Сафари таърихии таърихсӯзи миллат аз Аврупо оғоз ёфт

Ислоҳ нет

 

 Сафари Раҳмон ба кишварҳои урупоӣ дар вазъияте иттифоқ меуфтад,ки Тоҷикистон ба масобаи як давлати худкома, тоталитарӣ ва нақзкунандаи мудаввоми меъёрҳои демократӣ шинохта шуда ва дар куллия арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар пойинтарин зина ҷой гирифтааст.Худи ҳамин нукта,ки Раҳмонов 27 сол боз ба ҳайси раиси билоиваз дар сари ин давлат аст, барои давлатҳо ва маҷомеи урупоӣ тасвире рӯшанест аз вазъу ҳоли режими ҳоким бар ин кишвар.Барои онҳо аслан қобили қабул нест ва боварнакарданист,ки як нафар битавонад аз роҳи демократӣ  ва интихоботи озоду шаффоф 27 сол риёсати як давлатро соҳиб бишавад. Аввалин шакку шубҳае,ки дар дили онҳо пайдо мешавад ин аст ки қавонини Тоҷикистон то куҷо демократист, ки имкон додааст,ки на ду чаҳор солӣ, на ду панҷсолӣ,хуллас на як давра ва муҳлати муайян, балки наздик ба сӣ сол як нафар битавонад курсии қудратро қабза кунад.

 

Ва, онҳо ба дурустӣ пай мебаранд,ки Раҳмонов  мисли тамоми диктотурҳои олам меъёрҳо ва қоидаҳои демократияро зери по гузошта, мазоҳу масхара кардааст ва барои онки бар сари қудрат биистад, ҳамвора қавонинро бар майлу хостаи худ мутобиқ кардааст. Хулоса, Раҳмонов ҳанӯз аз нардбони тайёраи “Сомонэйр” ба хоки Урупо нафаромада чеҳра ва намоди як ДИКТАТОР-ро ба масал, Муаммар Қаззофиро, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро, Ҳуснӣ Муборакро, Алӣ Абдулло Солеҳ,Умар ал-Баширро, Абдулазиз Бутафлиқа ва бақия худкомаҳои дарозумри сиёсиро тарсим ва тақдим мекунад. Бар фарзи мисол вақте дар қасри Елисей дар баробари Эммануел Макрон,раиси ҷумҳурии Фаронса қарор мегирад, иҷтимои Фаронса ва тамоми мардуми урупоӣ шоҳид ва тамошочии як манзараи фавқуллодда ва комилан таърихие мешаванд,ки Макрон нафареро пазируфта истодааст,ҳанӯз аз даврони Франсуа Миттеран раиси ҷумҳурӣ шуда кор мекунад. Дар ҳоле,ки дар ин миён дар Фаронса баъди Миттеран, Жак Ширак, Никола Саркозӣ, Франсуа Олланд ва инак Эммануел Макрон,хуллас  панҷ нафар президент иваз шудааст вале дар Тоҷикистон ҳамоно,ҳамоне,ки дар даврони Миттеран буд, истодааст. Шояд Макрон ба Раҳмон пешниҳод диҳад,ки ба унвони як “экспонати зиндаи таърихӣ” дар осорхонаи Лувр мақом бидиҳанд, албатта ба ивази доллар ва еврои зиёд. 

 

   Дар омад-омади Раҳмонов ба Урупо “Вашингтон-пост” як нашрияи бонуфуз ва муътабари амрикоӣ  Раҳмонов  ва шаклу шамоили мудирияти он ва мазмуну моҳияти шахсияти онро дигарбора бишиносонд: ДИКТАТОР ва душмани озодиҳо ва ҳуқуқи башар!

