Дасти пиргирии вазирон ва мақомот аз ҷодугарҳои Ҳамадонӣ     

Ислоҳ нет

  Мо як гурӯҳ истиқоматкунандагони ҷамоати Даштигулҳои деҳаи Даштигулҳои ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба хулосае омадем, ки ба шумо “Ислоҳ” дарди дили худамонро бинависем. Дарди мо дигар давое надорад ҷуз навиштан ба шумо. Чунки мо барномаҳои шуморо тамошо кардем ва ҳоло ҳам тамошои барномаҳои шуморо идома медиҳем. Ва, мебинем, ки хеле аз сокинони дигар ноҳияҳо ба шумо арзу доди худро мерасонанд. Мо ҳам қарор кардем, ки ба шумо бинависем. Интизор будем дар барномаҳои номаҳо аз мо менависад касе вале афсус касе чизе нанавишт. Номаи мо комил ва пурра ҳаст лутфан нашр кунед,то натиҷаашро бубинем!

   Деҳаи мо аз маркази ноҳия 17километр дур, пас аз развилкаи Восеъ қарор дорад. Даштигуло дар мобайни шоҳроҳи ду ноҳия ҷойгир аст. Вақте аз развилкаи Восеъ мегузарӣ ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ сар мешавад. Аз қисми поёни деҳаамон шоҳроҳи калони Фархор-Душанбе ва аз қисми чапи деҳаамон шоҳроҳи Ҳамадонӣ-  Кулоб мегузарад. Дар деҳаи мо низ мардуми босаводу бо фарҳанг кам нестанд.

Вале сад афсус. Дунё ба бесаводу золимону  ҳаромхурҳову  дуздон мондааст.

Дар урфият мегуянд, ки “хар чи донад қадри ҳалвову набот….”Ҳозир ҳамин харҳои Даҷол дар болои сари халқ беҳад зулм карда истодаанд.

 Мо аз дохили ҷамоат сар карда то худи вилоят, ба шаҳри Бохтар ва ба худи Ҷаноб ва писараш Рустам низ навистем ва бо флешкарта баъзе наворҳоро низ фиристодем. Афсус, ки ягон таваҷҷӯҳе зоҳир накарданд. Пас, аз салому узри бисёр чунин менависем.

    Се касб дар миёни занҳои ҷамоати Даштигулҳо ривоҷ ёфта аст, хосатан занҳое, ки аз шавҳарҳояшон ҷудо мешаванд:

уаллимӣ,

-бригадирӣ,

-фолбинӣ.

   Ҳар нафари гапзанро муаллима Қурбоналиева Савлатбӣ Юлдошевна “шест сикунда” подставит мекунад. Тарҷумаи ҳолашро фаҳмӣ, ягон кудакатро намехоҳӣ, ки дар зери дасти ин муаллима дарс хонад.

   Кадом ҷавонзане, ки аз шавҳар ҷудо мешавад, меравад 40 рӯз ё 3 моҳ дар Кулоб мехонад, омада муаллима мешавад. Баъзеи онҳо ҳатто номи худашонро навишта наметавонанд. Ин муаллимаҳоро хонаҳояшон бениҳоят чиркин аст. Майли ин ҳама, пошнаҳои пойҳояшон торс- торс кафидагӣ. Пулҳое, ки аз талабаҳо мегиранд, метавонанд дар ҳамон кафидагиҳои пошнаҳои поҳояшон баҳузур баҷо кунанд. Илоҳо, тавба. Ба дараҷае бесаводанд, ки ҳарфакӣ, ҳиҷо-ҳиҷо мехонанд. Набераамро мегуям, ки чаро ин тавр мехонӣ? Мегуяд муаллимаамон ҳамин тавр мехонад. Инҷо, барои онки шарманда нашавад, фақат ҳарфҳои аввали ному насбашро меоварам: Б.У.Боз як нафари дигараш раиси созмони ҷавонҳо аст. Як умр одамони камтар пулдорро подстава мекунад ва ба милиса месупорад. Дар вақташ барои зангирӣ акои Бобоназар худашро оташ зада буд. Он вақтҳо, ки мактабро тамом карда буд, ҳамроҳи Турсуни фолбин, Раъногул ва Майсара халтаҳояшон дар гардан доимо ба ҳар сӯ барои нони қоқ мерафтанд. Яке мефаҳмад, ки ҳамсоя хостгорӣ ба бачааш рафтааст, худашро оташ мезанад.

