Тавсия ба СММ дар рӯзи ҳуқуқи башар

Ислоҳ нет

 

Имрӯз 10-уми декабрро Созмони милали муттаҳид ҳамасола ҳамчун рӯзи ҳуқуқи башар таҷлил менамояд.Бо ин баҳона мехоҳам чанд нукта ва тавсияеро ба ин созмони байналмилалӣ пешниҳод намоям, то ҳуқуқи Тоҷикҳам аз ин пас ҳимоя шавад.Тоҷикистонҳам узви ин созмони бонуфӯз мебошад ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин кишвар аз сӯйи як ДИКТОТКУР бо сахттарин шеваҳо нақз, поймол мешавад.

 

Чанд сол мешавад,ки тавсияи Созмони милали муттаҳид- ташкилоти бонуфузтарини дунё барои давлатҳо,ҷиҳати раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз ҷониби давлати Тоҷикистон ба эътибор гирифта намешавад. Ҳанӯз солҳо пеш, шояд 10-12 соли қабл бо як қарори вижа ин созмони мӯътабари ҷаҳонӣ наҳваи истирдоди Искандаров аз Маскав ба Душанберо ғайриқонунӣ хонда аз ҳарду кишвари Русия ва Тоҷикистон талаб карда буд,ки дар чаҳорчӯби тааҳҳудоти худ ба мавозини байналмилалӣ парвандаи мазкурро бозбинӣ кунанд. Аммо бо гузашти ин ҳама солҳо ҳеҷ не,ки ин тавсия пазируфта ва мавриди амал қарор бигирад.

 

  Сарнавишти Искандаров яке аз садҳо ва шояд бештар аз ин мавориде бошад,ки диктотурҳо ва низомҳои худкома, ба тавсия ва дархости Созмони милали муттаҳид камтарин таваҷҷӯҳе ҳам зоҳир намекунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон  аз чунин тавсияҳои напазируфтаи СММ чандинтои дигар аз ҷумла Муҳаммадалӣ Ҳайит,муовини раиси ҲНИТ,Зайд Сайид, раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” ва Бузургмеҳр Ёров, адвокати мустақили тоҷик дар ҳаво муаллақанд. Ин ҳам дар ҳоле аст,ки имрӯз 10-декабрро бо пешниҳоди Созмони милали муттаҳид ҳамасола ҳамчун рӯзи ҳуқуқи башар гиромӣ медоранд.

 

Аммо суол инҷост,ки оё  Созмони Милали Муттаҳид ба унвони  марҷаъ ва минбари баланду болои дунё мақому манзалати худро ҳифз кардааст ва оё зарурати тақвият ва таҳкими ҷойгоҳ ва мақоми он пеш наомадааст. Ман фикр мекунам,ки ин зарурат кайҳо фаро расидааст,бахусус бо таваҷҷӯҳ ба кишварҳое назири Тоҷикистон,ки наздик ба сӣ сол мешавад аз сӯи як ДИКТОТУР идора мешавад,дар ихтиёрот ва салоҳияту ваколатҳои СММ бозбинӣ ҳатмӣ сурат бигирад.

 

Башарро аз диктотурҳо бояд наҷот дод. Зеро Диктотурҳо дар ҳар лаҳза ва ҳар соате,ки сари қудрат ҳастанд, зиёну зарар ва балову офат бар сари мардум хоҳанд овард. Онҳо аз ҳисоби ҳисса ва саҳми омма барои худ як зиндагии бо шароити боғи Ирамро ташкил мекунанд. Ба ҳадде ин саҳм,ин ҳисса, ин ҳақ ва ин дороиҳоро соҳибӣ ва истифода мекунанд,ки  бо гузашти чанд вақт дигар ба ин  ки ин ҳама мансуби танҳо онҳо нест бовар намекунанд.

