“Рейд”-ҳое,ки ахиран аз тарафи кормандони Идораи андоз дар шаҳру деҳоти Исфара баргузор мешавад,ҷони соҳибкорон ва дӯкондоронро ба лаб расонидааст. Барои як хурдтарин камбуд ҷарима ва маблағҳои калонеро болои ин мардум бор карда соҳибкоронро водор ба тарки кор ва бастани тиҷорат ва савдояшон мекунанд. Рафтору муносибати кормандони андозро дида кас ғайриихтиёр ба хулосае меояд,ки Раҳмонов мардуми Исфараро ин бор тавассути идораи андоз “чап” гирифтааст.
Пештар тавассути прокурору милисаву кгб азият ва озор дода буд. Дар ҷараёни сарбозгирии соли гузашта, дар ҳарду даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ дар Исфара ва деҳаҳои он агарчанде расман ҳолати фавқулодда эълон накарданд, аммо вазъияти иҷтимоиву сиёсии ин ноҳияро бадтар аз ҳолати фавқуллода карда буданд. Ходимони милисаву амният ва мақомоти шаҳру ҷамоаҳо якҷо бо кормандони военкоматҳо ва участковий кофтукови хона ба хона роҳ андохтанд.
Волидони ҷавонҳоро дар ИВС ва подвали милисахона ҳабс карданд,то инки фарзандонашонро пайдо ва ба хидмати аскарӣ фиристанд.Ҳатто бархе аз модаронро ҳам чанд рӯз дар таҳхонаи милиса ба ҳабс гирифта таҳқиру дашном карданд. Ришвагириву порахӯриро ба авҷи аъло расониданд. Ягон кас аз чанги онҳо бе доани пули калон берун нашуд. Рӯирост таҳдид мекарданд,ки ҳозир писаратро “розиск” медиҳем,худатро “доишӣ” ё “салафӣ” ё “наҳзатӣ” мезанем. Бо баҳонаи даъват ба аскарӣ хеле падару модарҳоро тарсонида пулҳояшонро гирифтанд. Ин ҳолатҳоро ҳама медонист, чунки аз тарафи мақомоти интизомиву прокуратура ва амният анҷом мешуд. Аммо касе чизе намегуфт.
Дар баҳсу муноқишаҳои марзӣ ҳам ба фарқ аз тарафи қирғизҳо мақомоти милисаву прокуратура ва амнияти Исфара, ки асосан аз бачаҳакои “болоянд” иштирокдорони он ҳодисаҳоро боздошту ҷарима карданд.Чанд нафар аз Исфара барои ҳимоят аз марзу буми Ватан кушта шуданд, аммо ҳатто на як дирам Раҳмонов кӯмак кард ва на аз аҳволи бозмондаҳои онҳо то имрӯз суроғ мекунад. Баракс вақти даъвати баҳорӣ болои мардуми Исфара шарту қарор гузоштанд:
“марзи ноҳияи худатонро худатон бояд ҳимоят кунед,чаро аз тани шумо ҷавонҳо аз Данғара ва Фархор,Кангурту Балҷувон,Қурған омада инҷо ҷанг кунанд”?
Раҳмонов Исфара омад, пеши пояш пойандоз андохтанд,то туфличаҳояш хоколуд нашавад, аммо хонаи ягон нафар аз ворухиву чоркӯҳиву хоҷаиаълоӣ барои таъзия ва таслият нарафт. Мисли инки ягон одам аз тир кушта нашуд. Бо Рустами писараш лентабуриву гулшинониву биносозӣ карда аз телевизионҳо намоиш дода гашт. Аслан парво накард. Миҷааш хам нахӯрд. Аслан вай аз хеле солҳо пеш буд,ки мардуми Исфараро чашми дидан надорад. Онҳоро ҳамчун тарафдорони ҲНИТ ва оппозитсия мешиносад.
