Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №16

Ислоҳ нет

Маълум аст ки мақомот ба навиштаҳои «Ислоҳ» ҳатман таваҷҷӯҳ мекунанд ва он қазия ва ҳодисаҳои матраҳшуда дар сайт ва барномаҳои телевизионии моро тафтишу таҳқиқ мекунанд. Албатта, тавре тафтиш мекунанд, ки гуё маълумотро аз «Ислоҳ» нагирифта бошанд. Аммо, ба мо маълумоту хабарҳо мерасад ва гоҳо натиҷаашро ҳам мушоҳида мекунем. Барои ҳамин, аз шумо хонанда ва бинандаи арҷманд хоҳиш мекунем, ки дар ирсоли нома ва дар ошкор кардани ҷурму ҷинояти мақомоти маҳалли зистатон кӯтоҳӣ накунед. Аз як тараф, бо воситаи ин минбар, ки барои шумо сохтаем, онҳоро шармандаву шармсор мекунед, аз тарафи дигар, ҳатман ба навиштаҳои шумо аз мақомоти болоӣ вокуниш ва расидагӣ мешавад. Ҳамчунин барои онҳое, ки дар вазифаҳо ҳастанду қасди анҷоми ҳамин гӯна корҳои ғайриқонуниро доранд, як навъ ҳушдор мешавад. Боҷуръаттар бошед ва аз имконияти бароятон фароҳам шуда истифода кунед. Ва, ҳоло идомаи « номаҳо..»

Исфара Ворух

Баъд аз нашри ду барнома дар бораи Ворух, вазъияти мо бадтар шуд. Меҳриниссо Раҳматова, раиси идораи ҷамоат бо забони дароз ҳар чизе бихоҳад, гуфта истодааст.

Гӯё раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода- Қофлонбой гуфта бошад, ки рав коратро давом додан гир, то ман ҳастам туро ҳеҷ кас беҷо кардан наметавонад. Ин суханҳо ба он хотир буд, ки аз зан будани раиса истифода бурда тамоми Ворухро фурӯхта хӯрдан осонтар аст. Ҳатто саҳми замини деҳқони бечораро, ки сертификат шудааст ба фурӯхтан сар кардаанд- баҳона як гап –ободӣ, қарори Ҷаноби олӣ. Дар асл бошад дар қарор ба заминҳои обёрӣ шуда ва корам ягон намуди сохтумон мумкин нест.

Баъди ҷанги охирон бо қирғизҳо ба ҳарду ҷониб кӯмакҳои башардӯстона ҳам пулӣ ва ҳам молӣ миллионҳо доллару сомонӣ ёрдам шуд. Акнун бинед чи бозиҳо рафта истодааст. Қирғизҳо ҳамаи ёрдами аз дигар давлатҳо гирифтаашонро барои сохтумон, яъне барои сохтумони хонаҳои замонавӣ сарф карда истодаанд. Ҳозир ба он ҷо рафта як назар кунед. Дар як муддати кӯтоҳ маҳали қирғизнишин ба як шаҳрча мубаддал гаштааст ва ба ҳамаи сарбозонаш хонаҳои нав тӯҳфа карда истодаанд.

Тоҷикистон чӣ?

Тамоми хонаҳое, ки соҳибонаш дар муҳоҷират ҳастанд, бе асос ва бе ягон огоҳӣ қулфҳои дарҳоро шикаста сарбозонро ҷой карда истодаанд. Чуноне дар барномаи пештара гуфта будем гуфтаҳои раисаи ҷамоат Раҳматова Меҳринисо ҷомаи амал пӯшида истодааст.

Ба қавли мақомот ва ҳама структураҳои давлатӣ ҳама якдилона Ҷаноби олӣ ва ватанашонро дӯст медоранд, пас барои чи аз хизмат мегурезанд? Инҷо як буз ҳаст, ки бо номи Ширин –бахшӣ машҳур аст. Ширин худро бахшӣ эълон кардааст. Ман бо як сокини маҳаллае, ки ин бахши зиндагони мекард ҳамсӯҳбат шудам.

