( бахши дуввум)
Ман зодаи Масчоям. Навиштаҳои Шуморо дар бораи Масчо хонда ба шумо бовар кардам, ки ҳақиқат ва воқеиятро менависед. Мехоҳам дарди дили пур аз ғаму алами масчоиёнро бароятон нақл кунам, то Шумо расонаӣ кунед. Мардум бедор шавад ва сафедро аз сиёҳ фарқ кунад.Ман 86 сол дорам ва узви ҳеҷ ҳизби сиёсӣ набудам ва нестам,ончи менависам аз воқеиятҳое мебошад,ки дар тули умрам дар ин ноҳия дидаам.Агар хоҳед дарди воқеии мо масчиёнро донеду дарк кунед,то охир бахши дуввумро ҳам хонед.
Инҷо мехоҳам як қиссаи дигар бароятон нақл кунам. Соли 2017 ҳокими собиқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Ғайрат Азиззода дар деҳаи навбунёди ба номи Ҷалолиддин Балхӣ барои сохтмони мактаб ва бунгоҳи тиббӣ 3 га замин ҷудо карданд. Дар пеши мардум ва камераи телевизион дурӯғи бисёре гуфтанд, ки байни ду сол обод карда ба мардум супорида мешаванд. Аммо баъди як моҳ раиси хоҷагиро раиси ноҳия занг зада гуфт, ки замини барои мактаб ҷудошударо кишт кунад. Ҳамин тавр на мактаб шуд ва на бунгоҳи тиббӣ. Мардум арзу дод карданд, бенатиҷа. Баъди се сол дар арафаи интихобот Азиззода Ғайрат ҳамроҳи раиси нави ноҳия Тоҳир Азиззода ва прокурор Иззатуллои Акобир омада боз ба мардум ваъда дод, ки агар вакил интихоб шавад мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад. Вай вакили парлумон шуд. Аммо ин раиси нав ҳам ба раиси хоҷагӣ дастур медиҳад, ки заминро бикоранд. Ин аст найранги роҳбарони ноҳияву вилоят дар ҳақи мардуми Масчо. Мардуми аламзада ба қабули раиси вилоят Раҷабой Аҳмадзода рафтанд. Қофлонбой ба мардум посух медиҳад,ки бе иҷозати Ҷаноб ин заминро ҷудо карда наметавонем. Оё аз ин спектакл,ки се сол аст ба саҳна мегузоранд Ҷаноб бохабар бошад?
Бармегардем ба қиссаи Акобири Иззатуло-прокурори ноҳия. Ҳоҷии дукарата прокурори порахур,то нафақаам як соли дигар мондааст гуфта порагириро ба авҷи аъло расонидааст. Яке аз миёнаравҳояш дар порагирӣ котибаш Маҳмуд аст.
Маҳмуд зодаи ноҳия Айнӣ мебошад.15 сол мешавад,ки дар ноҳияи мо зиндагӣ ва кору фаъолият мекунад. Маҳмуд “доля” ғункунаки прокурорҳо мебошад. Аз давраи Урунов Фирдавс то ҳоло ба ҳамин кор машғул аст. Мардуми ҷабрдида ба прокурор шикоят мебарад. Аммо аввал котиб шикоятро хонда сипас қабул мекунад. Мебинад ҷабрдида аз болои кӣ шикоят овардааст. Маҳмуд он тарафро занг зада бохабар ва дилпур мекунад, ки “доляаш”-ро диҳанд ӯ даромада ҳамаро ҳал мекунад. Ва, ҳамин корро ҳам мекунад. Айбдоршавандаро аз шикоят ва ҷавобгарӣ халос мекунад. Чунки ӯ ҳама корро бо прокурори порахӯр гапзанон мекунад. Аммо дар ин миён бечораи ҷабрдида саргардон мегардад. Ба идораи болотар, ба вилоят ва Душанбе меравад. Аммо ҳамаҷо якхел. Ҳозир мақомоти поёнӣ пеш аз гирифтани “доля” аввал фикри болоро карда баъд доля мегиранд. Бародари ҳамин Маҳмуди котиби прокурор дар назди беморхонаи марказӣ як бинои ду ошёна сохт, ки ғайри қонунӣ мебошад. Бинои он дар болои хатти об ва канализатсия ҷойгир шудааст. Ин ҳолатро ҳама роҳбарони ноҳия медонанд. Аммо аз онки Маҳмуд камбудиҳои онҳоро медонад, далелу ҳуҷҷат дар бораи дуздиву порахӯриҳои онҳоро дорад, сокитанд.
