Ҳукумат ду пешниҳоди даҳгонаи Муҳиддин Кабириро пазируфт

Ислоҳ нет

 

Ҳукумат ду пешниҳоди даҳгонаи Муҳиддин Кабириро пазируфт

 

“Талафоти одамӣ аз коронавирус ҳисобнашаванда аст ва ҳамаи кишварҳо ногузиранд,ки фаъолияти муштарак ба роҳ монанд ,то ҳаёти инсонҳо ҳимоят ва зиёни иқтисодӣ камтар воқеъ уфтад”.

 

Бо ин хитоб Кристалина Георгиева ,раиси Сандуқи Байналмилалии Пул дар хатми телеконфаронс бо ширкати роҳбарони бонкҳо ва вазирони молияи кишварҳои аъзои G20 дар рӯзи душанбеи оғози ҳамин ҳафта муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи раиси Сандуқи Байналмилалии Пул оқибатҳои хисороти ворида ба иқтисоди ҷаҳон бар асари ин беморӣ сангинтар аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2008 аст.

 

Возеҳ аст ки ҷаҳон дар гирдоб ва офати ҷонситони коронавирус дармонда роҳи наҷот меҷӯяд. Давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҷиҳати ба ҳадди ақал расонидани хисора ва зарари коронавирус ба одамон барномаҳои фарогир ва муассири ёрӣ ва кӯмакро татбиқ карда истодаанд.Ин кӯмакҳо аз озодсозии корхонаҷот то тоҷирон аз пардохти ҳар навъи молиёт, таътили муваққати андозситонӣ, дар ихтиёри мардум вогузории маблағ ва ёриҳои давлатӣ, ройгон кардани хадамоти иҷтимоӣ,аз ҷумла пули масрафи нерӯи барқу газу об ва ғайраро фаро мегирад. Кишварҳои пешрафтае назири Фаронса ҳатто ғизо ва доруворӣ ба аҳолиро бо истифодаи хадамоти вижа анҷом дода истодаанд.

 

Муҳимтарин иқдомоте,ки ҷаҳон дар қиболи коронавирус татбиқ кард ин аст ки ҳамагуна маърака ва чорабиниҳои оммавиро қатъ кард. Ҳатто чорабиниҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ, назири Олимпиадаи тобистонии Токио лағв шуд. Ба хотири ҳифзи сиҳати мардум ҳамаи корҳо ва чораҳоро андешида истодаанд. Давлатҳо марзҳояшонро бастанд, ҳаракати одамҳо ва васоили нақлияи заминиву ҳавоӣ қатъ карда шуд. Мактабу маориф таътил шуд.Манзур аз таҷаммӯъи аҳолӣ ва маъракаҳои оммавӣ парҳез карда бишавад,то нохоста ва мабодо як нафари ибтило ҳазорон каси дигарро сироят накунад.

 

Аммо мақомоти тоҷик дар ҳоле дасти гадоӣ ба самти давлат ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз коронавирус дароз мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмонов ва аъзои оилаи вай сархушу сармаст ҷашни Наврӯз доир карда миллионҳо доллар аз хазинаи ин миллатро несту нобуд мекунад. Аз 22 то 26, ки Раҳмонов дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафари ба истилоҳ “корӣ” анҷом дод, дақиқан, ки миллионҳо доллари мардумро сарфи айшу ишрати худ кард. Шоҳидони ҳодиса қисса карданд,ки ягон шаби дар Хуҷандро ҳушёр нагузаронидааст.

 

Барномаи муқобала бо коронавируси Насим Олимзода, вазири тандурустӣ,ки ба манзури дарёфти пул ва кӯмак ироа шудааст, ба масал ҳамон хӯрҷин ва ё тубраи гадоҳо ва ҷӯгиҳоро ба ёд меоварад. Чун пеш кашида мешавад, ҳатман чизе дарунаш бояд чизе биандозанд. Ҳоло ин барнома чи миқдор маблағро дар назар гирифтааст, номаълум аст. Аммо то ҳамин имрӯз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, давлати Олмон, Шветсария, СММ ба ин хурҷин садақа додаанд. То ҳамин акнун Олмон 1 миллион евро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуруди ин беморӣ ва муқобала бо он кӯмак кардаанд. Кӯмаки миллионевроии Олмон тавассути Бонки Рушди Олмон– KfW барои харидории роҳандозии васоили беҳдоштии ҳимоятиии инфиродӣ, таҷҳизоти дармонӣ ва давраҳои бозомӯзии пизишкон барои мубориза бо густариши COVID-19 пешбинӣ шудааст.

 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо ирояи тавсия ва пешниҳодоти мушаххас аз кишварҳои ҷаҳон хост чораҳои фаврии мубориза бо коронавирусро рӯи даст бигиранд. Намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон аз Раҳмонов ҳам хост,ки маъракаҳои вобаста ба ҷашни Наврӯзро доир накунад.