Тахмин даҳ сол пеш як духтар ҳомила мешавад. Хешовандону пайвандон бохабар мешаванд, маҷбур мекунанд то духтар гӯяд, ки бо кӣ зино кардааст. Дар охир номи Ширин бахширо ба забон мегирад. Ин номарди палидро ҷеғ мезананд. Ба занаш се талоқа қасам мехӯрад ва мегурезад. Аҷоиби кор дар он буд, ки аз дар омада даромада аз девор ҷаҳида мегурезад. Ана ҳамин имрӯз бо амнияту милисаҳо ҳамроҳ, ҳамчун як «дилсуз»-и ватан кору фаъолият мекунад. Ин ҳукуматиҳо ҳамаашон ҳамин хел. Мардуми Чоркӯҳ нағз гуш кунед. Назди Ширин бахшӣ хоҳару занҳои худро намонеду нафиристед. Қариб тамоми занҳо ва духтароне, ки назди ӯ аз Чоркӯҳ омадаанд ҳамаашонро т….карда баъдан ба милисаҳо месупорад.

Бо баҳонаи даъват ба артиш қариб тамоми «светҳо»-и маҳаллаҳоро хомӯш кардаанд. Ҳатто дари тамоми масҷидҳоро бастаанд. Раиси ҷамоат бо муовинҳояш маош мегиранд. Гуё онҳо ҷавобгар нестанд. Домулло ва раиси маҳалла ва депутати маҳаллӣ ягон сум маош намегиранд. Тамоми вазниниро ба сари онҳо овадаанду халос. Ин даъвати раиси маҳалла ва домуллое аст ки дар ҷаласае чунин гап мезанад

     «  …фалонибой  худашон медонанд, ки ситоди давлат чи хел мешавад. Ҳар як маҳалла аз натиҷаи кори рӯзонааш гузориш медиҳад. Чор нафар даъватшавандаи мо маъулм шудагӣ. Бояд 6 нафар сарбози даъватшавандаро тайёр кунем. Ду нафари дигар мондагӣ. Ин чор нафар бо хоҳиши худашон-доброволно ариза дода омадагӣ. Якеаш писари бобои…Донишгоҳи омӯзгориро тамом мекунад. Ин плюси мо. Йигитои мо бо ору бономусанд. Обрӯи маҳллаи моанд. Аз комиссия мегузаранд.

   Ҳолат бениҳоят вазнин. Ҳаматон медонед. Маҳалларо бо кофтуков надиҳем. Ба ин кор мақомот вобаста шудагӣ: амният, корҳои дохилӣ, комисариати ҳарбӣ, ҷамоат. Баъзе вайҳоро ҷустуҷу кардаистодиян. Ба ҳар ҳол натиҷа ҳаст. Светоя куштагиаш не, масҷидо бастагиаш не. Маҳаллаҳои зиёди Воруханда свето куштагӣ масҷидҳо бастагӣ. Ба ҳар ҳол худоро шукр ки корбарӣ шуда истодааст. Гуфти амният дар мо ҷунбиш ҳай. Дастгирӣ аз тарафи шумо шуданаш даркор. Соли гузашат гурӯҳи даъватшаванда ташкил карда будем. Боз такрор мешавад ин гуруҳ. Аммо чанд рӯз шуд, ҳеҷ кас ҷириқӣ кардагиш не. Боз нашавад, ки моҳи рамазон светора кушанд, дари масҷидҳоя бандан, ё инки дари хонаи як кас ба рафта озор диҳанд, ғам тиян. Ҳозир худатон фаҳмидед, ки дар дигар маҳалҳо одамошона бурда қаба карда мондагӣ».

