Наврӯзи Хуҷанд ва ифтитоҳи “Сифат-пласт”и Парвина Раҳмонова
Раҳмонов ба рағм ва мухолифи тамоми дунё қоида ва меъёреро,ки имрӯз ба таври навишта ва нонавишта дар тамоми дунё ҷорӣ шуд, яъне карантин дар баргузории маҳфил ва маҷолиси пуриздиҳом ва оммавӣ, наврӯзро дар Хуҷанд доир кард. Маълум буд,ки аз коронавирус тарсидааст ва бояд ҳам битарсад. Чун ин бемории вогир дар тамоми дунё пахш шуда ва аз чаҳор сӯи Тоҷикистон кишварро дар иҳота ва муҳосира гирифтааст. Даҳ дақиқа суханронӣ кард, дар васати барномаҳои консертӣ танҳо қарс зад,мисли солҳои қабл хеста рақс накард, абрӯ напаронд, пушт наҷунбонд, аммо дар охир,вақте консерт хатм шуд, микрофонро гирифту бо шитобу ҳаяҷон сараш ва ишками ғафсашро ва гардани баллони газиашро ба нишони арзи эҳтиром чанд навбат поин овард ва гуфт,ки “дирӯз ҳаво чи хел буд, имрӯз бинед чи хел шуд.Ҳар касро аз дилу нияташ” ва чанд бор “Худои таоло” ҳам гуфт. Гуфт дирӯз дилам зиқ буд,ки ин ҳама заҳматҳои чандмоҳаи фарзандони ман чи мешавад?(манзураш маршировка ва омодагии 12 ҳазор донишҷӯ ва ҳазорҳо майдоннишини дигар)…
Ана, бо ҳамин тарзи суханронӣ ва гуфтори ошкорои онки “ин ман будам,ки дастури баргузорӣ ва идомаи маршировка барои ин Наврӯзро лағв накардам” маълум кард,ки вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода,ки гуфта буд: “ҳама гуна маршировка ва ҷашнҳои оммавии бо иштироки донишҷӯён лағв шуд ва ҳама чорабиниҳо набояд қонуни танзимро вайрон кунад”,ҳоло чизеро намефаҳмад.Инҷо ҳама чизро худи ман ҳал мекунам,нуқта мегузорам”.
Хулоса, инки Наврӯзи дар Хуҷанд бо хоҳишу дастури худи Раҳмонов доир шудааст. На даъвату тавсияи созмонҳои байналмилалӣ ҳатто Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,ки ошкоро гуфт аз баргузории Наврӯз парҳез кунед ва на вазъияти кишварҳои ҳамсоя,ки бо коронавирус дасту панҷа нарм мекунанд ва ба мотам нишастаанд ва на ҳоли табоҳи садҳо нафар аз атбои кишвар, муҳоҷирони шӯрбахт,ки дар фурудгоҳҳои Русия рӯи фарш хобидаанд,ӯро аз баргузории Наврӯз мунсариф накард. Тамоми дунё як тараф шуд ва Раҳмонов як тараф. Фикр мекунед,ки сабабаш чӣ буд? Чаро Раҳмонов ба ҳамаи дунё пушт гардонду рафту Наврӯз баргузор кард? Ҳатто ду рӯзи пеш намозхондан дар масоҷидро,ки аз ҳама пеш баста буд, иҷозат дод. Намоз дар масҷидҳоро барои он иҷозат дод,ки то мардум нагӯянд,ки чаро худи Раҳмонов ҳақ доштааст,ки бо ширкати даҳҳо ҳазор Наврӯз доир кунад,аммо иҷозат намедиҳад,ки мардум фарзи Илоҳиро адо кунад? Вай намозро барои мардум иҷозат надод, намозро барои худаш иҷозат дод, то ки Наврӯзашро машруъият бубахшад. Баргузории Наврӯз маълум кард,ки Раҳмонов саломатӣ, тандурустӣ ва солимии миллатро фидо ва қурбонии чорабинии пуриздиҳому оммавие кард,ки қаҳрамонаш худи ӯст.
