“Ахбор сом”–ро ҳам Суди олӣ вориди листи сомонаҳои таҳримшуда қарор дод
Роҳи чораи Раҳмонов муқобили матбуоти мустақил ва мунтақид ҳамин додгоҳ мондаву бас. Ҳалномаву ҳукм содир мекунад. Дигар,шукри Худо аз дасташ коре барнамеояд. Воқеан ҳам дуруст гуфтаанд, ки ҷаҳон дигар рӯи иттилоот мечархад. Ин матбуот ва иттилоот аст,ки пинҳони диктотурҳое назири Раҳмоновро пайдо ва дар дастраси ҳамагон қарор медиҳад.
“Ахбор.ком” вобастаи интишороти “Шарқи Озод” нест,ки гираду пар канаду бибандад. “Ахбор.ком” “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва “Минбари халқ” ҳам нест, ки аз роҳи иҷбор мардум обуна шуда бошад, балки садои ҳақиқии мардум аст ва ҳам минбари воқеии халқ. Раҳмонов, бо онки ҳукуматашро устувору “сварка” кардаасту бо писару духтарҳову домодҳояш идора мекунад, аз садои мардум метарсад, аз садои мардуме,ки ҳам инак бо “Ахбор.ком” паҳну густариш ва дар ақсои ҷаҳон пароканда мешавад, метарсад.
“Ахбор.ком” ончиро, ки Раҳмонов намехоҳад мардум бидонанд, ба мардум мерасонад. Ин нашрияи хусусӣ дар тӯли чаҳор соли фаъолият ба ҳадде бо тоҷику Тоҷикистон қарину наздик шуд, ки ҳар касе дар даст як телефони ҳамроҳ дорад, ҳатмани ҳатман аввал саре ба он мезанад. Ку, бубинем Мирзои Салимпур чи гуфтааст?
Мирзои Салимпур кадом ихтироъу эъҷозе накардааст, каромот ҳам нишон надодааст. Салимпур аз худи халқ мегираду ба худи халқ мерасонад. Нашрияашро, сайташро, сафҳаашро, сомонаашро,..муҳим нест, ки чи ном бигирем, мунтаҳо дар ихтиёри мардум гузоштаааст, ба мардум дод. Дар ҳоле, ки Раҳмонову дору дастааш, минбарҳои мардумро, минбарҳои масҷидро, минбарҳои зиёиву рушанфикри миллатро шикасту тика-пора кард, ӯ баракс дар дастрас ва истифодаи мардум гузошт. Аз даруни УБОП, аз даруни УУР,аз даруни Минфин, аз даруни Суди Олӣ, аз даруни Прокуратура, аз даруни Аппарати Президент ва аз даруни КГБ ва “фермаи ҷавоб” хабар медиҳад. Матлабу гузоришҳои “Ахбор.ком” бо ин ки мудаллал ва мувассақанд, бо онки сиру асрор ва бозиҳои пушти пардаии Раҳмонов ва дору дастаашро ошкоро ба тасвир кашиданду кашидан доранд, ҷон аз қолиби мафкурасозон ва барномарезони ӯ мебарорад.
“Фермаи ҷавоб” як ҷо бо Подабони пир шояд бештарини “эҷод” ва “осор”-ашонро ба “Ахбор.ком” ва Мирзои Салимпур бахшида бошанд. Ӯро танқиду таҳқир карданд, аксҳои ғайриахлоқӣ ва шеъру достонҳои ба истилоҳ ҳаҷвӣ муқобилаш чоп карданд. Тамоми штатиҳову ғайриштатиҳои “фермаи ҷавоб” садҳо маротиба ва бештар аз он зидди Мирзои Салимпур навиштанд, таънаву томот ҳам карданд, аммо мисле,ки дилашон хунук нашуд. Ҳамин ҳоло ҳам ӯро ба ҲНИТ марбут дода истодаанд, ки ман шаҳодат медиҳам,сари мӯе дахл надорад. Тамоми талошро карданд,ки “Ахбор.ком” -ро бадном кунанд. Баракс шуд ва дар моҳи сентябри 2018 адади хонандагонаш дар камтар аз ду сол 10.000 000 шуда буд ва то имрӯз 20.000 000 хонанда ва муштарӣ мутолиааш кардаасту ҳар лаҳза ин шумора дар ҳоли афзудан аст. Кадом сайту нашрияи Раҳмонов ва “фермаи ҷавоб”-аш ҳатто садяки инро доранд?
