Аз оғози кори ширкати “IRS” –Инновейтив роуд солюшинз- 11 сол сипарӣ мешавад вале ҳоло ҳам ному насаби соҳиб ва молики он ҳамчун сири давлатӣ аз ҷомеаи Тоҷикистон пинҳон нигоҳ дошта мешавад. Ҳанӯз замоне,ки миёни ин ширкати маҷҳулуннасаб ва ҳукумати Тоҷикистон қарордод баста шуда ва лоиҳаи он аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон фиристода шуд, ҳатто касе аз вакилон ба шумули Сайдулло Хайруллоев, раиси вақти Маҷлиси Намояндагон аз додани маълумот дар ин бобат огоҳонида шуда буданд.Ҷаласаи ҳамонвақтаи парлумон ҳам,ончуноне баъдан ҷомеаи кишвар огоҳ гардид, ба таври пӯшида баргузор шуд ва аз ҳар кадоме аз вакилон забонхат гирифтанд,ки дар бораи тарафҳои дастмонда дар он қарор ҳарфе берун наоваранд.
Ҳамин тавр роҳи давлатӣ ва он ҳам танҳо ва ягона роҳи миёни шимол ва маркази кишвар ба ихтиёри як ширати номаълум ва он ҳам дар Бритониёи Кабир супорида шуд. Ин роҳ ,ки бо сармояи 281 миллион долларии давлати Чин ва бо баҳраи солона 2% тармим ва навсозӣ карда шуд, зери назорати як ширкати хусусии хориҷии ҳуввияташ номаълум супорида шуд. Ин ширкат, дар пояи қарордоди ба имзо расида аз тамоми анвои пардохтҳои давлатӣ:-андоз ва боҷу хироҷи гумрукӣ озод карда шуд. Баъдан,дар расонаҳо молики он ошкор шуд. Он ҳам касе нест ба ҷуз аз Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, шавҳари роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассис ва саҳҳоми асосии бонки Спитамен нест. Сир ошкор шуд, ошкор шуд,ки ягона роҳеро,ки халқи тоҷик ҳанӯз дар замони Ҷанги ҷаҳонии дуввум бо мисрону каланду зоғнӯлу бел кандаву мошингузар сохта ва баъдан бо пули қарзи Хитой ружду ҳамвор карда Ҷамолиддини домоди Эмомалӣ Раҳмон пулакӣ кард.Роҳи халқиро пулакӣ карданд.
Ҳамакнун дар дасти мо на танҳо санаде ҳаст,ки яқин мекунад,ки пули аз ин роҳ ба даст меомада пурра ба ҷайби Ҷамолиддин дар Спитаменбонк ворез мешавад,баъзе аз маълумотҳои маҳрамона ва иштиёқбарангезе ҳам расидааст,ки инҷо пешкаши шумо мекунем ва Шумо воқиф мешавед,ки пули аз ҷайби мардум ба зӯр ситонида мешударо киҳо ва чи тавр обу лой мекунанд ва дар худи ин ширкат чи гапу корҳое мавҷуд аст.
Масъулони ин ширкат,аз ҷумлаи Далер Мерганов,сухангӯи ин ширкат,ки ҳамзамон муовини сардабири “Садои мардум” ҳам ҳаст ва худи Ҷамолиддин Нуралиев соҳибмулк будани Ҷамолиддинро инкор мекунанд. Аммо манбаъи “Ислоҳ”,ки яке аз наздикони хонаводагии Ҷамолиддин Нуралиев аст бароямон маълумотҳои ҷолиберо ирсол кард.
Барои мисол Ниёзмамадова Фотима Сангинмадовна, роҳбари намояндагии ширкати “IRS” мебошад,ки ӯ дар гузашта полковники КДАМ-и Тоҷикистон будааст. Ва,ё Саидов Дилшод, ҳамсинфи данғарагии Ҷамолиддин,сардори шуъбаи аудит- ревизори асосии ин ширкат аст, ки қаблан бо Ҷамолиддин дар вазорати молия кор кардааст. Замоне,ки Ҷамолиддин дар ин вазорат ба ҳайси муовин фаъолият мекард ва лақаби Ҷамолиддини чор%ро гирифта буд. Зеро аз ҳар амалиёти ироаи маблағҳои бюҷети ба вазорат,муассиса ва корхонаҳо ҳатман чор%ашро мегирифтааст. Ҳамин тариқ Алимардонов Рустам,ҳамсинфи дигари данғарагии Ҷамолиддин дар ин ширкат дар вазифаи сардори шуъбаи мониторинг кор мекунад. Ин нафарон масъулиятҳои асосии ширкати“IRS”-ро бар дӯш доранд,барои ҳамин ҳама дахл ва даромади ин ширкат тавассути маҳз ҳаминҳо ба “Спитаменбонк” ҳар субҳ ворез мешавад.
