Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №37

Ислоҳ нет

    «Номаҳо аз ноҳияҳо» на танҳо ба пули робита, балки ба маҳфили ғоибонае табдил шудааст, ки тавассути он мардуми шарифи кишвар табодули афкору ақида мекунанд, ба ҳамдигар хабару паём мерасонанд, аз ҳолу аҳволи якдигар огоҳ мешаванд ва агар маълумотҳои нашршуда носаҳеҳ бошад, талош мекунанд, ки дар навбтаи баъди шакли дурусту саҳеҳи онро пешниҳод кунанд. Ҷолибтарин ва беҳтарин коре, ки «Номаҳо…» анҷом медиҳад, ин аст ки симои аслӣ ва киву чи кора будани чоплусонро ифшо карда истодааст. Чоплусоне, ки дар «Минбари муҳоҷир» худро ба ҳар ранге ҷилва медиҳанд ва ба ҳар ранг ҷома мепушанд, дар «Номаҳо…» аз тарафи ҳамкучаву ҳамдеҳаву ҳамшаҳриву ёру ошнову шиносҳояшон барои мо муаррифӣ ва шиносонида мешаванд. Ин ҷиҳати кор барои он хуб аст ки ин чоплусон минбаъд  худро ва касби худро пинҳон кардану дуруғ гуфтан истиҳола мекунанд, чунки халқ онҳоро мешиносад ва дар байни халқ бо номи чоплусу лаганбардору пуштупешлес зиндагӣ кардан душвор аст. Нашри навбатии «Номаҳо….» ро аз ҳамин гуна як ҳолат шуруъ мекунем.

                                 Айнӣ

Салом, бародари азиз домулло Муҳаммадиқбол!

  Ҳамон ду нафаре, ки дар барномаи № 189-и «Минбари муҳоҷир» дар 30-май дар дақоиқи 3:37 то 4:00 суҳбат карданд як нафари ҳукуматиаш дӯсти наздикам мебошаду он урметаниаш муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва мураббии карате аст. Ҷои иловагии кораш МТМУ№ 2-и ҷамоати Урметан. 

Медонед барои чи айнигихову урметанихо ҳимоят аз ҳукуматро пеш гирифтаанд. Тибқи миш -мишҳои мардум пирхар –Э.Раҳмонов ба наздикӣ бояд ба Айнӣ ва махсус Урметан биёяд ( Ин сафар рӯзи 5 июл анҷом шуд ва Раҳмонов Урметан омад) Раҳмонов инҷо омада бояд лентаи як беморхонаи навро, ки аз соли 2017 аст сохтмонаш шуруъ шудааст то ҳол ба итмом нарасидааст бо қайчичаи (ножницы) сеҳрнокаш омада кушояду ба истифода диҳад. Ва, баъд дар шабкаҳои телевизионӣ нишон диҳанду  ҳама ташаккуру саноро ба Раҳмонов хонанд.

  Урметан яке аз ҷамоатҳои калонтарин дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар муддати 30- соли роҳбариаш ҳатто як маротиба ҳам ба Урметан наомада буд ва акнун гуë, ки “пешвои олам барои урметаниҳо як беморхона туҳфа мекунад.”

  Дар ëдам ҳаст, ки маърака ва барномаи пеш аз интихоботии соли 1994, ки рақиби Раҳмонов Абдумалик Абдуллоҷонов буд, чи тавр бо шукуҳу шаҳомати бузург мегузашт. Абдумалик Абдуллоҷонов ба Урметан омада бо мардум аз наздик шинос шуд ва вохурӣ гузаронд. Аммо ин «пешво»- имрӯза ва он замон як боевики камонбадаст, намедонам аз  руи такаббур буд ë инки аз хиҷолату изо, ки назди ин мардуми суханвару оқил биравам, чи бигуям наомад ва  дар ру ба руи Урметан ки онҷо роҳи ба тарафи Панҷакент мегузарад бо якчанд сокинони сари роҳ   вохуриашро гузаронду рафт.

