Шояд ин барои саввум ё чаҳорумин маротиба бошад, ки банда ба ҳайси мудири пойгоҳи «Ислоҳ.нет» аз ин дуриҳои дур Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва духтари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро ба муносибати зодрӯзаш табрик мекунам. Албатта, хонанда ва бинандаҳои азизи «Ислоҳ» медонанд, ки Озода Раҳмонова яке аз персонажҳои ҳамешагии навиштаҳои мост, чунки ӯ ба тафовут аз бақия хоҳаронаш, ки шаштоянд, ҳам аз лиҳози мақоми сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳам аз ҳисоби пулу сарват ва ҳам аз онки дар «қават»-и падар ва «дасти рост»-и ӯст дар оила эътибору эҳтироми хоса бархурдор аст. Бахусус, ки шавҳари вай Ҷамолиддин Нуралиев, ки то ҳамин тобистон дар мақоми муовини аввали раиси Бонки миллӣ фаъолият мекард ва аз афроди зинуфуз ва бағоят таъсиргузори ҳукумат ва оилаи Раҳмонов ба ҳисоб мерафт, ҷойгоҳ ва мақоми Озода аз дигар духтарони Раҳмонов яксару гардан боло буд.
Озода то ҳамин ду соли пеш, то омадани Рустам ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ ҳамзамон бо иҷрои масъулияти раҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон раёсати яке аз Кумитаҳо дар ин Маҷлисро ҳам ба душ дошт. Яъне сенатор ҳам буд. Мақому манзалати Озода дар ҳукумат ва муҳити сиёсат ба сатҳе иртиқо пайдо карда буд, ки бархе аз коршиносон дар дохил ва хориҷ дар оянда ӯро ба ҳайси яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ва меросбари курсии падараш мешумориданд. Ва ин эҳтимолоту пешгӯйиҳо ба ҳадде пурвоҳима буд, ки гӯиё Амрикову Чин ва Русия Озодаро ба Рустам дар ин мақом тарҷеҳ медиҳанд ва гузинаи бартар ва беҳтар меҳисобанд.
Шефтагону алоқамандони Озода бошанд вайро «яке аз беҳтарин занҳои рӯи дунё, яке аз беҳтарин сиёсатмадорони дунё, зани боиффату модари панҷ фарзанд, соҳиби зеҳни закию худодод, духтари зебои сарвари давлатамон ва кадбонуи хонадону сиёсатмадори пурсалиқа» тавсифу тасвир мекарданд.
Табрикоти қаблии мо бахшида ба рӯзи мавлуди ин «яке аз беҳтарин занҳои дунё» ҳам дар ҳавою таъсири ҳамин гуна авсофу сифот садо дода буданд. Чун дар воқеъ Озода бо он ҷойгоҳ ва мақому маснаде, ки дошт –роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Тоҷикистон тамоми умури ҳукумати иҷроияро дар зери контроли худ гирифта буд. Чи вазиру чи раиси кумита, чи раиси вилояту чи раисони шаҳру навоҳӣ, чи бонкиру чи тоҷир, чи мушовиру чи ёвару поймардҳо аввал пеши ӯ меомаданд ва сипас бо изну иҷозаи вай метавонистанд назди Президент дароянд. Дар тафовут аз роҳбарони собиқи Дастгоҳи иҷроия салоҳият ва ваколатҳои бештареро соҳиб шуда тамоми корҳои идории ҳукуматро дар қабзааш гирифта ва хеле чобукона ва дилпурона пеш мебурд ва мешавад гуфт Озода амалан витсе-президент буд.
“Аммо, бармеояд, ки ин даврони пур аз убуҳату салобат ва ҷалолу ифтихор барои Озода зиёд давом наёвард ва бахусус дар соли 2022 рӯ ба инқироз овардааст. Дуруст аст ки вақте Рустам ба курсии раиси Маҷлиси Миллӣ такя зад, Озода аввалин зарбаро хӯрд. Рустам иҷозат надод, ки Озода узви Маҷлиси Миллӣ бошад.”
