Лақаб ё «кличка»-и генерал-полковник Рамазон Раҳимзода Ҳамро, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар байни наркобаронҳо «Буқача» аст. Ин лақаб таърихи ҷолиби худро дорад, ки ба замони кори Раҳимзода дар Маскав рабт дорад, ки як каме пойинтар дар ин бора хоҳем гуфт. Вале «Буқача» танҳо лақаби ин вазири номуҳтарам нест. Вай бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър менависад. Ашъори ӯ асосан ба як кас нигаронида шудааст. Ба Эмомалӣ Раҳмон. Як шеъри ӯро бо номи «Ту меарзӣ»,ки Эмомалӣ Раҳмонро ончунон тавсифи ситоиш карда аз осмони ҳафтум ҳам боло баровардааст Сурайё Қосиму ҳарду духтараш мехондаанд, ки тоза дар Ютуб тамошо кардам. Аммо, ман ба шумо бо итминон мегӯям, ки Ниҳонӣ шояд чор мисраъ аз «эҷодиёт»-и худашро надонад.
“Ҳамчуноне, ки Эмомалӣ Раҳмонов ҳам мисли Л.Брежнев китобҳои зиёде «навиштааст»-у аммо намедонад, ки мубтадо дар аввали ҷумла меояд ё хабар. Чунки на «Ниҳонӣ» ва на Эмомалӣ Раҳмонов як мисраъ ва ё як сатр то инки вазир ё раис шаванд, дар ҳеҷ куҷое чоп накардаанд. Соли 2012 вазири МВД шуду яке шеърҳояш дар нашрияҳо, асосан дар «Тоҷикистон»-и шариф Ҳамдампур чоп шудан гирифт. Баъд маълум шуд, ки онҳоро шоир Муҳаммад Ғоиб менавиштааст, аз ҷумла ҳамин «Агар гӯям,ки шоҳаншоҳи давронӣ,ту меарзӣ»-ро ҳам.”
Аммо солҳое, ки дар ОБХСС-и давраи шӯравӣ -шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и дар Данғара сардор буду Эмомалӣ Раҳмонов, директори совхози ба номи Ленин, чанд бор Эмомалиро барои дуздиҳои моликияти давлатӣ дастгир кардаву боз бар ивази даҳрублиҳои сурхи шӯравӣ раҳо кардааст. Ҳатто мегӯянд, ки як вақт, баъди дастгир шуданаш, Ғаюр Сафаров восита шуда аз Рамазон Раҳимзода хоҳиш мекунад, ки «Эдик»-ро «дело» накунад. Сумашро гираду ҷавоб диҳад. «Эдик»-ҳоло Эмомалӣ Раҳмонов дар як чойхона зиёфат ташкил карда ба кисаи Рамазон Раҳимзода як бандча 3 рублӣ мегузорад. Рамазон Раҳимзода бармегардаду мегӯяд, ки ту ин сесумиҳоятро бару дар сандуқи очат мону раву пачакаи даҳсумӣ биёр….»
Солҳо баъд, вақте Эмомалӣ Раҳмонов Рамазон Раҳимзодаро вазир таъйин мекунад, «прикол» мекунад, ки «ҳолеям даҳсумии сурх мегирӣ ва пули майдат намефорад»?
“Як лақаби дигар ҳам доштааст ин вазири корҳои дохилӣ: Чекӣ ( Чеки Чан-ба хотири онки ба хитоиҳо монанд аст)”
Дар бораи ин лақабаш ҳам каме баъдтар хоҳем гуфт.
Аммо, хабарҳое, ки аз доираҳои ба Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ба мо расид, Рамазон Раҳимзода беш аз як ҳафта мешавад, ки ба кор намеояд ва ояд ҳам камтар мешинаду касеро қабул накарда баромада меравад. Гуфтанд, ки чанд рӯзи пеш дар ҷараёни сафараш ба води Рашт сармо хӯрда ва сару рӯяш варам кардааст. Одами наздики Шоҳурх Сайид, ки ин хабарро ба мо расонд гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд гирифтори «омикрон»-навъи нави коронавирус шудааст. Зеро ҳаминки ба вазорат ҳам ояд зуд пизишкони идора наздаш медароянду барояш ҳабби таскиндиҳанда медиҳанду сузандору тазриқаш мекунанд.
