Президенти Тоҷикистон ё солдати рус,

Ислоҳ нет

 ё 16-уми ноябр рӯзи “солдати рус”        

 

Имрӯз дар тоҷикистон шахсеки бо хоку хун кашидани миллати мазлуми тоҷик ба сари қудрат омадааст пирӯзияшро бар миллат мехоҳад ҷашн бигирад.Имрӯз сангинтарин,манфуртарин,фоҷеабортарин мақтаъи тарърихии ин миллат аст,бидуни шак ин рӯзи сиёҳ дар сафҳоти таърихамон сабт мегардад.Имрӯз шикасти нерӯҳои ормонҳои миллатеки 70 сол дар истило қарор дошт ва пас аз тақрибан як соли озодӣ бори дигар истило гашт,таҷовуз шуд,кушта шуд, хонааш сузонида шуд,дороияш ба яғмо бурда шуд,фирорӣ шуд.Имрӯз танҳо истилогари мутаҷовизеки бо кушишҳо ва талошҳояшон шахсеро ба қудрат расониданд,ки кишвари истиқлолёфтаи тоҷикро бори дигар дастнигар кард.Аз 16-уми ноябри 1992 то 16-уми ноябри 2019 бистуҳафтсол аст миллат дигар тани ранҷураш шифо наёфт,яъне табибе пайдо нагашт,ки то охир ин миллатро табобат кунад ва ба пой хезонад.Миллатро ин Заҳҳоки бо номи Раҳмонов пароканда,муҳоҷир,террорист, экстримист, чурка, зиндонӣ, туҳматшуда ва ҳама алқоби бадро бо бе дироятӣ ва корноозмудагияш бар ин миллат барчасп гардонид.Аммо Раҳмонов бошад пешво, асосгузори сулҳу ваҳдат ва…ҳолоҳам мехоҳад бар ин миллати ваҳшатзадаи афгор ҳукумати истилогароёнаи худ ва оилаашро идома диҳад ва боз ношармида ин рӯзи сиёҳ ва тираро ҷашн мегирад ва ба мардуми кишвар писханд мезанад.

 

 

 “Шумо касеро хоҳед, ба сари қудрат меоред,”вовчик”-у “юрчик” аз  хотири мардум меравад ва як образи бад боқӣ мемонад:-солдати рус!”В.Квачков, полковники бознишастаи ГРУ-и Русия.

 

    Ин шабу рӯзҳо боз ҳам аз Раҳмонов тавре тавсифу таъриф мекунанд,ки Тоҷикистонро аз ҷанги дохилӣ наҷот дод ва ба кишвар сулҳу оромӣ овард. Бидуни кадом шарму ҳаё,боз поро фаротар ниҳода Раҳмоновро ҳатто “меъмори истиқлол” ва “бунёдгузори давлати мустақил”-и Тоҷикистон  эълон карда истодаанд.

 

  Аммо ҷумлаи фавқ,ки аз мусоҳибаи В. Квачков, полковники мустаъфии ГРУ иқтибос оварда шуд, воқеияти шахсияти Раҳмонов ва неруе,ки ӯро сари кор овард-Фронти халқиро бозгӯ ва зоҳир мекунад. Раҳмонов кӣ буд, Фронти халқӣ чи қуввае буд ва онро киҳо ба хотири чи ташкил доданд  ва ончики имрӯз аз Раҳмонов буттарошӣ мекунанд, то куҷо воқеият дорад?

 

 Посухи ин саволҳоро афсарони Хадамоти иктишофии вазорати дифои Русия,муассисони аслии Фронти Халқии зери раҳбарии ҷинояткори бо 23 сол собиқи зиндон Сангак Сафаров на як бору ду бор матбуотӣ кардаанд. Аммо ҳоло,ки Рӯзи Президентро таҷлил мекунанд ва аз онки як дастнишонда ва гумошта ва ба гуфтаи Квачков “солдати рус” то ба дараҷаи фавқулбашарӣ тамҷид мешавад ва дар мадҳу ситоишаш таъбирҳое,ки танҳо ба Худо (астағфируллоҳ) нисбат медиҳандро ба кор мебаранд, ногузирам кард, чанд ҳарфе дар бораи вай ва Фронти халқӣ бигӯям.

