Бритониё 20муттаҳам ба қатли Хошуқҷиро таҳрим кард
Ахиран вазорати хориҷии Бритониё эълом кард,20 шахси муттаҳам ба қатли Хошуқчиро ба феҳристи афроди таҳти таҳрим шомил кардааст. Ҳамчунин қарор аст 25 нафари дигар аз Русия-шахсоне,ки дар куштори адвокат Сергей Магнитский дар соли 2009 даст доштанд, шомили таҳримоти ин кишвар бишаванд.Тибқи иттиллои маҷаллаи “Middle East Eye” ёвари собиқи валиахди Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон Саъуд Қаҳтони, ва ноиби раиси иттилооти собиқ Аҳмад Ъусейри ва як корманди собиқи идораи иктишофӣ Моҳир Мутайрӣ вориди феҳристи афроди таҳти таҳрим шудаанд. Вазорати хоричии Бритоние изҳор дошта,ки нафаронеро,ки барои ҳаёти шахсии дигарон таҳдид кардаанд нахоҳем бахшид ва онҳо таҳти таъқиб қарор дода мешаванд. Таҳрим шаҳрвандони Бритониёро,онҳоеро,ки дар марги адвокат Сергей Магнитский даст доранд ва ҳамкорӣ кардаанд, дар бар мегирад.
Як сол пеш Ҷамол Хошуқчӣ рузноманигори шинохта ва аз мунтақидони Шоҳигарии Саудиро дар сафорати Арабистони Саудӣ дар Туркия намояндагони боломақоми ҳукуматӣ ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ин ҳодисаи мудҳиш оламро такон ва тамоми башарият онро маҳкум кард.
Вирус Куруно аскарон ва роҳбарони қувваҳои низомии Исроилро сироят кард
07.07.2020
Сафҳаи “Ядиут Ахранут” хабар медиҳад, ки дар як маҷлисгоҳ 316 аскару рохбаринизомӣ:сарҳадбонон,пулисхо, ва яке аз онҳо сардори пулиси исроилӣ Яъкуб Шобтой ба вирус гирифтор шудаанд. Ва дар шумори ин низомиён шахсони олирутбаи сироятёфта ба вирус хеле зиёданд. Айни замон садҳо аскарро дар ҳолати карантина нигоҳ медоранд. Қабл аз ин рухдод 560 хизматгчии ҳарбӣ ва аскарон олудаи ин вирус буданд,тибқи хабарҳои дигар адади мубталоён дар артиши ин кишвар ба “Ковид -19» болиғ бар дувоздаҳҳазор расидааст. Дар Исроил беш аз 33000 олуда шуда 540 нафар фавтидаанд. Аммо ба рағми ин ҳама олудашавиҳо ва рукуди иқтисодӣ Исроил ният дорад заминҳои наверо аз фаластиниҳо ба ҳудуди худ изофа кунад.Ин нияти золимонаи Исроил бо вокунишҳои манфии давлатҳо мувоҷеҳ шудааст ва баъзе давлатҳо қасд доранд алайҳи Исроил таҳрим ҷорӣ кунанд.
Осорхонаи Оя София масҷид шуд
Ҷумъаи гузашта осорхонаи София ба масҷид табдил дода шуд,ки дар ин маросим Раҷаб Таййиб Эрдуғон ширкат кард. Соли 1935 аз тарафи Камол Отатурк ин масҷид ба осорхона табдил дода шуд. София аввалин макони муқаддас-калисо ва калонтарин ибодатгоҳ дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.Макони муқаддаси ибодатгоҳи масеҳиён имрӯза дар Ватикан дар тобеъияти Оя София дар Византияи собиқ қарор дошт. Калисои София соли 535 -мелодӣ 40сол пеш аз таваллуди паёмбарамон Муҳаммад с.а.с сохта шудааст.
Дар замони хилофати Усмонӣ танҳо осорхонаи Софияро аз калисо ба масҷид нагардондаанд.Ҳафт ва ё ҳашт калисоро дар пайи фатҳи Истамбул ба масҷид ва ибодатгоҳи яҳудиён табдил доданд. Чунки замони хилофати Усмонӣ яҳудиҳо паймон баста буданд,ки хилофати Усмонӣ онҳоро аз ҳамлаи калисои масеҳиҳо ҳифозат мекард. Насрониҳо яҳудиҳоро муттаҳам ба он мекарданд,ки Паёмбаронро бераҳмона қатл кардаанд.
