Иртиботи рӯзафзуни мову шумо, мардуми азиз аз исроли номаҳоятон ба унвони «Ислоҳ.нет» ҳам барало зоҳир мешавад. Ва, ҳамин рӯ овардани шумо ба мо ва инки мо, бидуни кадом рӯи хотирбинӣ ва сирфан аз рӯи виҷдону ахлоқи як ҳамватани мусулмон номаҳои пур аз арзу шикояти шуморо ба дасти чоп медиҳем, кайфу сафо ва айшу ишрати мақомдорони ҳукумати Раҳмоновро аз хобу хур маҳрум кардааст. Хабарҳои расида аз он далалт мекунад, ки махсусан роҳбарону масъулони давлатӣ аз чопи «Номаҳо аз ноҳияҳо» бештар ба тарсу ваҳшат афтодаанд. Ва, ҳар аз гоҳе номи ноҳияи худро дар ин матолиб надиданд оҳи сабук мекашанд вале боз ҳам дилашон сиёҳ аст ки «дар ин барнома набошад, дар барномаи оянда мегуянд». Бале, мо истиҳола намекунем, чоп мекунем,то мардум бишиносанд, ки қисмати онҳоро чи касоне доранд ҳаллу фасл мекунанд:
Кулоб
Салом, бародар Муҳаммадиқбол салом! Бовар кунед, ки заҳматҳои шумо барабас нарафта истодааст. Ин ҳукумати мустабиди худкомаи Раҳмоновро шумо дар тарсу ваҳшат андохтаед. Кам-кам бошад ҳам маҷбур шуда истодаст, ки ба мардум гуш фаро диҳад. Агар шумо намебудед, инҳо болои миллат зулми зиёдтар меоварданд. Ташаккур ба шумо. Дар ҳақиқат то мухолифин набошад ҳукумат пеш намеравад.
Имрӯзҳо дар шаҳри Кулоб мурофаи додгоҳии Холов Зафар, Ҷамшед Кароматов ва Шамшод Шарипов, се милисае, ки марҳум Абдуқаҳҳорро зада кушта буданд, рафта истодааст. Як шаб Абдураҳмон Аламшозода, муовиини аввали вазири дохила, яъне ҳамон Бузмаков ба хонаи Абдуқаҳҳор рафта, назди модари Абдуқаҳҳор ба зону зада таваллову зора мекунад, ки ин милисаҳоро бубахшад. Модари Абдуқаҳҳор мегуяд, ки не, ман онҳоро намебахшам. Агар ту ба ҷои ман бошӣ, чи мекунӣ? Писаратро зада-зад кушанд чи мекунӣ? Бузмаков ба тарафи модари Абдуқаҳҳор гашта чи хоҳише дорӣ иҷро мекунем. Лекин бубахшашон. Онҳо гуфтааст Бузмаков “бачаҳакои ёшанд”.
Модари Абдуқаҳҳор мегуяд, ки чи магар бачаи ман пир буд? Бачаи ман ҳам ёш буд. Зани ҷавонаш бева шуд, кудаконаш ятим шуданд. Бузмаков хеле таваллову зорӣ мекунад, аммо модари Абдуқаҳҳор рад мекунад. Баъд Бузмаков қаҳр карда бо хашму ғазаб аз дар мебарояд ва ба отдели милисаи Кулоб рафта фармон медиҳад, ки бачаҳоки кучаи Кубеши Кулоб бо ҳар баҳона қапида оварда маҳкам кунед.
