“Дузди давлатӣ”

Ислоҳ нет

                             

  шикояти вазири нақлиёт аз IRS-ширкати пулчинак дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

 

    Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз “худсарӣ” ва “нописандӣ”-и ширкати IRS дар баробари ин ниҳод шадидан изҳори норизоиятӣ кардааст.Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст,ки масъулони ширкати пулчинаки IRS дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд на танҳо ҳисобот ва гузориши фаъолияти худро ба ин ниҳоди масъули давлатӣ дастрас намекунанд,ҳамчунин иҷоза ва имкон намедиҳанд,ки мутахассисин ва кормандони вазорати нақлиёт масъулият ва уҳдадории худро дар ин шоҳроҳ ба анҷом расонанд.

 

   Ин барои бори аввал нест,ки мақомоти давлати Тоҷикистон аз муомилаи дурушту дағал ва  муносибати таҳқиромези масъулин ва кормандони ширкати пулчинаки IRS ба сутӯҳ омада ноилоҷ мемонанд,ки вазъро бо расонаҳо дар миён бигзоранд. Ҳанӯз дар ибтидои фаъолияти ин ширкат Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон  тамоми кори онро ғайриқонунӣ дониста ва бахусус аз гаронии нархи он барои васоили нақлия ба шиддат интиқод карда буд. Дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳам, агарчанде ин масъаларо ба таври пӯшида матраҳ намуда буданд,аммо хеле аз вакилони онвақта  аз як чунин қарордоди ҳукумати Тоҷикистон бо ин ширкат, ки гуфта мешавад, дар манотиқи оффшории ҷазоири Вирҷиниёи Бритониёи Кабир сабти ном шудааст,ба шиддат интиқод намуда буданд. Аз ҷумлаи он вакилон Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд,ки фаъолияти ин ширкатро мухолифи тамоми аснод ва қавонин арзёбӣ кардааст.

 

Агар дар ёд дошта бошед,замоне ин ширкат ба фаъолият оғоз кард,тамоми мардуми Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ,асҳоби расона, ҷомеаи маданӣ,ронандаҳо муқобили он садо баланд карданд. Даҳҳо ҳазор нафар бо имзои нома ба Раҳмонов тақозо карданд,ки ин роҳро пулакӣ накунад ва ба ҷайби бе ин ҳам холии мардум дасти таарруз ва тасарруф дароз насозад. Аҳолии деҳаҳои Зиддӣ ва Ҳушёрӣ  дар масири ин шоҳроҳ ду,се моҳ  ин роҳро мукарарр бастанд ва тазоҳурот  доир карданд,ки пулакӣ нашавад. Аммо ба доду фарёди онҳо гӯш надод. Баракс чанд нафаре аз онҳоро бурданду чанд “суткаӣ” маҳкам ва бархеашонро дар милисахона то ҳадди мурдан латту кӯб карданд. Хулоса, аз аввали апрели соли 2009 роҳи Душанбе-Хуҷанд, ягона роҳи миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон пулакӣ шуд. Аммо то ҳамин рӯз,ки ҳамин рӯз аст, касе намедонад,ки соҳиби ширкати  пулчинаки IRS кӣ аст ва тӯли  ин ҳама солҳо ин ҳама маблағҳои бузург ба куҷо ва ҷайби кӣ меравад? Албатта, ҳама медонад,вале на Раҳмон ва на моликони ин ширкат намегӯянд,ки соҳиби аслии он кӣ аст?Бале,соҳиби аслии он ҳамин дузди аз ҳама зӯр,дузди давлатӣ,дузди дуздони Тоҷикистон аст. Бидуни шакку шубҳа худи Эмомалӣ Раҳмонов ва аъзои оилаи ӯянд. Вагарна кӣ метавонад, ки дар Тоҷикистон як роҳи давлатӣ,боз бе  алтернавтивӣ  ва он ҳам ягона роҳи заминӣ миёни Марказ ва Шимолро пулакӣ бикунад? Аз ҳаминҷост ки кормандон ва масъулини ин ширкат бо дили пур вазорати нақлиёт, Хадамоти зиддимонополӣ ва ҳар ниҳоде дигарро “на три букви” посилат мекунанд. Ва,касе ҳам онҳоро намепурсад ҳад ва ёрое надорад,ки пишакашонро пишт гӯяд.

