Зарбаи путки СММ бар фарқи сари Раҳмонов

Ислоҳ нет

Зарбаи путки СММ бар фарқи сари Раҳмонов

 

Созмони Милали Муттаҳид исбот кард,ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бегуноҳ аст. Тасдиқ ва эълон кард,ки даъвои режими Раҳмонов барои террористӣ шинохтани он тӯҳмати маҳз аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҲНИТ шомили листи созмонҳои ҳаросафкан нахоҳад шуд.

 

Изҳороти СММ дар мавриди 11 узви аршади ҲНИТ,ки расонаҳои дунё интишор доданд, ба масал зарбаи путк бар фарқи сари Раҳмонов буд.Чунки ин муассисаи муътабартарини дунё бо сароҳат ва қатъият тасбит ва таъйид кард,ки зиндонӣ кардани 11узви баландпояи ҲНИТдар соли 2016 аз тарафи Раҳмонов ғайриқонунист ва онҳо бояд фавран ва бидуни қайду шарт озод карда шаванд. Афзун бар ин гурӯҳи ҳуқуқшиносони СММ аз Раҳмонов хост,ки омилини ба маҳбас кашидани роҳбарияти олии ҲНИТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бар тибқи қонунҳои кишвар муҷозот бишаванд.СММ талаб кард,ки Раҳмонов ба ҳамаи ин ёздаҳ узви аршади ҲНИТ хисороти моддиву маънавӣ –ҷуброн бипардозад.

Сари сарварон зери гурзи гарон,

Чу сандон буду путки оҳангарон.

Абулқосим Фирдавсӣ

 

Албатта,ҲНИТ натиҷаи бозрасии СММ истиқбол кард.Ин табиӣ аст.Зеро дар шароите,ки Раҳмонов ва дору дастааш пайваста талош доранд,ки аз ҲНИТ чеҳраи як созмони террористиро тарсим бикунанд, хулосаи СММ ин ҳамаро нақше бар об кард. Дигар агар садҳо маротиба нависанду ҷор зананд, суд ва фоидае надорад. Ин натиҷаи кори СММ барои тамоми давлатҳои дунё ҳатто давлатҳое назири давлати Тоҷикистон худкома ва авторитарӣ фиристода ва огоҳ карда мешавад. Амалан ҲНИТ бо талошҳои муттасил ва ҷонфидоёна муваффақ бар он бишуд, ки бори дигар ба ҷаҳониён ва Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он бифаҳмонад, ки ин ҳама айбу иттиҳомоти Раҳмонов ва дастгоҳи таблиғотии вай бофта ва сохта аст. Аз тарафи дигар, хулосаи кори ҳуқуқшиносони СММ ин нуктаро ошкор кард,ки Раҳмонов як авантюрист ва қаллоби гузарои сиёсӣ аст ки барои бақои курсӣ ва режими хонаводагиаш омода аст ҷомеаи ҷаҳонӣ,давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилалиро бо гумроҳӣ бикашад ва онҳоро ба мисли як дузди айёр дар рӯзи равшан бифиребад. Раҳмонов бо террористӣ эълон кардани ҲНИТ садҳо тан аз фаъолону масъулони онро ба зиндонҳо андохта, афроди баландпояи онро,ки тавонистаанд дар кишварҳои дигари дунё паноҳанда бишаванд,шомили листи Интерпол кард ва ҳамин баҳона муомилоти бонкӣ барои беш аз 2юним ҳазор аз атбои кишварро номумкин сохт.

 