Ҳозир суди ин милисаҳо рафта истодааст. Саъди сиёҳу Саъдии зардро оварданд сари суд. Комил Назаровро оварданд, саволу ҷавоб ва пурсуҷу карда истоданд. Комил Назаров дар эзораш тар кардагӣ аст. Рамеши амаки Абдуқаҳҳори худораҳматӣ ва аҳли оилашон Комилу Ҷумъа Назаровро хеле ҳақоратҳои қабеҳ карданд. Ҷумъа Назаров ҳам сахт тарсидагӣ аст. Бачаҳо ба Ҷумъа Назаров гуфтаанд, ки ту гушна дар Қурған кор мекардӣ. Ҳар гоҳе ба тарафи Қурғонтеппа раҳакӣ мешудӣ ба Абдуқаҳҳор занг мезадӣ: Абдуқаҳҳорҷон ман Қурғонтеппа рафта истодаам, баъд Абдуқаҳҳор бароварда ба вай 100 доллар медод, ки дар он вақт сад доллар қадру қимат дошт. Дере нагузашта боз занг мезаду мегуфт, ки Абдуқаҳҳорҷон дар хона ҳиҷ чиз нест.
Абдуқаҳҳор дар даруни бозор кор мекард. Мерафт ду қоп орд, 15 кг гушт,10 кг равған то шакару собуну айнаву тамоми маҳсулоти рузгори хонашонро харид мекарду ба додари Ҷумъа Назар, ба Комил занг мезад. Комил он вақтҳо дар пеши бозор таксӣ кор мекард. Мегуфт, ки биё гуфтагиҳои акаро гирифтам, ба хонаатон бар. Сипас ин Комили гушна бор карда ба хонаашон мебурд. Ин Комили гушна айни ҳол дар тарафи вилояти Суғд дар милиса кор мекунад. Ин ҳукумат сартопояш ҳаромиву накбат аст. Вагарна чи тавр одамкушро дар милиса ба кор мемонӣ?
Барои онки акааш шогирди Бузмаков аст. Ин бадбхти Бузмаков қири бачаҳои Кулобро баровард. Боз як хел бачаҳои Кулоб ҳамон бузҳояш куни Бузмаковро лесида мегарданд. Дар сари суд хонагиҳои Абдуқаҳҳори ҷавонмаргро зора доранд, ки биёед аз даъвоятон гузаред. Ба фарзандони Абдуқаҳҳор се то сехонаӣ мехарем. Аммо онҳо рад карда гуфтаанд, ки не. Мо аз худатон ҳам безору аз хонаҳоятон ҳам.
Ин Шамшоди бадбахт бошад дар вақташ дар деҳаи Зиракӣ духтари як муаллимро гирифта буд. Аз он духтар ду фарзанд дошт. Баъд аз он духтари камбағал ҷудо шуд. Сипас ба шаҳр омада милиса шуда як зани сабукпоро мегирад. Ҳоло бошад ин зани сабукпо дар даҳанаш шошида гаштааст. Айни замон мурофиаро мавқуф гузоштаанд. Ҳамон бачаи ҷураи Абдуқаҳҳорро сари суд биёранд, гуфта талаб карда истоданд. Боз мурофиа идома меёбад. Он бача аз Ҳисор мебошад. Ҳамонро қапида буданд. Ҳамон шаб ба сари Абдуқаҳҳор омада буданд.
Пештар дар ВКД тағйироти кадрӣ сурат гирифта буд.
Суҳроб Рамазон бо Раҳими Рамазони вазир хеле сум кор карда буданд. Ставкаи як началники милисаи як ноҳия аз 30 ҳазор доллар боло буд. Дар пайравӣ ба инҳо Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, дар Сарраёсати сарҳадот як нафарро дар як вазифа се моҳ мемонаду боз пул гирифта дигар касро фармон медиҳад. Инҳо аз мулло Абдураҳими кулобӣ ёд гирифтагианд. Корашон фақат сумкоркунӣ,кори дигар надоранд. Дар бораи ин бадбахти мулло Абдураҳими кулобӣ ончики гуфтед, сад дар сад ҳамааш рост аст. Як писараш дар гумрук кор мекунад бо номи Мавлавӣ. Як писари дигараш дар қушунҳои сарҳадӣ кор мекард. Аммо номашро намедонам. Сарҳадбонашро аниқ медонам, ки наркобизнес буд.
