Ҳафтаждаҳо

Ислоҳ нет

 

Дар моҳи октиябр ё қисмати аввал, аз се аждаҳо гуфта будем, имрӯз аз чор аждаҳои дигар хоҳем гуфт.

 

Аждаҳои чаҳорум:

Парвина Раҳмон, сардори Раёсат дар вазорати тандурустии Тоҷикистон аст. Ба назар меояд, ки Парвина сокиту хомӯш аст. Аммо дар асл ин тавр нест. Вай тавонистааст системаи доруфурӯшиҳои Тоҷикистонро (аптекаҳоро) таҳти назорат ва дар ихтиёри худ бигирад. Фарматсевтика ва фармакологияи кишвар бо тамоми асноду иҷозаи фурӯши дору ба монополияи Парвина табдил шудааст. Аз ҳисоби буҷҷаи кишвар аз берун доруворӣ меоварад вале бо арзиши бозорӣ тавассути нуқтаҳои тавзеъи дору (дорухонаҳо) ба фурӯш мебарорад. Барои ин кор ба ӯ Шамсулло Соҳибови язнааш ҳамдастӣ мекунад. На танҳо лаборатория ва ташхисгоҳҳои бемористонҳо ҳатто хилъат –халати сафеди донишомӯзони омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва Донишгоҳҳои тиббииТоҷикистон ва табибонро маҳз ӯ таъмин мекунад. Бемористони чандсадмиллионии “Истиқлол” дар Душанбе ҳам ба ӯ тааллуқ доштаааст.Шавҳари Парвина ҳам одами қаторӣ нест. Ашраф Гулов , сардори Раёсати кадрҳо дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аст.Чанд соли пеш ӯ консули Тоҷикистон дар Маскав буд. Барои Парвина ҳам муассисаи махсуси молиявӣ “Бонки байналхалқии Тоҷикистон” –бо сармояи аввалияи 100 миллион сомонӣ хидмат мекунад. Бонки мазкур зоҳиран ба ширкатҳое тааллуқ дорад,ки роҳбарии онро Ҷамшед Гулов- бародари шавҳари Парвина бар ӯҳда дорад. Дар ҳоле,ки Ҷамшед муовини ширкати “Газпромнефт” дар Тоҷикистон аст. Зимнан анвои ғизоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро ҳам ширкати мутааллиқ ба Ашраф таъмин мекунад, ки дар бораи сифати онҳо ҳарфи хуше гуфта наметавонем.Тибқи маълумоти охири расида Парвина ҳоло мубталои бемории мағзӣ аст ва саломатияш начандон хуб аст.

 

Аждаҳои панҷум:

 

Рухшона Раҳмон, муовин ва ё сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии вазорати хориҷии Тоҷикистон, завҷаи Шамсулло Соҳибов, раиси Ассосиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон,раиси ширкати бисёрсамтаи “Фароз” аст. Ин ду чандин сол дар Лондон ба сар бурдаанд. Рухшона қаблан дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир кор кардааст. Ва, барои онки Шамсуллоро ҳамеша дар канораш дошта бошад,Шамсулло тӯли солҳои донишҷуӯии Рухшона ва кор дар сафорат ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар онҷо кор мекард.Сарфу харҷи онҳо ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ аз ҳисоби бюҷети давлат буд. Шамсулло Зоҳибов, ҷияни Маҳмадзоир Соҳибов,домоди калонии Раҳмон аст. Аммо дар тиҷорат ва пулкоркунӣ ба Шамсулло ҳеҷ яке аз домодҳои Раҳмон баробар шуда наметавонанд. Танҳо да соли 2017 аз тиҷорати ширкаи камол 40 миллион доллар фоида ба даст овардааст. Иҷозаи тиҷорати ин гиёҳи дармониро танҳо Рухшона ва Шамсулло доранд. Бозори “Меҳргон”, “Вефасентр” дар Душанбе ва пойгоҳи варзишии “Сафеддара”,ки бо 80 миллион сомонӣ аз бюҷет навсозӣ шудааст ва низ номери мошинҳо, санади муоинаи мошинҳо, ҳуҷҷати ронандагӣ-права ва ҳатто чандин кони ангишт ва низ тиҷорати тилло ба ихтиёри Рухшона ва Шамсулло вогузор шудааст. Соли гузашта 163 килло тиллоро ба Бонки миллӣ ба маблағи 5 миллиону 500 ҳазор доллар фурухтанд. Рухшона ва Шамсулло ҳам бонки хусусии худро доранд бо номи “Коммерсбонк”. 100 % саҳмияҳои он ба “Фароз” марбут буд.Ширкати “Фароз”,ки бо пуштибонии ошкорои Раҳмон ба истихроҷи маъодин, умури бонкӣ, туризм технологияи мухобиротӣ ва даҳҳо навъи тиҷорат машғул буд, яку якбора аз ликвидатсия хабар дод,ки муҷиби шакку гумонҳо шудааст. Мегӯянд,ки ин ширкат бисёр бадном шуд.Барои ҳамин дар арафаи интихоботҳо онро довталабона барҳам доданд. Шамсулло Соҳибов, сохтмони заводи бузурги сементбарориро дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз намуд.Ҳама таҷҳизоте,ки барои ин завод аз хориҷ оварда мешавад, аз боҷи гумирукӣ озод аст ва чуноне медонед бародари Шамсулло Соҳибов, Зайнулло Соҳибов раиси “Тоҷиксемент” аст ва пас аз оғоз ба кор кардани заводи сементи Шамсулло “Тоҷиксемент” фаъолияташро қатъ мекунад.Дар ҳоле ,ки “Тоҷиксемент” яке аз ширкатҳои давлатӣ буда дар шумори андозсупорандагони бузург қарор дошт. Кутоҳ солона даромади танҳо ин духтар на камтар аз се миллиард доллар мебошад.