 

Аммо на танҳо ситонидани пули бедардимиён ва ба пули пучак арзиш ва эҳтиром қоил нашудани кормандони ширкати пулчинаки IRS ниҳодҳои давлатиро масъала ва мушкили асосии мардум аст. Мушкили дигар дар инҷо аст ки роҳи мазкурро чуноне,ки ҳамагон огаҳӣ дорем, давлати Хитой бо харҷи 281 миллион доллар тармим ва навсозӣ кард.Ин миқдори маблағи қарзии бузург барои 20 сол ва бо 2 фоиз дар сол дода шудааст,ки ҳанӯз дар ҳамон замони бастани қарордод аз тарафи коршиносон мавриди танқид қарор гирифта буд. Зеро фоизи баланд дошт. Ҳоло даҳ сол мешавад,ки солона давлати Тоҷикистон аз ин миқдори маблағ ду дарсади онро баргардонида истодааст. Ҳоло ҳисобу китоб кунед,ки давоми ин даҳ сол танҳо барои баргардонидани ду фоиз ва ё баҳраи 281 миллион доллар аз бюҷети Тоҷикистон чи миқдор маблағ харҷ шудааст. Беш аз 50 миллион доллар.

 

Аммо дар қарордоде,ки ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати IRS бо ризояти  Эмомалӣ Раҳмонов ба имзо расонида шудааст, ин ширкат аз имтиёзоте бархурдор аст,ки дар таърихи асноди давлатӣ назир надорад. Зеро ширкати мазкур бар замми онки аз тамоми анвои молиёт ва аворизу пардохтҳои гумрукӣ барои ворид кардани  техника ва мошинолот барои ҳамеша озод аст,як дирам ҳам барои бозгардонидани қарзи давлати Хитой муваззаф нест. Қарзи Хитой аз ҳисоби бюҷет,яъне аз киссаи мову шумо халқи бечора ва фақири Тоҷикситон аст. Ва,агар ба фаҳми одиву содатар бигӯям, мо –мардуми Тоҷикистон наздик ба сесад миллион доллар аз Хитой қарз гирифта роҳи Душанбе –Хуҷандро навсозӣ ва замонавӣ кардем, як ширкате,ки соҳиби аслӣ ва асосиаш Раҳмонов ва домоди вай Ҷамолиддин Нуралиев аст, онро соҳибӣ карда, пулакӣ намуда ва пулҳои аз ҷайби боз ҳам ману шумо меситонидаашро яклухт ба суратҳисобҳои ин ширкат,ки гуфтем дар Бритониёи Кабир аст, “перевод” мекунад. Ҳоло,акнун худатон қазоват бикунед,ки террористи асосӣ,ки мардумро амалан террор карда истодааст,кӣ аст:-инҳо ё Ҳумайрои Бахтиёр, инҳо, ё Мавҷуда Соҳибназарова, инҳо ё Амруллоҳи Низом,ки танҳо журналист ҳастанду бас?

 

Аммо,имтиёзоти дигаре,ки ширкати IRS дорад ин аст ки ҳарду шафати ин роҳ дар тӯли 410 километр ба масофаи 25 метр дар ихтиёри ҳамин ширкат аст. Дар ин ду шафати роҳ ва дар ҳамин масофа ҳар таъсисоте,ки сохта бишавад танҳо ва танҳо бо иҷоза ва пардохти ҳаққ ба ин ширкат имконпазир аст. Барои мисол сохтмони мағоза, тарабхона, истироҳатгоҳ… ҳар чизе.ки бошад.

 

 Акнун шумо мутаваҷҷеҳи ин қисмати асосии фаъолияти ин дузди давлатӣ бишавед,ки тӯли ин даҳ сол чи андоза ва дар чи ҳаҷме пул ҷамъоварӣ кард. Ҳоло аз Душанбе то Хуҷанд шашто ва аз Хуҷанд то Масчоҳи нав дутоӣ терминал ва нуқтаҳои пулчинӣ амал мекунад,ки барои мошинҳо аз рӯи ҳаҷм маблағ меситонанд.Тибқи ҳисобу китоб ва баровардҳои коршиносон солона даромади ширкати IRS (Эмомалӣ Раҳмонов ва домодаш Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Боки миллии Тоҷикистон) аз 80 то 100 миллион доллар аз ин роҳ аст. Ин рақамро, бигзор мо камтар 70 миллион доллар ҳисоб мекунем ва онро ба даҳ,даҳ соли фаъолияташ зарб мезанем. Ин баробар аст ба 700 миллион доллар.Давоми ин даҳ сол агар тамоми масраф ва харҷи ин ширкатро муҳосиба намоем наздик ба даҳ миллион доллар нахоҳад шуд. Агарки фардо масъули дафтари матбуотиаш ҷор занад ҳам,ки мо фалону беҳмадон кор кардаем, мутмаинам дурӯғ мегӯянд, бовар накунед.Хуб, бигзор,ки 50 миллион доллар масраф карданд. Аммо боқии он пул, 650 миллион доллари он куҷо шуд?

