Нурободиён зери шиканҷаи як боевики ҷанги шаҳрвандии 92-97 дар солҳои 2022 ва 2023 қарор доранд

Ислоҳ нет

Хонандаи азизи «Ислоҳ.нет»! Ин бор матлабе, ки ба дасти мо расид, ки ғайримуқаррарӣ аст. Раҳмонов ва маъмурону ходимони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии вай дар навоҳии шарқи кишвар, дар водии Қаротегин даст ба аъмоле зада истодаанд, ки бовар меравад дар сатҳи болои ин ҳукумати ҷинояткор ва разил тарҳрезӣ шудааст. Баъди чаҳоряк аср аз имзои санади сулҳ ва ба ҳаёти одӣ бозгаштани аҳолӣ дигарбора ҳарфи ҷангу кушторро дар ин минтақа боло карда истодаанд. Ин корҳо тасодуфӣ нестанд ва бо ҳадафи то пойи ҷон ба тарсу ваҳшат андохтани мардум, ки мабодое рӯзе ин мардум боз сар боло накунанд, сурат гирифта истодааст. Таъини раси ШВКД Нуробод як боевики солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва сардори РВКД Рашт ҳам дақиқан як бевики ҳамон солҳо. Боз афроде,ки наздик ба оилаи ҳамсари Раҳмонов Азизмо Раҳмонова мебошанд. Зери ин нимкоса чӣ ниҳон аст ? Воқеан даҳшат ва боз ҳам хушунат бар ало эҳсос мешавад. Зиёд муқаддимачинӣ накунему биравему матлабро бихонем:

“Ин матлаб аз як сокин ва як манбаъ набуда, балке аз чанд сокини ноҳияи Нуробод ва бархе аз мақомоте, ки дилашон ба ин миллат ва ватан месӯзад расидааст. Се моҳа таҳқиқоти “Ислоҳ”, ки пас аз суҳбатҳо бо ҳар яки ин афрод ин матлаб омода гардида асту имрӯз таҳия ва тақдими шумо хонандаи гиромӣ мегардад.”

Дар ШКД-и Нуробод мардуми бегуноҳро сардори шуъба ва кормандони он бурда зери лату куб қарор медиҳанд ва аз онҳо бо фишору иръоб (шантаж) пул канда мегиранд.

Сардори ШВКД-и Нуробод полковник Саидзода Комилҷон аст. Ин нафар ба гуфтаи худаш ва ё тибқи нақшаи кашидашуда дар Гузашта аъзои Фронти халқӣ будааст. Вақте омад ба ноҳия чанд коргари навро бо худ ба шуъбаи милиса овард. Ҳоло кормандони ҳамроҳи худаш овардаро супориш медиҳад, ки мардумро оварда, лату куб намуда аз онҳо маблағи калон талаб карда бигиранд. Мисоли мушаххас меоварем. Санаи 30.11.2022 шаҳрванд Ҳалимов Абдуҷаббор сокини деҳаи Истони ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимовро оварданд милисаххона ва зери мушту лагад қарор  доданд. Ҷабрдида чандин рӯзро дар беморхона гузаронд. Аз падари ин нафар 5000 сомонӣ кашида гирифтанду сипас ҷавобаш доданд. Садҳо чунин ҷиноят дар тамоми ноҳия вуҷуд дорад,ки мардум аз тарси туҳмат нашудану зиндон нашудан хомӯшанд. Аммо ин зулм дер давом намекунад…

  “Корманди ШВКД-и Нуробод майори милитсия бо номи Ҷурабеков Ансорӣ ва Ҷонибеги участковий ба дуздии солярка аз ширкати роҳсози чинӣ, ки дар Нуробод кор мекунад, машғул мебошанд. Ҳамарӯза ба миқдори 100 литр солярка аз мошинҳои ин ширкат медуздад. Сардори ШВКД Саидзода Комил дастгирӣ «кришават» мекунад ва маблағи бо роҳи дуздӣ ба дастовардаро байни ҳам тақсим мекунанд.”

