Чанд рӯз пеш 09.08.2021 як гурӯҳ зиёиён ва олимони Тоҷик дар ҳимоят аз Шералӣ Кабиров зери унвони “Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон” навшта буданд. Гилоя ҳам намуда буданд,ки шумо ҳақиқатгӯй ва ҳақиқатҷӯй бошед ин навиштаи моро нашр мекунед. “Ислоҳ” бидуни тасарруф онро нашр намуд. Имрӯз ба мо аввалин раддия ба он нома бо 16 радияҳои мудаллал расид ва онро тақдими шумо менамоем.
“Олими беамал занбӯри беасал”
Ба ростӣ, намехостам посух бинавасам. Зеро мисли шумо на онқадар вақти холии зиёдати дорам, лек ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон наметавонам сукут ихтиёр кунам. Бигзор ин посух мисли як баҳс байни ду олим ва шумо шавад.
Аввал: Нисфи шумо аз он имзо гузоштаҳо олимони беамал ва ё асардузд (плагиат) ҳастед! Яъне корҳои илмии дигаронро дуздида диссертасияи худро ҳимоя кардед. Ин буд бештари тавонии шумо, бисёри аз шумо дар коллегияҳои Русия унвонҳои худро аз $5000 оғоз карда харида ҳастед (мисол дар Новосибирски Русия ҳамин нарху наво буд). Ман худ то ҳол дар ёд дорам чи гуна яке аз чала-олимони Ҳукумати Pаҳмонов ба донишҷуён мефурӯхту бар ивазаш “зачет” мемонд. Ин аст ҳолу қадри олими тоҷик дар Ҳукумати Раҳмонов.
Сониян : Оиди “ИНТЕЛЛИГЕНСИЯ” – чи хел Илич (яъне Ленин) мегуфт:
“Интеллигенция не мозг нации, а говно”. Шумоён 100% ҳамон партови ақидавии миллат гаштед, дар дасти қотил, хоин ва ватанфурӯш Раҳмонов. Шуморо чи тавр Илич ҷамъ карда аз Русия ронда буд айнан ҳамин тавр кардан лозим, садқаи номи олим ва зиёӣ шавед. Агар зиёии қалбакӣ намебудед ҳамқишлоқи худро ингуна муҳофизат намекардед. Кӣ худ ба тамоми маъно маҳалгароӣ аст, зеро, ки ҳамон номаи шумо пур аз маҳалгароӣ буд ва бар ало дида мешуд.
Зиёии ҳақиқӣ худро аз ман зиёӣ гуфтан шарм медорад ва даст мекашад. Шумо қалбакии худро бо ҳамин номаи бемантиқ исбот кардед. Боз як бори дигар мо он олимоне, ки аз Раҳмонови хоин гурехтему дар ҳар канори дунё фаъолият мекунем дар бесоводии шумоён дигар ҳеҷ шакке надорем ба ҳоли сахтатон механдем! Ҳамон Раҳмонов ва командаи ӯ ҳатто он чи ки аз давраи Шуравӣ монда буд натавонистанд кор фароянду ба кор андозанд.
Севвум: Нисбати қаҳрамони номаи шумо. Ҳамон Шералӣ Кабир ва корпоракратияи(A) бандаи оилаи Раҳмонов Ватани азизи моро “сыревой придаток” карданд. Он конҳое, ки дар замони Шуравӣ георазведка шуда буданд, бо ёрдами қаҳрамони шумо аз они Хитой шуда истодааст. Ватани моро ба як полигони партовҳои кимёви табдил додед. Аз аффинажи тилло оғоз карда то дигар конҳое, ки акнун аз они Хитой гашт.
Чорум: Шумо дар номаи худ аз коргоҳҳое ,ки бо ёрдами қаҳрамони номаи шумо кушода шудааст, қайд кардед. Ман танҳо оиди яке аз онҳо сухан мекунам, ки он “СОМОН-СУҒД” ҳаст. Таърихи бо тариқи рейдерӣ кашида гирифтани коргоҳҳои соҳибкорони суғдиро ҳоло ҳама мардуми Суғд бидуни истисно хело хуб медонанд. Аз кашида гирифтани терминали фурудгоҳи Ҳуҷанд, “СП САНЪО”, сохтмони бинои нави Ориёнбанки шаҳри Хуҷанд, то конҳои кварсу дигар ширкатҳо дар Суғд. Аз номаи шумо лек аз он лиҳоз хурсанд шудем, ки шумо бо забони худ ҳамаи қаҳрамонони ҳамон корҳоро ошкор кардед. Ин нома дар оянда яке аз ҳуҷҷатҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидани қаҳрамони шумо мегардад.
