(Бахши севвум давраи аввал)
«Устод Нурӣ замоне ба саҳна омад, ки ҷомеъаи тоҷикон тақрибан замони ҷоҳилияти замони Расулуллоҳро мемонд. Дар фаъолияти худ айни рафтори Расулуллоҳро дар ҷомеъаи мо кард. Ӯ мисли ҳазрати Иброҳим бутшиканӣ кард. Ӯ мисли ҳазрати Мӯсо, ки қавми худро аз дарёи Нил барои наҷот аз Фиръавн гузаронд, қавми худро аз дарёи Ому барои наҷот гузаронд.
Ӯ мисли ҳазрати Юсуф зиндонро дид ва мисли ҳазрати Аюб ба тамоми машаққату балоҳое, ки Худованд ба сараш овард, таҳаммул нишон дод. Шояд ҳеҷ кадоме аз мо бо вуҷуди ин ҳамаи дардҳои тоқатфарсо ашки чашми эшонро надида бошем. Ин мактабро бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба мо шогирдону пайравон ба мерос гузошт ва дуъо мекунем, ки Худованд моро вафодор ба ин мактаб ва пайрав аз ин суннат бигардонад». Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, аз суханронӣ дар шаби таҷлил аз солрӯзи вафоти устод Нурӣ аз 24 сентябри соли 2007.
Устод Сайид Абдуллои Нурӣ соли 1987 бо ҷурми “Роҳ додан ба таблиғоти зидди сохти давлатдории шӯравӣ” ба ҳабс гирифта шуд. Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ замоне мутаваҷҷеҳи ин амалаш шуд, ки ин амалаш боиси вокунишҳои тезу тунди созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар гардид. Ин созмонҳо бидуни вақфа раҳоии ҳарчи зудтари ӯро талаб мекарданд. Бинобар маълумотҳои мунташира аз 72 созмону давлати дунё ба унвони Михаил Горбачев, Дабири аввали Иттифоқи Шуравӣ ҷиҳати озодии устоди равоншод нома ва барқияҳо меояд.
Дар зиндонҳои Русия устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шикаста нашуд, баракс дар роҳи интихобидааш устувортар, муҳкамтар ва бар сари азмаш росихтар шуд. Ҷазаба ва азамати ӯ ба ҳайси як мулло ва олими исломӣ ба ҳадде муассир уфтода буд, ки даҳҳо нафар аз пайи ӯ ба намозу ниёзу рӯза пардохтанд. Раҳоии ӯ ҳамчуноне,ки дар рӯзҳои боздошт ва муҳокимааш иттифоқ афтод тавссути расонаҳои байналмилалӣ босуръат ва мукаррар нашру пахш мешуд.
Радиоҳои хориҷӣ
Дар зимн ҳамин радиоҳои байналмилалӣ яке аз восила ва ё авомиле будааст, ки дар ташаккули афкори ин ҷавонмуллоҳои тозакору тозапиндор нақши бузург бозидааст. Аксарияти онҳо ба шумули худи устод Нурӣ эътироф мекунанд, ки гӯш кардани ин радиоҳо дар таҳаввули афкору андешаи онҳо нақши муассир гузоштааст. Маҳз ҳамин радиоҳои байналмилалӣ будааст, ки ошноии онҳо ба ҷаҳони ислом ва навигарҳову дигаргуниҳо дар кишварҳои оламро таъмин кардааст. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш изҳор доштааст, ки ҳатто падари ӯ, ки дар ҳамин ҳукумат кор мекард, радиои «Озодӣ» гуш мекард, дар ҳоле, ки гуш кардани ин расонаҳо мамнуъ буд:
« Ба ғайр аз шуғли диние, ки анҷом медоданд, (падарашонро дар назар доранд) ишон барномаҳои радиоҳои хориҷиро ба забони форсӣ, аз ҷумла барномаҳои радиои «Озодӣ»-ро гӯш мекарданд. Дар баъзе мавридҳо суханонеро мегуфтанд, ки мо ва дигар бародарҳоямон, ки дар замони Шӯравӣ калон шуда будем, бисёр нороҳат мешудем. Хаёл мекардем худашон аз пеши худ чунин ҳарфҳоро мезананд. Баъдтар маълуми мо шуд, ки он кас ин суханонро аз дунболагирии сиёсатҳои байналмилалӣ, аз манбаъҳои мухталиф ҷамъоварӣ мекардаанд.» Саид Абдуллоҳи Нурӣ. «30 сол ҲНИТ зодаи ормони мардум».
Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода яке дигар аз муассисони ҲНИТ низ тасдиқ мекунад, ки ҳамин расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла «Озодӣ» ва ВВС буданд, ки дар тағйироти мафкуравии онҳо саҳми босазо гузоштаанд:
«Дар ин миён ман ба шунидани радиоҳои хориҷӣ даст задам. Ба ҳамагон маълум аст, ки он замон шунидани гуфторҳои радиоҳои хориҷӣ ба забонҳои форсиву русӣ сахт мамнӯъ буд. Касеро, ки ин корро мекард, зери таъқиби сахти КГБ қарор мегирифт. Вақте ки камина он радиоҳоро гӯш мекардам, ба андеша фурӯ мерафтам, ки чаро ҳамзабонони хориҷии мо, аз ҷумла дар Афғонистону Эрон давлатҳои мустақил доранду дину мазҳаб ва фарҳанги миллии худро озодона пеш мебаранд, вале кишвари мо -мардуми мусулмони Тоҷикистон аз ин неъматҳо бебаҳраанд? Ҳамеша ин мисраъи шоири муборизи афғон: «неъмате беҳтар зи истиқлол нест»-ро зери лаб замзама мекардам. Аз гӯш кардани барномаҳои радиоҳои хориҷӣ КГБ хабар ёфту маро мавриди бозпурсӣ ва истинтоқ қарор дод, вале ман наҳаросида, пинҳонӣ кори худро давом медодам».
