Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Ислоҳ нет

 

Нома аз Конибодом: “Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад”

(бахши аввал)

 

Баъди хондани ин мактуб шояд дар ҳайрат монед, ки мардуми Конибодом ҳам  норозигии  худро аз беадолатиҳои мақомдорони Тоҷикистон баён мекардаанд. Ба  фикри  мо агар  ҳамин  ҳайвонҳоро  худованд  забон диҳад, бовар дорам  аз  мо  дида онҳо   бисёртар  аз ин  роҳбарони  мо норозӣ ҳастанд.

Мо сокинони шаҳри Конибодом  баромадҳои  Ютубии  шуморо  бисёр  тамошо мекунем.  Ҳатто  монанди  филмҳои  сериал барои  тамошо  кардан  тамоми  корамонро  як сӯ гузошта, бахусус  барномаҳои  саволу  ҷавоби  шумо  бо  шаҳрвандони  Тоҷикистон  ва бо муҳоҷирони  меҳнатиро,ки  “Минбари муҳоҷир”и ҳақиқӣ аст мебинем. Шумо дарди  дили  мардумро  гӯш карда  ва  бо  суханони  ширину  фораматон  табобат  мекунед. Ба шумо  ҳазор  раҳмат. Мо ҳам,  як  гурӯҳ сокинони Конибодом  хостем, ки дарди  диламонро  ба  шумо  расонем  ва  шумо онҳоро  расонаӣ кунед. Мо-шаҳрвандони Тоҷикистон мебошем вале миллатамон ӯзбек, забонамон  тоҷикӣ ва узбекӣ  мебошад.

Дар  29 соли  истиқлолияти Тоҷикистон президент ба  шаҳри  Конибодом  2  маротиба  омадааст. Гуё, ки дар вақти нав Президент шуданаш  мардуми  Конибодом  зиддият  карда  бошанд, барои ҳамин Конибодом намебиёяд. Дар  Конибодом  ягон  навигарӣ нашудааст, ки  мардуми Конибодом  баҳра  бурда  бошад. Аммо аз Президент  дида  раисони  вилоят ба Конибодом бисёртар меоянд, монанди раиси вилоят  Раҷаббой Аҳмадзода,ки мардуми мо ӯро Артист лақаб додаанд. Вале инро гӯям,ки тахаллуси додаи шумо-Қофлонбой бештар муносиб аст. Ин  Қофлонбой  гӯё,ки  хонаи  очаш  бошад,  қариб  ҳар  ҳафта Конибодом мебиёяд. Барои қабулу гусели Қофлонбой раисони шаҳру деҳаҳои Конибодом тайёрӣ мебинанд, мактаббачаҳоро омада мекунанд барои пешвоз  гирифтани раиси вилоят. Деҳқононро  маҷбур мекунанд, ки барои зиёфати раиси вилоят ва  омадану  рафтанаш  пул  ҷамъоварӣ  кунанд.  300 сомонӣ  сари ҳар як хоҷагии  деҳқонӣ.   Тасавур  кунед  дар Конибодом  ҳазорҳо  хоҷагии  деҳқонӣ ҳаст. Бар болои ин аз дӯконҳо, мағозаҳо, дорухонаҳо, ошхонаҳо, бозорҳо, соҳибкорҳо пули омаду рафт ва зиёфати раиси вилоят мегиранд. Мо аз  ин пулҷамъкуниҳои  мақомоти Конибодом  ва  омадану  рафтани  бефоидаи Раҷаббой Аҳмадзода безор шудаем.