«Баъди як ҳафта моҳи рамазон. Барои мо номус, ман номус медонам. Ҷое, ки нағзӣ ҳай, гандагӣ лозим не. Ба гандагӣ буд мекунад. Хоҳем- нахоҳем вайҳо маҷбур мекунад. Баъд мегуяд, ки бо фишори мо шуд, маҳалла ягон кор накард. Ҳамон чор каси мо ёфтагӣ ҳам номаълум мешад. Баҳои паст мемонад. Дар дигар маҳалҳо ду се оиларо дапрос карсодиян, бурда азоб додосиян.

Дар мо сетадор нест, дутадор, яктадор ҳаст (Манзураш оилаҳое,ки се,ду ё як даъватшаванда доранд) Мо списка мекунем дуто призивникдорро ҷудо, якто призивникдорро ҷудо. Баъзеаш дар ҳақиқат вазъияташ танг аст. Касе маҳаллая подержка кунад дастгирӣ кардан даркор. Вале, не агар зӯри мақомот қати бурод, вай аллакай маҳалая дастгирӣ карда ҳисоб намешад. Ин рӯи сахт аст. Лекин гурехта сонӣ ахираш зӯри мушту лагад кати бурод дастгирии маҳалла ҳисоб намешад.

Бояд яккаписар, студент, каслаӣ коғазашро оварда диҳад аз спискаи призивнико барояд. Агар инҳо набараоняд дар списка мемонанд. Проблемаи худатон мешавад. Аз мо гуфтан, огоҳ кардан, он тарафаш кори мақомот.

Қарор ҳамин хел шуд, ки касоне, ки дарҳоя маҳкам кара даъватшавандаро бурд, дарҳояшон кушода мешавад, бачаҳои зиндагӣ мекардагӣ зиндагӣ мекунад. Замину боғҳое, ки тааллуқ дораду призивникоро мегирад мегурзонад ба ҳукумат гирифта дода мешавад, ҳукумат кашида мегирад. Чанд бор гуфтем аҳамият надодед огоҳ ҳам кардем ҷавоб надодед. Ҳатто агар студент, яккаписар, касалӣ  аз счет баровардагӣ набошад, проблемаи ҳавайҳо   вайҳо ҳам призивник ҳисоб. Фикр кунед йигито даратона шикаста даромада зиндагӣ кунад, он вақт пушаймон нашаветон”.  ( Садоҳоро дар барномаи ин матлаб мешунавед Ислоҳ)

Турсунзода

Салом бародар Муҳаммад Иқбол. Мо мехоҳем, ки дар бораи раиси маҳаллаи Тойчии шаҳри Турсунзода маълумот фиристем ба “Ислоҳ” ва шумо онро расонаӣ кунед.

Раиси маҳаллаи Тойчӣ Сайраҳмон бо кличкаи Самурай. Мо мардум аз Нуробод ҳастем. Моро аз Нуробод ба Турсунзода кучониданд. Чунки мо дар минтақаи таҳти ҳавзи Роғун қарор доштем. Барои ҳамин моро оварданд ба инҷо ба деҳаи Тойчӣ. Ин раиси маҳаллаи мо пули бинои масҷидро хӯрд. Пули аз давлат барои сохтмони масҷид ҷудо шударо хурд ва масҷидро насохт. Мардум аз вай мепурсанд, ки пули масҷидро чи кор кардӣ? Мегуяд ба шумо чӣ? Боз таҳдид мекунад, ки агар як бори дигар аз пули масҷид пурсед ҳамаатонро руихат карда ба амният месупорам. Пас, мебинам, ки амният шуморо ба чи ҳол мерасонад. Сайраҳмон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муҷоҳид буд ва кличкаи Самурай аз ҳамон солҳо ба номаш изофа шудааст. Ҳозир бошад гуфта истодааст, ки ӯро амният гуфта бошад, ки масҷид насозу пулашро худат истифода кун. Мегуяд, ки ин хоҳиши амният аст ки набояд масҷид сохта шавад. Худашро корманди амният рост кардааст.