Дар идомаи ин сӯҳбаташ Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода афзудааст, ки шунидани радиоҳои хориҷӣ барои бедории фикрӣ ва таҳаввулу инкишофи андешаи истиқлолталабӣ барои ҷавонон таъсири мусбат гузошта буд:
«Роҳи дигар чуноне, ки аз ҳаёти шахсии худ мисол овардам, гӯш кардани гуфторҳои радиоҳои хориҷӣ ба забони форсӣ буд. Тавассути ин барномаҳо мардуми мо, бахусус ҷавонон ба афкори пешқадам ва ислоҳотхоҳи исломӣ ошно мегардиданд, ҷаҳонбинӣ, фаҳмишу биниш васеъ мешуд, ба зиндагӣ, ба олам ба чашми дигар менигаристанд ва дар пайи ислоҳи камбудиву нуқсонҳои ҷомеъа кӯшиш мекарданд». Ҳоҷӣ Қаландар Садриддин. «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»
Раҳоӣ ва истиқбол аз муассиси ҲНИТ
Бо ин ҳол, бархе аз шогирдону пайравони устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳангоми бозгашти ӯ ба ватан аз зиндон хостанд як истиқболи пурҷамъият ва бошукуҳеро дар майдони фурудгоҳ ба роҳ андозанд. Аммо шуморе дигар аз аъзои Раёсати ҳизб бар ин қарор меоянд, ки ҳеҷ гуна иқдоми барангезанда набояд кард.
Сайидумар Ҳусайнӣ он лаҳзаҳои бозгашти устод Нурӣ, бунёдгузори ҲНИТ ва пешвози ӯ дар Душанберо чунин тасвир мекунад:
«Баъди онки устод аз маҳбас озод гардид ва ба ватан бар мегашт, тамоми бародарони аҳли раёсат дар Душанбе дар маҳаллаи Мавлоно дар хонаи яке аз наздикони ман ҷамъ шуданд ва барои чӣ тавр пешвоз гирифтани устод машваратҳо менамуданд. Баъзеҳо ба хусус аъзоёни ҷавонтари ҳаракат мақсад доштанд, ки ҳама дар назди фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷамъ шуда, устодро истиқболи вижа намоем, вале хулосаи машварати Шуро бар он шуд, ки шуру валвала накарда танҳо 2 мошин ба фурудгоҳ рафта устодро мегиранд ва ба ҳамин хона оварда баъди зиёрат ба хонааш ба Қӯрғонтеппа мебаранд. Ҳамин тавр устодро аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе гирифта ба хонаи акаи Сулаймон дар маҳаллаи Мавлоно меоранд ва зиёда аз 50 нафар бародарон, ки онҷо будем устодро зиёрат намуда эҳтиромоти худро нисбати эшон анҷом додем ва баъди сарфи таъоми андаке бародарони муваззафшуда устодро гирифта ба хонаашон бурданд. Бояд қайд намоям, ки дар ин зиёрат ман устодро чунон лоғар дидам, ки гӯё моҳҳо таъом нахӯрда бошад. Вақте инро ба бародари Ҷумъабек, ки зиёда аз як моҳ ҳамроҳи устод буданд, гуфтам, ӯ гуфт: Ҳоло шумо фарбеҳии ӯро дидаед. Мо ӯро якуним моҳ бо гӯшти гӯсфанду дигар таъомҳои лазиз меҳмонӣ карда хеле тарбияаш намудем, вагарна дар аввал аз дидани ӯ метарсидед. Баъдан устодро бо ду мошин ба хонааш фиристодем ва ман ҳамроҳашон нарафта будам». Сайидумар Ҳусайнӣ. «Хотираҳо».Душанбе 2013
Ва, аммо раҳоии устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз зиндон баъди якуним сол, дуруст дар давроне иттифоқ уфтод, ки кишвари Шӯравӣ дучори тағйиротҳои азими сиёсӣ мешуд. Сиёсати перестройка ва гласност ( бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ), ки Михаил Горбачев, Дабири аввали Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар роҳандозӣ кард, саҳнаро барои аланӣ ва ошкор шудани ҳаракату ҳизбҳои гуногун фароҳам кард. Дар воқеъ ин сиёсат барои Наҳзатиҳои тоҷик як туҳфа ва инъоми илоҳӣ буд, ки солҳои сол дар суроғаш буданд. Бахусус ҳазфи нақши гегемонии ҳизби коммунист аз Конститутсияи СССР, яъне барҳам додани моддаи 6-и он иҷоза дод, ки муассисони Наҳзати исломии ҷавонони Тоҷикистон, ки дар ин миён дар тамоми кишвар нуфуз пайдо карда ячейка ва созмонҳои аввалия ва дар сатҳи вилоёту навоҳиро ташкил ва таъсис дода буданд, дар фикри таъсиси Ҳизби наҳзати Иттифоқи шӯравӣ бишаванд. Чунки аллакай дар Маскав-пойтахт ватани паҳновари Шӯравӣ аҳзобу ҳаракатҳои мухталиф руи кор омаданд ва дар Тоҷикистон ҳам созмон ва ҳаракатҳои мардумие назири Рубарӯ, Растохез арзи андом намуда маҳофилу маҷолис мегузарониданд.
Собиқадорони ҲНИТ мегӯянд, ки устод Нурӣ вақте сӯҳбат аз масъалаи ташкили ҲНИТ рафт, ба ин маъно, ки бояд аз ҳукумат маншури расмӣ гирифта бишавад, гуфт, ки мо ба ин ҳадафи худ он вақт расида метавонем, ки ҳизби исломӣ дар маркази ин давлат, Иттифоқи Шуравӣ таъсис ва расман сабти ном бишавад. Устод Нурӣ ба ёрону пайравонаш мегӯяд, ки бидуни доштани як ташаккули сиёсӣ дар сатҳи марказ наметавонем дар Тоҷикистон ба омол ва ҳадафи худ бирасем. Аз ин рӯ роҳи дуруст ва мантиқӣ ин аст ки аввал дар Маскав ташкилоти умумииттифоқӣ ба қайд бигирем. Дар ғайри сурат мо ноком хоҳем буд.
Зубайдуллои Розиқ,яке аз собиқадорони ҲНИТ он лаҳзаҳоро чунин ёдоварӣ мекунад:
«-Устод С.А.Нурӣ маро ба назди худ хонда сӯҳбати як ба як орост ва дар ҷараёни сӯҳбат аз созмон додани ҷамъияти исломӣ дар кулли қаламрави кишвари Шӯрвӣ гап кушод ва гӯшгузор намуд, ки то созмони умумииттифоқӣ таъсис дода нашавад, дар Тоҷикистон ҳукуматдорон ҳаргиз иҷозаи таъсиси созмонро намедиҳанд. Бояд бо бародарони озодандеши дар Русия ва ҷамоҳири дигар машварат кард ва заминаро дар Русия ба вуҷуд овард, вагарна дар ягон ҷумҳурии дигар имкони заминагузорӣ вуҷуд надорад.