Як кори тамоман бемаънои дигар ин аст ки дар телевизионҳои давлатӣ ва вилоятӣ таърифу тавсифи зиёд  карда  нишон  медиҳанд,  ки  имрӯз  деҳқонони  Конибодом  дар заминҳои назди  ҳавлигии худ  дар  ҳаҷми 0,10 сотих  чанд намуди зироатро  кошта ва чанд  ҳосил  мегиранд, ки деҳқонони  номӣ  дар  як гектар  инқадар  ҳосил  гирифта   наметавонанд ва ҳамаи  ин таърифҳо  дар  ҳузури  Раҷаббой Аҳмадзода  сурат мегирад,  ки  ҳамааш  дурӯғ  мебошад. Як ду  деҳқони дар замини назди  ҳавлӣ деҳқонӣ  кардагиро  ба сад азоб пайдо карда ба навор бардошта ва дар шабакаҳои  давлатӣ дурӯғи бисёре гуфта  гӯши мардумро кар мекунанд. Аз ҳамаи ин сохтакориҳо раиси вилоят 100% бохабар аст. Намедонем,барои чи лозим бошад ин ҳама сохтакориҳо. Аз ин маълум мешавад, ончиро ки дар ҷараёни сафарҳои Президент ташкил мекунанд:-ифтитоҳи биноҳо ва кушодани корхонаҳо ҳамааш  дурӯғ  аст, монанди  корҳои  раиси  вилоят.

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.

 

Мо дар биноҳои  серошёна  зиндагӣ  мекунем.  Дар ин  биноҳо об барои истеъмол нест. Ва  мо истиқомат кунандагони  ин  ошёнаҳо  дар  назди  бино  ҳавз  кофта,  бо  мошини  обкаш  обро  харида  онро  пури  об  карда  ва баъд бо ёрии нассосҳо  аз ин  ҳавз  ба ошёнаҳо  кашида ва дар зарф-бушкаҳо пур карда истифода мебарем. Имрӯз 60% маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо  ва худи  даруни  шаҳри  Конибодом  бе  об  мебошад. Ва кӯчаҳои  даруни  шаҳри  Конибодом  ва  маҳаллаҳо  солҳост, ки таъмир талаб  мебошанд. Илоҷи  пиёда  гаштан  нест, чи расад гаштан бо мошин. Мо мегӯем, ки раиси вилоят заҳру зақум хурад, то омада зиёфат хӯрдану ба ҳоли мардум нанигаристан. Ин ҳама воҳима, ки Тоҷикистон захираи зиёди об дорад ба чи даркор?

Мушкили мардуми Конибодом бо ин роҳҳои фарсуда боз дар он аст кормандони БДА-и он сахт беинсофу бераҳму порахӯри ашаддианд. Яке аз онҳо сержанти калони БДА Мамашарипов  Нуриддин мебошад,  ки  бе  ниҳоят  бераҳми  порахури  калон  аст. Ва тамоми  ронандаҳо  аз  дасти  ин  Мамашарипов Н  ба  дод омадаем. Вай дар имтидоди ин роҳ ба наклиёти шахсиаш бо рақами 4999 НР 02- Мерседенс- бенс дар  куҷое, ки хоҳад  дар  ҳамонҷо  истода  пул кор  мекунад.  Фарқаш  нест,  ки  иҷозати  корӣ  дорад  ё надорад. Ҳатто баъзе  ронандаҳо  медонанд, ки ин  корҳояш ғайриқонунӣ  мебошанд,  ишорачӯби ӯро нодида гирифта намеистанд. Ӯ зуд аз  қафои  мошинҳои  наистодагӣ  баромада онҳоро сур карда  манъ  мекунад ва ҳатман ҳақашро мегирад. Ҳатто  ҳамин  хел  ҳолате  шудагӣ  буд, ки аз  қафои  мошини  наистодагӣ сур карда  рафта  мошини  худро  дар  дарахт  зада   буд. Аммо худи пагоҳаш  аз бозор  мошини  нав харид. Аз  куҷо  ин қадар  пул меёбад ин  корманди  БДА? Маошаш  нӯҳ сад  сомонӣ  мебошад. Ва  натарсида бо  дили  пур мегӯяд,  ки  ман  ин  вазифаро 5000 доллар  дода  харидаам-  аз  худи  Вазири Корҳои Дохилӣ Рамазон  Раҳимзода.