Ва боз шаҳрванди дигар- Шоев Миралиро бурда задаву абгору хуншор намуда аз вай бо зурӣ 8 ҳазор сомонӣ кашида мегиранд

Сардори милисаи ноҳия руирост мегуяд, ки ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ин минтақа ва ноҳия ҷанг кардаам. Ин мардум ҳамааш террорист, ин мардум «вовчик» мебошанд, инҳоро фақат зери зулм қарор медиҳӣ, то ки сарашонро баланд накунанд. Вай мегуяд, ба гапҳои Муҳаммадиқбол давлат аҳамият намедиҳад, зеро он мухолифи давлат аст.  Иқтибос аз як гуфтораш: “Ина зур бошад бар зиди ма нависаду барнома кунад. Баъд чи мешавад? Мара ай кор мегиранд? Медонен ай пушти ма ки истодаги аст ? Хубаш надонен, лаботонда тавхол меброяд”

Аммо -мо – аз номи худамон мегуем, ки марҳамат бовар намекунед, омада тафтиш кунед. Агар ба ин мардум раҳм дошта бошед ва шаҳрванди Тоҷикистон шуморед моро омада санҷед якбор.

“Ва боз корманди оиди ба масъалаи ноболиғони милиса Ҷурабеков Ансорӣ ва Ҷонибеги участковий аз тамоми мактабҳои Нуробод ҳар моҳ 1линча орд, ки барои хуроки талабагон ҷудо мешавад, талаб карда мегиранд.”

Директори мактаби дехаи Яхчро барои сухтор дар мактаб таҳдид намуда 10.000сомонӣ «ҷарима» карда мегирад.

Сардори милиса аз Колхозобод ва одами ҳоҷӣ Амони хусурбачаи президент аст. Мардуми инҷоро задагӣ аст.

 “Саидзода Комилҷон, сардори милиса тақрибан 55 сола, рутбааш полковник. Соли 2021 сардори ШВКД-и Нуробод таъин шуд. Амакбачаи Саидзода Комил, Генерал майор  Саидзода Маҳмадсаид Борон, сардори РВКД-и ноҳияи Рашт аст ва бачахонди  Азизмо Раҳмонова ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Ин ҳам аз Колхозобод аст. Хуб диққат диҳед ба наздикии хешованди доштани ду мансабдори як ниҳод дар як минтақа. Сардори РВКД Саидзода Маҳмасаид дар Рашт ва Саидзода Комилҷон дар Нуробод. Магар ин аз нигоҳи қонун ду писарамак метавонанд раису марус бошанд? Ё ин фармони Азизмо бошад,ки вазир натавонистааст дахолат кунад? Хуб дигар ҳеҷ чизи дигаре намебинем инҷо.”

Пеш аз ин дар Нуробод Фидозода Мирзо як золими хашину пуррӯйи дигар сардори милисаи ноҳияи Нуробод буд, ки феълан дар ноҳияи Ёвон сардори милиса аст. Дар Фронти халқӣ ҷангида буд ӯ ҳам ҳамеша таъриф мекард чихел куштем ва таҷовузтон карда будем он солҳо. Феълан дар Ёвон ба таҷовузу зулми худ идома дода истодааст.  Дар Нуробод Фидозода фақат тоҷиккушӣ кардааст бо иқрори шахсии худаш.

“Чи хеле гуфтем дар мактаби деҳаи Яхчи ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимов моҳи октябри соли гузашта  дар пайи расиши ноқилҳо сухтор ба амал омад. Директори ин мактаб Амрихудо Ҷангиев мебошад. Маъмури кор бо ноболиғони шуъбаи милисаи Нуробод бо номи Ансорӣ Ҷурабегов директори мактабро ба ин сухтор муттаҳам мекунад ва тарс медиҳад, ки сардори идораи оташнишонии ноҳия (пожарний)-ро мефармоям, ки барои хунукназарӣ бар муқобилат «дело» кушояд. Ҳамин тавр якҷо бо Маҳмудов Ҷонибеги участковий аз ин директор 10.000 сомонӣ мегиранд.”

Халилов Абдуҷабборо заданд, аъзои баданаш маъюб шуд. Дар бемористони ноҳияи Нуробод бурданду бистарӣ карданд. Саидзода Комил омад дар пеши духтурҳо ва Халилов Абдуҷабборро гуфт, ки «хез гумша хонату, да иҷа хов нара, агар мурдӣ ба к…,я террорист кам, да дарёи Сурхоб мепартомт, моҳиё мехрант».