  Дар соли 1994 сабаби наомаданаш ба Урметан ин беқадрии худаш буд, зеро, ки медонист ӯро ягон кас дар инҷо интихоб намекунад…

 Э.Раҳмонов пагоҳ (5июл) ба Урметан сафари корӣ доштааст. Аз як моҳ зиëд мешавад, ки хонандагон ва омӯзгорон тайëрии ҷиддӣ дида истодаанд. 

Дирӯз як чархбол барои «испитаний» омаду дар ҷое, ки тайëр карданд, бояд мешишт. Онҷо натавонистасту дигар ҷойро интихоб кардаву тайëр кунед, гуфтааст. Дар як рӯз тамоми техникаву мардумро ҷамъ карда ҳатто то шаб барои чархболи ӯ майдони нишаст сохтанд.

  Соати чанд омаданашро намедонам, танҳо медонам, ки талабаҳои мактабу омӯзгорон бояд соати 03:00 аз хоб хеста ба ҷои таъиншуда раванд.

  Аз тамоми сохторҳои қудратии мамлакат алакай омада ба масҷид ва ҳатто хонаҳои мардумон ҷой шудагианд. Қариб, ки аз тамоми мактабҳои ноҳияи Айнӣ хонандагону муаллимон омадаву рафта истодаанд.

  Заминҳои ҷаву гандуме, ки мардум даравидаанд, ҳукумати ноҳия фармон додааст, ки боз тезтар ҷуворимакка коранд, то инки заминҳо ба чашми пешвояшон хуб намудор шавад. 

  Агар ягон чоплус аз Айнӣ ë ин ки аз Урметан дар барномаатон баромад кунанд бояд дуруғ нагуянд, чунки ба ғайр аз бинои беморхона ва як парчам дигар ҳамаи он биноҳое нишон медиҳанд танҳо таъмир карда нишон дода истодаанд.

  Стадион буд, толори варзиш буд, бинои ҷамоат буд.

Имрӯз соати 07:00 рӯзи 5 июл бо 4- чархболу ва хеле мошинҳои сиëҳшишаи қимматбаҳо омада буданд. Тибқи нақша бояд, ки ҳамагӣ 40- минут дар Урметан бошаду ва пас ба ш. Панчакент бояд равад…

 Як далели радношаванда дорам, ки  мошини Ёрии таъҷилӣ, ки чанд сол пеш барои беморхонаи Урметан аз тарафи ҳукумати ноҳия тақдим карда буданд, ягон нафарро бе пул намебарад. Ёрии таъҷилӣ дар мо пулакӣ аст.

Масалан аз Урметан ба ш. Панҷакент агар бо мошини беморхона равед аз 120-то 130- сомонӣ мепурсанд, агар ягон таксиро худатон фармоиш диҳед 100- сомонӣ мешавад

Масалан агар аз Урметан ба Душанбе ë инки Хучанд беморро мошини «Скорая помощ» барад 500- сомонӣ мегирад, агар худи бемор ë инки соҳиби бемор таксӣ фармоиш диҳад нархи роҳ аз 350 то 400- сомонӣ поин мешавад.

  Ин далели пурра тасдиқшуда барои пешвопарастон аст.

          Сиктивкар

Бародар Муҳаммадиқбол салом! Ман мехоҳам, ки дар бораи нақшу саҳм ва ҷойгоҳи адвокатҳо, яъне вакилони дифоъ дар Тоҷикистон гап занам. Дар аввл як каме дар бораи худам мехоҳам гап занам. Ман 25 сол судя кор кардам, то раиси суди ноҳия ҳам расидам. Аммо, маро хушру «подставит» карданд, ки ин қиссаи дигар аст. Чанд сол шуд, ки дар Русия ҳастам. Дар як ширкат ба ҳайси юрист кор мекунам. Шаҳрвандии ин кишварро ҳам гирифтам. Зиндагию корам бад нест.

Аммо дар бораи адвокатҳо дар Тоҷикистон. Адвокат дар Тоҷикистон ба номаш вуҷуд дорад. Ягон корро иҷро карда наметавонад. Аслан на тафтишот ва на додгоҳ писанду эътибораш медиҳанд. Чунки қонуни адвокатҳо, ки дар соли 2015 тағйир дода шуд, роли бе ин ҳам пасти адвокатро пасттар кард. Масалан як чизро мегӯям. Ҳоло аз адвокатҳо  забонхат барои пинҳон доштани маълумоти тафтишот ё мурофиаро мегиранд. Аммо ин кор кай мумкин аст?

