ҒАМЗАИ УШТУР Ё «ТАВСИЯҲОИ АКАДЕМИКӢ»

Ислоҳ нет

Ё посух ба ҳарзаҳои академик Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз,нобиғаи АМИТ

 

Ҳар гоҳе дар саҳифаҳои рӯзнома ё чизи дигаре аз васоити ахбор чашмам ба навиштаҳои ноиби президенти Академияи миллии илмҳо А.Маҳмадов (Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз) меафтад, онҳоро ҳатман мехонам. Мехонам, на барои он ки ӯ маводи хонданибобе навишта бошад, балки ман ҳамчун шахсе, ки аз айёми донишҷӯӣ эшонро мешиносам ва сатҳи донишу фаҳмиши он касро медонам, ҳамеша андеша мекунам, ки чи тавр ҳамин одам то ба чунин мақомҳои баланд расид. Суханрониҳояшро дар ТВ гӯш мекунам ва навиштаҳояшро мутолиа мекунаму ҳамон лексияҳои берангу бемазмунаш пеши назарам меоянд. Худаш сарфаҳм намерафт, ки чӣ мегӯяд. Лексияҳо хеле дилгир буданд. Ҳис карда мешуд, ки мардак дониши казоӣ надорад, китоб нахондааст, лекин хеле маккору найрангбоз аст. Сатҳи донишаш ба донишҷӯи миёнахон баробар буд, вале факултетро роҳбарӣ мекард. Ва ҳоло бошад, хуҷаини илми ҷумҳурӣ…

 

Рӯзҳои охир ду маводи ӯро дар сайти АМИТ «Ховар» бо номҳои «Бетарафӣ худ нишонаи марг аст» ва «Ҳар шом, ки ояд, зи паи он саҳаре ҳаст…», ки аслан дар сатҳи рӯзномаҳои ноҳиявӣ омода шудаанд, хондаму чеҳраи аслии ин одам пеши назарам омад: камдониш, популист, тамаллуқкор, носипос ва хеле хатарнок.

 

Ман доир ба сатҳи илмӣ ва мазмуни мақолаҳо чизе намегӯям, зеро онҳо арзише надоранд. Ин олими муътабар хоксориро фаромӯш карда, дар маводи «Ҳар шом, ки ояд, зи паи он саҳаре ҳаст…» сӯҳбати бемантиқашро «… роҳи беҳтарин ва самараноки пешгирии ҳама гуна бемориҳо» муаррифӣ кардааст. Хеле олиҷаноб. Ин академик ба саволи «политология чист?» ҷавоб дода наметавонаду оид ба пешгирии ҳама гуна бемориҳо ба мардум тавсия медиҳад…

 

Таваҷҷуҳи маро дар ин мавод, аслан лаҳзаи дигари он ҷалб намуд ва маҳз ба ҳамин хотир хостам бо устод А.Маҳмадов суҳбат кунам. Шумо навиштаед: «Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ мардуми мо дар баробари амалҳои созанда боз ба чандин масъалаҳои номатлуби ҷомеа(!) рӯбарӯ гардиданд, ки шуҷоатмандона аз уҳдаи бартараф намудани онҳо баромада тавонистанд. Маълум аст, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ қисме аз мардумони мамлакат(!) бо ду бало, бо ду бемории вабо рӯбарӯ гардиданд, ки аз хотираи таърихӣ дур нахоҳад монд. Ин вабоҳо агар, аз як ҷониб, демократмаобону исломгароёни ҷумҳуририро ба балои нави мансабталошӣ гирифтор карда бошанд(!), аз ҷониби дигар роҳҳоро аз бисёр минтақаҳои ҷануби мамлакат(!) банд карда буданд.

 

Дар натиҷа доду гирифти маҳсулоти кишоварзӣ, орду гандум ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал қатъ карданд, ки ин боиси хуруҷ ёфтани домана, табларза ва заҳролуд шудани сокинони баъзе ноҳияҳои мамлакат гардид. Шояд дар тамоми ҳаёти бошуурона чунин бадбахтӣ, нотавонбинӣ ва одамбадбинии мансабталошону дасисабозони маҳалчию ифротгароёни исломиро надидаю нахондаю нашунида будам. Чӣ илоҷ, ки табиати инсон хеле мураккаб ва пуртаззод будааст.»

