ҳавзаи роҳат ёфта”, ва бо “мавҷуди маҷозӣ” ва бо “гурҳи заиф” суҳбат нахоҳанд кард.
Ончики мо ҷавобаш додем ва ончики симои ҳақиқии ӯро каме ҳам бошад дар шабакаҳои маҷозӣ тасвир карданд, ҳамин уштулумҳо ва кафки даҳанпаррониҳо ӯи давлатмарди бо собиқаи бистуандсола буд,ки бо камоли ноинсофӣ ва айни ноҷавонмардӣ ҳамватанон, балки ҳамин чанд соле пеш ҳамандешаву ҳамфикрони худро “мавҷуди маҷозӣ” арзёбӣ кард. Ва бо як ҳавобаландиву назарногирӣ заиф хонду ҳеҷ ҳисоб кард:
Магӯ нохуш,ки посух нохуш ояд,
Ба кӯҳ овози хуш деҳ то хуш ояд.
Ҳоло худ бо чашмони бозаш дид,ки ин “гуруҳи заиф” ва ин “мавҷуди маҷозӣ” чи силлиҳои муҳкам бар рухи уву ҳамраҳонаш навохтанд. Агар ки ду соли қабл, ончунонки худат навиштаӣ вобастаи ҳукумат ва давлат набудаӣ, ҳоло бар чи асосе мегуӣ,ки марди давлатиӣ? Мо,ки ба гуфтаҳои худат такя кардаем, набофтаем, сатҳи донишу саводатро ҳам чен накардаем, ин туӣ,ки “маҷозӣ” мехонӣ,магар ламс кардиву чизе гират наомад?
Аз онки ҳамин гуна тавҳину туҳматро болои мо бор кардӣ ва дар як мусоҳабаи сохтагии худат(саволҳо ҳам аз худат ва посухҳо ҳам аз худат) оппозитсиони тоҷикро нодида гирифта, гуруҳи заиф хондиву мавҷуди маҷозӣ гуфтӣ, ночор шудем посухат гардонем. Шояд бардоштат,аз мо ин бошад,ки силоҳ дар даст надорем, шояд мегуӣ, ки дар ватан нестем ва “мавҷуди маҷозӣ” хонда моро бурдиву дар даруни қабр гузоштӣ ва руи қабрамон ҳам санг мондӣ. Аммо фаромуш накун ва намехоҳам тазаккур бидиҳам,ки басо сиёсатмадороне дар ақсои олам буданду ҳастанд,ки аз ғурбат омаданд ва раиси давлат ва аз зиндон баромаданду самбули озодӣ шуданд…..
Аммо дар ҷаласаҳои САҲА шоҳиди зинда будӣ,ки ҳавлу ҳавои толорро кӣ муайян мекард ва бо чашми боз шоҳид шудӣ,ки Зариф Ализода оҷизона ва нотавонона ҷеғу фарёд мекашид,аммо касе фарёдашро нашнавид. Бале, инҷо “мавҷуди маҷозӣ” руи кафи дастат гузошт,ки бигиру бубин.
Ҳоло инҷо аз ду навиштаат ва ё ду посухат,ки “фермаи ҷавоб” ҳам ба таври оҷил гирифту дар фазои маҷозӣ пароканд, пораҳеро аз гуфтаҳоят меоварам,албатта, бо шарҳе кутоҳу муносиб. Навиштаӣ,ки “Шояд ба саҳна омадану чанд сухан гуфтани худи роҳбари ПМТ М.Кабирӣ,ки вазъиятро аз ҳошия идора мекард,барояшон муфидтар мебуд.Зеро он шахсонеро,ки дар вуҷудашон идеяву андеша надоранд, тозиеро мемонад,ки маҷбур ба шикор овардаанду худ майле ба давидан надоранд”.
