Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳоле ҷиҳати ширкат дар конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид вориди Ню-Йорк мешавад, ки ҳам СММ ва ҳам Амрико Тоҷикистонро як кишвари баста, ноқизи ҳуқуқи башар ва Раҳмоновро ба ҳайси як роҳбари худкома ва диктотур мешиносанд.
Дар тамоми арзёбиҳо ва раддабандиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон дар зинаҳои пасттарин ҷойгоҳ дорад.
Баъди куштори бераҳмонаи исмоилиёни бадахшӣ-ақалиятҳои мазҳабии Тоҷикистон дар баҳору тобистони соли гузашта, (Раҳмонов эълон кард, ки бо дастури махсуси худи вай помириҳоро куштанд) ва боздошту зиндонӣ кардани чандин нафар аз журналистони тоҷик рӯи сиёҳи Раҳмонов боз ҳам сиёҳтар шуд. СММ ва Амрико ва дигар созмонҳои мудефи ҳуқуқи башар на як бору ду бор ин аъмоли ҷинояткоронаи Раҳмоновро ба шиддат интиқод карда раҳоии журналистони зиндонӣ ва таҳқиқи мунсифонаи ҳаводиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тақозо карданд. Бо ин ҳол, ин диктотури беору беномус, пусти хукро ба сару сураташ кашида вориди Амрико шудааст, то дар конфронси об ширкат кунад. Ва бо ҳамин афту башара;-калаи мисли калаи хук чорпара, гардани мисли гардани барзагови ҷуфтӣ ғафс, рӯҳои мисли рафидаи нонпазии кампирҳои Кангурт, чашмони руғангирифта ва ҷабини пургӯшти як бор ҳам ба саҷда заминнодида рӯи минбар мебарояду шурӯъ мекунад аз «ибтикороту пешниҳодҳои Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо, оби тоза» ва ғайра. Ва, боз дасти гадоӣ пеш меандозад, ки барои ҳифзи пиряхҳо бояд харҷ кард, аммо Тоҷикистон имконият надорад.
Албатта, дар инҷо аз Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат хабаре нест. Ин тавр муаррифӣ намекунанд. Наҷотбахши сайёра ҳам намегуянд. Аз обшавии босуръати пиряхҳо мегуяд ва аз паёмади он ва беоб мондани минтақа мегуяд. Гуиё ҳоло дар Тоҷикистон масъалаи дастрасӣ ба оби тозаву обёрии мазореъ ҳал шуда бошад. Вале мову шумо хуб медонем, ки ҳатто дар маҳаллаҳое дар пойтахт сокинони оби харида мехуранд. Як систерна обро, ки шояд 10-12 тонна об дорад бар ивази фалон сомонӣ мехаранд ва мошини обфурӯш-водовоз ҳафтае ду бор меояду пур мекунад. Ҳазорон гектар заминҳои аз давраи шӯравӣ тавассути пойгоҳҳои обрасонӣ-нассосҳо обёрӣ шуда хушкидаву дигарбора лалмӣ шудаанд. Дар қатортеппаҳои ноҳияи Файзобод нигаред, ки садҳо гектар дарахтони себу амруду биҳӣ аз норасоии об хушкидаву ба ҳезум бадал мешаванд. Аз бе обиҳои мантиқи Хатлон ва Кулобу Данғара чизе намегуем.
“Барои Раҳмонов муҳим ҳалли мушкили мавҷуда нест, барои Раҳмонов муҳим «воҳима» кардану реклама шудан ва аз «ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат» гуфтану дастгирӣ ёфтани онҳо дар сатҳи СММ аст.”
Сафари Раҳмонов ба Амрико дар шабурӯзҳое иттифоқ меафтад, ки Додгоҳи байналмилалии Гаага ҳукми боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русияро барои содир кардани силсилаҷиноёти ҷангӣ дар Украина содир ва ӯро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додааст. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки як чунин сарнавишт дер ё зуд болои Раҳмонов ҳам такрор хоҳад шуд ва Раҳмонов барои иртикоби ҷароими зиддибашарии дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ахиран куштори ақалиятҳои миллӣ дар Бадахшон содиркардааш ба муҳокимаи додгоҳи мазкур кашида хоҳад шуд.
“Аммо нуктае дигар, ки дар пасманзари ин сафари Раҳмонов ба Амрико мешавад алоҳида тазаккур кард ин аст, ки Раҳмонов дар ин авохир даст ба бозиҳое зада истодааст, ки Русияро «раздражат» карда истодааст. Русияе, ки Раҳмоновро сари қудрат оварда ва то ба имрӯз дар ҳифзу ҳимояти он на фақат яроқу аслиҳа додааст, балки ҷони асокиру афсаронашро низ қурбон кардааст.”