 

Бале устод. Хеле хуб гуфтед, ки: «табиати инсон хеле мураккаб ва пуртаззод будааст.» Акнун ба шумо мегӯям, ки дар мадди аввал вуҷуди худи шумо чунин «мураккаб ва пуртаззод» аст. Мураккабии худи шумо, дар он аст, ки академик шуда ба оддитарин мафҳумҳои илмӣ ва меъёрҳои мантиқ сарфаҳм намеравед, вале шарм надошта барои мансабҳои баланд талош меварзед. Истифодаи худи ҳамин ифодаҳои «қисме аз мардумони мамлакат» ва «…аз бисёр минтақаҳои ҷануби мамлакат банд карда буданд» баёнгари он аст, ки дар сатҳи роҳбари Академияи илмҳо не, дар сатҳи шахси аввом гап мезанед.

 

Доир ба масъалаи демократмаобону исломгароён навиштаед: «Шояд дар тамоми ҳаёти бошуурона чунин бадбахтӣ, нотавонбинӣ ва одамбадбинии мансабталошону дасисабозони маҳалчию ифротгароёни исломиро надидаю нахондаю нашунида будам». Дар андешаҳои ин академик қоил нашаву қандата хӯр. Зеро ҳаёти ин мардак, ба гуфтаи худаш, ба давраи «бешуурона» ва «бошуурона» ҷудо мешудаст. Тавре ки аз мантиқи ҷумла бармеояд, ин мардак, ҳатто дар давраи хаёти «бешууронааш» низ хонда метавонистааст, вале азбаски китоб дастрас нашудаст, дар бораи …исломиҳо нахондааст ва нашунидааст. Нашуниданатон – айби дигарон аст, ки барои шумо нақл накарданд, вале нахонданатон, устоди гиромиқадр айби худатон аст. Зеро шумо умуман нахондаед ва намехонед. Ҳатто дар лексияҳо ва дар конференсияҳо шумо, аслан шунидаҳоятонро нақл мекунед, зеро ки намехонед ё хонед ҳам, ба фикрам сарфаҳм намеравед. Устод, хондан даркор!

 

Акнун мегузарем ба масъалаи асосӣ. Ҳадафи суҳбат ё мақолаи шумо тавсия додан ба мардуми Тоҷикистон оид ба «… роҳи беҳтарин ва самараноки пешгирии ҳама гуна бемориҳо» буд, вале мавзӯи суҳбатро як тараф монда, якбора ба «исломиҳо ва демократмаобон» часпидани шумо маро дар тааҷҷуб гузошт. Ин чи маънӣ дошт?

 

Барои ман, ҳамчун хонандаи одӣ, чунин масъалагузории шумо хеле ҳайратовар буд ва ин ҷо хулосаи шахсии худамро меорам:

 

1. Маводи нашргардида-«Ҳар шом, ки ояд, зи паи он саҳаре ҳаст…» як пула арзиш надорад. Ин «андеша-»ҳо агар аз ҷониби ягон нафар соҳибкор ё сардори хоҷагӣ дар сатҳи рӯзномаи ноҳиявӣ садо медоданд, фаҳмидан мумкин буд. Вале шумо бо чунин муҳокимарониятон Академияи илмҳоро шарманда кардед. Худатон нағз медонед, ки мақолаатон ягон арзиш надорад, вале бо сангандозӣ ба «исломгароён ва демократмаобон» хостед онро хонданибоб ва арзишманд намоед. Лекин нашуд. Начаспид.

 

2. То ҷое ки медонем, айни ҳол худатон дар вазъияти нохуб қарор доред. Аз ҳисоби фурӯши диссертатсия ба афғону эронӣ ва мансабдорони тоҷик хона сохтед, ба духтаратон мошин тӯҳфа кардед ва духтарат ба наздикӣ бо ин мошин одамро зер карда кушт ва бо маблағи калон духтаратро аз ҳабсшавӣ раҳо намудед, диссертатсияҳои «шогирдонат»-ро, ки ВАК-и Тоҷикистон гардонд, маблағҳояшонро шумо аллакай бо янгаи навамон дар Сочи харҷ кардед ва талаби муаллифони диссертатсияҳо дар бораи баргардондани маблағҳои аз онҳо гирифтаатон шуморо боз ба ташвиш оварда истодааст. Яъне аз манбаъҳои даромади муфт маҳрум шуда истодаед. Овозаи диссертатсияфурӯшӣ ва порахӯрию дигар амалҳои манфуратон ба ҳама ҷо расидааст. Хатари аз вазифа сабукдӯш шуданатонро ҳам бараъло эҳсос карда истодаед. Бинобар ин, хостед бо санг андохтан ба сари «исломгароён ва демократмаобон» худатонро одами содиқи ҳукумат нишон диҳед. Вале дашному ҳақорат ба сари исломиҳо низ шуморо аз ин вазъият наҷот дода наметавонад. Хато кардед.