 

Аммо….чуноне ҳамаи мову шумо шоҳид ҳастем, Раҳмонов ва аъзои оилаи вай ба шумули Рустами Эмомалӣ ва набераҳои бешумори Раҳмонов ба ин тавсияи СҶТ камтарин эътиборро ҳам қоил нашуданд. Худи Раҳмонов 1 ҳафта аст ки дар Хуҷанд бо майишат ва ишрат машғул аст. Говкушиву гӯсфандкушӣ, дегҳои қатор-қатор. Танҳо барои ороишоти электронӣ ва харидории мониторҳои бузурги саҳнаи наврӯзӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд,ки бо иштироки 12 ҳазор донишҷӯ ва кирояи балетмейстерҳо аз Ӯзбакистон сурат гирифтааст, ҳудуди 1 миллион доллар масраф кардааст. Барои муҳандисон аз Туркия,ки бахши монитор ва электроникаи ҷашнгоҳи Наврӯз дар Хуҷандро созмондеҳӣ кардаанд 700 ҳазор доллар музд додааст.

 

Сару либос попӯшу каллапӯши 12 000 донишҷӯе,ки наздики се моҳ маршировка карданд аз ин ҳисоб ҷудо аст. Харҷи сафари худи Раҳмонов аз Душанбе ба Хуҷанд ва баргузории чорабиниҳое,ки дар навоҳии атрофи Хуҷанд доир мешавад аз даҳҳо миллион доллар ҳам гузаштааст. Пурсида мешавад,ки чаро Раҳмонов ин ҳама маблағҳои мардумиро харҷ карда истодааст аммо барои ҷилавгирӣ аз бемории коронавирус ва мубориза бо он дасти гадоӣ ва тамаъ пеши давлат ва созмонҳо дароз карда истодааст? Агарки тоҷики зору ҷафокашида барои Раҳмонов ва оилаи вай қадру қиммат ва манзалате дошт, Раҳмонов дар як чунин шароит, ки ҷаҳон ва халқи ҷаҳон дучори мусибат аст ин ҳама пули мардумро сарф карда базму бозӣ мекард?

 

Эй,мардуми азиз! Ба ин тарафи масъала ҳам як бор фикр мекунед,ки чаро Раҳмонов тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустиро пушти по зад ва омад Хуҷанд то рақсу бозӣ кунад? Ин тарафи масъларо ҳам фикр кардед,ки дар Узбакистону Қирғизистон ва Қазоқистон, кишварҳои ҳамсояи мо ҳамарӯза одамҳо аз коронавирус мурда истодаанд ва ин давлатҳо дар баробари коронавирус ба зону зада дар сӯг нишастаанд, аммо Раҳмонов бо як пуррӯӣ ва рафтори ғайриахлоқиву ғайриинсонӣ тӯйю тамошо карда истодааст?

 

Мотами ҳамсояро бо тӯю тамошо ҷавоб дода истодааст. Бор, худоё як раҳ фикр кардед, ки аз онки Раҳмонов як ниҳол ва буттае дар замини шумо шинонд ва лентаи рамзии корхонаи шуморо қайчӣ кард ва парда аз лавҳаи девори муассисаи шумо бардошт, чи хоҳад шуд, чи фоида ва манфиате барои шумо меоварад? Танҳо ба хотири машрӯият бахшидан ба ҷашни Наврӯз,ки худаш дар он қаҳрамон аст, намози мамнӯъкардааш дар масоҷидро дубора иҷозат дод. Ин ҳам дар ҳоле аст ки имрӯз дар худи Макка қиблаи мо мусалмонон ва дар дигар кишварҳои мусалмони муҷтаҳидон ва уламои дин барои ҳифзи ҷони мардум фатвои гузоридани намоз дар манзилро содир карданд ва дар азон ибораи “Ало саллу фи риҳоликум” ё “Ассалоту фи буютикум”ро изофа кардаанд, ки маънояш намозҳоятонро дар хонаҳоятон гузоред.

 

Ман бе ҷиҳат ӯро коровавирус нагуфтам. Чун агар ақлу инсофи инсонӣ медошт, ин ҳама миллион-миллион харҷи беҳударо барои сокинони деҳаҳои Ҳалқаҷар ва Пахтаободи Хуросон, ки бар асари сел ҳатто ҷойи хоб надоранд, сарф мекард. Мусофирон, муҳоҷирони бандмонда дар фурудгоҳҳои Русияро, то инки кишвар ва миллат ва бесоҳибии он дар ҷаҳон мунташир нашавад, ба ватан бозмегардонд.

