Эмомалӣ Раҳмонов: «Рустам не, ман худам фармон додам, ки помириҳоро кушанд»

Ислоҳ нет

Эмомалӣ Раҳмонов эълон кард, ки дастури қатли омми помириҳо, поксозии қавмӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро худи ӯ содир кардааст. Чун онҳо лаҷоми худро дар ихтиёри “ҳизби террористии наҳзат ва хоҷагонаш” гузоштанд. Ин ҳизб “26 миллион сомонӣ” ба онҳо додааст, аз ҳамааш хабадор буданд, ин силоҳу муҳиммот, ки нишон дода шуд, аз нуки хамир фатир аст.

Ростӣ, аввалин фикре, ки ба сарам омад ин буд, ки чи қадар Раҳмонов аз ҲНИТ тарсидааст, ки баъди ин ҳама сулуҳ салоҳу оштӣ ва баъди онки дубора онро заду торумор карду аз кишвар ронд, ҳоло ҳам аҷзу заъфии худро дар баробари он пинҳон дошта наметавонад. Аз тарафи дигар гуфтам ин мо бо таъбири баъзещо «шаурмахуракон», «наскидаридаҳо», «муллофихинҳо», «гуруҳи заиф» аз тарафи ин «кадушоҳ» боз ҳам бепул реклама мешавем ва ҳузури физикӣ дар кишвар надошта бошем ҳам аммо ҳамоно сояамон давлат ва роҳбари давлатро таҳти соя қарор додааст, ин шояд хуб ҳам бошад. Агарчи, шуморо саддарсад итминон медиҳам, ки ин як туҳмат ва як дуруғи бузург аст ки ҲНИТ дар ин ҳаводис даст дошта бошаду боз кам не зиёд не, ба 26 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардааст. Мо, ки сомонӣ надорем. Ва, дигар ин ки ин ҳама силоҳу муҳиммот, ки ба намоиш гузоштаед, фақат бомбаи атомӣ намерасид, агар дар дасти он гуруҳҳои террористӣ буд ва онҳо, ки террорист бошанд ва шумоҳо, ки бар сари онҳо силоҳ бардошта ба куштанашон рафтед ва онҳо яқин аҷалро рубару шуда буданд, чаро як файре тарафи шумо накарданд? Аммо ин террористҳо гуруҳ –гуруҳ маҳву нобуд шуданд. Ба ин дуруғи шумо фикр кардед, касе бовар кард? Магар кадом террорист «ручной пулемёт» дошта бошаду калашников дошта бошаду ақалан як нафари шуморо кушта натавонад. Пас, вай чи террористе будааст?

“Дақиқан назар ба ин иттиҳомоти Эмомалӣ Раҳмонов ба ҲНИТ ва садо додани маблағи 26 миллион сомонӣ ва ин ҷуръати ӯ, ки гуфт: “ман фармони қатли бадахшониҳоро додам “ аз раиси ҲНИТ ва ПМТ пурсидам ва ба ин саволҳо посухи мушаххасе додаанд. Феълан ба хотири тулонӣ нашудани матлаб посухи устодро  дар навори ин матлаб мегузорем ва онҷо бубинеду қазоват кунед.”

Аммо баргардем ба «ҳизби террористии наҳзат». Хоҷагони Ҳизби наҳзат ин бор кӣ бошад ё кӣ бошанд? Ҳамон кишвари дар нохунак дуст? Аҷаб! Агар ҳамон кишвари дар нохунак дуст бошад, он ки дигар барои Раҳмонов чанд адад не, заводи безпилотник месозад. Заводи безпилотник!!! Ё Эрон бозии дусамта пеш мебараду ҳамчуноне худи Раҳмонов гуфт, «мо медонистем», яъне медонад?  Ин бор хоҷаи наҳзат гуфта киро дар назар дошта бошад? Магар Русия? То онҷо ки маълумотҳо мерасанд Русия ба ҷонишинии Рустам розӣ нашудааст ва ин вазъ Раҳмоновро сахт ошуфта кардааст. Имсол Раҳмонов ба рузи истиқлолияти давлатии Русия (12-июн) Владимир Путинро табрик накард. Бархе аз манобеъ мегуянд, ки Путин дар сафари ахири Раҳмонов ба Маскав ӯро ахтор додааст, ки бо ҲНИТ бисозад ва мусолаҳа кунад. Ҳарферо, ки ду соли пеш Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия гушрас карда буд. Гуфтааст авзоъ дар он суи марз хуб нест, имкони рахна ва вуруд ва ҳамовозии исломиёни норозӣ дар дохил вуҷуд дорад ва набояд ба чунин пешомад-як ҷабҳаи дигари ҷанг- шароит фароҳам сохт, чунки Русия бе ин ҳам бар асари ҷанг бо Укроин дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад.