Маълум шуд,ки ин ҳама заҳамоти семоҳаву чаҳормоҳа бо иштироки ҳазорон- ҳазор донишомӯз фақат ба хотири он будааст, ки Раҳмоновро таърифу тавсиф кунанд. Як бори дигар дар ин ҷашн таъкид шуд: “ту пешво, ту шоҳ, ту наҷотдиҳанда, ту наврӯзро сохтиву ҷаҳонӣ кардӣ, ту шаҳчанори боғи хатлон, шарафи диёри Тоҷикистон ва боз таърифи навро илова карданд….Рустам пойтахтро дигаргун кардааст, Рустам Душанберо тамоман тағйир додааст, дар оянда ӯ Тоҷикистонро тағйир медиҳад, ӯ Тоҷикистонро беҳтар месоза… ва ғайраву ҳоказоҳо. Ҳоло маълум шуд,ки чаро Наврӯзи Хуҷанд бароят сахт муҳим будааст ва онро ҳатто агар як ҷони зинда ҳам намонад,бояд доир мекардаӣ!!
Ин Наврӯз Наврӯзи мардум набудааст. Ин Наврӯзи фақат ту будааст. Воқеият ҳам ин аст ки ин Наврӯзи мардумӣ ва ё барои мардум набуд, ин наврӯзи барои Раҳмонов буд. Сенария ва барнома тавре таҳия шуда буд,ки бармеомад тӯи арӯсии Раҳмонов бошад. Саҳна ва дизайну декоратсиони он аз ҳар самту сӯ фақат Раҳмоновро нишон медод.Як монитори бузурге,ки пушти саҳна сохта ва рӯи саҳнаро мустақим нишон медод дар ҳар лаҳза мисли нақароти суруд тасвирҳоеро аз Раҳмонов нишон медод. Суратҳои ӯро дар СММ, дар сӯҳбат бо руасои ҷамоҳири кишварҳои ҳамсоя ва лаҳзаҳое дигар аз суханрониҳояш. Бо суруди Нигина Амонқулова истиқбол карданаш ҳам шояд кадом паёме дошт ва овозаҳи мардуми дар бораи робитаи номашрӯъаш бо ин овозхонро таъйид мекунад, дар ҳоле,ки мебоист бар фарзи мисол ин намоишро Ҷӯрабек Муродов, Артисти халқии СССР ва депутати Иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ бо сурудаш мекушод, ки на танҳо накушод, ҳатто дар он ҳузур пайдо карда ҳам натавонист. Хуб мо ки медонем,ин худи Раҳмонов аст,ки ҳатман феҳристи овозхонҳои маросимҳоро аз назар гузаронида ба кадомаш иҷозат медиҳад ва ба кадомаш не. Маълум шуд,ки Ҷӯрабек Муррдов ба “черний списка”-и Раҳмон ғалтида будааст,таъаҷҷуб мекунам хайр Адибаи Азиз ба Фаронса омад ва дар “черний списка” афтод бечораро доду фиғонаш баромада буд чанд рӯз пеш.Аммо Ҷурабек Муродовро барои чи чунин карда бошад? Агар дар ин Наврӯз бист суруд хонда шуда бошад,14 тоаш дар васфу сифати қаҳрамони марказӣ-Эмомалӣ Раҳмонов буд. Бо суруди дар васфи ӯ ҷашнро ифтитоҳ карданд ва бо суруди дар васфи ӯ ҷамъбаст намуданд.
Акси “машҳур”-и модарашро ҳам дар он монитори бузург нишон доданд, аммо инҷо ҳам аз ифшои акси падараш парҳез карданд.”Значит” тамоми ҳукумат то Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода,раиси вилояти Суғд ҳам медонанд, ки Раҳмонов аз гуфтан дар бораи падараш хушаш намеояд. Ингор аз Душанбе ронда шудани Нигина Амонқулова тавассути Таҳмина ва Азизмо рост барин. Аммо маълум набуд, ки аз аҳли оила кас ӯро дар ин сафар ҳамроҳ буд ё хайр? Ин бор аз “яъҷуҷу маъҷуҷ” касеро наовардааст.