Дилшод Саидов бо Ҷамолиддин хело наздик будааст ва зиёрати хонаи худо ҳам кардааст ва ҳоҷӣ садояш мезананд.Аммо бо роҳбари намояндагии ширкат Ниёзмамадова Фотима дар муносибати хело бад қарор доштааст. Аслан директорро писанд намекунад ва ҳар коре хоҳад ҳамонро мекунад ва ӯро як лухтак медонад. Дар маълумоте,ки ба дасти мо расидааст,гуфта мешавад, ки Ҳоҷӣ Дилшод аслан саводи кофии ҳисоб ва муҳосабаро надорад. Аммо дар шуъбаи ӯ кормандоне ҳастанд, ки корро анҷом медиҳанд ва ӯ аз касб ва мақоме,ки ӯро дар он гузоштаанд,ҳеҷ чизеро сарфаҳм намеравад.
Аслан инҷо муҳим савод ва дониш нест,инҷо муҳим шахси наздик ба Ҷамолиддин будан ва сахт зинҳордор ва амонатдор ва содиқ будан,яъне сирри дохил берун набаромадан аст. Кори ҳамешагии Ҳоҷӣ Дилшод Саидов ин зино ва фаҳш дар ин ширкат будааст.Шояд бархеҳо эрод гиранд,ки набояд ба ҳаёти шахсӣ мудохила кард,аммо гап дар бораи шахсе ва ширкате меравад,ки бо ҳазорҳо нафар ва ҳамарӯза сарукор дорад. Духтароне,ки дар ин ширкат кор мекунанд Ҳоҷӣ Дилшод бо онҳо муносибатҳои маҳрамона анҷом медиҳад ва ин амал дар “IRS” миёни кормандонаш тақрибан ошкор аст ва ҳама аз ин амали Дилшод огоҳанд ва медонанд.Барои инки дар мавриди зинокории Дилшод Саидов бе далел чизе нагуям ду намуна меорам. Ин ду зан аслан манбаъи мо нестанд ва ба ин маълумот билкулл дахл надоранд ва ин дуро набояд озор диҳед.Ин маълумот аз наздиктарин шахси Ҷамолиддин ба мо расидааст.
“Барои ҳоҷӣ Дилшод ду “арус”-аш,ду зане,ки дар ин ширкат кор мекарданд бо ҳам ҷангу даъво мекунанд. Ин кор тобистони соли гузашта рух додааст.Ҳатто тафтишоти хидматӣ гузаронидаанд. Аммо Дилшод забони ҳамаашонро баст ва корро хомӯш кард.Яъне ҳарду занро таҳдид ба ихроҷ кард,ки агар ин гап аз ширкати “IRS” берун барояд ҳардуятонро аз ширкат пеш мекунам. Барои инки боз ҳам бо далел гуям номи яке аз ин ду зан Лоларух аз Бадахшон ва дигараш Нодира аз Ваҳдат мебошад.
Лоларух як ҳафта қабл аз кор бо хоҳиши худаш баромада рафт вале Нодира то ҳолоҳам кор мекунад ва бечора як тифли маъюбҳам дорад.
Дар вақти рух додани ин муноқиша ҳатто директори ширкати “IRS” Ниёзмамадова Фотима, ки аз муносибати бади ҳоҷӣ Дилшод ба дод омадааст, сахт мехост,ки хабар ба Ҷамолиддин Нуралиев расад ва ӯро аз ин ширкат ба вазорати молия ва ё ба БМТ, назди худи Ҷамолиддин баранд ва ба корашон халал нарасонад. Аммо Дилшод ин корро хомуш кард ва касе чизе нанавишт аз ин ду зан.”
Боз маълумоти радношавандаи дигар:
“Агар дар ширкат ҷои холӣ пайдо шавад дар ҳол Дилшод кушиш мекунад шахси муносиб ва одами худашро пеш аз директор оварда монад. Ҳар духтар ва зани зебосурате ба ин ширкат ба кор биёяд, ҳатман бояд маъшуқаи Дилшод шавад, дар ғайри ин, кор карданаш мушкил мешавад.”
Боз маълумоти радношавандаи дигар:
“ Дар ширкати “IRS” ду зан бо номҳои Замира ва Барно қариб аз ташкил шудани ширкат кору фаъолият мекунанд. Маошашон кам аст ва ҳеҷ боло намекунанд маошашонро, чун ба дили Дилшод нестанд ва ё писандаш нестанд, барои ҳамин дар ҳамон вазифа ва корашон боқӣ мондаанд”.