 Саидзода Комилҷон  бандаашро бо худаш ба ноҳия  овардааст 

“Одамҳои ҳамроҳаш оварда Саидзода Зикирулло,  Саидзода Лутфулло, Наботов, дигариаш бо номи Исроил. Як нафари дигари ҳамроҳаш оварда Беҳруз ном дорад ва тамоман дар кор нест. Номаш меравад, худаш дар шуъба нест. Ҳар гоҳе комиссия биёяд, меояд, боз, ки рафтанд, ӯ ҳам меравад. Соли дароз нест дар кор. Ин Беҳруз бизнесмен аст. Дар Корвон точкаи савдо дорад.”

Ин одамҳо ҳамагӣ аз Колхозободанд. Аз Фидозодааш халос шудем дар чанги Саидзодааш задем.

Дар Нуробод на фақат милиса раиси ҷамоатҳо ҳам мардумро тохта истодаанд . Яке аз онҳо раиси ҷамоати Иззатуло Ҳалимов Эраҷ Наимов аст. Аз чандин нафар 5.000 сомонӣ барои халосӣ аз облава мегирад. Аммо онҳоро амният қапида аскарӣ бурд. Яке аз онҳо аз Истун Ҳақдодов Фазлиддин мебошад. Аз падари ин ҷавон 5000 сомонӣ гирифтааст. Аммо бачаро амният қапида аскари бурд.

“Бовар кунед, ки ин сардори милиса Саидзода Комилҷон аз пешинааш ҳам бадтар ва ҳаромтару золимтар баромад. Сардори шуъбаи амнияти Нуробод нав шуд. Гап дар инҷо аст ки бо дастури раиси ноҳия сардори амният сардори шуъбаи андози ноҳияро дар қочоқи «наркотик»  подставит кард ва аз вазифа гирифтанд. Сардори идораи андози ноҳия Душанбе рафт ва аз болои сардори шуъбаи амният ариза кард ва ҳама моҷароро дар ҷойи даркорӣ гуфта дод. Барои ҳамин сардори амнияти пешинаро аз кор барканор карданд.”

Раиси ҳозираи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон аз деҳаи Себаки ҷамоати Комсомолободи Нуробод аст. Ҳасанзода Дуст, раиси пешинаи ноҳия ҳам аз ҳамин ноҳия буд. Раиси ҳозира ҳам мисли пешинааш аст. Ҳардуяшон ҳамсоя ва аз як қишлоқанд.

Боз аз як нафари дигар бо номи Назаров Ҷурабег аз деҳаи Юсти ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимов раиси ҷамоат Эраҷ Наимов 5.000 сомониашро гирифт. Айни замон «разбор» рафта истодааст. Моҳи декабр аниқтараш (02.12.2022) боз як нафари дигарро аз деҳаи Комсомолобод дар ШВКД-и ноҳия бурда 5 шабонарӯз маҳкам карданд. Он одамро Талаби каду мегуянд. Ҳамин қадар заданаш, ки беморхонаи «скорий» рафтааст. Талаби кадуро ҳама мешиносад. Ҷонибеги участковий ба ҳадде аз худ рафтагӣ аст ки ранги коркуни ГАИ мошинҳоро манъ карда документ «проверка» мекунад. Талаби каду мегуяд, ки ту ба документи мошинҳо чи кор дорӣ? Талаб як марди камбағал ва ронандаи УАЗ ҳои даврони шуравӣ,ки ҳаёташро дар кашидани бору маҳсулот дар дохили ноҳия кор мекард. Барои ҳамин як даҳан гап мебаранду латаш мекунанду маҳкамаш мекунанд.  Яъне ба мо одамҳои Колхозобод ва одамҳои хусурбачаи пешво ҳеҷ кас ҳақ надорад гап гардонад, мо ҳар коре хоҳем дар ноҳия мекунем. Ҳоло бошад Эраҷ Наимов аз як бача аз Миёнадара ва аз як бачаи дигар аз Сангдевор боз 5 ҳазорӣ гирифта аст. Онҳо ҳам мисли мурғи посухта чор тараф давида истодаанд.То онҷое маълумот дорем аз  32 нафар сокинони ҷамоати Изатулло Ҳалимов маблағҳои гуногун гирифта асту кори ҳеҷ касро буд накардааст. Ҳар шахсе шикоят кунад раиси милиса Комил Саидзода Эраҷро хабар мекунад ва он ҷавонро ё подстава карда зиндонӣ мекунанд ва ё ошкоро мегуяндаш бо хоҳиши худат баромада рав аз ноҳия ба ҳар куҷо,ки мехоҳӣ. Дар поён як қиссаи чунин ҷавононе аз дасти Эраҷ Наимов фирор кардаро муфассал меоварем, то хубтар фаҳмед.