Сооронбой Ҷеенбеков,раиси ҷумҳурии Қирғистон баракси Раҳмонов барои ҷабрдидаҳо ҳам кӯмаки моливу пулӣ кард, ҳам барои руҳия додан ба халқаш барои дифоъ аз хоку замин ба оилаҳои онҳо нафақа таъин кард.
Аммо як муносибат ва мавзеи комилан фарқкунанда ва ошкоро зидди мардуми Исфара аз тарафи Раҳмонов ва муқаррибонаш мушоҳида мешавад.
Низомхон Ҷӯраев, як соҳибкори муваффақ ва маъруфе,ки хеле дар ободиву шукуфоии Исфара саҳм мегузош, бо баҳонаҳои бардурӯғ аз тарафи Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозодаи додари арӯсаш на танҳо ғорат ва тамоми сарвату корхонаҳояш кашида гирифта шуд, балки тавре карданд, ки овораи ватан бишавад. Ҳамроҳ бо Низомхон Ҷӯраев 33 нафари дигарро ба зиндон андохтанд. Чанд нафари онҳо дар зиндонҳо кушта шуданд. Заводҳои сохтаи Низомхон ва дигар молу амволашро Ҳасан Асадуллозода ва Таҳмина Раҳмонови духтари президент ғасб карданд.
Шамсулло Соҳибов, раиси ширкати “Фароз” ва яке аз домодҳои аждаҳонафси Раҳмонов то тирамоҳи соли гузашата газу соляркаву бензини русиро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мекард ва аз инҷо буд,ки муомила ва муносибати хасмона ва хашини худро Раҳмонов зоҳир намекард. Албатта нисбати ин мардум танаффури зиёд дошт,вале баъди онки Қирғизистон бо дастури Русия дигар имкони содироти ГСМ ба “Фароз”-ро надод, нафрат ва бадбини Раҳмонов ба мардуми Исфараро ҳар як исфарагӣ ба хубӣ пай бурд. Ҳатто кадрҳои соҳибтахассус ва ботаҷрибаи ин ноҳия, назири Мирзошариф Исломиддиновро аз кор барканор кард. Садҳо нафар аз Исфарамарз ҳоло дар ҳоли фирор ва оварагиву паноҳандагӣ ба сар мебаранд. Ин мардумро,як вақт таҳрирӣ гуфту зиндонӣ кард, дертар наҳзатӣ гуфту зиндонӣ кард.Чунки дар воқеъ ин мардум нисбатан мутадаййин ва дар дифоъ аз ирзу номуси мусалмониашон гармтар ҳастанд. Вақте ки дар ҳамин баҳор ҷавонҳоро ба артиш ҷалб мекарданд, бештар хонаи онҳоеро,ки дар гузашта узви ҲНИТ буданд, кофтуков карданд ва фарзандони ҳамонҳоро ба аскарӣ гирифтанд.Ин дақиқан сиёсати ҳисобшуда бар зидди Исфара буд, ки Раҳмонов идома дода истодааст.
Аз ҳеҷ куҷо не,маҳз аз Исфара,роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ва сардори Идораи Кумитаи амволи давлатиро ба иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” боздошт ва ба ҳабс гирифтан ҳам як барномаи махсусе аст ки нишон бидиҳад, ба истилоҳ исломи сиёсӣ дар Исфара то сатҳи ҳукумат нуфуз кардааст. Манзурам Фирдавс Раҳимзода, сардори Идораи амволи давлатии ноҳияи Исфара аст,ки беш аз як моҳ аст,ки дастгир шуда ва дар узвият бо “Ихвон-ул-муслимин” муттаҳам мешавад. Албатта,ин як дурӯғи дигари Раҳмонов аст. Вале барои Раҳмонов ҳамин чиз даркор аст ки Исфараро ҳамеша неш бизанад ва аз бақия навоҳӣ ҷудо бисозад. Чандин нафар бо иттиҳоми ихвонӣ дастгир шуданд. Чанде аз онҳо то садҳазор доллар дода халос шуданд. Як нафар аз мулобача маҷбур мешавад, ки 20 ҳазор доллар дода халос бишавад. Аммо ӯро баъди ҳамагӣ се рӯз, вақте ки билети самолет харидааст, дубора дастгир мекунанд. Онҳое,ки дастгир мекунанд ин мулобачаро боз ҳам аз бачаҳакои “боло” будаанд. Онҳо ҳам пул “кор” мекунанд ва ҳам қапида мешинонанд. Аз тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон дида бештар аз Исфара бо иттиҳоми “ихвонӣ” боздошт ва ҳатто раҳо шудаанд.
