Оқил Исоев роҳбари Дастгоҳи ҳукумати нохия Икромов Хуршедро ба унвони зану духтараш дашномҳои қабеҳ дода, гуфтааст,ки занта…духтарта м…м.
Қаблан “Ислоҳ.нет” дар бораи бедодгариҳои Нуралӣ Муродов, сардори шӯъбаи КДАМ дар минтақаи Рашт, мулаққаб ба Нуралии сиёҳ, ки худро “ҷиян”-и раиси ин Кумита Саймумин Ятимов муаррифӣ мекард, чанд матлаб ба нашр расонида буд. Ахиран ин навиштаҳо “кора” кард ва ӯро аз ин вазифа барканор карданд ва мардуми минтақа як оҳи сабуке кашид. Ҳоло дар дасти мо навиштаи дигаре расидааст, ки аз ҷурму ҷинояти “ҷиян”-и дигари раиси КДАМ, Оқил Давлаталиевич Исоев, сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Лахш ривоят мекунад. Шарҳу тафсири зиёд намедиҳем. Танҳо ҳаминро мегӯем, ки дар ноҳияи Лахш, Ҷиргатоли собиқ қирғизтаборон зиёданд ва аз рӯи ахлоқ одоби инсонӣ ва оини мулкдорӣ ҳам зарур аст ки дар нисбат бо онҳо муносибат ва бархӯрд бояд тафовут дошта бошад, то ки худро бегона ва канорзада аз таваҷҷӯҳи давлат эҳсос накунанд. Аммо ба назар мерасад Исоев Оқил Давлаталиевич, сардори КДАМ-и ноҳияи Лахш, мутаваллиди Фархор худро “ҷиян”-и Ятимов муаррифӣ карда ва дар инҷо як ҳукумат ва ҳокимияти ҷудо ва алоҳидаеро бо усул ва методи гестапочиёни фошистӣ ташкил ва раҳбарӣ мекардааст, ки ҳатто раис ва муовини раиси ноҳия, ки намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳурӣ дар инҷо ҳастанд, наметавонистаанд, ба кори ӯ дахолат кунанд. Инҷо чанде аз ҳолат ва лаҳзаҳои мушаххаси даст ба ҷиноят задани ӯро зикр мекунем ва худатон қазоват фармоед, ки ин матлаб тавассути киҳо ва кадом идора ба дасти “Ислоҳ.нет” расидааст.
Майёр Исоев Оқил Давлаталиевич, сардори КДАМи нохияи Лахш аст. Беш аз чаҳор сол мешавад дар инҷо фаъолият мекунад. Шояд ҳам бисёр муҳим набошад, аммо ӯ факултети ветеринарӣ-духтури ҳайвони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Дар ноҳияи Лахш ӯ ҳокими мутлақ аст ва бе иҷозати ӯ ягон кор ба анҷом расонида намешавад. Ҳатто барои таъйин шудан ба вазифаи омӯзгори одӣ дар ягон муассисаи таълимӣ ҳатман розигии Исоев Оқил лозим аст. Розигии ӯ, албатта пул меистад. Дар мавриди пешниҳод ба ягон вазифаи роҳбарӣ дар ноҳия ҳоҷати сухан гуфтан ҳам нест. Аз мутахассиси одӣ то роҳбари ягон ташкилоту муассиса ва ҳатто муовинони раиси ноҳия бо розигии Оқил Исоев таъйин ва аз вазифа гирифта мешаванд. Вале ин масъули амнияти ноҳия ба манфиати шахсии худ кадрҳоро тавсия медихад. Шахси ба мансаб таъиншуда корҳои ӯро хуб ба иҷро расонад, барои мисол ҳангоми кишту кори картошкаи шахсиаш, обмонӣ, дорупошӣ ва ҷамъоварии ҳосили он хизмати хуб кунад, чорво ва замбури асалашро
нигоҳубинӣ кунад, беҳтарин кадр аст. Ё ин, ки ба ӯ «доля»-ро сари вақт диҳад, кадри хуб ҳисобида мешавад. Аммо онҳое, ки фармону хоҳишу майли Оқил Исоевро иҷро накарданд, саркашӣ намуданд, гапашро нагирифтанд, якашро ду карданд, тамом! На танҳо аз кор ронда ва бемаошу василаи рӯзгузаронӣ мешаванд, балки маҷбур мешаванд,ки аз баҳри зиндагӣ ва ҷони ширинашон даст кашанд.
