Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №115

Ислоҳ нет

     Ин нома, ки бо он ин шумораи «Номаҳо…» оғоз мешавад, бисёр ҳам дардноку аламовар аст. Сарнавишти як ҳамватани мост, ки дар дасти ин тоифа ва гурӯҳи ноинсоф сиёҳу талх гаштааст. Шумо бубинед, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати қонун, ки бояд аз ҳуқуқи мардум ҳимоят кунанд, ба чи қонуншиканиҳои сангин даст мезананд. Ва аламовартар ин аст ки ҳамаи ин аъмоли ғайриинсонӣ аз номи давлат ва аз тарафи корманди органи давлат содир карда мешавад.

    Раҳмонов хеле аз маъмурину масъулини ин соҳаҳоро дар ин авохир иваз кард. Ҳоло бубинем, ки бо ин нафароне, ки аз онҳо конкретно ном бурда шудааст, чи хоҳад кард:

                         Абдураҳмони Ҷомӣ

      Ассалому алайкум ва рахматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин  нома аз ҷамоати Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, собиқ Куйбишев ба шумо фиристода мешавад. Номаро бар асоси нақли қавли як корманди милиса навиштам, ки  шахси гирифтори ин мусибат ҳоло дар муҳоҷират қарор дорад.  Чанд бор ин капитан ин ҳикояти талху шурро дар назди ман кард. Гуфтам, ки бинависаму ба “Ислоҳ” фиристам, розӣ нашуд. Вале ман вақте худам дидам баъзе чизҳоро дигар гуфтам ҳарчи бодо бод навиштам.  Ба ин умед, ки мақомоти давлатӣ ва махсусан Прокурори генералӣ ва вазири дохилӣ баъди мутолиаи он аз пайи таҳқиқу тафтиши мунсифонаи ҳолат ва вазъияти ӯ мешаванд. Ҳам Прокурори генералӣ ва ҳам Вазири дохилӣ метавонанд, ин номаро ҳамчун муроҷиат ё шикояти расмии як шаҳрванди одии кишвар қабул кунанд.

 Ҳодиса аз чи қарор аст?

  Соли 2021 Қаҳоров Зубайдулло аз оилааш ҷудо мешавад. Оилааш ба ӯ хиёнат мекунад. Соҳиби се фарзанд ҳам буда аст.

 Қазияи ҷудо шудани Зубайдулло аз ҳамсарашро вақте пурсидем ба мо гуфтанд,ки ҳамсараш Хиромон бо як зани ҳамсоя ҷанҷол мешавад ва он зани ҳамсоя мегуяд,ки ту бо фалон марди бегона дар набудани шавҳарат муносибат дошти ва шавҳарат дайюс аст. Танҳо ин суханон сабаб гашта будааст,ки Хиромон аз хонаи шавҳараш баромада худаш равад ва Зубайдулло ӯро талоқ надода будааст ҳатто. Вақте Зубайдулло аз Хиромон талаб мекунад биё дар додгоҳ бе гуноҳиятро исбот кун то зиндагони кунем. Аммо Хиромон мегуяд,ки не ман инкорро намекунам ва зиндагонӣ ҳам намекунам. Пас аз он Зубайдулло талоқашро дода будааст.