“Гуё задани Раҳмонов Бадахшонро дар ҳавои ҳамин суҳбатҳо сурат гирифтааст то нишон бидиҳад, ки тавонмандии вай кофист, ки аз ҳар навъи нофармонӣ ҷилавгирӣ кунад. Ва, собит кунад, ки Тоҷикистон комилан таҳти сайтара ва контроли уст. Аммо, кӣ ва ё кадом гуруҳе бар инки «амалиёти зиддитеррористӣ» вале дар асл дастури қатли омми бадахшониҳо аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов сурат гирифтааст, шубҳа кардааст? Инки дастури куштору қатли омм аз тарафи вазири милиса ва ё амният дода намешавад.”

Истифодаи неру ва силоҳи оташфишон болои мардуми бесилоҳ ва умуман истифода аз зӯри низомӣ мусаллам аст ки бо дастури роҳбари даввлат иҷро мешавад. (Аммо дар ягон давлати дунё ин функсияи давлат ва роҳбари давлат нест, ки ба сӯи мардуми бесилоҳ оташ бикушояд) Аммо чаро Раҳмонов ин масъаларо матраҳ кард? Масалан дар соли 2012 нагуфта буд, ки ман ба артиш дастур додам, ки Хоруғро бизанад. Ҳамон вақт ҳам артиш даромада ва зада буд. Ва, ҳамон вақт ҳам Раҳмонов дастур дода буд. Ҳоло чаро гуфт? Ба як раҳбари давлат таъкид кардан, ки ман фармон додам, ки безарар кунанд, ҳеҷ зарурат надошту надорад. Ҳоло кор, ки анҷом шуд, чи ҳоҷат ба онки боз як бори дигар ба мардум хунхор буданатро, аз болои хун омаданатро, бо хун омадем бо хун меравем гуфтанатро ёдовар шавӣ? Чи зарурат буд? Мардумро, ки куштӣ. Эълон кардани «ман фармон додам» ба чи хотир буд?

“Ба ин хотир буд, ки дар «Ислоҳ.нет» мо кушоду равшан гуфтем, ки хеле аз ҷавонони бегуноҳи бадахшӣ тавассути гурӯҳи вижаи марбути Рустам кушта шуданд. Ин гурӯҳ инҷо -репетитсияҳои амалӣ гузарониданд. Алфа ҳам буд, ОМОН ҳам буд. Аммо гурӯҳи ҷаррори одамкушони Рустам, ки инструкторҳои хориҷӣ (мураббиҳо) таълим дода ва аз 15 то 20-30 000 моҳиёна дарёфт мекунанд, низ бо дастури Рустам инҷо «машқу тамрин» карданд. Онҳо мустақил буданд ва мустақим ба Рустам ҳисобот медоданд. Аз тамоми амалиёт-одамкушиҳояшон наворҳо гирифта ба Рустам интиқол додаанд, то бибинад, ки онҳо то чи ҳад омода ҳастанд, ки дастуроти вайро иҷро кунанд. Даҳҳо нафар аз афроди мулкиро онҳо куштаанд.”

Зимнан вақте Шодӣ Ҳафиз ба Раҳимзодаву Ятимов ҳисобот дод, гуфт, ки 29 касро куштанд, аммо ҳоло ин рақам16 шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки танҳо дар Вамари Рушон беш аз 30 касро куштанд.Раҳмонов барои он эълон кард, ки фармони қатли омми помириҳоро худи у содир кардааст, то Рустамро сафед кунад, дар ҳоле, ки мо нагуфта будем, ки Рустам фармони куштор додааст, балки гуфта будем, ки гуруҳи махсус (спецсназ)-Рустам дар куштори помириҳо нақши калон бозид. Ҳоло, акнун Раҳмонов, ба дунболи Муним Оламов, директори «Имруз нюс»,ки вай ҳам гуфт, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар ҳақи Рустам дуруғ мегуяд, эълон мекунад, ки на Рустам, балки худи вай дастури қатл додааст. Мехоҳад нишон бидиҳад, ки Рустам дасташ хунолуда нест, мисли вай ба хуни помириҳо ташна нест. Вай бо ин эълонаш мехоҳад тамоми ҷурму ҷинояташ дар мавриди Бадахшонро ба худи вай банданд, ба Рустам кореро нисбат надиҳанд, чун мехоҳад Рустам як раиси ҷумҳурӣ бидуни ҷангу хунрезӣ ба қудрат расида бошад ва набояд ӯро бо помириҳо душман кард.