Инҷо исми чанд нафареро, ки ба маҳзи фишору таҳдид ва зӯровариҳои Оқил Исоев даст ба худкушӣ задандро меоварем:
1.Собиқ роҳбари Раёсати молияи ноҳия Дарвоз Маҳмадов. Шояд ягон камбуд ва ё кори ӯро сардори шӯъбаи амнияти ноҳия Оқил Исоев медонист, ки чанд навбат ӯро шантаж карда пул мегирад. Борҳо ӯро ба утоқи кориаш даъват мекунад. Вале чи гапе мешавад, ки маҷбур мекунад то аризаи рафтан аз корро бо хоҳиши худ навишта супорад. Баъди ин “Маҳмадовро давленӣ” мезанад ва ӯ ҷобаҷо вафот мекунад. Наздикони Маҳмадов медонанд, ки сабаби марги муфоҷои сардори пешини Раёсати молияи ноҳия ҳамин Оқил Исоев аст.
- Сокини дехаи Қушайи Лахш Қамбаров Муҳаббат дар идораи «Амонатбонк»-и ноҳия дар вазифаи эксперти қарзӣ кор мекард. Оқил бо номаҳои шикоятии сохта ӯро ба он муттаҳам мекунад, ки ба чанд нафар қарз дода ва як ҳиссаи онро ҳамчун пора гирифтааст. Бо ин баҳона ӯро чанд бор ба утоқи кориаш даъват намуда пул меситонад. Такрор ба такрор маблағ талаб мекунад. Бори охир як парвандаеро нишон дода таҳдид мекунад, ки агар пули талаб мекардаашро надиҳад муқобилаш делои ҷиноятӣ мекушояд. Қамбаров М.роҳи халосӣ аз дасти сардори КДАМи ноҳияро дар худкушӣ дида худро ҳалқовез яъне ба дор мекашад.
3.Сокини маркази ноҳияи Лахш Адилов Ашурбек, ширкати сохтмонӣ дошт. Ӯро низ Исоев Оқил чанд маротиба ба утоқи кориаш даъват намуда, бо роҳи шантажу лату куб, тарсонида маблағ мегирад. Маълум нест, ки Ашурбекро ба чи гунаҳкор кардааст. Вале вақте бори охирон маблағи калон талаб мекунад, Адилов А. дарёфт карда наметавонад ва аз тарс даст ба худкушӣ мезанад.
- Соли 2019 корманди шуъбаи маориф Шарипов Нисратуллоро дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳия дар ҳузури иштирокдорони мачлис ва Раиси нохия Баротзода Файзулло, таҳқир ва аз маҷлис пеш мекунад. Сипас аз ӯ 5000-сомонӣ пора гирифта, маҷбур мекунад, ки писараш Шарипов Шабун Нисратуллоевич, шаҳрванди Кирғизистон мебошад ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон равон кунад. Дар сурати гусел накардан ба аскарӣ бояд пули калон диҳад. Аммо Шарипов Нисратулло маблағи калони пурсидаи Оқил Исоевро пайдо карда наметавоанд. Шабуни писари Шарипов Нисратулло аз тарси Оқил худро бо роҳи овехтан дар хонааш ба қатл мерасонад.
5.Соли гузашта сархатиби масҷиди ноҳия Мулло Сайисмон,ки аз дехаи Пилдони Миёна мебошад, ба чанги Оқил Исоев меафтад ва ӯро фишор меоварад, аризаашро гирифта, аз кор дур мекунад. Аммо пас аз як сол аз ӯ пули калон гирифта, ба кори пештарааш-сархатиби ноҳия таъин мекунад.
