Танҳо ҳодиса, ҳолат ё рӯйдоди нохоста,ногаҳонӣ, мисли офат,фалокат, тасодуф ё тасодум сабаб хоҳад шуд, ки халқи Тоҷикистон аз Раҳмонов халос бишавад. Вай дар поёни соли ҷорӣ аз курсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Мутмаин бошед, ки даҳҳо, балки садҳо, миллионҳо тоҷику тоҷикистонӣ аз фарти шодмонии он рӯз, ҳазорҳо чорпоро қурбонӣ мекунанд, ҳамдигарро табрик ва таҳният мегӯянд. Зеро, дар ҳар ҳол як тиран, як узурпатор, як диктотур ва фиръавни фосиду фосиқ аз роҳи осоишта, бидуни кадом тазоҳурот ва хеле ҳам саҳлу сода аз риёсат меравад. Аммо мутассифона ин тиран, ин узурпатор,ин диктотур ва ин фиръавни фосиду фосиқ аз курсӣ равад ҳам дар арши сиёсат ва қудрат боқӣ хоҳад монд.
Сухан инҷо аз қонуни конститутсионии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат” меравад,ки бо қабули он барои худ Раҳмонов ҳокимияти якумра таъйин ва таъмин кардааст.Ин қонун аввал дар моҳи декабри соли 2015 ҳамчун як қонуни одӣ қабул ва ба имзо расид.Аммо моҳи ноябри соли 2016, баъди панҷ моҳи дигаргунӣ дар Қонуни асосӣ,ки шарти ду ҳафтсолаи пайдарпай дар мақоми президентиро барои Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат бекор кард, ба ин қонун мақоми конститутсионӣ дод ва дуввумбора имзо кард. Имзо кардан карду барои худ гӯиё мақоми баланду болотарро касб намуд, аммо ба як чиз шояд фаросаташ нарасид ва камӣ кард,ки дар ин қонун ӯро ҷинояткор муаррифӣ кардаанд. Дар воқеъ ин як қонуне аст,ки ба худии худ тасдиқ ва тасбит мекунад, ки Раҳмонов ҷиноят содир кардааст ва муҷрим аст. Қонун ба таври айну дайн таъйид кардааст,ки Раҳмонов як ҷинояткори систематик аст ва аз ҳамон оғози бар сари давлат омадан то ба имрӯз, ҷиноятҳои бешуморе содир кардааст. Масалан дар моддаи 5 ин қонун зери бандҳои 2 ва 3 чунин талабот ҷойгир карда шудааст:
2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
3. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст.
Ҳоло,ки шумо ин талаботи қонуниро мешунавед ва ё мехонед, даст рӯи сина гузошта росташро гӯед,ки чи фаҳмидед ва ба чи фикр кардед? Дар сари шумо ҳамин фикр ҷорӣ нашуд,ки агар ки Пешво тӯли ин ҳама муддати корӣ ҷурму ҷиноят содир накарда буд, чаро ҳамчунин талаб ва меъёр? Ба таври автоматӣ бовар мекунед,ки Муҳаммадиқболи Садриддин вақте мегӯяд,ки Раҳмонов саропо ҷинояткор аст,муҷрим ва хойини миллату давлат аст,рост мегуфтааст.Аз замони Раиси Шӯрои олӣ интихоб шудан то ба имрӯз,пайваста ва мутасил аъмоли ғайриқонунӣ содир кардааст.Барои ҳамин,агарчанде курсиро ба писараш медиҳад, бовар надорад,ки Рустам ӯро оқибатуламр барои ҷиноёти зиддимилливу зиддидавлатиаш ба Маҳкама хоҳад кашонд. Аз ин рӯ бо имзои худаш барои худаш қонун мебофаду талош мекунад,ки дар даруни он қонун пинҳон бишавад ва он қонунро барои худ ба мисоли як қалъа ҳисобад. Вале боз ҳам такрор шавад мегӯям,ки вақти таҳия ва тасвиби он ӯро дар ниҳояти аблаҳӣ фарз кардаанд.