 

  Мусаллам аст ки Раҳмонов ва режими роиҷи ӯ дар Тоҷикистонро ҷаҳони ғарб  авторитарӣ, тоталитарӣ ва диктотурӣ мешиносад. Ҳамоишу конфаронси чанд моҳи пеш доиршуда дар Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо дар шаҳрҳои Женева ва Варшава барои тамоми ҷаҳониён бори дигар ин нуктаро гӯшрас кард. Ҳайатҳои эъзомии Раҳмонов дар ин нишастҳо дар баробари дархост ва суолу масълагузориҳои шарикони урупоӣ лолу музтар монданд. СММ, САҲА, Иттиҳоди Урупо аз Раҳмон ва мақомоти вай ба таври мукаррар аз раҳоии бидуни қайду шарти зиндониёни сиёсӣ:-Муҳаммадрӯзӣ Искандаров,раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Зайд Сайидов, раиси Кумитаи тадорукоти ҳизби “Тоҷикистони нав”, Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ ва даҳҳо нафари дигар пурсиданд ва талаб карданд, аммо то ҳамин рӯз аст ки ҷавоби мусбат дарёфт накардаанд. Дар ҳоле,ки ин созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчунин тавсия ва тақозоро бар мабнои уҳдадориҳои давлати Тоҷикистон матраҳ кардаанд.Мақомоти урупоӣ ин ҳама муносибат ва бархурди Раҳмонов дар баробари уҳдадориҳои байналмилалиашро хуб ҳам медонанд. Ва,низ огаҳии комил доранд,ки Раҳмонов тӯли ин ҳама солҳо бо тамоми васила ва қудрати давлат арзишҳои демократӣ  ва озодиҳои ҳатто фитрии мардумро салб ва қатъ кардааст.

 

   Бархе аз мафкурасозони Раҳмонов навиштаанд,ки сафари Раҳмонов ба кишварҳои урупоӣ шаҳодати эътирофи мудирияти Раҳмонов аст ва таъкид рӯи ба истилоҳ  низоми “светский” карда талош доранд, ҲНИТро,ки чанд сол мешавад дар Урупо паноҳанда шуда ва дар кишварҳои мухталифи он фаъолият пеш мебарад, бадном созанд. Талоше, ки дар ин чанд сол аст ки ҳеҷ натиҷа ба бор наёвардаастро ин бор ҳам ба харҷ дода истодаанд. Гумонашон ин аст ки тавонистанд ба рағми Кабирӣ ва пайравонаш,ки мегуфтанд Урупо аз қабули Раҳмон сарфи назар кардааст,ин сафар фароҳам шудааст. Муаммар Қаззофӣ ва Абдулазиз Бутафлеқаҳам ҳам Урупо меомад ва дақиқан бо Фаронса иртиботи беҳтаре дошт. Аммо поёни корашон чӣ шуд? Ин танҳо як намуна аст.

 

Дар кишварҳои урупоӣ диктотурҳоро ҳам меоваранд ва ҳамроҳаш нишасту бархост ҳам мекунанд. Ин даъватҳо ва ин сафарҳо барои он аст ки бубинанд ва рӯбарӯ бишаванд,ки диктотурҳо- фиръавнҳои муосир чи касеанд ва аз чи навъи ҷондоронанд,инсон ҳастанд? Раҳмоновро Урупо меоваранд, то бубинад,ки давлатҳо чи тавр рушд кардаанд. Раҳмонов бифаҳмад ва қиёс кунад,ки чаро худи ӯву хонаводааш рушд кардаанд,ҳатто аз урупоиҳо ва роҳбарони урупоӣ бештар ва босуръаттар, аммо мардуми тоҷик, бар фарзи мисол аз фаронсавиҳо, чехҳо ва ё суисиҳо чаро садҳо сол ақиб мондаанд? Раҳмонов барои он даъват шудааст,ки то бифаҳмад,ки қабзаи қудрат ва то мурдан дар сари қудрат истодан давлатдорӣ ва мудирият ҳисоб намешавад. Ин тарзи идораи диктотурист, ин тарзи идораи  демократӣ нест. Урупо барои он пешрафтааст,ки ҳокимият ва ҳукумат иваз мешавад.