Айни замон мавсими даъват сар шудааст. Дар деҳаи мо беш аз 800 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аз тамоми ин хоҷагиҳо яъне аз ҳар сари хоҷагӣ 100 сомонӣ гирифта истодааст. Ҳатто агар дар он хоҷагӣ фарзанди ба синни даъват надошта бошад ҳам 100 сомонӣ ба зӯрӣ гирифта истодааст. Аммо ҳеҷ касро ба хизмат нафиристода истодааст. Мардум аз рӯи сат об мегиранд. Аммо дар хонаи вай об «постоянний» рехта истодааст. Аммо худаш пули обро намесупорад. Тамоми бачаҳои ҷавон, ҳатто талабаҳи мактабро бангӣ кардааст. Ҳамеша банг мезанад. Милисаҳои Турсунзодаро харидагӣ аст. Ин Самурай бо генерал Шоҳ Искандар, ки чанд вақт дар Турсунзода сардори милиса буд, рафиқ аст. Аз ҳамон давра милисаҳоро харидагӣ аст. Сабоев Сайраҳмон як мошини Мерседес –бенс дорад. Падари онҳое, ки синнашон ба даъват расидагӣ аст, маҷбур мекунад ба ин мошини вай бензин резанд.

Барои масҷид аз давлат пул ҷудо карданд. Барои ҳамин масҷид дар Нуробод будаамонро накандемаш. Халқу давлат сум доданд, ки масҷид бисозанд. Аммо ин Самурай ҳамаи пули масҷидро хурд ва банг кашид. Ду зан ва 7 ё 8 кӯдак дорад. Аммо вақте хидмати аскарӣ сар мешавад, тамоми халқи деҳаро мегӯяд 100 сомонӣ ҷамъ кунед.

Самурай мардуми деҳаро мегуяд «фалонтон кардагиям. Ман дар амният кор мекунам, ай бинӣ боло гап задӣ, тамом, капат дуд кард» мегуяд. Вақте генерал Шоҳ Искандар сардори милиса буд, ин самурай 10 нафарро буз кард. Ҳатто удостворенний сохта дод, номи чанде аз ин 10 нафари бузшударо инҷо меоварам:

Сангалӣ,

Зойиршо,

Юсуф,

Меъроҷ,

Раҳмон ба кличкай каду

Хуршед,

Изатулло ба кличкаи рубаҳ.

Самурай аз Душанбе бангро меоварад ва рӯирост мефурушад. Бангро бачааш меоварад: «бори нав омад,биёен» гуфта бачаҳои ёш-ёшро бангӣ карда аст. Мо ҳайрон, ки мақомот куҷоро нигоҳ мекарда бошад?

Мо мардум аз деҳаи Чанори Нуробод ҳастем ва ҳоло дар деҳаи Тойчии ҷамоати Ҷура Раҳмони Турсунзода зиндагӣ мекунем. Наход ба додамон нарасанд пас аз нашри ин зақиқате ҳеҷ сокини Ҷамоати Ҷура Раҳмон ва деҳаи Тойчӣ наметавонанд инкор ва рад кунанд ин ҳамаро. Мебинем адолат тантана мекунад ва ё на?

Панҷ

Бародар Муҳаммадиқбол мехоҳам як чизи дигарро бароятон бигуям. Ҳамон заминҳое, ки дар деҳаи Коммунизми ноҳияи Панҷ  экскаватор гирдашонро меканду мардум хеставу сурашон карданд 40-50гектараш, аз они ҷиянҳои Абдуалим ва 60-70гектараш аз они Сайдаҳмади муовини суди ноҳияи Панҷ. Сайидаҳмад говҳои хориҷӣ харидааст. Зимистонро дар деҳаи Коммунизм, дар хонаи Бегалӣ нигоҳ доштанд. Моҳона 2000 сомонӣ медод.