  “Ҷобирзода Додарҷон, раиси Нуробод барои ҷудо намудани замини назди ҳавлигӣ барои минтақаи зериобмони Роғун одамони пулдору соҳибдорро дар шаҳри Турсунзода замин медиҳад ба одамони камбағал дар Нуробод медиҳад. Барои гирифтани замин дар Турсунзода 20 ҳазор сомонӣ ба додари раис Ҷобиров Эмом кличкаш Эмоми сиёҳ медиҳӣ номатро дар руихати нафароне,ки аз Турсунзода замин мегиранд, менависад.”

Вақте Зиёрат Саъдуллоев раиси нохия буд Ҷобирзода Додарҷон ҷонишини ӯ шуда кор мекард. Ҳозир, ки раис шуда аст ба як Зиёрати Саъдулло 5 замин дар Турсунзода додааст, ба додараш Абдуллоев Мунаввар 3 замин ҷудо карда додааст. Аммо ба дигарҳо мумкин нест мегуяд ва агар хости даъво куни ,ки охир чаро рӯзатро мебини.

 “Эмоми сиёҳ фирмаи сохтмонӣ дорад, объектҳои сохтмони ноҳияро дар фирмаи сохтмони Ғазоев Сайфулло додари муовини раиси ноҳия Ғазоев Ҳабибулло мегузаронад доляашро мегирад, ки мардум нафаҳманд.”

Солҳои 2010 -2015 Ҳасан Дустзода пеш аз Ҷобирзода Додарҷон, раиси ноҳия буд, Зиёрат Саъдуллоев пеш аз Ҳасан Дустзода. Ҳозир Зиёрат бекор аст.

Раиси ноҳия сохтмони объекти оби шаҳраки( кашидани лулаҳои обгузар)-Дарбандро дар ихтиёри фирмаи Ғазоев Сайфулло гузаронид. Аммо худаш кор мекунад. Трубаҳои оби ноҳияи куҳнаро канда бурда дар он объект истифода мебаранд. Аммо нав харидем гуфта ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд. Як объекти оби дигарро, ки барои деҳаи Сайдон буд ба деҳаи Себак бурданд. Яъне дар дари хонаҳои худашон, коре, ки пештар Ҳасан Дустзода карда буд, водопровод сохтанд. Ғазоев Сайфулло додари Ғазоев Ҳабибулло, муовини раиси ноҳия аст. Раиси ҷамоати Иззатулло Ҳалимов Наимов Эраҷ ҷияни Ғазоев Ҳабибуллои муовини раиси ноҳия аст. Наимов Эраҷ соли таваллудаш 4 уми декабри 1984 аст, як ҷинояткор ва қаллоби гузаро аст. Дили ҳама сокинони ҷамоатро аз ҳукумати имрӯза ончунон сард кардааст,ки мардум наздик ба таркиш қарор доранд. Ин воқеияти ҳоли сокинони ҷамоати Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод аст.

 “Абдулло Валиев, ронандаи раиси ноҳия  ва сумҷамъкунаки вай аст. Корҳои сумакиро  ака Мулло, бухгалтери Дустзода Ҳусен мекунад. Додари Абдулло Мулло ном дошт. Бухгалтери КЖКП буд. Ҳамроҳи Дустов Ҳусен маҳкамашон карда буданд. Аз деҳаи Себак.”