Наимҷон Самиев, як муҳоҷири кории тоҷик,ки дар гузашта узв ва аз роҳбарони ҲНИТ дар Суӯд ва Исфара буд, вале ҳанӯз қабл аз манъи фаъолияти ҲНИТ аз сафи он берун шуда ва аз соли 2014 дар Русия ба сар мебурд, боздошт карда оварда 15 сол дод.
Ҷони дар каду зиндонӣ кардаи исфарагиҳост,ки имрӯз як қисм аз сокинони онро маҷбур кардааст, ки бираванд дар мавзеъҳое, ки чарогоҳи тобистонист, хайма бизанад ва дар ҳамин зимистони қаҳратун дар кӯҳу пуштаву талу адир зиндагӣ кунанд. Раҳмонов мақомоти милиса ва амнияти ноҳия,ки гуфтам бачаҳакои “болоанд”,онҳоро маҷбуран ба он қисматҳое бурдаанд ва тарсонӣ додаанд,ки агар аз онҷо бозгарданд, қирғизҳо омада чарогоҳҳоро ғасб мекунанду он гоҳ давлат ҳеҷ коре карда наметавонад. Яъне бо ин васила ва ворид кардани фишор он мардумро водор карда истодаанд, ки барои табодули мавзеъҳои марзӣ бо қирғизҳо мухолафат накунанд. Ҳоло намедонем то куҷо ин ҳарфҳо воқеият доранд аммо сарусадоҳо дар байни мардум аст,ки Раҳмонов Ворухро иваз карданист. Чунки дар онҷо аъзо ва пайравони ҲНИТ бештар аст.
Аммо як чизи дигарро бигӯям,ки ҳоло Шамсулло Соҳибов,домоди Раҳмонов кони Шӯроби Исфараро гирифтан шахсӣ кардан мехоҳад. Нукарону чокарони Шамсулло аз тирамоҳ ба ин тараф дар даруни кон ба ҳисобу китоб машғул ҳастанд. Дар ҳоле,ки беҳтарин осоишгоҳи Тоҷикистон Зумради Исфараро чанд сол шуд,ки Зойир Соҳибов, домоди калонии Раҳмонов ва Таҳмина Раҳмон ду қисмат карда гирифтанд. Маълум нест,ки бо чӣ маблағ харидорӣ карданд, аммо яқин аст ки сад баробар,ҳазор баробар камтар аз арзиши аслиаш онро хариданд. Аммо савол ин аст ки чаро бояд ҳатман кони Исфара ва осоишгоҳи Исфараро бачаҳакои”боло” харида хусусӣ бикунанд? Дар худи Исфара мардони пулдор, бизнесменҳо,ки ҳалол кор карда доро шудаанд, кам нестанд.Аммо ҳоло ин соҳибкорону тоҷирони муваффақ ва меҳнатии Исфара аз тарафи Раҳмонов ба воситаи бор кардани ҷаримаҳои ҳангуфт тавассути кормандони Идораи андоз дучори дарди сари бузурге шудаанд.
Дар рӯзхои охир дар Исфара “рейд”-и гурӯҳи ба истилоҳ корие аз кормандони андоз барои тафтиши корхонаҳои хурду миёна нуқтаҳои савдо, мағозаҳо, ошхонаву чойхона идома дорад ва ҷаримахои калон то 50000-70000сомонӣ ва зиёдтар бастанд, ки ниҳоят миёншикан аст. Барои ба дарозо накашидани сухан мехоҳам 4 нуктаи муҳимро зикр намоям,ки барои тороҷу ғорати кормандони андоз баҳона шудаанд:
1) ”Кассовый аппарат”
2) “НДС”-андоз аз арзиши изофа
3) Қувваи барқ.