Аммо барои мисол инро мехоҳам биафзоям: “Дар Плазаи толингии Варзоб як духтараке бо номи Мавзуна, ки таваллудаш 1994 аст ва писанди ҳоҷӣ Дилшод дар миёни камтар аз як сол се вазифаро ишғол намуд. Масалан аввал хазиначии оддӣ буд, пас аз он хазиначии фурӯши кортҳо, пас аз он ба оффиси марказӣ дар вазифаи мутахассиси шуъбаи кортҳо гузаронида шуд.Сабаб- маъшуқаи Дилшод буданаш аст,ки ин тавр касби карйера мекунад.”
Бар пояи маълумоти ба дасти мо расида “Ҳоҷӣ Дилшод ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ ба Данғара назди ҳамсару фарзандонаш меравад.Боқӣ рӯзҳои ҳафта дар хонаи Ҷамолиддин Нуралиев дар маҳаллаи Водонасоси Душанбе истиқомат мекардааст”
Аммо маоши кормандони ширкати “IRS”,ки миллионҳои мардумро дар рӯз ҷамъу ғун мекунад, чанд аст ? Ширкати “IRS” аз камтарин ширкатҳоест,ки танҳо суд ва даромади муфт ба даст меоварад ва ҳеҷ зиёне ва зараре надорад.Зеро аз ҳаво пулҳои халқи худоро ғасб мекунад.
Маоши директори ширкат Ниёзмаҳмадова Фотима 21,000 (бистуякҳазор сомонӣ) мебошад -2100 доллар.
Маоши муовини директор оид ба молиёт 11,000 (ёздаҳҳазор сомонӣ) яъне 1100 доллар.
Маоши Аудит 7000 (ҳафтҳазор сомонӣ) 700 доллар.
Маоши шуъбаи мониторинг Алимардонов Рустам 3,800 (сеҳазору ҳаштсад сомонӣ) 380 доллар.
Хазиначиёни калон маошашон 1800 сомонӣ аст.
Кормандони роҳ ҳар рӯза кор мекунанд ва маошашон 2000 сомонӣ аст.Ин кормандон мавсимӣ мебошад,на дар ҳама мавсим.
Маълумоти ба мо расида ҳокӣ аз он аст ки чанд маротиба маоши кормандони болоии ширкатро боло мебардоранд вале ҳарчанд кормандони поёнии ширкат муроҷеат мекунанд,ки маошамонро боло баред дар посух барояшон мегуянд: хоҳед бо ҳамин маош кор кунед, нахоҳед баромада равед.
Маоши кормандони оддии ширкати муфтхӯри “IRS” аз 1500 то 2000 сомонӣ мебошад.
Агар бовар накунед аз дилхоҳ кормандон пурсед,ки дар соли нав ба ягон нафари онҳо “IRS” тӯҳфа ва ҷоизае доданд.Не.Надоданд.
Бечораи хазиначиёни ин ширкат,ки корро асосан онҳо мекунанд, мисли ғулом кор мекунанд.Дар назадашон камера,то дуздӣ накунанд. Барои қазои ҳоҷат бо иҷозат мебароянд ва бо иҷозат дохил мешаванд вале бо ҳамон маоши ночиз кор мекунанд, бо маоши 1600 (ҳазору шашсад сомонӣ) .
Манбаи мо мегӯяд,ки “Директори ширкат Ниёзмамадова Фотима хело дар масъалаи харҷ мумсик аст ва сахт эконом мекунад,ки мабодо харҷи зиёд Ҷамолиддинро нороҳат кунад. Ҷамолиддин хело сарфакор будааст. Барои мисол метавонам ҳамин коғази ташнобро зикр намоям,ки дирам меистад, онро намехарад,ки кормандон ба роҳатӣ қазои ҳоҷат кунанд.Аз масъули хоҷагидорӣ, вақте кормандон мепурсанд,ки чаро чунин ҳолат аст мегуяд,ки фармони директор аст,то эконом кунем.
Реҷаи кории ширкати “IRS” чигуна аст?
Хазиначиён аз соати 8:00 то соати 16:00
Бахши дигар аз соати 16:00 то соати 24:00
Бахши дигар бозҳам ҳаминхел дар се баст кор мекунанд.Маоши хазиначиёни калон 1800 сомонӣ мебошад.Реҷҷаи кории хазиначиёни калон як рӯз кор мекунанд ва ду рӯз истироҳат мекунанд. Шуъбаи мониторинг аз соати 9:00 то соати 9:00 субҳи дигар дақиқан 24 соат кор мекунанд ва се шабонарӯзи дигар истироҳат мекунанд.