28 апрели соли 2022 ӯро участковияшон Комил бо ҳамроҳии старший участковий аз хонаашон гирифта ба шуъба милиса меоваранд. Ба утоқи кории Музаффар Бойматов, сардори шуъбаи милиса медароранд. Дар кабинети началники милиса хусураш якҷо бо началник нишастаанд. Хусураш аз Ғарм, аз ҷамоати Қазноқ, деҳаи Вардуч, Баҳриддин Асоев ном дорад. Музаффар Бойматов, сардори милиса ӯро чор рӯз муҳлат медиҳад ва мегуяд, ки «мерай Ғарм накалени мезани дар пеши хусурут, занта мегирӣ миёрӣ». Вай ба кала нагирифтааст. Боз, чанд рӯз пас Комили участковий аз хонаашон ба отдел меоварад. Сардори милиса якҷо бо калони участковийҳо Ғайратов Амиршо Аҳтамович ,ки ӯ ҳам ғармӣ аст дар дастҳо ва ҳам дар пойҳояш завлона (наручник) мезананд ва се соат бо дастаи бел, ҳамчуноне як харро мезананад, мезананд, намекушанду халос. Дуюм рӯзи моҳи шарифи Рамазон. Ӯро аз соати 15.00 медароранду соати 22.00 ҷавоб медиҳанд. Рӯзадор буд. То аз хонаашон ҳардуи паспорташро намеоваранд, ӯро ҷавоб намедиҳанд. Пагоҳаш мераваду дар Қурғонтеппа аз судмедэкспертиза мегузарад. Ягон адвокат ҳозир намешавад, ки аз номи вай ҳатто шикоят нависад. Бо як омузгори шиносаш якҷо мешаванду бо даст ба номи Қурбон Зафарзода, прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ домоди Нуриддин Раҳмонов шикоят менависанд. Ду рӯз мегузарад. Ӯро аз прокуратура занг зада мегуянд, ки ҳуҷҷатҳоро оригиналашро биёварад. Нусха қабул карда намешавад. Ман набурдам, гуфтам намешавад, ман пеши Юсуф Раҳмон меравам. Ҳамон бегоҳ раиси маҳаллаашон занг зада ба дари хонаашон бо велосипед меояд. Номаш Маҳмадсафар Мирзоев. Гуфт, ки фарёдат доранд: «натарс, биё равем» мегуяд. Ин одам бо ҳамроҳии раиси маҳалла меравнад, аз ҳудуди деҳа берун, дар назди як заправка. Онҷо 3 мошин истода будааст. Нишон дод, ки пеши ҳамон мошинҳо биравам: «ма велика дар запрафка мемонм миём». Вале раиси маҳалла ӯро монда худаш мегурезад.

Дар як мошинаш Дӯстов Ҷумъабой тағои занаш, милисаи собиқ ва Пулод Раҳимов, сардори УУР, Ғайратов Амиршо ва Музаффар Бойматов нишастаанд.

Музаффар Бойматов ӯро пистолет мемонад, ки «бо ту жаловт мекни ай мо?».

Мегуяд, нишон доданд, ки полни коғазҳои жаловат навиштагияш дар дасти онҳо буд. Дастур ва таъкид мекунанд, ки пагоҳ кабинети участковий фарёдат мекунем, чизе мегуем, ҳамон тавр менависӣ, ҳамон гапҳое, ки мо мегуемат, пеши компютер мегуӣ, мо запс мекунем. Вай ба кала намегирад. Таҳдид мекунанд, ки агар ин корро накунӣ ягон аъзои хонаводаат зинда намемонад. Ҳама авлодта мекушем ва ҷавобшонам метем, медони мо кӣ ҳастем?.

Раиси маҳалла маҷбур мекунад ва мераваду менависад. Саҳар меравад Қурғонтеппа ва ҳамон ҳуҷаатҳоро боз аз сари нав мегирад. Дӯстов Ҷумъабой ва сардори милисаи ноҳия Музаффар Бойматов руирост мегуянд, ки мо фармудем, ки туро бизананд: «бра пеши Юсуф Раҳмон, духтари Юсуфта ме..йм. Вай мегуяд, ки барои ин корҳои кардаатон то пеши Ҷаноб меравам. Дӯстов Ҷумъабой мегуяд, ки духтари Рустамтро ме…м».

Ин капитан мегуяд, ки наворҳои аудиоиашонро дорад, диск кардааст ва якҷо бо делояш мебошад.

Хуллас Музаффар Бойматов даҳ рӯз муҳлат медиҳад, ки дар Тоҷикистон набошӣ. Ва ӯ моҳи майи соли 2022 маҷбур тарки Тоҷикистон карда ба хориҷа меравад ва аз ҷабри ин ҳомиёни ҳуқуқ бозгашта ба ватан рафта наметавонад.

Дар мавриди ҳамсари Қаҳоров Зубайдулло чунин маълумот расидааст,ки  дар Ғарм ҷамоати Қазнок дар мактаб  муаллима шудааст вале  бе ҳуҷҷат яъне диплом надорад ва номаш  Асоева Хиромон Баҳридиновна. Мардуми  Қазнокиҳо донанд, ки ин зан хиёнаткор тарбияашон карда истодааст.

Ин бародар мегуяд, ки модараш дар 73 даромадааст ва ҳаррӯз дар пеши идораи прокурору суд. Безор шудааст. Ҳар вақт фарёдаш мекунанд.