Аммо акнун фурсате фаро расид,ки бо истинод ба ин санад ҳам афроди зери таъқиби Интерпол ва ҳам мамнуъа барои муомилоти бонкӣ,ки барои дидгоҳ,узви ҲНИТ будан ва ё мухолифи сиёсӣ буданашон шомили ин листҳои шум гардидаанд, озод бишаванд.Чунки хулосаи СММ далели муваҷҷаҳест, ки тасбит мекунад Раҳмонов аз ном ва мақоми давлати Тоҷикистон даст ба корҳои ғайриқонунӣ зада ва ниҳодҳо ва муассисоти байналмилалиро амдан ва дидаву дониста шарики амалҳои ғайриқонунии худ мекунад. Бидуни шак, худи ҳамин паҳлуи фаъолияти Раҳмонов як бахше бузург дар парвандаи ҷиноии ӯ хоҳад шуд, ки қарор аст дар додгоҳи Гаага баррасӣ бишавад. Зимнан ин идеяро ҳам худи ҳуқуқшиносони муассисаҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ба тими ҲНИТ,ки асноди ин ёздаҳ нафарро барои баррасӣ ба СММ пешниҳод карда буданд, додаанд. Амдан ва бо истифода аз мақоми раҳбарӣ фиреб додани муассисаҳои байналмилалие назири Интерпол ҷавобгарии сахти ҷиноятӣ доштааст,ки ба гуфтаи ин ҳуқуқшиносон ин маврид дақиқан шомили ҳоли Раҳмонов мешудааст. Аммо мову шумо медонем,ки Раҳмонов пушти ману табари қассоб мегӯяд. Вай мунтазир аст,ки кай табар ояд ва ӯро кундасон кафонад. Бехабар аз онки кайҳо кафидааст. Ҳар қадар ки бештар дар курсӣ менишинад, бештар даст ба ҷиноят мезанад ва табъан,ки зиёдтар ошкор мешавад.

 

Мо борҳо навиштаем,ки кадом ошӯбе аз ҷониби шаҳид Абдуҳалим Назарзода, муовини вазорати дифои Тоҷикистон сурат нагирифтааст. Ин нақша -барномаҳои худи Раҳмонов ва мушовирони фурӯмояи ӯ буд,ки хост бо ин васила ҲНИТро аз саҳнаи сиёсӣ берун кунад. Аммо шукр мар Аллоҳи меҳрубонро, ки сол то сол ва моҳ ба моҳ ва рӯз аз рӯз умқи аъмол ва осори ҷиноии ӯ ошкор шуда истодааст. Ҳоло фермаи ҷавоб, Подабони пир ва Раҳмонов дар баробари тақозои СММ ҳарфе барои гуфтан надоранд, дигар боз ҳам аз дурӯғу бӯҳтонҳое дам мезананд. Вале агар далеле дошта бошанд, ки ҲНИТ кудето кард ва роҳбарияти он дар он даст дорад, дона ба дона ин гуноҳонро ошкор мекарданд. Мурофиаҳои пӯшидаи додгоҳии ҳамаи ин шахсиятҳои мӯътабар ва мӯҳтарам гувоҳи он аст ки ин парванда сохта ва ҷаълӣ аст(сфабрикований) мебошад.Так-таки мардуми Тоҷикистон фаҳмидааст,ки ҲНИТ гирифтори тӯҳмат шудааст.

 

Созмони милали муттаҳид бозрасӣ ва тафтиши парвандаи аъзои раёсати олии ҲНИТро бар пояи меъёр ва мавозини байналмилалӣ анҷом додааст.

 

Барои ҳуқуқшиносони СММ ҳеҷ чизе пӯшида ва пинҳон намонд. Барои мисол онҳо вақте бо парвандаи Домулло Саъдуддин (Саъдуддини Рустам) ошно мешаванд, дар тааҷҷуб мемонанд.Зеро домулло Саъдуддин барои бори дуюм аст ки маҳбуси зиндони Раҳмонов мешавад. Барои онҳо боварнакарданист,ки домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва Ҳикматулло Сайфуллозода, мӯсафедоне, ки синнашон аз 70 ҳам боло мебошад,қасди табаддулоти давлатӣ кардаанд. Барои онҳо ин нукта ҳам ҷалби таваҷҷӯҳ кардааст,ки агар ки инҳо даст ба табаддулот заданд,баъди шикасти “табаддулотчии асосӣ” ва он ҳам муовини вазири дифоъ(?) чаро ҳадди ақал пинҳон нашуданд. Якеро аз чойхона,якеро аз хона,якеро аз бистари хоб гирифтанду зиндонӣ карданд.