Бегалӣ ду моҳ нигоҳашон кард. Ҳозир дар хонаи Ҳикмат ва Раҳматулло-бачаҳо  и Маҳмадалӣ бо тахаллуси фоида нигоҳ медорад. Ҳаинҳо нигоҳубин мекунанд. Аз пушти ин заминҳо бисёр одамҳоро бурда штраф карданд. Чаро ин қисматашро дар барномаи «Минбари муҳоҷир» нагуфтеду партофтед? Ҳозир ҳамин Сайидаҳмад, заминеро, ки дар бораи он шумо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» гуфтед ба дигар кас фурӯхт. Чунки қонунӣ нагирифта буд онро. Тарсид, ки пас аз нашри барнома дар “Ислоҳ” ҳатман тафтиш мешавад.

Дар Санкт-Петербург милисаҳо бисёр мардумро ғам дода истодаанд. Ҳуҷҷат дорӣ-надорӣ меқапанду мебаранду маҳкам мекунанд. Рӯзи 9-март аз автобус фаромадам. Дар истгоҳ қапида «отдел» бурданд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо-патент, регистратсия ва ҳатто хобгоҳамон тасдиқнома ҳам доштем. Аз соати 7-бегоҳ то 4-и саҳар доштанд моро. Шаш нафар будем. Дар байнамон як духтари узбекистонӣ ҳам буд. Як нафари дигар нав аз Узбекистон омада буд. Ҳамаамонро 5300 рублӣ ҷарима карданд. Савол додам барои чи ин хел мекунед, мо ҳуҷҷатдорем. Ошкоро гуфтанд, ки барои мо «пофикай» .

Дар даруни камера бо ҳамроҳии одамони алкаш маҳкам карданамон то соати 4-и саҳар. Руирост гуфтанд, ки агар 5300надиҳед, се рузи дигар маҳкаматон мекунем. Гуфтем мо ба сафорат мехоҳем муроҷиат кунем. Телефонҳоро кашида гирифтанду надоданд. Ва, мо натавонистем гап занем. Боз гуфтем, ки хуб, худатон ба сафорат занг занед. Онҳо гуфтанд, ки мо посоли шуморо задагием. То пули гуфтаи моро надиҳед, фоидаатон надорад. Гуфтанд, ки фармон аз старшиямон аст.

Он духтари узбекистониро дар байни 10нафар тоҷику узбекистони ва алкаши урус дар як камера маҳкам карданд. Дар камера ҳаво намерасад. Одами сип-сиҳат дар ин хел ҷо касал мешавад. Як нафар узбек аз Тоҷикистони худамон дар он камера беҳуш шуд. Дар дежурнийро тақ-тақ кардам, омад. Гуфтам, ки ин шахс беҳуш шуда аст ҳозир мемурад, аққалан тирезаи майдаро кушоед, ҳаво дарояд. Мегуяд пофик. Мурд, мурдаҳоятонро бурда алов мезанем. Бовар кунед он қадар ғам доданд моро , то саҳар. Ҳама маҷбур шуданд, ки ба гуфтаи ин хугҳо розӣ шаванд ва маблағи гуфтаи инҳоро пардохт кунанд. Ман дар Русия бо намояндаи ҳамаи миллатҳо вохурдам. Як чизро мушоҳида кардам, ки хитоиҳоро пасолашон мебарад, кор таъмин мекунад, сару либос, ҷои хоб ва назорат мекунад, ки ягон кас онҳоро ғам надиҳад. Аммо сафири Тоҷикистон ва намояндаҳои Тоҷикистон дар баромадҳояшон ончунон таърифу тавсиф   мекунанд, ки гӯё ғамхори миллату давлатанд, аммо дар асл ягонтааш парвои миллаташ надорад, факат дар фикри ҷайби худашон ҳастанд.

Мардуме, ки тарафдорӣ аз Раҳмонов мекунед ва ё ба суханҳои дуруғинаш бовар мекунед, хоҳиши ман ин аст ки дигар ба сафсаттаҳояш бовар накунед. Вай фақат дар фикри авлоду бачаҳои худаш аст.