Ба назарам намуд,ки ҳоло ҳам дар қаъри дилат мисле,ки наҳзатиӣ, вагарна чи кор дорӣ,ки Кабирӣ ва чанд сухани ӯ барои ПМТ муфидтар тамом мешуд. Аммо боз ҳам меъёру ҳадди инсониро муроот накарда бародарони паноҳандаи мазлумро “тозӣ”-саг хонда истодаӣ. Охир, туро чӣ ки дар вуҷуди онҳо идеяву андеша ҳаст ё нест? Хуб, агар идеяву андеша надоштанд, бигзору бирав, чаро арзёбӣ мекунӣ? Дар ҳоле,ки инҳоро тозӣ мехонӣ, худатро чи баҳо медиҳӣ? Инҳо,ки хуб бигзор тозианд аммо ормон ва ҳадафу андеша ва идея доранд,ки ватанашонро аз дасти золиме бо номи Ращмонов наҷот диҳанд ва баргарданду ба ватан бираванд. Аммо ту чӣ? Туро, дирӯз чанд нафаре устухонат медод, онҳоро мелеседиву тамҷиду тавсиф мекардӣ, имрӯз дуруст душманони он чанд нафар устухонат мепартоянд,онҳоро мелесиву мемолӣ. Барои ту на идея ва на андеша ва дигар инки бо кӣ бошӣ ва кӣ дар сари мардум бошад, аслан муҳим нест. Муҳим ин аст ки бароят дар косаи хоса ҳамон устухонатро диҳанд ва ҳар аз гоҳе киш-киш диҳанд,ки киро гоз бигирӣ.
Раҳнамои рӯсурхак дар идома гӯиё талош кардааст,ки каромот нишон бидиҳад: “Ҳамчун шунавандаи конфаронс метавонам гӯям,ки ҳатто назару гуфтори он чанд ҷавони “24ӣ” нисбат ба паймониҳо хеле зиндатар буд. Дар ҳоле,ки намояндагони “паймон” берӯҳу афсурдаву забонхоидаву ноумед менамуданд,ин ҷавонон ақаллан рӯҳия ва энергия доштанд.”
Фоидаат надорад. Туро КДАМ метавонад,ки барои таблиғи оммавии гуруҳи ба гуфтаи шумо террористии “24” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашад.Вале мехоҳӣ, намехоҳӣ,талош мекунӣ,ки кадом ҳарфаке гуфта бошӣ, муҳим нест,муҳим ин аст ки Гуруҳи 24 ва ПМТ ҳадафи ягона ва воҳид доранд. Гурӯҳи 24 иборат аз ҷавонони бедореки аз зулми пешвоят бархостаанду бар алайҳи ин режим камари ҳиммат бастаанд.
Ҳамин овардани баёноти М. Ҳайит ва расонидани маълумоти бардуруғ кофӣ аст,ки барои тамоми умр муттаҳам бошӣ ва ин муттаҳамии туро намояндаи ПМТ ошкор кард, ҳамон “мавҷуди маҷозӣ”. Ана, чаро ту ин қадар ПМТиҳоро дидан наметавонӣ. Зеро расонаҳои интернетӣ расвоӣ ва бадрафтории фиристодаҳои Раҳмон ба шумули туро ба маҳзи талошу заҳамоти ҳаводорони ПМТ ба мардум расониданд. Ҳоло,ки рӯҳия ва энергия мехоҳӣ, як каме бошад ҳам бипурс, таъминат мекунанд. Бачаҳои “24” суолат доданд,ки чӣ амали террористӣ содир кардаанд,ки террористӣ меҳисобед,дар ҳоле,ки Умаралӣ Қувватовро Шумо террор карда куштед.Чи ҷавоб хоҳӣ дод? Агарчи медонам ту носипос ва курнамаки,ҳатто онҳоеки туро парвариш карда буданду сарпарастият намуданд ба онҳо хиёнат карди.Ҳоло ин Умаралии шаҳид ба ту чӣ карда буд.
Дар идомаи 7 бардошташ аз як ҳафтаи кор дар ҷаласаи САҲА навиштааст,ки : “Банда рӯзи аввал як марди тоқипӯшу як зани атласпӯши рӯмолдори тоҷикро дар толори конфаронс дида,фикр кардам,ки шояд аз намояндагони ҳизби наҳзат бошанд”. Аммо баъди баромади онҳо фаҳмидаӣ,ки аз “ҷомеаи шаҳрвандӣ”-анд. Э,рӯсурхаке.Чи дурӯғи андар дурӯғ. Ҳамин Камоли майзада чанд руз пеш аз сафар ба Варшава чанд рӯз дар Душанбе будааст ва гуфтааст,ки бо Абдулло Раҳнамо баромадҳояшро дар Маркази тадқиқоти стратегӣ машқу тамрин карда истодааст. Ҳарчанд ту пинҳон кардан мехоҳӣ,аммо дуруғат ошкор мешавад.Фикр накун ончи дар Душанбе мегузарад ба мо намерасад. Дигар ҳам ин аст ки бале, либоси миллӣ ва бадани мастур хоси танҳо наҳзатиҳо нест, ин урфу одати тамоми мусалмонҳост,аммо барои ту ҳоло ҳамин наҳзатиҳо ва мусалмонҳоанд,ки бояд тоқӣ ва атлас бипушанд, чун мебинӣ,ки роҳбари дастгоҳи иҷроия не румол дораду не атлас.Аммо дар тасвири пироҳани хонум Дилором Раҳнамо бо илҳоми шоирона наздик шудааст:
“Аз ин миён,хоса иштироки муаллимаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Бохтар Дилором Маҳкамова,ки бо либоси миллиаш чун парчами Тоҷикистон дар ин саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур ёфта,садои занону модарони тоҷикро ба ин саҳна оварда буд,бисёр таъсиргузор буд”.
