Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №54

Ислоҳ нет

Ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷи Раҳмонов Тоҷикистонро мисли ҳуҷуми малах забт кардаву хурдаву балъида истодааст. Душанбеву навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти собиқи Кулобу Қурғонтеппа ва инак вилояти Суғд ва Куҳистони Бадахшон ҳам ба дасти ин қабилаи гушначашм мегузарад. Манзурамонро фаҳмидед. Ҳар чизе, ки дар ин манотиқ ҷойи даромад, масалан истеҳсолу тавлид ва тиҷорат бошад ҳатман яке аз инҳо ё онҷоро пурра кашида гирифтааст ва ё инки бо як ё ду нафар аз мардуми маҳаллӣ шарик мешаваду дар даромад ҳамроҳ шуд. Бозори Панҷшанбеи Хуҷандро чанд соли пеш Ҳасан Асадуллозодаи додараруси Раҳмонов гирифт. Ҳамчуноне, ки пештар мелкомбинати Қайроққум (Гулистон) ва Нов (Спитамен) ва даҳҳо адад автозаправкаҳои ин вилоятро тасарруф карданд.

Бинобар хабарҳои ба мо расида ҳоло бозори марказии шаҳрҳои Истаравшану Исфара, Панҷакент ва ҳоло бозори асосии шаҳри Конибодомро ҳам намояндаи ин қавми яъҷуҷ ғасб кардаанд. Бубинед, ки дар Конибодом аҳволи мардумро ба чи рӯзи сиёҳе расонидаанд:

                                Конибодом

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Номаи мо аз шаҳри Конибодом ирсол карда мешавад. Мо дар бораи як наҳанги шаҳрамон бароятон менависем. Ин наҳанги шаҳри мо ҳамкурси духтари Эмомалӣ Раҳмонов будааст. Мо,аниқ намедонем, ки вай ҳамкурси духтари Раҳмонов ҳаст ё нест. Вале худаш ҳамин тавр лоф мезанад. Аммо аз рӯи кору рафтораш ӯ на фақат ҳамкурс, шояд яке аз  «бойфренд»-и ҳои Таҳмина Раҳмонова бошад.

Вай мошинҳои гаронқиммат дорад, ки онҳоро мисли «носки» иваз мекунад. Занаш ҳам мисли худаш. Дар ҳафта як мошин иваз мекунад.Ҷойи зисташ дар назди корхонаи тавлиди сементи шаҳр аст. Танҳо барои таъмири манзили зисташ 2 миллион рубл масраф кард. Худам шоҳид. Ин одам Конибодомро ба фоҳишахона бадал кардааст.

 Ин одам Акмал ном дорад ва «мерос» лақабаш аст. Акмали мерос чанд «точка» дар Конибодом дорад. Хонаҳои барҳаво мепушонад. Дар пеши бозор чанд хона сохта истодааст.

  Дар таги як этажаш клуб дорад. Онҷо фақат ҷои сумдорҳо аст ва асосан ғоратгарони пеши пеши шаҳр онҷо медароянд. Дар асл онҷо як фоҳишахона аст.

  Ҳоло савол ин аст ки Акмали мерос худаш чи кора бошад, ки ин қадар маблағҳоро пайдо мекунад ва ин ҳама ҷойҳоро аз куҷо ба даст меоварад. Боз ба халқ зӯрӣ мекунад. Танҳо таъмири як хонаи шахсияш аз як миллион рубл боло харҷ доштааст.  Вақте ӯ дом месозад барои ӯ тамоми шароит дода мешавад. Руирост мегуяд, ки ту агар дар Конибодом ягон чиз месозӣ аз номи ман гап зан ва бо ман машварат кун. Вақте вай ин тавр мегуяд, ҳеҷ кас дилёб намешавад, ки ягон ободие кунад.

 Аммо барои худи Акмали мерос чи? Барои вай ягон шарт гузошта намешавад, шароит фароҳам мекунанд, ки корҳояшро ривоҷ диҳад. То инки дар шаҳр хапу дам гардад. Чунки ӯ зури шаҳри Конибодом аст. Гапи ӯро мегиранду дигарҳоро ба дигар ҷояшон кашидагӣ. Акмали мерос чандин мағоза дорад: як мағозаи варзишӣ, ду хурокворӣ, як дукони маишӣ ва як ночной бар, дискоклуб-фоҳишахона. Чаро ба Акмал касе кордор намешавад? Чунки вай аз номи духтари Президент гап мезанад.