Баъди табдили осорхонаи Оя София ба масҷид сару садоҳои зиёде аз тарафи мусалмонон ва ғайримусалмонон шунида шуд.Ҳукумати Туркия дар ҷавоб гуфт ин шарафи мост,ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорем,ин беэҳтиромӣ нисбати сиёсати давлати мост ва дар идома гуфт:
Мо агар аз руи инсоф бингарем баъди қафонишинӣ кардани мусалмонон дар баъзе давлатҳо, масҷидҳои мо зуран ба калисо ва маконҳои тафреҳӣ табдил гаштанд. Мусалмонон он ҷойҳоеро,ки бо қувва гирифтанд, аз мумталақот аст ё чизи дигар метавонанд истифода баранд. Дар Исроил 35масҷидро ба каниса ва тарабхонаву шаробнушии аҳли фисқ ва дар Испания бошад масоҷиди бузургро ба калисо табдил намуданд. Аммо агар адолат ҷорист, пас татбиқи қонун барои ҳама адён ва намояндагони он бояд яксон бошад. Бояд масоҷиди мусалмононро ба асли қадим ва ба соҳибонашон баргардонанд. Усқуфи аъзами Ватикан гуфт аз онки Оя Софияро масҷид кардаанд дар ғам нишастаам ва дар орзуи баргардондани Истамбул ҳастем.Аммо чора надоранд. Агар имрӯз аз Оя София ғам дошта бошанд, мо мусалмонон ғам аз масоҷиди Андалус ва масҷидзои дар Исроил дорем.
Ёде аз қатли оми мусалмонон дар Босния
11.07.2020
Маҳви саросарӣ ва дастҷамъонаи мусалмонони Босния ва Ҳерзеговин аз тарафи югославиҳо ва Сербхо 17 апрели соли 1992 шурӯъ ва соли 1995 бо тасвиби аҳдномаи (Дойтун) тамом шудааст. Ба эътирофи Созмони Милал Муттаҳид беш аз 8000 мусалмони Босния ба шумули занону кӯдакон ба таври дастачамъона аз тарафи Югославия ва Сербия қатли ом ва то 300000 нафар гуреза шуданд.11-июли соли равон бо баргузории як чорабинӣ наслкушии вахшиёнаи он солҳоро ёдоварӣ ва рӯҳи гузаштагонро пос доштанд. Ин ҷанги хонумонсуз дар заминаи адовати динӣ сар шуда ва яке аз сахттарин ва бераҳмонатарин ҷангҳои ахир ба ҳисоб меравад. Шахсиятҳои муқассири ин ҷанг шиносоӣ шуда бархешон дар Додгоҳи ҷароими ҷангии Гаага маҳкум шудан. Бархе аз фармондеҳони он ба 20 сол ва бархеаш ҳам ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Шуморе аз роҳбарони давлатҳо изҳори таассуф карданд, ки ба сабаби паҳншавии вируси Куруно дар ин маҳфили ғамангез иштирок карда натавонистанд. Онҳо ба бозмондагони қурбониёни ин ҷанг изҳори таслият намуда бо хитоб ба ҷомеаи башарӣ аз такрори ҳамчунин ҷиноёти мудҳиш ҳушдор доданд. Роҳбарони Канада, Малайзия ва Покистон ва шоҳзодаи Англия ин ҷанг ва омилини онро маҳкум намуданд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия эълом кард, онҳое,ки дар ин ҷинояти зиддибашарӣ даст доштанд ва пуштибонӣ карданд, беҷавоб нахоҳанд монд, то ба охир онҳо таъқиб мешаванд.
Радхо Миладич Фармондеҳи Қувои низомии Боснияро 16сол ҷустуҷӯ ва пайдо карданд. Вай дар додгоҳ ба сазои аъмолаш расид.
Раиси ҷумҳури Сербия Слободан Милошевич дар оғоз инкор вале дертар тамоми ҷароими содиркардаашро ба гардан гирифт ва маъзарат хост.Лекин узри ӯ қабул нашуд.Додгохи байналмилалии Лоҳа ӯро маҳкум ба ҳабси абад кард.