Мегуяд, ки Ҳеҷ кас чени Қаҳоров Зубайдулло алимент намедиҳад. 120 то 160 сомонӣ сари фарзанд аст. Мо ҳар моҳ 200 сомонӣ 600 сомонӣ месупорем. Дар хонаашон ягон чиз намондааст. То ангиштҳояшонро хусураш омада бо участковий гирифта бурдааст. Паяҳошонро ҳам ба ҳамсояҳояшон фурӯхт. Ин бечора куҷо биравад, пеши кӣ арзу додашро расонад. Се сол шуд алимент месупорад. Чанд бор шуд мехостааст ЗАГСашонро ҷудо кунанд, намегузоранд. Мегуянд ба Қаҳоров Зубайдулло ки 18000 сомонӣ раву дар бонк супор, квитансияашро биёр баъд. Ин чи давлатдорӣ аст?

 Як нафарро Парвиз мегуянд. Қадаш 2 метр. Дар отдел охрана кор мекунад. Гуфт делои ӯ аз КПП он тараф гузаштагӣ нест. Делоҳояш гирдгирди Прокуратура гашта истодааст. Через КПП бояд гузаронӣ. Як чиз ба дасташон медиҳӣ баъд мебаранду месупоранд».

  Падараш соли 1988 аз дунё гузашта шудааст. Модари 73 солаашро ҳаррӯз даъват мекардаанд. Аз прокуратураи Ёвон. Вақте нарафт боз аз суди Ёвон фарёд мекунанд. Штрафаш омадаст 360 сомонӣ. Ин хусури беномусаш  аз болои модараш шикоят кардааст. Дар куҷо дуруст мегирад, ки кампири 73соларо ба ҷойи бачааш штраф кунӣ. Ин чи хел қонун  магар ҳаст?

Як Пулоди уголовник ҳаст ҳар коре хоҳад мекунад вақте тибқи қонун хости фаҳмони ва даъво куни бовар кунед руй рост мегуяд:  “мара кришам Дӯстов Ҷамшед корманди коррупсия ҳаст ва ӯ ҷурай Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода ҳаст куҷое мефорат шикоят куни рафта кардан гир мада ягон праблема намешавад.”  Шахси мушкилотдор аслан аз ин нома огоҳи надорад ин нома аз А.Ҷомӣ расидааст ва ман ҳар коре кардед мефаҳмам ва боз натиҷаашро ба “Ислоҳ” мерасонам, ман гуфтаму шумо шунидед!  

                                                  Ҳисор

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ бародар Муҳаммадиқбол. Ягон 20 рӯз зиёдтар шуд аз ҳамин меҳмонхонаи усто Набот (аксашро роҳӣ кардам) 450 кило маводи мухаддир қапиданд: бангу чарсу таблетка, кристалу героин. Вале хапу хомушанд. Дина шаб рафтам. Дар ҳақиқат дар дараш печат задагӣ буд. Онҷо ментҳо истода буданд. Печатро сурат гирифта натавнистам.  Овоза андохтанд, ки гуё налогро насупоридаст, барои ҳамон маҳкам кардаанд. Дар асл аз кадом амбор ё кадом гушаи ин меҳмонхона маводи мухаддир қапидаанд.

Ҳоло овозаву дарвозаи зиёд аст. Гуё ин меҳмонхона ба сифати склад-тайники маводи мухадири  наркобизнес Ана (Анвар ном дорад) истифода мешудааст. Боз овоза ҳаст ки ба меҳмонхоаи усто Набот чизе намешавад. Ин борҳои Зоир аст.  Худи Ҷаноб халосаш мекунад.Боз мегуянд, ки ин бо супориши бевоситаи Юсуф Раҳмон шудагӣ аст.

Хулоса, ҳазоруяк гапу хабар. Вале инки дари меҳмонхона муҳру мум карда шудааст, воқеият аст. Касе бовар намекунад, ки ин меҳмонхона аз налог қарздор бошад.

