Зубайдуллоҳи Розиқи 77- сола ва Раҳматуллои Раҷаби 64-сола аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон барои ду моҳи баъд дар утоқи ҷаримавии (ШИЗО)-и маҳбас нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо муҷозот шуданд. Муҷозот барои иртикоби кадом ҷурме, кадом қоидавайронкуниву қонуншикание не, барои нақзи муқаррароти зиндон не, барои додхоҳӣ аз Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ду нафар аз аъзои Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки шаш сол аст дар зиндонанд бо ирсоли як нома ба номи Эмомалӣ Раҳмонов талаб карданд, ки парвандаи ҷиноятии онҳоро аз сари нав ва бо ҳузури намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баррасӣ кунанд, чунки онҳо бегуноҳанд ва гирифтори тӯҳмати азим шудаанд. Барои навиштани ҳамин нома ба раиси ҷумҳурӣ, ки кафили риояти ҳуқуқҳои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст Мансур Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон онҳоро муҷозот кард. Ду моҳро ин мардони солманд бояд дар утоқи ҷаримавӣ, ки шароити сангинтар ва низоми сахттар дорад, сипарӣ кунанд. Ба раиси Идораи зиндонҳо маъқул нашудааст, ки бидуни огоҳӣ ва дар ҷараён гузоштани вай ва маъмурони зердасташ ин ду нафар зиндони сиёсӣ ба унвони Президенти Тоҷикистон номаи додхоҳӣ навиштаанд.
Бор Худоё! Ба чи рӯзу аҳволе гирифтор шудаем ва дар чӣ давлате ба сар мебарем?!
Муҳтарам Мансур Умаров!
Адовату хусумат ҳам ҳадду марз ва қоида доштагист. Душманӣ ҳам бояд мардона бошад.
Онҳо дар назди ту дастонашон баста аст. Ту метавонӣ,ки бо онҳо ҳар зулме ситамеро раво бинӣ, чун онҳо даступойи баста доранд. Аммо, қонуну қоида чӣ мешавад, адлу инсоф чӣ мешавад? Нағз медонӣ, ки ин ду нафар гирифтори тӯҳматанд, кадом гуноҳе содир накардаанд ва аз онки бегуноҳанд, ба раиси ҷумҳурӣ нома навиштаанд. Нома навиштанд, кумак хостан аз раиси ҷумҳурӣ, ки гуноҳ нест. Ҳамарӯза садҳо, шояд ҳазорҳо нафар дар озодӣ ба раиси ҷумҳурӣ менависанду шикоят мекунанд, касе онҳоро ҷазо намедиҳад ку? Пас, онҳое, ки дар зиндонанд, магар инсон нестанд, ки ҳуқуқи шикоят кардан надошта бошанд?
Муҳтарам Мансур Умаров!
Зулм ба бегуноҳон накун. Ҳама чиз имрӯз ва бо ШИЗОву картсер хотима намеёбад, зиндагӣ идома мекунад. Аз фардои фарзандонат аз фардои худат биандеш.
Магар нома навиштан додхоҳӣ, кардан ҷурму ҷиноят аст? Онҳо аз раиси ҷумҳурӣ, аз кафили озодиву зомини амният расидагӣ ба парвандаи худро кардаанд, онҳо аз шароити зиндон, муносибати зиндонбонҳо дар ин нома ҳарфе назадаанд, ки Шумо битарсед аз болои шумо шикоят шудааст. Онҳо аз суду прокурору судя арз бурдааанд. Ҳақу ҳуқуқ доранд!
Муҳтарам Мансур Умаров!
Ман дар сӯҳбатҳои ахирам ҳам дар ин робита назарамро ба ин амали ноҷавонмардонаат баён доштам ва ҳушдор ҳам додам, ки асноди зиёдеро дар бораи қонуншиканиҳоят, дар даст дорем. Маҷбурамон накунед, ки наворҳои фиристодаатро дар бораи Фаттоҳ Сайиду Шоҳрух Сайиди писараш ва СС Ятимов ифшо бисозем. Шояд гумон мекунӣ, ки бо ин нафаронро ба камераи ҷаримавӣ андохтан ба дигар зиндониҳо «дарс» медиҳӣ? Тарс медиҳӣ ва онҳо дигар нома наменависанд? Вақте Раҳматтуло Раҷаби 64 сола 28 соли баъдиашро дар зиндон бигзаронад, вақте Зубайдуллоҳи Розиқи 77-сола 25 соли умрашро дар зиндон бигзаронад, бояд ором бишинад? Як бор худатро дар ҷойи онҳо гузор. Иштибоҳ мекунӣ! Иштибоҳ мекунӣ, агар хиёлат ин бошад, ки бо ШИЗО кардану ба картсер фиристодан онҳо метарсанд. Онҳо дигар чизе барои тарсидан надоранд. Инсонҳои бегуноҳ зиндонишударо беш аз ин заҷру ранҷ надеҳ! Чун ҳамаи амал дар ин дунё беподош намемонад!