 

Юристони СММ тамоми парвандаҳоро мӯшикофона баррасӣ карда ваҷҳу далел ва мадраку санадҳоро аз зовия ва ноҳияҳои гуногун пажӯҳиш ва баррасӣ карданд. Хулосаи кори онҳо бидуни шубҳа дар ҳаво муаллақ нахоҳад буд. Ҳатто агарки Раҳмонов онҳоро озод намекунад, аммо дар тамоми ҷаҳон бори дигар рӯшан шуд,ки Раҳмонов як тӯҳматгар ва як дурӯғгӯе беш нест. Хеле аз роҳбароне амсоли ӯро ҳамин таърихи имрӯза низ дида истодааст.Умар- ал Башир диктотури Судон оқибат зиндон шуд ва ҳоло асноди ӯро барои муҳокима ба додгоҳи Лоҳа мунтақил хоҳанд кард. Абдулфаттоҳ Сисиро як муассисаи Олмонӣ ба ҷоизаи Георгий муқаддас мушарраф кард.Ин амали муассиса он чунон дар Олмон валвалаеро барпо кард,ки чӣ гӯна ба шахсе мисли Абдулфаттоҳ Сисии қотил ва бо роҳи зурӣ ва инқилоби низомӣ қудратро дар Миср гирифта чунин ҷоизаеро додаед? Охируламр ин муассиса дубора бахшиш пурсид ва он ҷоизаро аз диктатори Миср Сисӣ боз пас гирифт.

 

Раҳмонов на танҳо бар пойи ҲНИТ тӯҳмат печид ва садҳо нафар ба шумули ин нафарон, ки бегуноҳиашонро муътабартарин марҷаи дунё собит сохт, вай ҳамчунин худи СММ-ро ҳам фиреб кард.СММ, ки тайи панҷ сол миллионҳо масраф карда ҷанги бародаркуширо қатъ ва тарафҳоро ба ҳам оварда оромиш ва саботро фароҳам кард, маҳз Раҳмонов созиши сулҳро нақз кард ва ҷониби дигари сулҳро фиреб дод. Агарки сӣ сол ҳам сари қудрат биистад, рӯзе поин хоҳад омад ва агар зинда буд,ҷавоб хоҳад дод.Чун давраи диктотурҳо дар олам ба сар омадааст.Ҷаҳон безори онҳост.

 

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз ҳамон оғози фаъолият танҳо ва танҳо дар чаҳорчӯбаи қонунҳои кишвар амал кардааст.Наҳзати исломии Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ва истиқрори онро бар ҳар чизе дигар тарҷеҳ додааст.Замони муқовиматҳои дохилӣ низ Раҳмонов,ки арӯсаки дастнишонда ва татбиқкунандаи сиёсати хориҷиҳо болои миллат буд, ҳамин ҳарфҳоро,ки имрӯз мезанад,мезад.Аммо Наҳзати исломӣ водор ва маҷбураш сохт,ки гардан ниҳад ва биёяд ба дастбӯс,балки побӯси устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Афғонистон,ва бо тавбаву тазарро аз дари сулҳу оштӣ бидарояд.Чун илоҷе дигар надошт.Размандаҳои ҷонбаркаф дар остонаҳои Душанбе мустақар шуда ҳар лаҳзае метавонистанд, ки ҳокимияташро завол ва худашро залил бисозанд. Ҳар ончи аз ин боб мегӯяд,ҳамагӣ дурӯғи маҳз аст.Мунтаҳо ин устод Нурӣ буд,ки барояш гузашт карду ҷоҳу ҷалол дод.Вагарна лаҳзаҳое башумор дошт.Ин ҳамаро ба боди фаромушӣ супоридааст. Аммо Аллоҳи Раҳмону Раҳим дубора хору забунаш кардааст. Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқшиносони он ниқоб аз чеҳраи чингизиаш дигарбора бардошт ва пирӯзии ҳақ бар ботилро дар чашмаш нишон дод. Воқеан ҲНИТ нишон дод,ки ҳам ба разму ҳам ба азм пирӯз аст, чун дар масири Ҳақ аст.Ҳам бо силоҳ пирӯз омад ва ҳам бо қалам. Ҳеҷ давлате дар дунё, ҳатто давлатҳое диктотурӣ бовар накард ва акнун комилан бовар намекунад, ки Раҳмонов ончики ба пойи ҲНИТ тӯҳмат баст, воқеият дошта бошад, балки тӯҳмат асту бас. ҲНИТ кадом кудето накардааст ва ҲНИТ ва раҳбарияти сиёсии он бо бӯҳтон ва дурӯғ аз саҳна берун шудааст.