Инчунин соли 2022 шавҳари ӯ Ҷамолиддин Нуралиев аз мақоми муовинати аввали раиси Бонки миллӣ бо як фармони Эмомалӣ Раҳмонов барканор шуд. Ба як бор ҳам вай ва ҳам шавҳари меҳрабону дӯстдоштаниаш Ҷамолиддин (аз домодҳои хос ва «любимчик»-и Раҳмонов)аз чашмҳо уфтоданд, пару болашон шикаст.
Ҳамин яке ду рӯзи пеш, дар охирин рӯзҳои соли гузашта буд, ки расонаҳо аз як фармони дигари Эмомалӣ Раҳмонов хабар ёфтанд, ки бар мабнои он Ҷамолиддин Нуралиев аз узви раёсати Бонки миллӣ ҳам дур зада шуд. Фармони барканории вай ҳануз дар моҳи июни соли ҷорӣ «бино бар ба вазифаи дигар гузаштанаш» ба имзо расида буд, вале то кунун барояш ҳеҷ мақоме дода нашуд. Шоеъаҳои барканории Ҷамолиддинро ҳамин фармони ахири Раҳмонов боз ҳам доман зад, чун мисле, ки ин як фармони паноҳиву пинҳонӣ буд, ки расонаҳо онро баъди ним моҳ аз имзояш(13 декабр) ва аз сайти вазорати молия пайдо карданд ва ин фармон дар ҳеҷ расонаи расмӣ на Ховар ва на Ҷумҳурият ва на садову симо мунташир шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар се соли пеш Амри Раҳмонов дар бораи танбеҳ додани раис ва муовинони Бонки Миллӣ мунташир шуда буд. Бархе мегуянд, ки шояд иллати аз чоп ва аз эълони оммавӣ боздоштани фармони Раҳмонов барои аз узвияти раёсати Бонки миллӣ канор задани Ҷамолиддин Нуралиев ба он хотир бошад, ки дар ин мақом боз ҳам «кадрҳои худӣ» духтари Ҳумиддин Шарифов, собиқ вазири дохилӣ ва писари Абдуҷалол Салимов, собиқ раиси вилояти Хатлон оварда шуданд. Аммо фикри мо ин аст ки сабаби «баҷо» ва «руст» кардани ин фармон ба Ҷамолиддин Нуралиеви домод пошо рабт дорад.
Вале иллати «каш» додани мо ё «шафшаф»-и мо ин аст ки даступои Озода он қадар баста ва дар банд аст ки натавонист ва наметавонад шавҳари воқеии худашро дубора ба «кор» баргардонад. Дар ҳоле, ки Шаҳбоз Раҷабзодаро, ки раиси ҷумҳурӣ дар як ҷаласаи васеъ бо таҳқирҳои зиёд аз вазифа барканор кард, Озода сонитар оварду дар як мақоми муносиб ба худаш ҷой кард. Ҳоло агарчи Ҷамолиддин «бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш» аз кор гирифта шуд, Озода барояш коре карда наметавонад. Дар ҳар сурат маълум нест, ки Ҷамолиддин дар ин ҷашни мавлуди завҷаи азизаш ширкат хоҳад кард ё не? Ва, ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки сарнавишти Роҳат Алиеви шавҳари Дариға Назарбоеваи домоди Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури асбақи Қазоқистон болои Ҷамолиддин Нуралиев такрор шавад. Чун бинобар маълумотҳои расида ба мо аз чанд гоҳест, ки Ҷамолиддин дар Аврупову Амрико ба сар мебарад. Инчунин маълумотҳо дар мавриди инки дигар Ҷамолиддинро иҷозати бо мошин вуруди фурудгоҳ намедиҳанд ва инчунин салоҳиятҳои беҳаду марзи собиқашро гум кардааст, ин як чизи дигарест,ки дар ҷой худаш онҳоро зикр хоҳем кард.
Аз ин ҷиҳат маросими таҷлил аз 45умин солгарди зодрӯзи Озода баъид аст ки мисли солҳои қаблӣ бошукуҳу бо карру фар баргузор бишавад. Аммо, мо ин бор низ чуноне мебинед аз табрикоти эшон мунсариф намешавем ва ба баҳонаи ин рӯз аз эшон ва таҳаввулоти дар ин як соли ахир дар ҳаёти эшон хоҳем гуфт.