Панҷум: Оиди донистани якчанд забон. Донистани якчанд забон соҳибкории ҷаҳониро нишон намедиҳад. Соҳибкори ҷаҳонӣ агар бо термини инглисӣ гуем ин шахсе, ки худ ҳамачиро аз сифр оғоз кардааст(B).
Шашум: Дастгирии ҷавонон аз ҷониби Раҳмонов.Бо суханҳои холӣ на, балки дар ҳаёти худ дидем он дастгирии пешвоятонро. Дастгириро аз даҳҳо, садҳо ҳазорон ҷавонони Тоҷикистон пурсед, ки ҳоло дар ғарибианд. Бо заҳмату сиёсати хоини ин миллату давлат Раҳмонов потенсиали интелектуалии ин миллат на танҳо дар Русия, балки дар тамоми ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд. Аз Австралиё ( олимони соҳаи Физикаи Атомӣ, дар коркарди Уран), Бритониё, Амрико (дар соҳаи лазерҳо, микроэлектроника ва чипсозӣ), Олмон (энергетика), Канада (барномасозӣ) ва ҳатто дар Ҷопон (дар соҳаи тиб, кардиохирургия) олими тоҷикистонӣ қадр шуд. Лек дар ватани худ олимони моро ҳамон Ҳукумати Раҳмонову мисли шумо чоплусони дарборӣ хор кардаанд, шумо олимони беамалу тарсу. Шумо фикр мекунед мухолифон ин як ,ду ва ё се ришдоре бесавод? Бовар кунед мухолифони шумо ҳама қишри огоҳу бо саводи ин кишвару миллатанд.Вой бар ҳоли шумо кавданҳо!
Ҳафтум: Нисбати “Центр Интеллектуальной Собственности”, ин як хокшапӣ ба чашми шумо барин БЕСАВОДҲО! Стартап(C)-ҳоро ингуна дастгирӣ намекунанд.
Ҳаштум: Оиди фарзанди куҳистон будани Шералӣ ва ғайра. 93 фоизи ин давлат куҳсор ҳаст, аз ин лиҳоз ҳамаи шаҳрвандони ин давлатро метавон гуфт куҳистонӣ. Шумо қайд кардед, ки пешвои шумо ӯро мисли фарзанди худ тарбия карда истодааст. Он пешвоятон чи тавр фарзондони дуздро тарбия мекунад мо ҳама хело хуб медонем. Дигар мавзуъ он аст соҳиби мансаб барои аз пешво ва ё пасво тарбия гирифтан намераванд. Тамоман мантиқи фикрҳои шуморо нафаҳмидем, дар як ҷумла Шералиро мисли як “гений” нишон додед, лек акнун ӯро мисли як тарбиягиранда. Он Раҳмонови тракторчии бесавод чи метавонад ба олими ҷавони шумо омӯзонад? Бигзор Раҳмонов аввал аз оилаи дузди худ он тарбияро оғоз кунад.
Нуҳум: Оиди ҳамон “ТАЛКО” Дадоҷон Ёқубов дар фейсбук (зери ҳамон пости Муҳаммадиқбол) хело хуб навиштанд, бо далелҳо. Ҳатман дар навори ин матлаб онҳоро низ меоварем.
Даҳум: Дар нома қайд кардед, ки дар Ёвон якчанд корхонаҳои азим Шералӣ Кабиров ташкил карданд. Бале, мо инро ҳам хело хуб медонем, лек он коргоҳи нуриҳои азотӣ чи шуд? Чаро хоҷагиҳои Тоҷикистон аз нуриҳои минералии дигар давлатҳо то кунун истифода мебаранд? Имрӯзҳо озуқа хело гарон шуда истодааст, инро ҳатто пешвоятон бо захираи дусола кунед гуён қайд мекунад. Аз сабаби ҷанги Укроину Русия ҳозир нархи минералҳо барои хоҷагиҳои Тоҷикистон хело гарон гашт. Чаро он коргоҳи Азот ҳам ба дасти чиниҳо рафт? Ё ин стратегияи пешбурдани ин соҳа ҳаст аз тарафи Шералӣ Кабиров ?