Имрӯз 80 фоизи кормандони кумитаи замини ноҳия “судимий” мебошанд. Ё бо пора ва ё бо қаллобӣ ба даст афтода доғи судӣ гирифтаанд. Аммо кор карда гаштаанд. Ҳозир Зокиров Умед, раиси кумитаи замин ҳеҷ касро на дар ноҳия ва на дар вилоят ва на дар ҷумҳурӣ писанд намекунад. Вай дар ҳама ҷо лоф мезанад,ки “криша”-ам Озода Раҳмон аст. Мегӯяд: ”Ман аз ин сагчаҳо наметарсам”. Дар ҳақиқат гапҳои Зокиров рост мебошанд. Мо инро худамон дар пӯстамон санҷидем. Даҳҳо маротиба мардуми Масчо аз болои заминфурӯшиву қонуншиканиҳои ошкорои Умед Зокиров ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва танобкаш муроҷиат карданд. Аз ноҳия гирифта то марказ,то дастгоҳи раисии ҷумҳурӣ. Ҳар моҳ камаш сад шикоят меравад. Аммо аҷиб ин аст ки комиссияҳо меоянд, воқеиятро мебинанд, аммо чизе иваз намешавад. Ҳатто Умед Зокиров дар ҷаласаҳои ноҳия иштирок карданро ба худ эб намебинад. Раиси ноҳия-намояндаи Президент дастобрези ӯст. Чунки ӯ чи хеле худаш лоф зада мегардад, намояндаи духтари Президент аст.
Чанд ҷумла дар бораи Ковид- 19. Баъди Наврӯзи шаҳри Хуҷанд, ки бо иштироки Раҳмонов гузашт, баъди ҳамагӣ як ҳафтаи он, аз аввалҳои апрели соли ҷорӣ мақомоти вилоят қабули шаҳрвандонро бо ин баҳона манъ карданд. Суд, милиса ,молия, андоз, кумитаи замин прокуратура, хуллас ҳама дарҳоро бастанд. Шурӯъ аз 15 апрел бошад ба тартиби нав гузашта арзу шикояти мардумро дар беруни биноҳо қабул карданд. Дар назди қаровулхонаҳо. Аз ин бармеояд,ки роҳбарҳо барвақт медонистанд, ки Ковид- 19 дар ватани мо омадааст ва ҳаст. Чунки чи хеле гуфтам мансабдорҳо худашонро эҳтиёт мекарданд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон дар 30 апрел расман аз мавридҳои гирифторӣ ба ин беморӣ хабар дод. Имрӯз 30 июн аст,мақомотҳои вилоятӣ ҳоло ҳам мардумро қабул намекунанд. Чунки инҳо хуб медонанд, ки ин касалӣ ҳозир ҳам ҳаст ва он ҳама ахбору маълумоте,ки дар бораи Ковид- 19 мегӯянд, дурӯғ аст. Раҳмонов аз сабаби ҳамин касалӣ зиёд будан ба Масчо наомад.
Раиси нави ноҳия Тоҳири Азиззода марионеткаи Қофлонбой мебошад. Пулҳои ҷудошуда барои ҷашни Ваҳдатро Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода,ки тушкабой ҳам мегӯянд якҷо бо собиқ раиси ноҳия ва ҳоло вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода обу лой карданд вале акнун ин Тоҳир Азиззоди “крайни” монда маҷбур аст,ки дар санад “списат” кунад. Маълум аст ки Тоҳир Азиззода дар ноҳия кор карда наметавоанд. Мафияи Умед Зокирзода ва риси собиқ ӯро на гӯш мекунанд ва на писанд. Умед Зокирзода, супориши раиси вилоятро ба эътибор намегирад, чи расад ба супориши Тоҳир Азиззода. Зокиров дар рӯзи аввали кори раиси нав ба ӯ гуфтааст,ки агар хоҳӣ дар ноҳия бисёр кор кунӣ манро гӯш мекунӣ ва богуфтаи ман кор мекунӣ. Агар накунӣ дер давом намеорӣ. Имрӯз Суд ва Прокурору милиса, амнияту андоз инҳо ҳамааш мафия Зокиров мебошанд. Раиси ноҳияро гӯш намекунанд. Ҷонишини аввали раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода мебошад. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбеву якшанбе бо навбат кормандони суду амният ва прокуратураро ба навбат бурда дар ночной клубҳои Хуҷанд, монанди “Хваканда” ва “Парламент” зиёфат медиҳад. Рӯзи 27.07.2018 корманди кумитаи замин- Сафаров Исломро кормандони амнияти вилоят дар ҷои кораш бо маблағи 10000 сомонӣ дастгираш карданд. Сафаров.И бошад ҳаммаслакони худро ба амниятиҳо мефурӯшад. Яъне, ки ман як худам не дар инкор! Раиси онвақтаи ноҳия Азиззода Ғайрат ва раиси собиқи кумитаи замин Рустамзодаи Рустам бо лақаби Достон ва собиқ раиси КДФ ва ҳозира раиси кумитаи замин Зокирзодаи Умед ва ҷонишини якуми раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода бо лақаби стрептизершик аз ноҳия ба муҳлати 4 рӯз ғайб заданд. Тавассути миёнаравҳои худ бо пардохти 150.000 доллар корро ҳал карда баъд ба ҷои корҳои худ баргаштанд. Амниятиҳои вилоятӣ моддаи пораро ба қаллобӣ иваз карданд ва суд Сафаров И-ро як сол ҳукми шартӣ дода ва Сафаров аз авали имсол боз ба кори худаш ба кумитаи замин баргашт. Ба назар мерасад кадрҳое мисли Сафаров. И ба Ҷаноб хеле муҳиманд. Чунки пораҳоро барои авлоди Ҷаноб ҷамъ мекунанд.