Танҳо барканорӣ ва муаммоҳову сарусадоҳои марбут ба Ҷамолиддин мушкили бону Озода набуд, ки боис шуда бошад дигар аз тарафи ҳиҷ касе ба унвони довталаб ва гузина барои номзад буданаш тазаккур нашавад.
Дар воқеъ ин ду-Озода ва Ҷамолиддин як ҷуфти хеле ҳам мваффақу мувофиқ ба назар мерасиданд. Ҷавон, сарватманд, забондон, соҳибнуфуз ва бо перспектива. Кор ба ҳадде ҷаззобият касб карда буд, ки сафири собиқи Иттиҳои Аврупо дар Тоҷикистон ҳатто баъд аз онки Ҷамолиддин аз мақом зада шуд, аз вай тамҷиду ситоиш ба амал овард. Ин ду дигар ҳирфаӣ, мутахассис шуда буданд, баъид аст ки таҷриба, собиқа ва малакаи эшон дар ҳукумати баъдӣ ҳам қобили истифода қарор нагирад.
Фаридун Ҷамолиддинзодаи 23 сола, писари Озода дар як садамаи хунин ҷони таксирони камбағал Муҳаммад Пиров падари чор тифли ноболиғро гирифт ва Озода маҷбур шуд, ки ӯро фирорӣ бидиҳад ва ин ҳам як сабаби дигаре аст ки ҳолу ҳавои таҷлил аз зодрӯзашро надошта бошад ва ғуссаи Фаридун бар болои «осӣ» ва «ёғӣ» шудани Ҷамолиддин ҷароҳати дигареро рӯйи ҷигараш рӯ занондааст. Албатта ин дуъоҳои модарони гирёне ҳастанд,ки ба назди Озода омаданду аммо ӯ бо такаббур онҳоро қабул накарда буд. Ин оҳи модарони гирёне метавонад бошад,ки фарзандонашонро бе гуноҳ зиндонӣ ва ҳатто худи занони бегуноҳро зиндонӣ кардаанду ба он қазияҳо аслан дахолате накардааст чун модар. Имрӯз чакомае аз он оҳҳои модарони ҷигарсӯхтаро эҳсос мекунад. Агарчи Фаридун дар озодист ва зиндонӣ нашудааст бар замми ҷинояти одамкушияш. Аммо ҷомеъа ва миллату мардум аз ин ҷиноят огоҳ гаштанд ва ҳатман гуфти бобои Фаридун “ӯ аз осмон начакидааст” ва ба сазои аъмолаш хоҳад расид ва он рӯз Озода он дарди модарони ҷигарсухтаро воқеан эҳсос мекунад ва он рӯз хело наздик аст.
“Дар ҳар ҳоло болои сари ин ҷуфти мувофиқу муваффақ аз чанд гоҳест, ки абрҳои сияҳ парпар мекашанд. Мегуянд Раҳмонов дастур додааст, ки минбаъд Озода дар маросими бадрақа ва истиқболи вай ҳангоми сфараҳояш дар фурудгоҳи Душанбе ширкат накунад. Ҳамчунин бо дастури Раҳмонов ҳоло бархе аз суратҳисобҳои марбути ширкатҳои хонавода ва бархе аз вазоратҳо, ки дар Спитаменбонк амал мекарданд ба Бонки байналмилалии Тоҷикистон ва Коммерсбонк, бонкҳои домодҳои дигараш Шамсулло Соҳибов ва Ашраф Гулов мунтақил шудаанд. Чун Спитаменбонк бонки Озодаву Ҷамолиддин аст.”
Бархе аз огаҳони умур усули раҳбарии Озода Раҳмонова ба Дастгоҳи иҷроияро ба замони усали роҳбарии Сергей Филатов дар ҳукумати Борис Елтсин монанд мекунанд. Филатов амалан умури идорӣ дар ҳукумати Русияро дар даст гирифта буд, Озода низ корҳоеро мекард, ки ту гуӣ раиси ҷумҳурӣ худи вай аст.Амалан худро ба ин курсӣ омода мекард ва ба фарқ аз Рустам таҷрибаи амалӣ касб кард.
