Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Душанбе «хуш келибсиз» гуфта ба истиқболаш духтарҳои бокираро атласпуш карда ба фурудгоҳ оварда тамоми дору мадорашро аз Душанбе гирифта то Варзобу Хуҷанд рӯйи роҳаш рехт.
Ҳамин ҳоло ҳам дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашру пахши консерти овозхонҳои Узбекистон идома дорад. Худи Раҳмонов даҳҳову садҳо бор ҷаноби Мирзоевро канор кашида «қуллуқ» , «мен садқа» , «юз маротиба хуш келибсиз» гуфтаву қариб буд, тамоми Тоҷикистонро фарши қадамҳои меҳмонаш мекард. Зимнан то ҳамин ҳоло танҳо Шавкат Мирзиёев аст ки Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфтаву як каме барояш «обрӯ» бахшидааст. Ҳамин тавр дар Душанбе созишномаҳо ба имзо расид, узбекҳо ваъда доданд, ки заводи мошин месозем, дар дарёи Зарафшон нерӯгоҳ месозем, фалону беҳмон корҳоро иҷро мекунем ва ҳаҷми гардиши мол байни давлатҳоямонро ба 1 миллиард доллар мебарорем. Феълан дар Душанбе як намоишгоҳи ҳамешагии тавлидоти Узбекистон фаъол шудаасту мисле, ки миёни Самарқанд ва Панҷакент роҳи оҳан сохта мешудааст.
Аммо, ёдатон бошад як вақтҳое худи ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки «касе бидуни мақсаде ба касе як хас намедиҳад».
Ҳамон рӯзҳои сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон буд, ки журналисти тоҷик Аҳмадшо Комилзода, намедонам чиро, вале ин байтро дар фейсбук корида буд:
Тавозуъҳои душман макри сайёдӣ бувад, Бедил,
Ки хам-хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон аст.
Хулласи калом, манобеи «Ислоҳ.нет» аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонов ФарҳодГЭС ва як қисмате аз қаламрави ин ноҳияро ба Узбекистон додааст. Дурусту дақиқ ҳамон қисмати заминҳоеро, ки дар тобистони соли 2002, гурӯҳе аз муҷоҳидини ҷонбаркафи «ришдор»- ки баъди реинтегратсия бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) мустақар буданд, даъвати сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нов (феълан Спитамен) подполковник Рустам Саидовро лаббайк гуфта аз дасти Ӯзбекстон кашида гирифта буданд. Ин заминҳо дар байни ноҳияи Мастчоҳ ва Бекободи Узбекистон қарор доштанд, ки дар бораашон пойинтар хоҳем гуфт. Манбаи мо гуфт, ки айни замон
«бо роҳҳои номаълум ин заминҳо оҳиста- оҳиста ба давлати Узбакистон баргардонида мешаванд. Алакай дар соли 2018 ин заминҳо махфиёна ба Узбакистон фурӯхта шуда будаанд».
Заминҳое, ки ба давлати Узбекистон бар мегардонанд дар минтақаи Хуррамзамин (Фармонқурғони пешина) ҷойгиранд. Мардуми таҳҷоии инҷо асосан узбек табор ҳастанд. Масъулини порахӯри найрангбоз бо воситаи андоз мардумро қарздор намуда заминҳояшонро гирифта ба мардуми Масчоҳ фурӯхта буданд.
Аммо ҳоло комиссияи байнидавлатӣ барои таъйин ва аломатгузории марзи байни ду давлати Тоҷикистон ва Узбекистон корҳояшонро мисле, ки дар ин қисмат анҷом доданд. Аммо дар ҷараёни аломатгузорӣ ва таъйини хати сарҳад он заминҳое, ки ба мардуми мастчоӣ мутааллиқ буд, ба қаламрави давлати Узбекистон гузаштанд. Вақте ки мардуми ба хашму ғазаб омадаи Мастчоҳ эътирозу норозигӣ нишон дода тазоҳурот карданӣ шуданд, фақат барои онки онҳоро ором созанд, иҷозат дода шуд, ки мардум кишту кори худро дар ин заминҳо имсол идома диҳанд. Ва монеъ нашуданд. Аммо ин сару садоҳо, ки то охири сол ин мардуми замин харида аз заминҳояшон маҳрум хоҳан шуд, ҳамаро нигарон ва ба ташвиш овардааст.