 

Ҳуқуқшиносони СММ барои таҳқиқ ва бозрасии парвандаи ин аъзои аршади ҲНИТ заҳмати зиёд ба харҷ дода тамоми далелу бурҳонро яке, яке баррасӣ карданд. Ин ҳайати панҷнафарӣ аз панҷ кишвари панҷ қитъаи олам ташкил ва таркиб ёфтааст.Ҳоло,ки Раҳмонов боз ҳам сар даруни китфон пинҳон дошта ва посухе намедиҳад, “фермаи ҷавоб” бо чирту пиртҳое хиёл кардааст,ки афкори умумиро гӯл мезанад ва гуфта истодааст,ки онҳо аз тарафи Кабирӣ харида шудаанд. Беҳуда нагуфтаанд,ки “кофар ҳамаро ба кеши худ мебинад”.Ҳуқуқшиносони СММ додрасу додситони Тоҷикистон нестанд,ки фосид ва фасодкор бошанд. Беш аз ин худро шарманда ва Раҳмоновро гумроҳтару расвотар накунед.Ин барои бори аввал ҳам нест,ки табли расвоии шумо аз тарафи СММ навохта мешавад.Солҳои қабл ҳамчунин талаб ва тавсия барои раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси дар банди ҲДТ ҳам шуда буд ва ду соли қабл, шумо талаби мушобеҳеро барои озодсозии Зайд Сайид, тоҷири комёб, Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва Бузургмеҳр Ёров, аз адвокатҳои номвари кишвар сарфи назар кардед. Ва ин бор ҳам бо ағлаби гумонҳо тағйир нахоҳед ёфт. Аммо як нуктаро ба гӯшатон овеза кунед, ки дигар ҳеҷ машруияте ва ҳеҷ обрӯ ва мақоме ҳам надоред.

 

Аз онки талаби СММ ва уҳдадориҳои байналмилалии давлатро қурбонии амбитсияҳои худ мекунед, зарар ба имиҷ ва манзалати давлати тоҷикон мерасад. Шумо ба унвони як давлатмард ва давлатдор вуҷуд надоред, шумо дигар ба ҳайси сардастаи Гурӯҳи муташаккили ҷиноятиед, ки қудрати сиёсиро тасоҳуб ва ишғол кардаед. Шумо ба масобаи як мутаҷовизи аҷнабӣ ин миллат ва ин давлатро гаравгон гирифтаед, ба асорат бурдаед. Инро ҳама медонанд. Аммо бояд бидонед,ки тамоми мардуми тоҷик он соати саъд ва он рӯзи тағйиротро бесаброна мунтазир аст. Бо онки тарсу ваҳшат эҷод мекунед, бо онки ҳатто донишмандону олимонро аз донишгоҳҳои кишвар дошта ба зиндон меандозед, худ нахоста тарсу ваҳшат ва биму ҳароси ҳамеша ҳамроҳатонро ба намоиш гузошта истодаед. Шумо бо онки аъзои аршади ҲНИТро озод ва раҳо намесозед, тавлаки дасти тамоми созмонҳи ҳомии ҳуқуқи дунё ва ҳамин тавр давлатҳои дунё хоҳед шуд. Чун тоза марҳилаи навохтан фаро расидааст. Ин ба он монад,ки муҷоҳидин вориди кӯчаи Каратегинскийи Душанбе шуданд ва ин ба он монад, ки Теппаи самарқандӣ ва Ховарон ва Южнийи пойтахт дигарбора дорад аз зери тасарруфи мутаҷовизи дастнишонда поккорӣ хоҳад шуд. Ин бор СММ на дар нақши миёнрав, балки минҳайси нерӯе зарбатӣ дар фарқи сари Сарфармондеҳи Олӣ путк мекӯбад. Раҳмонов ва мушовирони гумроҳ ва надоматзадааш намедонанд сар чи тавр панаҳ кунанд. Путкҳои гарони СММ фарқи сарҳояшонро хоҳад шикофт….ҳасрати онро,ки ҲНИТро террористӣ муаррифӣ бикунад, боз як бори дигар қалбашро хоҳад дарид, балке бо худ ба гӯр хоҳад бурд.