 

   Раҳмонов,ки ба худ Асосгузори сулҳу ваҳдат унвон додааст,ҳоло фурсат дорад ва вақташ аст, ки онро дар амал нишон диҳад. Инро ҳам урупоиҳо  озмуд мекунанд,ки Раҳмон бо садҳо, балки ҳазорҳо паноҳандаву овораи тоҷик омодааст,ки мулоқот кунад?  Муҳиддин Кабирӣ борҳо тақозо кард,ки бигзор Раҳмон биёяд ва нишинаду рӯбарӯ ҳарфҳояшро бигӯяд ва бишунавд,ки воқеияти кудатои сохтаи Ҳоҷӣ ҳалим кори дасти кист ва чаро онро ба роҳ андохтанд. Пойгоҳи “Ислоҳ” ҳам хоста буд,ки Раҳмонов ва Кабирӣ бо ҳам рӯбарӯ суҳбат кунанд ва мустақим ба суолҳоибинанда ва мардуми тоҷик посух бигӯянд. Аммо ман мутмаинам,ки Раҳмон ин корро нахоҳад кард. Вагарна чаро хабари сафари Урупояшро ба ин ҳад мисли сирри давлатӣ пинҳон дошт ва ин “Ислоҳ”. Нет буд,ки аз дохили хонаводаи худи Раҳмон маълумотро дар ин бора ба нашр расонид.Баъд аз чанд рӯз “Ховар” ҳам тасдиқ кард,ки Раҳмонов сафар дорад ба Урупо, ба кишварҳое,ки аъзои ҲНИТ дар онҷо паноҳандаанд. Иллат ва сабаби асосии пинҳон доштани хабари  сафари урупоии Раҳмон ин аст ки мухолифинашро дар ғафлат бигзорад то кадом аксия ва вокунише нишон надиҳанд, ончунон ки дар соли 2017 дар Прга аз ҷониби иддае аз мухолифин бо истиқболи “сазовор” рӯбарӯ шуда ва ҳатто чанд нафар аз “охрана”-аш бо бачаҳо бархурди лафзӣ ҳам карда буданд.

 

   Урупо тӯли ҳудуди сӣ соли раҳбарии Раҳмонов дар ҳеҷ кадом аз кадом арса сармоя нагузоштааст? Кадом корхонаи муқтадир ва ё бузурги урупоӣ дар Тоҷикистон фаъолият намекунад, дар ҳоле ки Хитой тақрибан тамоми арсаҳоро ишғол кардааст.Чаро? Зеро Урупо омодаи ҳамкорӣ ба як кишваре,ки як Диктатор идора мекунад нест.

 

    Урупо ва мақомоти урупоӣ огоҳии комил доранд,ки дар тамоми давраи раҳбарии Раҳмонов ҳеҷ яке аз интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ дар Тоҷикистон бо меъёрҳои демократӣ доир нашудааст ва нозирони кишварҳои урупоӣ ҳамвора манфӣ арзёбӣ карда аз тақаллуб дар орои мардум гуфтаанд.  Онҳо ба хубӣ медонанд,ки Раҳмонов ҳамеша бо дуздии овози мардум ва бо найрангу ғиром худро Президент интихоб кардааст. Урупоиҳо огоҳанд,ки Раҳмонро худаш Президент интихоб кардааст.

 

  Непотизм-хешовандсолорӣ дар идораи давлати Тоҷикистон аз сӯи ниҳодҳо ва муҳаққиқони урупоӣ пайваста мавриди интиқод қарор гирифтааст ва бештарини пажӯҳишҳо бо сароҳат эълом кардаанд,ки мусаббиби мудирияти хонаводагӣ дар Тоҷикистон худи Раҳмонов аст.