Доираҳои муайяне дар раҳбарияти Русия аз «бозиҳо»-и ахири вай ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ва бар сиёсати «дарҳои боз»-у «чандсамтӣ»-и вай бо тардиди калон менигаранд. Баргузории размоиши тобистони соли гузаштаи Раҳмонов дар Тоҷикистон бо ҳузури низомиён, генерал ва афсару сарбозони амрикоӣ ҳанӯз ҳамон вақт аз тарафи мақомоти аршади Русия вокуниши сахт гирифта буд. Аз ҷумла Николай Патрушев, котиби Шӯрои амният ва бархе дигар аз мақомоти Русия ин кори Раҳмоновро як навъ «хиёнат» ба манофеи Русия талаққӣ карданд. Русҳо ошкоро эътироз карданд, ки Раҳмонов бо вуруди низомиёни амрикоӣ минтақаи таҳти нуфузи онҳо шароит ва имконият дод, то хадамоти кашфу ҷосусии Амрико ба вазъу шароити ҷойгиршавии қувваҳои узви ОДКБ-Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки Русия дар он нақши меҳварӣ дорад тасаллут пайдо кунад. Ин размоиш таҳти унвони «Ҳамкории минтақаӣ-2022» таҳти фармондеҳии генералҳои амрикоӣ доир гардида буд. Ҳамин шабурӯзҳо дар расонаҳои русӣ аз ин гуна бозиҳои Раҳмонов, ки қасд дорад аз Амрико силоҳу муҳиммот бихарад ва бо доираҳои муайяни кишварҳои урупоӣ тарҳҳоеро ба иҷро бигузорад, ки зидди, ба гуфтаи онҳо манофеи Русия аст, матолиб ба нашр мерасонанд. Русҳо ҳамчунин аз онки Раҳмонов қасд дорад, дар сохтмони неругоҳи Роғун аз сармояи Амрико истифода кунад, сахт нохушанд. Зеро дар чанд соли пеш буд, ки Раҳмонов РусАл- ширкати наздик ба худи Путинро аз ширкат дар ин тарҳ маҳрум карда ва кафшҳои онҳоро пеш гузошт ва бадтар аз ин эълон карда буд, ки Роғун моликияти истисноии давлат аст ва бо сармояи худӣ бунёд хоҳад шуд вале ҳоло маълум мешавад, ки онро ба амрикоӣ ҳам пешниҳод кардааст. Ҳамчунин барои русҳо мавқеи Раҳмонов дар қиболи Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуди хурдӣ бисёр ҳам суолангез шудааст. Зеро Раҳмонов ба тадриҷ ҳамон барномаи амрикоиҳоро, ки ҷанги миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовиматро роҳи ҳал намеҳисобанд, дастгирӣ карда ва амалан роҳбарони Ҷабҳаи муқовиматро дар Душанбе амалан гаравгон гирифта ва дар идомаи муборизаи онҳо проблема дуруст карда истодааст. На инки Ҷабҳаи муқовимат аз тарафи Раҳмонов дастгирӣ меёбад, балки онҳоро мунзавӣ карда ва дар амри муқовимати онҳо мониа эҷод карда истодааст.
Сафари Раҳмонов ба Амрико ва раёсати вай дар конфронси оби СММ барои русҳо аз он ҷиҳат изтиробангез аст, ки ахиран Амрико ошкоро эълон кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, ҳузури ДОИШ-у Ал-Қоида дар онҷо дар минтақаи Осиёи Марказӣ шикананда аст ва ин кишварҳоро зарур аст бо силоҳу таҷҳизоти мудерни низомӣ муҷаҳҳаз бишаванд. Доналд Лу ёвари Котиби давлатии Амрико дар як суханронӣ дар Конгураи Амрко дар рӯзи 9 март гуфт, ки кишварҳои Осиёи марказӣ омодаанд, ки бо Амрико дар умури низомӣ ҳамкории бештар ба роҳ монда ва аз силоҳашу таҷҳизоти ҷангии амрикоӣ харидорӣ намоянд. Ёвари Котиби давлатии Амрико ошкоро ишорат крад, ки феълан Русия дар ҳолаи заъфи низомӣ қарор дорад вале таҳдидҳои террористӣ ин кишварҳоро ногузир мекунад, ки силоҳҳои пешрафта дошта бошанд.
“Бидуни шак, аз ин сафари Раҳмонов ва бахусус, ки агар бо хатми ҷаласаи об Раҳмонов ба Урупо ҳам биравад, русҳоро дар нисбати вай бештар машкук хоҳад кард. Аз ин ҷо аст ки онҳо арқоми кумакҳои низомии урупоиҳо ба Раҳмоновро ҳам тазаккур додаанд, ки тайи ин муддат ба маблағи 330 миллион доллар ройгон силоҳу муҳиммот ва мошину абзори ҳарбӣ дастрас кардаанд.”