Банда дар навбати худ пешниҳод кардам, ки агар мо дар маҳдудаи Иттиҳоди Шӯравӣ созмон таъсис доданӣ бошем, ба номи ҳизб таъсис бидиҳем беҳтар аст, чаро ки дар ин минтақа ҷамъиятро ба унвони созмони сиёсӣ намедонанд. Устод аз пешниҳоди банда истиқбол кард ва маслиҳат шуд, ки мо ба Доғистон сафари корӣ анҷом диҳем. Ҳамин тавр бо бародар Абдумалик, ки аз шогирдони устод Ҳимматзода буд бо ҳавопаймо ба шаҳри Боку ва аз он ҷо бо қатора ба шаҳри Махачқалъа, сипас ба Хасавюрт ба хонаи Муҳаммад Баҳоуддин, ки ҳашт сол муқаддам дар Маскав шинос шуда будем, рафтем. Ӯ буд, ки моро бо бародарони доғистонӣ ва чеченӣ ва дигар манотиқ шинос мекард ва ба ҳарду ҷониб итминон медод, ки аз ҳамдигар бовар дошта бошем. Фардои он рӯз ҳамаи бародарон аз манотиқи Маскав ва Қафқоз ҷамъ омаданд ва ҷаласа ороста, ба унвони Кумитаи тадорукотии анҷумани таъсисӣ дар мавриди кай ва дар куҷо баргузор намудани он, дар бораи номи ҳизб, оиннома ва барномаи он баҳсҳои ҷолиб сурат гирифт». Зубайдуллоҳи Розиқ. «40 соли наҳзат: Хотира, андеша, дидгоҳ» Душанбе-2013
Аштархон ё Астрахан
Анҷумани муассисони ҲНИ-и Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Астрахан ва ё Аштархони Федератсиюни Русия дар шароити ғайримаъмулӣ баргузор мешавад.
Сайидиброҳими Назар, яке аз мубтакирини баргузории Анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шуравӣ ва муовини аввали раиси ин ҳизб дар як суҳбати расонияш бо нашрияи «Миллат» мегуяд, ки дар соли 1989 робитаи масъулони Наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҷаҳони хориҷ ва бахусус мусалмонони Русия афзоиш пайдо кард:
«Мо бо намояндагони ҳаракатҳои исломии ғайрирасмии Қафқоз, аз ҷумла Доғистон ва Чеченистон робита барқарор кардем. Мо Муҳаммад Салоҳиддинро аз Тотористон мешинохтем, Аҳмад Қозӣ Ахтаеви доғистониро мешинохтем. Бо онҳо ҳамон замон дар хусуси таъсиси як ҳизби исломии умумииттифоқӣ машваратҳо мекардем. Билохира соли 1990 тасмим гирифта шуд, ки Анҷумани таъсисии Ҳизби НИ ИШ дар Астрахан баргузор гардад. Дар ҳамон қаторае, ки ба Астрахан мерафтем, мо аъзои Наҳзати Исломии Тоҷикистон тақрибан 35-40 нафар будем. Аз ҷумла устодам мулло Абдуллоҳи Хаттоб низ буд. Умуман аз Тоҷикистон дар ин анҷуман 80 нафар вакил буд. Боқимондаҳо бо дигар роҳҳо ба Астрахан рафтанд. Мо ба Астрахан тақрибан нисфи шаб расидем. Аниқтараш истгоҳе, ки мо бояд мефаромадем, аз Астрахан дар масофаи сӣ-чил километр дур воқеъ буд. Шаб автобус набуд. Касе набуд, ки моро пешвоз гирад. Ин анбӯҳи одамон дар як шаҳри бегона таваҷҷӯҳи кормандони мақомоти дохиларо ба худ ҷалб кард. Пеши роҳамонро гирифта пурсиданд, ки аз куҷоему ба чи кор ба ин шаҳр омадаем. Рости гапро гуфтем. Боз пурсиданд, ки роҳбаратон кист? Касе ҷавоб надод. Баъд аз ин банда гуфтам, ки ман роҳбари ин гурӯҳ ҳастам. Дигар бо ман саволу ҷавоб мекарданд. Маълум буд, ки аз баргузории Анҷуман хабардор ҳастанд. Моро ба ҳамон маҳали баргузории Анҷуман бурданд. Рӯзи дигар Анҷуман баргузор гардид. Рости гап, аз тарафи мақомоти амниятӣ ва ё дохила кӯшиши халалдор кардани кори Анҷуман буд. Вале ба ҳар ҳол Анҷуман баргузор гардид. -Вакилони Тоҷикистон хеле фаъол буданд. Дар тақдирам будааст, ки маро муовини аввали раиси ҲНИ ИШ интихоб карданд. Раиси ҳизб Аҳмад Қозӣ Ахтаев, олими хуби исломӣ, ки табиби хуб низ будааст, интихоб гардид. Забони русиву арабиро хеле хуб медонист. Дар ин Анҷуман Муҳаммад Салоҳиддин аз Тотористон, Ҳайдар Ҷамол аз Маскав буданд. Вакилон аз Озарбойҷон, аз Доғистон, аз Чеченистон буданд. Аз Ӯзбакистон як ё ду нафар буданд. Анҷуман гузашт. Мақомоти ҳизб интихоб гардид. Қароргоҳ Маскав муайян шуд. Аз вакилони тоҷикистонӣ Сайид Умар Ҳусайнӣ дар ҳайати комиссияи тафтишотӣ буд, Давлат Усмон раиси шӯъбаи ташкилии ҳизб интихоб шуд. Банда бо ҳамроҳии раис Аҳмад Қозӣ Ахтаев Масква рафтем то ҳизбро дар мақомот расман сабти ном кунем. Моҳи июли соли 1990 Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди шӯравӣ расман дар вазорати адлияи СССР ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тариқ аз моҳи июни соли 1990 то моҳи ноябри соли 1991 ман расман корманди ҲНИ ИШ будам ва дар Маскав зиндагонӣ мекардам. Моҳе як маротиба ба Тоҷикистон меомадам».