Қубодиён
Мо, дар барномаи пешина қавл дода будем, ки дар сурати расидагӣ накардан ба арзу додамон навиштани шикоятҳоямонро ба “Ислоҳ” давом медиҳем. Ин навбат дар бораи соҳаи маориф, аниқтараш мактаби №5-и ноҳияамон мегуем. Дар ин мактаб таълиму тарбия аслан вуҷуд надорад гуем ҳам хато намекунем. Одобу ахлоқи талабаву муаллим ҳам бо ҳарду по мелангад. Талаба аз мактаб мебарояд дар куча то хона рафтан якдигарро масхараву дашном карда меравад. Дар ин мактаб чи дарс мехонда бошанд мо ҳайрон Директори мактаб Саъдулоев Қисмат ба мактаб ва талабаҳо тамоман аҳамият намедиҳад.
Саъдуллоев сари хонанда 35 сомонигӣ ҳар охири сол барои таъмири мактаб пул мегирад, аммо тамоман таъмир намекунад. Синфхонаҳоро мебиниву ба ҳоли талабаву муаллим ва макони таълиму тарбия ангушти ҳайрат мегазӣ. Партаҳо шикастагӣ, линолиумҳо ҳарҷо-ҳарҷояш даридаву фарсуда шудагӣ. Синфхона медароӣ чангу хок ба ҳаво мехезад. Аз шуъбаи маориф комиссия меояд вале “додя”-ашро мегираду меравад, Номи доляи онҳо чойпулӣ аст. “Чойпулӣ”-иро мегираду аслан тарафи синфхонаҳо нигоҳ намекунад комиссия. Ҳар гоҳе комиссия меояд дасту пойи директорро ларза мегирад ва даррав пеши муаллимҳо омада ба пулҷамъкунӣ сар мекунад. Албатта, комиссия камбудии директорро ҳам меёбад. Барои он камбудиро ёфтаву ошкор мекунад, ки боз пораи калонтар бигирад. Вале чаро барои пушонидани камбуди директор муаллим пул диҳад? Ин ҳама соле, ки Саъдуллоев Қисмат директори мактаб аст ягон кадри боқувват аз ин мактаб набаромадааст. Дар инҷо духтарҳо то синфи 9 мехонанд. Вақте рӯзи таваллуди ягон талаба шавад то деворҳои синфхонаро бо овехтани пуфак ороиш медиҳанд. Пуфаки ранги дил кашол мекунанд, мисли онки синфхона неву хонаи арусу шаҳ бошад. Дар мактаби №5 хонанда худаш ба худаш хуҷаин. Чи хеле форад, чизе пушад, мехезад меояд мактаб. Касе ҳеҷ чиз намегуяд. Дар даруни дарси муаллим талабаҳо тортро майда мекунанду мехуранд. Обҳои нушокӣ медароранд. Ин ҳама девонагиҳоро директори мактаб 100% медонад. Бовар кунед ба чунин ҳол директор мактабро оварда расонидааст. Директр як ландаҳури ноуҳдабаро аст. Талабаҳои маслан болоӣ синфҳои 8у 9у даҳу ёздаҳ бояд суруди Гимнро хонда баъд синфхона дароянд, яъне ҳар субҳ. Синфҳои 10у 11 ҳатто аз курсиҳояшон намехезанд. Ҳоло дар қатор истодан он тараф истад. Директор тамоман гап намезанд. Гапашро ҳиҷ кас гӯш намекунад. Директору завуч камтар доду фарёду дуғу пуписа мекунанд, вале талабаҳо боз кори худашонро мекунанд. Чун мебинанд, ки гапашон таъсир надора, бефоида аст, ”э,брен дароен ба синфхонатон” мегӯянду мераванд. Синфи 11 мехонанд, сарулибосашонро мебини хандаат мегирад. Куртаи сафед бо брюки сиёҳи классик ва бо крассовки ё кети. Ба худо шармандагӣ аст. Дар туалети мактаб шиишта намешавад. Дарҳояш шикастагӣ. Ҳоҷатхона меравӣ, шогирдҳо мебинанду механданд.
Саъдуллоев Қисмат мактаби №5-ро тамоман ҷазир кардааст. Вай бояд худаш истеъфо дода равад ва дар ҷояш ягон одами уҳдабаро ояд.
