Э.Раҳмонов ҲХТ-ро аз Достиев бо зури ғасб ва дуздид

Ислоҳ нет

 

  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯихати номзадҳои худ аз ҳавзаи  ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои интихоботи қарибулвуқӯи Маҷлиси намояндагонро эълон кард,ки дар он исми 28 нафар зикр шудааст. Ин дар ҳолест,ки тибқи қавонини интихоботӣ аз ҳавзаи мажоритарӣ ва ё ягонаи умумиҷумҳуривӣ  тавассути феҳристи ҳизбӣ 22 нафар вориди парлумон хоҳад шуд,албатта агар ки ҳизб саддарсади ороро ба даст оварад.Аммо 41 нафари дигар барои   парлумони иборат аз 63 вакил аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ ва ё инфиродӣ ворид мешаванд.

 

Дар оғози калом инро бояд тазаккур бидиҳам,ки ҲХДТро на Эмомалӣ Раҳмонов,балки Абдумаҷид Достиев ташкил кардааст.Ин ҳизб чи тавр ташкил шуд ва чиро Раҳмонов ба ташкили он мухолофат кард вале баъдан онро аз Достиев кашида гирифтро пойинтар  қисса хоҳем кард.Аммо аввал аз он хоҳем гуфт,ки ҳизби халқии Тоҷикистон (ҲХДТ аввал ҳамин номро дошт) барои нахустин маротиба дар интихоботи парлумонии соли 1995  иштирок кард.Дар ин Маҷлис,ки то ҳамин ҳоло ҳамчун “парлумони боевикҳо” ёд мешавад,ҳизби мазкур бо панҷ вакил дар баробари 60 вакил аз ҳизби коммунист,тавонист ҷойи по пайдо кунад. Дар интихоботи соли 2000 бошад 36 курсӣ аз 63 курсиии Маҷлиси намояндагон-палатаи поёнии Маҷлиси олиро ишғол кард. Дар соли 2005 аз 63 курсии парлумон 49, яъне 65 дар сади онро ба худ ихтисос дод. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 бошад 55 курсиро аз худ намуд вале дар Маҷлиси намояндагони соли 2015 аз ин шумора 4 нафарро кам карда шумораи вакилони худро ба 51 нафар поин овард.

 

Чаро ҲХДТ ба ҳамчунин рушди суудӣ даст ёфт ва аз 5 вакили соли 1995 то ба беш аз 50 вакил дар солҳои 2010-2015 ро соҳиб ва ниҳоди олии қонунгузори кишварро ишғол кард, ба раиси феълии он марбут аст. Раисе,ки Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст ва тибқи қонун афроди низомӣ ҳаққи узвият дар ҳизбро надоранд. Аммо ҳарф аз Тоҷикистон ва аз Раҳмонову ҲХДТ аст. Ҳизби халқии демократӣ,ки ҳоло Эмомалӣ Раҳмонов дағдаға мекунад  идеяи худи ӯст ва ҳизби миллист,дар асл ин тавр нест. Ҳамон гуна,ки худи Раҳмонов ва ҳукумати ӯро хоҷагони хориҷиаш -Русия ва Ӯзбакистон болои мардуми тоҷик ва бо гирифтани ҷони даҳҳо ҳазор тоҷик ва овораву муҳоҷир кардани ин миллат оварданд, ин ҳизб ҳам бо дастур ва дастони хориҷиҳо сохта шуданд.Дар нимаи дуввуми соли 1993 Абдумаҷид Достиев,муовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Кумитаи тадорукоти Ҳизби халқии Тоҷикистонро ташкил дод, ки дар таркиби он Сайфулло Сафаров, Давлаталӣ Давлатов ва чанд тани дигар шомил шуданд.Вақте ин гурӯҳи намояндагони ҳукумати “Фронти халқӣ” дар садади ташкили ҳизби нав шуданд,бо мухолифат ва мамониати пуршиддати гурӯҳи дигари ин ҳукумат ба шумули худи Эмомалӣ Раҳмонов мувоҷеҳ шуданд.