 

Магар намешуд,ки аз ин ҳисоб қарзи сохтмони ин роҳро ба қарздиҳанда- давлати Хитой баргардонд? Мешуд. Сад дар сад мешуд. Ҳатто мешуд,ки ҳамин кори ширкати IRS-ро худи вазорати нақлиёт анҷом бидиҳад ва бо нархи хеле поинтар, барои мисол як баробар, боз ҳам дар ин муддат қарзи Хитой баргардонида мешуд. Аммо чаро ин корро Раҳмонов накард ва мардум мурдаву ҷонканда ҳам аз ин роҳ бо пардохти пул мегузаранд ва ҳам аз тариқи бюҷет ҳарсол 5 миллион доллар барои фоизҳои қарзи маҳз ҳамин дар ин роҳ харҷшуда пардохт мекунанд. Зеро,ки ин пулҳо чуноне,ки тазаккур додем, ба ҷайб ва суратҳисобҳои оффшории худи Раҳмонов ва оилаи вай мераванд. Ана аз куҷо аст манбаи фасод ва фасодкорӣ дар Тоҷикистон ва ана аз куҷо аст ки дуздиву ғорат дар кишвар хосияти сартосарӣ касб кардааст. Ва то вилояту то ноҳияву то ҷамоа чаро ба ин ҳад дилпурона медузданду медузданд. Ва ана кӣ аст,ки ин ҳамаро ба дузд табдил медиҳад, дуздонро савқ медиҳад, роҳнамоӣ мекунад, дилпур месозад, роҳ меомӯзад. Ва, аз инҷо аст ки корманд ва масъули маъмури ширкати пулчинаки IRS  корманду  мақомдори вазорати нақлиёт ва ҳар ниҳоди дигари давлатиро “иди …” мекунад.

 

Аз тарафи дигар, чаро роҳи пулакӣ дар дигар самт,масалан самти Кулоб ташкил нашудаасту намешавад.Чун рои алтернативӣ вуҷуд дорад тавассути Қурғонтеппа. Дар ҳоле,ки роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо ва ягона роҳи замиинӣ аст ва қоидаи роҳи пулакӣ он аст ки он дар паҳлуи роҳи маъмулӣ,ки аз он ҳама бидуни пардохт убур кунанд, бунёд карда мешавад ва ё мисли аврупо ва соири кишварҳо роҳи дигаре вуҷуд дошта бошад,ки он бе пул бошад. На, инки роҳи мавҷударо иҷборӣ ва бо зӯрӣ бигириву пулакӣ бикунӣ.  Аммо Раҳмонов поҳояшро ба ҳалқу гардани ин мардум зер ва буғӣ ва ягона роҳашонро пулакӣ кард. Ва, то ба имрӯз ин пули  ҳаромро хӯрда истодааст.Мегуянд,ки ин ширкат як ширкати байналмилалӣ асту дар давлатҳои дигар ҳам фаъолият мекунад ва филиали он дар Тоҷикистон амал мекунад. Аммо ин дурӯғи маҳз аст. Он дар ягонҷо ба ҷуз аз Тоҷикистон амал намекунад.Агар рост мегӯед намунаи онро барои ин миллат тақдим кунед,то донанд.