Муҳтарам Мансур Умаров!
Як бор фикр накардӣ, ки чаро ин ду нафар баъди шаш сол ба раиси ҷумҳурӣ нома навиштанд? Чӣ ва кӣ онҳоро ангеза барои навиштани ин нома додаст. Агар надонӣ манн бароят мегӯям, ки онҳоро ба навиштани ин ном Омбудсмен ва ё ҳамон ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон маслаҳат ва машварат додаст, ки аз раиси ҷумҳурӣ барои баррасии парвандаашон муроҷиат кунанд. Яъне онҳо ҳеҷ нияту ҳадафи баде, ҳеҷ шикваву шикояте ба шумо ва аз шумо надоранд ва накардаанд. Онҳо, инсонҳои росту содиқ маслиҳат ва машварати Омбудсменро беғаразона ва холисона пиндошта ва роҳи халосӣ аз зиндон дониста ва бо ин умед, ки раиси ҷумҳурӣ ба сарнавишташон расидагӣ хоҳад кард, додхоҳӣ намудаанд. Бо баёни дигар ин таҳрику роҳнамоӣ ва ҳидояти Омбудсмени тоҷик буд, ки чанде пеш бо онҳо дидор дошт.
Агар онҳо медонистанд, ки посухи номаи онҳо ба раиси ҷумҳурӣ ҳоли бадашонро бадтар мекунад, ҳеҷ гоҳ муроҷиат намекарданд ва онҳо медонистанд, ки ба ҷойи раиси ҷумҳурӣ ваколат, салоҳият ва ихтиёроти ӯро маъмурони зиндон татбиқ мекунанд, асло ин номаро наменавиштанд.
Муҳтарам Мансур Умаров!
Вақте Шуморо ба ҷои Зорро (Иззат Шарифов) ба ин вазиф оварданд, зиндониҳо, аз ҷумла зиндониҳои сиёсии ҲНИТ як андоза хушбинӣ карда буданд ва умедвор ҳам шуда буданд, ки низоми мустабиду одамшикан тағйир мекунад. Аммо ҳайҳот, аз буда бадтар шуда истодааст.
Мехоҳам як нуктаро бароятон ёдовар шавам. Чанд соли пеш, вақте бо талаб ва пофишории созмонҳои байналмилали ҳомии ҳуқуқи башар Идораи зиндонҳои Тоҷикистон аз итоат ва ихтиёроти вазорати корҳои дохилӣ ба вазорати адлия дода шуд, бо ин ҳадаф буд, ки муносибат бо зиндонҳо ва маҳбусин ба ҳолати оддӣ баргардад, чун вазорати дохилӣ як ниҳоди қудратӣ ва низомӣ аст ва аз шиканҷа ва бадрафторӣ фаровон истифода мекунанд. Додани мудрияти зиндонҳо ба вазорати адлия ба ин маъно буд, ки муносибат нарму мулоим мешавад ва муассисаҳои ислоҳӣ-зиндонҳову боздоштгоҳҳои муваққатӣ таҳти мудрияти як низоми мулкӣ қарор мегиранд. Аммо ин тарзи бархӯрди Шумо далолат бар он дорад, ки ҳамоно аз як генерали амниятӣ ҳастед ва бо вазифа ва масъулияти имрӯзаатон канор наомададед. Мундири генерали КГБ-ро аз тан бадар накардаед ва бо ҳар як зиндонӣ ба чашми душман менигаред. Инсоф кунед! Инсон бошед, муносибати инсонӣ кунед!
Муҳтарам Мансур Умаров!
Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ ба Муҳиддин Кабирӣ нома нанавиштаанд, ба раиси ҷумҳурӣ, навиштанд. Чун, ончиро, ки дархосту талаб карданд ба салоҳия ва ваколатҳои раиси ҷумҳурӣ тааллуқ дорад. Онҳо нишонӣ( адрес)-ро ғалат нагирифтаанд, бар мабнои қонун рафтор карданд. Шумо, ки аз мазмуни нома огоҳ шудед ва медонед, ки дархости онҳоро Шумо иҷро ва ё ҳатто рад карда наметавонед, чун дар салоҳияти шумо нест. Шумо, танҳо посбони зиндониҳоед, талабе, ки ин ду нафар гунаҳкори бегуноҳ, ки хуадшон ҳам инро зикр кардаанду мову шумо ҳам медонем, ки дар ҳақиқат бегуноҳанд, ба шумо рабт надорад. Ин раиси ҷумҳурӣ аст, ки агар хост, Судро дастури бозбинии парванда медиҳад, на шумо. Пас, онҳо дар ин ҷо чи ҷурме кардаанд, ки боз ҷазои сангинтар медиҳед? Ҳоло агар онҳо ин номаро ба шумо нишон медоданд, шуморо дар ҷараён мегузоштанд, ки ҳамчунин дархостеро аз раиси ҷумҳурӣ карданианд, Шумо иҷозат медодед? Мутмаинам,ки намегузоштед! Вале, магар чунин мавориде, ки зиндониҳо ба навиштани номаҳо муваффақ ба бозбинии парвандаҳошон ва ҳатто исботи бегуноҳиашон шудаанд, дар ҳамин Тоҷикистони мову шумо набуд? Магар навиштану додхоҳӣ кардан аз раиси ҷумҳурӣ мамнӯъ аст? Бар асоси кадом қонун? Чизи дигар ин аст, ки агар ин ду мутмаин бар бегуноҳии худ набуданд, бо чӣ ҷуръату боваре аз раиси ҷумҳурӣ додхоҳӣ мекарданд? Онҳо мутаминан, мо ҳам мутаминем ва шумо ҳам медонед, ки ҳақиқат чисту дар куҷост.
Дар барномаҳои қаблӣ ҳам гуфтам ва ҳоло ҳам такрор мекунам, ки Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ инсонҳое ҳастанд, ки аз дасту забони онҳо паша озор наёфтааст. Ман ин ду танро мешиносам ва бо домулло Зубайдуллоҳи Розиқ аз наздик шинос ҳастам. Ҳарду хоксору ҳарду барои истиқлоли кишвар,барои дастёбӣ ба сулҳу оштӣ саҳму ҳиссаи арзанда гузоштаанд.
Ҳоло агар онҳо ба раиси ҷумҳурӣ дархости бозбинии парвандаашонро карданду муваффақ ба раҳоӣ ва наҷот аз зиндон шуданд ва исбот карданд, ки қурбонӣ иттиҳомоти беасос шудаанд, чи бади дорад? Чи бади дорад, ки аз миёни даҳҳо зиндониҳои сиёсии бегуноҳ тавонанд бегуноҳии худро собит созанд? Магар ба Шумо зарар мерасад, кам мешавед?
Муҳтарам Мансур Умаров!
Бо ин ҳама зулму ситаме, ки болои аъзои зиндониҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раво медорӣ, Ҳикматулло Сайфуллоҳзодаро занондӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайитро бо як одамкуш ҳамкамера кардаӣ, бо онки эшони Қиёмиддин, махсуми Абдусаттор, шайх Темур ва чандин бегуноҳи дигар дар вақти раёсати Шумо кушта шуданд, ҳамоно аз Шумо умед ва бовар дорем, ки бо онҳо муносибати инсонӣ хоҳед кард. Бародарат зиндонӣ шуд, модарат аз ғами вай ҷон бохт. Магар инҳо модару зану фарзанд надоранд?
Ман дар барномаҳои пешинаам ҳам ба Шумо муроҷиат карда гуфта будам, ки аз Худо битарсед ва нагузоред, ки ба зиндониҳо осеб бирасад. Чун Шумо ҳам зану фарзанду додару бародар доред. Дер ё зуд ҳақиқат ҷойи худро мегирад, ҳар касба аъмоли худаш дар назди миллат ва давлат ҷавоб медиҳад.