- Оқил Исоев аз собик сардори ДЭУ ноҳияи Лахш Аюбов Бахтиёр ба ҳайси пора ҳар ҳафта 100 (сад) литр маҷбурӣ сӯзишворӣ мегирифт. Схемаи гирифтани сӯзишворӣ аз сардори ДЭУ ин тавр аст. НФС-нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар маркази ноҳия ҷойгир аст ва ба сардори Раёсати молия Набиев Хуршед тааллуқ дорад. Сардор ва ё кормандони ДЭУомада, ба ҷои сардори амнияти ноҳия пули 100 литрро ҳисобӣ мекунанд. Ин далелро мақомот метавонанд тафтиш кунанд. Бо ин қаноат накарда сардори амнияти ноҳияи Лахш Оқил Исоев ба назди Аюбов Б омада талаб мекунад, ки барои гузаронидани тӯи бародараш як маоши моҳонаи кормандони ДЭУ -ро ба ӯ диҳад.То ки бо ин маблағ дар ноҳияи Фархор тӯи арусию домодии додарашро гузаронад. Аюбов Б. розӣ намешавад ва мегӯяд, ки ин корро иҷро карда наметавонад. Оқил бо роҳи тарсу-таҳқир ва бо суистифода аз вазифаи хидматӣ водор мекунад, ки аризаи аз корравиашро нависад ва ҳамин ӯро аз кор озод мекунад.
- Аз собиқ сокини дехаи Қашқатераки Лахш Абсаламов Ахматбек, ки шаҳрвандии Қирғизистонро дошта ва аз ҳисоби квотаи Қирғизистон ба ҳаҷ рафтааст 2000 сомонӣ тамаъҷӯӣ карда гирифтааст. Ин шаҳрванди Қирғизистон баъди ҳаҷ ба аёдати хешу ақрабои худ ба нохияи Лахш меояд, Оқил хабар ёфта, ӯро дастгир намуда ба шӯъбаи амният меоварад ва кадом гуноҳҳои нобудаеро ба гардани ӯ ниҳода аз ӯ ин маблағро меситонад.
Ба ҳамин минвол боз аз сокини ҳамон деҳа Мухторов Усмон 1000 ва аз Шарофидинов Шомиддин 8000-сомонӣ ба зӯрӣ гирифтааст. Аз сокинони деҳаи ЯнгишаҳрТошов Тоҷиддин 4000 ва Эргашов Ҳайдаралӣ 4000-сомонӣ барои замини наздиҳавлигӣ пора мегирад. Аммо боз ин заминҳои онҳоро ғайриқонунӣ кашида гирифта ба директори бозори ноҳияи Лахш Абдусаломов Сайнеъмон мефурӯшад..Ин ду сокини Лахш аз Оқил тарсида ва тоқат накарда кӯчу борашонро гирифта ба Қирғизистон гурехта рафта, дар он ҷо дар мусофирӣ ва дур аз зодгоҳу хешу табор зиндагӣ доранд.
- Оқил Исоев на танҳо бо гирифтани пораву ришва ва фурӯши замин машғул аст.Вай ҳамчунин ахлоқу одоби фосид дорад ва даст ба фисқу фасод ҳам мезанад. Директори мактаби таҳсилоти умумии №9 ҷамоати деҳоти «Ҷиргатол»-и ноҳияи Лахш Раҳмонова Меҳриниссо ва Раҷабова Зарина Маҳмадуллоевна, директори мактаби таҳсилоти умумии №48 ҷамоати мазкур, ҳарду занҳои шавҳардоранд. Вале онҳо ин вазифаҳоро танҳо баъди ҳамхобагӣ ва маъшуқа шудан бо Оқил соҳиб шудаанд ва инро ҳама дар ноҳия медонад.