                                         Рашт
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо, аз онки раиси порахури Раштро аз мақом барканор намуданд, хурсанд шудем. Аммо як одами ношиста, носазовар ва бадахлоқу бетарбия-Идиева Заринаро ба ҷояш оварданд.
Афсус, ки аз як ҳаромхур халос шудем вале ба як одами бадтар аз вайро оварданд, ба як бе рӯ ва .. сару кор мегирем. Аз борон гурехтему зери новадон мондем. Ин раиси ҳозираи ноҳияи Раштро Шумо ҳам хуб мешиноседаш. Чунки солҳои пеш наворҳои видеоияш карда будед. Бо Нуралӣ-сиёҳ, раиси КДАМ-и онвақтаи минтақаи Рашт амалҳои маҳрамона мекард. Ин раиса шавҳар дорад, лекин органҳо ва одамҳои калони мақомҳои болои бо ӯ равобити зич доранд. Барои вазифа шуда ба ҳар кор қодир аст.
Каме маълумот дар борааш равон мекунам.
Идиева Зарина Фузайлшоевна духтари Фузайли ҳаромхур аз деҳаи Қазноқ мебошад. Бародаронаш инҳоянд:

1.Идиев Фаррух Фузайлшоевич, собиқ корманди амният, нафақхур. Ҳоло сардори Идораи нозироти андози ноҳияи Нуробод аст. Пештар дар ноҳияи Рашт сардори Идораи нозироти андоз буд. Дар ҷойи вай дар Рашт Нуров Абдулло Қулмаҳмадович омад.
2) Идиев Файзалӣ Фузайлшоевич,  собик ректори Донишкадаи омузгорӣ дар ноҳияи Рашт. Айни замон вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аст.
3) Идиев Фирӯз Фузайлшоевич, сардори Ширкати фурӯши барқ дар ноҳияи Рашт аст.
Ин хонаводаро гуё Шукурҷон Зуҳуров, раиси пешини Маҷлиси намояндагон ва Азим Иброҳим, вазири нақлиёт дастгирӣ мекунанд. Чунки падари ҳаромхураш дар вақташ лаганбардор ва …оялеси ҳамин нафарҳо буд. Ҳоло дар қайди ҳаёт нест.
Ман ҳайронам, ки ин Идиева чи хел кор мекунад. Умуман савод ва маҳорату қобилияти роҳбарӣ надорад.

  Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳаромхур буд, аммо савод дошт, ҳама зинаҳои даркориро гузашта буд. Акнун оқибатамон ба хайр шавад…

                                           Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мақолаи муфассали шуморо роҷеъ ба Рустам Холиқов, раиси собиқи «Тоҷикэйр» хондам. Ҳар ончики дар он мақола навштаед садфисад дуруст аст. «Тоҷикэйр»-ро амдан ва махусус муфлис ва варшикаста карданд. Танҳо барои онки Сомонэйри Ҳасан Асадуллозода бозори арсаи ҳавонавардии Тоҷикистгнро монополия кунад. Аммо боз як нуктаи дигар ҳаст, ки дар ин матлаб зикр нашудааст, шояд фаромӯш шудааст ва ё шояд аз ин паҳлуи масъала дарак надоред. Гап дар бораи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон меравад. Ҳар як самолёте, ки аз болои Тоҷикистон парвоз мекунад, яъне ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур мекунад, тибқи қонунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба Тоҷикаэронавигасия боҷ месупорад. Тоҷикаэронавигатсия ҳама радарҳоро дорад. Дар замони шуравӣ ҳама қаламрави ҳавоии Тоҷикистон дар зери назорати як ташкилот, Аэрофлот буд.

   Акнун он ҳам аз они Оила шуд. Аз Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (ЕБРР) қарзу  грант гирифта асбобу афзори лозим барои иҷрои назорати ҳарими ҳавоии кишварро дастарс карданд ва ҳоло ин қаламрави ҳавоӣ, яъне осмони Тоҷикистонро ҳам аз они худ карданд. Ва, инҷо ҳам садҳо, шояд миллионҳо даромади муфт дорад, ки ба ҷайби ин Оила меравад.