Маълум нест, ки аз тарси коронавирус бошад ё ба хотири мулоқоти “тет-а-тет” бо он овозхон. Низ тамоман номаълум буд,ки кадом дипломате ҳам,ки таклифи иштирокашон дар ин наврӯзиро карда ва барояшон парвози ройгон аз Душанбе ба Хуҷанд карда буд, ҳузур дошт ё хайр? Шояд аз ҳамин шарми наомадани дипломатҳо буд,ки тақрибан саҳнаро нишон надоданд ва ё аз дур нишон медоданд.Дар ҳар ҳолате, ки менигаристӣ, медидӣ, ки ин ҷашни наврӯзии мухтаси худи Раҳмонов аст.Ва ба маҳзи ҳамин ки ин ҷашн ҷашни тӯи як арӯси мӯсафед аст, онро лағв накардаанд. Хуҷандиҳо ҳам сахт бало. Ба ҳадде таърифу тавсифаш карданд, ки обу адо шуда бурафт. Албатта,ин дар миҷози ин мардум аст,ки ғизоро ба майли дили меҳмон омода мекунанд. Чун хуб медонанд, ки нодони бефаҳмро донои оқил гӯи чи қадр мефорадаш. Онҳо ҳам аз ҳамин усул кор гирифтанд. Яке,як нишон медод,ки ҳамроҳи Қофлонбои мисли худаш гарданкулуфти қошпашмини гардан балони газӣ қарс мезад. Аз афташ сардаш шуд,хунук хӯрд,ки палто пӯшид. Занҳову духтарҳо ва ҳатто духтарчаҳои 8-10 сола бо пираҳани нафису тунук дар саҳна рақс мекунанд, ин “жирбадан” хунук хӯрду палто пӯшид. Аслан изо намекашад, шарм ҳам намекунад, ки худаш танҳо палто мепӯшаду ҳазорон- ҳазор фарзанди мардум тани бо либоси тунук пеши ӯ рақс мекунаду дар васфаш суруд мехонанд.Ҳангомеки гурӯҳи раққосаҳои Қазоқ мебароянд Раҳмонов акси худашро бо Тоқаев дар монитор мебинад аз хушҳоли аз ҷояш мехезад,вой бар ту. Тахти аруси барояш Раҷаббой дуруст карда буд вале дар бараш баҷойи арус Раҷаббой Аҳмадзода нишаста буд.
Масрафи техникҳо аз Туркия барои ҷашни Наврӯз
Даҳ рӯз қабл аз оғози ҷашни наврӯз аз давлати Туркия махсус техникҳое омадаанд,ки машғули омодасозии саҳна мебошанд.Ин гурӯҳ ва ё тим аз 35 нафар иборат мебошанд ва кори инҳо омода созии дизайни стадион бо чароғҳо ва рӯшноӣ иборат аст. Масрафи ҷой хоб ва хурду хурокашон ба уҳдаи тарафи Тоҷикистон мебошад. Ҳамаро омода мекунанд барои як рӯз ва тибқи шартномае доранд ба ҳар кадоми онҳо 20 ҳазор доллари пардохт мешавад. 35х20000=700,000 $ (ҳафтсадҳазор доллар) мешавад. Акнун худатон хулоса намоед танҳо барои як рӯз ин маблағро пардохт менамоянд. Ин маълумоте буд,ки як масули ин чорабинии наврӯзии Хуҷанд бо оби дида ба Ислоҳ онро расонид. Дар ҳоле ин маблағ ба чиқадар оилаҳои камбизоат метавонист дар ин ҳолати сангин кумаки хубе бошад,аммо…
Вақте маҷлис ба охир расиду сард шуду микрофонро гирифту ба “як ҷаҳон ташаккур” гӯӣ шурӯъ кард, маълум буд,ки забонаш бо калимаҳо намепечид,Қофлонбой мисле,ки сахт “напаит” карда буд. Боз ҳамон як сухани “Тоҷикистон ба пеш” ро,ки якбор гуфта буд онро Раҷаббой Аҳмадзода дар барнома ҷой додааст,то пешво хурсанд шавад.Инро ҷавонон борҳо такрор мекунанд,дар ҳоле кадом ба пеш намедонам. Вай мардуми Суғдро гуфт,ки дӯстатон медорам, шумо мардуми коргар ҳастед ва махсус аз “бизнесменҳо”и суғдӣ таърифу тавсиф кард. Гуфт,ки боз чанд таъсисоти навро дар ҷараёни сафараш дар Хуҷанду Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ мекунад.
