Лукашенко ва Раҳмонов охирон диктаторони рӯ ба завол

Ислоҳ нет

 

Лукашенко “охирин диктотури Урупо”

 

Даҳҳо ҳазор сокини Минск-пойтахти Белорус ба хиёбон рехта пуштибониву тарафдории худ аз номзадии Светлана Тихановская-рақиби интихоботии Александр Лукашенко,президенти ин кишварро ба намоиш бигзоштанд. На танҳо дар Минск, дар дигар шаҳрҳои пурҷамъияти Белорус низ тӯдаҳои мардум бо сар додани нидоҳо ва шиорҳо пайравии худ аз пойтахтнишинонро бо сароҳат ва қотеъият изҳор доштанд. Лукашенко,ки аз соли 1994 ба ин сӯ бидуни вақфа,26 сол аст дар ин кишвари славянӣ риёсат мекунад, ягон маротиба бо чунин шеваи бархӯрд ва муқовимати миллати белорус рӯбарӯ нашудааст. Зеро воқеан ҳам мардум аз ӯ ва афту шаклу башараи ӯ безор шуда,хоҳони як таҳаввул ва дигаргунии ҷиддӣ дар кишварашон ҳастанд.Мардуми Белорус аз мудирияти як диктотур,ки ҳамвора бо фиребу ғиром интихоботҳоро ба нафъи худ натиҷагирӣ кардааст, безор шудааст.Лукашенко барои шашумин навбат даъвои курсии риёсат дорад. Дар арафаи маъракаи интихобот ҳарифони асосии худро бо ҳар баҳона ба ҳабс гирифт.Вале мардуми Белорус ба рағми ӯ номзадии хонуми блогери машҳури ин кишвар Тихановскийро,ки ҳоло бо туҳмат ва бидуни кадом гуноҳе дастгир ва ба ҳабс гирифта шудааст, вориди корзори интихоботӣ карда ва дар даври ӯ муттаҳид шудаанд. Ин хонуми огоҳу фаҳмида ҳам,ки дигар ба лидери мардумӣ ва рамзи дигаргунӣ ва намоди таҳаввул бадал шудааст, бо изҳори назарҳои дархури шароити рӯз лаҳза ба лаҳза шумори ҷонибдоронашро афзуда ва рейтинги бартар ва болотарро касб мекунад. Дар яке аз суханрониҳои ахираш дар ҳузури издиҳоми дар талоши озодӣ бо сароҳат эълом кард, ки ӯ то охирин лаҳза барои пирӯзӣ ва барқарории адолат ва ҳақиқат дар кишвараш пайкор хоҳад кард. Вай гуфт ҳадаф аз ширкати ӯ дар муборизаи интихоботӣ дар се масъала гиреҳ хурдааст ва дар сурати пирӯзӣ ҳатман ин масоилро ҳал хоҳад кард:

 

Вақте ман президенти Ҷумҳурии Беларус шудам, се корро анҷом медиҳам. Аввал зиндониҳои сиёсиву иқтисодиро озод мекунам. Дуюм, ман реферундуми бозгардони конститутсияи соли 1994-ро барпо мекунам. Дар ин санад дар заминаи муҳлат ва салоҳиятҳои президент маҳдудият вуҷуд дорад. Сеюм. Дар давоми ним сол шароите фароҳам меорам ва интихоботи одилона, мустақил ва нави президентӣ барпо мекунам. Ин президентро шумо интихоб хоҳед кард”

 

Светлана Тихановкская, довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби мухолифони Лукашенко имкони пирӯзӣ дорад ва ё хайр,кишварҳо ва созмонҳои абарқудрате назири Амрикову Иттиҳоду Урупо ва бахусус Русия ӯро дастгирӣ мекунанд ё не, номаълум аст. Аммо як нукта мусаллам аст ки худи мардуми Белорус аз мудирият ва риёсати як нафаре,ки худро дар мартабаи нимахудоӣ гузорида ҷуз худ касе дигарро сазовори курсии раҳбарӣ намешуморад, дилгир ва хаста шудаанд. Дақиқан маънои авзоъи Тоҷикистон,ро то ҷое мешавад дид.Манзурам мардуми тоҷик ҳам тайи ин 28 сол аз риёсат ва мудирияти як раиси пешини колхоз,ки худро Ҷаноби Олӣ ва ҳоло Пешвои миллат унвон додааст, безор шудааст.