Як нуктаи дигар. «Тоҷикэйр» пули донишҷуёни тоҷикро, ки дар хориҷа таҳсил мекаранд бе ягон тағобозӣ пардохт мекард, масалан дар донишгоҳҳои олии Русия, Қазоқистон ва Украина. Се нафар ҳамсинфи ман бе ягон пора он донишгоҳҳоро хатм карданд, ки пули таҳсил ва бақия хароҷоти онҳоро «Тоҷикэйр»  пардохт карда буд. Яке лётчик шуд, дуи дигар борт-механик, яъне самолётро тармим мекунанд. Баъд аз пош ва муфлис (банкрот) кардани «Тоҷикэйр» » аз Сомонэйр омаданду ба онҳо гуфтанд акнун бо мо кор мекунед. Ин ҳамсинфҳоям принсип карданд. Ҳозир яке аз онҳо Африко, дуюм дар Канада ва сеюм дар Ҳиндустон ҳамчун мутахассисони беҳтарин кор мекунанд.

  Ҳар касе, ки бо Сомонэйр шартнома баст, аввал маошашон хуб буд, баъд бо ҳар баҳона то 200доллар фароварданд. Акнун фикр кунед шахсе бояд самолётро пурра дида барояд, масъулият ва ҷавобгарии онро барои коршоямӣ ва дурустии он пеш аз парвоз бар уҳда бигирад ва замонати дурустии онро бидиҳад $200 дар як моҳ маош мегирад. Ягон намуд социалний пакет, яъне истироҳат, табобат, рафтан ба санатория надоранд барои коргарҳо намедиҳад. Дар ҳоле, ки «Тоҷикэйр»  ин ҳамаро дошт, боз бонус медод. Мешавад гуфт, ки Сомонэйр тамоман профсоюз надорад.

                                          Хуҷанд

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи як масъалаи бисёр ҳам доғу ҷиддӣ ба шумо гуфтаниям. Ончуноне аз навиштаҳои сокинони дигар минтақаҳои кишвар дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» хондам, масъалаи мавриди назари ман, ки ташвишу изтиробҳоро дар Хуҷанд ҳам ба бор овардааст, дар минтақаҳои дигар ҳам боиси азобу азияти мардум гашта истодааст.

Ҳозир нозирони участкавӣ ва кормандони дигари милиса мардумро дар кучаҳо ва дар ҳар куҷои дигар доштаву дастгир карда телефонҳои онҳоро гирифта истодаанд. Онҳо бо баҳонаи онки ту бо мухолифин гап задаӣ, ту бо Ислоҳу ту бо Гуруҳи 24 дар алоқа будаӣ аз мардум пул канда истодаанд. Тарсонида истодаанд, ки агар ин миқдор пул наоварӣ телефонатро баъди суд шудан ва чанд сол шиштан омада мегирӣ. Ҳамин тавр барои риш ҳам мардумро азият дода истодаанд.

Як нафар милиса ҳатто гуфтааст, ки дидед, ки худи Пешвои миллат чи гуфт? Гуфт, ки дар сотссетӣ даромада фикру ақидаи худро дигар мекунанд. Ин гапро дар паёмаш гуфт ва моро вазифадор кардагианд, ки теефонҳоро проверка кунем.

Як нафар аз мансабдорҳо, ки дар ҳамин ҷаласаи Паём иштирок карда будаст, дӯсти як шиносам аст. Номашро намегирам. Аммо ин шиносам аз қавли ҳамон нафар гуфт, ки дар он ҷалса Раҳмонов ба ҳамаи онҷобудаҳо таъкид карда гуфтааст, ки ҳар яки мову шумо хешу табори муҳоҷир дорем. Медонем, ки қисми асосӣ ва шумораи зиёди аҳолии ҷавони мо, аҳолии қобилияти кори мо дар Русия аст. Ҳар касе инҷо шиштагӣ ҳатман хешу табори муҳоҷир дорад. Гуфтааст Раҳмонов:

«Шумо гуфтааст, Раҳмонов, ба онҳо ҳатман бифаҳмонед, ки бо он гуруҳҳои ифротӣ ва хоинони миллат алоқа накунанд, тамошо накунанд, ба гапҳои онҳо бовар накунанд, шарик нашаванд, барои худи онҳо оқибати вазнин дорад. Қонун манъ кардагӣ. Шумо онҳоро насиҳат кунед, маслиҳат диҳед, ки таҳти таъсири таблиғоти онҳо наафтанд»

 Аммо, бояд як чизро руирост гуям, ки коре, ки дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд карданд, яъне то муовини раиси ноҳия, сардори шуъбаҳо, сардухтур ва ғайраҳоро тавассути бахши иделогӣ ва худи амният маҷбур карданд, ки дар барномаи онлайнии Минбари муҳоҷир иштирок кунанд, ҳатто имомхатибҳоро водор карданд, баракс бар зарарашон шуд. Шумораи тамошочиҳои Ислоҳ, бовар кунед, ки як бар ҳазор афзуд. Муаллимҳо, ё духтурҳо ё дигару дигараш дар ҷойи кор рафтанду воҳимаро заданд, ки шаб бо Муҳаммадиқбол баҳсу ҷангҷол кардааст. Ин як рекламаи ройгони саросарӣ шуд.