   Чанд моҳ пеш  дар қишлоқ тӯй буд. Рафиқону ҳамкурсони муаллими Маҳмадулло ҷамъ шуда буданд. Яке аз ҳамкурсони Маҳмадулло ба ҳамон куртаи нимсухтааш об зада дар пешаш қанду майду чайд монда гуфт, ки ин туй гузарад, ман худам падарамро ба хонаатон хостгорӣ мефиристам. Ҳозир хурокатро хуру рафта дасту руятро шуста либоси дигар пушида биё, рақс мекунем гуфта оромаш карда буданд.

Ҳозир, эҳҳеее  ба ӯ гап зада намешавад.

   Он бевазане, ки ҳамроҳаш дар Даштиҷуму Сарихосору Ховалингу дигар ҷойҳо нони хушку гандумталабӣ мерафт, шавҳари ӯро кашид гирифт. Барои онки ҳамкурси додараш ваъда карда буд, ки хостгор мефиристад, аммо ин корро накард.

Хостгорҳо наомаданд. Шавҳари ӯро гирифту баъд муаллима шуд. Айни ҳол, бовар кунед директори мактабамон шуд. Аз ӯ дида бесаводи нодидаи гушназада нест.

Худаш як магазини хурока дорад. Боз арақу пиво ҳам мефурушад. Ҳамаи магазинчиҳои дигарро подставит карду банкрот кард.

    Камолов Шер, соли таваллудаш 1968 мебошад. Завуч –мудири қисми таълимии мактабамон Турахонов Рустам як марди калонсол аст. Як аблаҳи дигар. Вақте ягон тоҷик ба монанди Наврӯзов директор таъин мешавад, дар мактаб ягон навигарӣ мекунанд, ба худо қасам ҳамон столу стулҳоро ҳам агар созтараш оварда шавад, хонаҳояшон мебаранд. Ними занҳои муаллима бесаводанд, аксарияташон бевазанҳоянд. Худо раҳми фарзандонамонро бихурад. Пули таъмир, пули бӯре, ки дар доска бо он менависӣ, пули китобу дафтар, пули муаллима, пули уборчиста, пули ден рожденияи Шери лақай, ден рожденияи Рустами- калта ва амсоли инҳоро мегиранд. Боз аз ҳама аламовартараш пули ден рожденияи падару модари муаллимаҳои бесавод. Аммо мо дида истодаем, ки кудаконамон аз ҳар ҷиҳат қафо монда истодаанд. Фарзандони мо ҳозир “чёрний касса”-и муаллиму муаллимчаҳои бесавод шудаанд, худамон бошем кашелоки раиси ҷамоату пулиси минтақавӣ. Ва боз хонаҳоямон чойхона ба раиси маҳалла шудааст.

   Муҳтарам ҷанобҷон дар қишлоқамон яке касе рузаш тамом шуда бошаду Офаридгор ҷонашро гирад,мурдадор гиря намекунад.

Ба ҷои гиря дар байни муллоҳо даромада ҷанг халос мекунад. Барои як чизи ночиз. Муллоҳо аз намози бомдод рафта минбарро банд- зайнит мекунанд. Дар ҷумлаи инҳо боз ҳамон Сайҷалол ҷураи Саидмукаррами як аловпараст, ки дар дасташ дини мубини моро супоридаед. Ҷаноб хелеҳо барои ин кори “бехирадмандонаатон” бадатон мебинанд. Бовар кунед муаллимҳо боевик шидагиянд, айнан мисли ҳамон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҷанобҷон худатон тез -тез ба хотири халқу миллат меоваред. Мактаби18 ба номи Зоиршо Расулов ба полигон табдил ёфтааст. Муаллимҳо чи хеле мефорадашон фарзандони мардумро таҳқир ва ҳуқуқ ва шахсияташонро поймол мекунанд.