Мо дар ҳайрат ҳастем, ки Э.Раҳмонов куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Болои Конибодому Исфара ин қадар зиёд зулм карда истодаанд? Магар халқи ин ноҳияҳо ба Раҳмонов бозичаанд? Магар ин халқ гунаҳкоранд, ки заводҳояшонро канда бурдӣ? Заводи коркарди пуст, заводи равған ва дигар заводҳоро? Чаро ин қадар ин мардумро чашми дидан надорӣ? Ин сагҳоятро, ки фиристодаӣ ҳамаҷоро риданд. Он рӯз қариб омадааст, ки халқи Конибодом мехезанду қабри ин сагҳоятро меканад, он вақт дер мешавад.  

   Ширкати «Фароз» дар Конибодом чандин ҷойро аз они худ кардааст. Ба шунидаи мо Фароз аз они домоду духтари Раҳмонов аст. Аз бозори шаҳри Конибодом сар карда то шаҳри Хуҷанд ҳама дукону мағозаву дигару дигарашро аз они худ кардааст.

Дар як минтақаи шаҳри Хуҷанд барои мурғҳои гӯштӣ ва тухмӣ дон истеҳсол мекунад. Боз дар минтақаи деҳаи Навобод тақрибан 200 гектар заминро аз они худ кардааст. Ин заминҳоро бо зурӣ ва бо нархи арзон аз дасти соҳибкорон кашида гирифт. Як минтақааш пеш дар дасти як панҷакентӣ буд. Он одам камаш 10-оиларо бо ҷои кор таъмин мекард. Онҷо колхози марҳум Раҳмон Набиев буд. Он панҷакентӣ баҳору змистон мардуми бекорро бо кор ва маблағи хубу хурду хурок таъмин мекард. Боз барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷой гирифта медод. Вақте ягон ҷавон оиладор мешуд, зан мегирифт хароҷоти туйро медод. Ӯро инҳо чашми дидан надоштанд ва як бало карда онҷоро аз дасти вай гирифта аз они худ карданд.

 Бо он панҷакентӣ халқи Навобод фахр мекард, чунки одами хоксор буд.

 Боз дар бораи мошинҳои боркашони духтари Раҳмонов ва Акмали мерос мехоҳам бигӯям. 20 адад мошинҳои далнибойка дорад. Мошинҳои бензин ва газкашонӣ. Ин духтари Э.Раҳмонов агар бо трасса гузашта монад, ягон одам барои манъ карданаш ҳуқуқ надорад. Агар мошини ӯро қарор дод аз вазифа ва аз ватани худаш маҳрумаш мекунад. Соли 2014 як одам ба пеши мошини вазнини вай нохоста баромада буд. Ӯро насмерт зада партофт. Шофер ба оқибаш нигоҳ нокарда роҳро давом дод. Оилаи он марди мурда ба чанд ҷо шикоят кард, аммо садо нест. Баъд аз ин халқи Конибодом он мошинҳоро бинад аз асфалт даҳ метр дур меистад.

Ронандаҳои ин мошинҳо ранги самолёт меронанд. Чандин одамҳо аз пушти ин мошинҳои духтари Э.Раҳмонов мурданд. Охираш аз они кӣ будани ин мошинҳои далнибойшикро фаҳмиданд ва бо ҳамин хапу дам гаштанд. Магар дар байни роҳҳои шаҳр бо ин суръати баланд мошинҳои боркашониро рондан мумкин аст? Натиҷаашро дар Кулоб дидед ва акнун боварамон кунед дар шимоли кишвар вилояти Суғд мошинҳои духтари президент ва домодаш ҳама вақт бо суръати баланд меронанд ва касеро зада кушанд ҳам ҳақ доранд.

«Касе набошад дар пеши қонун ҷавоб медиҳад»– гуфтанҳоят куҷо шуд Э.Раҳмонов?  