4) Табдилдиҳии маҷбурӣ ба ҶДММ.
Ҳоло кормандони андоз бар хилофи қонун мағоза ё ошхонаҳое, ки санади соҳибкори инфиродӣ доранд ва анвои гуногуни маҳсулотро ба фурӯш мегузоранд, маҷбур карда истодаанд,ки бояд якчанд “кассовый аппарат” дошта бошанд.
Дигар ҷорӣ кардани “НДС”. Нуқтахои савдо барои фоида ба даст овардан ба маҳсулоти худ аз 10% то 20% ҳақи худро мегузорад. Масалан, як мағоза 2500 сомонӣ дар як рӯз савдо кард, аллакай супорандаи НДС мешавад. (НДС ба он нуқтаҳои тиҷоратие татбиқ мешавад,ки солона 500 000 сомонӣ савдо дошта бошад).Аммо ҳоло ҳамаро яксара маҷбур карда истодаанд,ки НДС бисупоранд,агарчи ҳаҷми савдои якрӯзаи онҳо 1000 сомонӣ ҳам бошад.
Соҳибкорон бе ин ҳам андоз месупоранд. Вале бо роҳи зӯрӣ ва баргирифта аз ҳиссиёти танаффур алайҳи соҳибкорони Исфара бо ҷорӣ кардани андози “НДС” шароити кор ва пешбурди зиндагиро мехоҳанд боз тангтар кунанд. Дар ин ҳолатҳо фурӯшанда маҷбур аст, ки ҳаҷми маблағи савдояшро пинҳон кунад, то ба он“талаботҳои” ҳукумати ғоратгар мутобиқат кунад. Аммо дар ин ҳолат доми дигареро пинҳон кардаанд: кормандони пулиси маҳаллӣ бошанд, дурӯғу рост одамҳои худро мефиристанд,ки харидорӣ кунанд ва аз сабаби “чек” надодани фурӯшанда ба ӯ “шантаж” мекунанд ва“доля” мегиранд.
Ин ҳама фишору озорҳо болои соҳибкорони Исфара марбут ба андозсупорӣ буд,ки як ҳиссаи ками онро зикр намудам. Оиди идораи “Тоҷикстандарт” , “Пожарный”, “санэпидемстансия”, “шестой отдел”, “кумитаи бехатарии озуқаворӣ”ва дигар гуруснаҳо сӯҳбат намекунем. Мошинаҳое, ки саворашон ҳастанд бо маблағи кории худ ва меҳнати ҳалол шояд дар 20 сол ҳам харида натавонанд. Барои надоштани як халати сафед як дӯкони хурди маҳсулоти хуроквориро 25 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.Аммо ин фурӯшанда “савдо” карда нархро то даҳ ҳазор поин овардааст. Аз ин ҳисоб танҳо 460 сомониашро ба Амонатбонк супорида расид гирифтааст вале боқимондаи пулро “налугҳо” гирифтаанд. Ҳоло як мушкилии дигар ин гаронии қувваи барқ аст. Барои мағоза нархи 1кв.соат қувваи барқ 65 дирам,баробар ба 7 сент муқаррар шудааст. Воқеан ҳам ин ниҳояти ноинсофӣ аст.