Кулоб
Салом, бародар Муҳаммадиқбол!
Ман, ҳоло дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам. Пештар дар милиса кор мекардам. Ҳам дар Душанбе кор кардаам, ҳам дар Кулоб. Раиси шаҳри Кулоб Бахтиёр Назарро, ин кали ҳаромхурро хуб мешиносам. Вақте ба Кулоб раиси шаҳр шуд, хусурбачаи худаш Қосим Сайидшарифро оварда началники милиса монд, то инки ӯро аз халқ муҳофизат кунад. Солҳои пеш хонаи онҳо рафту омад доштам. Аксарияти авлоди ин кали ҳаромхур мошшениканд. Аз зани Бахтиёр сар карда то худаш. Падари марҳумаш аз Шугнов буд. Додари хусурбачааш Саъдӣ дар УБОП-и Душанбе кор мекунад. Як додари дигараш сардори милисаи Кулоб Рустам ном дорад, бекор аст.
Қосими хусурбачаи Бахтиёр Назарзода пештар дар ноҳияи Рашт сардори милиса кор мекард. Вақте Бахтиёр раиси шаҳри Кулоб таъин шуд аз Эмомалии бачаи Майрами гурсухта хоҳиш кард, ки одамони наздикашро ба инҷо ба кор монад, то ки “мара ҳимоят кунан”. Барои ҳамин Қосими Сайидшарифро оварда дар Кулоб сардори милисаи шаҳр таъин карданд. Вай дар кучаи Айнӣ, дар хонаи падараш зиндагӣ мекунад. Рустами бародари Қосим дар Шугнов як дачаи калон сохтагӣ аст. Ин дача масоҳати бисёр калон дорад. Ин дачаро ба бардел табдил додаанд. Фоҳишахона гуем ҳам хато намешавад. Духтарҳоро аз кулобу Ховалингу Фархору Восеъ, хулоса аз ҳар куҷое пайдо шавад ба ҳамин дача бурда таҷовуз мекунанд.
Бахтиёр Назарзода аз занаш сахт метарсад. Вай ба хусурбачаҳояш мегуфтааст, ки “мара апатон сахт ғам мета, бо мабодо дача омадани мара нафаҳма”.
Қосими хусурбачааш дилашро пур мекардааст, ки ман ҳал мекунам. Парво накун. Қосим ба унвони сардори милиса боз Бахтиёрро кришават мекунад: “ма дар кулоб гапзанша фалон мекунм, кадоми язнам хафа мекуна”. мегуяд. Рутбааш полковник аст. Инҳо дар вақташ дар Фронти халқӣ, аниқтараш дуздакони Фронти халқӣ буданд.
Дар давраи Сангак мо кулобием гуфта Суғду Хатлонро ана ҳаминҳо дуздиданду ба яғмо бурданд. Барои онки он солҳо ин куҳнаҷунуби Раҳмонов дар пеши инҳо ҳиҷ кас набуд. Ба шайкаи дуздони Кулоб воля додагӣ буд. Гуё ин куҳнаҷунуб ба Қосим супориш дода бошад, ки дар Кулоб ҳар каси гапзанро шиканаду шинонад, гуфтаст, ки чанд буқае дар кулоб ҳаст нобуд кунад. Ҳар нафари “гапзанша” гуфтааст, ҳисобашро ёб. Гуё раҳмонов ба Қосим Саидшариф ва бахтиёр Назар гуфта бошад, ки Кулобро ҳам бояд ранги Бадахшон кунем: киҳо гапи ҳақ мезананд, онҳоро бояд кушем, гуфтааст Раҳмонов. То ҳамин ҳоло Рустами герчики писараш ба кулобиҳо қасд дорад. Ҳамон чанд соли пеш дар майдони Кулоб шатта хурданашро аз хотир набаровардааст.