То  ман  ин  пулро  даҳчанд  накунам  аз шаҳри  Конибодом  намеравам! Шикоятат бошад рав ба пеши ҳама мақомот баён кун! Монанди ин кормандони БДА  бисёранд  дар  Конибодом. Ва дуюм  корманди БДА майори милиса Мӯминов  Назирҷон  мебошад. Ӯро ба кор Истаравшан фиристоданд-перевод карданд. Рафт ду моҳ кор кард, боз  пул дода  ба  шаҳри  Конибодом омад. Чуноне,  ки худи  кормандони БДА  мегӯянд роҳи Конибодом- Хуҷанд роҳи  сердаромад аст. Чи хеле  хоҳӣ  ҳамин хел  кор мекунӣ  ва  чи қадарӣ  хоҳӣ  пул кор мекунӣ. Муминов Назирҷон  ду  баробар  10000 доллар  дода  ҷои  корро  харидааст  ва  бо  супориши   Рамазон  Раҳимзода  кор мекардааст ва  фақат ўро гуш мекунем ва то пули додагиамро 100 баробар карда нагирам аз Конибодом  намебурвам мекардаасӣ. Сеюм корманди БДА Саидов Бахтиёр аз Кулоб мебошад.  Кормандони  коррупсияи вилоят бо 50  сомонӣ  дастгираш  карданд. Як  мошини  Мерседеси  600  дошт фурӯхта ба Коррупсия пора дода мушкилашро ҳал карда баъди  як  ҳафта  боз  ба  кори  худ идома дод. Ва  аз  пештарааш  бераҳму  бе инсофтар шуда  ҳоло  пули  камро  назараш  намегирад. Аз  номи  вазири  корҳои  дохилӣ  Рамазон  Раҳимзода гап мезанад.   Ронандаҳои зиёд аз  беадолатӣ  ва  бераҳмии  ин  3  нафар  корманди  БДА  арзу  шикоят  ва  ҳатто аз ҷараёни пора гирифтанҳояшон наворҳо ҳам бардоштанд ва бо пора ба даст ҳам афтоданд вале бенатиҷа монд. Дар ҳоле,ки инҳо бераҳмонатар ва  дилпурона  кор карда  гаштанд. Шояд  гапи ин 3 корманди БДА рост бошад, ки “криша”-ашон Рамазон  Раҳимзода  мебошад ва фақат супориши ўро иҷро мекарда бошанд. Барои онки бо ин қадар қонуншиканиҳояшон  ва  руйирост  порагириашон  боз  дар ин  вазифа  кору  фаъолият  доранд.

Ва имрӯз  мо- ронандаҳо  аз  дасти  кормандони БДА  ба дод  омадаем. Шумо  тасаввур  кунед  аз  шаҳри Хуҷанд  то  Конибодом  чанто  коргарони БДА ва  постҳо  истодааст. Ҳоло гӯиё барои Ковид- 19 бошад, дар  гардиши  Хистеварз як  блокпост гузоштанд ва дуюм  пости БДА баромадгоҳи Хистеварз  ва  сеюм  блокпост  бо номи  Рибажар аст. Ва ҳамин тавр  то Конибодом 8  маҳалла ҳаст ва дар  ҳар  як  маҳалла  яктои  кормандони БДА  ё пост доранд ва ё ҳамин тавр бидуни пост истодаанд. Тасаввур  кунед  ки  аз  Хуҷанд  то  Конибодом  дар роҳ  чандто  кормандони  БДА  истодаанд?  На кам  аз  10  корманди  БДА. Инҷо дохили шаҳри Конибодом ҳисоб карда нашудааст. Дар дохили шаҳри Хуҷанду Бобоҷон Ғафуров  беҳисоб. Дод  аз  дасти  ин  кормандони  порахӯру  ҳаромхӯри  БДА ва вазирашон  Рамазон Раҳимзода. Ва ин блокпостҳоро набарои Ковид-19 барои пулкоркунӣ мондагианд.