Ифтитоҳи “Сифат-пласт”и Парвина зери номи тоҷири Суғдӣ
Зимнан дар чаҳорсӯби сафари кориаш барои ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд аввалин коре,ки кард ифтитоҳи корхонаи “Сифат-пласт” дар шаҳри Бӯстон-Чкаловски пешина буд. Ин корхона лӯлаҳои хатти обгузар тавлид мекунад. Парда аз рӯи лавҳаи он бардошт Ҳоло дигар қайчӣ ва лентабурӣ нест. Парда аз рӯи лавҳа мебардорад. Гӯиё ин корхонаро як тоҷири маҳаллӣ бо номи Илҳом Бобоҷонов бунёд карда бошад. Ҳоло он солона 30 000 метр тавлидот доштааст,ки лӯлаҳои он ҳам барои оби сард ва ҳам барои оби гарм пешбинӣ шудааст. Қасд дорад содирот низ кунад ва махсусан барои Афғонистон.Аммо чизи аз ҳама ҳайртовар ин аст ки сохтмони он моҳи ноябри гузашта шурӯъ шуда ва аллакай дар марти имсол ба истеҳсолот сар кардааст. Кадом бизнесмени тоҷик ҳамчунин имконият ва тавонро дорад,ки дар зарфи чаҳор моҳ завод бисозад ва он завод ба тавлидот шурӯъ кунад. Ва боз технологияи он аз хориҷи кишвар ворид шуда бошад ва ҷолибаш ҳам ин аст ки он ҷавони соҳиби завод ҳатто маълум ҳам нест,ки 25 сола ҳаст ё хайр? Ва,боз ин ҷавон тавонистааст,ки як гектар заминро дар шаҳраки Бӯстон ба ин роҳатӣ ва содагӣ барои сохтмони корхонааш аз мақомот гирифта бошад?
Ба назари худи шумо бо ин суръату шитоби кайҳонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ҳамчунин корхона имконпазир аст? Дар тавзеҳи молики ин корхона ва инки чи миқдор маблағ дар бунёди он масраф шудааст ва инки ин маблағ аз куҷо дастрас шудааст ва манбаи асосии он кӣ аст низ ҳарфе зикр нашудааст. Ашёи хоми онро қисман аз дохил ва қисман аз хориҷа меовардаанд. Албатта ҳамаи ин имконпазир ҳаст, агарки дар пушти он ҳатман яке аз аъзои оилаи худи Раҳмонов наистода бошад. Қаблан ҳам фарзандону наздикони Раҳмонов арсаҳои давлатии вилояти Суғд ва бахусус худи шаҳри Хуҷандро тасарруф карда буданд.