Ҳатто ин хел гап ҳам баромад, ки дар як хона чанд кас тамошо мекардаанд, ки кампири мома мепурсад аз наберааш, ки ин бача аз куҷо гап зада истодааст, дар ватан ҳаст? Набера ҷавоб медиҳад, ки не бибӣ, ин одам дар хориҷа аст.

Ҳа, маълум, мегуяд кампир. Агар дар Тоҷикистон буд, кайҳо мекуштанаш.

                                       Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Як чизро мехоҳам ошкор кунам. Ман чандин сол, наздик ба 25 сол, дар яке аз мақомоти бисёр ҳам калидӣ ва дар вазифаҳои баланд кор кардаам ва ҳоло нафақахурам. Дар бораи ҳаҷми нафақаам чизе намегуям, чунки кирои ба забон овардан намекунад. Ман барои ин ҳукумат, махсусан барои ин Оила хеле зиёд кор кардаам. Ман хеле ҳам хуб медонам, ки Раҳмонов доғи он аст ки Рустамро ба ҷои худаш биоварад. Ба ин гапҳо, ки Озодаро меоварад, тамоман бовар накунед. Аммо ҳам дар берун ва ҳам худаш ҳануз мутмаин нашудаанд, ки Рустам метавонад, ки корро пеш барад. Русҳо ва махсусан Путин ба ин тарҳи Раҳмонов дар ҳоли ҳозир розӣ нест. Чунки Путин аз Толибон дилпур нест ва чанд вақт пеш, ки Раҳмонов ба Қатар рафт, мақсадаш ин буд, ки тавассути роҳбарияти Қатар ба Толибон таъсир расонад, ки дар омадани Рустам мухолифат накунанд.

Дар ҳамон ҷаласаи охири Шурои амният, ки чандин нафар аз генералу кадрҳои ботаҷрибаро аз мақомоти қудратӣ гирифт, ба он ҷиҳат буд, ки аз резултати корҳои онҳо розӣ набуд.

Раҳмонов мехоҳад худаш ва писарашро ҳамчун меъморони Тоҷикистони замони истиқлол эълон кунад. Барои ҳамин бисёр мехоҳад, ки Рустамро оварад. Аммо, вақте аз наздиконаш дар бораи айёшиву наркомании Рустам ва корҳои бади вай хабарҳоро мерасонанд, «дилша меқапаву мега и паат кай баақл мешида боша».

Аз ин тағйирот дар мақомоти қудратӣ, аз ҷумла дар Прокуратураи генералӣ набояд ягон чизи хуберо интизор шуд. Боз ҳам ҳар касе, чи Рустам ва чи Озода ва чи Юсуф Раҳмон дар мақомоти асосӣ одамҳои худашонро монданд.

Юсуф Раҳмон ҳамаи онҳоеро, ки дар вақташ Зоири паканаи мундуқ монда буд, хеле ҳам хушру аз наздаш дур равон кард. Ба як навъе фаҳмонд, ки фарқе надорад, ки ҳамкурсӣ, ҷураӣ, хешӣ, бояд доляро маро диҳӣ, «баъд вазифа». Агар пеш дар таъйин кормандони болоии Прокуратураи Генералӣ ва дигар мақомот Зоир  нақш дошт, «доля»-ро мегирифту мемонд, ин бор Юсуф Раҳмон худаш гапзану сум гир. Бинобар нақли як шиносам, ки ҳоло ҳам сари кор аст

  Зоир ба як хели онҳо гуфта буд, ки «намерасантон, к…тона ғам набоша», вале Юсуф Раҳмон тавонист, баъзе «ключевой персонаҳо»-и Прокуратураи Генералиро дур бурду монд. Барои бо онҷо истоданашон ҳам доляҳои калон талаб кардагӣ аст.