Дар ин постҳо  сарбоз, БДА, Литсензия, ОМОН, Алфа, гумрук ва кормандони тибб истодагианд. Агар  тамоми халқ  аз ин  касалӣ мурда  равад хеҷ вақт намегӯянд, ки  мардум  аз  касалии Ковид -19 мурд. Тасаввур кунед, ки шуморо кормандони БДА манъ  мекунанд ва мегӯянд, ки пеши духтур рав, табатро  чен кунад. Вақте ки  шуморо  бо  аппараташ  чен мекунад  мегӯяд  ягон  ду сомонӣ деҳ,ки “обед” ,ё ки  бензинпулӣ  кунем. Ё ки  сарбоз манъ  карда  ҳуҷҷати мошин  ё ки  ҳуҷҷати борро  мепурсад. Ҳол он ки ин як  аскар аст ва ҳаққи  тафтиш  кардани  мошин  ё ки  ҳуҷҷат  пурсӣ  надорад. Ин касалии Ковид- 19 бар  сари  мардуми  одӣ як бори  вазнин овард. Намедонем, ки    зиндагиамонро чи хел  кашола  кунем. Боз  ин блокпостҳои беҳисоб:-корубор фақат ғорати халқ. Аз ин беадолатиҳо кай  халос  мешуда  бошем ва чанд  соли  дигар  тӯл  мекашида бошад. Мехоҳам дар бораи кумитаи  замини  шаҳри Конибодом ва  раиси  ин кумита Ҳасан  Раҳмонӣ чанд ҷумла бигӯям

Раҳмонӣ  пеш  аз  Конибодом  дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров кору  фаъолият  мекард. Дар   ноҳияи Ғафуров як  фермаи  паррандапарварӣ  дорад  ва  зиёда  аз  10 га  замини  боғ. Дар  Русия  бошад дуто  хонаи  шахсӣ  дорад  ва  замин ҳам  дорад,  ки  муҳоҷирони  меҳнатӣ дар  заминҳои Русияаш  кишту кор мекунанд. Ин молу мулкро ба номи ақрбояш ҳуҷҷат кардааст.   Аз рӯи баъзе аз гуфтаҳо шаҳрванди Русия  мебошад: -душаҳрвандӣ дорад. Дар Конибодом   бо  эҳтиёт  кор мекунад ва пораро ба воситаи  муовинаш  Фозилҷонзода Фарҳод  мегирад.   Гӯё, ки худаш дар ягон корҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ набошад. Бо раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  бе ниҳоят дӯстии зич доранд ва Қофлонбой кришааш  мебошад. Мутахассиси пешбари кумитаи замини Конибодом Раҳимов Шавкат Эркинҷонович як корманде аст  аслан қонунро писанд намекунад ва тамоман ғайриқонунӣ кор мекунад. Гапаш дар Прокуратура ва амнияти  Конибодом  мегузарад, пуштибонони боқувват дорад. Агар ягон кори ғайриқонуние бошад, масалан ягон замини обиро ҳуҷҷат кардан даркор шавад, барои сохтмони ягон дӯкон ва ё манзиле замин даркор шавад, ҳатман  бояд  бо Раҳимов  Шафқат  гапзанон  кунед. Вай  одами бовариноки  раиси  кумитаи  замин   Ҳасан  Раҳмонӣ  мебошад.