                 Хуҷанд

  Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародар рости гап дигар виҷдонам оромам нагузошт. Ман ному насабамро гуфта наметавонам. Дар яке аз оптовий складҳои фирмаи доруфурушии «Сифат-фарма» дар шимоли Тоҷикистон кор мекунам. Ин фирма аслан ба саломат ва тандурустии аҳолии кишвар парво надорад. Фақат дар фикри тиҷорат ва пули зиёд ба даст овардан аст.

  Роҷеъ ба масъалаи бизнеси дору инро бояд бигӯям, ки онро Парвина Раҳмонова духтари Президент, келини Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, ҳамсари Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия, ки соҳиби ҳамин «Сифат-фарма» аст кайҳо забт кардаву гирифтаст. Ёдатон бошад дар маросими шуруъи кори ин фирма Эмомалӣ Раҳмонов ширкат карда буд. Ҳоло бо мусоидат ва «кришагӣ»«Сифат-фарма» Тоҷикистон айни замон табдил ба полигони эксперименталии доруҳои фирмаҳои гуногун шудааст. Барои доруро дар ягон давлати соҳибдор ба истифода баровардан, бояд онро пурра санҷида экспери- ментҳо оиди зарару безарар буданашро гузаронид. Барои ин на кам аз 5-10 миллион доллар маблағ меравад. Дар Тоҷикистон бошад, ки ҳама чиз дар дасти духтари Президент аст, ним миллион доллар ба ягон фирма медиҳанд, он фирма намояндаҳояшро ё маркетологҳояшро ба беморхонаҳо, поликлиникаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ равона мекунанду бо духтурон шартномаҳои ғоибона мебандану духтурон фақат ба беморон доруҳои Фирмаро менависанд. Ҳамин тавр аз сари ҳар назначения доляи духтур ҳаст. Ва ҳар духтурҳо аптекаҳоеро тавсия медиҳанд, ки бо онҷо барои фурӯши дору робита доранд. Агар мабодо дору реакция дод, дарав духтур онро иваз карда аз ин ҳолат ба фирма хабар медиҳад. Фирма ин маълумотҳоро ба дорубарор ирсол карда, таъсир, яъне зарару фоидаи доруҳоро мегуяд. Эксперименти бе пул. Баракс боз доруҳояшонро мехаранд. Миллат инвалид шуда истодааст. К…..и ягон касро ғам нест.  Мисол ҳаббе бо номи ситрамон барои дарди сар 2 сомонӣ аст. Аммо бастабандӣ ё ҷаъбаи доруи фирма  фасонтар аст ва нархаш ҳам 50-60 сомонӣ, вале ҳардуяш як чиз аст. Назорат тамоман  нест. Генцеэл бояд назорат барад, аммо фақат доля мегираду «ёмбош» карда мешинад. Ҳамааш фирмаҳои духтари Президент Парвина Раҳмонова аст, ки феълан дар яке аз раёсатҳои вазорати тандурустӣ сардор мебошад ва «Сифат-фарма» ва чандин фарма-фармаҳои дигар аз они ӯст. Ва, ӯ ҳар чизеро, ки дар ин соҳа бихоҳад ҳамон мешавад. Дар ин бора бояд як тадқиқоти густарда ва фарогир бояд анҷом дод, то ки фасоду фиребгариҳои Парвина ва шарикони тоҷиротӣ вале дар асл қотилони миллати тоҷик ошкор гардад. 

                                    Исфара

    Ба номи Худо. Салом бародар Муҳаммадиқбол!  

Нома аз истиқоматкунандаи ҷамоъати деҳоти Сурхи  шаҳри Исфара. Ба умеди он ,ки дард ва мушкилоти мо мардуми деҳа аз тариқи «Ислоҳ» ба гуши мақомдорон  расонида шавад.

  Ҷамоъати Деҳоти Сурх аз 3 деҳа иборат аст:

1) Сурх

2) Сароб

3)Чорбоғ.