 

    Воқеият ҳаводиси соли 1992 ин аст ки тамоми нерӯҳои истиқлолхоҳ ва милливу мардумӣ муваффақ бар он шуданд,ки таҳти раҳбарии Президент Раҳмон Набиев Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ташкил диҳанд.Аммо ин тағйирот ба Русия ва Узбакистон нафорид,чун давлати навпои тоҷикӣ аз зери сайтара ва султаи онҳо ихроҷ шуда,истиқлоли комили миллӣ фароҳам мешуд,аз ин рӯ Тоҷикистонро ба хоку хун кашиданд. Барои онҳо гурӯҳе ва шахсияте лозим буд,ки битавонад муқобил барояд ва ин ҳукуматро,ки дар таркибаш аз ҲНИТ низ намоянда дошт, аз байн бубарад.

 

В.Квачков ҳама асрорро ошкоро мегӯяд.Вайро Президенти онвақтаи Узбаикстон ва вазири мудофиааш муваззаф мекунанд, ки давоми се моҳ Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар Тоҷикистонро бо истифода аз қудрат ва нерӯи дивизияи 201 ва бригадаи таъиноти махсуси шумораи 15-и ГРУ-и Русия, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ дар Узбакистон монда буд,сарнагун созад. Квачков ба ёд меоварад,ки Сангакро аввал Рустам Ахмедов-вазири мудофиаи Узбакистон  намепазирад. Ҳатто мегӯяд,ки “бандит”  лозим нест.Аммо бо исрори Квачков розӣ мешавад,ки роҳбарии Фронти халқӣ бар дӯши вай гузошта шавад:

 

  “Сангак омад ва худи Каримов бевосита ӯро қабул карда ҳамсӯҳбат шуд ва барои роҳбари Фронти халқӣ таъин шуданаш иҷозат дод”, ба ёд овардааст Квачков.

 

 Сарҳанг Александр Мусиенко, сардори ситоди бригадаи 15,ки ҳамроҳи ҳайати 100 нафарии ҷангиёни ин гурӯҳ вориди Тоҷикистон шуда ва дар ташкили Фронти халқӣ саҳми мустақим доштааст, ин тавр мегӯяд:

 

   Чтобы как-то легализоваться, мы придумали название «Народный фронт Таджикистана» (НФТ). Главной нашей опорой стал уголовный авторитет Сангак Сафаров, пожилой уже человек, который провел в тюрьмах 23 год

 

 Владимир Квачков мегӯяд Сангак ба ӯ бовар карда ва гуфтааст, ки ӯ ҳамеша тарафдори русҳо буд ва мемонад. Аммо ба хотир овардааст Квачков,ки мо барои онки нагӯянд ба корҳои як давлати мустақил мудохилаи хориҷӣ шуда истодааст, изи поямон кӯр ва нопадид бишавад таъбири Фронти халқиро фикр карда баровардем ва “юрчик”-ҳо минбаъд бо ҳамин ном зикр мешуданд, то инки муборизаро бар муқобили ҳукумати исломиҳо бо самар созем. Вале  зарур буд як тамрингоҳ дошта бошем:

 

 “Вақте Фронт  ташкил шуд, нерӯи зарурӣ пайдо карда натавонистем. Бинобар ин, дар як маҳалли сарҳадии Тоҷикистону Узбакистон (Тирмиз) лагери партизанҳо ташкил кардем.Мо аскаронро омӯзонидем ва баъдан маҳз ҳаминҳо  ҷавҳари “Фронти халқӣ”ро ташкил доданд. Ҳамин тавр муборизаҳои мо оғоз шуд ва моҳи ноябри соли 1992 мо нерӯҳои исломиро аз Душанбе дур кардем.”

 

   Алексей Мусиенко, полковники ГРУ ва аз аъзои ҳайати диверсионии эъзомнамудаи Русия ва Узбакистон дар ин бора, дар бораи онки Фронти халқиро чи гуна кӯмакҳо мекарданд, чунин ёдоварӣ мекунад:  “Мы снабжали отряды НФТ оружием и боеприпасами, пользуясь специальными методами партизанской войны, помогали объединять всех, кто был против «вовчиков», и обучали их воевать. По сути дела, партизанское движение в Таджикистане организовывали специалисты спецназа ГРУ. Много было мелких стычек, спонтанных операций, импровизаций, в которых выручала спецназовская смекалка. Хорошо помню штурм Шар-Шара 11 ноября 1992-го. Звонит мне перепуганный насмерть Эмомали и кричит, что утром «вовчики» оседлали перевал. Попросил помощи, в общем. Мы взяли, не скажу где, два бэтээра, станковый гранатомет, 82-мм миномет, загрузили на свой УАЗ 30-мм автоматический гранатомет и… с двумя десятками бойцов пошли штурмовать перевал”.