Раиси  колхози Равод Ҳоҷи  Танибердиев бо Раҳимов Шафқат заминҳои     зиёда аз 3 га заминҳои обиро ғайриқонунӣ ҳуҷҷати  назди  ҳавлигӣ карда  фурӯхта  истодаанд. Ҳол он ки  бо қарори ҳукумат ва фармони Президент  заминҳои   корами обиро   замини  назди  ҳавлигӣ  додан мумкин  нест. Аз ҳамаи корҳои ғайриқонунии Танибердиев ва Раҳимов. Ш раиси кумитаи замин Ҳасан  Раҳмонӣ  бо  муовинонаш  бохабаранд дар доля шариканд.  Дар Прокуратураву Амният ва ҳукумати Конибодом ҳам бохабаранд ва дар доля шарик. Бе  иҷозати онҳо иҷрои ин корҳои ғайриқонунӣ номумкин аст.  Раҳимов  Шафкат аз пешдасти  худ ин корро  намекунад, то розигии мақомоти дахлдор ва роҳбари  худро  нагирад, намекунад. Ҳоло тамоми халқ медонад, ки ҳар куҷо гапи пул бошад Прокуратура   Амният ва Коррупсия  онҷо тайёранд. Хоҳ қонунӣ ва хоҳ ғайриқонунӣ бояд бо ин  мақомот маслиҳат карду “розигиашон”-ро гирифт ва баъд раисони боқимондаро розӣ кард ва сипас корро натарсида сар мекунӣ. Чи қадаре,  ки шаҳрвандон  аз болоят  арзу  шикоят  кунанд,  касе намепурсад. Имрӯзҳо тамоми корҳои “посредники”-миёнаравиро байни айбдоршавандаҳо ва Прокуратура, Милиса ва Амният дар  Конибодом  Раҳимов Шафқат  мекунад. Дар Конибодом ва берун аз Конибодом ҳам гапаш мегузарад. Ва аҷоиботаш ҳамин, ки  кадом  ҳамкораш, ки гапашро  нагирад ва маводҳои ғайриқонуниашро тахт накунад  айбашонро  ёфта ба кришаҳояш  хабар  мекунад.

Тасаввур  кунед,  ки шуморо  худи Прокурори Конибодом  занг зада даъват мекунад  ва  шуморо  пурсуҷу ва айби  ночизи  шуморо воҳима  карда метарсонад, ки гуё ки шуморо  худи ҳозир  маҳкам мекарда бошанд. Ва аз куҷое Раҳимов Ш “бохабар” шуда даррав ба ёрдами ҳамкораш ба прокуратура меояд,”гапзанон” мекунад ва баъди гирифтани ҳаққу ҳуқуқ ва доляи худ гӯё ҳамкори  худро  аз  чанголи  инҳо  халос мекунад. Вале  дере  нагузашта  Амният  шуморо  боз  барои  ҳамин  кор  даъват  мекунад  ва боз  Раҳимов. Ш “гапзанон” карда шуморо халос  мекунад. Ва баъди  халос  шудан  нав  нафаси  рост  кашам мегӯед, ки шуморо  кормандони коррупсияи вилоят занг зада боз  ҳамин  проблема даъват мекунанд. Ва,онҳо ҳамаи ҳодисаро,ба прокурор,ба амният, ба милиса чиқадар доданатонро сад дарсад медонанд ва мегӯянд. Шумо заҳракаф мешавед. Ва боз Раҳимов Ш аз куҷое бохабар  ва миёнарав  шуда  коратонро  ҳал мекунад. Хулласи  калом,  Раҳимов. Ш  бо ин  “подставаҳояш”  ҳамкорони  худро  зери  даст  ва  аз  ҷонашон  сер  кардааст, ки намедонанд аз ӯ  чи хел  халос  шаванд. Раҳимов Ш мардуми оддиро низ аз  ҷонаш  сер кардааст. Дар бораи ин ҳама ҳодисаҳо  аз  Конибодом  сар карда то Душанбе арзу  шикоят ва муроҷиат кардем, аммо бе натиҷа монд.70 % аҳолии ин  ҷамоат узбекзабонҳо  мебошем, ки  аз  сабаби  миллатамон  ӯзбек  будан  дар  як  ҳолати  ногувор  мондаем. Хостем,  ки  бо  тариқи  канали  Ютуби  шумо дардамонро  ба  Президенти Тоҷикистон  расонем.

Бародар Муҳамадиқбол! Шумо одами  худотарс ва ростгӯ  ҳастед.Шумо тавассути каналатон  камбудиҳои  мақомотро  рӯйирост  мегӯед.