Мардуми Масчо ба Ислоҳ чунин навиштаанд:
Мувофиқи маълумоти расида аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Масчоҳ ба миқдори 3000 га дар вақти аломатгузории марз ба давлати Узбекистон мегузарад.
Мардуми Мастчоҳ бояд барои ҳифзи марзи худ дар канор набошанд. Ҳанӯз дар вақти истилои болшевикҳои рус Ленин-асосгузори Давлати шӯравӣ ба муқовимати масчоиҳо тоб наоварда ба мири он созишнома имзо карда ва онҷоро ҳамчун қаламрави мустақил эътироф карда буд.
Мо, мардуми Мастчоҳ бояд орияти гузаштагони худ, ирзу номуси худро ҳифз намоем ва нагузорем, ки Эмомалӣ Раҳмонов қаламрави ватани моро мисле, ки аз хоки муқаддаси Бадахшон ба Хитой фурӯхт, бифурӯшад.
Ҳамин сол вақте бо қирғизҳо ҷанг кард Эмомалӣ Раҳмонов тавассути чоплусонаш мардуми Мастчоҳро хезонида ба Хоҷаи аъло бурд, ки гӯиё мастчоиҳо барои Раҳмонов меҷангида бошанд. Аммо ин ҳамааш сохтакорӣ буд, чунки дар Хоҷаи аъло асосан мастчоиҳо зиндагонӣ мекунанд ва Раҳмонов хост мастчоиҳоро аҳмақ ва аблаҳ карда ба коми ҷанги қирғизҳо бифиристад. Аммо ҳоло он заминҳоеро, ки ба мардуми тоҷик тааллуқ дорад ва муҷоҳидони тоҷик дар соли 2002 аз Ӯзбакистон бозпас гирифта буданд, дигарбора ба Узбекистон доданӣ аст.
Шояд ба Хуҷанд овардану омадани Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ҳам бесабаб набуд.
Ҳам ФарҳодГЭС ва ҳам ин заминҳоро дар соли 1947 Тоҷикистон барои истифодаи муваққат ба муддати 40 сол ба Узбакистон иҷора дода будааст. Аммо узбекҳо онро бозпас намедиҳанд, айни коре, ки ҳоло қирғизҳо заминҳо ва чарогоҳҳои ба иҷора гирифтаашонро пас доданӣ нестанд. Вале Рустам Сайидов, подполковник ва сардори милисаи ноҳияи Нов дар он замон,яъне дар тобистони соли 2002 бидуни онки бокасе машварат намояд бо ҳамагӣ 35 муҷоҳид ва 75 милиса бидуни кадом ҷангу хунрезӣ дар як шаб ин ҳамаро пас мегирад. Ҳамин тавр дар тобистони соли 2002 ҳам ФарҳодГЭС бо обанбораш, ки аз оби он заминҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон обёрӣ мешаванд, ба ихтиёри Тоҷикистон медарояд.
Рустам Сайидов дар суҳбатҳояш ин ҳодисаро ба хабарнигорон шарҳ дода гуфтааст,ки то 1.5 километр аз Бекободи Узбакистон ӯ хати марзро муқаррар карда ва муҷоҳидонро дар хати марз мегузорад ва афсару сарбозҳои Узбекистон таҳти воҳимаи «ришҳои дарози онҳо» пас мегарданд. Ҳамин тавр ҳам назорат бар ин нерӯгоҳ ва обанборро ба даст меоваранд ва ҳам роҳи мошингарди Нов -Мастчоҳро боз ва ҳам то15 км.бештар дарунтар даромада посгоҳҳи марзбонии Тоҷикистонро мустақар мекунанд. 37 корхонаи саноатӣ аз ҷумла комбинати металлургии Бекобод ба контроли Тоҷикистон мегузарад. Беш аз 3.5 ҳазор сокинони деҳоти онҷо ки шаҳрванди Узбакистон дониста мешуданд, шиносномаҳои тоҷикӣ мегиранд. Худи ҳамон шаб ба ҷойи байрақи Узбакистон байрақи Тоҷикистон барафрохта мешавад.