 

    Ин афсарони Идораи иктишофии Русия ошкоро аз мудохилаи Узбакистон ва Русия ба умури дохилии Тоҷикистон тазаккур дода ва чи гуна тавассути Сангак аз ба сари кор овардани Эмомалӣ Раҳмони директори совхоз низ ёдовар мешаванд. Квачков мегӯяд,ки маҳз Сангак буд,ки директори совхоз раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд:

 

 “Он замон Эмомалӣ Раҳмон раиси совхоз дар Кӯлоб буд ва маҳз бо роҳнамоии Бобо ӯ ба кори сиёсӣ гузашт”.

 

 Алексей Мусиенко, полковники ГРУ бошад дар мавриди инки Раҳмон он шабурӯзҳо чи мақому чи манзалат дошт чунин гуфтааст:

 

  “Именно Сангак познакомил меня с «Эмомалишкой» — ныне президентом республики Эмомали Рахмоном. Тогда Рахмон был председателем колхоза. До сих пор стоит перед глазами картина: Рахмон с огромным ляганом (декоративная тарелка. — «РР») плова и бутылкой водки представляется Сангаку по случаю назначения председателем облисполкома. Позднее, после гибели Сафарова, Эмомали из марионетки превратился в местного божка-президента, который уничтожил всех, кто привел его к власти. Кого-то посадили, кого-то закопали”

 

    Ва,ҳамин тавр бо дастгирӣ ва пуштибонии давлат ва ҳамин тавр хоҷаҳои хориҷӣ,ки тоҷику Тоҷикистонро ба хун нишониданд, Раҳмонов дар Хуҷанд ба курсии қудрат нишаст.Ва Фронти халқии Тоҷикистон ва бригадаи спетснази узбекӣ русӣ ба ҳадафи худ расиданд ва миссияи худро иҷро карданд.  

 

Аммо ин поёни ҷанги бародаркушӣ нашуд, балки акнун ки Фронти халқӣ ва роҳбарияти аҷнабиаслу асоси он  қудрати сиёсиро ғасб кард, бидуни тараҳҳум ба мардуми тоҷик онҳоро, аосан мардуми водии Қаротегин ва Вилояти мухтори Бадахшонро ҳам дар Душанбеву Қурғонтеппа ва ҳам дар ватанашон аз дами теғ гузаронд. Тайёра ва чархболҳои ҷангии Узбакистон деҳоти Ғармро бомбаборон карданд, мардуми мусалмони тоҷикро қатли омм намуданд.Беш аз панҷоҳ ҳазор хонаи миллати тоҷикро сузониданд,таҷовуз карданд,дуздиданду ба яғмо бурданд.

 

Раҳмонове,ки имрӯз пешвояш мехонед ва сулҳофараш мешуморед ба ҳайси раиси давлат аз Русия ва Узбекистон ва дигар кишварҳои СНГ даъват ва муроҷиат кард,ки артишашонро дохили хоки Тоҷикистон карда мамлакатро аз мусалмонҳо (вовчикҳо) тоза кунанд. Инҷо буд,ки ҷанги бародаркуш аланга гирифт, инҷо буд,ки Раҳмонов эълон кард, бо мухолифин музокира намекунад ва оштӣ намешавад. Ин сулҳхоҳу сулҳофар набуд, як гумоштаи русҳо ва узбекҳо буд, ки ба хотири “нони серӣ”, миллатро, давлатро, ватанро, дину мазҳабро фурӯхт.Ва, лашкари узбак то деҳоти Ғарм дохил шуд ва онки бо мардуму зану модару хоҳарон чи корҳое,ки накардандро, намегӯям.Бале, бо даъвати ҳамин нафаре,ки ҳоло Сулҳовар мешумореду меситоед.

 

Сарҳанги русӣ Мусиенко бо сароҳат эълом мекунад,ки маҳз онҳо-Узбекистон ва Русия буданд,ки Фронти халқиро бар зидди Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ташкил карда ва ба ғалабаи онҳо шароит фароҳам оварданд:  “Хотя мы числились офицерами узбекской армии, но продолжали служить России. Параллельно с войной мы вели политическую разведку — именно благодаря нашей работе были созданы комфортные условия для передачи власти в регионе политикам, с которыми Москва могла строить нормальные отношения.

 

  Ва,ҳамин тавр Тоҷикистон дигарбора истиқлолияташро тавассути як иддаи хойину ватанфурӯш аз даст дод ва дигарбора ба мустаъмараи Русия бадал шуд ва дасти мудохилаи Узбакистон то ба ҳадде буд,ки раиси давлат Ислом Каримовро отаи худ ва отаи тоҷикҳо мешуморид ва ӯро “ота” гуфта муроҷиат мекард.