 

Дар  ҷамоати Ҳамробоев. Р,ки дар гузашта Карл Маркс ном дошт, раиси пешини ин колхоз Аминҷонов Холмадҷон зиндагӣ мекунанд. Дар намояндагии Тоҷикистон дар Созмони милали муттаҳид низ кор карданд. Инсони  хуби  босавод ва кадри хуб ҳам  буданд. Барои миллат ва  давлати  Тоҷикистон  хизматҳои шоиста зиёд кардаанд. Ва Аминҷонов Холмадҷон  як  лоиҳа барои  обёрӣ  кардани заминҳои  полезии  Конибодомро таҳия карда буданд. Аз ҷумла  заминҳои шаҳри Конибодомро ҳам дар назар дошт. Нақшаи лоиҳа аз ин қарор  буд, ки   обро  аз  Сирдарё  бо нассос кашида ба  канали  калони  Фарғона мерехт. Сипас ин об бо “саматиёг”ба тамоми  заминҳои  полези Конибодом  ҷорӣ мешуд. Дар ин ҳолат заминҳои ҷамоати Ҳамробоев. Р ҳам  аз  об таъмин  мешуданд  ва  мардуми  ин  ҷамоат  дигар аз об  танқисӣ намекашиданд. Соли  2016  дар  ҷамоат  маҷлиси  калон  доир шуд. Раиси собиқи вилоят  Абдураҳмон  Қодирӣ гуфт барои обёрӣ кардани заминҳоятон чи хел пешниҳодҳо доред баён кунед, мо онро иҷро мекунем. Дар маҷлис Аминҷонов Холмадҷон ҳузур  доштанд. Гуфтанд, ки муҳтарам  раис  ман  нафақат  пешниҳод нақшаи  омодаи камхарҷ дорам. Агар шумо иҷрояш мекарда бошед худи  ҳозир онро ба шумо месупорам.

Абдураҳмон  Қодирӣ нақшаро  гирифта  дид, ки  ҳамааш  тайёр. Ҳайрон  монд  ва ба Аминҷонов. Х  савол дод, ки  шумо  кай  инро ба  нақша  гирифта  будед? Дар  ҷавоб Аминҷонов.Х гуфтанд, ки  ман раиси собиқи яке  аз  колхозҳои  ҷамоати Ҳамробоев будам  ва  нағз  медонам,  ки  камбуди  об  бисёр  мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ  бо маҳалгароии ошкоро гуфт агар ин лоиҳаи  ягон тоҷик  мешуд  дастгириаш  мекардем. Лекин шумо миллататон  узбек  мебошад. Барои  ин  аз буҷаи  давлат  пул ҷудо  карда  намешавад. Гуфт,: “Ҷаноби олӣ ба узбекҳо пул намедиҳад”.

 

Баъди шунидани  ин  гап ба Президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиати хаттӣ кардем  вале ягон посух нагирифтем. Фикр кардем шояд гапҳои Абдураҳмони Қодирӣ дуруст  бошад. Ва  то  ҳозира  мо   аз  об  танқисӣ мекашем  ва  имсол  зиёда аз 390 га  боғи  деҳқонон  пурра аз беобӣ  хушк шуда  рехт. 600 га заминҳои зироати  пахта аз  беобӣ хушкид.

Заҳматҳои чандинсолаи деҳқонони меҳнаткаши ҷамоати Ҳамробоев. Р барбод рафт. Дар ин омор замини пахта ва боғҳои қисман хушкидаро ба инобат нагирифтем, мо тамоман аз ҳосилмондаҳоро дар назар дорем. Ба болои сӯхта намкоб, кормандони андоз омада аз ин заминҳои аз беобӣ хушкида ҳам маҷбурӣ андоз гирифта истодаанд. Ба Худо аз ин  беадолатиҳо  аз  ҷонамон  сер шудем,  намедонем  чи кор кунем? Касе моро гӯш намекунад.