   Ҳарчанд зиндагиашонро аз руйи ҳамин хонандаҳо пеш мебаранд вале халқро ваҳшатзада кардагианд. Ҳатто баъзе муаллимҳои ба нафақа баромада ба монанди Бозор Усмонов як чанд бор ба мактаб омада ҳар хел рэкетӣ мекунад. Мегӯӣ шогирди СС.Ятимов бошад. Як духтари бечораро задааст. Духтар афтода аз ҳуш рафтааст, боз ба ин қонеъ нашуда дар болояш туф кардааст. Падари духтар Элназаров Раҳим духтарашро аз муоинаи пизишки қонунӣ гузаронида ба суд муроҷиат кард. Аммо судя ҳам муаллимҳои  мактаби деҳаи мо барин бесавод буд. Ақалан ҷаримааш накард.

   Бо гушҳои худам шунидам, вақте директори мактабамон Камолов Шер бо ҳамроҳи мудири қисми таълимии мактаб Рустам Турахонов пурсиданаш, ки “ҳа рэкет чи кор кардӣ, суд чи шуд. Бозори зинокор гуфт, ки фалонама хурда натонист”. Вой бар ҳоли  камбизоатҳову  ятимони бечора.

Илтимос ҷаноб -падари милат! Мо халқи бечорае, ки дар зулм гирифтор шудаем, дастгириамон кунед. Ин муаллимҳоро иваз намоед, раиси маҳалларо, ки китобҳои “Канз-ул-ҳусайн”и кашмирӣ истифода мебарад, чорҷӯӣ кунед.

  Чуноне худатон ҳам фаҳмидед ,деҳаи моро бегонагон не, худиҳо -муаллимҳои фосиқу вакили чашмгуруснаи мурдахур руз то руз хароб карда истодаанд. Ин вакил ҳамон ҷодугаре, ки пустакро ба ҷорубу кафшро ба пой ҷанг меандохтагӣ Жумаев Сайҷалол Турахонович аст.

 Махсуми Сайҷалол, раиси маҳаллаи Даштигулҳо ҳам ҳаст. Дар солҳои 92- 93 Сайҷалолро меқапанд, бояд мепарониданд. Бо фармони Сангак ҳашт нафарро мебаранд. Қабл аз куштан Сайҷалол ба боевике мегуяд, ки аз руймоли миёнам як ришта гир ва аз ягон каси дигар як риштаи дигар. Риштаи дигарашро аз худораҳматӣ Мулло Раҳим мегиранд ва дар ду буттаи ҷав мебанданд ва сарашро болову поён мекунанд. Он ду ҷав бо ҳам ҷанг мекунанд. Шоҳидон мебинанд, ки чи тавр чун бо ҳам шапиданд, шикастанд. Ин ҳодиса дар Московский, вақте аз дарёи Сурхоб мегузаранд, дар болои куҳи Олимтой сурат мегирад ва чанд нафар инро шаҳодат додаанд, ки ӯ чунин корро карда аст. Яъне ҷодугари тайёр аст. Ба гуфти худаш чупон будааст ва дар хобаш касе гуфтааст, хез «Канз-ул-ҳусайн»-ро хон ва мехезад, мекобад, мехонад ва чупон ҷодугар мешавад, ки наздикон ва вазирони Раҳмонов ба наздаш меоянд.

Сар мекунем аз ҳолати чилагузаронии ҷодугари маъруфи Тоҷикистон, ки бадбахтона аз Даштигуло аст. 40 рӯз дар таги чодар мешинад, баъд дуъояш медиҳад.

Чи хеле гуфтем номи мулло- махсуми ҳоҷӣ Сайҷалоли Қалуғ -Жумаев Сайҷалол Турахонович аст. Ҳолати чилашинӣ чунин аст: пас аз поён ёфтани чила ба махсуми Сайдҷалол ҳафт намуди мевагӣ, ҳафт намуди донагӣ, ҳафт намуд ширинӣ, орзуқу кулча, фатир ва фарқаш нест, ки чанд сола бошӣ, 20 донагӣ чапотӣ, кулча мебариву медиҳӣ. Агар натавонӣ пули инҳоро медиҳӣ. Агар надошта бошӣ фақат дегдон фарориро ёдат медиҳад, суқи чашм гириро ёдат медиҳад,тамом.