 

 Мардум беш аз пеш қашшоқу муфлис ва хонасалот мешавад. Инҷо аз ҳуқуқи башар касеро парвое нест. Ҳама дар фикри шикам мешаванд.То ҳамин имрӯз зиёну зараре,ки як режими диктотурӣ ба мардуми он кишвар расонида шудаастро, расонида мешавадро кӣ муҳосиба кардааст ва оё аслан муҳосиба ва ошкор шудааст,ки як ДИКТОТУР ҷудо аз онки ба муддати тӯлонӣ қудрати сиёсиро ғасб, сарвату моликияти мансуб ба миллатро тасоҳуб кард, авлоду хонаводаашро шарики қудрат сохт, чи зарару зиёне барои рушду нумӯи як миллат, як кишвар ва як давлат расонидааст? Дар чунин кишвар инсон қадру арзиши худро аз даст додааст, инсонҳо дар ин кишвар аз инсонҳои кишварҳои дигар фарқи калон доранд. Фарқияти асосӣ ин аст ки онҳо дар баробари ДИКТОТУР сар бардошта наметавонанд. Зеро диктотур тамоми иқтидор ва қувваи ҳокимият-давлатро барои саркӯб ва хафақони онҳо истифода мекунад. Диктотурҳо шароитро дар қаламрави таҳти сайтара ва қудрат тавре сохтаанд,ки нерӯе, ҳаракате, афроде, имкони боло кардан,садо баровардан, эътироз намуданро надоранд, магар инки солҳо бигзарад, ҷонҳо ба лаб бирасад ва ошӯбу қиёму табаддулотҳо баргузор шавад. Дар ин ҳолат одамҳо кушта, ҷонҳо қурбон шаҳрҳо хароб ва давлатҳо ноором мешавад. Бале, ҳамон давлатҳо ва кишварҳое, ки узви Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд ва аз ҳисоби халқ ба ин созмон ҳаққулузвият мепардозанд.

 

Возеҳ аст ва пӯшида ҳам нест, ки дар бештарини ҳолатҳо диктотурҳои олам,ки шукри Худо шуморашон андак аст ва солтосол рӯ ба коҳишёбист, на аз роҳи баргузории интихобот ва касби раъйи мардум, ҳатман ки дар пайи кудето, ошӯб, ҷангу хунрезӣ, муқовиматҳои дохилӣ, аммо ҳатман бо пуштибонии як қудрати минтақаи, ё абарқудрати ҷаҳонӣ зимоми давлатро ба даст гирифтанд, ки дар инҷо низ боястӣ Созмони Милали Муттаҳид мудохилаи мустақим бикунад ва сари роҳи ҳамчунин мудохилаҳо аз хориҷро бигирад. Дар ҳар ҳолат пешниҳоди ман дар робита ба рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар ин аст ки нақш ва мақоми Созмони Милали Муттаҳид баланд бардошта бишавад ва аз як ташкилоти тавсиядиҳанда ба як созмони таъсиргузор бадал шавад. Нерӯҳои посдори сулҳи СММ (голубие каски) бошанд, битавонанд ва ин ҳуқуқро ва ин ихтиёротро дошта бошанд,ки вақте ДИКТОТУРҲО қавонинро нақз карданд, онҳоро сарнагун созанд. СММ бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амният тамоми равобит ва ҳамкорӣ бо ДИКТОТУРРО манъ кунад, ДИКТОТУРРО мунзавӣ бисозад, таҳрими шадид ҷорӣ бикунад.То ҷаҳон аз вуҷуди ҳамчунин касофатҳое,ки барои мардум зиндагӣ ва дунёро ба ҷаҳаннам табдил додаанд, халос бишавад. Фикр мекунам ин аст намунаи олии мурооти ҳуқуқи башар. Аммо меконизм ва ё созукори ба таври ором ва бидуни истифода аз нерӯ вуҷуд дорад ва дар сурати иртиқои мақом СММ метавонад онро ба роҳ андозад.