- Оқил Исоев дар Лахш чунон аз худ рафтаву мағруру ҳавобаланд аст ки ҳеҷ касро писанд намекунад, ба гуфти мардум худаш шоҳу табъаш вазир аст. Вай худро дар ҳама ҷо ҳамчун ҷияни раиси КДАМ Ятимов Саймумин Сатторович шиносонидааст. Барои чи пештара сардорони КДАМи ноҳияи Лахш Бобохонов Алишер, Авзалов Манучеҳр ягон кирдори ӯро ба анҷом нарасониданд. Онҳо беҳтарин инсонҳо буданд, ки ҳатто онҳоро дар Лахш ҳеҷ кас намешинохт ва онҳо ғайриқонунӣ кор накарда, бо обрӯю эътибор ва бо сари баланд ва рӯи сурх аз ноҳия ба вазифаҳои гуногун таъин шуданд. Нотарсӣ ва муштамзӯрии Оқил Исоевро бинед, ки замини фурудгоҳро ба киштзор ва манбаи даромади шахсиаш табдил дод, аммо касе ҳатто раиси ноҳия чизе гуфта наметавонист. Даҳ адад трактор ва мошинҳои ДЭУ-ро ба замини фурудгоҳ дароварда ҷуфт карда, ҳар сол то 3 гектар картошка мешинонд. Ман ҷияни раиси амният гуфта корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони алоҳидаро мабур мекард, ки барояш тухмӣ, доруҳои минералӣ ва сӯзишворӣ дастрас кунанд, то ӯ замини фурудгоҳро истифода кунад. Ҳатто хонандагони мактабхои миёнаро аз дарс бароварда ба кори кишти картошкааш: шинонидан, чобуқ, хишова, дорузанӣ, порудиҳӣ, обдиҳӣ ва дар вақти кандану чамъоварӣ кардан ройгон истифода мебурд. Хулоса, тамоми корҳояшро ба ҳамин тарз ба анҷом мерасонд. Барои мисол соли 2020 фақат дар замини фурудгоҳ 3-гектар, дар деҳаи Янгишаҳр 1-гектар картошка шинонд. Пурсида мешавад, ки ҳамаи ин аз кадом ҳисоб? Дар деҳаи Ёрмазори ҷамоати Янгишаҳр 0,5 гектар картошка кишт кардааст, ки нигоҳубин, обмонӣ ва ҷамъоварии он ба зиммаи мактаби №22 ин деҳа мебошад. Бисёриҳо мегуфтанд, ки э,кош мо ҳам ягон тағои ВАЗИР-аз қабили Ятимов ёбем, то чи коре, ки хоҳем, кардан гирем.
- Кирдори сардори Идораи амниятро бубинеду қоил нашавед. Охири соли 2019 погрузчики ДЭУ-и ноҳияро супориш медиҳад, ки дар дехаи Янгишаҳр зиёда 100 (сад) бех беди мардумро бурида фурӯшад ва пулашро ба ӯ бурда диҳад. Ягон нафар аз соҳибони ин бедҳо чизе гуфта натавонистанд.
- Дар кӯчаи марказии Лахш як нафар маъшуқа дорад, ки Аюбова Таҳмина ном дорад. Гўё никоҳи мусалмонӣ кардааст. Гӯр бар сари зани дуюм ва маъшуқааш аммо барои ин зани дуюм замини як камбағалро гирифта ба ӯ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ туҳфа кардааст. Барои маъшуқааш дар бозори марказӣ нуқтаи либосфурушӣ ва ошхонаи «Тез-Таёр» кушода додааст.
- Маъшуқаи дигари Оқил Мисирова Сабоҳат дар беморхонаи марказии ноҳия ҳамшираи шафқат аст. То ҳадде бадахлоқ ва азхуд рафтагӣ аст,ки рӯзона омада бо ин маъшуқааш дар беморхона алоқаи ҷинсӣ карда меравад.