” Обанбори Фарҳод як иншооти дорои аҳамияти стратегӣ аст ки соли 1947 дар қаламрави Тоҷикистон сохта шудааст ва аз Сирдарё саршор мешавад. Масоҳати он 48 км 2 ва зарфияти он 350 млн. м 3 , дарозиаш 46 км ва бари 3,1 км-ро ташкил медиҳад. Обёрии заминҳои Масчоҳ ва Зафаробод,ки 60% пахтаи вилояти Суғдро медиҳанд тавассути он сурат мегирад.”
Рустам Сайидов дар ҳамон мусоҳабааш гуфтааст, ки ӯро барои худсарона амал карданд дар аввал хостанд, ки ба ҳабс гиранд вале танҳо раиси онвақтаи вилояти Суғд пуштибонаш мешавад ва ба ӯ рутбаи полковникӣ медиҳанд ва барои чанд муддат сардори ШКД-и Мастчоҳ таъин мешавад. Вай гуфтааст, ки барои мардуми Мастчоҳ ва Нов рафту омад душвор буд, чун мебоист тавассути Хуҷанд ва 150 километрро тай мекарданд. Аммо баъди гирифтани ин пораи хоки ватан ин роҳ кутоҳ шуд ва феълан 18 километр байни ин ду ноҳия фосила аст.
Зимнан Эмомалӣ Раҳмонов дар танҳо мулоқоташ бо хабарнигорони тоҷик дар соли 2009, ки гуфта буд Ислом Каримовро чанд мушт задааст, эътироф карда буд, ки яке аз масъалаҳои доғ ва усулӣ дар баҳсу даъвои миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамин ФарҳодГЭС аст ва таъкид карда будааст, ки аммо ин обанбор ва нерӯгоҳ моликияти қонунии Тоҷикистон аст ва сари он муомила намешавад, чун он барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Аммо ҳоло ба назар мерасад, ки ҳатто иншооти аҳамияти ҳаётӣ доштаро ҳам мешавад савдо кард.
Ps: Тибқи баъзе аз маълумотҳо дар амалиёти бозпас гирифтани ин қаламрави Тоҷикистон Неъмат Азизов, яке аз фармондеҳони муҷоҳидини тоҷик ҳам, ки баъдҳо Эмомалӣ Раҳмонов ӯро ҳам кушт ширкат доштааст ва имрӯзҳо шумори зиёди ҳамон «ришдорҳо»,ки подполковник Рустам Сайидов онҳоро силоҳ ва нерӯи асосии худ карда буд ё кушта шуданд ва ё дар зиндон ва ё овораи ватананд. Худи ҳамин Рустам Сайидовро низ, барои онки ҷияни вазири вақти ВКДро дастгир мекунад, аз кор пеш мекунанд. Акнун миллат ва мардуми Тоҷикистон бояд хуб шиносанд Раҳмоновро. Ӯ ҳаргиз ҳомиёни ватан ва фарзандони шуҷоъи моро дӯст намедорад.Пайваста мекушад,зиндонӣ мекунад,то мабодо барои ҷиноятҳое мисли заминфурӯшиҳояш ва дигар ҷиноятҳои оилаи ӯ қиём накунанд ва аз сарзамин ва мардуми мазлуми ватан ҳимоят накунанд. Бедор бояд шавед ва ин ватанфурӯшро ба ҳоли худаш нагузорем, ки фардо дер мешавад. Боз ин минтақаи ватанро “бурунбум” анклав накунад ва барои солиёни дароз дар ин мусибат қарор бигирем.
Ин аст Э.Раҳмонов,ки барои пул шуда ба тамоми хиёнат ва ҷиноят даст мезанад. Аммо ҳама миллат дастҳо пеши бар “пешвоям итоат” мегӯянд…