 Панҷакент

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародар Муҳаммадиқбол. Мо аз ҳукумати шаҳри Панҷакент ва раиси ҷамоати Хурмӣ Камолиддинов Ҳусниддин Фазлиддинович сахт шикоят дорем. Мардуми ҷамоати Хурмӣ аз ин касифи дузди ноуҳдабаро ба дод омадагианд. Соли 2016 Ислом Зиёзода раиси шаҳри Панҷакент буд. Вай сарбанди дарёи Зарафшонро мустаҳкам кард замини зиёде ҳам сохта ба мардум дод. Соли 2022 дарё калон омад. Қариб буд сарбандро мезад. Аз пули Fарибак поёнаш мустаҳкам буд, зарар нарасонд. Аммо қисмати болояш бошад хело заминҳои шоликории мардумро шуста бурд. Боз мардуми ҷамоати Хурмӣ аз кисаи худашон соҳил ва сарбандро маҳкам карданд. Ин раиси ҷамоати дузд дар заминҳои поёниии пул 4 гектар замини шоликорӣ дорад. Ҳоло бошад вазъияти сарбанд хело вахим аст. Ин раиси ҷамоат бе парво гашта истодаст. Боз маҷлис гузаронида мо бояд маблағ ҷамъ карда сарбандро соз кунем. Агар мардуми камбғал ҳамаҷоро худашон обод кунанд, пас ҳукумат чи даркор, раиси шаҳру чамоат чи даркор? Боз як дузди гузаро пешина раиси кумитаи замини чамоати Хурмӣ Ёров Анушервон буд. Чанд сол бекор буд. Соли 2022 ёдатон бошад корманди идораи замини шаҳри Панчакент Фирдавс Аминзодаро бо гирифтани пора дастгир карданд. Навораш дар канали «Бомдод» ҳаст. Модари Фирдавс дар ҷамоати Хурмӣ кор мекард. Мақомати шаҳри Панҷакент бошад дарҳол ҷамоати Хурмиро тафтиш карданд ва ҳамин дузди корманди собиқи идораи замини ҷамоати Хурмӣ Ёров Анушервонро бо додани 50. 000 сомонӣ пора гурезониданд ба Русия. Ин дузди гузаро Ёров Анушервон дар ҷамоати Хурмӣ кор мекард, раиси шаҳр Ислом Зиёзода қариб 15-20 гектар замини нав боз карда фармон дод ба мардуми безамини ҷамоат бидеҳ. Ин гуруснаи дузд ҳамаи заминҳоро ба одамҳои пулдор фурӯхт ва худаш ҳам қариб 3 гектарашро соҳибӣ карда гирифт. Инҷо мехоҳем ба раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва раиси ҷамоати Хурмӣ Камолиддинов Ҳусниддин хитоб кунем. Агар масъалаи ҳамин сарбандро дида набароед, ҷиноятҳои раиси ҷамоати Хурмӣ, чанд зан дорад бо нуктаву вергул ҳаёти шахсиашро ба ИСЛОҲ мерасонем ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолик Холиқзода падарарусу боҷаҳову заминҳову, гармхонаҳо, дар ҷамоати Саразм ва хусуратон оқои Ҷура Ҷураев ба ИСЛОҲ дастрас мешавад. Ба камбудиҳо дар сарбанди Зарафшон дар ҷамоати Хурмӣ диққати ҷиддӣ диҳед.

Кулоб

Бародар Муҳаммадиқбол салом!Дар нашри №15-и номаҳо дар бораи мактаби рақами шаҳри Кулоб ва директори он чанд маълумоти ҷолиб ва воқеъӣ нашр кардед. Ҳоло мехоҳам як хабари муҳимро баҳри шумо ва ба мардуми Тоҷикистон дар бораи ин мактаб бирасонам.