Ростӣ,маълум нест,ки доктор Абдулло либоси миллии Дилоромро, ба вижа кадом бахше аз онро ба парчами миллии Тоҷикистон шабоҳат додааст?. Пероҳанашро ва ё …. Намедонам чаро, вале ин тасвир моҷарои таҳпуши Адолат Раҳмонова аз даҳони Рустам Абдураҳим дар солҳои пешро ба хотир овард.Онҳоеки аз он солҳо ёд доранд манзурамро фаҳмиданд ва худи Раҳнамоҳам хуб фаҳмид.
Азбаски бонуи либоси шабеҳи парчами Тоҷикистон ба бар суханронии зидди наҳзат кардааст, ҷаласаи САҲА барои Раҳнамои рӯсурхак “саҳнаи ҷаҳонӣ” шуд, вале дар бахше дигари ин навишта ин ҷаласаро зери шакку суол гузошта ҳузури ояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар онро нозарур донистааст:
“…..саҳнаи сиёсиест,ки коргардонони он бо ҳимояти огоҳона ва намоишкорона аз ин ё он давлат ё гурӯҳ манфиатҳои худро амалан ифода мекунанд…..Аз ин рӯ, шояд дар оянда чунин ҷиддӣ гирифтани ин нишаст бисёр зарур набошад”.
Абдулло Раҳнамо, ба ҳадде сари калобаашро гум кардааст,ки ҳарфҳои зиду нақиз мезанад. Аз як тараф “зарурат” нест ва бар нокоромадӣ ва нозарурии САҲА ва “ҷиддӣ” нагирифтан талқин бикунад аз сӯе ҳам онро бо тафохур “саҳнаи ҷаҳонӣ” мехонад,албатта,агарки либоси миллии шабеҳи парчами Тоҷикистон ба танҳо аз он сӯҳбат бикунанд. Маълум аст,ки бо ниҳояти шитобзадагӣ ва таҳти фишор ва ғайри майлу хоҳиш ва ирода навиштааст. Ончиро навиштааст, ки агар шароит оддӣ буд ва агар дар як ҷое дигар буд, аслан наменавишт.
Аммо бо зикри “ҷиддӣ” нагирифтани САҲА тамоми дарду доғи ин як ҳафта ҷамъшудаи дили худро Абдулло ҳаминҷо берун кардааст. Вай,ки “мавҷуди маҷозӣ”(сушество) хонда буд, ба муқовимати шадид рӯбарӯ шуд. Аз сӯи дигар барои ӯ ва ҳайати ӯ инҷо кадом имтиёзе дода нашуд, балки тарзе бархурд шуд,ки модераторон дар ҳар лаҳза сари нешашонро гирифтанд. Инҷо ҳам бо ӯ ва ҳам бо ҳамин гурӯҳи заиф ва мавҷуди маҷозӣ муносибат баробар сурат гирифт. Боиси нороҳатии Раҳнамои рӯсурхак ва З. Ализода ҳамин буд. Вагарна барои ОБСЕ аз ПМТ чи манфиате аст ки огоҳона ва намоишкорона аз он ҳимоят кунад.
Дар инҷо бо “мухолифини шинохта” ва ношинос рӯбарӯ шуда, “рӯ турш”накарда, салом дода, бо чашмони боз,бо онҳо чун инсон ва чун мусулмон суҳбат кардааст. Манзураш аз чашми боз чист нафаҳмидам, чун дар толору роҳрав бо чашми баста, ки намегардӣ. Ва,аслан бо чашми баста,ки киро мебинӣ? Ва низ бо ҳамин чашмони боз дидааст,ки “афроди мухолифи давлат шояд беш аз 60 нафар бошанд ва “наҳзатиҳо ҳам дар долонҳо доира-доира менишастанд”. Хуб. Пас “мавҷуди маҷозӣ” ки набудаем, гурӯҳи заиф ҳам набудаем.Ин бо эътирофи худи шумо аст.