Раҳмонов ва дору дастааш бар ин гумонанд,ки ҳар журналисту нигорандае, ки ҳарфи ҳаққу дурустро навишт ӯ наҳзатӣ аст. Мо бисёр мехоҳем,ки чунин бошад. Аммо ин тавр нест. На “Ахбор.ком” ниёзе ба ҲНИТ-у ПМТ дорад ва на баракс.
Ба унвони як хонанда ва як ҳамкасб эътироф мекунам,ки “Ахбор.ком” дар шумори беҳтарин расонаҳо қарор дорад ва сардабири он дар сатҳ ва саффи журналистони беҳтарини дунё мақом касб кардааст.Чаҳор сол мешавад,ки тани танҳо кори як Оҷонсӣ ва як Маркази таҳлилии бузургро иҷро мекунад. Имрӯз машҳуртарин ва маъруфтарин расонаи мустақили интернетии тоҷикӣ аст,ки аз як донишомӯз то устоди донишгоҳ ва аз як коргари қаторӣ то вазир онро мутолиа мекунанд. Бо итминони қавӣ метавонам бигӯям,ки “Ахбор.ком” аз маъдуд расонаҳои тоҷикӣ аст,ки ба як рукни рӯзгори мардуми тоҷик бадал шудааст.Агар хато накунам ман дар умум чанд маротиба бо Мирзо Салимпур сӯҳбат кардаам ва онҳам марбут ба баъзан хабарҳо ва ончи марбут ба соҳаи кории ду расонаи тоҷикӣ буд. Ҳатто як бор Ислоҳ бо тавтиъаи як тавтиъакоре як матлаби зид ҳам навишта будам. Аммо пас аз таҳқиқ фаҳмидам, ки он воқеан як тавтиъаи режим вале мехостаанд,ки бо дасти мо нашр гардад ва пас аз дарки масала ислоҳаш кардам. Ҳама вақт дар нашри матолиб ончи иштибоҳ бошад,бидуни ҳеҷ даранге онро ислоҳ менамоям ва омодаи пузишталабӣ ҳам ҳастам. Боз як ҳодисаи дигаре ҳам сурат гирифта буд ва он ҳам ҳангомеки Сомонаи Ислоҳ ба кор оғоз намуд ба Мирзои Салимпур навиштам,ки аз ифтитоҳи Ислоҳ.нет хабар нашр кунед. Аммо ба гӯнае радди ҷамил намуданд ва дигар исрор ҳам накардам.
Раҳмонов аз ҳамон оғози ба қудрат расидан бо матбуот миёнаи хуб надошт. Вай аз матбуот ва журналист сахт тарсу ҳарос дорад. 28 сол аст ки раис аст, аммо ягон маротиба конфаронси хабарӣ надодааст, рӯбарӯ бо журналистон истода ба саволҳои онҳо посух нагуфтааст.
Инки тафтишоту додгоҳи паноҳиниву баҷоии баргузоршудааш алайҳи “Ахбор.ком” аз реша дурӯғ астро ҳамаамон медонем. Ҳатто гумонам ин аст ки на кадом тафтише буд ва на кадом додгоҳе. Агар ки буд, бигзор расонаӣ кунанд, ки тафтишоти муқобили “Ахбор.ком”-ро кадом раёсати Додситонӣ анҷом дод? Муфаттиш кӣ буд? Оё аз тарафи “Ахбор.ком” дар тафтишот кӣ намояндагӣ кард? “Ахбор.ком” бо адвокат таъмин шуда буд? Муҳокимаи додгоҳии он чи тавр сурат гирифт? Дар толори додгоҳ ва ошкоро ва ё дар утоқи судя ва пӯшида? Судя кӣ буд? Ҳукмро кӣ қироат кард? Бори дигар шуморо бовар мекунонам,ки ин гуна марҳилаҳо нагузаштааст. Танҳо аз “фермаи ҷавоб” гуфтанд, ки ҳамин гуна як ҳалнома содир кунед.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон,ки ахиран аз бузкашӣ ва соҳиби ҷоизаи мошин шуданаш “Ахбор.ком” навишта буд, бо хушу хурсандӣ ин пешниҳодро қабул ва “Ахбор.ком”-ро маҳкум кард.
Танҳо ҳокимони худкома, диктотур ва дарозумри сиёсӣ аз вуҷуди расонаи озод ҳаросу тарс доранд. Чунки тӯли солҳои дарози дар сари ҳокимият истодан фақат ҷиноят содир кардаанд, фақат молу сарвати мутааллиқ ва мансуб ба миллатро дуздидаанд. Раҳмонов ҳам яке аз онҳо аст.