Шоядам дар асл як аҳмақ ва аблаҳи гузаро бошад?Акнун ки Рустамро ҷойи худат оварданиӣ,ин қонун даркор набуд.Бе ин ҳам ҳамаи ин хостаҳоятро иҷро мекард. Масалан ба унвони мушовир ва ё ёвар мегирифт. Ҳамаи ин гапҳо ва ин қонуни масхараомез зарурат надошт. Ман фикр мекунам ки ҳамин қонун даркор набуд. Агар ки бисёр зарур ҳам буд, набояд бо ин мазмуну муҳтаво омода мешуд. Шуморо вообше аҳмақ кардагӣ, касе инро навиштааст. Издеватсия кардагӣ. Наход Пешвои миллатро гӯӣ,ки барои амалҳояш дар вақти Раиси Шӯрои Олӣ,Президентӣ… ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.Ба худо ба як юристи инҷо дода фаҳмонидам гуфт,ки ин худаш як санади тапа-тайёри ҷиноятӣ аст,ин як навъ баёноти худиқроркунӣ ва ин як навъ эътироф ва ба гардангирии софдилона аст ва онро мешавад гуфт,ки “ҳамкорӣ бо мақомоти тафтишотӣ дар амри ошкор кардани ҷиноят ва ҷинояткор”,ки албатта дар суд ба назар гирифта мешавад.
Аслан ин юристи урупоӣ ангушти ҳайрат газид,ки як нафар сӣ сол роҳбарӣ кунад ва боз барои то охири умр дар сари вазифа истодан барои танҳо худаш қонун созад ва худаш имзо гузорад. Қонун барои як одам! Гуфтам ин ҳоло ҳеҷ!
Аз яке дигар моддаҳои ин қонун аз моддаи 5,ки дахлнопазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ном дорад,иқтибос овардамаш:
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд.
4. Дахлнопазирӣ ба моликият, ҳамчунин моликияти аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ мегардад. Ба моликияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ягон маҳдудият гузошта намешавад.
5. Сирри бонкӣ ва дахлнопазирии ҳисобҳои бонкии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ кафолат дода мешавад.
Юристи ҳамсӯҳбатам тамоман моту мабҳут гардид. Гуфт,ки аслан бовар намекунад,ки ҳамчунин қонуне дар дигар гӯшаи дунё вуҷуд дошта бошад. Вай гуфт,ки дар олами мутамаддин аз ҷумла дар мамлакати онҳо ҳар раиси ҷумҳурии собиқ масуният дорад ва аз тарафи давлат ҳифзу ҳимоят мешавад.Аммо аъзои оилаи ӯ чи дахл дорад? Магар ҳисобҳои бонкии раиси ҷумҳурӣ чи миқдор маблағ дошта метавонад, ки аз чашми мардумаш пӯшида ва пинҳон дошта бишавад? Ба ҷуз аз маош,президент чи манбаъ ва сарчашмаи даромад дошта метавонад, ки ҳисоби бонкиаш на як,балки чандинто бошад,ки “ҳисобҳои бонкӣ” зикр шудааст ва ҳатто аъзои оилаашро ҳам дар инҷо дароварда дар матои қонун парпечон кардаанд? Магар аъзои оилаи Президент чи кораанд? Магар пулҳои онҳо аз роҳи қонунӣ ба даст наомадааст?
Чаро Пешвову аъзои оилааш хавфу бими ҳисобҳои бонкиашонро доранд? Рости гап ман нагуфтам,ки онҳо на танҳо суратҳисоб, дар оффшорҳо, ҳар кадоме хазинаи қорунӣ ҷамъоварӣ кардаанд ва ҳар кадоме бонкҳои хусусӣ доранд, вале вай дақиқан фаҳмид,ки аз ин модда ҳам бӯи ҷиноят ва ҷурм дама мезанад ва ин ҳисобҳои бонкӣ асосан аз роҳҳои дуздӣ ва ғайримашрӯъ пур шуданд. Барои ҳамин метарсанд,ки дуздиҳояшон ошкор нашавад,ҳамчунон ки ҳоло Гулнора Каримова,духтари Ислом Каримов ба маҳзи ҳамин амалҳои дуздиву ғорат,мунтаҳо ба хотири ҳамин ҳисобҳои бонкиаш дар зиндон асту Максим Боқиев ва падараш Қурмонбек Боқиев дар гурезогурез.