Инро ҳам бигуям, ки сардори ШВКД-и ноҳия Комил Саидзода бисёр ҳам маҳалгаро аст. 9 корманди милисаи маҳаллиро, ки аз Нурободу Ғарм буданд бо ҳар баҳона аз кор пеш кард. Бовар кунед ҳеҷ туҳмате намекунем шоҳиди ҷиноятҳои таҷовуз ба номуси занони ноҳия ҳастем. Як корманди ШВКД Сайфуддин ном дорад ҳар зане шикоят ояд ва ё ҳамсарону хоҳару занҳои афроде дар кофтукоб қарор доранд. Ин Сайфуддин он занро дид дар ҳол ӯро пеши Комил Саидзода медарорад ва агар сардор гуфт мақул аст дигар он тарафашро худатон фаҳмидед. Шоҳиди адади зиёди чунин ҷиноятҳо ҳастем вале ба кӣ шикоят кунем ?

Раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Хоҷаев Дилшоди қудояшро директори мактаб- интернат таъин карда аз ҳисоби маводи сузишворӣ-бензин, ки барои мошинҳои ин мактаб- интернат ҷудо мешавад, мошинсаворӣ карда мегардад. Ин бензинро раиси ноҳияи аз автозаправкаи Собир ном шахс дар шаҳраки Дарбанд мегирад.  Боз маблағҳои боқимондаи ин мактаб-интернатро, ки аз соли 2022 боқӣ мондаанд, тавассути Раёсати молияи Нуробод ба дигар фирмаҳо гузаронида аз они худ мекунад. Хоҷаев Дилшод ба кормандони зани ин мактаб-интернат борҳо дастдарозӣ кардааст. Вале мардумро аз номи раиси ноҳия,ки қудояш мебошад, тарс медиҳад.

Ва, дар интиҳои ин навишта як номаеро пешниҳодатон мекунем, ки бори дигар исбот мекунад муносибати Раҳмонов ва бо мардуми ин минтақа чи гуна аст.

НОМАИ ФИРОРИ ШАҲРВАНДИ ҒОРАТШУДА АЗ ДАСТИ РАИСИ ҶАМОАТ

Ман …… аз Нурободи минтақаи Рашт. Шаҳраки Дарбанд, ҷамоати Иззатулло Ҳалимов. Соҳиби 4 фарзанд, бе хонаву дар 34 солаам. Омадам Русия кор кардам -2 сол. Бозгаштам ватан-Тоҷикистон. Гуфтам, ки дар ҷамоати худамон замин гирам ва хона андозам. Рафтам идораи ҷамоат. Дар долони идораи ҷамоат бо раиси ҷамоат Эраҷ Наимов рубару шудам. Гуфт, ба хайр аст, чи хизмат кунам? Гуфтам замин даркор дорам. Гуфт даро утоқам, маслиҳат мекунем. Даромадам ва гуфтам, ки заминро дар ҳамин қишлоқи худамон мехоҳам. Гуфтам доимо дар хонаи хусур афгор шудам. Ҳамроҳ бо кудакҳоям шаш сол шуд, ки дар манзили падарарусам зиндагӣ дорам. Хуб, ин қисса дароз аст. Раис гуфт 45.000 сомонӣ «наличий» бидеҳ байни 10 рӯз ман заминро ҷудо мекунам, документ мекунам ва 100% карда дар дастат медиҳам. Боз гуфт, ки амакиам Ғазоев Ҳабибулло, муовини якуми раиси ноҳия аст. Бо вай коратро маслиҳат карда зуд ҳалаш мекунем. Максимум 10 рӯз вақт меравад. Дар гапам ҷавоб медиҳам.

Ман бовар кардам ва 45.000-ро додам. 10 рӯз гузашт. Рафтам, гуфт, ки корҳоятро дида истодаем, парво накун. Ман худам документҳоро меорам. Аз байн 20 рӯз гузашт, ҳеҷ гап нашуд. Рафтам, гуфт, ки ин қадар пеши ман тез-тез наё. 10 рӯз баъд документҳо шуданд, ман худам ҳоят мегуям. Ҳамин тавр 3 моҳ гузашту боз рафтам. Бо хубӣ ва забони нарм гуфтам, ки «ту маро гуфтӣ сумро наличий бидеҳ дар 10 рӯз корҳоятро ҳал мекунам,100% дар гапам ҷавоб мегуям.» 

Байнамон ҷангҷолу хархаша шуд. Гуфтам меравам аз болоят шикоят мекунам. Гуфт, ки падари ман як умр дар давлат кор карда аст. Бо президент Раҳмонов дар алоқа мебошад. Амакам Ғазоев Ҳабибулло муовини якуми ҳукумати ноҳия аст:  «ту мана даказат када наметонӣ, я ало мегум як умр да турма жит мекунӣ.»