Вай хеле ҳам ба дарду алам ба чанде аз зердастони наздикаш, ки бо онҳо дарди дил мекунаду байни ҳам гап мезананд, гуфтаст:
«охи ҳами мара мефора, ки сатру риш трошида бгардум? Дига кор надорем мо? Афсари даври союзем! Мара, охи, и паъат ҳар саҳар мепурсад, ҳаррӯз занг мезанад, ки чандта риш тарошидам, чандта сатр гирифтам? Мепурсад худи президент. Ман мусулмонум, очам Қуръона ҳифз кардагия».
Гуфтаст, ки президент ҳаррӯз мепурсад, занг мезанад, ки «чандта риш трошидӣ,чандта сатр гирифтӣ?» Занг мезанад. Дигар маҷбурем, бачаҳоро супориш бидиҳем, ки «бре риш трошену сатр бигириен сатр буқапед, риш буқапед».
Ин манбаъи мо гуфт, ки зоҳиран ин сафари кори Рамазон Раҳимзода ба Рашт ҳам барои сатру риш будааст, ки боз гуфтааст: «ҳамин супоришҳо аз худаш аст. Худаш ришдору сатрпӯшро нағз намедбинад».
“Аммо мо дар мавриди ин,ки Рамазон Раҳимзода динситез мисли Раҳмонов нест онро шаҳодат медиҳем. Мусалмон бояд рост гӯяд ва туҳмат кардан кори мусалмон нест ва бад коре мебошад. “
Дар ҳақиқат ин Эмомалӣ Раҳмонов як кадушоҳ аст.
Ёдатон бошад як вақтҳо ба дандонҳои тиллоӣ часпида буд: «ман ҳамаҷо пул мепурсам аммо инҷо даҳонҳо пури дандони тилло, кӣ бовар мекунад, ки мо камбағалем. Дар ҳама ҷо талбида меардаму шумо тилло мекунед. Мара чи меган? Давлаташ бой будай». Ва, сипас маъракаи тахлияи иҷбории даҳон аз дандони тилло шурӯъ шуда буд, ки хайрият ҳоло фаромуш кардааст. Баъд ба бурут –муилаб часпид. Аввли дам, мо-кормандони мақомотро маҷбур карданд, ки бурутамонро тарошем. Баъд ба риш часпид. Мулло Абдураҳимро гуфт «охи чо мекунӣ, бачаҳот натарсад бо ин қадар риш. Биё биги.» Ин мулло ҳам аввал паст кард, вале ҳоло қоқ тарошидагӣ аст. Боз дар ҳаққи Раҳмонов гиря када мегарда. Ба фикрам дар мурдаи отаву очаш ва фарзандаш ҳаминқадар гиристагӣ нест ин Мулло Абдурраҳим.
Аммо ҳоло, чуноне гуфтем, Рамазон Раҳимзодаи «Буқача» ва ё «Ҷеки Чан» дар кабинеташ ҳам личений карда истодааст, кор дуруст наомада истодааст. Вай аз онки Шоҳурх Сайид дар пешаш асту ӯро «подчинятса» намекунад, заррае ҳам писанд намекунад, сахт нороҳат аст. Вале дандон болои ҷигар тоқат карда истодааст.
“Бахусус дар ин авохир, ки ҳоло барои Шоҳрух Рустами Эмомалӣ салоҳиятҳои калонеро додааст ва вай ҳатто гуфтааст, ки акнун ин ман хоҳам буд, Муҳиддини Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддину дигару дигарашро хоҳам овард ва бар пояи маълумоти дарёфтӣ дар авохири соли гузашта беш аз 30 нафар кормандони дохилӣ ба Туркия омада ва даҳҳо нафар аз тоҷиконро дастгир кардаанд.
“Инчунин дар Олмон ва Порис афроди машкук,ки дар ҷустуҷӯй Мо будаандро ҳам амният ба мо расонида аст.Хуб, мо ҳам мунтазир ҳастем, ки Шоҳрух бо мо чиҳо хоҳад кард . Вале чанде аз матлаби омода дар бораи падараш ва худашро аз бойгонӣ берун мекунему баъди таҳриру такмил ба дасти чоп медиҳем, коре, ки феълан аз дастамон бармеояд, ҳамин аст? Албатта ин фикри Шоҳрух ва атрофиёни ӯянд,ки танҳо мо ҳамин корро мекунем. Аммо мо комилан тарҳи ҷадиди хубтаре дар назар гирифтаем ва ….”