Дар ҳолатҳое, ки дар парванда ва маводҳои он сирри давлатӣ ҷой дошта бошад, дар ин маврид адвокат забонхат оиди фош накардани сири тафтишот медиҳад. Дар дигар ҳолатҳо аз адвокат гирифтани забонхат ғайриқонунӣ мебошад.

 Вале дар мо тафтишот заруру нозарур, барои онки аъмолу рафтори ғайриқонунии муфаттиш  ифшо нашавад аз адвокат забонхат мегирад. Вақте адвокат забонхат барои ошкор накардани сири мурофиа медиҳад, он чи гуна адвокат мешавад?

Ва ё ҳамин тавр ба парванда задани муҳри махфӣ. Ин ҳам як бозиву масхараи дигари қонунгузорони тоҷик аст. Ба парванда, ҳатто агар ба кори давлат ҳам марбут бошад, гузоштани муҳри махфӣ қонунӣ нест. Мешавад дар ҳамон қисматҳое, ки дар воқеъ сирри давлатӣ бошад, на дуздӣ ва на тороҷу ғорати моликияти давлат, муҳри махфӣ гузошта шавад. Масалан як вазир дуздӣ кард, пора гирифт, изофанависиаш ошкор шуд, чаро онро ҷомеа надонад ва чаро барои чунин парванда муҳри махфӣ гузошта мешавад? Ин тамоман дар ягон меъёр намеғунҷад. Вақте аз назари ҷомеа пинҳон карда мешавад, баракс, сафи порахуру изофанавису тороҷгари моли давлатро аз ҳисоби мансабдорон зиёд мекунад. Дар кишварҳои пешрафта дар ҳолати риоя нашудани қонун ва поймол шудани ҳуқуқҳои айбдоршаванда, судшаванда ва худи адвокат суд дар рафти баррасии парванди тарафи судшавандаро мегирад. Ҳуқуқҳои адвокат аз тарафи мансабдорон ва хусусан муфаттишон риоя мегардад. Адвокатҳо ҳам дар фаъолияти худ мустақил мебошанд. Аз мақомотҳои давлатӣ вобаста нестанд. Дар Тоҷикистон адвокат дар ҳолате, ки агар мустақил фаъолият намояд метавонанд ӯро аз литсензияи адвокатӣ маҳрум созанд.

 Ҳам забонхати адвокат ва ҳам муҳри махфии тафтишот дар парванда аз он мегӯяд, ки дар мо корҳое таҷриба ва маъмулӣ мешавад, ки дар дигар кишварҳо аслан вуҷуд дошта наметавонад.

  Таййи чанд соли ахир аст ки адвокатҳо дар Тоҷикистон ба ҷуз аз миёнаравӣ коре дигар карда наметавонад. Ин як масхарабозӣ ва ҳақорати низоми қазоӣ ва ҳуқуқи башар аст.

Парванда аз тарафи тафтишот пушида мешавад, додгоҳ ҳам мисли тутӣ, мисли даҳани амак онро такрор мекунад. Агар адвокат доду фарёд накунад, агар адвокат афкори умумӣ насозад, агар адвокат дунёро ба по нахезонад, барои ҳифзу ҳимояти нафари зери ҳимояташ дона-дона иттиҳомотро таҳти шубҳа ва шак қарор дода натавонад вай чи аҳамият ва лузуме дорад? Вай муқобили ҳам айбдоркунандаи давлатӣ ва ҳам қарор мегирад ва миссияаш рисолаташ ҳам ҳамин аст. Ҳоло агар вай забонхат дод пас аз чи роҳе ҳимоят мекунад?

                                Душанбе

 Салом бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам ба шумо чанд маълумотеро бирасонам. Вақте мехонед, худатон хоҳед фаҳмид, ки ман кӣ астам ва дар куҷо кор мекунам.