Кучаи Куйбеши Кулоб ҳама герчику бангӣ шудагианд. Милисаҳо ба он куча доля ҷамъ кардан меоянд. Як коргари уголовний розиск аз деҳаи Корези боло Холов Зафар ном дорад. Ин ва бародаранаш аптекаҳо доранд ва инҳо як вақтҳо наркобаронҳои калони Кулоб буданд. Ҳозир дар дасти Рустами герчик кор мекунанд ва дигар ба ин Рустами гунгак наркотик мефурушанд. Ҳамин Холов Зафар дар куштани бародар Абдуқаҳҳор 100% даст дошт. Ин Холов Зафар дар чанд ҷо аз номи началники милисаи Кулоб ҳамин хел гапҳо задагӣ, ки “мо гапзанои кулобира худошону заношона фалон мекунем. Мо бояд Кулоба тоза кунем” гуфта мегашт. Аммо задани худо садо надорад, баъде, ки зад, даво надорад, мегуянд мардум. Ҳоло акнун дастгир шудаасту барои қатли ин бародар мешинад.
Як ҳодисаи дигарро мехоҳам нақл намоям. Медонед барои чи Юсуфи бародари ҳоҷӣ Ҳалим ( генерали марҳум Абдуҳалим Назарзода) таслим шуд? Гуфт ман гуноҳе надорам. Бо бародарам ягон майда “қуш” нестам. Вай, рост гуфта буд. Ман онҳоро мешинохтам. Аммо дар раёсати ВКД ӯ аз зарби мушту лагад дар ҷояш ҷон дод. Ӯро бо як бераҳмии вазнин зада –зада куштанд. Чи гуна бо ваҳшоният ӯро куштанд шоҳиди бе восита будам.
Бо ҳисоби ман 78 мошини хориҷӣ аз ҳоҷӣ Ҳалим ва нафарони наздики вайро аввал дар майдони пушти Дастгоҳи иҷроияи президент оварданду ҷамъ карданд. Чунки инҷо касе, ки бо ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода шинос буд мошинҳояшонро конфискация карданд. Аз ин мошинҳо17-ададашро амният, ки ҳоло яке аз онҳо дар зери пои духтари Ятимов қарор дорад, 2 тояшро Озода Раҳмонова1 ададашро Рустами Эмомалӣ, 3 тояшро шахсан худи СС.Ятимов ва 5тояшро Прокуратураи генералӣ гирифтанд. Ин авлоди лаънаткардаи писари Майрами гурсухта фақат Ландкрузери 570, Тойота фортунер ва Прадоҳоро гирифтанд. Ҳамин ҳоло ҳам Музаффар Ашурзода, вазири адлия ва қудои Фирузаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва Файзиддин Қаҳҳорзодаи вазири молия бо мошинҳои ҳоҷӣ Ҳалим дар шаҳр мегарданд. Номерҳояшон: 042 ва 047 аст Яктои дигар аз мошини ҳоҷӣ Ҳалим дар дасти Қоҳир Расулзодаи сарвазири Тоҷикистон қарор дорад.
Инро ҳам бигӯям, ки ба соҳибкори муваффақи тоҷик Зайд Сайидов бисёр ҳам ҷабр карданд. Тамоми чизу чораи онҳоро кашида гирифтанд. Вақте зиндони навро дар Ваҳат месохтанд ба бачаҳои Зайд супориш доданд, ки агар бихоҳанд падарашон дар маҳбас азоб накашад дар ин маҳбас 5 ошхона ва 25 ҳоҷатхона сохта диҳанд. То набераҳои кудаки Зайдро барои допрос бурданд.
Аммо як бачаи Ҳасан Асадуллозодаи хусурбачаи Раҳмонов, директори клуби Лофт шабе нест, ки дар таҳхонаи клуб сафеди назанад ва 2- 3духтарро нодухтар накунад.
Зайд Саидро бо туҳмат қариб сӣ сол доданд. Аммо барои чи Фируз Холмуродзода, муфаттиши Агентии коррупция -бойфренди кали Фаттоҳ Саидро барои миллионҳо-миллионҳо зарар расонидан ва ба миллионҳо доллар пора гирифтан ҳамагӣ 9 сол доданд.