Саидумар Ҳусайнӣ яке дигар аз ширкатдорони Анҷумани таъсисии ҳизб дар китоби «Хотира»-ҳояш дар мавриди баргузории он чунин изҳори назар кардааст:
«Рӯзи 8уми июни соли 1990 ҳамчун рӯзи инсиҷому якдилӣ ва ваҳдату якпорчагии ҳаракатҳои ҷудогона ва парокандаи исломӣ, ки дар саросари кишвари паҳновари Шӯравии собиқ фаъолияти динӣ сиёсӣ мебурданд, дар таърихи ин ҳаракати бузурги динӣ сиёсӣ сабт гардидааст. Дар ҳақиқат ҷамъомади онрӯзро меарзад, ки таърихиаш номид. Барои ин ҷамъомади таърихӣ шаҳри Астрахани Русияи федеролӣ, ки дар онҷо ҳеҷ ҳаракати исломие амал намекард ва аз тамоми марказҳои мусулмоннишини кишвар дур буд, интихоб гардид. Ин ҳам ба он хотир буд, ки таваҷҷӯҳи хадамоти ҷосусии кишвар (КГБ) нисбати ин ҷамъомад камтар бошад. Он рӯз фаро расид ва аз ҳама гӯшаву канори ин мамлакати бузург вакилони ин ҷамъомад гурӯҳ гурӯҳ ташриф меоварданд. Бародарони тотор ва доғистонию чеченӣ, ки ташкилотчигии ин ҷамъомадро ба дӯш доштанд вакилонро тавре ҷо ба ҷо менамуданд, ки шубҳаеро дар мақомот бар наангезад. Ҳамчунин дар бораи макони баргузории ин Анҷуман аз эҳтиёткории хеле болое истифода намуданд, ки ҳатто хадамоти махфии Ҳукумати Шӯравӣ (КГБ) иттилоъ надошт, ки анҷуман дар кадом макон баргузор мегардид. Онҳо барои ин ҳадаф чунин манёвр анҷом доданд, яъне се макони дигарро, ки асосӣ набуданд низ иҷора гирифтанд ва ҳатто овозаи он ҷойҳоро бароварданд. Аммо макони асосиро махфӣ нигоҳ дошта рӯзи баргузории анҷуман вакилонро бехабар ба он макон, толори корхонаи ДОССАФ буд бурданд. Метавон гуфт, ки эҳтиёткории онҳо сабаби он гардид, хадамоти амниятии кишвар макони дигареро ҷои баргузории анҷуман хаёл намуда, тамоми роҳҳои он маконро баста буд, вале вакилони анҷуман дар макони муайянгардида ҷамъ омада анҷуманро ифтитоҳ намуданд. Аз шуруъи анҷуман тақрибан ду-се соат гузашта буд, ки шуъбаи корҳои дохила огоҳӣ ёфта ба бинои анҷуман ворид гардиданд, вале хешбахтона онҳо дер карда буданд ва монеъи кори анҷуман шуда натавонистанд. Он рӯз буд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Умумииттифоқ расман таъсис шуд ва аз вуҷуди худ ба саросари ҷаҳон эъломия дод. Дар кори барномарезӣ ва баргузории ин ҷамъомад ва анҷумани таърихӣ саҳми шуъбаи дар Тоҷикистон будаи ҳаракати исломӣ назаррас мебошад, аммо дар корҳои ташкилии ин анҷуман саҳми бародарони доғистонӣ, тоторӣ ва чеченӣ хеле калон буд. Панҷ нафар аз бародарони Тоҷикистонӣ дар раёсати Олии ин Ҳизб узвият доштанд ва бародар Сайидиброҳим Гадоев ноиби аввали раиси Ҳизб интихоб гардида буд ва банда низ ба симати раиси коммиссиюни тафтишотӣ ва хазинадори муваққатии Ҳизб интихоб гардида будем. Дар ин ҷамъомади бузург, ки ба мухолифатҳои шадиди ҳокимони давр мувоҷеҳ буд, тамоми бародарони ширкаткунанда аз худ ҷасоратҳои беназирро ба намоиш гузоштанд». Сайидумар Ҳусайнӣ. “Хотираҳо” аз нахустин ошноиям ба Ҳаракати исломии Тоҷикистон то расмияти он”.Душанбе2013.”Муаттар”
Ва, аммо шева ва ҳолати сабти номи ҲНИ-и Иттиҳоди шуравӣ низ ҷолиб ва таваҷҷуҳангез аст. Дар ҳоле, ки тамоми муқомоти қудративу амниятӣ бар муқобили фаъолияти расмии он ҷабҳа гирифта буданд, ин ташкилоти сиёсии ғайримаъмулӣ хеле ҳам зуд ва осону роҳат дар қайди давлатӣ гирифта мешавад. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз ташаббускорони Анҷумани таъсии ҲНИ-и ИШ ҳолати сабти номи онро чунин тавсиф мекунад:
«Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Маскав, ки раиси ҳукумати он ноҳия аз аъзои ҳизби демократ интихоб шуда буд, кумитаи ташкилии ҳизбро дар он ноҳия ба осонӣ ба қайд гирифтанд. Баъд аз ба қайд гирифта шудани кумитаи ташкилӣ ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии ҲНИ-и Иттиҳоди Шӯравӣ ба вазорати адлияи ИҶШС супурданд. Баъди саъю талоши зиёд ва сӯҳбатороиҳои кормандони вазорати адлия бо сарварони ҳизбу созмонҳои навтаъсис ва дар охир суҳбат бо худи вазири адлияи Иттиҳоди Шӯравӣ, моҳи октябри соли 1990 Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ба қайд гирифта шуд ва орзуи деринаи мусулмонони кишваре, ки даҳсолаҳо азияти озори ҳизби мулҳиди яккаҳукмронро мекашиданд, ҷомаи амал пӯшид.» Зубайдуллоҳи Розиқ. «Наҷот» 25.04.2013
Ончуноне тазаккураш рафт мубтакирони асосии ташкили Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди шӯравӣ тоҷикон буданд ва аз инҷо буд, ки 60% вакилони анҷуманро ҳам онҳо ташкил кардаанд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба онки марказ Русия ва Маскав аст тоҷикон аз пазируфтани курсиии раёсати ин ҳизб даст мекашанд. Давлати Усмон, ки ӯро вакилони ин Анҷуман барои раисӣ пешбарӣ карданӣ мешаванд дар ин бора дар сӯҳбат бо нашрияи «Рӯзгор» чунин мегӯяд:
«Ба фикри мо бояд раиси ҳизб аз Русия мебуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Маро раиси шӯъбаи ташкилии ҲНИ ИШ интихоб карданд. Раиси ҳизб Аҳмад қозӣ Ахтаеви доғистонӣ интихоб шуд. Калимаи наҳзат аз ҳамон сол ба ин тараф дигар вирди забонҳо шуд. Худи ҳамон сол 5-уми октябр дар деҳаи Чортути ноҳияи Ленин Конфронси таъсисии шӯъбаи тоҷикистонии Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравиро гузаронидем. Вале дар аввал онро нахостанд ба қайд бигиранд, дар ҳукумат таъсиси онро ғайриқонунӣ арзёбӣ карданд».