Маъмулан дар Исфара корхонаҳои марбути Низомхон Ҷӯраверо Ҳасан Асадуллозода ва Таҳмина кашида гирифтанд. Ё ки корхонаи тавлиди орди Қайроққум ва Новро ҳам Ҳасан бо зӯрӣ ва бо як нархи ночиз кашида гирифта буд ва ҳамин тавр сохтмони чандин баландошёнаҳо дар Хуҷандро ҳам бастагони худи Раҳмон аз ҷумла Сомон-сохтмон дорад анҷом медиҳад. Шафтолуи гап ин аст ки Раҳмонов ва оилаи вай ҳоло доманаи бизнеси хонаводаиашонро ба Хуҷанд густариш дода истодаанд. Ва ин ки “Сифат-пласт” ташкил карданду ба тавлиди лӯлаҳои обгузар шурӯъ карданд низ давоми забту тасаллути тиҷорати хуҷандиҳо аст. ”Сифат-пласт” ин як ҷузъе аз фаъолиятҳои ҶДММ “Сифат-фарм” аст ки ба духтари худи Раҳмонов Парвина тааллуқ дорад. “Сифат-фарм” (Sifat-pharma) ба масал “Фароз”-и дигарӣ аст. Дафтари марказии он дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Аз Ҳиндустон, Эрон ва Белорусия доруворӣ ворид мекунад. Гуфта мешавад, ки ҶДММ “Сифат фарма” бо мақсади дастраси аҳолии Тоҷикистон намудани дорувории ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқаткунанда бо вазоратҳои тандурустиву соҳаҳои дорусозии кишварҳои Белоруссия, Ҳиндустон ва Эрон шартномаи ҳамкорӣ баста, нақша дорад дар оянда сафи шариконро бештар намояд. Ин ширкат дар соли 2017 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар маросими ифтитоҳи он Шералӣ Гулов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон падари Ашраф Гулов ва қудои раиси ҷумҳурӣ, хусури Парвина, молики “Сифат-фарма” иштирок карда буд.
Парвинаи Раҳмон, сардори Раёсат дар вазорати тандурустии Тоҷикистон аст. Парвина бозор ва системаи доруфурӯшиҳои Тоҷикистонро (аптекаҳоро) таҳти назорат ва дар ихтиёри худ гирифтааст. Мо қаблан навишта будем, ки, Фарматсевтика ва фармакологияи кишвар бо тамоми асноду иҷозаи фурӯши дору ба монополияи Парвина табдилдода шудааст. Аз ҳисоби буҷҷаи кишвар аз берун доруворӣ меоварад вале бо арзиши бозорӣ тавассути нуқтаҳои тавзеъи дору (дорухонаҳо) ба фурӯш мебарорад. На танҳо лаборатория ва ташхисгоҳҳои бемористонҳо ҳатто хилъат –халати сафеди донишомӯзони омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва Донишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон ва табибонро маҳз ӯ таъмин мекунад. Бемористони чандсадмиллионии “Истиқлол” дар Душанбе ҳам ба ӯ тааллуқ доштаааст. Шавҳари Парвина ҳам одами қаторӣ нест. Ашраф Гулов , сардори Раёсати кадрҳо дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аст. Чанд соли пеш ӯ консули Тоҷикистон дар Маскав буд. Барои Парвина ҳам муассисаи махсуси молиявӣ “Бонки байналхалқии Тоҷикистон” –бо сармояи аввалияи 100 миллион сомонӣ хидмат мекунад. Бонки мазкур зоҳиран ба ширкатҳое тааллуқ дорад,ки роҳбарии онро Ҷамшед Гулов- бародари шавҳари Парвина бар ӯҳда дорад. Дар ҳоле,ки Ҷамшед муовини ширкати “Газпромнефт” дар Тоҷикистон аст. Зимнан анвои ғизоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро ҳам ширкати мутааллиқ ба Ашраф таъмин мекунад, ки дар бораи сифати онҳо ҳарфи хуше гуфта наметавонем. Тибқи маълумоти охири расида Парвина ҳоло мубталои бемории мағзӣ аст ва саломатияш начандон хуб аст.