 

  Комиссиони озодиҳои мазҳабии Амрико аз саркӯби озодиҳои динӣ ва барои эътиқод  муҷозот ва зиндонӣ шудани атбои Тоҷикистон борҳо изҳори нигаронӣ карда Раҳмонов ва сиёсатҳои ӯро дар қиболи дин ва риояти арзишҳои динӣ золимона ва хасмона хондааст.

 

   Созмони Транспаренси интернешинал-Шаффофияти байналмилалӣ солҳост,ки Тоҷикистонро дар шумори даҳ кишвари фасодзадатарини олам қарор додааст. Бино ба арзёбиҳои ин созмон фасод ва ришвахорӣ ба ҳадде дар Тоҷикистон рушд кардааст,ки онро метавон як сиёсати барномавишудаи давлатӣ ҳисобид.

 

  Гурӯҳи  байналмилалии пажуҳиши фасод чанде пеш бо нашри як гузориши муфассал аз дасти тамоми Раҳмон ва хонаводаи вай бахусус духтарҳо ва домодҳояш дар тиҷоратҳои машкук  хабар дод.Ба таъйиди ин гузориш Раҳмон  барои хонавода, духтару домодҳояш шароити мусоиди тиҷорат фароҳам карда ва бо истифода аз зӯр ва иқтидори давлат рақибони тиҷоратии онҳоро нобуд,зиндонӣ ва маҷбур ба тарки ватан мекунад.Ин гузориш аз ширкати “Фароз” мисолҳои фаровоне овардааст,ки чи тавр амвол ва дороиҳои  давлат ва халқи тоҷикро ба яғмо мебарад.

 

  Гуруҳи байналмилалии буҳроншиносӣ,яке дигар аз ниҳодҳое,ки натоиҷи таҳқиқоти онро мақомот дар давлатҳои урупоӣ ҳатман дар дастури кори худ қарор медиҳанд низ ҳамеша авзоъи иҷтимоӣ ва сиёсииТоҷикистонро шикананда ва осебпазир унвон кардааст.

 

   Дар расонаҳо борҳо аз номаҳои маҳрамонаи сафорати Амрико нашр шуда буд,ки Раҳмоновро монеи аслӣ ва асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва як садди бузурге дар амри  демократикунонии ҷомеаи тоҷик унвон кардаанд.

 

  Шармандагии калони  Раҳмон ба ҳангоми сирқати беш аз 800 миллион доллари Сандуқи байналмилалии пул рӯ зада буд,ки  ногузир шуд онро боз пас гардонад.

 

  Чанде аз суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов ва хонаводаи ӯро ҳам матбуоти урупоӣ рӯи об бароварда буд. Чанд соли пеш дар додгоҳи Лондон баҳси Талкову Раҳмон ва Ансол доир шуда буд,ки ғиромиҳои Раҳмонро бармало кард ва Раҳмон маҷбур шуд, бо пардохти садҳо миллион доллар аз идомаи он даст бикашад.

 

    Далелу мадорики Раҳмон барои террорист эълон ва эътироф кардани ҲНИТ аз тарафи ҳеҷ яке аз кишварҳои урупоӣ пазируфта нашуд. Аз соли 2015 ба ин сӯ санад болои санад мефиристад,касе ҳарфашро гӯш накард. Ҳоло бубинем,ки дар ин сафараш бо чи дастовезе омада бошад?Аммо пешопеш мегӯем,ки ин бор ҳам тираш хок хоҳад хурд, зеро дар Урупо аз Диктатор чун аз Фюрер, дуруст ҳамон Пешво ҳазар доранд.

 

Ислоҳ дар ин шабу рӯзҳо пайваста дунболкунандаи ин сафари таърихии ин таърихсузи миллат хоҳад буд ва аз ҷузъиёти бештар шуморо огоҳ менамояд,бо мо бошед чун Раҳмонов ба меҳмонии мо меояд.

 

Share This Article