Ҳоло кормандони андози ноҳия мағозаҳоеро,ки мақоми (статуси) соҳибкори инфиродӣ доранд тағйир дода ба ҶДММ табдил диҳанд ва ин ҳам як манбаъи пора додан мешавад. Чи тарз нуқтаи савдое, ки ҳамагӣ 5 коргар дорад, худро метавонад ба ҶДММ табдил диҳад? ҶДММ бояд раис дошта бошад, ҳисобдор ва фурӯшанда дошта бошад. Ҳаррӯз пас аз савдо маблағро ба хазина ворид карда ба бонкҳои хонаводагӣ бояд супорад, то агар пул даркор шуд, бо як дархосте аз ин бонкҳо пулро бозгашт кунанд. Шумо хуб медонед, ки дар бонк пул гузоштан, яъне боз бояд дарсадие барои хидматрасонӣ пардохт шавад. “НДС” дар борхати ҶДММ пурра мешавад ва ин ҳам барои обулой кардани қазия аст. Дар шароити тангтар кардани фаъолияти соҳибкор бо таҳдиди онки шарти пеш бурди фаъолият дар ҶДММ-ро вайрон кардааст, маҷбур мешавад боз ҳам аз ҷайби худ пул бидиҳад. Бо ин васила Раҳмонов ва хонаводааш мехоҳад тамоми соҳибкорони хурдро муфлис кунад ва насли авлодеро, ки дар тӯли 28 сол бузург шудааст, ба бизнесҳои хурду миёна ҳам ҷой кунад,вагарна аждаҳои чандсара якдигарро хоҳад хӯрд. Масалан, як ошхона агар ҶДММ шавад, кабудиву намаке, ки харидорӣ мекунад, бояд “счетфактура” дошта бошад. Инҳо аз ин моддаи қонун хуб суиистифода мекунанд ва ғорати андозсупорандагонро ҳатто дар доира ва дар сатҳи қонун муқаррар кардаанд:
Моддаи 45. Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад. Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд. Баръакси ин қонун, дар Русия масалан, чанд маротиба “амнистия”-и қарздорони андоз эълон шуда буд.
“Рейд”-ҳои Идораи андоз дар Исфара дар ҳоле соҳибкоронро ғорат мекунад,ҷаримаҳои ҳангуфт мебандад,ки тамоми ширкату тиҷоратҳои Раҳмонов ва оилааш ва бастагонаш,ки миллирдҳо сомониро ташкил медиҳад аз пардохти анвои андоз озод карда мешаванд. Ҳамчунин имтиёзи андозӣ дар Тоҷикистонро танҳо хонаводаи Раҳмонов дорад. Ин як навъ дуздии қонунӣ аст. Тиҷоратҳои миллиардӣ аз андоз озод мешаванд аммо як мағоҳаи кӯчак дар рустои Исфара,ки сақич, кулчақанд ва ё шакару қанду рӯған мефурӯшад, ногузир аст ки андозро бо ҷаримааш бисупорад. Бар замми ин ҳар аз гоҳе меоянду бо саду як баҳона “доля” мебанданд. Як чойхана дар Исфара барои он ҷарима баста шуд,ки аз дохили он ҷонамоз пайдо шудааст.Мудири чойханро барои он ҷрима мебанданд,ки бар хилофи қонун,ки гузоридани намоз дар чойханро манъ кардааст,намоз хондааст.
Аммо ҳар чизе вақту соати худро дорад. Ҳамин Бег Сабури қудои Раҳмонов асло бовар надошт,ки ҳатто раиси як шаҳре сирҳои ӯро дар мавриди насупоридани андоз рӯ занонида шармандаи дунё мекунад. Албатта дар бораи Бег Сабур ва инки чаро дар ин авохир мавриди нафрати Раҳмонов қарор гирифтааст ва оқибати ӯ чӣ хоҳад шуд дар оянда хоҳем гуфт. Вале як нукта рӯшан шуд,ки имрӯз ончи ки дар Исфара мақомоти андоз алайҳи соҳибкорон анҷом медиҳанд,як сиёсати махсус ва тарҳрезишуда аст. Инҷо кор кори танҳо Идораи андоз нест. Хашму нафрати Раҳмонов аст,ки болои Исфара рехта мешавад.
Таҳлилҳои мо дар мавриди Исфара идома доранд ва ҳолатҳои дигареро,ки дар ин ноҳия мегузаранд тақдими шумо хонандагони гиромии Пойгоҳи Ислоҳ менамоем,бо мо бошед.