 

Ҳоло осоишгоҳҳои кишвар Шоҳамбариву Хоҷаобигарм мебоист маҳалли карантинаи коронавирус мешуданд ,на бемористонҳо дар маркази Душанбе. Аммо аз онки ин осоишгоҳҳоро духтару домодҳояш харида хусусӣ кардаанд комилан дар ин ҳолати вахим дар ихтиёри мардум намегузоранд.

 

Татбиқи пешниҳоди якуми раиси ПМТ устод Муҳиддин Кабирӣ

 

Пешниҳоди дуввум чунин буд:

 

2. Дар биноҳои васеътар ва муносиб бо шароити беҳтар ҷой кардани ҳама касоне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Сухангӯи вазорати тандурустӣ Бибихонум Дарвешзода афзудааст:

 

“Ҳоло ин мушкил пеш омадааст, ки афроди аз хориҷа ба Тоҷикистон воридмешударо бо карантин фаро гирем, аммо ҷой надорем. Аз ин хотир, мо ба вазорату идораҳои дигари давлатӣ муроҷиат кардем, ки бӯстонсарову истироҳатгоҳҳои худ дар дараҳои Ромиту Варзоб ва ҷойҳои дигарро дар ихтиёри мо гузоранд. Бархе розӣ шуданд, аммо аксарият хомӯшӣ ва бетафовутиро пеша кардаанд.

 

Вазорати тандурустӣ доду фиғон дорад,ки соҳибони “Бӯстонсаро”ҳо барои гузоштани бӯстонсароҳояшон дар ихтиёри вазорати тандурустӣ кутоҳӣ доранд ва аслан таваҷҷӯҳе надоранду хомӯшанд. Хуб барои ҳама маълум аст,ки соҳибони он бӯстонсароҳо киҳо ҳастанд. Ин авбошон кадом вақт дар фикри солим мондани миллат буданд,ки ҳоло бошанд. Шиорашон “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” буд ва боқӣ мемонад.

 

Дар идома афзӯдааст: “Ҷой ҳаст, аммо ду, се, чор ё даҳ ҷой дар бемористону макони мухталифи аз ҳам дур, ки ин мушкили интиқолро низ ба вуҷуд меорад. Ба ин далел, ки ҷой набуд, мо як қисми бузурги мусофиронро дар истироҳатгоҳи Хоҷа Обигарм, 50 – километрии шаҳри Душанбе ҷой кардем. Мо аз вазорату идораҳо ҷиддан тақозо мекунем, ки бо мо ҳамкорӣ кунанд. Онҳо ҳатто тасаввур намекунанд, ки Худо нохоста, ин маризӣ ояд, ба сари мардум чӣ хоҳад омад”, – гуфт Бибихонум Дарвешзода.

 

Бале ин тавсияи раиси ПМТ устод Муҳиддин Кабирӣ буд,ки ҳатман бояд дар макони муносиб қарантина гарданд,ки он дар ҳоли татбиқшавӣ мебошад, агарчӣ бо мушкил рӯбарӯҳам бошанду кор ба сахти пеш равад.Ногузиранд ин корро кунанд,то аз интишори ин беморӣ коҳиш диҳанд.

 

Муҳоҷирони бандмондаро аз Домодедово ба Кулоб оварда дар бемористонҳои инҷо карантина кардааст. Як нафар барои самолёти “Сомонэйр”-и Ҳасан Асадуллозода ба ҷои се нафар пул супорида иҷозаи бозгашт ба ватанро гирифта истодааст. Билети 2000 сомониро 6000 сомонӣ фурухта истода буданд. Раҳмонов ва фарзандонаш,ки ҳоло зимоми давлатро дар даст гирифтаанд, то рӯзе,ки ҳастанд, монеи зиндагии орому осудаи мардуми мазлуми кишвар хоҳанд буд.

 

Татбиқи пешниҳоди дуввуми раиси ПМТ устод Муҳиддин Кабирӣ

 

1. Ба таври ҳамагонӣ ва бепул ба кишвар овардани ҳама шаҳрвандони Точикистон, ки дар хориҷ мондаанд ва нияти бозгашт ба ватан доранд.

 

Аммо тибқи хабари охири нашр гашта дар “Сомонаи Ахбор сом” дар мавриди муҳоҷирони бозмонда дар фурӯдгоҳҳои Русия мислеки ба тавсияҳои раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ барои интиқоли ройгони муҳоҷирон сафорати Тоҷикистон корҳоеро дорад анҷом медиҳад.Тоза аз хоби гарон бедор шудаанд. Метавонем бигӯем,ки тақрибан ду пешниҳод дорад,то ҷое амалӣ мегарданд,ин хуб аст ва ҳоло бояд душманиро канор гузошту барои беҳбуди вазъ корҳои судманде барои миллату давлатамон анҷом дод.