Ин ҷамоат ҳудуди 17000 аҳолӣ дорад. Раиси ҷамоъати деҳоти Сурх Аҳмадов Сарвар Обидович ва ҷонишини ӯ Ҷумъаев Баҳодурҷон Сафарович мебошанд ва ин ду нафар аз мардуми ҷамоат ба ҳар роҳу васила ва фиреб аз мардум пул меситонад. Дар вақти (облава) аз нафароне, ки фарзандони онҳо  синнашон ба хидмат расидааст ба роҳи тарсонидан аз 5000 то 10000 сомонӣ талаб мекунанд, ин маблағ барои як мавсими даъват аст акнун худатон хулоса ва ҳисоб намоед,ки чи қадар маблағ инҷо аз мардум ғорат мешавад. Ҳатто аз оилаҳое, ки аз дасти ин ҳукумат Русия фирор кардаанд низ пул мегиранд.

Ман худ шоҳиди онам ки мардум аз дасти ин ҷинояткорон фирор ба Русия мекунанд, то каме бошад ҳам озод бошанд. Илова бар ин касе маъракае баргузор кунад, дарҳол танзим меояд ва ба таҳдид кардан шурӯъ мекунад. Мақсад якто: сум кандан аз соҳибхона аст. Дар ҳудуди ҷамоъат15 масҷид вуҷуд дошт, ки 8 -тои онро бастанд. Ҳатто як масҷид фурӯхта шуд. Бо дастури раиси ҷамоъат масҷиди Таги сада фурӯхта шуд. Нафаре, ки ин масҷидро харидорӣ кард. Алибой Наврӯзов мебошад, ки бо лақаби(Алӣ- Ҷенго) машҳур аст. Аз боқии масҷидҳо дар моҳи Рамазони имсола бо баҳонаи сарбозгирӣ сум гирифтанд. Гуё аз маҳалла касе ба артиш нарафтааст ё сарпечӣ кардааст. Аммо, мутассифона намегузоред, ки мо озод намоз бихонем. Ҷой надоред дар масҷид сарбозонро ҷой мекунед, боз масҷид ва намозгузорон гунаҳкоранд.

  Ва имомхатибҳо бошанд  ба монанди тӯтӣ  ҳар чи амният равон кард, ҳамонро мехонанд.

  Деҳаи Сурх бо Қирғизистон ҳамсоя аст. Моҳи январи соли 2022 дар маҳаллаи Таги Сада 11 хонаи сокинон аз тарафи сарбозони қирғиз қисман хароб шуд.

   Ҳамаи коркунони ҳукумат аз амният, МВД, МЧС, ҷамоат рафтанд навор гирифтанд, ваъда карданд, ки ба фармони Пешвояшон ба осебдидагон кумак карда мешавад. Як солу 6 моҳ гузашт кумак нарасидааст. Куҷо шуд ваъдаҳои дурӯғини  ҳукумати пешво.

  Падари Сарвар Обид Аҳмадов ҳам дар ҷамоъати Сурх солҳои қабл раис буд. Бисёр инсони паст, зидди дину масоҷид буд. Аз рӯи ҳамин корҳояш баъди қонуни танзим дар Исфара раиси танзим шуд. Соли қабл ин душмани дин аз дунё рафт. Ва як бародари амаки Сарвар ба номи Ҳасанбой Аҳмадов дар ҷамоъат котиб аст. Аз справка ё метриска ё ҳар ҳуҷҷати дигар пул талаб мекунад. Ин ҳам ранги бародараш Обид Аҳмадов мебошад, зидди дин, паст,ифлос ва хира мебошад.

 Баъди дастгир шудани Камолиддин Шаропов бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо «Ислоҳ»  боз ба дили мардум тарсро ҷо карда истодааст: «давлат зинда, кор мекунад, пайдо мекунад ҳар касе бо мухолифон ҳамкорӣ мекунад»

Бо умеди ислоҳи ҷомеъа ва озодӣ ба миллат ва мардуми азизамон!