 

3. Ҳолати асосӣ ва муҳим. Шумо бо исломиҳо дӯст ва нонхӯру намакхӯр будед. Солҳои зиёд медидам, ки дар тӯю маъракаҳои ба фармудаи худатон «исломиҳои одамбадбину…» генералҳо Мирзоҷага, Ғайратшо, Хоҷӣ Ҳалим ширкат варзида, бо табассумҳои хеле маккоронаатон наздашон рӯбоҳ барин дум меликондед. Онҳо ба Шумо кумакҳои молиявӣ мекарданд. Ҳамон «исломиҳои одамбадбину маҳалчию ифротгаро» писаратонро дар МЧС ба кор қабул карданд. Ба Муҳиддин Кабирӣ хеле хушомад мезадед. Гарчанде як ҳиссаи дониши М.Кабириро надоред гӯё роҳбари илмиаш будед. Ӯ ҳам бар ивази тамаллуқҳоятон ба шумо кумаки молиявӣ мекард. Ба хотири ҳамин «исломиҳои…» бо фарзандонат панҷ вақт намозатро дар масҷид мехондед.

 

Шумо фурсат мепоидед, ки шояд исломиҳо муваффақ шаванд ва ҳамон лаҳза бо писаронат худатонро дар сояи онҳо мегирифтед. Лекин имрӯз боварӣ ҳосил кардед, ки аз онҳо дигар фоидае нест, акнун тарафашон сангпартоӣ мекунед. Эҳ, устод! Шумо чанд рӯй доред? Акнун, боз бармегардем ба навиштаи худатон: «табиати инсон хеле мураккаб ва пуртаззод будааст.» Ана ҳамин мураккабии инсон аст, ки ман ва манбаринҳо шуморо ҳеҷ нашинохтем, ки шумо кистед? Воҳима карда, дар шарҳи ҳолатон худатонро паҳлавон ва устоди спорти СССР менависед. Фаҳмидем, ки устоди спорти СССР не, ҳатто номзад ба устодии спорти СССР набудаед. Варзишгарон низ ин гуна паҳлавонро намешиносанд. Дар давраи донишҷӯӣ як варзишгари сатҳи миёнаи Пединститути Кӯлоб будаед, вассалом.

 

Дар барқароркунии сулҳ нақши худатонро хеле воҳима карда нишон медиҳед. Дар як конференсия оҳи сард кашида, ашкҳоятонро низ «пок» карда, «ҷанги шаҳрвандӣ даҳшат буд, баъзан 6 моҳ фарзандонамро намедидам» гуфта, аз худатон қаҳрамон тарошиданӣ шудед. Дурӯғи маҳз! Аз аҳли толор низ ин афсонаатонро касе бовар накард. Ҳама медонад, ки шумо дар ягон амалиёти ҳарбӣ иштирок накардаед ва автомати Калашниковро фақат дар кино дидаед. Шумо ҳам Ҳукуматро фиреб медодед ва ҳам оппозитсияро.

 

Воҳима карда, худатонро доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, академик ва боз ким-чиҳои дигар менависед. Фаҳмидем, ки дипломи докториатон қалбакӣ буда, диссертатсия ва автореферати докториатон дар ягон китобхонаи Россия ё Тоҷикистон вуҷуд надорад. Инро ҳама медонанд. Ин амали шуморо устоди муҳтарам «мошенничество» меноманд ва барои ин дар қонунгузорӣ то 12 сол маҳбас пешбинӣ шудааст. Албатта, навбати ин ҳам мерасад.

 

Бо фарзандонат панҷ вақт намозро дар масҷид мехондед. Якбора бо иваз шудани «боду ҳаво» ва ба душмани ислом табдил ёфта, ба гуфти ҳамшаҳриҳоятон муқобили исломиҳо ба ҷакидан пардохтед?! Устод, дар кӯрнамакӣ ба фикрам дар ҷумҳурӣ ҷои якумро мегиред. АҲСАН!

 

Устод, воқеан ҳам шумо одами мураккаб ва ниҳоят хатарнок будаед. Кӣ буданатонро танҳо худатон медонеду Худованди бузург. Боқӣ ҳама назди макру найранг ва чоплусиҳои бешарафонаи Шумо бечораанд.

 

Маълум аст, ки бо ин тамаллуқҳоятон худро назди ҳукуматдорон нағз карда нишон доданиед, то ки барои худату писаронат ягон ҷояки равғандоре ҷудо кунанд. Лекин устод обрӯятон он қадар коста гаштааст, ки ин амалҳоятон ғамзаи уштурро ба ёд меорад. Бо ин «ғамзаҳо»-и бесаводонаатон ҳамин обрӯи набудагиатонро низ аз даст хоҳед дод ва пушаймон хоҳед шуд. Дар паноҳи Худо бошед!

Бо эҳтиром,
Абдуфаттоҳ Саидзода

Share This Article