Яке аз дигар бозиҳои «геосиёсӣ»-и Раҳмонов ба гуфтаи коршиносони рус ин аст ки вай амдан байни Пекин ва Маскав мухолафат ва низоъ эҷод карда истодааст, ки дар ниҳояти амр ба «хазони умри одамхудо»– «осень патриарха»и Габриэль Гарисиа Маркес оварда мерасонад. Дар воқеъ Чин ва ҳузури аз ҳад зиёди вай дар Тоҷикистон русҳоро хеле ҳам девона кардааст. Ба гуфтаи русҳо Раҳмонов қасд дорад дар конфликти марзӣ бо ҷониби қирғиз пуштибонии Хитойро бо вогузории конҳо-маъданҳои пуразише мисли тиллову қалъагӣ, сурмаву симоб ба даст оварда ва чуноне гуфтем обрӯи ОДКБ-ро, ки Русия неруи меҳварии он аст бирезонад ва аз бозӣ берун андозад.
Раҳмонов бар хилофи хоҳишоти Путин ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё –Евразес напайваст. Пайвастани он ба лашкари 3 миллионии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳадди ақал 2 миллиард доллар танҳо аз ҳисоби озодшавӣ аз пардохти маблағ барои муҷаввизи кор (патент) даромад меоварад. Русҳо инро ҳам ба хубӣ медонанд, ки ин Хитой ва муомилоту тиҷорат бо вай аст, ки Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ( ИИАО) сарфи назар карда истодааст. Вале аз ин муомилоту тиҷорат бо Хитой асосан Раҳмонов ва домодҳои вай манфиати миллирад долларӣ бурда истодаанд, на мардум.
Русҳо дар андешаи онанд, ки роҳбарияти ин кишвар то дер ношуда дар пайи тағйироти кардиналӣ дар ин кишвари таҳти нуфузашон бишавад. Вагарна Толибон имкон дорад баҳору тобистони доғеро дар ин сарҳадоти ба истилоҳ ҷанубии СНГ барои Русия ба армуғон оварад ва баъид нест, ки ячейкаҳои ғунуда (спяший)-и онҳо дар худи Душанбе низ даст ба «иқдом»-ҳое бизананд, ки дигар барои Русия танҳо нақши тамошочӣ будан бирасаду тамом. Бад-ин хотир намешавад гуфт, ки сафари Раҳмонов ба Амрико ва агар Лондону Олмон ҳам дар доирааш бошад, танҳо иборат аз таблиғ нест. Раҳмонов, албатта дар Лондон дар ин бизнес-форум ширкат хоҳад кард ва шояд асноде ҳам имзо бишавад. Онҷо албатта дар хонаи Рухшонаи духтараш, ки сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ҳаст меҳмон мешавад, набераҳояшро хабар мегирад, сияалаф пухта медиҳад, Шамсуллоро ҳам мебинад ва шояд дар Олмон бо Ҷамолиддин Нуралиев, домоди фирориаш ҳам дидору мулоқот кунад ва аз вазъи суратҳисобҳои оффшории дар ҷазоири Вирҷиниё ҳам хабар бигирад, вале нақшаҳое дигар ҳам дорад. Масалан боз евробондҳо мефурӯшад ва ҳамин тавр Роғунро пеш аз онки як манбаи даромад бишавад, то гӯшҳо даруни қарз ғутавар мекунад.
Аммо дар ҳақиқат Раҳмонов «сафар»-ро сахт дӯст медорад. Бовар накунед ТВ-ҳои Тоҷикистонро баъди бозгашти Раҳмонов тамошо кунед, ки чи тавр барномаҳо нашру пахш мекунанд.
Яъне барои Раҳмонов «сафар» бошад шуд. Баҳона мешавад барои пахши барномаҳо дар ТВ-ҳо ва хабару матолиб дар Ҷумҳурияту Садои мардуму МИТ-Ховар.
Нигоҳ кунед,ки Ховар чи менависад:
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат якчанд бинои таъйиноти гуногунро ифтитоҳ карда, ба бунёди дигар иншооти дорои аҳамияти стратегӣ оғоз бахшиданд.
Аз ҷумла, дар доираи сафари кории Президенти мамлакат дар шаҳри Душанбе Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби ҷаҳон”, Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои оғози навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ санги асос гузоштанд.
Яъне Раҳмонов ба Душанбе «сафари корӣ» анҷом додааст? Сафари корӣ…
Ҳоло, ки Раҳмонов ба ООН меравад, ба Лондон меравад,ба Олмон меравад ва бо чи натиҷаву бо чи дастоварде бармегардад муҳим нест. Муҳим ин аст ки вай «сафар» мекунад …..
Хонандаи гиромии “Ислоҳ” мо ин сафари пешвои оиларо ҳатман дунбол менамоем ва ҳатман нукоти ҷолиби ин сафарро тақдими шумо хоҳем кард. Қабл аз сафар ё дар оғози он чизе гуфтан хоссатан дар мавриди Раҳмонови бозгӯй ношаванда сахт аст. Медонед ӯ дар як соат шаш тараф имкони давр хурдану печидан дорад. Ҳатман пас аз он ҳама печу тобхуриҳояш беҳтар метавонем онро тақдим намоем.