 

Ташобуҳи зиёде миёни ин ду диктотур:-Лукашенко ва Раҳмонов вуҷуд дорад. Ин ҳарду то инки зимоми кишварро ба даст бигиранд, раиси колхоз ва коммунисти сурх ва муқобили истиқлоли давлатӣ буданд. Тӯли раҳбарӣ мамлакатро табдил ба як ширкати хусусӣ карда тамоми қавонини дохилӣ ва байналмилалиро пушти по заданд. Бузургтарин хиёнат ва ҷурми ин ду диктотур ин буд,ки институти асосӣ-рукни муҳимми низоми демократӣ-интихоботро аз байн бурда ва давра ба давра амалан сохтори монархиро дар кишвар ҷорӣ карданд. Дар ҳеҷ як кишвари демократӣ як нафар 26 сол риёсат карда боз ҳам барои боз як давраи дигар талоши курсӣ намекунад. Ҳамчуноне,ки Раҳмонов 28 сол курсиро қабза карда ва барои модомулумр боқӣ мондан қонун қабул кард. Зишттар аз ин мехоҳад давлатро маврусӣ кунад. Бо ин ҳама хиёнат ва ҷиноят аз як сӯ, ва аз сӯи дигар бо ин ҳама тавҳин ва таҳқир аз сӯи дигар, миллатро дар як ҳолати асафбор гузорда боз ҳам мехоҳанд эълон бидоранд,ки бо низоми демократӣ пеш мераванд. Инки чи афроде дар давру бари ин ду касиф ва касофат ҷамъ омада онҳоро то ба дараҷаи нимахудоӣ наъузубиллоҳ расонидаанд, инҷо зиёд намегӯем.Зеро ин афроди чоплусу занбамузд,ки доираи андеша ва қазоват ва виҷдону имонашон аз қаламрави ишкамашон-фаротар нест ва эшон ба ҷуз аз рифоҳу осудагии худ, ба ҳолу вазъи боқии миллат парво надоранд,бо ивазшавии роҳбар ва низом боз ҳам бо ҳамин бешарафию беномусӣ ба побусӣ дигарҳо мераванд.

 

Аммо,ин шо Аллоҳ,ки ҳар зулмеро поёневу ҳар шомеро саҳаре ҳаст.Ҳамин ин ки Лукашенко мисли саги сузанхӯрда дар талвосаи ҷонканӣ уфтода гоҳе тазоҳуроту хиёбонрезии мардумро кори душманони оромиву суботи Белорус мегӯяд ва гоҳе Русияро коргардони пушти саҳна муаррифӣ мекунад, баёнгари он аст ки даврони диктотурҳо рӯ ба заволёбист. Лукашенко оғози заволи Раҳмонов хоҳад буд ин шо Аллоҳ. Мардуми Белорус намунаи олии матонат ва мардонагиро ба намоиш хоҳанд бигзошт ва таҷрибаи онҳоро миллати тоҷик такрор хоҳад кард. Ҷаҳон бояд аз вуҷуди манҳуси диктотурҳо пок бишавад. Мардум дигар гули ин диктотурҳоро нахоҳанд хӯрд.

 