 

Шахсиятҳои калидӣ ва зинуфузи ҳукумати дастнишондаи хоҷаҳои хориҷӣ Иззатулло Ҳаёев,ки Раҳмонов ӯро “пир”– и давлаташ меҳисобад  якҷо бо Султон Мирзошоев, Талбак Назаров, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамагӣ узви ҳизби коммунист буданд ва худи Раҳмонов низ,қатъан муқобили ин иқдом мавзеъ гирифта ташкили як ҳизби навро ба баҳонаи онки ҷомеа аз ҳизбу ҳизбсозӣ безор ва хаста шудааст,барои таҳкими ҳокимият ва давлати навпои худ ва назорат ва нуфуз бар афкори иҷтимоӣ зиёнбор мешумориданд. Он замон муассисон дар номи ин ҳизб барои вожаи “демократия” ҷой қоил набуданд. Зеро онҳо аз ин вожа қимоб буданд ва дар амал бо шиорҳои зидди демократӣ, мубориза бо “маразми демократия” ҳокимиятро тасарруф карда буданд.Телевизион ва радиои Тоҷикистон пайваста матолибу гузоришҳо зидди нерӯҳои демократӣ ба нашр расонида онҳоро мусаббиби нооромӣ ва демократияро  иллати қашшоқии мардум ба қалам медоданд. Он замон онҳо дар муқобала ва мубориза бо нерӯҳои милливу демократӣ, ҳизбҳои демократӣ ва наҳзати исломӣ, созмонҳои Растохез ва Лаъли Бадахшон,ки ҳадафи талоши худро барои истиқрори демократия ва низоми демократӣ дар Тоҷикистон  эълон карда буданд, соҳиби қудрат шуда буданд. Зеро хоҷаҳои хориҷии онҳо аз нуфуз ва нерӯманд шудани нерӯҳои нави тоҷик,ки демократияро, ҳокимияти халқиро, ҳокимияти мустақилро мақсад гузошта буданд,эҳсоси бим ва хатар мекарданд.

 

Аз инҷо буд,ки ин нерӯҳои милливу демократӣ,ки дигар дар табъид мунсаҷим шуда ва даст ба идомаи мубориза зада буданд, ҳокимияти Тоҷикистонро ҳокимияти коммунистӣ меномиданд ва Русияро бар он муттаҳам мекарданд,ки аз коммунистони тоҷик пуштибонӣ мекунад.Борис Елтсин,президенти Русия,ки ба намод ва рамзи мубориза бо режими коммунистӣ дар паҳнои шӯравии пешин бадал шуда буд аз чунин интиқодот эҳсоси шарм мекард ва чандин бор ба роҳбарияти Тоҷикистон ҳушдор дод ва эътироз кард,ки то кай шумо коммунистҳоро мо дар арсаи байналмилалӣ пуштибонӣ карда ва аз барои шумо зери бори хиҷолат мемонем. Дар тамоми ҷаҳон, дар расонаҳои дунё  ва худи Русия Раҳмонов ва ҳукумати вай ҳамчун режими коммунистӣ ва душмани демократия муаррифӣ мешуданд. Коммунист будан айби калон буд, коммунист будан шармандагӣ буд, коммунст будан душмани тағйирот ва навигарӣ ва равишҳои демократӣ маҳсуб меёфт. Дар аксарияти ҷамоҳири шӯравии пешин аҳзоби коммунистӣ номи худро иваз карда буданд. Аммо Раҳмонов ва ҳукумати вай муқобили демократия  ва навовариҳои сиёсӣ буданд. Елтсин дар Русия ошкоро бо коммунистҳо дар ҳоли набард қарор дошт. Матбуоти Русия тақрибан ҳамарӯза Елсинро  дар пуштибонӣ аз коммунистҳои Тоҷикистон ва дастгирии онҳо ва авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам мекард.

 

Елтсин ногузир мешавад бифаҳмонад, ки ин вазъ  тоқатнопазир аст. Бояд тоҷикҳо, як ҳизбе созмон диҳанд ва гиребони Елтсинро аз чангу дасти мунтақидон раҳо кунанд. Ҳамин тавр чанд бор   занг мезанад.Аммо онҳое,ки дар садади ташкили ҳизбанд наметавонанд бигӯяд,ки ин дархост ва дастури Русия аст.