Инро ҳам бигуям, ки ба Раҳмонов ҳатман барномаҳои шуморо нишон медиҳанд ва дар бораи он барояш маълумот медиҳанд. Баъди як барнома, ки ё свет ё инқилоб буд, дар ҳақиқат сахт тарсида буд.

Дар ҳамон ҷаласаи Шурои амният хеле ҳам сахт гуфтааст, ки ҳеҷ коре карда натавонистед,  ки знуки ин Ислоҳ ва Муҳаммадиқболро бигиред. Аммо коратон куни ҳамдигаратонро кофтан аст. Амният аз милиса,милиса аз амният. Вале конкретний резултат надоред.

Дар долонҳои ҳукумат баъди ҳамон барномаи ё свет ё инқилоб хелеҳо беқарор шуда мегуфтанд, ки «хай чи даркор мо ба афғонҳо барқро медиҳему ба мардуми худамон намедиҳем. Ин кор оқибат сари моро мехурад»

  Аммо, баъди нашри ду мақолаи охир дар бораи Кулоб боз ҳам ташвишу даводав ва тапартупурҳо зиёд шудааст. То ҷое шунидам, қувваҳоро махфиёна ва пинҳонӣ ба гирду атрофи Кулоб кашонида истодаанд. Инҳо боли Кулоб чи балоеро оварданианд. Пул ҳам ҷудо кардагинад. Бояд соли гузашта мекарданд, аммо аз чизе хавотир шуданд. Вале ин нооромӣ ва хунрезиро ҳатман дар Кулоб карданианд.

Дар ҳақиқат баъзе аз ба ном элита, бизнесменҳо, мансабдорони сатҳи васат ва дигар афроди бообру аз номардиву ҷафидану кидатшавиҳо, дар умум ноадолатиҳои наздикони Раҳмонов сахт дар хашму ғазабанд.

Исмоили пингвин духтари яке аз Кулобиҳои бонуфузро, ки ноболиғ будааст, ҳомила кардааст. Гуё

  Раҳмонов наздиконашро ҷангу танбеҳ мекардааст, аммо ҳамаашон боз кори худашонро мекунанд ва корро «наоборот» мекунанд. Ҳоло ҳар касе чи коре тавонад, карда истодааст.

Барои ҳамин гуё кадрҳои навро ба Кулобу Бохтар таъин кард.

Як чизи дигар инки дар чанд рӯзи охир шумораи нафароне, ки аз минтақаи Кулобанд, хеле зиёд аз Русия баргашта омада истодаанд.

  Ҳоло як ду се нафарӣ омадаанд. Аммо рафиқам гуфт, ки қарор аст рӯзҳои наздик нафарони зиёд аз мақомот бо гражданский либос дар меҳмонхонаҳои Кулобу  Данғара, Восеъ, Муминобод ва дигар наздикиҳо ҷойгир мешаванду корро сар мекунанд. Аммо аз он дар хавотиранд, ки агар дар минтақаи Кулоб ягон чи шавад, 80 фоизи мансабдор дар сохторҳои қудратӣ ва дигар нафарони бонуфуз аз он ҷоянд ва имкон надорад, ки бар зиди хешу табори худ тирандозӣ кунанд. Дар амалиётҳое, дар Ғарму дараи Камаробу Бадахшон доир карданд, кормандони мақомотро  фиреб доданду гуфтанд, ки бояд душманони миллатро нест кард. Дар Кулобу минтақаи Кулоб ин ҳилла ба кор намеравад. Чунки ҳама хешу таборанд ва медонанд, ки намешава онҳоро душман баровард.

Аз як тараф ночор аст дар овардани Рустам сабр пеша кунад, аз тарафи дигар афзоиши норизоиятии мардум ва аз ин ҳама гузашта вазъи саломатиаш Раҳмоновро таҳти фишор қарор додааст ва сахт метарсад, ки контролро аз даст диҳад.

Нафарони зиёде, ки аз мардуми минтакаи Кулобу Данғара дар хориҷаанд, ба наздиконашон алоқа карда гуфтаанд, ки хавотиранд, ки чи мешуда бошад. Баъзеаш хеста Тоҷикистон рафтанианд. Баъзеаш гуфта истодаанд, ки агар ягон кор кунанд, то охир меравем.