 

Ва,аммо он 11 нафар бо шумули се нафари қаблӣ: З.Саид,М.Ҳайит ва Б.Ёров бо матонат ва сарбаландӣ ин хабари хушро мешунаванд ва бешак,ки шунавида бошанд,ки ҷаҳон бегуноҳии онҳоро тӯй мекунад. СММ изъон ва эълон кард, ки ҲНИТ ва аъзои аршади он гуноҳе надоранд, мубарроянд ва ин Раҳмонов аст,ки муфтарию каззоб аст ва ин Раҳмонов аст ки муваззаф аст тавба бикунад, муттаҳамони асосӣ ва муаллифону муҷриёни тӯҳматномаи бузург алайҳи ҲНИТро дар ҷойи аъзои риёсати он бинишонад.

 

Раҳмонов ва дору дастааш бояд мутаваҷҷеҳ бишаванд,ки мо, ки гуфтему боз ҳам хоҳем гуфт, то ҳалқамон тар аст, то хушкидани он хоҳем гуфт, ки онҳо бегуноҳанд тӯҳматзадаанд. Аммо ҳоло на мо СММ мегӯяд. Ҳамон СММе,ки ровиёни телевизионҳои Раҳмонов бо тафохур аз онки Раҳмонов аз он минбари он баромад кардааст, пешниҳодҳои Раҳмоновро дар бораи об қабул кардааст,фалону беҳмадон ташаббуси Раҳмоновро пазируфтааст, сӯҳбат мекунанд, гуфт,ки ҲНИТ ва аъзои он бегуноҳанд.Ку,Раҳмонов мард бишавад ва уҳдадориҳои байналмилалиашро ин бор риоят кунад. Аснод ва конвенсиюнҳо ва нормаҳои байналмилалӣ,ки Тоҷикистон пазируфтааст аз қавонини дохилӣ мақоми болотарро доранд. Бояд иҷро бишаванд.

 

Вақте нормаҳои ҷаҳонӣ риоят намешавад, ин маънои зӯр буданро не, маънои онро дорад,ки ҳарфе,посухе надорад. Як роҳбари беҳайсият, як роҳбари беобрӯе, мисле, ки ҳоло Бег Сабур дар ҳайати ҳукумат шудааст, мардуд ва махав.Мутаассифона ин мардуд ва махаф роҳбари давлати мо тоҷикон- Тоҷикистон аст. Вай ба хотири манфиатҳои хусусӣ,ба хотири зиндагии шахсиаш бо шараф ва номус ва мақому иззати Тоҷикистон бозӣ дорад. Вай Тоҷикистон ва тоҷиконро манфӣ муаррафӣ мекунад. Ҳоло тоҷик дар Русия Ҷамшуду Равшан шуда бошад Раҳмонов дар сатҳи роҳбарони дунё моро Равшану Ҷумшуд карда истодааст. Зимнан то ҳамин имрӯз дар ҳеҷ яке арзёбиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон баҳои мусбат намегирад.

 

Барои мисол чаро ҳамин СММ нагуфт,ки зиндонӣ кардани аъзои аршади ҲНИТ аз тарафи Раҳмонов қонунӣ аст? Чаро?Чаро САҲА ва чаро ИА ва чаро дигар созмонҳо ҳарфе хуш намегӯянд? Магар ҳамаи инҳо душмани Раҳмонов ва ҳамаашон дӯсти Устод Кабирианд? Агар ин тавр бошад чаро Раҳмонов аз вазифа намеравад,то мардуми тоҷик нафаси роҳат дошта бошад? Воқеият ин аст ки онҳо на душмани Раҳмонов ва на дӯсти Кабирианд. Онҳо вазифаи худро иҷро мекунанд ва иҷро карданд.Дасти Раҳмоновро рӯ карданд, исбот карданд,саркашӣ мекунад,ба нодониву нофаҳмид мезанад,”ферма” ба истеҳсолдароварда мешавад, ҳар коре мехоҳад бикунад,аммо инки дурӯғ ва тӯҳматаш ошкор шудро пӯшида ва пинҳон карда наметавонад.Чун СММ забони ҲНИТ ва аъзои онро дароз ва сарашонро баланд кард……

 

Share This Article