(https://rus.ozodi.org/a/31705950.html)
Ёздаҳум : Шералӣ Кабиров бо Узбекистон алоқаи ғайрирасмӣ дорад. Лек ҳамин ҷумларо якчанд маротиба хондем. Нафаҳмидем ин алоқа чигуна алоқа будааст? Алоқаи маҳрамонаи ҷинсӣ, мафиёвӣ, порадиҳӣ ва ё ҳама якҷоя. Инро Муҳаммадиқбол якчанд барнома карда буданд ва ҳамчунин қайд карда буданд чи гуна глиназемро дар давраҳои Каримов мегузаронданд. Чаро Шералӣ ҳамон алоқаи ғайрирасмиро кор нафармуд барои харидории гази табиӣ? Ба ҷои он боз ҳамон чиниҳо як заводи СИНГАЗ(D)-ро дар паҳлуи Талко сохтанд.
(https://rus.ozodi.org/a/24775795.html)
Дувоздаҳум : Боз оиди ҳамон “СОМОН-СУҒД”. Қарзҳои “имтиёзноки” ин бонки Ҳасани Асадуллозодаро аз собиқ раисони ширкатҳои СП-САНО, аз соҳибкор Нурулло, ки аз ӯ амволашро ба миллионҳо доллар кашида гирифтанд, аз ширкати давлатии Суғдгаз, ки ҳам ба қарзҳои “имтиёзнок” моли СОМОН-СУҒД шуданд.
(https://asiaplustj.info/ru/node/288547)
(https://www.ozodi.org/a/30890579.html)
Оиди беҳтарин мутахассисони аз Душанбе оварда. Боз ҳам ҳамон маҳалгароӣ аз тарафи шумо олимону зиёиён, гуё, ки мо суғдиён чунон бесаводем, ки даҳҳо мутахассисони аз Душанбе моро одам карданд. Бо сардории Шералии олими ҷавон. Лек ҳама медонанд, ки қарзҳо дар асл дуздии он коргоҳҳо буданд ва Шералӣ Кабиров ҳам шарики ҳамин дуздиҳост.
Сенздаҳум: Оиди “муҳтарам” Идиев Ҳусайн ҳам барномаи Муҳаммадиқболро тамошо кунед. Мафияи сузишворӣ ҳам дар дасти оилаи пешвои шумо. Аз ин лиҳоз ҳатто ҳамон миллион тонна сузишворие, ки русҳо ба мо медиҳанд бо нархи арзонтар тариқи ин мафияи оилаи пешво воридот мешавад. Ин ҳам дастоварди бузурги Шералӣ ҳаст.
Чордаҳум : Нисбати чойхонаи калонтарини Осиёи Марказӣ. Агар хато накарда бошам дар сохтмони ҳамон чойхона тақрибан $150 миллион сарф шудааст. Акнун он бачаи куҳистони ба ном Шералӣ каме ақл медошт, ба маблағи он чойхона метавонист 3 дона мошини кандани нақбҳо (ТБМ),ки барои кандани нақбҳо истифода мешавад, метавонист харид, ки он ба тамоми Тоҷикистон фоида меовард. Он роҳҳое, ки дар Бадахшон (на танҳо дар Бадахшон) хело хатарнок ҳастанд, метавонист бо кандани нақбҳо роҳҳои мошингардро осону саҳл кунад. Ё метавонист ду заводи барои истеҳсоли Панели барқи офтобӣ сохт дар Тоҷикистон насб кунад. Панелҳои офтобӣ нури офтобро ҳамчун манбаи энергия барои тавлиди нерӯи барқи мустақим истифода мебаранд. Ин омилҳо метавонистанд ватани моро як қадам ба пеш баранд дар истифодаи манбаҳои дигари тавлиди барқ. Лек афсус чойхона ва номи калон муҳим аст барои Пешво ва Шералӣ Кабиров. Агар Шералӣ Кабиров каме производственник мебуд корҳо хело дигар мешуданд. Ба ин таҷҳизоти нақбсозӣ ва ё коргоҳи сохтани панелҳои тавлиди барқ аз нури офтоб ҳазорон ва ё даҳҳо ҳазор шаҳрвандон ҷои кори пайдо кунанд. Ин омилҳо боз як инфраструктураи навро дар минтақа пеш мебурданд.