Ман худам навори допроси бачаҳои амниятро дидам. Мегуяд, ки “вақте ман арус меовардам 5 этаж меҳмонхонаи Тоҷикистон дар ихтиёрам буд. То инострансҳоро сер мекадан, ки мара халал нарасонан”. Садҳо духтарҳоро нодухтар карда будааст. Бачабозоишро ҳам нақл мекунад: “ма бачабозира дар хориҷа мекадм. Турция, Дубай ва Хитой мебурдмшон, дар дохили кишвар намекадм”, мегуяд. Муфаттишҳо мепурсанд, ки барои чи бачабозӣ мекунӣ. Ҷавобро бинед, ки чи мегуяд? “Дхтаро муллогӣ мекнан, одам метарса, бачаҳо намекнан, барои ҳами ҳози чиновнико бачабоз шидагиян”. Он рӯзе, ки меқапандаш ҳамон шаб бо арусаш Фаттоҳ Саид будаст. Бо Фаттоҳ Саид 2 миллион доллар взятка мегиранду тақсим мекунанд ва ранги қавми Лут “дам” мегиранд. Барои ин ҳама гуноҳҳо уро 9 сол доданд, вале Зайди бегуноҳро бо туҳмату буҳтон 26 сол доданд.
Варзоб
Бародар Муҳаммадиқбол, ман як пешниҳод дорам, ки мехоҳам тавассути барномаи Номаҳо ба мардуми кишвар бирасонед. Ман, солҳои аввали ба кор шуруъ кардани ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе –Хуҷанд дар онҷо ба кор даромадам. Он вақт аз Душанбе то Махура се плазаи толлингӣ амал мекард ва ҳоло ду то шудааст. Ман, муаллим будам ва бо тавсияи як дустам ба онҷо омда ва ба кор сар кардам. Бояд рӯирост бигӯям, ки маоши мегирифтаи ман он солҳо дар нисбати муаллимӣ, ки ман мекардам се баробар бештар буд. Ду сол аз соли 2010 то 2012 онҷо кор кардам. Дар воқеъ ин як ширкати дузд ва роҳзан аст. Ҳамарӯза дар қопчаҳо пул ҷамъ меомад ва онро ба Душанбе мебурданд. Як вақт роҳбарони ширкат ба ман ва чанд нафари дигар шубҳа карданд, ки мо гуё ҳамаи маблағҳоро ба касса намесупоридаем. Хуллас, моро аз кор берун карданд. Ва, ман баъди як муддат кори муаллимӣ ба муҳоҷират ру овардам. Шукри Худо зиндагии бад надорам. Аммо манро як чиз азоб медиҳад. Чаро ин ширкат бо ин ҳама пулу даромаде, ки дорад ҳиҷ кори хайру боарзише намекунад. Ҳатто аз пардохту андозҳо озод аст ва ҳар чизе, ки барои эҳтиёҷоташ аз хориҷа меоварад ҳеҷ маблағе ба гумрук намесупорад. То имрӯз миллиардҳо ин ширкат ҷамъ кардааст. Дар асл ин ширкат ширкати худи Раҳмонов аст вале онро Ҷамолиддин Нуралиеви домодаш, то ҳамин чанд вақти пеш муовини аввали Бонки миллӣ буд идора мекунад.
Ман пешниҳод мекунам, ки тамоми пули ҷамъовардаи ин ширкат тули беш аз 12 сол му ба му ҳисоб карда шуда ба соҳибони аслиаш-мардуми тоҷик баргардонида шавад. Пешниҳоди ман ин аст ки як Фонди миллии рушди маориф дар кишвар ташкил карда шавад ва пулҳои ин ширкатро ба ҳисоби он гузаронанд. Ва аз ҳисоби ин миллиардҳои дар асл аз мардум дуздидашуда маоши омузгорони мактаб ва донишгоҳҳоро зиёд кунанд. Ба макотиби кишвар асбоби аёнӣ бихаранд. Хуллас, ин пулҳоро барои рушди маорфи кишвар масраф кунанд ва ин ширкати пулчинакро аз байн бибаранд. Вале қабл аз онки бибанданд ин ширкат бояд қарзи давлати Чинро, ки сохтмони ин роҳро ба анҷом додаааст, бо баҳраҳояш то тини охирин бипардозад.