   Ҳафт парӣ доштааст, ҳафт пир доштааст. Аз ҳамин пирҳо сетоаш мард, чортоаш зан будааст. Барои ҳамаи инҳо аз носкӣ сар карда то тоқӣ бояд бариву диҳӣ. Заказро занаш дар вайбер ва ватсапат мефиристад, ту  бояд бариву диҳӣ. Муҳлат се моҳ аст. Бояд инҳоро буд кунӣ. Вақте ин ҳамаро пурра кардӣ дар як шаби маҳтоб, шаби 14 дар даруни  ҷуйбори канали Панҷ ,ки дар пушти хонааш аст мешинонад туро ва либоси сафед мепушӣ ва бо қамчин мезанад яъне қамчиншапт мекунад.

   Танҳо аъузубиллоҳашро мефаҳмӣ тамом, чи мехонад намедонӣ. Пагоҳ саҳар ҳамон гусфанде, ки худат бурдаӣ мекушад ва дилашро мегирад бо лата мепечонаду дар болои дилат меқапад ва он хуни гусфандро бо ҳафт намуди латаи пахтагие, ки мебаред тар мекунад ва пас аз он аловгардонат мекунад. Ҳафт намуд латаро, ки чени қадат аст ва худат бурдаи онҳоро дар як чуб мебандад ва боз аз ҳафт дарахт чуб мебаред ва ба он чубҳо мебандад латаҳоро ва равғани пахтаро мерезад, оташ мезанад ва онҳоро дар гирди сарат тоб медиҳад, то кам шудани оташ. Пас, вақте тамом шуд дар замин мегузорад ва аз ҷоят мехезӣ ва ҳафт бор ин тараф он тараф мепарӣ. Ва як бори дигар мехонад ва он дили гусфандро мефармояд, ки дар хонаат обпаз мекуниву мехурӣ ва се руз парҳез аз равғанӣ ва ширинӣ мекунед. Баъд чила мешинед. Баъди чила бояд пойандоз гиред ва ҳафт намуд хурок  мепазед ва даъваташ мекунед. Махсум бо чанд муйсафеду кампир ба хонаи шумо меоянд ва дуъоят медиҳад ва мегуяд дар шоҳидии шумо ин зан ё мард метавонад фолбинӣ кунад ва эълон мекунад, ки дасти пир гирифт ва аз имрӯз муриди ман шуд. Дар ҳафт намуд хурок аввалаш ширбиринҷ бошад баъд дигарҳояш ҳарчизи дигар, мушкил нест. Аммо ҳатман бояд 41 самбуса пухта дар болои дастархон гузорӣ дар пешаш ва мехонад он самбусаҳоро ва мегуяд ин барои чилтанҳо ҳаст ва ҳама ҳозиронро як донагӣ медиҳад ва боқияшро бо худаш бо ҳама он чи болои дастархон аст мебарад.

Муштариҳояш киҳоянд:

Вазири собиқи молия, номаш Давлат,

 генерал Саъодат Амиршоева,

Хайринисо Юсуфӣ-Мавлонова, ҷонишини Эмомалӣ Раҳмонов дар ҲХДТ.

Вай аз ранги сурх аллергия доштааст ва дар сол як бор омада доляро медиҳад ва пас аз он дигар метавонистааст чизи сурхро хурдан.

Наздикони Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз Фархор,

Бародари Шерхон Салим,собиқ Прокурори генералӣ, Одина Холназар, ҳамсари дуввуми Ҳасан Асадуллозода, ки дар 102 мик зиндаӣ мекунад, Акрамов Файзулло, корманди воломақоми ВКД, Зебо Акрамова, духтари Акрам, аз шашум отдели Бохтар,

 Кенҷаев Ҳоҷӣ Мурод то ҳаҷ рафтанаш пешаш меомад.