 Баъди спектакл ё авантюраи Владимир Путин ба воситаи Евгений Пригожину, сардори «Вагнер» бори дигар тасдик гашт, ки байни Кремл ва мо хунукии сахт ба миён омадааст. Дар чанд соате, ки спектакли Путин давом кард, ба Путин чанд маротиба Лукошенко, як маротибаги Токаев, Мирзиёев, Эрдуғон, Пашинян телефон карданд аммо аз Тоҷикистон ҳарфе набуд. Аз замони ба сари қудрат омаданаш Путин чандин бор спектаклҳо ташкил карда, дар байни худиҳо нафарони ба худ содиқро ташхис мекард. Путин бениҳоят маккор ва бозингар аст. Дар давоми ин ҳолат, нафаре пайдо нагашт, ки ба Раҳмонов гуяд, ки чунин куну чунон кун.

  Ҳамчунин ин ҳолат нишон дод, ки армияҳои шахсии Путин ба монанди ЧВК Вагнер, ЧВК Аҳмад ва дигар, метавонанд гӯё аз пеши худ ва бо инициативаи худ амали ғасби дигар давлатҳоро ба роҳ монанд. Ин як сигнал ба давлатҳои собиқ СССР буд.

  Мисол гуё яке дар Тоҷикистон ягон қувва мехезад, гӯё аз пеши худ, бе амру дастуре қуввае аз берун, переворот мекунад. Аз Кремл мегуянд, ки мо ҳам чанде пеш бо ин ҳолат ру ба ру гаштем.

Ногуфта намонад, ки дар ҳамон шабурӯзҳои ошуби Пригожин зиёд нафарони пулдор дар Тоҷикистон пулҳояшонро ҷамъ карда, нисфашро аз Тоҷикистон бароварданд. 

Нақшае, ки дар Тоҷикистон бояд татбиқ мешуд қариб буд, ки дар Русия иттифоқ меафтод. Барои Раҳмонов ин бояд дарс шавад, ки Русия бо ин қадар бузургияш бо ин гуна ҳолатҳо ру ба ру мегардад. Тоҷикистон бошад дар назди ин гуна ҳолатҳо умуман тайёр нест.

 Замоне, ки ягон гап мабодо шавад, МВД, КГБ умуман фармон гирифтаанд, ки наҷунбанд: «Монен меган якдигаршона хуран, кадомеш, ки зур овард ҳамуда хизмат мекнем». Ин ақида солҳои охир пайдо шудааст. Аз қафои Рустам фақат УУР-и Шоҳрух, Суҳроб Раупов, Хуршеди ОМОН, резерви Фронти халқӣ бо сардории Умар Алиматов ва дигар қумондонҳои пештараи Фронти халқӣ вале Ҳасани Ориёнбонк, Зоир, Тахминаи Рахмон, Озода ба умеди МВД, КГБ ва Миноборнанд. Чи хеле, ки гуфтем МВД, КГБ ва Миноборон ҳеҷ вақт намеҷумбанд. Исмоил бошад, ки ба ин саҳна даромада истодааст, дар гирди худ кудаки бисёре ҷамъ кардаасту кораш фақат доля ҷамъкунӣ аз бизнесменҳо. Сомони Эмомалӣ ҳам ранги Исмоил.

Аз 6 соҳибкор хабар омад, ки Авесто- групп тиҷорати онҳоро кашида гирифтанист. Бизнесҳои соҳаи букмекерӣ, воридоти техникаи маишӣ, тиҷорати переработкаи мусор ва дигарро. 

Як хабари дигарро мехоҳам шахсан ба шумо бирасонам.

Юсуф Раҳмон дар байни кормандони Прокуратура як сабқати ғайрирасмӣ эълон кардааст. Вай барои ироаи пешниҳоди далели қавию раднашаванда бо мақсади депортатсияи Устод Кабирӣ ва Шумо ҷоиза таъин кардааст. Касеро, ки пешниҳодаш боварбахш ва маъқул шуд, дар мақомаш як зина боло меравад.

   В связи с беспорядками во Французской Республики, необходимо проработать и предпринять меры для достижения целей нацбезопасности. 

1. Использовать данную ситуацию и любыми путями добраться до МС (Мухаммадикбол Садриддин) и обезвредить. При возможности, узнать с кем из высоких чинов Республики он контактировал и взаимосвязан.

2. Предоставить данный акт, как факт разбоя или кражи.