Ин нақли қавл аст:

 

 “Моро дар ҳақиқат русҳо ёрдам карда давлатро гирифта доданд. Мо вобастаи саддарсадаи русҳо будем. Ба ҷуз онки моро давлат доданд ин халқи гуруснаи бенонро бояд нон дод,ки нондони мо холӣ буд. Бонкҳо холӣ,хазинаи давлат холӣ, оппозитсия фишор оварда истодааст,ҳамаи ин мушкилиҳоро Русия бар дӯш гирифта буд,барои ҳаминмебоист ҳизб месохтем ва аз тақозо ва дастури Елтсин гурехта ва ё баҷо шудан номумкин буд. Аммо касе ҷуръат ва ғайрат карда инро ба боло расонида наметавонист.Аз рӯи назокат ҳам набуд. Гумони бад мебурданд, замона тамоман бад буд,сарҳо ба бод рафтанаш саддарсадӣ буд. Агар мефаҳмид ,ки Елтсин  ба ҷуз аз ӯ ҳам занг мезанад, гӯратон канда ҳисоб буд”...қисса кард яке аз аъзои ҳайати муассисони ҳизб.

 

Аммо чаро Раҳмонов баъди соли 1998 ҳизбро тасоҳуб кард ва тавре вонамуд мекунад,ки  гӯиё аз ибтидои ташкили он тарафдори он буд. Албатта, ин дурӯғи маҳз аст.Вақте вай дар апрели соли 1998 ба ҳизб омад ва дар номи ҳизб вожаи демократияро илова карданд ва ӯро раис интихоб намуданд, дар қонуни интихобот,ки бо ширкати намояндагони ИНОТ дар  Комиссияи оштии миллӣ таҳия ва қабул шуд,ҳақи пешбарии номзад ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро танҳо ба аҳзоб доданд. Ҳамин буд,ки Раҳмонов осемасар омаду вориди ҳизби Достиев шуд ва худи ӯро аз раисии ҳизб берун кард.Яъне ин ҳам як навъ ғасб ва ё истилои рейдерӣ аст. Ӯ бидуни онки як майда эҳсоси шарм бикунад, эълон мекунад,ки ҳизбро бо пешниҳоди худи ӯ сохтаанд:

 

 “Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем.Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро созмон додем.Дар сафҳои он аз рӯзи аввал мардуми одӣ ҷамъ омадаанд.Ҳеҷ гуна элитаи хос надоштем.Ин элитаи бавуҷудомадаи худрӯи халқист,ки баъдтар ба он зиёиён ва намояндагони элитаи сиёсии кишвар низ пайваста як модели хуби ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд.Мо ба хотири ваҳдати миллӣ дар сафҳои ин ҳизб ҳам комунистон,ҳам демократҳо,ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам Фронти халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухолифро пазируфтем. Зеро ғояи аслии ҳизби мо,ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии мӯътадил ба вуҷуд омада буд,ин пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ буд.” “Минбари халқ” 4 ноябри соли 2019.

 

Хонандагони гиромӣ мутаваҷҷеҳ шудед,ки Раҳмонов муассиси ҳизби ҲХТ набудааст ва ӯ чор сол пас аз таъсиси ин ҳизб  аъзои он шуд ва ҳоло ношармида ӯро муассис ва пешвои муъаззам ва муассиси ин ҳизбаш мехонанд. Раҳмонов натанҳо ҳокимиятро бо зури ғасбкардааст балке ҳизбдуздҳам ҳаст. Ҳоло Абдумаҷид Достиев муассиси ин ҳизб комилан анти партив ва ҳама аксҳо ва навиштаҳои ӯро аз ҳама сомонаҳо бо дастури ҷаноби ҳизбдузд бардоштаанд.Бовар накунед ҷустуҷӯ намоед дар куҷо акси Достиев ва ё навиштаҳои ӯро меёбед.