Дар Масчо вақтҳои ахир масъалаи замин хеле бад шуда истодааст. Махсусан имсол, ки мардум аксарият Русия рафта натавонист таваҷҷӯҳашон ба замин зиёд шуд. Аз ин ҷиҳат барои замин ҷангу ҷанҷол бисёр шуда истодааст. Ҳоло акнун бозори милиса ва судмедэкспертизаҳо гардон шудааст. Муфаттишҳои милиса аз ҷабрдидаҳои дасту по шикаста ҷудо пул мегиранду духутури эксперт ҷудо. Дар ин миён айбдоршаванда, ки аниқ одами пулдор асту заминро бо зӯр кашида гирифтааст ба муфаттиш пора медиҳад ва ба духтури ташхисгар-судмедэксперт,то кӣ корро ба манфиати ӯ ҳал кунанд. Масалан эксперти судӣ дараҷаи зарари ҷисмониро кам нишон медиҳад. Даъви ҷабрдида ҳатто то суд намеравад.
Сарнозири собиқи ноҳия Қурбонов Нарзулло буд,ки 13 сол дар ин вазифа кор кардааст.Вай ҳам мисли Маҳмуди котиби прокурор вазифаи асосиаш “доля”-и сардори милисаро ҷамъ мекард ва ё байни сардор ва нафарони шикояткунанда ва айбдоршаванда миёнравӣ мекард. Кор ба дараҷае расида,ки Судмедэкпертизаи вилоят ва Қурбонов ноҳияро ба дод оварданд. Аммо мардум аз болои Қурбонов арзу шикояти бисёре карданд. Аммо ӯро аз кор озод накарданд. Ба дигар ноҳия гусел кардан вале баъди нимсол боз ба ноҳия оварданд, чунки монанди ӯ нафаре,ки битавонад пораро ҷамъ кунад пайдо карда натавонистанд. Дар ноҳия боз як сол кор кард ва мардумро боз ба дод овард. Сардори милисаи ноҳия нав шуд. Эмал Маҷидов-зодаи Конибодом,ки дар шӯъбаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд кор мекард.Оварданд. Сардори нав бо Қурбонов кор карданро нахост, аз кор озодаш кард ва одами бовариноки худашро аз горотдели Хуҷанд ба ноҳия овард. Зодаи Масчо. Аммо лагандбардор ва пулҷамкунак ва бовари Эмал мебошад. Ин нафар майёр Сангинов Бахтиёр аст. Қурбонов 150 кг буд.Вале то омадани Маҷидов кор мекард.Аммо фарбеҳиашро баҳона карда аз кор ҷавоб доданд. Бародари ӯ 18 сол ҳукм гирифт.Аммо баъди 2 сол боз ба милисаи ноҳия ба кор қабул карданд, бо вазни 120 кило. Қурбонов боз одамҳои худашро ҷамъ карда мардумро ба дод оварда истодааст.