   Саунае, ки гуфтем (ҷои дамгирӣ ва айшу ишрати Прокурори генералӣ) дар болои ошхонаи қурутоби Олим воқеъ аст, муҳофиз ва сервиси амниятиаш аз қасри Президент сахттар аст. Аз руи баъзе малумотҳо дар он чо утоқе бо як сейфи калон дорад ва дар он маблағҳояшро нигоҳ медорад. 

Як ҳафта пеш омодасозии як амалиётеро сар кард, ки бояд «бор» -наркотики калони Зоирро қапанд. Гуфтааст: «ма Зоира бомж мекнм. Мия х…а мелеса, ки поддержка кн гуфта». Домулло! Ҳар вақте ки шумо оиди СС.Ятимов, Юсуф Раҳмон,Рамазон Раҳимзода ё дигараш,ки бо Раҳмонов наздиктаранд барнома мекунед, зуд давида ба боло гузориш медиҳанд. Мисол, агар дар бораи СС барнома барояд Юсуф Раҳмон дарав ба Президент маълумот медиҳад ва мегуяд, ки «ҳама ҳолатҳои дар барнома гуфташударо боз санҷида истодаем». Короче инаш қаври онашрову онаш қавири инашро канданиву дар ҷояш одами худашро монданӣ.

          Восеъ

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ умратонро дар роҳи мубориза дароз кунад, то ин мардум шиносанд ин ҳукумати дузду ғоратгари Раҳмоновро.

Ин навиштаи мо идомаи номаҳои пешинаамон дар бораи вазъу ҳоли ноҳияи Восеъ аст.

  Дар шӯъбачаи вазорати корҳои дохилии ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев сардор Иброҳимзода Амонулло Муҳиддин аз Масковски мебошад. Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№28» дар борааш каме маълумот дода будем ва ба ӯ ҳушдор дода будем, ки зулмро болои мардум бас кунад. Аммо чунин нашуда истодааст. Чаро? Чун Иброҳимзода як хари калон аст. Ҳоло мо дар ин барнома дар бораи кӣ будани ӯ ва кӣ ӯро «кришават» мекунад, маълумоти бештар медиҳем, албатта бо далелҳое, ки мардум ҳаррӯза мушоҳида мекунанд, аммо намедонанд, ки дар онҷо чи мегузарад. Чаро ВКД чунин ашхоси дузду роҳзанро ба курсӣ мешинонанд. Чун инҳо либоси милисаро пазор кардагианд. Ё Раҳим Рамазон худаш чунин дузду роҳзан аст, инҳо бовар кунед, хуни ин халқро хурда истодаанд.

Дар деҳаи Охҷари ба номи Миралӣ Маҳмадалиев як чанд рӯз пеш дуздӣ мешавад.  Мо аз он-дуздҳо ном намебарем, чун онҳо ноболиғ ҳастанд. Дар чунин ҳолатҳо филҳол бояд вокуниш сурат бигирад ва амалиёти таъқибу боздошт роҳандозӣ карда шавад, чун ин кор вазифа ва масъулияташон аст. Аммо на. Шахси ҷабрдида рафта зора мекунад, ки чизҳоямро дуздиданд, аммо бе фоида. То ягон таға наёрӣ корро сар намекунанд. Ҷабрдида тағаро меорад. Иброҳимзода Амонулло дело мекушояд вале чанд рӯз мекобанд, дуздҳоро намеёбанд. Баъд аз чанд рӯз ҷабрдида худаш дуздҳоро меёбад. Онҳо дуздҳоро ба шӯъба бурда допрос мекунанд. Аммо падаронашон ба Иброҳимзода Амонулло пора медиҳанд. Онҳоро ҳеҷ чиз намегуянд.

Ҷабрдида ба назди Иброҳимзода Амонулло меравад ва мегӯяд дуздҳоро ёфтам, чизу чораи дуздидаро баргардонанд, чун Иброҳимзода Амонулло пора гирифтааст забон кӯтоҳ аст,   мегӯяд рав ба хонаат, агар хоҳӣ 2ҳазорат медиҳем, хап кун. Ашёи дуздидашуда ҷавоҳирот, ки буд мегуяд, ин пул кам аст.