 

  Вале, бубинед,ки ба ҳадде носерам ва баднафс ҳастанд,ки то ба имрӯз тавонистанд,ки беш аз 700 миллион доллар даромади соф ба даст оварданд, амм ҳоло Покистон барои сохтмони чанд долонҳои пӯшидаи тармагурези ин роҳ  5 миллион доллар ихтисос дод ва Эрон низ дигарбора навсозии нақби Истиқлолро аз сар мегирад. Дар ҳоле,ки ҳарду ин давлат Ҷумҳурии Исломианд. Исломие,ки Раҳмонов аз шунидани номи онҳо нафрат дорад. Аммо ин ширкати пулчинак яке аз манобеи молии Раҳмонов ва оилаи ӯст. Бубинед, дар ҳоле, ки онҳо дар чунин шароит зиндагонӣ мекунанд оё ба ёди мардум хоҳанд буд ва парвои онки халқ гурусна аст, бебарқ аст,муҳоҷир астро хоҳанд кард. Вақте халқро,ҷисму ҷони мардумро макида истодаст, вақте инҳо мисли пашшаву магасу кана хуни мардумро мехуранд, кай парво доранд? Як кирокаши бособиқа ҳикоят кардааст,ки дар панҷ соли кирокашӣ квитансияҳои ҷамъ кардаамро ҳисоб кардам,ки 13 ҳазор доллар супоридаам. Нархи мошинам, ҳоло дар бозор 4000 доллар аст.

 

Пули даромаду баромади ин ширкатро касе назорат намекунад.Ҳеҷ идораи давлатӣ, на Додситони кулл, на Ожонси мубориза бо фасод, на Палатаи ҳисоб,хуллас ягон идора то кунун бухгалтерияи онро насанҷидааст.Чи ҷамъ мекунад, чи харҷ мекунад.ҳеҷ кас огоҳ нест. Аммо инки Спитаменбонк, бонки марбути Ҷамолиддин Нуралиев ва Озода Раҳмонов аз ҳамин пул  таъсис ва ташкил шудаастро касе наметавонад инкор кунад.Дар ҳоли ҳозир ин бонк, ки роҳбари пасипардагиаш худи Ҷамолиддин ва Озода астанд бонкҳои дигар аз ҷумла Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиотбонкро аз бозори молиявии кишвар берун карданд. Вазъияти Ориёнбонк ҳам мисли пешина нест ва хеле аз суратҳисобҳо,ки қаблан дар он буд, аз ҷумла Газпром-нефт ва ҳатто Роғунгэссторй ҳам аввали комилан ва дуввуми қисман суратҳисобҳои худро аз Ориёнбонк ба Спитаменбонк интиқол додаанд. Албатта дар бораи Спитменбонк дар оянда муфассалтар хоҳем навишт. Вале инки он аз пули шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ҷамъоварикардаи ширкати IRS ташкил ёфтааст,айнуляқин аст. Худоёр Худоёрзода,вазири нақлиёти Тоҷикистон бо нороҳатии тамом аз бархӯрди масъулони ширкати IRS(Innovative road Solutions) чунин гуфтааст:“ин ширкат дар пешниҳоди ҳисобот ба мақомот  худсарӣ мекунад….аз бемасъулиятии кормандони IRS дар роҳи Душанбе-Хуҷанд танбашавӣ ба вуҷуд меояд ва мошинҳо то ду-се соат дар навбат меистанд”. Дар идомаи сӯҳбаташ дар ҷаласаи вазорат,ки нашрияи “Нақлиёт” айнан овардааст ҷаноби вазир чунин дарди дил ва изҳори аҷзу нотавонии як ниҳоди давлатӣ дар баробари як ширкатро чунин баён кардааст: “…обпартоҳо пур аз сангу хоканд. Хадамотро супориш медиҳам,ки оид ба ин масъала санҷиш гузаронад, намояндагонаш мегӯянд,кормандони IRS онҳоро кор кардан намемонад. Магар ин роҳи Тоҷикистон нест?Охир,ҷавобгӯи ҳамаи роҳҳои кишвар Вазорати нақлиёт аст. Каму кости роҳҳоро аз мо мепурсанд”.  

 

 Ин дуздони зӯр,ки иқтидори давлатро сӯиистифода доранд, ин дуздони давлатӣ,ки ҳама ҳадду марзро убур ва тахриб кардаанд, то куҷо хоҳанд рафт, саволе аст ки посухи он халқи тоҷикро вомедорад,ки ҳамкаса посух биҷӯянд ва ба умеди касе нашаванд,ки биёяду посухро ба кафи дасташон бигузорад, Бояд,ки худ посух биҷӯянд. Зеро як вазир, дар як ҳокимияти диктотурӣ ҳамин қадар гуфта метавонад,ки метавон онро қаҳрамонӣ номид. 

 

Share This Article