Хуллас, бо ҳамин минвол зиёд гап заду таҳдиду таҳқир кард. Ман гуфтам Аллоҳ дорам: « як сағраи камбуғали бечора ҳастам, ман ягон кас надорам». Паноҳӣ шикоят кардам дар райони нав дар ШВКД. Аз куҷое дарак ёфт, аниқ милисаҳои он шуъба. Шаб омад, соати 2 и шаб  даромад ба хонаи хусурам. Бисёр гапҳои бад зад. Ҳамаи хонагиҳоямонро ҳақорат кард. Саҳарӣ аз ҷамоат одамҳояшро фиристод ба сарам. Онҳо ҳам бисёр гапҳои сахт ба мо заданд. Аз амният одам омад ва аз номи Эраҷ Наимов таҳдид кард. Номашро участкови нагуфт ва рӯй рост гуфт зурат намерасад, шикоятатро гиру аз ноҳя баромада рав бо хубӣ, дигар ҳақи зиндагиро дар ноҳия надорӣ. Агар гапа бо хубӣ нафаҳмӣ на кам аз 18 сол зиндонӣ мешавӣ.  Ростӣ қариб буд,ки подставит мекардану маҳкамам мекарданд. Ман камтари дигар сум доштам. Боз каме қарз карда гурехтам омадам Русия. Феълан бекор, бепул, ҷои хоб надорам. Ман дар аввал шуморо бовар намекардам ва мегуфтам туҳмат мекунед, вақте ин ҳолат ба сарам омад дигар гуфтам рост мегуфтаед. Хостам ба шумо шикоят кунам, агар шикояти маро дар ноҳия медиданд ман ҳаргиз ба шумо шикоят намекардам. Аммо шикоят кардам ҳам амният ва ҳам милиса омаданду қариб бо туҳмат зиндонам кунанд. Ошкоро гуфтанд баромада рав аз ноҳия, дигар худатон қазоват кунед!  Ҳарчи бодо бод шикояти маро якбор чоп кунед. То мардуми тоҷик бифаҳманд, ки дар ҷамоати Иззатулло Ҳалимови ҷамоати Дарбанди ноҳияи Нуробод чи гапу хабар аст. Агар ин ноадолати дар зинаҳои поёнӣ бошад ва боло хабар надошта бошанд мебинем. Аммо агар боло ҳам бо инҳо бошад пас дигар ҳеҷ даре надорем барои арзу даъво ва шикоят кардан ҷуз Аллоҳ.

Ps: Хитоби “Ислоҳ” ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода! Сардорони шуъбаҳоро вақте мегузоред ба ин мақомҳо бояд чунин афроди хашину боевикҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳаргиз таъин накунед. Боз хоссатан онҳое дар он солҳои ҷанг дар даст силоҳу дар ин минтақаҳо ҷанг карда буданд. Ин мухолифи ошкорои ҳама муқаррарот аст. Ё мақсади шумо қасду қасосгири аз ин мардум аст ? Мо корҳои ҷиноятии Полковник Саидзода Комил ва он бандаи роҳзанҳое бо худаш аз Колхозобод овардаро пайгирӣ мекунем.

Ҷаноби вазир аз таъини Саидзода Комилҷон Сафар ,ки 24 уми феврал як сол мешавад. Дида истодаед ба чӣ ҷиноятҳо даст зада истодааст? Магар ин адолат аст, агар не пас даст ба кор шавед!

Кушиш мекунем дар ҳар матолибу барномаҳои “номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет” аз онҳо бигуем. Аз тамоми сокинони Нуробод ва Рашт хоҳиш менамоем ҳар ҷинояти Комил Саидзода ва Сардори РВКД Рашт Саидзода Маҳмасаид ин ду амакбачаҳоро дидед ба “Ислоҳ” нависед ва мо дақиқан ҳаминхели қотилон ва боевикҳоро меҷӯем. Ё ислоҳ мешаванд, ки албатта дар гумон аст ислоҳ шудани чунин қотилон ва ё бо хоҳиши худ истеъфо мекунад. Ҷаноби вазир дахолати шуморо дар ин қазия бе саброна интизорем!!!

Share This Article