                                Шаҳристон

Салом бародари азиз Муҳаммадиқбол! Барномаҳои шумо ва махсусан «Минбари муҳоҷир» ҳозир дар Шаҳристон як инқилоберо ба роҳ андохтааст. Баҳсҳои шумо бо сардори поликлиникаи ноҳия тамоман мақомоти ноҳияро дастпохурда кард. Онҳо талхакаф шудаанд, ки ин ҳама гапу хабарҳоро ба Муҳаммадиқбол кӣ медода бошад. Сардори амният Дилшод Кенҷаев намедонад аз қаҳру алам чи кор кунад.  Гоҳ ба муаллимҳо ва махсусан директорҳо мечаспаду гоҳ ба духтурҳо. Он сардори поликлиникая бурда хеле танбеҳ ва ҳатто ҳақоратҳои қабеҳ додааст, ки бо шумо суҳбат карда натавонист. Маъмури идеологии дастгоҳи ҳукумати ноҳияро ҳам таҳдид кардааст,ки «тъ нашидъ».Хулоса, орому қарорро аз ин чоплусакону косалесакон гирифтед.

Инҷо дар чанд ҷумла дар бораи Абдулвосит Ҳоҷиев, имомхатиби ноҳия мехоҳам маълумот диҳам. Падари ӯ Абдусамад ҳам муллои калони ноҳия мебошад.

Падараш одамҳои беморро мехонад, куфу суф мекунад ва пул мегирад:- 20,30 ва 50у 100 сомонӣ «клентҳо» мепартоянд.

 Нафарони барои хонондан пеши имомхатиб рафта мегуянд, ки аз дари хонааш медароӣ, ки парда кашол кардагӣ, номаълум, пушташро дида наметавонӣ. Имомхатиб занашро ягонҷо намебарорад, ягон кас дидагӣ не, ба куча ҳам намемонад барояд. Ягон кас зани Абдувосит ва модар ӯро дидагӣ нест. Ҳавлии падараш ҳам ҳамин хел ва худи падараш ҳам ҳамин хел. Дар ҳавлӣ парда кашол кардагӣ,нисфаш барои мардҳо, нисфаш барои занҳо.

Абдувосит дар суҳбат бо шумо зидди пушидани ҳиҷоб ва сатр кардани занҳо гап зад. Вале саволи мо аз ӯ ин аст ки агар ҳиҷоб номумкин бошад барои чи зани худашро ҳиҷоб карааст? Барои чи зани худашро ба мардум нишон намедиҳад. Ҳатто хонааш меҳмон равад ҳам нишон намедиҳад. Занаш ягон бор на магазин меравад ва на бозору дигарҷо. Агар мабодо барояд ҳам зери сатру ҳиҷоб.

Абдувосит худаш дар соати корӣ намоз мехонад. Аммо гуфта истодааст, ки омузгорҳо намоз дар вақти дарс намоз нахонанд, мумкин нест.

 Як шиносам нақл кард, ки дар Амрико дар мактабҳо ҷойи махсуси намозгузорӣ ҳаст ва вақти намоз шавад муаллим ва ё талабае, ки намоз мехонад, бемалол онҷо рафта ибодати худро ба ҷо меоварад. Вай гуфт, ки дар мактаб дар моҳи шарфи рамазон барои талба ва устодони мусулмон тамоми шароитро фароҳам кардаанд. Масалан ҳар вақти нисфирузӣ барои онҳо ду иҷозат аст ки бираванду дар утоқҳои алоҳида дам гиранд ва ҳатто хоб раванд. Аммо ин имомхатиби мо мегуяд, ки бачаҳои то синни 18 набояд масҷид раванд, толибаҳо румол набанданд ва агар банданд пушти сар банданд. Вале зану духтару модари худдаш ҳиҷобиву сатрпушанд. Аҷоиб аст ки мулло, ташвиқи беҳиҷобӣ мекунад. Дар барнома гуфт либоси танги туркӣ напушанд занҳо ва он ҳиҷоб нест. Охир дар мо либоси танг ҷой худаш аз танг безбтарашро мепушанд магар ин дуруст аст ҷаноби домулло?

Дақиқ гуфта наметавонам,ки ин кор шудаст ё не, аммо ҳамин имомхатибро ҳам сардори амният барои онки бо шумо суҳбат карда натавонист сахт танбеҳ кардааст.

                                Душанбе

Салом алейкум акаи Муҳаммадиқбол! Лутфан ҳамин номаро, ки мехонед ҳатман дар барномаи «Минбари муҳоҷир» ҳам дар бораи мазмуни он гап занед. 