Дар ҳақиқат ҳам ҳоло “Сифат-фарма” дар рақобат аз “Фароз” камтар нест. Ҳоло ширкатҳои тобеи он танҳо “Сифат-пласт” не аст, ҳамчунин “Сифат-Иннотех Инвест”,“Сифат–Косметика”-ро ҳам ташкил додааст,ки хулоса тиҷорати атриёт ва собуну мисвоку дандоншӯӣ ва айнаву дигару дигарҳо дар Тоҷикистонро забт карда истодааст ва бештар бо тоҷирони истаравшанӣ –уротеппагӣ даргир шудааст. Ҳоло вақти ҳамаи ҷузъиётро ошкоро гуфтан нест вале чанд нафар аз “оптовикҳо”-и дорувориро аз Уротеппа ба баҳонаи салафиву наҳзатӣ аз бозор берун андохта онҳоро то садҳо ҳазор доллар ҷарима кардааанд,ки дар пушти онҳо ҳамин “Сифат-фарма” истодааст. Ин ширкати мутааллиқ ба духтари Раҳмонов асосан барои воридоти и доруворӣ ва тавзеъи он ташкил шуда ва дар оинномааш ҳам мақсади фаъолияташ ҳамин арса зикр шуда буд. Аммо ҳоло “Сифат- фарм” тамоми тарҳу тендерҳои ҳифзи сиҳати оммаи кишвар дар вазорати тандурустиро таҳти идораи худ гирифтааст.
Ҳатто як сабаби аз бозиҳо канор задани Бег Сабур,раиси Хадмаоти алоқаи Тоҷикистонро дар мухолифат ва рақобатҳои ӯ бо “Сифат-фарма” медонанд. Инҷо аз як сӯ ихтилофи тиҷоратӣ ва аз тарафи дигар рӯшодшавии маблағҳои миллиондолларии бюҷет масъала ва мушкил шудааст. “Сифат-фарм” таъминотитехноложии ҳукумати электронии Тоҷикистонро бо истифода аз бад шудани вазъи оилавӣ аз Бег Сабур кашида гирифтааст ва ҳоло ӯ талош дорад бозори IT-дар Тоҷикистонро комилан тасоҳуб кунад. Дар ин кор ӯ бо тағояш Ҳасан Асадуллозда ва Шамсулло Соҳибови язнааш ҳамдаст ҳастанд.
Дар бораи паҳлуҳои дигари фаъолияти машкуки “Сифат-фарма” дар навиштаҳои баъдӣ хоҳем гуфт аммо ман як чиз мегӯям,ки ин оиларо худаш аз даруни худаш хоҳад хӯрд. Ҳоло барои ҳар кадомеаш,ки проблема шавад, медавад ба самти Раҳмонов. Аммо вақте Раҳмонов инони давлатро ба Рустам дод ва бигзор, ки диҳад тамошо кунед, ки чи хоҳад шуд. Инҳо сахт ҳарису гурусначашманд. Инҳо ҳеҷ гоҳ сер намешаванд. Чунки инҳо дар бораи дунёи дигар на тасаввурот доранд на боварӣ. Вагарна ҳоло ҳамин ҳамсояҳои мо дар сӯгу моташ нишаста роҳи ҷилавгирии коронавирусро ҷустуҷӯ доранд. Аммо Раҳмонов ҷашн баргузор карду Наврӯз доир кард ва Хуҷанд омаду корхонаи духтарашро боз кард ва дар варзишгоҳи Хуҷанд ба таблиғу ташвиқи Рустам пардохта бо ҳамин маъракаи пеш аз интихоботии ӯро ҳам ба ҳайси валиаҳд ва номзад ба мақоми президентӣ оғоз бахшид.Баргузории ҷашни чандсамтаи Наврӯз. Дар рӯзи сиёҳу бадбахтии мардум ҳам тиҷораташро манфиаташро ҳимоя мекунад ва дар фикри он аст,наврӯзе,ки хурсандӣ ва хушнудие,он танҳо ба худи Раҳмонов маъқул буд….,