Ин тутии МТС ва ин попугайи КДАМ ҳам дар ин фикр аст,ки агар фарзанди М. Ҳайит ва ё ҳамҳизбиёнаш бигӯянд,ки дар ҳақи падари ӯ тӯҳмат аст раҳояш кунед ва ё инки бигӯянд ин худи Фюрер аст ки сатру ҳиҷоби занҳоро аз сарашон бармегирад, чун духтарони худаш сар ва получанд ба амният ва суботи кишвар хатар таҳдид мекардааст ва обрӯи миллат ва давлат мерехта аст.Аммо аз онки як даюси диктатор заминро ба Хитой, конҳои маъдану нуқраву тиллоро ба Хитой, заминҳои киштбобро ба Хитой, заводу корхонаҳои сементбарории кишварро ба Хитой ва бинои ҳукумату парламенти Тоҷикистонро ба Хитой медиҳад ва барои онки ин ҳамаро бо қавми яъҷуҷу маъҷуҷ бихурад барои онҳо дар садҳо гектар замини ватан пойгоҳи низомӣ ҳам дод,ҳарфе намезанад. Ҳол худат иқрор шуда истодаӣ, ки либоси миллии Дилором парчами Тоҷикистонро мемонад, манзурат пироҳани Дилором аст ки ҳам сару ҳам авраташро сатр ё панаҳ мекунад.
Бадбахтии Раҳнамо ин аст беадолатиро,золимиро тавҷеҳ ва табраа мекунад.Раҳнамо дар айни иҷрои ин кор ҳарфҳое бехудӣ мезанад ва арзёбиҳои ноинсофона мекунад. Вақте вай мавҷуди маҷозӣ сифат дод, бармехурад, бад мерасад. Дар ҳоле,ки ин мардум овораву дарбадару паноҳандаанд, дар ҳоле ки ин мардум доранд барои ҳақу ҳуқуқҳои инсонӣ,фитриву табиии худ мубориза ва муқовимат мекунанд. Абдулло мебоист сокит мебуд,ки сокит нашуд.Барои онки зиндагӣ кунад, бояд рӯи зиндагии дигарҳо хокистари сӯзон бирезад. Ва боз беҳаёёна бигӯяд,ки бо рӯи сурх меравам ва нашармида бигӯяд,ки “рӯтурш” накардаам. Аз ин зиёд боз чӣ хоҳӣ кард.
Аммо мурда мурда эътироф ва иқрор мекунӣ. Паймониҳо мегӯӣ, 24иҳо мегӯӣ, мухолифони шинохта ва ношинохта мегӯӣ ва ба ҳадде тикаву пораву дару бар мешавӣ, ки масъала мегузорӣ ва пешниҳод мекунӣ, ки оянда САҲАро ҷиддӣ набояд гирифт. Боз ҳам мегӯям,ки агар аз ту ва аз Фюрер вобаста буд, аслан намеомадед. Вале ….мурда мурда меоед.
Мегӯӣ,ки ман Дурнамо гуфтам ту Раҳнамо. Оре, Дурнамо гуфтӣ,бале дидам,ки гуфтӣ. Оянда ҳам хоҳӣ гуфт,ки Дурнамоят кӣ асту киро дар назар дорӣ. Чун рӯи кадом мантиқ дар Дурнамо як диктатори бо 28 соли ҳокимият ҷой хоҳад дошт? Дурнамоят… агар дигар нашуда бошад…. Бале, ман тахаллусатро гирифтам вагарна на раҳнамо,ки кайҳост Раҳгумӣ. Ҳарчи мефорад бигӯ, хатари бузург бигӯ, гурӯҳи заиф бигӯ, мавҷуди маҷозӣ бигӯ ва ҳамзамон боз биёву ингор,ки ҳайсиятат леҳ ва зеру рӯ нашуда бошад устоди равоншодро иқтбис овару “устод С. А. Нурӣ” бигӯ. Аммо бо чашмони бозат дидӣ, ки инҷо мо ҳастем ва ба тавре водорат кардем,ки гурезон шудаӣ ва дигар зарурат намебинӣ,ки ҳукумат инҷо биёяд. Агар ки муродат ҳосил мешуд, меомадӣ, такроран меомадӣ, боз ҳам меомадӣ,вале сахт ноумед шудӣ, афсурда, жулида, муҳтоҷи дасти мадад, чун соли 92 -93 дар хиёбонҳои Теҳрон.