 

Аждаҳои шашум:

 

Заррина Раҳмон, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”-зани Рамз Зуҳуров, -писари Бег Зуҳур,раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст. Сармояи оинномавии ин бонк 450 миллион сомонӣ аст. Саҳомони он ширкатҳои марбути Ҳасан Асадуллозода, тағои Зарина мебошанд. Ҳоло онҳоро Зарина явош-явош тасоҳуб кардааст. Тиҷорати симкортҳо, арзиши интернет,ки қимматтарин дар шӯравии пешин аст, почтаи тоҷик. Ширкатҳои сохтмонӣ. Феҳристи нокомили тиҷорати Зарина ва хонаводаи ӯст. Аммо хабарҳо ҳокист,ки айни замон Рамз ва Зарина дар бадтарин марҳалаи зиндагӣ қарор доранд.Як фарзанддор шуданд писарашон аз бемории дил вафот кард.Боз писарча дор шудаанд Рамз ва Заррина.Рамз аз алоқаҳои маҳрамонаи Зарина бо яке аз ҳамсинфонаш бохабар шуда ва ва ҳатто ӯро дастгир кардааст. Вақте доири ин масъала дар хонаи Раҳмонов моҷаро бархост як матлаби муфассал зидди Бег Сабур дар яке аз нашрияҳо чоп шуд. Он матлаб аз кадом ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ буд. Маълумоти зиёде дар ин маврид дар даст дорем вале ба ҳамин миқдор иктифо мекунем.

Кумитаи андоз ба дари утоқи кори Бег Сабур мӯҳр зад. 90 миллион сомонӣ қарздор кард. Рамзу Бег Сабур сокит шуданд. Зеро қариб буд сарнавишти Таҳмина болои Зарина такрор шавад ва ҳам Рамз ва ҳам падараш на танҳо аз вазифаҳо ва ҳамин тавр охур канда ва ҷудо бишаванд,балки мумкин буд аз рӯи замин бардошта бишаванд. Хотиррасон мекунем,ки Таҳминаро низ шавҳараш бо ҳамхобагӣ ба нафари дигар боздошт кардаву талоқ дод. Хонаводаи Раҳмон тамоми дороии Ёрмаҳмад Гулов-вазири пешини саноати хуроквориро баъди азҳампошии оилаи Таҳмина кашида гирифтанд.

Ҳарчи набошад оилаи Гулов “даврадидаанд” ва нангу номуси худро ҳифз кардаанд. Бек Сабур ва фарзандонаш баръакс молу мулку мансабро аз ҳама чиз боло медонанд. Аз ҳамин хотир Зарина ба дар ин ҷода роҳат аст ва бо майли дилаш ҷавонӣ мекунад. Вагарна, Рамз хуб медонист,ки Зарина бо писари Алимардонов бояд ақди никоҳ мебаст. Ҳатто якҷо ба “медовий месятц” ба Доминикан рафта буданду як моҳ дар киштии оилавии ЭШР истироҳати маданӣ карданд.Он замон Бек Сабур бо тӯҳфаи як кӯшки дорои паркинги бо чандин мошинҳои хориҷӣ ба Таҳмина дар маҳаллаи 91-и Душанбе тавонист Заринаро ба кобини писари худ дароварад.