Ман донишҷуи Донишгоҳи тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино будам. Муаллима дар имтиҳони шифоҳӣ баҳои маро 0 монд, ман онро 3 кардам, то ки гузарам. Инро фаҳмида маро хориҷ карданд.

  2моҳ шуд барномаи шуморо тамошо мекунам. Аммо дар бораи Донишгоҳи тиббӣ ва проблемаҳои он ягон чи нагуфтед. 

Медонед дар ин донишгоҳ чи қадар ҳолатҳои ҳаромхурӣ зиёд ҳаст? 

  Агар шумо дар бораи ректори ин донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич як барнома карда воқеиятҳои ин муассисаро мегуфтед, донишҷуён хурсанд мешуданд.

Ҳамаи омузгорони ин донишгоҳ чашмашон ба кисаи донишҷӯ аст. Донишҷуи тоҷик дар ин донишгоҳ қадр надорад. Ҳиндуҳову покистониҳо аз тоҷикҳо дида қадрашон баландтар аст.

Чи хеле ки медонед, ҳоло мавсими саршавии соли хониш мебошад. Донишҷуёни ба ҷои зист ниёз дошта бояд рафта хобгоҳ гиранд. Тақсимоти хобгоҳ 20 август сар мешавад гуфтанд, боз ба 25ум монданд ва имрӯз 22 аст, ҳоло ҳам чизе маълум нест. 

Донишгоҳи тиббӣ 7 хобгоҳ дорад. То соли 2020 дар 4 тоаш донишҷуёни тоҷикро ҷой мекарданд. Дар як ҳуҷра бояд зиёдаш 4 нафар ҷой шавад, аммо 5 -6 нафарӣ ҷо тоҷикҳоро мекунанд. Соли 2021 хобгоҳи №6-ро ба покистониҳо доданд, ки ман худам онҷо меистодам. Ягон ҷояшро таъмир намекарданд. Зимистон оби гармро барои оббозӣ таъмин намекардан. Ҷумакҳои об вайрон мешуд аз худамон пул ҷамъ карда таъмир мекарданд. Вале ҳоло барои покистониҳо қолинҳои қимат андохтаанду беҳтарин шароит фароҳам кардаанд. Ман дар ошёнаи аввали хобгоҳи 4 меистодам. Дар болои ҳуҷраи мо ошхона ҷой дошт. Хонаамон хунук, боз кам-кам об мечакид. Соли дигар дуруст карданд. Як толори хонише, ки калон буд дар хобгоҳи 7 ҷой дошт, мо дар онҷо мерафтему дарс тайёр мекардем. Соли 2022 онҷоро ба покистониҳо ошхона карданд ва донишҷуёни тоҷикро дар ҷои майдаи танг толори хониш доданд, ки моро намегунҷонад. Хобгоҳҳои № 4, 6 ва 7 дар Қараболо ҷойгиранд. Хобгоҳи №3 дар ру ба руи ширкати «Барқи тоҷик» воқеъ аст. Онҷо, ки беҳтар буд дар соли 2019 ба ҳиндуҳо доданд.

 Тасаввур кунед, ки толори хониши моро ба покистониҳо ошхона карданд. Баъд ин ватан аз куҷо пеш меравад?

Мақсади ман аз ин навишта он аст ки моро дар хобгоҳ ҷой диҳанд. Ҳар сол меравем баҳона пеш меранд, ки ҷой пур шудаст, ҷой нест. То 600-800 сомонӣ пора надиҳӣ ҷой намекунанд. Нархи давлатиаш бошад 1100 сомонӣ аст. Боз имсол хобгоҳи №4ро ҳам ба ҳиндуҳо додаанд.

 Ҳар сол барои хобгоҳ пуламонро мегиранд. Мо бисёрии имтиҳонҳоро бо компютер месупорем. Як намуд бо шумо гап мезананд, ки аз хориҷшавӣ битарсӣ. Яъне метарсонанд, ки хориҷ мекунанд. Баъд маҷбур ҳар як имтиҳонро бихарӣ.