Шояд гумон кунед, ки ҳамакнун, ки Маскав ба унвони маркази давлати шӯравӣ ба фаъолияти сиёсии як ҳизби мазҳабӣ иҷозат дод, дар ҷамоҳири ба истилоҳ «бародарӣ» мушкил дар сабти номи он пеш намояд. Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд вақте аз Русия баргаштанд болои онҳо фишор афзоиш пайдо кард:
«Ман вақте, ки ба Кӯлоб, ба хона омадам ба ман гуфтанд, ки чанд маротиба шудааст, ки ҳам аз мақомоти дохила ва ҳам аз мақомоти амниятӣ нафарҳое туро суроғ карда ба хона меоянд. Хулоса баъди омадани ман ҳам чанд нафаре омаданду хостанд, ки маро ба шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳр баранд. Гуфтам: «Бе даъватнома ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Марҳамат, расман даъватнома биёред, ман аз қонун итоат мекунам». Ҳамин тариқ даъватнома оварданду маро ба идораи милисаи шаҳр бурданд. Дар он ҷо чанд нафар ҳамзамон бо ман сӯҳбат мекарданд. Корманди мақомоти дохила тунду тез бо ман сухангӯиро шурӯъ кард. Ба ӯ гуфтам, ки оҳиста гап занад. Ман на ягон муттаҳам ҳастаму на ягон ҷинояткор.
Агар гап дар бораи ҲНИ ИШ равад, ба Шумо ҳамчун раҳбари дуввуми он эълон медорам, ки ин ҳизб дар вазорати адлияи СССР номнавис шудааст. Шумо ҳақ надоред бо ин оҳанг бо ман гап занед. Ва аз ҷоям хестам. Гуфтам: «Ман ин тарзи муомиларо қабул надорам». Дар ҳамин вақт як нафари дигаре, ки зоҳиран корманди мақомоти амниятӣ буд ва хеле зирак ба назар мерасид, ба тарафи ҳамон корманди милиса рӯ оварда гуфт: «Ман як чиз мегӯям. Дар давоми 70 соли даврони шӯравӣ мо аз Тоҷикистон, ягон нафаре, ки дар ягон созмони умумииттифоқӣ шахси дуввум ба ҳайси раҳбар бошад, надоштем. Барои ман фарқ надорад, ки он ҳизби исломӣ ҳаст ва ё ягон ҳизби дигар. Шахсан ман фахр мекунам, ки ин мардак тоҷик аст ва роҳбари як ҳизби умумииттифоқӣ». Баъд аз ин суханони корманди амниятӣ бо ман муносибати дуруст карданд ва баъди сӯҳбати на чандон тӯлоние маро ҷавоб доданд». Сайидумар Ҳусайнӣ. “Хотираҳо” аз нахустин ошноиям ба Ҳаракати исломии Тоҷикистон то расмияти он”.Душанбе2013.”Муаттар
Баъди сабти номи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Маскав новобаста аз таҳдиду мавонеъи мақомоти Тоҷикистон масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бидуни хастагӣ ҳамоно дунболи ба даст овардани иҷозаи расмии фаъолияти худ буданд.
Аммо то конфаронси Чортут дар ноҳияи Ленин (Рудакии имрӯза) дар Тоҷикистон ҳодисае руй дод, ки то ба имрӯз аз он ҳамчун Баҳманмоҳи хунин ёдоварӣ мешавад. Феврали соли 1990 аз 12 то 14-и он дар Душанбе нахустин тазоҳуроти даҳҳо ҳазорӣ иттифоқ уфтод, ки мақомот оқибат онро бори гардани ҳаракат ва аҳзоби навзуҳуре чун «Растохез» ва ҲНИТ кард. Ин гирдиҳамоӣ 25 кушта бар ҷой гузошт. Зеро хадамоти вижаи СССР, аз ҷумла «Алфа» тарафи издиҳом тир андохт ва хун рехт. Ин хунрезӣ боиси хашми издиҳом шуд. Ва онҳо ба ҳадде фишор оварданд, ки се нафари аввали давлати Тоҷикистон эъломи истеъфо карданд. Аммо намояндаи Маскав омад ва тавре кард, ки ин се нафар аризаи худро дар Пленуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пас гирифтанд. Мунтаҳо, комиссияи тафишотии ташкилшуда, ки ба он Сафаралӣ Кенҷаев, додситони нақлиёти Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, ин гирдиҳамоиро ба сари неруҳои нави сиёсӣ зад. Он замонҳо Сафаралӣ Кенҷаев дар шумори рӯшанфикрони озодихоҳ ва миллихоҳ қарор дошт ва бо пешниҳоди тазоҳургарон ба роҳбарияти ҳайати комиссияи тафтишотии февралӣ пешниҳод шуда буд. Дурст аст ки ин комиссиюн Бӯрӣ Карим, Раиси Госплани Тоҷикистон, Нур Табаров, вазири маданият, Абдулло Ҳабибов, корманди дастгоҳи марказии ҲКТ Тоҷикистон, Мақсуд Икромов, раиси Душанберо бегуноҳ ба қалам дод, аммо гуфт, ки ин гиридиҳамоӣ аз тарафи неруҳои навхези сиёсӣ ба шумули руҳониҳо, масоҷид ва ҲНИТ, ки ҳоло сабти ном нашуда буд, сурат гирифтааст. Ва, аз инҷо буд, ки ду нафар аз муллоҳо Аъзам Бобоев ва Соқиҷон Бедимоғов ба зиндон кашида шуданд.