Аммо ҳоло баргардем ба ончки чаро Рамазон Раҳимзодаро дар олами наркобаронҳо «Буқача» садо мезананд, хоҳем гуфт.
Дар матолибу барномаҳои пешинаи «Ислоҳ» мо аз ширкат ва ҳузури пурранги Рамазон Раҳимзода дар тиҷорати маводди мухаддир,ҳамроҳии вай дар ин тиҷорат бо Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов, чанд нафар аз афғонҳои он тарафи марз гуфта будем. Аммо ҳоло ба дасти мо маълумоти дигар расид, ки Рамазон Раҳимзода, солҳое, ки дар Маскав кор мекард, аз соли 2000 то 2005 ба унвони намояндаи ВКДТ дар Русия бо наркобаронҳои маъруфи тоҷик бо лақаби Боим ва Шайх шарик будааст. Ҳатто мегӯянд, ки ба унвони намояндаи ВКД Тоҷикистон, ки аз ҳақи дахлнопазирӣ бархурдор будааст, чанд навбат тавассути самолёт аз Тоҷикистон героин ва аз Маскав дипломатҳои доллари Боим ва Шайхро ба Душанбе меовардааст.
“Ин манбаъи мо аз қавли як нафар аз одамони наздики Шайх-Нуралии комсомолободӣ, ки ҳоло чанд сол аст дар маҳбаси Русия ба сар мебарад ва наркобарони калони тоҷик буд, гуфт «Буқача» -ро ҳамин Шайх ба Раҳимзода лақаб монда будааст. Ин гапи мо бармегардад ба солҳои 2000- 2005,ки онгуна ишора рафт он солҳо Рамазон Раҳимзода ҳам дар Академияи ВКД-и Русия таҳсил мекарду ҳам ба ҳайси намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан ба ҳайси муовини аввали Бюрои мазкур фаъолият мекард.”
Тасаввур кунед, ки намояндаи ваколатдори ВКД-и Тоҷикистон дар Русия бо наркобаронҳо якҷоя героин бизнес мекард ва мегӯянд, ки Шайх ва Боим борҳо ӯро «на три буквы» посилат кардагианд, дашномаш мекарданд. Шайх гоҳо қаҳраш мекрадаст, мегуфтаст, ки «бра,ма хдтаму Ҷаноби барзаговтам задагиюм». Ҳамин тавр ӯро буқача ном мегирифтаанд.Чунки рамазон Раҳимзода аз пули онҳо сахт вобаста будааст.
Нуралӣ-Шейх муриди ашадии Домулло Ҳикматулои тоҷикободӣ буд ва «буҷача» инро фаҳмида чанд бор назди домуллои марҳум ҳам рафта будааст, ки барои дастгираш аз тарафи Нуралӣ мусоидат намояд.
“Нуралӣ вақтҳои ахир «корол»-и наркобаронҳои Тоҷикистон дар Русия шуда буд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо Боимро ӯ «подстава» кардагӣ аст. Вай, аммо бо Раҳмонов бисёр нафрат дошт ва рӯирост дашномаш мекард.”
Нуралиро ҳамин «Буқача», баъд аз онки вазир шуд тавассути одамҳояш, ки номҳову вазифаҳояшон пеши мо ҳаст «подставит» кард ва барои14 сол шинонданд. Дар вақте ки дар маҳбас буд, ба чи иттиҳоми дигаре гунаҳкор кардаву боз солҳои изофӣ доданд. Гуфта мешавад дар паси ин кор ҳамин Рамазон Раҳимзода меистодааст. Чунки «Буқача» намехоҳад, ки Нуралӣ ба озодӣ барояд ва дар бораи гузаштаи вай, ки бо наркобизнес машғул буд, гап занад. Тибқи маълумотҳои расида ба “Ислоҳ” номҳои афроде бо ҷаноби “Буқача” дар зиндонӣ кардани Нуралӣ –Шайх ҳамдастӣ намудаанд вуҷуд дорад. Аммо феълан аз бурдани номҳои онҳо худдорӣ мекунем.