Лукашенко ва Раҳмонов ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ гоҳ дар фикри ободиву осудaгии ватан ва мардум набуданд ва нестанд. Агар онҳо дар сар чунин фикру андеша доштанд, Қонуни Асосии кишварҳои худро мисли зини маркаб ҳар гоҳ,ки бихостанд иваз намекарданд. Инки Светлана Тихановская мегуяд ба Қонуни Асосии соли 1994 бармегардам, мазмунаш ҳамин аст як кас аз ду навбати панҷ ва ё чаҳор ва ҳатто бигзор 6 ё 7 солӣ бештар ҳаққи риёсат дар кишварро надорад.Чун агарчи ҳатто супермен ҳам буд захоир ва зарфиятҳои вай дар ин муддат масраф мешавад ва боз нафаре нав боястӣ,ки роҳро идома бидиҳад. Вале ҳар вақт ки фурсатат хатм шуд ва бо баҳонаву дурӯғ Қонуни Асосиро иваз ва худро дар курсӣ ҳифз кардӣ,он кишвар бо низоми демократӣ наметавонад наздикӣ дошта бошад. Ин ки аз Лукашенко мегӯем,ки ҳамин номаъқулиро кард ба ин хотир аст ки дар кишвари мо айни ҳамин аст. Лукашенко мардумро тарс дода истодааст,ки агар ман нашавам нооромӣ мешавад ва гар маро интихоб накунед истиқлолият аз байн меравад, душманони миллат дар камин истодаанд…..ин ҳарфҳо дурусту дақиқи ҳарфҳоеанд,ки Раҳмонов ва дору дастааш дар гӯшҳои мо ин ҳама солҳо хонда истодааст. Аммо дар асл чӣ? Дар асл бо авлоду хешу табораш халқро ғорат карда ва дуздида истодааст. Онҳое, ки ӯро ба ин мартаба ва дараҷа иртифоъ ва иртиқо додаанд, аслан дар шумори мардум нестанд.Чаро Раҳмонов бояд давлатро маврусӣ карда ва ба Рустам бигзорад? Чаро Раҳмонов бояд модомулумр дар сари давлати Тоҷикистон биистад?

 

Инҳо-Лукашенко ва Раҳмонов-ду диктотур тавҳин ва таҳқири миллат ҳастанд. Миллат вақте маҷолу мадор надорад, миллат вақте иззат ва шаҳоматаш помол шудааст, чунин афрод барои онҳо “вечно” роҳбарӣ мекунад. Аммо ин миллати бедор ва озода қирғиз ҳаст. Мо агар ҳарчи ҳам нагӯем,кӯчӣ, чашмтанг, бемаданият.. балову бадтар …аммо ин халқ ва ин миллат иҷозат намедиҳад ки як ҳамнавъ ва ҳамзоти худаш ӯро таҳқиру нагунбахт кунад. Ҳоло бубинед,ки Раҳмонов ҳукуматро “сварка” карда чи кор карда истодааст? Домодҳояшро бинед, ҷиянашҳояшро бинед, духтарҳояшро бинед ва сипас ҳар кадоме баргардеду ба ҳоли худатон,ба ҳоли ҳамсояатон назар афканед? Инҳо курсии қудратро барои ҳамин намедиҳанд. Инҳо “тормоз”, инҳо “монеа”,инҳо “садд”-и рушду рифоҳи мардум ва давлат ҳастанд. Ҳарчи зудтар халос шудан аз онҳо воҷиботи имон не фарзу сунат ва воҷиботи шаръӣ ва имонию ватандӯсти аст. Лукашенко, як раиси дигари колхоз,ки 26 сол аст дар сари қудрати Белорус,ба мисли Раҳмонов бо чангу дандон талош дорад курсии зери пояшро ҳифз кунад. Барои ҳифзи ин курсӣ на танҳо рақибони сиёсӣ,балки омодааст,ки халқи Белорусро ба хоку хун нишонад. Аммо,тамоми сабру таҳаммул ҳам ҳадду марз дорад ва ҳоло ин мардум дигар даст ба дасти ҳам додаву ба хиёбонҳо рехтаанд ва қасдашон ҳам ин аст ки ин диктотурро сарнагун ва барои ҷисму ҷони ин кишвар руҳу ҷони тоза бидаманд. Ин махлуқи гандидаро аз чавкии қудрат ба зери бикашанд. Вай барои наҷоти худ ҳатто милисаҳоро дастури “фас” дода истодааст. Вай барои наҷоти худаш миллат ва халқи белорус-руси сафедро бо рус ҷанг андохта истодааст. Аммо ӯ як бор намеандешад,ки ҷону ҷисми инсонҳо безор мешавад. Мисли Раҳмонов худро миллат ва давлат ва ватан муаррифӣ карда истодааст.Ингор ин ҳам муқаддасот ӯ бошад. Бубинед, ки як ҷавони 10 сола ба 35 даромад, як марди 55 сола ба 80 ва як тифли яксола 25 сола шуд.Аммо ҳамоно Александр Лукашенко. Аммо ҳамоно бо +2 Раҳмонов дар арикаи қудрат чанбар зада истибдод доранд.