“Шоядам ин ҳарфҳо воқеият надошта бошад. Аммо мегуянд, ки Ҷамолиддин Нуралиев дар пайи бозиҳои тими Рустам барканор шудааст то бо ин васила ҷойгоҳу эътибори Озода аз байн бурда бишавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҷамолиддин намояндаи махсуси Раҳмонов дар Бонки ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ буд ва сахттар аз ин тамоми махинатсияҳои молиявӣ ва суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов ва аъзои оилаи вайро дар ин авохир дар хориҷ маҳз Ҷамолиддин контрол мекард. Албатта барои «ғалтонидан»-и як чунин кадри бағоят муҳим мадраку далоили ниҳоят муҳкам бояд дошта бошанд. Вале баррасии ин тарафи ин масъаларо барои баъд мегузорем.”
Ҳоло бо инки Озода 45 сола мешавад, наметавонам чун солҳои гузашта ӯро ба унвони як гузина ва як меросбарӣ билқувва тасвир ва тавсиф бикунам. Дигар ӯ он ҷазаба ва ҷоизаро аз даст додааст. Бо ин роҳатӣ, ки аз пиллаҳои нардбони қудрат боло шуда буд, қариб аст ки биуфтад ба зер ва ин суҳбатҳо ҳам ба гуш мерасад, ки танҳо ва танҳо ба хотири даҳони Ҷамолиддинро бастан Озодаро сафир дар Амрико таъйин хоҳанд кард.
Чуноне дар як матлабамон дар мавриди иттиҳоми хадамоти ҷосусии Русия Ҷамолиддин Нуралиевро ба ҷосусси Амрико гуфта ба Раҳмонов онро расонида буданд ва дақиқан пас аз он барканор гашт. Ин муаммои сарбастаест,ки мисли ҳокимони барканоршуда пас аз заволи ҳукуматҳояшон доссияҳои онҳо рӯ мезанаду ҳамагонӣ мешавад интизор хоҳем монд.
Озода дигар он раҳбари пурубуҳат ва пурвоҳима ва пурҳайбату пурсалобат нест. Мавриди итоб ва номеҳрабониҳо қарор гирифтааст ва гуфта мешавад дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳам аҳёнан ширкат мекунад. Хеле тарс дорад, ки сарнавишти Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов ва ё Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев болои сараш гардон нашавад. Бале, мутаассифона имсол дигар аз шонсҳои Озода наметавонам бигуям ва ҳамин тавр дақиқ наметавонам бигуям, ки ин «ҷуфти мувофиқу муваффақ» чи ғалате кардаанд, ки ҷойгоҳу ҷалолашонро аз даст доданд?
Чанд хитоб ба Озодахонум!
Дар охир ба Озода Раҳмонова дар ин рӯзи барояш хело муҳим тазаккур менамоям,ки ҳоло ҳам фурсат дорад барои ислоҳи ончи дар гузашта анҷом додааш. Метавонад корҳое анҷом диҳад ба симати раиси дастгоҳи раисҷумҳур,ки дар ёду хотираи торих сабт хоҳанд мон. Мисли озодсозии занони бегуноҳи зиндонӣ, пардохти қарзҳои занону модароне,ки барои напардохтани қарзҳои бонкҳо зиндониянд, модарони муҳтоҷе,ки фарзандони ягонаашон бо иттиҳомоти дурӯғи мақомоти фасодзадаи падараш барои солиёни дароз зиндонӣ шудаанд. Дар умум ҳар кори хубе,ки он малмус ва мардум онро мебинанду он барои ҳамеша дар ёду хотираи мардум боқӣ мемонад. Бовар кунед Озодахонум мардуми мо хубиро қадр мекунанд ва бадиро дар хотир мегиранду мунтазири пайки муносиб мешаванд. Хуб медонед,ки чи қадар зулм, гирифтани моликияти мардум ва ҳазорҳо ҷиноятҳо шудаед. Акнун пеш аз суқути физикиятон ва ниҳояти кариераи баландатон корҳое анҷом диҳед. Ман бароятон ваъда медиҳам ҳамчун ҷавонмарди ин миллат,ки ҳар кори неки анҷом додаи шуморо ба беҳтарин шакл барои миллат ва мардум тақдим менамоям!