Баъзе имтиҳонҳоро аз1200 то 1500 сомонӣ мехари. Аммо ин пул барои дафъаи аввал аст. Агар аз ин фан 2юм ё 3юм дафъа бошад то 2000сомонӣ мепурсанд. Ин пулҳо ба кисаи Саиди отдел кадр, ки домоди ректор аст ва худи ректор мераванд. Ман худам «посредникӣ» кардагиам. Бовар кунед рӯзҳое буданд, ки дар вақти супоридани имтиҳонҳо то 100 ҳазор сомонӣ кор кардаанд.

 Хулоса, ду нафар яке ректор ва дуввум Саид,сардор шуъбаи кадрҳо донишгоҳро ҳар хеле бихоҳанд, идора карда истодаанд. Баъзе аз донишҷуёни сатрпушро хориҷ карданд. Аммо ба донишҷудухтари покистонии сатрпуш чизе гуфта наметавонанд. Саиди масъули кадрҳо як донишҷуро бе галстук қапид. Сайти утоқи донишҷуияшро маҳкам кард, ки агар маҳкам шавад, ҳукме, ки ту баъд аз ин дар дарс иштирок надорӣ, 1500сомониашро через посредник гирифт баъд кушодаш. Магар бо ин шакл аз ин даргоҳ табиб мебарояд ва миллатро табобат мекунад? Пушаймонам аз дохил шуданам ва ҳазорҳо донишҷӯй ҳам мисли ман пушаймон аст. Вой дод чи кор кунем чорае надорем дигар ҷуз пул додан ва дипломро харидан, дигар тавакали беморон ба Худо.

                                                    Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Ман ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон як гуфтанӣ дорам. Гапи ман гапи нав нест. Вале мардуми азизи кишвар бояд бидонанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов як қаллоби сиёсӣ ва як фиребгари маккор аст. Мо, мардуми Кулоб, бахусус собиқадорони “Фронти халқӣ” сахт пушаймон ҳастем, ки ин ноҷавонмардро дар вақташ дастгирӣ кардем.

Ин номард соли 1999 бо мувофақаи Иттиҳоди неруҳои оппозитсион ба Қонуни асосӣ тағйирот дароварда муҳлати раёсати ҷумҳуриашро, ки танҳо барои як панҷсола ҳақ дошт ба як ҳафтсола дароз кард. Аммо боз зери қавлаш заду мошшеникӣ карда дар соли 2003 ба Қонуни асосӣ тағйирот даровард ва ин як ҳафтсоларо ба ду ҳафтсола иваз кард ва тавре иваз кард, ки ҳафтсоли аввалаш ба ин ду ҳафтсолаи баъдӣ рабте надошт. Ин ҳам камияш кард, ки соли 2016, баъд аз онки Ҳизби назҳатро мамнуъ эълон кард, боз як бори дигар референдум доир карда ин бор худро барои модомулумр иҷзоаи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дод. Хулоса дар тули камтар аз 17 соли баъди Созишномаи умумии сулҳ Қонуни асосиро се бор тағйир дод. Ҳамаи ин се бор тағйирот фақат ба шахси Раҳмонов марбут буд ва дахл дошт. Барои мардум ҳеҷ гармиву сардие надошт. Ин қаллоб ва айёри сиёсӣ аз ҳолати тарси аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳосилшуда мардум ва миллати тоҷикро бо замини сиёҳ шинонидааст ва ҳоло акнун дорад ҳокимиятро ба подшоҳӣ-монархия табдил доданист. Писарашро дар ҷойи худаш раиси ҷумҳурӣ карданисту худашро бо як ниҳоди ҳаромии ташкилдодааш “Асосгузори  сулҳу ваҳдат” ва “Пешвои миллат” дар қудрат нигоҳ доштан мехоҳад. Ва,ҳамин тавр то охири умр мехоҳад, ки аз ҳисоби халқ хураду айшу нуш карда гардад.

  Барои ҳамин ба ягон гапи ин ки дар бораи миллат, мардум ва давлати Тоҷикистон мегуяд, бовар накунед. Мо бояд ҳарчи зудтар ин ҳукумати хонаводагиро сарнагун кунем ва аз дасти қаллобу айёри фиребгар халқро наҷот диҳем.

Бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳиш мекунам, ки  ин номаи маро чоп кунед.

Share This Article