Мақомоти ҳокимияти  давлатии Конибодом  бошад ин ҳамаро пинҳон  карда ва фикри пардохти заҳмат ва зарари деҳқонро надоранд. Бигзор. Вале мо пули андози заминҳои хушкидаро аз куҷо бидиҳем? 28.07.2020  Раҷаббой Аҳмадзода ба  шаҳри Конибодом барои ҳалли мушкилоти камбуди об омад. Аммо дар асл Конибодом ба зиёфатхӯрӣ ва доля  ғункунӣ  мебиёяду  халос. Ҳамон рӯз соатҳои 11 шаб, бидуни онки кадом коре кунад, хесту рафт. Гапи  холӣ, дар  амал чизе нест.

Оби  канали калони Фарғона ба ҷамоаи Ҳамробоев ва деҳаи Кучкак  намебиёяд. Мардуми Ниёзбек, Пахтакор ва Маҳрам заминҳои худро  аз  Сирдарё  тавассути насос  обёрӣ  мекунанд  ва камбуди  об  надоранд. Дар  Конибодом фақат  ҷамоати Ҳамробоев  камбуди  об дорад. Дар ҳоле ки назар ба дигар ҷамоатҳо заминҳои  корами  обӣ бисёр  дорад. Мо-мардуми Конибодом фаҳмидем, ки дар  заминҳои Бобоҷон Ғафуров як  шаҳраке бо ном  Сайҳун аз давраи кори раиси собиқ  вилоят Абдураҳмон  Қодирӣ бунёд шуд. Заминҳои ғайри корами гирду  атрофи  Сайҳун зиёда аз 5 ҳазор гектар  буданд, ки обёрӣ  карданд. Он лоиҳае,ки Аминҷонов Холматҷон барои ҷамоати Ҳамробоев. Р ба  нақша  гирифта  ва  ба  Абдураҳмон Қодирӣ  пешниҳод  кард дар амал татбиқ карда нашуд. Собиқ раиси Вилоят  Абдураҳмон Қодирӣ  ин лоиҳаро  барои  шаҳраки  Сайҳун  ҷорӣ кард. Аз Сирдаё  обро  бо  нассосҳои калон кашида то ба даромадгоҳи  шаҳраки  навбунёди Сайҳун овард. Дар инҷо як ҳавз-обанбори бузург сохт. Оби Сирдарё  аввал  ба  ин ҳавз  мерезад. Сипас бо  ёрии ду  нассос ва трубаҳои 500 қутрӣ ба  заминҳои ғайрикорам равона  мешавад.

То заминҳои  маҳаллаи Ҳамробод ва  Мирзоработ  об  мебиёяд. Заминҳои чандин  сола  бе корхобидаро  об ёрӣ  карданд. Ва дар маҳаллаи  Ҳамробод ва  Мирзоработ  зиёда  аз  1000 га замини  лалмиро  обӣ  карданд. Ин  заминҳоро  Абдураҳмон  Қодирӣ ба номи фарзандон  ва хешу  таборош  хусусӣ  карда  гирифт: -1000 га-ро. Ва ҳатто боғи ҳозиразамона  бунёд карда  Президентро  бурда  лентаашро буриданд. Ин  заминҳо  дар канори  шоҳроҳи  Хуҷанд-  Масчо ҷойгиранд ва заминҳои Ҳамробод ва Мирзоработ ва заминҳои ҷамоати Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Ва ин ҳавзе, ки оби  Сирдарё   мерезад дар  шоҳроҳи Хуҷанд- Масчоҳ ва дар гардиши роҳи Чоруқдарон ҷойгир  аст.  Дарозии ин  қубурҳои обкаш аз  Сирдарё то ҳавз 15 км ва аз ин ҳавз то  заминҳои писарони Абдураҳмон  Қодирӣ  яъне,ки  то  Ҳамробод  зиёда  аз 20 км  мебошад.