 

 Аммо ин,чуноне гуфтем тамоман дурӯғ аст,агарчанде дурӯғросткунакҳое чун  Сайфулло Сафаров шоҳидии бардурӯғ медиҳанд, ки тамоми санаду ҳуҷҷатҳои ҳизб бо Раҳмонов ҳамоҳанг мешуд. Аммо  бо омадани Раҳмонов ин ҳизб ба як муассисаи пулдор ва ҷойи дуздӣ табдил шуд. Дар тамоми вилоёт ва навоҳии кишвар шӯъба ва ташкилоти ибтидоии онро созмон дода ва ба ҷалби аъзо машғул шуданд.

 

”Таъсиси нахустин ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ВМКБ ба соли 1998  рост меояд. Дар ин сол дар ҳудуди вилоят 12 ташкилоти ҳизбӣ амал мекард,ки 189 аъзо дошт. Аммо ҳоло ҲХДТ дар ВМКБ 386 ташкилот ва 19600 аъзо дорад” ба ёд овардааст раиси ҲХДТ дар ин вилоят. Масъули ин ҳизб дар шаҳри Хуҷанд ҳам таъйид мекунад, ки то соли 1998 шумори аъзои он дар ин шаҳр камтар аз 600 нафар буд.Аммо ҳоло ин ҳизб дар Хуҷанд беш аз 17 ҳазор узв дорад.”

 

Яъне ин гуфтаҳо ба ин маъно аст,ки дигар ин ҳизб ба як вазорати ҳукумат табдил шуда ва Раҳмонов  истифода аз зарфиятҳои маъмурӣ онро тақвият медод. Вагарна аз соли 1995 то 1998,ки Достиев раис ва амалан одами дуввуми кишвар буд, натавониста буд,ки ҳатто дар шаҳрҳое чун Хуҷанд ташкилоти ҳизбӣ бисозад Чунки дар воқеъ бо зиддият ва рақобати Раҳмонов ва дигар мушовиронаш рӯбарӯ зада буд. Аммо имрӯз чӣ? Аз соли 2015 то соли 2019 беш аз 200 ҳазор кас ба узвияти ҲХДТ қабул карда шуда ва ҳоло аъзои он болиғ ба 500 ҳазор нафар аст. Тамоми аъзои ҲХДТ ба истиснои солмандон-бознишастаҳо корманди арсаҳои буҷҷавии кишваранд: муаллимон,устодони донишгоҳҳо, табибон, кормандони соҳаи фарҳанг.  Ва ҳамин тавр аъзоҳаққӣ, хайрияи иҷборӣ-ихтиёрии корхонаҳои саноатӣ ва тоҷирони алоҳида, обунаи маҷбурӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ назири Минбари халқ,ки болотарин тиражи нашр дар Тоҷикистонро дорад:-ҳудуди 65 ҳазор нусха, манобеи молиии ҲХДТро ташкил медиҳанд ва ин ҳизб на ҳизби ҳоким,балки ҳизби бой ҳам ҳаст. Ин ҳизб тамоми маблағҳои гаравпулии интихоботиро пас мегирад,чун яқинан ғалаба мекунад.

 

Бубинед,ки барои мисол аз ҳисоби ҳар муаллими миёна,ки 900 сомонӣ маоши моҳона дорад ҳатман 15 сомонии он ба таври автоматӣ ба суратҳисоби ҲХДТ гузаронида мешавад,ҳамчун узви ҲХДТ. Ҳар муаллимеро,ки аз ин кор норозигӣ мекардааст, директор посух медодааст,ки ин дастури ҳукумат аст,чизе карда наметавонам. Ҳатто бархе аз муаллимон ва ё табибон огоҳ нестанд,ки онҳо узви ҲХДТанд. Агар ин 500 ҳазор,ки дар миёни онҳо донишомӯзон ва бознишастаҳо ҳам кам нестанд, ба ҳисоби миёна моҳе ба ҳисоби ҲХДТ 15 сомонӣ бисупоранд, чанд миллион сомонӣ ва дар як сол чи қадар хоҳад шуд? 500,000 х15х12=90 миллион сомонӣ. Дар ҳоле,ки бархе аз аъзои ин ҳизб аз нӯги маош то 30 сомонӣ аъзоҳақӣ месупоридаанд.