 

Анӯшервони писари даҳсолаи Рустам аз кадом пул аспҳои миллиондолларии зоти анлисиву аҳалтегинӣ мехарад,ки барои маҳзи хотири ҷоизабадастоварии ӯ ҷони ҳазорҳоро ба хатар андохта пойгаи аспдавонӣ ташкил мекунад?

 

Воқеият ин аст ки Раҳмонов ва духтару домоду писару набераҳояш ин мардумро кашидагианд. Як нафар аз “фермаи ҷавоб” ин гуфтаи моро бо навиштааш рӯирост тасдиқ мекунад. Вай навиштааст,ки “Наҳзатиҳо, ки ҳаррӯза бо ин мақсад маводҳои ҷудоиандозона паҳн мекунанд ин навбат бо баҳонаи коронавирус кӯшиш карда истодаанд, ки сади роҳи ҷашнигирии иди наврӯз шаванд. Вале мо бояд бо ҳар ваҷҳ ин иди таъирихиамонро гузаронему ба сафсатаҳои онҳо гуш надиҳем”.

 

Мо гуфта ӯ халқи тоҷикро дар назар надорад. Мо-и вай ин Раҳмонов ва оилаи яъҷуҷ ва маъҷуҷи ӯст.

 

Аммо дар ҳар сурат ҷаҳон танҳо иборат аз Раҳмонов нест. Имрӯз шабакаи Алҳивори Арабӣ хабареро интишор дод,ки Ҳулланд 22 миллиард доллари Нурсултон Назарбоевро,ки ошкор шуд дуздӣ аст аз бонкҳояш берун кард ва сарфи арсаи гулпарвариаш намудааст,ки дар ин карантин ин соҳа зарари ҷиддӣ дидааст.

 

Ҳоло ин масъала дар дастури кори роҳбарияти абарқудратҳои олам аст ки маблағҳои оффшории диктотурҳо ва оилаҳои онҳоро барои мубориза бо коронавирус харҷ хоҳанд кард. Баъид нест,ки маблағҳои баҷоии дуздии Раҳмоновро ҳам сарф мекунанд.

 

10. Баргардонидани маблағҳои офшорӣ ба кишвар ва ворид намудани онҳо ба буҷаи давлат барои амалӣ кардани тарҳҳои миллӣ ва нигаҳдштани низоми иқтсодии кившар аз муфлисшавӣ.

 

Пас мебояд ин машварати дигари раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ,ки дар мавриди бозгардонии маблағҳои дар офшор бударо ба ватан баргардонед ва лутфан ин гуфтаро ҳам амалӣ намоед ва аз даҳ сетои он амалӣ мегардад. Ақалан дар ҳаётатон як кори хайреҳам кунед, охир он маблағҳоро мегиранд ва “Дуздро қароқчӣ мезанад” он маболиғро на худатон мехуред ва на наздиконатон ва боз дар назди Аҳкамул ҳокимин посух мегуед.

 

Эй. Мардуми азиз!

 

Ҳоло агар супербоғро Раҳмонов кушояд чиву каси дигар кушояд чи? Ҳоло агар корхонаро Раҳмонов кушояд чиву каси дигар кушояд чи? Заводи истеҳсоли “Боинг” ё корхонаи дигарро магар Раҳмонов кушод. Бибинед Раҳмонов Роғунро кушод. Бале кушод. Аммо ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор ногирифта 1 миллиард сомонӣ қарздор аст. Раҳмонов даст ба Талко зад, Талко тамом шуд.

 

Эй, мардум шахсе, ки аз Худо ва Расулатон безор аст ӯро чи мекунед сари кору корхонаатон оварда? Аз як бадмасти алкоголики бенамозу бетаҳорат шумо чи таваққӯъ доред? Аз як дузди амбори колхозӣ, ки чи таваққӯъ доред? Гуфтам ва бори дигар мегӯям,ки хареду захира кунед. Инки мегӯяд ду сола захира барои мардум дорад дурӯғи маҳз аст. Аз ин қашшоқбача ҳанӯзам,ки ҳанӯз аст бӯи гадоӣ аз биниаш нарафтааст. Магар кори як давлатдор чунин аст? Магар асптозӣ ва баранда кардану ғолиб эълон кардани аспҳои Анӯшервон бо номи “Шерхон –Дарк” ва “Паймон” ва аспҳои Исмоили писари Фируза дар ин шабурӯз аст, ки тамоми дунё дар ғаму андӯҳ аст ва як фардои торике, норӯшане интизор аст,чи маъно дорад?

 

Аз як сӯй харҷу масрафи миллионҳоӣ аз сӯи дигар дасти гадоӣ дароз кардан аз номи давлат ва миллати тоҷик.

Воқеан ҳам дуруст гуфтаанд,ки

Қабила чи бошад,ки шоҳӣ кунад?

Ба қудрат чу ояд табоҳӣ кунад!

 

Share This Article