“Буқача бо Маҷидов Абдуқаюм Ёриевич бо лақби “мулло чака” ,ки хело рафоқати деринае дошт. Ҳатто дар сафарҳои корияш ба Бадахшон ӯро ҳамроҳаш бурда буд. Хулас тибқи маълумотҳо як пиёла чойро бе ӯ намехурд Рамазон Раҳимзода. Аммо дар ҳодисаи сохтаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ӯро боздошт ва ба ӯ ҳукми абад доданд. Дар ҳоле Ҳоҷӣ Ҳалим бо худи Рамазон Раҳимзода ҳам рафту омад ва дар шабнишиниҳо гоҳ гоҳ иштирок менамуд. Абдуқаюм Маҷидов ягона гуноҳаш ҳамин будааст, ки Ҳоҷӣ Ҳалим дар хонаи ӯ қарор дошта будааст. Буқача ҳеҷ коре барои ин рафиқи ҷонияш карда натавонистааст. Боз тибқи маълумотҳои расида Буқача аз Абдуқаюм 370 ҳазор доллар қарз дор ҳам будааст. Умедворем ин пули қарзро ба хонаводааш бурда мерасонад.”
Инро ҳам бигӯям, ки Рамазон Раҳимзодаи «Буқача» дар «доля»-и бозори «Корвон» шарик аст. Ба ҷуз аз онки чанд «точка» ва мағозаҳо дорад дар ҳар семоҳа Нуршед Машрабов, раиси бозори «Корвон» 100 000$ медиҳадаш.
Дар бораи лақаби “Ҷеки Чани” Рамазон Раҳимзода феълан ҳаминро мегӯем,ки ин лақабро дар вақти амалиёти зидди Мулло Абдулло дар води Рашт ба ӯ додаанд. Вай он вақт муовини аввали вазири дохилӣ ва роҳбари ҳамин амалиёт буд.
“Аммо ҳоло Рамазон Раҳимзода аз Абдураҳмон Бузмаков-Аламшозода, ки муовини аввали худаш аст низ сахт норозӣ аст. Чунки Аламшозода бо Шоҳрух Сайид дӯст аст ва ҳоло дар Бадахшон ба намояндагии аз ВКД фаъолият карда истодааст.”
Гап дар бораи он меравад, ки айни замон дар Бадахшон барои сарбозу афсарони Қӯшунҳои дохилии вазорати дохила пули зиёд ҷудо шудааст.
Ҳамчунин дар инҷо як амалиёти бузурги табодули геройин дар моҳи декабри соли 2021 ба анҷом расид, ки ба тарафи афғонҳо ҳам пул ва ҳам хеле аз силоҳу яроқ дода шудааст. Аз ин даромадҳо Рамазон Раҳимзода бенасиб монд.
“Вале дар охири навишта як нуктаро аз корҳои дӯстдоштаи Рамазон Раҳимзода инҷо гуфтанием. Вай саг ва сагбозиро нағз медидааст. Ҳамин аст ки мегӯянд гоҳо вақтҳо аз миёнаи кор нопадид мешавад ва ба гуфтаи ронандааш онҳо мерафтаанд Лучоб ва аз сагҳои вай, сагҳои ҷангӣ будаанд, дидан мекардаанд ва вазир бо онҳо то чанд соат бозӣ мекардааст. Барои ҳамин гоҳо дар ҷойи кор аз вай бӯйи саг ҳам меомада меомадааст.”
Ps: “Ислоҳ” дар мавриди Шоҳрух Саидов таҳқиқоти ҷиддӣ бурда истодааст ва дар матлаби оянда пас аз такмили ин таҳқиқот аз амалиётҳои Шоҳрух ва чӣ вазифаҳо ба ӯ вогузор карда шудаастро хоҳем гуфт. Агар Рустам ва Озода вазоифе,ки ба уҳдаи Шоҳрух гузоштаро ҳаминхел гузоранд.Хело шарманда хоҳанд шуд. Чун,ки амалиётҳои хориҷ аз СНГ ро ба ӯ вогузор кардаанд. Яъне вазоифи КДАМро ба Шоҳрух вогузор кардааст. Давлатҳои хориҷ аз маҳватаи СНГ мисли он давлатҳо нестанд,ки ҷиноякороне Шоҳрух фиристода барои амалиётҳои қаӣлу кушторе,ки дар нақша кашидааст ҳаминхел гузоранд.