 Дар ҷавоб сардори шуъба Иброҳимзода Амонулло мегӯяд хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ ҳамон як гове, ки дорӣ аз ҳамон ҳам мемонӣ. Рӯирост милиса ба як шаҳрванди ҷабрдида таҳдид раво мебинад.

  Чи тавре мегӯянд дузди зӯр соҳиби говро бастааст. Ҷабрдида ба додситони н.Восеъ шикоят мекунад. Азбаски додситони н.Восеъ бо куратор ҳардуяш порахуранд аз ҳар яки падарони гумонбарон 20ҳазор сомонӣ талаб мекунанд ва куратор мегуяд, ки «бе таргаватса, ятин кам намекнм». Вале гап дар инҷо аст ки агар инҳо 20 ҳазорӣ медоштанд ба писаронашон медоданд то чунин корҳоро накунанд. Иброҳимзода Амонулло, ки ӯро «кришават» мекунад, дар Агентии давлатии мубориза бо корупсия як таға дорад. Аз пушти он катагӣ мекунад. Президент дар бораи барҳам задани корупсия мегӯяд, аммо худи кормандони Агентӣ ба корупсия даст мезананд. Ҳар касе, ки ба Иброҳимзода Амонулло пора диҳад тарафи он мегардад.

  Ҷӯрабек мудири поликлиникаи деҳаи Охҷар аст. Ҷӯрабек ва падараш ба Иброҳимзода Амонулло пора доданд то аз онҳо тарафдорӣ кунад. Падари Ҷӯрабек медонад, ки милисаҳо пуштибонаш ҳастанд. Дар деҳа як зан меояду дар кӯчаҳо либосу ҳар гуна чизҳо мефурӯшад, баланд фарёд мезанад, то биёянд чизҳои лозимаашонро харанд. Падари Ҷӯрабек баромада дашномаш медиҳад:- гум шав аз инҷо ҷугӣ. Зан мегуяд ман ҷугӣ нестам. Падари Ҷӯрабек ғазабнок шуда занро лату кӯб мекунад. Ин зан ба милитсияи ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев муроҷиат мекунад. Аммо чун ин Ҷурабек милитсияро харидааст, ҳеҷ кас ба додаш намерасад.

  Ман ба Иброҳимзода Амонулло  гуфтаниям. Оё ту виҷдон дорӣ? Наход барои як пули ночиз он нишоне, ки ба ту додаанд фурӯшӣ.

  Хитоб ба Раҳим Рамазон! ин сагбачаҳоятро аз инҷо гир, мардумро озор надиҳанд. Валлоҳӣ қасам, рӯзе мешавад, ки ин аз чечаки саратон бароварда мешавад. Рамазон Раҳимзода фикр накуни ,ки Восеъи мо Истаравшан аст ва ҳар коре милисаҳот хоста бошанд анҷом медиҳанд.

    Дар «Номаҳо..и №28 ба Гуловҳо хитоб карда будем то роҳро асфалтпӯш кунанд. Аммо ҳеҷ гапу хабаре нашуда истодааст, пас дар барномаи оянда Инша Аллоҳ дар бораи ҳамаи дуздиҳоятон маълумот хоҳем дод. Ҳозир тими Ислоҳ аз болои М.Т.М.У N3 кор карда истодааст. Ҳар коре то имрӯз анҷом додед, нашр хоҳад шуд, албатта, агарки роҳ асфалтпӯш нашавад.

   Чи тавре, ки мо ба Мирзоалиев Қурбоналӣ хитоб карда будем то базаи Мегафон баргардонда шавад, аммо нашуд. Мирзоалиев Қурбоналӣ депутат буд. Дар 16 Иҷлосия ё ҳамон ифлосия ҳамчун депутат иштирок дошт бо ҳамроҳии Миралӣ Маҳмадалиев. Эмомалӣ Раҳмоновро овоздиҳӣ карда гуё аз дасташ гирифта мегӯянд, хез ту рав баромад кун ва бо ҳамин тариқ Эмомалӣ Раҳмоновро раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Мирзоалиев Қурбоналӣ мехост баъди Эмомалӣ Раҳмонов президент шавад, чунки ӯ чунин усул дошт. Як нафари шиносашро дастгирӣ мекард ба болоҳо ва баъд ӯро гирифта ба ҷояш худаш мешуд. Дар он давра мехост раиси колхози Ленин шавад. Он давра раис Миралӣ Маҳмадалиев буд. Мирзоалиев муғулҳоро дастгирӣ карда мегуфт «бхезен ҳамакаса Миралӣ Маҳмадалиевро бгирем ма хдм оиликотона соз мекнм».