Ёдатон бошад Раҳмонов ҳануз дар соли 2018 дуғу пуписа карда гуфта буд, ки агар зуратон ба чор ҷинояткор нарасад аз зӯри артишро истифода баред. Ҳамон вақт истифода бурданд, аммо муваффақ нашуданд ва Раҳмонов ҳам сокит монд, нагуфт, ки ман фармон додаам. Раҳмонов вақте мегуяд, ки «илоҷи дигаре набуд» муталқо дуруғ мегуяд. Илоҷи саддарсадӣ вуҷуд дошт, ки ин фоҷеаи башарӣ дар ВМКБ руй надиҳад, пешгирӣ шавад ва даҳҳо нафари бегуноҳро накушад, ҷони онҳо ҳифз бишавад. Зеро, фаъолони ҷомеаи маданӣ, шахсиятҳо ва занону модарони бадахшонӣ аз вай борҳо дархост карданд, ки шахсан ба мушкилоти пешомада, ба буҳрони ба таври сунъӣ эҷодкардаи мақомоти қудратӣ расидагӣ кунад. Ҳам ба вай ва ҳам ба Рустам-нафари дуввуми Тоҷикистон муроҷиат карданд. Вале вай ин ҳамаро нодида гирифт. Маълум мешавад, ки вай дидаву дониста вазъиятро печида ва буҳронӣ мекунад, чун нақша ва нияташ ин бор нопок буд. Агар даъво ва арзу шикояти бадахшониҳоро, модари Гулбиддин,модари Тутишоро мепурсид, агар мақомоти вай бо «Комиссияи 44» менишасту буҳронро бо тариқи осоишта ҳал мекард, ин фоҷеа магар руй медод? Албатта, руй намедод. Вале вай ин бор мақсади саркуб, қатл, зиндон, хуллас, ба зону даровардани Помир ва помириҳоро дошт. Ҳоло, вақте вай мегуяд, ки ман ин кардам, ман он кардам, 15 бор афв кардам, тарбия карданӣ шудам, роҳ сохтам пас, чаро 16ум бор афв накард? Чаро боз тарбияро идома надод. Магар рехтани хуни инсонҳо, магар қатли омм, магар кашидани силоҳу тирборони мардум, ҷони инсонҳоро гирифтан кори давлат ва раҳбари давлат аст? Кори роҳбари давлат, ки гарант, зомин ва кафили ҳаёти инсонҳо аст ҷонгирӣ ва куштори онҳост?

Раҳмонов ин бор барои он мардумро бераҳмона парронду кушт, ки мутмаинаш карданд, ки «мо,метавонем» ва гуфт, ки агар битавонед, пас майдон аз шумост. Ба ҳамин тариқ одами даркории худашон, одами тарбияткардаи худашон Алишери Мирзонабот-генерали амниятиро оварданду сар аз авохири соли 2019 ба раисии шаҳри Хоруғ ва сипас ба раисии Вилоят ва то анҷоми ин амалиёт тамоми имконотро дар дасташ доданд. Ва, вай қадам ба қадам тарҳи тасдиқшударо иҷро кард ва тавре бо мардуми худаш рафтор кард, ки имрӯз Бадахшон ба хоки сияҳ шинонида шуд. Кореро, ки абадан Ёдгор Файзов анҷом намедод. Бадахшон тавре таҳқир шуд, ки ҳеҷ минтақаи Тоҷикистон шоҳидаш нашудааст.

“Улфатхонум Мамадшоева, як зани обруманди бадахширо ба сангинтарин иттиҳом-ҷосусӣ муттаҳам карда ва ӯро дар телевизионҳо намоиш доданд, ки бо рангу руи кабуду сиёҳшуда «иқрори гуноҳон» мекунад. Мардуми Бадахшон, зану мард, «ал-амон» гуфтанд, «гунакорем» гуфтанд. Ин танҳо як дастбурд ба нангу номус набуд, ин ҳамла ва таҷовузи гуруҳӣ ба шарафу иззати як зан ва дар умум сокинони Боми ҷаҳон буд. Мунтаҳо, ин бор ҳадаф шикастану мутеъ кардану худро фотеҳ ва ҳокими мутлақ ва муқтадир нишон додан буд, чун дигар вақташ хеле танг шуда аст.”