Дар пайи ин тазоҳурот ва хунрезӣ мақомот дар кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ кард. Интихоботи депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ҳамин гуна шароит доир гардид. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони доватлаби ин интихобот дар яке аз ҳавзаҳои ноҳияи вилояти Қурғонтеппа муаррифӣ гардид. Аммо маъулм буд, ки мақомот ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат нахоҳад дод. Вале бо ин вуҷуд дар ин Шӯро се нафар аз руҳониёни расмӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии мусулмонони Тоҷикистон, Ҳайдар Шарифзода ва Ҳадятуллоҳи Одил, имомхатиби масҷиди ҷомеъи ҳоҷиёни Исфара дар шумори Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони мардумии «Растохез» ва шоири дигарандеш Бозор Собир депутат интихоб шуданд. Воҳидхон Қосиддинов, роҳбари собиқи дастгоҳи ҲНИТ ва яке аз зиндониёни феълии ҲНИТ ва дар он солҳо директори матаби миёнаи № 49-и Исфара дар сӯҳбате бо хабарнигори «Наҷот» аз он солҳо ва аз муборизаҳои ҲНИТ, ки ҳоло пинҳонӣ амал мекард, чунин мегӯяд:
«Интихоботи парлумонии соли 1990 нахустин ва охирин интихоботи замони бозсозӣ буд, ки дар фазои озод ва демократӣ гузашт. Наҳзат, ки ҳанӯз фаъолияти расмӣ ва ошкор надошт, бахши исфарагии он тасмим гирифт, то як шахсияти рӯҳониро ба номзадӣ пешбарӣ намояд ва билохира бо имомхатиби масҷиди ҷомеъи Ҳоҷиён Ҳадятуллоҳи Одил машварат шуд. Ӯ таклифи наҳзатиҳоро пазируфт ва номзадии худро пешниҳод кард. Баъд аз он дар маъракаи пешазинтихоботӣ мо наҳзатиҳо ва тамоми шахсиятҳои мазҳабӣ, миллӣ ва умуман мардуми Чоркӯҳ ба таблиғот машғул шуданд, дар натиҷа номзади мо бо касби 59% овозҳо пирӯзӣ ба даст овард. Рақиби ӯ шахсияти маъруфи минтақа, сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» бо вуҷуди пуштибонии тамоми дастгоҳи ҳукумати ноҳия шикаст хӯрд». 40 соли Наҳзат.Хотира, андеша, дидгоҳ. Душанбе 2013.
Ба ин тартиб ҲНИТ тавонист аз Исфара нафареро вориди Шӯрои олӣ кунад, ки аз ҷойгоҳ ва нуфузи вай дар он солҳо дарак медиҳад.
Иброҳими Усмон, таърихнависи замони муосири Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳолату вазъи он рӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон таъйид мекунад, ки намояндаҳои руҳонияти кишвар ҳарчи бештар мақому манзалат касб мекунанд:
«Воқеаҳои моҳи феврал исбот мекард, ки акнун дар Тоҷикистон ислом дар ду сифат-кормандони муассисаҳои динӣ ва сиёсатгарони динӣ таборуз мекунад ва ҳардуяш низ комёб аст. Амалан, воқеаҳои моҳи феврал муттаҳид шудани қувваҳои сиёсии зидди ҳукуматӣ, камқудрат гардидани системаи идораи советиро исбот менамояд.” И.Усмонов. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд-2003
ЧОРТУТ
Амалан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вазъияте вориди саҳна ва корзори сиёсӣ дар кишвар шуд, ки давлати шӯравӣ дар ҳолати сакарот қарор дошт вале дар солҳои аввали касби истиқлол бошад, ин ҳизб ба як нерӯи умдаи сиёсӣ дар кишвар бадал шуда буд.
Давлати Усмон, яке аз мубтакирони баргузории конфронси ҲНИТ дар масҷиди маҳаллаи Чортут дар як мусоҳиба бо «Рузгор» тазаккур медиҳад, ки сиёсати динситезона ва исломбезории Ҳизби коммунисти шӯравӣ яки дигар аз авомиле буд, ҷавонони мутадаййин ва бономусу боимони мусалмонро дар муқобили он ба як неруи бузург табдил ва ба муқовимати он сабаб шавад:
«Аз ибтидо фикри мо ҷавонони шаҳри Душанбе тамоман дигар буд. Мо мехостем, ки дар Донишгоҳҳо нуфуз кунем, дар корхонаҳои давлатӣ ба кор истихдом шавем. Ва ба тадриҷ ба як нерӯи қавӣ табдил шавем. Ин аз як тараф буд. Аз тарафи дигар набояд фаромӯш кунем, ки ҳаракати мо ҷанбаи озодихоҳӣ низ дошт. Мо орзу мекардем, ки кишвари мо мустақил бошад. Мо медидем, ки дар дунё кишварҳои зиёде аз мо кучактар мавҷуданд, вале озоданд, мустақиланд. Ҳамин тариқ то соли 1989 марҳилаи таблиғу иршод буд, ки бештар аз маъракаҳо истифода мекардем. Дар тӯю маросимҳои мотам ҷавононро ба ислом даъват мекардем. Баъди он ки банди шаши Сарқонуни Шӯравӣ дар бораи манъи бисёрҳизбӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ лағв гардид, тахминан аввали соли 90-ум дар раҳбарияти ҷамъият фикри расман таъсис додани як ҳизби сиёсӣ-динӣ ба вуҷуд омад. Амалан дар шӯравӣ дар ҳамон сол бисёрҳизбӣ ҷараён дошт. Мо низ сари ин масъала андеша кардем. Як гурӯҳи роҳбарони ҳизб бар ин назар буданд, ки ҳизбро ошкор кардан лозим нест. Ҳанӯз маълум нест, ки дар оянда чи таҳаввулот пеш меояд. Қисмати дигар тарафдори он буданд, ки аз демократияву ошкорбаёнӣ бояд нафъ бурд ва расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар натиҷаи баҳсҳои доманадор ба ин хулоса расидем, ки ду тақсим шавем. Як гурӯҳ ошкор шавад ва бо расман сабти ном шудан ба фаъолият пардозад, гурӯҳи дигар худро ошкор насозад, вале фаъолиятҳои ҳизбии хешро пайваста идома бидиҳад». “40 соли Наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ”. Душанбе 2013”.
Бо вуҷуди якдасту якназар набудани раёсати худи ҲНИТ ва мухолифати шадиди мақомоти расмӣ ҳизб конфронси муассисони худро доир кард.