Вилоят- ҳамсари Нуриддин Раҳмонов ӯро ба хонааш даъват мекунад ва халтаи мурдашуӣ бо аловгардонаш мекардааст, ки мурдазиён доштаст ва бемории қандаш боло нашавад, Наздикони Нуриддин Раҳмонов  ба ӯ мошини мерседес  дар зодрузаш доданд. Ва ӯ мерседесро аз Фархор гирифт ва бо кемри иваз кард.

  Модари Суҳроб Қосимов, кампири Мошариф меомад ба наздаш ва боз бо овози баланд мегуфт ин домуллои ҷодугарро қадрдонӣ кунед.

   Хоҳари Суҳроб Қосим Гулчеҳра, ки бо лақаби Ҷури китайс маъруф аст. Гулчеҳра муҳофизи худашро, ки Давлат ном дорад ва дарвозӣ асту дар Ҳамадони зиндагонӣ мекунад ва бо Гулчеҳра алоқа ҳам дошта аст, ҷодугарӣ кардааст. Гулчеҳра ба назди ин Сайҷалоли ҷодугар меояд ва мегуяд як кор кун Давлат, ки 25 сол аз ӯ хурд аст аз дилааш ҷудо шавад ва ба назди ман биёяд. Агар ин корро карда тавонӣ, бароят дар Душанбе хона мехарам. Вале то ҳануз ин кор нашуда аст, яъне ҷодугар ин корро иҷро карда натавонистааст. Гулчеҳра дар туйи духтари Сайдҷалол тилло туёна бурда буд, вақте дид  натавонист, ҳама тиллоҳоро боз пас гирифт.

 Ҷодугар Сайҷалол Жумаев соли тавалудаш 1964, 10 фарзанд дорад: 3 писару 7 духтар. Участкаи назди ҳавлигиаш 43 сотик мебошад. Аз заминҳои назди завод ба 2 писар ва 3 духтараш замин дод. Абдулҳамиди ҳаромхур- заминсози ҷамоат дар ин кор ба вай ёрдам кард. Зарагули ҳамсараш намегузорад, ҳамсарҳои дигарашро ба қишлоқ орад. Як бор хоста буда аст, ки биёварад, ҳамсараш фарзандонашро бар зиди ин Сайҷалоли ҷодугар кард, дигар ин корро накард.

Ин фолбинҳо, як хелаш бо ойинача фол мебинад, мегуӣ дар дастонаш ойинаи ҷаҳоннамо дошта бошад. Баъзеаш бо тасбеҳ, боз як қисмашон бо доира. Доира менавозанду париҳояшонро фарёд мекунанд, мегуӣ париҳояшон раққоса бошанд. Ана ҳамин хел ҳаёти деҳоти Даштигулҳо ба пеш рафта истодааст. Дар назди бинои 6-ой отдели Кӯлоб як трансформатор аз давраи Союз дар сари гардиш истода буд, онро ҳамин Сайҷалол ҳамроҳ бо раиси ҷамоат Мадалиев канду фурухт. Мулло Восеъ баромад ҷангҷолро бардошт бо Сайҷалол. Акааш он қадар Мулло Восеъро задане кард, ки аммо халқ ҳама тамошобин. Мегуянд, ки ҷодугари майдаҳакӣ ҷодугари калониро зада истодааст. Ҳама чизи аз давраи шӯравӣ мондаро ҳамин Сайҷалол фурухт. Аммо ҳамаи ин ғорату яғмояшро аз номи Ҷаноби олӣ ва коргарони Дастгоҳ мегуяд. Гуё онҳо ба ҳамаи ин корҳои Сайҷалол “о.кей” медода бошанд. Тумору таштобу оби қайтарма ҳам мегирифтааст. Барои ҳамин шумо муҳтарам Ҷаноби олӣ террористу хоинонро дар муҳоҷират неву дар даруни Дастгоҳи президенти худатон кобед. Мо халқи бечораро ба ҳоламон монеду ҳамон заводе, ки аз номи хешовандонатон дар деҳаи мо сохтанд ба халқи бечора ҷои кору маош диҳед Ҷанобҷон.