Раҳмонов бадтар аз онҳо дуздиву ғорат ва ҷиноят содир кардааст, барои ҳамин аз расонаи мустақил ва озод сахт метарсад. Ин аксиома аст, мавриди баҳс ҳам нест. Раҳмонов,ки ҳам ҳаммаҳалу ҳам хешу табору ҳам бачаву духтару домодҳояшро ба ҳокимият ва мансабҳои давлатӣ ҷалб кардааст, Раҳмонов, ки писарашро ба ҷойи худаш тайёр кардааст, аслан намехоҳад, ки ягон журналист ва ё ҳар касе дигар дар ин бора ҳарфи дигар занад. Вай намехоҳад, ки барояш бигӯянд, ки Рустамро ба ҷойи худат наовар, худат ҳам кайҳо бояд аз вазифа биравӣ, чунки ҳамаро ҷазир кардӣ. Ҳамин ки борҳо Қонуни асосиро барои онки дар сари ҳокимият биистад иваз намуд ва ҳамин ки ба рағми тамоми қоидаи низоми демократӣ умрбод дар сари қудрат меистад,худ як ҷиноят аст. Албатта, ин ҳарфҳоро журналистони чоплусу хушомадгӯ намезананд, аммо “Ахбор.ком” мегӯяд. “Ахбор.ком” гуфт,ки ГАИ аз “номер”-у “права” ҳамагӣ 15% мегирифтааст, аммо бақияаш дар ҷиғилдони Раҳмонову домодаш Шамсулло-раиси “Фароз” меравад. Ин чунин маъно дорад, ки ғорат ва яғмои мардум аз тарафи Раҳмонов рӯ зад. Албатта, чунин навиштан ва воқеиятро бозгӯ кардан ба Раҳмонов намефорад. Ростӣ ба кадом дузд хуш меояд,ки дар малаи омм ва барои миллионҳо бигӯӣ,ки ин дузд аст. Дар ҳоле,ки иддае аз тардомани бешараф ӯро мадҳу сано мехонанд,ду-се резахӯру сарқутхӯраш ӯро тавсифу таъриф мекунанд.
Маълум нест,ки бо мамнӯъ кардани “Ахбор.ком” чи суде ба даст меоварда бошанд. Аммо ду сол аст,ки дастрасӣ бо онро дар кишвар манъ кардаанд.Ҳоло бо суд кардан боз чи қасду ғаразе дошта бошанд?
Аммо як нуктаи ҷолиб дар ин қарори додгоҳ дар баробари “Ахбор.ком” суд кардани “Nahzat.ru” аст,ки гӯиё он ҳам ба ҲНИТ ва ПМТ марбут бошад. Ин як бозӣ, дақиқтар тарҳи дигари КДАМ аст,ки бо ин васила мехоҳанд барои ин сомонаи гумном хонанда ҷалб кунанд. Ман бо сароҳат ва қотеъият эълом медорам,ки ҲНИТ чунин сомона надорад ва ин як сомонаи ҷаълии “фермаи ҷавоб” аст, ҳамчуноне як сайти .akhbori.com-и дурӯғиро сохтаанд,ки касе намехонадаш.
Мирзои Салимпур, бунёдгузор ва сардабири “Ахбор.ком” дар ҷавоб ба чунин мавзеъгирии Раҳмонов бо сароҳат иттиҳомоти эълонамудаи тафтишот ва ҳукми додгоҳро рад кард ва гуфт,ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба касе:- на ба Раҳмонову Ятимов ва на ҲНИТу ПМТ “хидмат” накардааст ва расонаи ӯ ва худи ӯ мустақил ҳастанд. Салимпур воқеиятро гӯшзад кардааст,ки манъи фаъолияти ҲНИТ, Паймони миллӣ ва “Гурӯҳи 24” аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистонро, то имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ касе эътироф накардааст ва то вақте чунин аст, барои матбуоти озод ин гурӯҳҳо як бахши ҳаёти сиёсии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Ин чунин маъно дорад,ки “Ахбор.ком” минбаъд ҳам дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳои Тоҷикистон, ки муваққатан дар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд,хоҳад навишт.
Мирзои Салимпур,хабарнигори забардасти тоҷик то таъсис ва роҳандозии “Ахбор.ком” дар “Озодӣ” фаъолият мекард. Шурӯъ аз соли 2016 ӯ сомонаи мустақили худро таъсис дод,ки ҳоло пештози расонаҳои тоҷикии шабакаи ҷаҳонии интернет ба шумор меравад.
Манъ кардану бастани расона, ба вижа нашрияи интернетӣ роҳи чора нест. Чора ин аст ки худро ислоҳ кунед ва душманҷӯӣ ва душмансозиро бас кунед.