Роҳбарият ва оффеси марказӣ бошад муқаррарӣ аз душанбе,то ҷумъа панҷрӯз дар ҳафта кор мекунанд.
Ширкати “IRS” чанд плазаи толингӣ ва чанд нуқтаи вазн ченкунӣ-тарозу дорад?
Ширкати “IRS” дорои шаш плазаи толингӣ ва ду нуқтаи вазнченкунӣ мебошад.Ҳар плазаи толингӣ 8 хати сайр дорад,4 то рафт ва 4 то омад.
Даромад ва ё ғорати як рӯзаи ин шаш плаза зиёдтар аз думиллион сомонӣ аст,ки онро ҳар субҳ кормандон ё инкасаторони “Спитаменбонк” омада рӯфта мебаранду дар ин бонки Ҷамолиддин Нуралиев ворез мекунанд. Ин плазаҳои толингӣ ва ё посгоҳҳои пулчинӣ бар ин қароранд ва нархашон ҳам чунин аст:
1.) Варзоб, км 15 чор категория дорад.
Кат 1- 3.00. Кат 2- 12,00. Кат 3- 30,00. Кат 4- 38,00
2.) Ҳушёрӣ км 47,200:
Кат 1- 21.00 Кат 2- 59,00 Кат 3-173 Кат 4- 185,00
3.) Шаҳристон км 180,300:
Кат 1- 23,00 Кат 2- 69,00 Кат 3-173,00 Кат 4- 217,00
4.) Истаравшан км 237,200:
Кат 1- 6,00 Кат 2- 21,00 Кат 3- 53,00 Кат 4- 66,00
5.) Деҳмой км 285,180:
Кат 1 -2,00 Кат 2- 6,00 Кат 3- 30,00 Кат 4- 38,00
6.) Чорух 321,750:
Кат 1- 4,00 Кат 2- 21,00 Кат 3- 60,00 Кат 4- 94,00
Ҷамъи маблағ:
Кат 1-59,00 Кат 2- 188,00 Кат 3-493,00 Кат 4-638
Мумкин аст хонандаи мо намефаҳмад ин категорияҳо ва нархномаро. Дар поён онро бароятон шарҳ менамоем.
1.) Наклиёте, ки вазни муҷозаш 1 то 2тонааст, дар категорияи 1 мебошад
2.) Нақлиёте ки вазни муҷозаш аз 2тона, то 7тона мебошад, категорияи 2 ,
3.) Нақлиёте,ки вазни муҷозаш аз 7 то 14 тона категорияи 3 мебошад
4.) Нақлиёте, ки вазни муҷозаш аз 14 тона зиедтар, категорияи 4 мебошад
Кадом категория чи маблағе бояд пардозад:
1.) Категорияи 1 ум дар як километр роҳ 0.20 дирам пардохт менамояд.
2.) Категорияи 2 ум дар як километр роҳ 0.60 дирам пардохт менамояд.
3.) Категорияи 3 ум дар як километр роҳ 1.50 (як сомону панҷоҳдирам )пардохт менамояд.
4.) Катигорияи 4 ум дар як километр 1.88 (яксомону ҳаштодуҳашт дирам) пардохт менамояд.
Аммо ронандаҳои мошинҳои ширкат чи қадар маош мегиранд?
Ронандаҳое, ки ҷони худро дар хатар мемонанду дар зери тарма ҳар сол чанд нафарашон ҳалок мегарданд, маоши ин ронандаҳо аз ҳазор то ду ҳазор сомонӣ мебошад.
Тибқи хабари манбаъ танҳо дар ду моҳи зимистон ду ҳазор сомонӣ маош мегиранд ва дар се мавсими дигар ҳазор ва ҳазору ду сад сомонӣ . Акнун худатон қазоват кунед хонандаи гиромӣ.
Барои тулонӣ нашудани матлаб ба ин андоза иктифо менамоем. Чанд маълумоти дигаре аз ширкати“IRS”-и Ҷамолиддин Нуралиев дорем,ки дар оянда онҳоро ба нашр мерасонем. Аммо як нукта лозим ба зикр аст,ки ин ширкат дар ҳақиқат ҳам солона то 800 милион сомонӣ даромади муфт ба даст меоварад,ки Спитаменбонки Ҷамолиддин Нуралиевро ин маблағҳо ба кор даровардааст.
Дар фурсати муносиб навореҳам тақдими бинандагони “Ислоҳ тв” хоҳем намуд.