Аъзои командаи ӯ афсарони милиса Нарзиев Турабег ва Ҳусейнов Хисрав мебошанд. Ҳоло миёнравии миёни сардори милиса ва судэкспертизаи вилоятӣ бо мардумро як нафар бо номи Муҳаммадиев Валиҷон,ки чанде пеш ба вазифаи сардори ГАИ-и ноҳия таъин шуд ва аз Деваштич аст,иҷро мекунад. Барои онки бародари “родной”-и Муҳамадиев Валиҷон дар Судмедэкпертизаи вилоятӣ ба сифати ҷониш кор мекунад ва номаш Муҳамадиев Анвар мебошад. Ин шахс пеш раиси Судмедэкспертизаи вилоят будааст вале бо пора дар ҷои кораш дастгир мешавад ва ҷазояш ҳамин тавр мешавад,ки аз раисӣ гирифта ҷонишинаш мондаанд.
Инҷо як ду сухан дар бораи суд ва судяҳо ҳам мехоҳам бигӯям то ки манзараи Масчо тамоман маълум шавад. Тамоми корҳои ғайриқонунии прокурор ва милисаи ноҳияро дар Суди ноҳия судя Маликзода Оимоҳи бевиҷдони беҳаёи ҳаромхур дида баромада ҷабрдидагонро гунаҳгор ва гуноҳкоронро бегуноҳ ҳукм мекунад.
Ҳолатҳое шудааст, ки барои пул шуда фарзандони ноболиғро ба падари пулдор дода ва модари камбағалро аз фарзандаш маҳрум карда аст. Гарчанде тарбияи фарзанди ноболиғ дар зимаи модар буда аз тарафи падар алимент ситонида мешавад. Хонаи марди дузанаро,ки аз зани аввал ҷудо нашудааст ба манфиати зани дуюмаш қарор бароварда боиси ҷангу ҷангол ва ҳатто хунрезӣ шудааст. Дар охир гуфтанӣ ҳастам,ки мо- мардуми меҳнаткаши Масчо аз ин қонуншиканиҳо ва бераҳмиву беадолатии масъулини ноҳия,вилоят ва ҷумҳурӣ,ки дар ҳақамон мекунанд, ба ҷон сер шудем ва ба умеде будем, ки Президент ба ноҳияи мо мебиёяд дар рӯзи ҷашни Ваҳдат ва мардуми дилаш пур дарду аламашро ба ӯ мегӯяд. Аммо раиси Кумитаи замин дар як сӯҳбаташ гуфтааст,ки Президент ҳама чизро,ҳолат чи гуна астро на танҳо дар як Масчо дар тамоми кишвар медонад ва огоҳ аст. Барои онки сарашро гаранг накунанд ҳатман одамҳоеро ба ин гуна мулоқотҳо меоваранд,ки аз мушкилот гап назанад.Дар ҳар сурат ваъда доданд,ки тирамоҳ Масчо меояд. Мо,агар Президент меомад ба ӯ чанд савол доштем.
Саволҳо;
1. Он заминҳое, ки дар харитаи соли 1956 барои Масчо нишон дода шудаанд,баргардонида дода мешавад?
2.Чаро барои Масчо як раиси барои манфиати мардум фаъолиятмекардаро таъин намекунед?
3. Сабаби бе ҷазо мондани ин дуздҳои қонунӣ: прокурор, суд, милиса,раиси ноҳия ва раиси кумитаи замин дар чист?
4. Чаро раиси ноҳия дар ҷангҷоли миёни раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Масчо Рустамзодаи Рустам ва сардори бахши экологияи ноҳия Шоҳхуҷаи Ҳасанхуҷа бетарафӣ зоҳир кард? Ин ҷангҷол дар рӯзи корӣ ва дар ҳолати мастӣ ва дар боғи фарҳангӣ дар пеши чашми ҳама рух дод,аммо Прокурор коре накард?
5. Аз чӣ сабаб бошад, ки дар ҳолати ҷиноят содир кардани мансабдорони ноҳия сардори ШВКД ва прокурор Масчо кар ва гунг мешаванд? Вале агар аз тарафи як нафари оддӣ камтарин хатоӣ сар занад ӯро ҳам ҷарима ва ҳам маҳкам мекунанд?
Муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин ва дастандаркорони Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” хоҳиш мекунам ин навиштаи маро чоп кунед. Агар чоп кардед мо маълумотҳои бештареро дар ихтиёри шумо мегузорем.
Поёни бахши дуввум,тасмим гирифтем дақиқан зери ин ном “Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз”-ро идома диҳем. Ҳар маълумоте дар мавриди амалкардҳои ҷиноятии мақомоти ҳокимияти ноҳия доред,шоҳиди он шудаед ва ба шумо зулме шудааст онро ба мо ирсол намоед. Шахсияти комилан махфӣ мемонад. Нашру расонаӣ кардани онро Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” замонат медиҳад.