Ва ин лоиҳа бо пули  қарзи бонкҳои  хориҷӣ татбиқ  шуд. Абдураҳмон Қодирӣ барои манфиати худу фарзандонаш ин лоиҳаро дар инҷо  амалӣ  кард ва ҳам аз пули  ҷудошуда  барои ин лоиҳа  хелеашро дуздид. Ин ҳамааш  найрангҳои раиси собиқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мебошад. Ва он  гапе, ки Абдураҳмон Қодирӣ гуфта буд: “шумоён  узбек  мебошед  ва барои ин лоиҳаи шумо аз буҷаи  давлат  пул ҷудо  карда  намешавад”  мехоҳем, ки  ҷавобашро  гирем. Ва  то ҳозира  мо  истиқоматкунандагони ҷамоати Ҳамробоев  танқиси  оби полезӣ  ва ҳам  нушокӣ  дорем. Кай  ва кӣ ба дарди  мо   мерасида  бошад,  намедонем.  Абдураҳмони беинсоф бояд ақаллан ба Аминҷонов Холмадҷон раҳмат гӯяд, ки лоиҳаи тайёри ӯро дуздида барои худ ва фарзандонаш 1000 га заминро сохт. Киштукори деҳқониамон аз беобӣ хушкида рехт. Намедонем то соли дигар чихел зиндагиамонро  кашола кунем. Бонкҳо бошанд ин ҳолати моро дида фишор  оварда истодаанд, ки % ва пули гирифтагиатонро баргардонед. Намедонем чи кор кунем? Байни замину осмон  мондем ва ба ҳамагон маълум аст ки бо сабаби касалии Ковид- 19  Президент  гӯё, ки барои халқаш  сабукӣ дод: фармони №1544 аз 05.06.2020.

Маълум мешавад, ки ин фармон тамоман дурӯғ будааст. Кормандони Бонк ва Андоз ба мо фаҳмониданд,  ки ин фармон  фақат барои  одамҳои пулдор ва хешу  табори Президент  манфиат доштаст,  барои   шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон дахл намекардааст. Дар ҳақиқат  ҳамин хел  будааст.  Барои онки  мо -мардуми зиёнкашида ба тамоми  мақомот муроҷиат мекунем онҳо   бо як  овоз гуфтанд, ки  фармон  ба шумо дахлаш  нест. Ва дуюмаш  ин ки  бонкҳои  мо   бо  пули давлат  кор намекунанд, фақат бо пули  мардум  кор мекунанд.  Ҳоло мо фаҳмидан мехоҳем, ки  оё  дар  ватани мо   мардуми  осоиштаи  пулдор  ҳаст ки  бонкҳоро  бовар карда  пулашро  ба ин бонкҳо  монад? Ба фикри  мо  ғайр аз  хешу табори Президент дигар  ягон кас  ин  бонкҳоро  бовар  надорад. Ва ҷуръат намекунад, ки дар онҳо пасандоз бимонад. Пас, савол ин аст ки ин ҳама пули бонкҳоро хешу табори президент аз куҷо меёфта бошанд? Ва,чаро фақат хешу табори Президент пул доранд?

Мо боварии комил дорем,ки домулло Муҳаммадиқбол ин номаи бо дарду алам навиштаи моро нашр мекунед. Шумо ҳам намегӯед, ки Узбек ҳастед ва ба он аҳамият намедиҳед.

Поёни бахши аввал…

 

Ps: Сокинони гиромии Конибодом Ислоҳ минбари ҳақгӯён ва ба хотири баёни андешаи солиму созанда, барои бунёди ҷомеаи солим аст ва ҳамеша дар хидмати шумо ва барои дарду шикоятҳои шумо азизон, таъсис дода шудааст. Барои мо ҳар шаҳрванди кишвари азизамон азиз ва дорои қадру манзалат аст. Мо то имрӯз ҳаргиз ҳеҷ ҳамватанамонро ба маҳал ва минтақа ва забону нажод ҷудо накардаем ва,то охир нахоҳем кард. Ҳар шикояте доред марҳмат нависед ҳатман дар аввалин фурсат онро нашр ва навор карда тақдими ҷомеа хоҳем намуд. Шумо қалам ба даст гиреду нависед,мо дар хидмати шумо ин шо Аллоҳ ҳастем.

 

Share This Article