Ҳар рӯз замон барои иҷрои тағйироти Қонуни Асосӣ дар соли 2016-ро аз даст дода истодааст. Аз ҳисоби ноамниҳо дар марз бо қирғиз ва акнун як минтақаи бузург ва дорои аҳамияти геостратегии фармоннораво ӯро намегузоштанд, ки орому роҳат реферандуми соли 2016-ро ҷамъбасту натиҷагирӣ кунад. Ҳаводис дар кишвар таврест, ки ин тағйирот аслан як кори нолозим шуда истодааст, чун Рустам аз 35 ҳам гузашт ва институти Асосгузор-Пешво гумон аст ки дигар ба кор ояд, таҳаққуқ пайдо кунад, балки шояд ин зиёдаравиву зиёдахоҳиҳои вай боиси такрори сарнавишти Элбасӣ бишавад. Сохтани як ниҳоди сунъиву ҷаълӣ, ки як кори абалаҳона ва аҳмақонае беш нест ва намешавад тамоми дунёро гулу гумроҳ фарз кард, бар болои онки тамоми ҳокимиятро оилавӣ кардааст. Маълум аст ки ин овардани Рустам, ин Асосгузор ва ин ҳокимияти оилавӣ ба манфиати миллат ва давлати тоҷикон нест. Вале бояд ин корро кунад, чун гузинаи дигар барояш ҷаҳаннам аст. Раҳмонов аз аввали «ин бор» помириҳоро зад.

“Кореро, ки тули ин ҳама сӣ сол муваффақ нашуда буд. Бар фарзе, агар ин навбат ҳам мисли солҳои пешин наметавонист, муваффақ намешуд, ҳеҷ гоҳ ин масъаларо ба маҷлис ва маърази омма намекашид. Сукут мекард, гуё ҳеҷ ҳодисае руй надодааст, ҳамчунон ки 30 сол сукут кард, масалан дар соли 2012, 2014, 2018,2020 ва ҳатто дар ҳамон ноябри 2021, ки Гулбиддинро дидаву дониста куштанд, ҳеҷ реаксия нишон надод, гунгу кару кур буд. Аммо азбаски ин бор лидерони мардумиро кушт, истирдоду зиндонӣ намуд, худи мардумро парронид, тавонист, ки аз тазоҳурот ҷилавгирӣ кунад, хуллас ин бор, ки гуё ғалаба кард, мехезаду маддаи дил мекафонад, ки ман 15 бор афв кардам, гузашт намудам, аммо тарбият наёфтанд. Он вақт функсияи давлат нагуфт, чун палла ва ё каффаи мизон баробар набуд. Зеро Бадахшон раҳбари хойину халқфуруши номусбохтае мисли Алишер Мирзонабот надошт. Аммо ин бор неруҳои зиёд ҳам овард, неруҳои вижаи одамкуш. Одамкушони Рустам.”

Аммо овардани номи Ҳизби наҳзат ва ба пойи вай бастани ин ҳаводис, албатта, бо ҳадафи махсус сурат гирифтааст. Раҳмонов мушовирони амниятии вай ба яқин медонанд, ки ин як ҳарфи муфт, як дуруғи шохдор аст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин имкон ва тавони молиро надорад, ки 26 миллион сомонӣ ба лидерҳои мардумии ВМКБ дода бошад. Агар дошта бошад ҳам сири мардон пӯшида мегӯянд ва барои як митинг 26 миллион сомонӣ додан ин як саръ ва ҷунун аст. ҲНИТ  аз миллат ва мардум ҳеҷ сире надошт ва надорад ва мисли офтоб рушантар корашро, то имрӯз идома дода истодааст. Аз тарафи дигар аз даҳани ҳеҷ яке аз лидерони ҳамакнун ба шаҳодат расидаи мардумии Бадахшон, на Мамадбоқир, на Ёдгор, на Толиб на Хурсанду дигару дигараш ягон талабу дархости сиёсӣ, ки ба ҳокмияти марказӣ нигаронида шуда бошад, садо надодааст. Билакс онҳо, ҳатто занҳову модарҳои бадахшӣ бо нашру пахши даҳҳо муроҷиатҳои катбиву тасвирӣ ё ба Раҳмонов ё ба Рустами Эмомалӣ руи ниёз оварданд, ки онҳоро аз шарри мақомоти қудратӣ ва раҳбарони бекифояти вилоят ҳимоят кунанд. Аммо, ҳеҷ кадоме аз онҳо қасду ният ва ё ғарази табадулот ва ё сарнагунии ҳукумати Раҳмоновро надошт ва ҳатто агар ҳам медошт дар фосилаи 1000 километр то Душанбе ин корро чи тавр анҷом медод?

“Ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони онро зикри хос кардани Раҳмонов ҳамоно идомаи бадномсозии ин ҳизб аст ки бидуни кадом санаду мадрак ба ном табаддулот Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам бори душаш шуда буд.”

Аммо, саволи дигар ин аст ки чаро тамоми дунё дар фикри табаддулот дар Тоҷикистон бошанд? Раҳмонов ба ин тарафи масъала фикр мекарда бошад? Тамоми дунё барои Раҳмонов табаддулот мекунанд, аммо ин «супермен» ҳамаро яксараву якбара мекунад. Мо,ки бовар надорем….

Share This Article