Ҳамин тавр ҳам шуд муғулҳо хестанд ва бо кетману бел ба идораи раис омаданд, маҷбураш карданд, ки истеъфо деҳ. Баъд аз Миралӣ Маҳмадалиев Мирзоалиев Қурбоналӣ раиси колхоз мешавад ва аз ҳамон давра то ҳозир муғулҳоро ҳамчун ғулом истифода мебарад. Мирзоалиев Қурбоналӣ ба заминҳои дар Варашил будааш мардумро барои пая гуфта замин медиҳад ва кор мефармояд. Дар вақти пахта мегӯяд 50дирамӣ чинед. Мардум мегӯянд дар дигар ҷойҳо 1сомонӣ аст. Мегӯяд касе намечинад пая нест. Ҳозир бошад гапи Мирзоалиев Қурбоналӣ бо бародараш Эмомалӣ Раҳмонов гурехтааст. Барои онки ба Мирзоалиев дастур медиҳад то мактаб созад, аммо накард. Эмомалӣ Раҳмонов суратҳисобҳои бонкиашро маҳкам кард, он вақт дилаш зад. Баъд Мирзоалиев мактабро сохт. Барои кушоданаш Президент то онҷо меравад, аммо мактабро намекушояд Баъд Мирзоалиев Қурбоналӣ ба назди Эмомалӣ Раҳмонов меравад то пулҳояшро диҳад. Аммо  Эмомалӣ Раҳмонов, ки пулдустдор аст мегӯяд ягон сум нест: «бра дар Охҷар заправка кн иҷозат тда». Чун дар Тоҷикистон Фароз ва Газпром барои сохтмони заправкаҳо рақобат доранд ҳеҷ касе заправкаи зиёд надорад. Аммо ба Мирзоалиев ҳам  иҷозат додааст. Ҳамаи он бо номи Ҳулбук аст. Яктояш дар деҳаи Охҷар аст. Қурбоналӣ Мирзоалиев! агар хоҳӣ ин заправка ба ҳаво напарад, зулмро болои мардум бас кун! Ин Мирзоалиев Қурбоналӣ то он дараҷа бе имон ҳаст, ки наузубилоҳ мегӯяд дар боло Аллоҳ ҳукмронӣ мекунад, дар замин ман ҳукмрони мекунам. Ӯро Фиръавн ҳам ҳам мегӯянд.

Дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев ҳамаи кадрҳоро ҳамин Мирзоалиев интихоб мекунад. Солҳои пеш  Эшони Асроровро дар ҷамоат раис таъин кард. Ин Асроров як бузи калон аст, чизҳои меличро бузӣ намекунад танҳо ката катаҳоро бузӣ мекунад.

  Чандин сари сол кор мекунад. Бинои ҷамоат он вақтҳо дар ҷои ҳозираи зисташ аст. Баъди тахриб шудани ҷамоат аз инҷо ба ҷои дигар кӯчониданд. Бинои ҷамоатро бо як нафари раиси пешини ҷамоат баъди Асроров раис буд ҳарду   ҷангу даъво карданд, ки ҷамоатро ман мегирам. Бинои ҷамоатро ба ду тақсим карданд ва то ҳозир ҳамчун замини шахси истифода мебаранд. Хулас ин заминҳоро дуздиданд. Дар замони ҷанги дохилӣ Асроров бо муовинаш  Боймуродов облава мекарданд. Дар роҳ меистоданд, мошинҳоро манъ карда ҳар, ки камбағал буд маҷбур ба ҷанг равон мекарданд. Ҳамон солҳо ду ҳамдеҳаамонро маҷбуран ба ҷанг мебаранд. Яке аз онҳо мегурезад дигарашро мекушанд. Асроровро Мирзоалиев ба чунин мартаба расонд. Гӯё ҳангоме Раҳмонов мехост Мирзоалиев ро бо снайпер занад Асроров аз куҷое фаҳмида ба ӯ хабар медиҳад, ки пинҳон шавад. Ба хотири ин хубиаш Мирзоалиев ба Асроров замини давлатиро яъне ҷамоатро медиҳад. Ин Асроров худашро Эшон мегирад, аммо сӯистифода мекунад аз эшониаш. Мисли як талбанда аст. Ҳар як тӯю маъракаҳо мегузаронад аз ҳисоби муридонаш гузаронида мешаванд. Дар як туяш агар 100ҳазор сомонӣ расход кунад 200-300ҳазор даромад меорад ин тӯй. Агар ягон чиз «бталба набариш» дуот намедодааст. Хаваргириаш рафтӣ бояд дасти холӣ наравӣ.  