Марҳум Мавлавӣ Қосими Раҳим, аз ширкатдорони конфаронси Чортут ба унвони муҳимтарин воқеаи дар таърихи ҲНИТ ном мебарад:
«-Конфронси Чортут яке аз муҳимтарин воқеаҳои таърихии Наҳзати Исломӣ ба шумор меравад, ки баъди Анҷумани Астрахан баргузор шуд. Ду моҳ қабл аз баргузории конфронс ҷаласаи тадорукотӣ бо иштироки ҳайати роҳбарияти Наҳзат ва ҳамаи намояндагони ҳизб аз навоҳии Тоҷикистон дар ҳавлии шаҳид Муҳаммадраҷаб баргузор гардид, ки дар ин ҷаласаи тадорукотӣ ситоде бо номи Ташаббускор (ташрифотӣ) иборат аз 15 нафар интихоб гардид. Давлат Усмон ба ҳайси раиси ситод ва банда ба ҳайси муовин интихоб шудем, вале аксарияти масъулият бар дӯши банда афтод. Ин ситод дар фурудгоҳ меҳмонони хориҷӣ ва дохилиро пешвоз гирифта, онҳоро бо ҷои хоб ва мошин таъмин мекард. Азбаски ҳукумати вақт баргузор намудани конфронсро мамнуъ эълон кард ва мо онро пинҳонӣ гузарониданӣ будем, пазироии меҳмонҳо ниҳоят боэҳтиёт сурат мегирифт, то неруҳои бехатарӣ, ки дар фурудгоҳ моро назорат мекарданд, меҳмонҳои моро нашиносанд. Мо чанд тан ҳар меҳмонро бо ишора ба ҷавонони ҳизбӣ, назораткунандагони бехатарӣ онҳоро намешинохтанд, муаррифӣ мекардем ва онҳо аз эшон истиқбол намуда, ба василаи таксӣ ба ҷои даркорӣ мерасонданд». «40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ» Душанбе-2013»
Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили собиқи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҲНИТ ва феълан яке аз маҳбусони ин ташкилот ва аз ташабббускорони баргузории ин конфаронс он рӯзҳоро дар китоби «Хотира» -аш чунин ба қалам додааст:
«Баъди баргаштан аз ин анҷуман (манзури Анҷумани Аштархон-М.С) омодагиҳо барои баргузор намудани конфронси минтақавии ҳизб дар Тоҷикистон бо ирсоли номае бо имзои Гадоев Сайидиброҳим – муовини аввали раиси ҳизб ва Исмонов Давлат масъули таъсиси ҳизб дар манотиқ унвони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Мухолифатҳо на танҳо ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҳизби ҳоким, балки мухолифатҳои мақомоти расмии динии кишвар нисбати ин ҳизб хеле шадид буданд. Ҳатто метавон гуфт, ки мухолифати мақомоти расмии динӣ барои таъсиси шуъбаи Тоҷикистонии ҲНИ шадидтар аз дигарон буд. Номаи Гадоев Сайидиброҳим ва Исмонов Давлат ҷиҳати баргузории конфронси минтақавии ҲНИУ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Олии кишвар ба овоз монда шуд. Нахустин касоне, ки ба мухолифати он 41 овоз доданд ва дигаронро низ барои мухолифат ташвиқ карданд, намояндагони доираҳои динии расмии кишвар буданд. Бо вуҷуди ин ҳама монеъаҳо Шуъбаи Тоҷикистонии ҲНИ тасмим бар он дошт, ки конфронси хешро баргузор намояд, раёсати шуъба ва ниҳодҳои раҳбарикунандаи шӯъбаро интихоб намояд. Барои ин ҳадаф ситоди махсусе ташкил гардид ва ҳар шахсе аз бародарон масъулияти хосеро ба душ дошт, ки ҳатто масъулияти ҳамдигарро намедонистанд. Банда он рӯз масъули таслими мандатҳои вакилони конфронс будам. Ситод ба ин хулоса омад, ки хонаи ман дар маҳаллаи Мавлоно ҷои истиқболи муваққатии вакилон барои таслими мандатҳо ва маводҳои конфронсиашон бошад. Ҳамин тариқ ду рӯз қабл аз конфронс дар хонаи ман фаъолият барои номнависии вакилон ва он ҷо ба ҷойҳои дигар тақсим намудани онҳо шурӯъ гашта буд. Вакилон гурӯҳ гурӯҳ омада номнавис мешуданд ва аз он ҷо ба ҷойҳои дигаре, ки ҳатто ман намедонистам, сафарбар мешуданд. Субҳи рӯзи баргузории конфронс буд, ки бародарони масъул вакилон ва меҳмонони конфронсро тавассути мошинҳои хеш ба макони номаълуме мебурданд. Танҳо суроғаи ронандагон гардиши Политехником буд. Чун мо низ ба он ҷо расидем, ҷавононеро дидем, ки дар он гардиш истодаанду бо дастҳои худ ҷониби роҳи Ҳисор ишора мекунанд. Ронандагон аз ин ишораҳо масири роҳро медонистанду халос. Ҳамин тариқ дар ҳар гардиши роҳ то расидан ба масҷиди деҳаи Чортут, ки макони баргузорӣ буд ҷавоне истода буд ва ишораҳои махсусеро барои ронандагон анҷом медод. Вакилон ва меҳмонон комилан даври ҳам омаданд ва конфронс кори худро оғоз бахшид. Аз кори конфронс 23 соат гузашта буд, ки мақомоти амниятии кишвари Шӯравӣ бо хабар шуда ба толори конфронс ҳамла оварданд. Аммо боз ҳам ҷасорату фидокории бародарон ва баёноти қонеъкунандаи онҳо сабаб гардид, ки онҳо хору залил шуда аз толор берун бираванд ва ба кори конфронс халале ворид насозанд. Бо баргузории ин конфронс шуъбаи Тоҷикистонии ҲНИУ фаъолияти худро расман шурӯъ карда, аз вуҷуди хеш эъломия дод. Ҳамчуноне, ки мегӯянд: «ҳар коре, ки ихлос дар он вуҷуд дошта бошад, Худованд дар он кор ҳамроҳ аст». “Хотираҳо” “ аз нахустин ошноиям ба Ҳаракати исломии Тоҷикистон то расмияти он”. Душанбе2013. ”Муаттар”
Акоша Кабирӣ, узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ низ дар кори конфронси таъсисии ҲНИТ дар Чортут ҳузур дошт. Вай таассуроти худ аз он иттифоқотро дар арафаи таҷлил аз чилумин солгарди таъсиси ҲНИТ дар соли 2013 дар Душанбе ба ин зайл ҳикоят кардааст: «Барои баргузор намудани конфронси бахши ҲНИ-и ИШ дар Тоҷикистон ҳайати тадорукот дар ибтидо ба ҳукумат ариза пешниҳод намуд, то онро ошкоро баргузор намоянд. Аммо вакилони онвақта бо қарори парлумон гузаронидани як чунин конфронс ва фаъолияти ҳизби характери динидоштаро дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон карданд. Ҳайати тадорукотӣ баъди машварат бо роҳбарияти Наҳзат ба хулоса омаданд, ки новобаста ба қарори парлумон конфронсро баргузор намоянд. Зеро, аллакай ҳайати тадорукот меҳмонони зиёдеро даъват намуда тамоми омодагиро дида буданд. Танҳо як масъала боқӣ монда ва он пайдо кардани ҷои баргузоркунии конфаронс буд. Чанд пешниҳод шуд ва бо баъзе масъулони амокини пешбинишуда суҳбатҳо ҳам сурат гирифт. Аммо чун конфаронси мо ғайриқонунӣ шуморида мешуд, касе барои ҷой додан омодагӣ нишон намедод. Бинобар ин, ҳайати тадорукот ногузир чораи дигар андешиданд. Барои баргузории ин конфронс масҷиди деҳаи Чортутро интихоб намудем.» «40 соли наҳзат. Хотира, андеша, дидгоҳ”. Душане-2013 «Муаттар».