 

  Он замон ба шиддат инкор мекарданд ва мегуфтанд,ки русҳо ва узбекҳо Фронти халқиро ёрӣ намерасонад.Дар ҳоле,ки қасри Арбоб-маҳалли баргузории Иҷлосияи 16 ро спетснази Узбекистон муҳофизат мекард ва гурӯҳи депутатҳои вилояти Хатлон ба Хуҷанд бо воситаи тайёраи Узбекистон омада буданд. Аммо бо гузашти солҳо воқеиятҳо ошкор мешаванд ва маълум мешавад,ки киҳо бо дастони “хоҷаҳои хориҷӣ” сари ҳокимият омадаанд. Исмоил Иброҳимов, афсари умури дохилӣ ва аз масъулони Горди халқии Кулоб,ки он замон аз фармондеҳони соҳибнуфуз ҳам буд чунин гуфтааст: “Полковник Квачков омад ва бо ҳамроҳии фармондеҳи дивизияи 201дар шаҳри Кулоб ба мо ёрӣ расонид,то сохти конститутсионӣ барқарор карда шавад.Онҳо барои онки мо дар ин мубориза пирӯз шавем,хеле корҳои зиёдеро анҷом доданд.”

 

 Аммо баъд аз онки бо ИНОТ оштӣ карданд ва дар кишвар сулҳ барқарор шуд то ҳамин солҳои наздик аз бурдани номи Сангак ва Фронти халқӣ парҳез мекарданд. Ҳатто муҷассама ва нимпайкараҳои Сангак,  Файзалӣ ва Рустам Абдураҳимро канда дар як гӯшаи амбор партофтанд,то аз чашмҳо панаҳ бошад. Китобҳои ба онҳо бахшида шударо ҳам аз рафҳо барчиданд. Мунтаҳо дигар шуда буданд ва изо мекашиданд, ки бигӯӣ туро Сангаки ҷинояткор сари қудрат овардааст. Ба ҳар навъе талош мекарданд,ки хотираи ҷанги бародаркушӣ, ки худи онҳо ҳосили он ҳастанд ва асосу асли ҷанги бародаркуш маҳз ҳаминҳоянд, ба фаромушӣ супорида шавад.

 

Аммо дар ин авохир, ки боз бо ҲНИТ душманӣ ва кинаварзӣ доранд он нимпайкараҳоро баровардаву шуставу зарҳал давонидаву дубора насб карданд ва ҳатто тафохур дорнад,ки онҳо аз насли Фронти халқианд, Фронте,ки Узбекистон ва Русия барои мубориза бо тоҷикон ташкил дода  ва дар раъси он як ҷинояткорро гуморида буд.Яке аз функсионерони ҲХДТ  аз он тафохур дорад,ки аз насли Фронти халқӣ аст: “Бале,ӯ насли имрӯзаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро аз насли фронти халқӣ маънидод мекунад. Мантиқаш дуруст аст.Зеро имрӯз аз ТТЭ ҲНИ насли наве чун Муҳаммадиқболу чанд Кабироваки дигар дар шабакаҳо фаъол аст,ки аз насли нави ТТЭ ҲНИ дарак медиҳад.Аммо фаромуш насозед,ки мо аз ҷонибдорони фронти халқӣ будему ҳастем!”

 

 Ва, ба ин тартиб  Эмомалӣ Раҳмон, дастнишондаи русу узбек, савори танкҳои Узбакистон, дар иҳота ва таҳти ҳимояти армияи Узбакистон,ки ҳамзамон фазои пойтахтро низ бо чархболҳои ҷангиаш  таҳти назорат қарор дод дар авоили декабри соли 1992 вориди Душанбе шуд.  Бо ишғол ва истилои Душанбе аз тарафи Фронти халқӣ мардумони шаҳрӣ ва аксарият аз аҳли илму адаби тоҷик, уламо Эшони Тураҷон ва фарзандонаш, аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар,қозии мусалмонони Тоҷикистон ва депутати Шӯрои олӣ, устодони марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, домулло Муҳаммадӣ…..шахсиятҳои бузурги  мамлакат ба мисли Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор, рӯ ба гурез оварданд ва афроде амсоли Бозор, О. Бобоназарова ва даҳҳо нафари дигар ба зиндон кашонида шуданд.Зеро ин талаб ва диктаи Узбекистон буд,ки мебоист бузургони тоҷикро Раҳмонов сарбанест мекард. Ҳамин корро ҳам кард ва Юсуфхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ,Отахон Латифӣ,Лоиқ Шералӣ ва даҳҳо олимони сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистонро ба куштан дод. Аз ҳамон оғози вуруд ба Душанбе қатлу куштор ба авҷи аъло расид. Мунтаҳо, инки мегӯяд, ки ҲНИТ “хоҷаи хориҷӣ” дорад ва инки мелофад,ки Тоҷикистон мустақил аст,ҳамагӣ дурӯғ аст.