 

Қабл аз ҳар чизе дигар боястӣ СММ ДИКТОТУРРО шиносоӣ бикунад ва таърифи онро ҳам маълум ва баён созад. Наҳваи таъйин ва ё ташхиси як ДИКТОТУР чӣ буда метавонад? Ин масъалаи мураккаб ва душвор нест.Диктотур, роҳбари давлате аст,ки  солҳои тӯлонӣ қудратро ба ҳар роҳу васила раҳо намекунад. Масалан Тоҷикистон давлате бо низоми ҷумҳурист. Қонуни асосии ин кишвар аз тарафи ДИКТОТУР дар камтар аз 20 сол се маротиба иваз шуд, ки ҳадаф ҳифзи ҳокимияти ДИКТОТУР аст. СММ бояд пеши роҳи чунин ҳамоқат ва ҳақоратро бигирад. СММ барои кишварҳое, ки сохтор ва низоми давлатиашон мушаххас шуда ва узвияти ин муассисаи муътабарро пазируфтаанд ва ба мавозини байналмилалӣ арҷ мегузоранд ва конвенсиюнҳо ва асноди ҳуқуқии ҷаҳониро эътироф кардаанд, имкони тағйири Қонуни асосиро барои тамдиди қудрати сиёсӣ надиҳад.

 

Мунтаҳо як созукори ҳуқуқие дар сатҳи СММ таҳия, қабул ва ба ҳайси санади тасбитшуда ба роҳ андохта шавад, ки нагузорад як нафар борҳо ва то охири умр давлатро зери тасарруф бигирад. Дар ин амр бояд давлатҳои бузург ва абарқудрат имконот ва зарфиятҳои СММро афзоиш ва тақвият бидиҳанд. Агар ки ҳамчунин ДИКТОТУРҳое мисли раиси ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам пайдо бишаванд, тамоми давлатҳои олам вазифадор бишаванд,ки бо вай қатъи робита бикунанд, он диктотурро радди маърака кунанд, маҳв эълон кунанд ва ин ҳама ба таври расмӣ ва ошкоро сурат бигирад.Фикр мекунам айни замон ин пешниҳоди маро,ки дар рӯзи ҳуқуқи башар садо медиҳад СММ аз Тоҷикистон шурӯъ бикунад  ва бовар дорам ин як паёме бисёр муносиб ва мувофиқ ба диктотурҳои имрӯза мешавад,ки аз курсии қудрат хестанӣ нестанд.

 

  Ба назари ман талошҳои СММ  барои ҳимояти ҳуқуқи башар дар саросари олам, ба вижа дар кишварҳои ҷаҳони саввумӣ ва хосатан аз султаи шӯравӣ раҳида дар минтақаи Осиёи миёна он вақт муассир воқеъ меафтад,ки шароити ба давраҳои тӯлонӣ боқӣ мондани афроди ҷоҳталабро салб кунад. Барои ин бояд Қонуни асосии ин кишварҳо аз тарафи СММ таъйид ва назорат бишавад ва низ СММ битавонад қавонин ва қавоидеро, ки султа ва худкомагиро ба бор меоварад, назири қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат ҳанӯз дар шакли лоиҳа, ҳанӯз дар маҳалли тавлидаш сиқти ҷанин кунанд.Ҳамон мафкура ва соҳиби мафкураро, ки аз чунин андешаи хатарзо ва ҳаром обастан шудааст,бидуни тазриқи наркоз аборт кунад.Ва,ё бар фарзи мисол ҳамин гаравпулии интихоботиро, ки дар ягон гӯшаи дунё нест.