  1. 02.2023 ба мактаби миëнаи 18 деҳаи Хонободи шаҳри Кулоб як гурӯҳ милисаҳо омада ба синфхонаҳо зада даромаданд. Ба синфхонаҳои аз 1 то 6 зада дохил шуда мисли ҳайати НКВД аз онҳо пурсиданд, ки хати форсиро медонанд ё не, хонда метавонанд ё не. Ҳар касе хонда метавонад назди доска барояд. Баъд чанд талаба даст бардоштааст, ки мо метавонем. Ҳамаи онҳоро ба назди доска бароварда санҷидаанд, ки дуруст мегуянд ё не. Баъд кабинети директори мактаб дароварда аз ҳар кадоми онҳо баёнот гирифта ва аз онҷо ин талабҳои синфи севу чору панҷу шашро рост милисахона бурдаанд. Сипас падару модарони онҳоро фарёд карда ҳар кадоме аз онҳоро барои таълими ғайриқонунии таълимоти динӣ 2000 сомонӣ ҷарима караанд. Охир, бародар Муҳаммадиқбол донистани хати форсӣ, яъне хате,ки бо он асарҳои адабиёти классикиамон чоп шудааст, ба давлат чи таъсири манфӣ мерасонад, ки мо нафаҳмидем. Зеро барои донистани ин хат ин мақомот моро ҷарима карданд?. Чи хеле дар барномаи қаблӣ гуфтед директори ин мактаб Одинаев Даврон писари Одинаев Шариф бо лақаби Шариповский мебошад. Падари директор дар колхоз бухгалтер буд. Баъд раиси колхоз шуд. Як дузди калони колхоз буд. Агар ба замин эҳтиёҷ доштӣ, руирост мегуфт даҳҳазор биёр замин мегирӣ. Ҳозир ҳамин одам дар Доншгоҳи Кулоб кор мекунад. Донишҷӯён мегуянд, ки ин Шариповсий ҳам муаллим аст ва ҳам «посредник» миёни ректор ва донишҷуҳо. Ҳоло бознишаста шудааст. Ин Шариповский 25 гектар замини саҳми одамонро аз они худ кардааст. Борҳо аз болояш ба мақомоти гуногун шикоят карданд, аммо бенатиҷа. Ин Шариповский чор бача дорад. Бозор, Фарҳод, Ҷамшед ва Даврон. Сетои онҳо деҳқонанд. Дар ҳамон 25 гектара кор мекунанд. Даврон, писари хурдиашон. Соли 1987 таваллуд шудааст. Донишгоҳи омӯзгории Кулобро тамом кардааст. Ба гуфтаи ҳамкурсонаш савод надорад ва кораш фақат бангзанӣ аст. Ҳозир ҳамин бесавод директор аст. Аҷаб дунёе шудааст.

Деваштич – Ғончӣ

Аз Деваштич ба “Ислоҳ” маълумот расид,ки ниҳояти моҳи феврал кормандони ВКД ин ноҳия 48 ҷавонро ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия оварда ва чанд шиша арақро оварда гуфтаанд,ки агр шумо террорист ва эустримист нестед дар пеши мо арақ нӯшед. Тибқи маълумоти дигар 98 нафар дар умум будаанд вале чанд маротиба ин кор сурат гирифта будааст ва 48 нафар якҷо буданд ва ин маълумот сару садо баровардааст. Аммо дигар ҷавонон ададашон кам кам будааст ва маълумот берун набаромадааст.  Ин кор барои аввалинбор дар кишвар сурат мегирад. Чанд ҷавоне дар ҳузури ҳама шароб нӯшидаро дар ҳол ҷавоб доданд ва онҳое нанӯшиданду худдори карданд онҳоро ҷарима ва ба алайҳи чанд нафари дигарашон делои ҷиноятӣ  бо моддаи 307 кушоданд. “Ислоҳ” ин қазияро дунбол дорад ва пас аз таҳқиқи комил онро тақдиматон менамоем.

Share This Article