 Мирзоалиев Маҳмадхонро ҳамчун раиси ҷамоат интихоб мекунад. Ӯ чанд сол дар ҷамоат кор мекунад. Ҳар қадар замин мехоҳад мефурӯшад. Чанд то барои худаш гирифтааст. Баъди чанд сол кор карданаш ӯро ба маорифи ноҳияи Восеъ таъин мекунанд. Дар онҷо дар олимпиадаҳои фаннӣ барои ҷои якум ба воистаи муовинаш 3ҳазор мегирифт.   

 Ҳар набераи Мирзоалиев дар олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меомаданд, чун тақаллубкорӣ мекарданд, баъд маориф аз куҷо пешрафт мекунад. Баъд аз Маҳмадхон, писари Амон Шукурулло мешавад. Мо дар бораи ин ҳеҷ чиз  гуфтанӣ нестем, чун бисёр кор накард, ӯро ба ҳукумат интиқол доданд. Мирзоалиев Ҳабибова Эеркаро раиси ҷамоат мегузорад. Чун ӯро дигар кас пешниҳод карда буд барои   иҷро кардани вазифаҳои ба ӯ супурда шуда нест кардани муллоҳо Эерка, ки ба манфиати худаш кор мекард, дер намепояд.

Қурбоналӣ Мирзоалиев набераи худаш Мирзоалиев Сайалиро ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев раис монд. Сайалӣ ҳам дере нагузашта ба дуздӣ шурӯъ мекунад. Заминҳоро мефурӯшад ҳатто ҷубронҳоро мефурӯшанд. 50 сомонӣ  бо тариқи одами боваринокаш Иброҳим Миралиев Зоир котиб аст. Аммо Иброҳимро чун котиб меҳисобад. Мирзоалиев Қурбоналӣ мехоҳад Миралиевҳоро аз курсӣ берун кунад. Дар ҷамоат хостанд боғ кунанд. Вале Назрибӣ келини Миралӣ Маҳмадалиев нагузошт. Ба ивази он як хонааш доданд дар шаҳр. Онҷоро гирифта боғ карданд тариқи лоиҳа грант. Аммо майдончаи варзишӣ сумакӣ аст. Назрбӣ ширхоргоҳи деҳаро гирифта хона кардааст. Мардум ширхоргоҳ надоранд. Ин Мирзоалиев Сайалӣ аз ҳисоби фурӯхтани заминҳо пули зиёд ба даст меорад ва соҳиби мошинҳои қимат мешавад. Чаро Раҳмонов ба Мирзоалиевҳо ҳеҷ чиз намегуяд? Оё метарсад?

  Зебо бо лақаби Зебоғарак раиси маҳалла аст. Аз мардум барои ҷуброн пул мегирад. Эй, бе виҷдонҳо, ин ҷуброн барои мардуми камбизоат аст, охир шумо аз ҳақи мардум мегиред, ба онҳо ҳеҷ чиз ҳам намемонад. Дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев ҳар помоше, ки меояд байни коргарҳои ҷамоат тақсим мешавад. Рӯзи иди Рамазон помош омада буд:- кӯрпача, печка. Ҳамашро байни худ тақсим мекунанд, ба халқи камбизоат намедиҳанд. Ин Раҳмонов як ҷамоатро идора карда наметавонад, аз куҷо як ҳукуматро идора мекунад? Истеъфо Раҳмонов!!!

Share This Article