  Мо дур намеравем, боз аз ҳамин деҳаи пурмоҷарои худамон гап мезанем. Бригадир халқи бечораро ҷамъ мекунад, ки боз ҳам ҳамон занҳо –модар, духтару апаву хохарҳои мо мебошанд, ин тараф мебаранд чобуқи пахта, он тараф мебаранд хишоваи пиёз, мебаранд гандумшӯӣ. Боз он бригадирҳо 1-2 сомонӣ аз ин занҳо мегиранд. Бовар кунед, ки ягон кас ба додамон намерасад. Як Маъруфи бечора буд, доду вой мекард, хабарҳоро инсуву онсу мебурд,  онро ҳам ҳамон муаллимаи Бағдагули қалуғ подставиташ кард.Чанд вақт барои супоридани пули ҷарима дар Душанбеям мегуфт, аммо баъзеҳо мегуянд, ки дигар тамоман хонагӣ шудаасту берун намебарояд.

  Бовар кунед Абуали ибни Сино чени фолбинҳои қишлоқи мо табобат карда наметавонист.Боз он фолбини Мулло Мирро бигу. Як бангӣбуд. Муи сараш аз як хел духтарҳову занҳо дароз буд.  Аммо ҳоло агар биравӣ дар пушти дари хонаи у навбат меистӣ, ки як баклашка оби ҷуйборро пуф карда диҳад. Муллоҳоямон, масалан Мулло Мир як су мекашад, Мулло Восеъ яксу мекашад. Мулло Бек алҳол хап шиштааст.

Мегуянд, ки Роғун рафтааст. Ҳозир Сайҷалол почаҳояш бар задагӣ, заминҳои президентиро ба ҳар роҳу восита аз одамҳо гирифта истодааст

   Ман худам як бевазан ҳастам. Соли 2016 вақте Сайҷалол рафт помошҳоро дар як мошин барои ятимбачаҳо:- шиму костюм, велосипеди бачагона овард, аз идораи ҷамоат пул доданд, намедонам чи қадар буд, чунки дар дохили конверт буд, ман худам шунавидам, ки раиси онвақтаи ҷамоат Мадалиев гуфт, рафта камбизоатҳо-ятимбачаҳоро бемористон бурда дастҳояшонро ҳалол, яъне хатнасур кун. Аммо вай ягон кор накард. Велосипедҳоро ба хешони худаш дод. Пеши Гулдастаи зани Мумин куртадӯзӣ рафтам. Онҷо велосипедро дидаму шинохтам. Гулдастаро пурсидам, гуфтам акаи Мумин роҳӣ кард. Гуфт не,”африканс” овард. “Африканс” лақаби Сайҷалол аст. Ва ҳамин тавр ҳамаи чизҳои гумпомошро, ки дода буданаш ҳамроҳ бо хешу таборонаш тақсим кард, вакили қишлоқ. Дар охир аз ҳамон мансабдорон як илтимос доштам. Ҳаматарафа талаву тороҷамон мекунед, ақалан аз рӯи инсоф закоти боигариатонро бидеҳедамон.

 Як бори дигар аз мақомоти боло дар Душанбе хоҳиш дорам, биёянду дар аввал боксерҳои мактабамонро бо муаллимаҳои бесаводашон бисанҷанд, ки чи қадар донишу савод доранд. Сипас ба кор бигиранд. Ҷаноби раиси ҷумҳур, шумо мегӯед, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Аммо, чуноне мушоҳида мекунем ҷавонҳо, насли наврас дар мактабҳо чизе ёд намегиранд. Мо дар ҳамаи корҳоямон налог месупорем. То ҳатто ба оби ҷуйбор ҳам. Наход аз буҷҷаи давлат барои таъмири синфхонаҳои ибтидоӣ ва китобхонаашон ёрдам карда нашавад? Мо занҳо мардикорӣ меравем, дар ҳамин ҳоли занакиам рафтаму дар Саргазони Данғара аз лой кирпич рехтам, то ки ба кудакам китобу пули таъмир мактаб биёбам. Шабу рӯз дилам мехост ба он қолаби кирпичрезиву музаҳои резиниам то Дастгоҳатон биравам, аммо занҳои ҳамроҳам буда намонданд. Ман видео карда дар мактуб андохта ба мири шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ роҳӣ кардам. Аммо чи илоҷ, аз санг садо баромаду аз давлатдорон не

   Илтимос Президенти муҳтарам, раиси порлумон дастгириамон кунед. Ба муллоҳои мо-мулло Мир, мулло Восеъ, мулло Бек, мулло Акбар ва мулло Сайҷалол тарзи хондани хутбаи никоҳро бифаҳмонед. Ин гурсухтаи Сайҷалол обро 3 шаб дар болои бом руяшро луч монда баъд никоҳ мекардааст. Касеро у никоҳ мекунад як сол пас хонааш вайрон мешавад.