 

Зеро ба маҳзи ҳамин гуна тафаккур ва андешаҳои зиддибашарӣ Диктотурҳо  авҷ мегиранд ва қудрати илоҳӣ касб мекунанд, ҳатто агар дар як муддат ва мақтаи андаки замонӣ ҳам бошад, аммо дар он қламрав ва дар он сайтара ҳайсият, ҳамият, шарофат, каромат, иззат ва эҳтирому эътибори одамон, пайваста нақз ва зери по гузошта мешавад. Дар давлатҳои бузургу пешрафтаи олам,ки иқтисоди ҷаҳонро бар дӯш доранд, барои ҳуқуқи башар эҳтиром ва арҷ гузошта мешавад ва талошҳо барои беҳтар сохтани зиндагии мардум карда мешавад. Ҳаёт дар рӯи заминро, дунёи оммаҳоро рангин, зебо ва осонтару роҳаттар месозанд. Аммо чаро Диктотурҳо бо онки барои худ биҳиштро дар болои замин месозанд, тамоми дору мадори мансуб ба мардумро тасоҳуб кардаанд, даст аз азият ва озору зулм барнамедоранд.Ва,мусалламан, ин давлатҳо ноком, баста, ақабмонда ва қуруни вустоианд.

 

    Худованд барои як нафар як бор ҳаққи зистан додааст.Вале чаро бояд мардуми як кишвар, як минтақа  бо завқу табъи як диктотур ба сар баранд. Беҳтар аст, ки СММ масоили ҳуқуқи башарро аз ислоҳ ва тағйири низомҳои худкома ва барандохтани Диктотурҳо шурӯъ кунад.

 

Созмони Милали Муттаҳид дар барнома ва асосномаи кори худ шароит ва низоми давлатҳои дунёро, бигзор бо ончи ки ҳаст ба расмият бишиносад: ҷумҳуриявӣ, шоҳигарӣ, парлумонӣ ва ғайра.Вале имкони бурузи диктотур ва диктотураро надиҳад. Аммо дар кишварҳое бо низоми ҷумҳуриявӣ имкон надиҳад,ки як нафар чандин навбат ва ҳатто то рӯзи мурдан дар сари қудрат бимонад.  Дар ин ҳолат аксарияти мутлақи мушкилоти ҳуқуқи башар аз байн меравад. Мушкилоти ҳуқуқи башар марбути башар нест, марбути давлатҳоест, ки Диктотурҳо мудрият мекунанд.

 

Тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи тавсиа набояд бимонад. СММ бояд муваффақ бишавад, ки ончи пажӯҳиш карда,бозрасӣ намуда ва ба натиҷае расидааст ва он натиҷаҳо эълон шудаанд, иҷро бишавад.Мо гоҳо аз вуҷуди СММ фаромӯш мекунем ва танҳо изҳорҳои нигаронии расиси онро мехонем,ки онҳо ҳеҷ таъсире надоранд.Раҳмонов нигарониҳои шуморо аслан аҳамият намедиҳад ва ба нақзи ҳуқуқи башар боз баракс бо суръат идома медиҳад.

 

Дар ҳоли ҳозир тавсияҳои СММ дар иртибот ба масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аз ҷумла раҳоии бидуни қайду шарти М. Исканаров, З. Сайидов, Б.Ёров, М.Ҳайит ва даҳҳо парвандаи марбут ва мушобеҳ ба эътибор гирифта нашудааст ва нахоҳад шуд. Дар ин сурат мақому мартабаи ин созмон чи хоҳад шуд? Ва,аз тарафи дигар барои мисол чандин нафар мутахассис ва коршиносу пажӯҳишгар дар СММ барои баррасӣ ва бозҷӯии парвандаи Искандаров чандин муддат машғул шуд, нерӯ харҷ кард, маош дарёфт кард, мунтаҳо масрафу харҷи маънавӣ ва молӣ шуд, аммо натиҷа чи шуд, боздеҳ надорад? Ин ҳама заҳамоту талош чи маъно дорад?

 

СММ бояд ба тавсияҳои додаи худ ба Тоҷикистон ҷиддӣ бошад ва онҳоро ҳаминхел барои ВАО ва бе бознигарӣ нагузорад,дар ғайри ин ҳеҷ дигаргуниеро наметавон интизор шуд.

 

 

Share This Article