- Оқил аз сокини дехаи Пилдони Файзуллоев Исок иҷборан 15000 сомонӣ пора гирифтааст. Ӯро ба он муттаҳам кардааст, ки гӯё вақти татбиқи барномаи сохтмони хати обгузаронӣ маблағҳоро аз они худ карда аст. Ҳар қадми мондаи Оқил Исоев дар ноҳияи Лахш ҷиноят мебошад.
- Аз сокини деҳаи Чилонди, ҷамоати Сурхоб Яминов Раҳмат 15000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ пора гирифтааст. Ӯро тарс додааст, ки ту шаҳрванди Қирғизистон ҳастӣ, сарҳадро ғайриқонунӣ убур кардаӣ, шояд ту “шпион” бошӣ. Яминов Р. ба зулм ва тамаъҷӯиҳои сардори амнияти ноҳия тоб наоварда фарзанд ва оилаашро партофта ба Қирғизистон кӯч баста, то ҳол дар мусофирӣ ва дар мулки бегона зиндагӣ дорад.
- Оқил ду сол пеш дар вақти ташрифи раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров як зан, корманди мақомоти маҳаллӣ Шарипова Ширинро: “ту чаро бе иҷозати ман раиси Парлумонро хушомадед гуфтӣ” гуфта дастонашро тоб дода лату куб карда, телефонашро гирифтааст. Дар натиҷа Шарипова Ширин ҷароҳат бардошта ба мақомот шикоят мекунад. Аммо Оқил дертар Шарипова Ш.-ро тарсонда бо фиреб ариза дар бораи даъво надоштанашро гирифта бо ҳамин ҷинояти содиркардаашро руйпуш кард.
Ҳангоми ташрифи Президент ба ноҳияи Лахш дар соли 2019 Оқил Исоев барои ба кормандони амният хурок таъмин накардан роҳбари Дастгоҳи ҳукумати нохия Икромов Хуршедро ба унвони зану духтараш дашномҳои қабеҳ дода, гуфтааст, ки занта м..м, духтарта м…м.
- Оқил Исоев, сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Лахш дар соли 2019 аз собиқ роҳбари СЭС Сафаров Муқим 11-халта доруи минералии навъи «Нитроамофос»– ро тамаъҷӯӣ карда гирифтааст, ки ҳар як халтааш аз 260 сомонӣ сар карда то 300 сомонӣ арзиш дорад.
- Собиқ мудири маорифи нохияи Лахш Абдусатторов Пирмаҳмадро Оқил тарс дода аризаашро гирифта, аз кор озод намуда, ба ҷояш Мирзоев Алимаҳмадро таъин намуда, аз ӯ 10000 доллари ИМА пора гирифтааст. Оқил Исоев борҳо дар назди мардум ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Лахш бо овози баланд гуфтааст, ки дар ин ноҳия «МА МЕДОНМ КИРА ДА ВАЗИФА МОНМ, КИРА АЙ ВАЗИФА БГИРМ». Мудири маорифи гузоштаи Оқил Исоев низ аз мактабҳои ноҳия ҳар моҳ барои сардори Идораи амният маблағ оварда месупорад.
- Раиси ҷамоати Янгишаҳр, ки дар соли 2019 бо ҳукми суд маҳкум гардида буд, то ҳол дар вазифааш кор мекунад, зеро пуштубонаш Оқил мебошад.Раиси ҷамоат ба Оқил ҳар моҳ пора барои пуштубониаш медиҳад.
- Дар тӯли 4-соли фаъолияташ маълум шуд, ки мақсади Оқил танҳо ҷамъоварии маблағ, фурӯши мансаб, таҷовузи занҳо ва ҳифзи манфиати шахсиаш мебошад.