Аждаҳои ҳафтум:

 

Фарзонаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло бешавҳар,муҷаррад. Сармоя ва тиҷораташ номаълум. Шояд умури боғу токпарварӣ ва домпарварӣ ба ӯ супорида шавад. Дар ҳар ҳол фурсати зиёде нагузашта ӯ ҳам ба як бизнес аждаҳо табдил хоҳад шуд. Аммо ҳоло касеро шавҳар нагирифтааст. Ин масъулият вакансия аст. Шояд музояда эълон шавад. Номаълум аст ки ин музояда бо усули ҳолландӣ ва ё инглисӣ доир мешавад.

 

Албатта, дар як матлаб ҳама тиҷоратҳои ин аждаҳоҳоро наметавон баён кард. Вале як нуктаро бояд тазаккур дод,ки тамоми осоишгоҳҳои Тоҷикистон: “Хоҷа оби гарм”, “Оби гарм”, “Шоамбарӣ”, “Зумрад” ва ғайра дар байни Фирӯзаву Таҳминаву Озодаву Парвинаву Рухшонаву Зарина тақсим шудааст. Гуфта мешавад бо миллионҳо доллар ин осоишгоҳҳоро тармим ва навсозӣ карда истодаанд. Барои ҳар кадоме аз духтарҳо ва ҷуфти онҳо яъне домодҳо яке аз арсаҳои хоҷагии халқ инъом шудааст.Аз маводди сӯхт ва фаровардаҳои нафтӣ гирифта то маҳсулоти ғизоӣ мисли орду шакару гандум,соҳаи тандурустӣ, беморхонаҳо, аптекаҳо, асноди пизишкиву тиббӣ,роҳу нақлиёт, хадамоти алоқа, телефонҳои мобил,симкортҳо, сохтмону биносозӣ, фурӯши билет, бонкҳо ва ҳоказоҳо. Барои духтаронаш ва домодҳояш соҳаҳоеро,ки мансуби ниҳодҳои давлатӣ буданд,приватизатсия карда додааст. Яъне бизнесҳое,ки ҳеҷ гоҳ бо кризис мувоҷеҳ намешаванд. Барои мисол ҳамин додани “права”-и ронандагӣ ва ё “техосмотр”-и мошинҳоро чи ҳоҷат буд,ки аз ГАИ бигириву ба “Фароз” бидиҳӣ?

 

Ҳоло инҷо мехоҳам ба Раҳмонов бигӯям,ки гиребони худатро бӯй кун. Гумон мекунӣ, ки фосила миёни Ғончӣ то Душанбе ба ҳадде аст ки мардум дуздиҳову ғоратгариҳову ришваву фасоди туву духтаронатро намедонад. Ҳамин мардуми Ғончӣ,ки зарҷомаву картошкаашро ба Душанбе меоварад ба ширкати пулчинаки Озодаву Ҷамолиддин пул носупорида роҳро мегузарад? Гумонат ин аст ки онҳо касал шуда ба беморхона намеуфтанд ва барои лабораторияи “Фароз” пул намесупоранд, барои номери мошинҳояшон, барои “права” барои “техосмотр” пул намедиҳанд, табибони ин ноҳия доруворӣ ва халати кориашонро аз Рухшона намехаранд, мардум билети ҳавопаймои бар болояш даҳ дар сад афзудаи Таҳминаро намехаранд, барои симкортҳои телефонҳои мобилӣ ба ҷайби Заринаву Рамз сомонӣ намедиҳанд? Тамоми даъватат аз осоиштагӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ,ки дар ҳар мулоқот бо мардум бор-бор изҳор медорӣ, дар асл на рифоҳу оромиши мардум аст,балки таъмини амнияти бизнеси хонаводаат ва духтаронат аст.

 

Хуб, нафси кӣ бад аст, нафси Раҳмонов ва ё нафси оппозитсия? Айби худашро бори дигарҳо кардан мехоҳад, бехабар аз онки так-таки мардум воқифанд,ки баднафси №1, баднафси аз ҳама калон худаш ва ҳафт аждаҳои парвардааш ҳастанд.

Дар охир мехоҳам барои Раҳмон як байтеро бигӯям, намедонам,ки ба маънояш мерасад ё не:

“Аз манӣ будӣ маниро вогузор,
Эё Аёз, он пӯстинро ёд дор”.
Хонандагони гиромӣ метавонед навори “Ҳафтаждаҳо” ро дар канали ютубии “ISLOH TV” бубинед.

 

Share This Article