Аз онки ин юристи шиносам сахт мароқ зоҳир кард, барояш гуфтам,ки майл дошта бошӣ чанде дигар аз моддаҳои ин қонунро бароят бихонам ва худат хулоса барор,ки чи роҳбаре дорем ва чи фикру хиёлҳои дар сари ҳатто подшоҳи Арабистони саудӣ набударо қонун кардаву мехоҳад то охирин рӯзҳои умраш даст ва чашми носерамашро аз байтулмол барнадорад,то охири умр аз ҳисоби халқ зиндагӣ кунад:
Моддаи 14. Таъмини хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пас аз қатъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, ки дар давраи иҷрои ваколати президентиаш таъмин карда мешуд, нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 15. Таъмини нафақа, суғуртаи ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди меҳнати моҳонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешавад.
2. Ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи музди меҳнати солонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.
Ҳамсӯҳбатам гуфт,аз ин қонун бармеояд,ки президенти шумо,ки баъди президентиро супоридан Пешво мешудааст, захираи зиёд дорад, маошаш ҳам хеле зиёд аст, аз ҳад ҳам зиёд. Дар ҷавобаш гуфтам,ки маошашро вакилони парлумон тасди мекунанд аммо ҳеҷ кадомаш дар асл намедонад, ки чанд аст.Аммо гуфти ҳамсӯҳбатам Пешвоятон воқеан ҳам дар гузашта зиндагии қашшоқонаро пушти сар кардааст. Вагарна аз ҳамон пасандозҳояш мебоист,ки орому осуда ва бо як шикастанафсӣ рафъи эҳтиёҷ мекард.Аммо ба назар мерасад,кичашмашро ҳеҷ аз пули бюҷет бардоштанӣ нест ва ин қадр мефорадаш,ки аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ кунад. Ин қадр хӯрдани ҳақи ятиму майтонро ва муҳоҷирони кориро нағз медидааст? Дар ҳаҷми 80%-маошаш ба худаш пенса таъйин кардааст. Дар ҳоле барои дигарҳо нафақаро паталог таъин кардагӣ.
Юристи ҳамсӯҳбатам гуфт,аслан намефаҳмад,ки агар ин президенти шумо ин қадар хадамоти шоиста ба мардумаш карда бошад, чаро бо тамоми вуҷудаш худро аз халқаш ҷудо ва боло мегирад? Агар вай Пешвои миллат бошад чаро барои худаш ин ҳама шароити шик ва афсонавиро раво мебинад, аммо ба ҳоли мардумаш мурғони Русия нола мекунанд? Агар давлати шумо сохти ҷумҳурият дошта бошад ин тавр мешавад,ки барои як кас, ҳатто агар Президент ҳам бошад қонуни алоҳида навишта мешавад? Ин қонун ба Қонуни асосиатон,ки ҳама шаҳрвандонро баробар меҳисобад мухолифат надорад. Ва,агар Раҳмонов шароити якумрӣ президентшавӣ ба худро таъмин карда бошад, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони дигар чи мешавад? Ба ӯ гуфтам,ки як нуқтаи ҷолиби ин қонун ин аст ки бо ин вуҷуд,ки труси, майка, носки, ботинка, галстук,сачоқ, собун, зубной паста, шёткаи дандоншӯӣ ва низ қуртову шакарову оталаву оши буридаву хуллас курпаву лӯлаву дивану…. ҳамаашро аз ҳисоби бюҷет-пули халқи қашшоқ таъмин мекунад, боз ба унвони Пешво аз лаби бюҷет Фонди Пешво ҷудо карда мешавад. Бовар накунӣ,ана бароят мехонам:
Моддаи 12. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат:
1. Бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
2. Ҳаҷми Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар буҷети давлатӣ барои соли тақвимӣ муайян карда мешавад.
3. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои Фондро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Гуфтам ҳамин ҳоло,ки президент аст Фонди Президент амал мекунад.Акнун мешавад Фонди Пешво,ки ду соли пеш ҳаҷми онро сифру аз даҳ дударсади бюҷети мамлакат таъин кардаанд. Бар фарзи мисол агар бюҷети мамлакат 300 миллиард сомонӣ бошад ҳаҷми пули Фонди Пешво 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ва харҷу масрафи ин пул комилан дар ихтиёри Пешво аст ва ба касе ҳисобот ҳам намедиҳад, ки ба куҷо харҷ кардааст. Инҷо буд,ки ин ҳамсӯҳбатам пурсид,ки оилаи Пешво калон аст? Гуфтам хеле.Гуфт они ту мегӯӣ агар масалан 7 духтар ҳамагӣ мисли Таҳмина шӯбуро шаванду дутоӣ сетоӣ шӯ гирнад 21 домод аз ҷавобгарӣ озод мешуда бошанд? Ин юрист гуфт,ки Раҳмонов аз ҳамаи ин корҳо беҳтар буд як фармони Бахшиш содир мекарду худро аз ҳамаи гуноҳони имрӯзаву дирӯзааш табраа мекард. Гумон мекардам,ки вай Раҳмоновро хуб намешиносад.
Он чунон президентҳои осиёиро диққат медодааст,ки аз ҳамин сафари чанд рӯзи пешаш ба Турсунзода нақл карда ёдовар шуд,ки вақти ангурчинӣ дар тани Пешвоятон дубленкае буд, ки аслан ба иқлими Тоҷикистон созгор набуд. Ун дубленкаи Пешвоятонро ҳоло дар Қутби яхбастаи шимолӣ ва ё ба шумо иқлими ошно ҳамин Чукота чукчаҳо вақте чанаҳоро дар думби сагҳо мебанданд мепӯшанд, чун тӯфону тундару барфбоду аз ин қабил сарди сахтро мегардонад. Рости гап аз ин таънааш шарм кардам. Надонистам чи гӯям. Ба худам гуфтам,ки муҳтавои ин сӯҳбатамонро тавассути навор ҳатман ба Пешво мерасонам, ки дигар ун дубленкая напӯшад. Палто пӯшад шудан мегирад.
Аммо ин юрист дигар маро раҳо намекард. Гуфт чаро дар ин қонун аз истеъфо гап нест? Масалан аз импичмент гап нест. Инҷо бояд илова мекарданд, ки Пешвои миллат фароқонун аст,фавқулбашар аст, абадзинда аст, набояд мурад. Ҳайф аст ки бо ин ҳам имтиёзҳо, бо 80%-и пенса, ақалан дусад сол умр набинад. Мақоми янгаи Азизамо чи мешавад? Зани Рустам дар айни ёшӣ “первая леди” мешавад. Ёштарин “первая леди” дар ҷаҳон мешавад. Аммо Азизмо ин титулро аз даст медиҳад? Ӯро чи бигӯем ?Беҳтар аст,то дер нашуда ба ин қонун ислоҳот дароваранд.
Воқеан ҳам ман низ ба хулосае омадам,ки ба ин қонуни нестандарҷаҳон,бояд чанд ислоҳоҳот дароваранд,аз ҷумла калимаи “якумра” барои онки рӯшантар бишавад, бо калимаи “то мурдан” иваз карда шавад. Ва дигар ҳам ин аст ки як банд илова бишавад,ки “ҷасади Пешво мӯмиёӣ карда шуда дар зери ҳайкали Исмоили Сомонӣ”гузошта шавад, ба хок супорида нашавад, мисле,ки Ленин дар мавзолей ҷойгир карда шудааст.
Рӯзҳои наздик навори он ба шакли хуб ва оммафаҳм тақдими бинандагон мегардад,бо Ислоҳ бошед!