- Дар тӯли чор соли роҳбариаш дар ноҳияи Лахш Исоев Оқил Давлаталиевич тавонист дар ш.Душанбе 3-манзили истиқоматӣ, 100 (сад) қуттӣ замбури асал, чандин гектар замин ба номҳои шахсони гуногун бихарад ва зиёда аз 200 (дусад) сар моли майда, 30 (сӣ) сар моли шохдори калон, ба моликияти шахсиаш илова шудааст. Як мисоли равшан:-Дар ҷамоати деҳоти «Ҷиргатол», деҳаи Майдонтерак дар ҳавлии роҳбари варзишгоҳи ноҳия Ахмедов Фирдавс зиёда 30 (си) қуттӣ замбур бо асалаш мавҷуд аст, ки мутааллиқи сардори амнияти ноҳия Оқил Исоев мебошад. Дар деҳаи Чаничер замини сокини ин деҳа шодравон Шарипов Раҳмонро бо зурӣ гирифта ба ронандаи КДАМ,ки Муқим ном дорад, ҳуҷҷатгузорӣ кард. Рости гап ин гуна ҳодисаҳо беҳисоб аст.
- Бо вуҷуди ин ҳама ҷурму ҷиноёт охирҳои моҳи августи соли 2020 Исоев Оқил Давлаталиевичро бо сари баланд ва рӯи сурх ва ҳамчун ҷияни раиси КДАМи Тоҷикистон Ятимов С.С. ба шаҳри Душанбе ба вазифаи баландтар гузаронидаанд, мегуянд.
- Вале Оқил то ҳол дар ноҳия аст ва мшғули ҷамъоварии ҳосил. Дар фурудгоҳи ноҳия ба ҷамъоварии ҳосили картошкааш шуруъ карда, ҳосили дигар заминҳояшро низ саросемавор ҷамъоварӣ намуда истодааст. Баъзе аз молу мулки дуздиашро аз қабили замбури асал, чорпои калони шохдор ва молҳои майда, ки дар ҳар куҷо ва хонаҳои мардум пинҳон нигоҳ медошт, тайи чанд рӯз мешавад ба ноҳияи Фархор кашонда истодааст. Мо сад% мутмаинем, ки ин хел боигариву моликиятро дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҷамъ карда наметавонад. Бо ду дасти дар хафоли бинӣ ва як костюми куҳна вориди ноҳия шуда ва ҳоло корвони молу маҳсулоти дуздӣ ва аз роҳи тамаъҷӯӣ ва бо усули дуздии ошкоро ба даст овардаашро ба зодгоҳаш Фархор кашонида истодааст. Ва мераваду худро яке аз бойҳои навбаромади фархорӣ меҳисобад. Аммо мо ҳайрон ҳастем, ки чаро ӯ наздик ба як моҳ мешавад, ки дар кор несту роҳбарияташ ба шумули Саймумин Ятимови фархорӣ суроғаш намекунад?
Ps: Хонандагони гиромӣ ин як корномаи сиёҳи раиси КДАМи ноҳияи Лахш аст. Акнун худатон хулоса намоед, ки раиси КДАМ ва вазирони қудратӣ ба чӣ ҷиноятҳо машғӯланд.Дар ҳар ноҳияҳои дурдаст кори ин мақомот ҳамин аст. Ҳангоме духтури ҳайвон раиси КДАМи як ноҳия шуд танҳо интизори қиёмат бояд шуд.
Шаҳрвандони кишвари азизам,интизор набошед, ки ин тудаи авбош даст аз зулми шумо мебардоранд.Ҳар ҷинояте мебинед дар ҳол ба Ислоҳ нависед,то онро расонаӣ кунем ва ҳама онҳоро бихонанду бубинанду шиносанд. Ягона роҳи кам шудани зулм ва наҷот аз ин тудаи авбош ва арозил ин ошкор кардани онҳост. Ислоҳ дар камари ҳиммат бастааст,то чеҳраи аслии ин авбошони рутбадорро бештар ошкор кунад.Шумо мардуми азизи кишвар хабарнигорони Ислоҳ дар дохили кишваред ва мо бо ҳам метавонем корҳои бузурге барои наҷоти мардуми худ анҷом диҳем.