 

Акнун хайрияи корхонаҳоеро масалан “Талко”, “Ғаюр-семент”, ширкати “Барқи тоҷик”,бонкҳо ва ҳатто ҷамъоварии маблағ аз масоҷидро бигирем, ки 20 миллион сомонӣ камтар намешавад.Ва ё маблағе,ки аз ҳисоби обуна ба даст меояд, барои мисол тиражи “Минбари халқ”-нашрияи ҲХДТ  64 ҳазору 500 адади нашр дорад. 64500 х100 яксола обунааш = 6 миллиону 450 ҳазор сомонӣ мешавад,худатон боқияшро ҳисобкунед.. Ба ин тартиб ҲХДТ дигар ба як кормушка  табдил шудааст,ки Раҳмонов аз ҳисоби кисабурӣ ва дастдарозӣ ва тамаъ  ташкил додааст, то чанд нафаре аз ҳамкоронашро дар раъси он нишонда соҳиби маоши олӣ ва маишат созад ва онҳо ҳам шабурӯз дар мадҳи ситоишаш бошанд.

 

  ҲХДТ дар бинои кохи “Ваҳдат”-,ки муассисаи давлатӣ аст ройгон ва муфт соҳиби даҳҳо кабинет ва толори он шудааст ва дафтари марказиаш ҳам дар ин биност.Аммо ҳоло ба баҳонаи 25-солагии таъсисёбии ин ҳизб дар тамоми навоҳӣ сохтмони бино барои ин ҳизб шурӯъ ва дар бархеаш ба охир расидааст,ки маблағи он аз ҳисоби бюҷетҳои маҳаллӣ аст ва ин биноҳо на камтар аз 1,5 то 2 миллион сомонӣ арзиш доранд.

 

  Дар феҳристи номзадҳои интихоботии ҲХДТ барои Маҷлиси намояндагон вазирон ва раисони кумитаҳо, вакилони феълӣ ва функсионерони ин ҳизб шомил шудаанд. Аксарияти онҳо зодагони аз як вилояти барои ҳамаи мо маълуманд, ки бори дигар нишон медиҳад Раҳмон огоҳона ва ҳадафмандона дар ҳар се шохаҳои ҳокимият: муқанана,қазоӣ ва иҷроия такя ба қабила ва маҳалли худ карда бо ин васила маҳалгироиро дар сатҳи сиёсати давлатӣ савқ медиҳад. Дигар дақиқ аст ки Саймурод Фаттоҳзода,муовини аввли раиси Маҷлиси намояндагон ва Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён (Бобоҷонова Раънохон) муовини дигари парлумон интихоб мешаванд.Ин ду нафарки тайи чаҳор соли ахир масъулиятҳои ноиби аввал ва ноиби раиси ҲХДТро бар дӯш доштанд. Аммо ҲХДТ бо миллионҳо сомониаш дар ихтиёри Абдуҷаббор Азизов,ки панҷ сол дар парлумон бо маоши қоқ кор кард мегузарад. Дар ҳар сурат дубора имкон омад,ки зиндагӣ ва даврони пириашро як каме “тинҷтар” кунад.

 

  Ва, аммо ин пурсиш боқист, ки чаро ҲХДТ ба ҷойи 22 нафар тариқи феҳристи ҳизбӣ исми 28 нафарро пешниҳод кардааст. Бар фарзе агар ҲХДТ сад фоизи раъйи овоздиҳандаро гирифт ва ягон ҳизби дигар баранда нашуд,пас ҳамаи ин 28 нафар шомили парлумон мешавад?Дар ҳоле,ки қонун аз тариқи округи ягона барои 22 нафар довталаби ҳизбӣ ҳақ ва ҷой додааст. 

 

Хонандагони гиромии Ислоҳ таҳқиқоти мо дар ин замина идома доранд ва матолиби дигареҳам дар ин мавзу хоҳем навишт бо мо бошед!

 

 

 

 

  

Share This Article