“Ман тезис гуфтам, ман ақида гуфтам ман ину он гуфтам”.Ин ҳарфҳу ҳиҷои ту парту палое беш нест. Дидгоҳ гуфтам, дурнамо гуфтамат низ ҳамчунин.Ин чи ваҳму воҳима. Эйнштейнӣ, Нютонӣ Сукерберги? Замоне коршиноси ҲНИТ будӣ,тамҷид ва тавсиф онро мекардӣ,ҳарфат дину оину ислому ҲНИТ буд. Ин ҳоло, ҳоло аст ки аз Пешвову аз бунёдкориаш гап мезанӣ ва моро ифротӣ ва ифротгаро мехонӣ ва мегӯӣ,ки 150 ҳазорро ифротиҳо куштанд. Агар он замон ҳамроҳи он ифротиҳо гурехта Теҳрон намерафтӣ,ҳоло шояд 150 ҳазору якум ту мебудӣ. Як бечорае дар муҳит ва иҳотаи бечоратарҳо аз худат астӣ. Ҳамин,ки шояд ба унвони муаллифи ибораи рехтаву бехтаи “фабрикаи ҷавоб” баъдҳо ҳам зикрат кунанд,зикри хайр,ки албатта боз ҳам ин зикри хайрро мавҷуди маҷозиҳо хоҳанд кард, на онҳое,ки бо фабрикаанд ва ё худ фабрикант мебошанд.
Пештар ҳам маълум буд, вале ҳоло дақиқан таъйид шуд,ки дарду доғат пул аст. Нурӣ нест,Ҳимматзода нест,Қозӣ намедиҳад, Зайд дар маҳбас. Пас,ҳамин МТСу ҳамин литсей ва ҳамин таърифу сифаткунии Фюрер мемоаду бас.
Боз ҳам мегӯям,ки тағйири ақида,каъба ва қиблаи Раҳнаморо сабаб ҳамон литсей ва ҳамон бинои то ҳануз ниматамом дар аърофмонда дар километри ҳафтум аст ки ҳадди ақал мехоҳад аз дасташ зада нагиранд. Вай ба чашми боз дид, ки бо Зайд чи пеш омад. Аз ҳамин метарсад. Аммо инҷо мо чи гуноҳ дорему чи бад кардаем, ки “мавҷуди маҷозӣ” мешудаем.Магар Абдуллоҳи Раҳнамо намедонад,ки барои “мавҷуди маҷозӣ” корти паноҳандагӣ намедиҳанд, бо зиндагӣ таъмин намекунанд,дар ҷаласаи ОБСЕ иштирок карда наметавонад. Ҷаласаҳое, ки ин ҳама моҷаро ва дардисарҳоеро барои Раҳнамо пеш овард.Муҳим Раҳнамо дигар ҳангоми баёни андешаҳоят каме андеша кун ва пас аз он навису онро баён намо. Мо маълумотҳои зиёди дигареҳам дорем,ки аз МТС рост мерави ба ….Инро боз ба таҳдид қаламдод накуни,ин таҳдид нест, ин танҳо ибрози баъзе аз воқеъиятҳоест,ки дар ҳолати зарури гуфта мешаванд!
Андоза нигаҳдор,ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман аст,ҳам лоиқи дӯст.
Як машварати тоҷикона
Дар охир як машварати дигар ба КДАМ ва “фермаи ҷавоб” ва “Ҷомеъаи шаҳрвандӣ” ва инчунин ба худи ҷаноби Абдуллоҳи Раҳнамо медиҳам.Наворҳое сабт кардаед сифаташон хело паст аст ,дар ду тараф соя дида мешавад ва бинанда наметавонад онҳоро тамошо кунад.Наход як “давлати қавӣ” бо чунин шаклу наҳвае ҳидоятҳои “пешво”-ро ба мардум ба намоиш гузоранд.Инчунин бубинед,ки чанд нафар шуморо мебинанд. Аксе ҳоло мегузорам аз ҳамин суҳбати Абдуллоҳи Раҳнамо аст ва манҳам ончунон мегузорам,то донанду худашон хулосаашонро намоянд.