Баргузории ин конфаронс боиси бар он шуд, ки ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ба шиддат ширкатдорони онро таҳти таъқиб қарор бидиҳад.
Сайидумар Ҳусайнӣ, ки он солҳо дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон таҳсил мекардааст, мегуяд, ки ба маҳзи мухолифати ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода барои сабти номи ҲНИТ аз идомаи таҳсил даст кашид:
«Воқеан аз чунин бозпурсиҳо хеле хаста шудам ва тасмим гирифтам, ки ба назди қозӣ Тӯраҷонзода меравам ва ҳақиқатро барояш мегӯям. Ба дафтари кори ӯ рафтам ва ба назди ӯ даромада чунин гуфтам: «Қозӣ-домулло! Чанд рӯз мешавад, ки масъулони мадраса моро ором намегузоранд ва мехоҳанд бидонанд, ки ман дар конфронси ҳизб ширкат доштам ё на. Аммо ман барои онҳо баёноте додам ва гуфтам, ки дар он конфронс ширкат надоштам. Ҳоло бошад дар назди Шумо ва танҳо барои иттилоъи шумо мегӯям,ки ман на танҳо аъзои ҳизб ҳастам, балки аъзои раёсати он ва раиси комиссияи тафтишотии он низ мебошам. Он кас безобита шуда чунин гуфт: «модоме, ки чунин аст пас, ту ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин мадраса наметавони бихонӣ, бинобар ин,ариза навишта баромада рав».
Ман ҳам баъди машварат ба устодон мадрасаро тарк намудам. Чун тавонистам барои ҳизбам аз мадраса, ки он замон донишгоҳи дараҷаи аввали кишвар ба ҳисоб меомад, даст бикашам. Худованд барои ҳамин фазилатро лоиқ дид, ки як рӯз баъд аз тарки мадраса маро низ тавассути нозири минтақавӣ ба шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ленин дар қатори дигар бародарон даъват намоянд.» «Хотираҳо». Душанбе 2013 «Муаттар»
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии пешини Тоҷикистон дар оғози талошҳои ҲНИТ барои гирифтани санади фаъолияти расмӣ сахт муқобилият нишон медод, ки дар матлаби баъди ба он хоҳем пардохт.
Вале дар қисмати поёнии ин бахш як хотираи ҷолиберо аз Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин лозим донистем инҷо иқтибос кунем. Марҳум ҳоҷӣ Қаландари Садриддин аз он мегӯяд, ки замоне кишвар ба гирдоби мусибати ҷанги шаҳрвандӣ мубтало шуд, ҳамон хонае, ки дар он ҷаласаи нахустини бунёдгузорони Наҳзати ҷавонони исломии Тоҷикистон мавриди ҳамлаи мошинҳои ҷангии русҳо қарор гирифт:
«Ин ҳамон манзиле буд, ки Наҳзат дар он ҷо таъсис шуда буд. Илова бар ин, дар ҳамин хона нишастҳои зиёде сурат мегирифт ва чандин масоили фарҳангию иҷтимоӣ баҳсу баррасӣ мешуд. Ҳамчунин маҳз дар ҳамин хона чанде пештар нишасте миёни гурӯҳҳои даргир сурат гирифта ва онҳо ба тавофуқ расида, бо ҳам оштӣ карда буданд. Рӯзе аз дохили гарнизони СНГ, ки дар шаҳри Қурғонтеппа воқеъ шуда буд, танкҳо берун омада ҳамла намуданд ва ҷангро дубора шуруъ карданд. Баъд аз берун омадани танкҳо бенизомӣ шурӯъ шуд ва ҳар кас дар фикри ҷони худ буд. Ман ва қорӣ Муҳаммадҷон, ки яке аз муассисони Наҳзат аст, якҷоя ба тарафи хонаи мо равон шудем.(падарам ва Қорӣ Муҳаммадҷон дар масҷид қарор доштанд ва масҷид ҳам дар назди роҳи оҳан қарор дошт М.С) Роҳи оҳан аз назди манзили мо мегузашт, ман аз қорӣ Муҳаммадҷон хоҳиш кардам, ки дар он тарафи роҳи оҳан маро мунтазир шавад, то мошини худро аз ҳавлӣ берун барорам ва якҷоя ба ягон ҷо равем. Қорӣ Муҳаммадҷон ба он тарафи роҳи оҳан гузашт ва ман вориди манзил шудам. Вақте дарвозаро кушодам, дидам, дар рӯбарӯи манзили ман БТР истода ва мили худро ба тарафи дарвозаи ман гардондааст. Дар БТР СНГ навишта шуда буд. Ман фавран дарвозаро пӯшида, ба хона даромадам. БТР шурӯъ кард ба тирборон кардани дарвоза ва хонаи мо ва ман зуд аз қафои манзилам баромада гурехтам. Хушбахтона, тири БТР ба ман нарасид». «40 соли ҲНИТ. Хотира, андеша, дидгоҳ» Душанбе-2013» «Муаттар».
Поёни бахши сеюм, давраи аввал