 

Дар тамоми қаламрави шӯравии собиқ ҳамин ду диктотур-Раҳмонов (28 сол) Лукашенко(26) сол аст,ки дар сари қудрат ҳастанд. Ҳеҷ диктотуре ба роҳатӣ аз курсӣ поин наомадааст ва кам иттифоқ меуфтад,ки диктотур бо аҷали табиӣ мурда бошад. Ин ду низ истисно нест. Ба ҷуз аз инқлоб ва ба ҷуз аз харобиву тахрибӣ роҳе барои тағйирот боқӣ намегузоранд.

 

Имрӯз дар шаҳрҳои Белорус мардуми ҷон бар лаб ва корд ба устухон расида, берун омадааст. Зеро ин тавр номумкин аст ва ин имкон надорад,ки тамоми сарнавишт ва ҳаёту мамоти як давлат ва як миллат танҳо тавассути як нафар ҳаллу фасл шавад. Шумо раъй медиҳед ба Шокирҷон Ҳакимов вале аз даруни қуттӣ мебароранду мегӯянд,ки на раъйи шумо ба Рустам Латипов рафтааст.Худатон ҳайрон мешавед,ки чи гуна раъйи шумо ба дигар самт рафтааст? Ва, ин кор инак ҳудуди 30 сол аст ки дар Белорус ва Тоҷикистон идома дорад, балки ба маризии музмин –“хронический” табдил шудааст. Савол ин аст ки чаро агар ту биравӣ ҷанг мешавад? Кӣ ҷанг мекунад? Ва,агар ту мурдӣ, чи хоҳад шуд?Ин мардум,ки наметавонад туро то охири дунё зинда бидорад. Як рӯз,ки хоҳӣ мурд. Гуфтам,ки ҳарду аз як адабиёт ва аз як “шпаргалка”-ҳамон шпаргалкае,ки Чаушеску, Хоникер, Қаззофӣ, Умар -Ал-Башир, Сталин,мунтаҳо тамоми диктотурҳои дарозумр барояшон мерос мондааст,истифода карда истодаанд. Аз ин ҷост ки мардуми тоҷик ҳам ба дунболи халқи белорус барои равонидан ва сарнагунии Раҳмонов ба хиёбонҳо хоҳад рехт. Ин худи Раҳмонов аст ки мардумро ба хиёбонҳо мекашад.Ин рафтору кирдори худи ӯст ки сабаб мешавад мардум мунфаҷир мешавад. Мардум бармехезад ва озодиҳои худро,ҳақу ҳуқуқи худро металабад: озодии сиёсӣ,озодии динӣ,озодии матбуот,озодии интихобот….Ин ду диктотур,ки ин ҳамаро салб ва маҳв кардаанд.

 

Лукашенко дар як суханронии ахираш дар ҳузури ходимони милиса гуфт,ки ӯ “дар телевизион саҳнаҳои намоишҳои эътирозии шаҳри Минскро тамошо кард ва дид, ки мардум ба полис ҳамла карда, ҳатто кормандони ҳифзи қонунро «бо лагад мезаданд». Ӯ гуфт, «мо набояд ба ин роҳ диҳем. Бачаҳо (манзураш ходимони полис) бояд бидонанд, ки онҳо дар хонаи худ ҳастанд ва касе ҳақ надорад онҳоро бо лагад бизанад.

 

Вай мехоҳад бо ин ҳарфҳо милисаҳоро алайҳи мардум бишӯронад. Мардум агар ки милисаҳоро лагад зад,Лукашенкоро лагад зад,на милисаҳоро. Ҳоло тоза шурӯъ шудааст,ки мардум лагад задааст.Омода бошанд ин диктотурҳо,ки мардум аз ин бештар назананд.

 

Аммо,агарчи Лукашенко натоиҷи интихоботро ба нафъи худ эълом ва сиёсати саркӯб ва хафақону тарсдиҳиро идома бидиҳад, ҳам дигар бо тарзу услубе,ки мудирият мекард, наметавонад. Чунки даврони диктотурҳо ба сар омадааст. Ва, Лукашенкову Раҳмонов истисно нестанд. Мо,инҷо бедорӣ ва ҳақталошии мардуми Белорусро муборак мегӯем ва умедворем ,ки “охирин диктотури Урупо” ба охири худ расидааст ва ин мавҷи бархоста дар Минск Душанберо ҳам фаро хоҳад гирифт ва Раҳмонову дору дастааш аз он наҷот нахоҳанд ёфт.

 

Share This Article