Норак
Бародар Муҳаммадиқбол.
Ҳар ончи мегуям, ҳамин як ё ду рӯзи пеш руй дод. Инро аз забони як нафар аз коргари неругоҳи Норак шунидам. Вай қисса кард, ки ду рӯзи қабл истифода аз телефонҳои мобилии дар дастамон бударо ба ҳама сардорони шуъбаву коргарҳо манъ карданд. Супориш доданд, ки минбаъд ба ҷои он телефонҳои дастиамон телефонҳои тамғаи Нокиа, телефони одиро истифода барем. Ҳади ақал дар ҳудуди неругоҳи Норак бояд бо ҳамин Нокиа бошем. Гап дар бораи он меравад, ки чанд рӯзи пеш агрегати авали неругоҳро, ки навсозӣ карда буданд, аз кор мондааст ва тарсашон ин будааст, ки мабодое ягон коргари Норак аз харобшавии ин агрегат акс гирифта ба “Ислоҳ.нет” фиристад. Барои ҳамин се руз шуд, ки дар дасти ягон кас телефонҳои мобилии пештарааш нест. Телефонҳои одии хитоии Нокиаро истифода мебарем.Айни замон қариб дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамарӯза ду ё се соат ҳатман қуваи барқро хомуш карда истодаанд. Ба ҳама фармон шудааст, ки бо ҳамин телефон оянд. Ҳозир дар дасти ҳамаамон ҳамин телефони одӣ аст, ки бо он на интернет даромада мешавад на акс гирифта. Коргаронро таҳдид кардаанд, ки дар дасти ягонтоатон телефони камерадор дидем, аз кор пешатон мекунем.
Ин агрегатро чанд вақт пеш Раҳмонов дар маросими ифтитоҳаш иштирок карда ва эълон карда буданд, ки фаъол шуда аст аммо ҳоло наметавонанд, ки таъмир кунанд.
Руирост гуфтаанд, ки ба “Ислоҳ.”аксу тасвир нафиристед, ки пайдо карда аз кор пешатон мекунем.
Ваҳдат
Домулло, мо барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Шумо ҳар бор таъкид мекунед, ки агар хабареву маълумоте доред, бо мо дар миён бигзоред.
Барои шумо як маълумоти навро мерасонам ва бовар дорам шумо онро ба самъи тамоми мардуми азизи кишвар мерасонед. Ҳамсояҳоямон аз Тоҷикистон Маскав омада истода буданд. Ин кор дирӯз, рӯзи 4 июн ба амал омадааст. Дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав аз миёни мусофирони тоҷик 17 ҷавони қаду қоматбаланд ва танумандро ҷудо карда ба як утоқи фурудгоҳ медароваранд. Ба ин ҷавонҳо пешниҳод мекунанд, ки барои шумо ана ин миқдор пул медиҳем, шумо дар иваз ба ҷанги зидди Украина меравед. Ин ҷавонҳо рад карда мегуянд, ки ин ҷанг ба мо дахл надорад, мо намеравем. Гуфтаанд, ки барои шумо тамоми шароит, агар бихоҳед, ки шаҳрвандӣ бигиред медиҳем, фақат инки ақалан 6 моҳ бояд дар ҷанг иштирок кунед. Дар ғайри сурат депортатон мекунем. Ин ҷавонҳо ҳам паст наомада гуфтаанд, ки ҷанг намеравем, депортамон кунед, кардан гиред.
Ва, ҳамаи ин 17 ҷавонро ба муддати 60 соливу 100 солӣ депорт карда шаб дар фурудгоҳ нигоҳ дошта рӯзи дигар савори самолёт карда аз фурудгоҳ ба ватан депорт кардаанд.