Ҳамин фолбинҳои моро налоги калон бандед. Баъзе аз фолбинҳоямон доира зада фол мебинанд, мегӯӣ париҳояшон раққоса бошанд, сурфае, ки хамир мекунанд, одамҳо 2-3 кило орд мебаранд, дар сурфа фолашон мебинанд. Ҷаноб масҷидҳоро бикушо, ки набошад ин гуруҳи ҷодугарҳову фолбинҳо худатро ҷоду мекунанд. Баъзешон оиначаи ҷаҳоннамо доранд, баҷо шуда наметавонӣ, дар ойина мебинандат. Клиентҳои ин фолбинҳо коргарони боломақоми Дастгоҳи президентиву амниятҳоянд, ҳокимони баъзе шаҳру ноҳияҳо ва зану бачаҳои онҳоянд.

  Инҷо заводи нави ҷияни Эмомалӣ Раҳмоновро сохтанд. Аз Олимтойи Данғара як чупонро оварда раис монданд. Ин завод дар ҷамоати Даштигуло аст. Дар қишлоқи мо, аз они бачаи Нуриддин Раҳмонов. Заводе, ки барои вай аз ноҳияи Балҷувон нефт меоранд, коркард мекунанд, отходи вай рост даруни дарёи Сурхоб меравад. Ин завод шабу руз свет дорад, вале халқ не.

Ин заводро, ки ҷиянатон аз Данғара омада сохт, дар ҷойи хонаву дар ва заминҳои камбағалу ятимҳо сохтанд,  заминҳоро барои сохтани хона дода буданд гирифтан чизе бар ивазаш надоданд. Аҳсан.Лекин коре кунанд, ки ба Сайҷалол дигару дигараш не, ба камбизоатҳо аз пеши завод хона бидиҳанд. Илтимос! Агар битавонанд ба бевазанҳову ятимҳо, ки дар он завод кор кардаанд. Илтимос ҷаноб як бор диққат бидеҳ.

 Як оташпарасти дигараш асо чуби аловгардон куниаш ба халқ манбаи даромади хонааш табдил медиҳад. Худаш ҳеҷ кас нест. Не маълумоти динӣ дорад, не ҳеҷ чи. Ақалан ПТУ тамом кардагӣ нест. Як чупон вакили қишлоқ. Дар қишлоқамон ақалан 1000 хона нест. Боз дар ҳар куча помошникҳои худашро дорад. Дар маъракаат мехурад, боз рӯмоли миёнашро пур карда хонааш мебарад, боз пулатро мегирад, ҷодугари африканс. Мо халқи мазлум ҳаматарафа зулму ситам дида истодаем. Як заминсоз дорем дар ҷамоат –Абдулҳамид вай боз инҳояш бадтар,ҳар-ҳар кардагияш ҳар-ҳар кардагӣ,харворӣ.   

   Бовар кунед Президенти муҳтарам, чи хеле ки шумо ришу сатрдорҳоро бад мебинед, мо ранги шумо мардони галстукдорро бад мебинем. Галстукҳояшон нухтаи харворӣ. Аммо корашон фақат аз халқ пул кандан аст.

 Ҳарҷо ки расид пойи аспи оилаи Раҳмон,
 На зинда ватан ёбаду на мурда кафан.

Ҳозир ҷамоати Даштигулҳоро қатағанҳо забт карда гирифтагианд. Намедонем ки чи кор кунем. Ё ҳукумат дастгириамон кунаду булдозери бисёрро биёранду халқро тела карда баранд бо партови заводашон дар дарёи Сурхоб партояндамон.

Share This Article