(https://www.youtube.com/watch?v=5f4IvwujbxA&ab_channel=xabartj)
Понздаҳум : Оиди пайдо кардани ҷойҳои археологӣ бовар кунед хуб хандидем, ба ин девонагӣ посух ҳам надорем)))!
Шонздаҳум: Шералӣ Кабир дар яке аз баромадҳояш гуфта буд, ки Тоҷикистон ба Индустрия 4.0 (E) қадам гузошта истодааст. То чи дараҷа шумо ҳамаро мисли худ бесавод мебинед. Ҳоло, ки ҳамон заводи таърифии шумо, ки Шералӣ Кабиров роҳбарӣ мекард ҳатто то охир ба Индустрия 3.0 нагузаштааст. Қаҳрамони номаи шумо оиди Индустрия 4.0 сухан мекунад, лек ҳатто вазоратҳою дигар сохторҳои давлатӣ ҳадди ақал сайтҳои худро то охир ба пеш набурдаанд. Оиди пешбурдани соҳаи ИТ (информационный технология) Шералӣ Кабир хуб мешуд якҷоя бо Бег Сабур (бо ҷонишонҳои блутуз пайваста карда) ва ҳамчунин бо худи пешвоятон ин миллату давлатро ором мегузоштеду мақомҳоро холи мекардед. То ки моён насли нави дар хориҷа кору таҷриба ба шумоён чи тавр кор кардонро нишон диҳем ва омузонем. Бале оиди ИТ (информационный технология) нанавиштем, зеро ки ин худ як мавзуи калон ва алоҳида ҳаст. Мисоли оддӣ ҳамон иқлими Бадахшонро метавонист истифода бурд барои пеш бурдани ИТ (информационный технология) , на танҳо дар Ватан, балки дар тамоми минтақа. Бо ҷойгир кардани серверҳои азим дар он минтақа, мисол дар Мурғоб.
(https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20210806/tadzhikistan–budet–prodavat–intellekt–iskusstvennii)
Сухан бисёр, лек ба шумоён бесаводону чоплусон ҳамин ҳам кофӣ. Шумо бо ин номаи худ ба Шералӣ Кабир якчанд моддаҳоро пайваст кардед, ки дар оянда мо ин номаро бар зидди Шералӣ истифода мебарем.
Маънои баъзе аз терминҳо,ки дар матн гузошта шудааст:
A. Корпократия як шакли давлатии ҳукумат ё системаи сиёсӣ мебошад, ки дар он қудрат аз ҷониби корпоратсияҳои пурқувват ва сарватманд дар дасти онҳост ва аз ҷониби онҳо мустақиман ё намояндагони интихобшуда ва таъиншуда аз номи онҳо амал мекунанд.
B.Self-made – тавсиф кардани шахсоне, ки муваффақияти онҳо дар дохили худи шахсон буд, на бо шароити беруна.
C.Стартап як ширкат ё лоиҳаест, ки аз ҷониби соҳибкор барои ҷустуҷӯ, таҳия ва тасдиқи модели миқёспазири тиҷорат амалӣ карда мешавад.
D.Сингаз ё гази синтезӣ омехтаи гидроген ва оксиди карбон дар таносуби гуногун аст. Газ аксар вақт як миқдори гази карбон ва метан дорад. Он асосан барои истеҳсоли аммиак ё метанол истифода мешавад. Сингаз сӯзишворӣ аст ва онро ҳамчун сӯзишворӣ истифода бурдан мумкин аст.
E.Инқилоби чоруми саноатӣ ё Industry0, консептуалии тағироти босуръатро ба технология, соҳаҳо ва намунаҳо ва равандҳои ҷамъиятиро дар асри 21 аз ҳисоби афзоиши пайвастагии мутақобила ва автоматизатсияи интеллектуалӣ тавсиф мекунад.
Ps: Шумо ҳам метавонед ҳар назаре дар мавриди ин раддия доред нависед зиёиёну олимоне номаро навишта будед. Инчунин агар каси дигар ҳам раддия ба номаи саркушодаи “Шералӣ Кабир- асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон”
Дошта бошед нависед, “Ислоҳ” омодаи нашри он ҳаст.