 

Вай худаш бозича ва арӯсаки хоҷаҳои хориҷӣ аст. Имрӯз хоҷаи хориҷии ӯ Хитой ва пулҳои чиниҳост,ки барояшон бебаркаш хоки ватанро, сарвати ватанро, замини ватанро фурӯхта истодааст.Ӯ як ватннфурӯше беш нест.Ҳоло бар замми пойгоҳи 201-и Русия барои Хитой низ дар даҳҳо гектар аз хоки бе ин ҳам ками тоҷикони Бадахшони куҳӣ, пойгоҳи ҳарбӣ кушод. Истиқлоли давлати Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст.  Ва,инҷо  аз он ёдовар бишавем,ки онҳое,ки Фронти халқиро сохтанд ва Раҳмон- “который уничтожил всех, кто привел его к власти. Кого-то посадили, кого-то закопали ба чи рӯзу рӯзгор гирифтор шуданд. Сангак ва Файзалӣ дучори марги ғайри одди шуданд-ҳамдигарро куштанд.Ёқуб Салим,вазири дохилӣ,ки савори танкҳои узбекӣ дохилӣ Душанбе шуд ва барои омадани Раҳмонов замина муҳайё кард наздик ба 15 сол дар зиндони Раҳмонов шишт, Ғаффор Седой ҳоло ҳам адои ҷазои ҳукми абад мекунад.Аммо Квачков-падари Фронти халқӣ ва ҳамин таври меъмори“ҳокимияти конститутсионӣ”-и Раҳмон низ даҳ сол дар зиндон нишаст.

 

Аммо ба Нурмуҳамад Сафаров ва Суҳроб Лангариев, писар ва домоди Сангак Сафаров ҳукми абад доданд ва беш аз 10 сол аст ки дар зиндонанд.Хеле аз қумандонҳои Фронти халқӣ,ва пайвандону наздикони онҳо,ки бо шиор ва ҳадафи несту нобуд кардани ҳукумати муросои миллӣ ва ормонҳои мардумиро дар Тоҷикистон садҳо,балки ҳазорҳо тоҷики мусалмонро қир карданд, инак рӯ ба ислом овардаву пушаймон шудаанд.Барои мисол духтарону фарзандони Сангак панҷвақтагузору муҳаҷҷабаанд.Як наберааш “пивбар”-и дуошиёнаи Сангакро чанд соли пеш аз фурӯши арақ манъ кард.Гуфт гуноҳ аст. Яке аз фарзандони бобии Салмон “салафӣ” шуд.Бародарони Қурбони Чол,яке дигар аз фармондеҳони Фронти халқӣ ҳатто Сурия барои ҷиҳод рафтанд. Яъне онҳое,ки таҳти дастур ва дасисаи хоҷаҳои хориҷии зидди тоҷикиашон –русҳо ва узбекҳо муқобили давлати навпои Тоҷикистон қад алам карда буданд ва ба ислом ва миллат хиёнат намуда буданд, аз кардаи худ сахт пушаймон шуданд.

 

Пешниҳод менамоям

 

 16 ноябрро на рӯзи Президент,балки рӯзи солдати рус бигӯем воқеитар аст. Чунки ҳатто Путин ҳам  дар яке аз сафарҳояш ба Душанбе ба Раҳмонов ишораҳое таҳдор карда буд,ки Раҳмонов на танҳо маллоҳи собиқи Флоти ҳарбӣ-баҳрии Русия аст,ҳамчунин  Калашникови русӣ дар даст ба Душанбе дохил шуда буд. Ва,аммо Квачков, вақте вазири дифои Узбакистон ва генерал Э.Воробёв,муовини вазири  дифои Русия пешниҳод мекунанд,ки бригадаи 15 ва лашкари 201-ро бигираду исломиҳоро аз ҳокимият дар Тоҷикистон биронад, ба унвони як корманди коркуштаи ГРУ-Хадамоти иктишофӣ, разведчик мегӯяд, дар ин ҳолат лаънати таърих ба солдати рус мерасад, бигзор,ки ташкилотеро ташкил бидиҳем,ки лаънати таърих  ба он бирасад ва ҳамин тавр ин “лаънаткардаи таърих” ва худро ном гузоштанд  “Фронти халқӣ” , ки Эмомалӣ Раҳмоновро сари қудрат овард.

 

Share This Article