 Мардум дар фишфиш задаанд. Хусусан минтақаи Кулоб. Дар ҳақиқат мардум бояд баргардад ба хотири ҳифзи зану фарзанду модару падар ва хонаву дараш.

 Мардуми Кулобу Данғара аз Раҳмонову оилааш сахт дилмонда ва сахт хафаанд. Аммо хислату одати тоҷикии мардуми мо он аст ки ҳамаро тоқат мекунад. Аммо дигар нафароне, ки мақсадҳои ғаразнок доранду ҳукуматгир инро хуб медонанд ва аз ин истифода бурданианд. Ин бисёр хатарнок аст. Мардуми оддӣ бешак ин дафъа сахт шикаст мехураду хуни зиёд мумкин аст, ки резад. Нақшаашон ҳам ҳамин аст ки мардумро бизананд ва боз ҳам битарсонанд. Мардум бояд ҳушёр шаванд ва то соати даркорӣ сабр пеша кунанд.

Он бародар гуфт, ки дар Шурои амният дар ҳолати гиряву ғазаб қарор дошт:

 « … сол буд шид, ягон результат нест. Фақат таъриф. Ина миёрем Кабирира, ина меқапемша. О, ҳаму ҳаромора нарасен, коршон нагирен. Каданиен, қапиданиен, мекшен, чоре мекнен,намекнен хапу дам кнен. Шумо хутон рекламашон мекнен.  Иқа ҷакид-ҷакид хап мекнан…

Канӣ результат, ку гуфтагиётон? Чодай, ку ягонташа қапиден? Чида дар вилояти Суғд ҳам пешравӣ мешавад ва ҳам ҳама корошон тибқи нақша? Чаро дар Хатлон коро тамоман дига, фақат ҷангу ҷанҷол?»

Боз Раҳмонов дар як ҷаласа сахт Шоҳрух Саидро ҳар гап гуфтааст,ки ҳушёр бош ва мисли отат накун! Шоҳрух як група ташкил карда будааст кораш подтставаи мақомдорон ва пул кор кардан аз онҳо будааст. Чанд вақт пеш як прокурорро,ки ӯ боз писари Қурбоналӣ Ҳусйнови Ховалингӣ ,ки аз одамҳои наздики Бобохонов буд дар назорати гумрук. Муҳим писари ӯро хостан бо 25 кг маводи мухадир подстава кунанд. Чор роҳзани Шоҳрух ӯро даъват мекунанд ва мехостанд,ки дар мошинаш маводро гузоранду боздошт ва баъд гуянд,ки генерал Саидзода Шоҳрух кори шуморо ҳал мекунад яъне 200 ё 300 ҳазор медиҳи мебарои. Аммо ин прокурор чор нафари одамҳои Шоҳрухро мезанад ҳама аз пой меафтанд. Як нафараш бо тапонча прокурорро мепаронад вале намемурад. Ана ин қазияро шахсан Юсуф Раҳмон зери назорати қатъиии худ мегираду ба Раҳмонов мерасонад. Дар умум вазъияти Шоҳрух хело хуб нест. Ҳушдори Раҳмонов ба Шоҳрух дар ҷаласа дар назди ҳама албатта авоқиби хуб надорад. Аммо боз мебинем чи мешавад.

Ин бародар гуфт, ки Раҳмонов руирост ишора кард, ки Суғд «доля»-ро саривақт меорад, бидуни каму кост. Аммо дар Хатлон ин тавр нест. Кураторҳое, ки дар онҷо Раҳмон мондагӣ аст нимаш хусурбачаҳои худашанд, сумҳоро мегиранду ба бизнесҳои худашон мезананд ва бардуруғ мегуянд, ки фалон ноҳия ё минтақа надод. У бечороҳое, ки доданд, наметавонанд бигуянд, ки мо додему хусурбачаҳоятон, ё домодатон ё набераатон дуруғ мегуянд. Метарсанд.

Дар Хатлон боз як масъалаи дигар ҳаст. Ин рақобат бар болои наркотика ва роҳҳои қочоқи маводди мухаддир. Баъзе аз одамҳои Зоир ҳоло бо Юсуф Раҳмон часпонидаанд. Мақомот дар ин бизнес чанд тақсим шудаанд. Қисмаш тарафи Зоир, қисмаш тарафи Юсуф Раҳмон. Чанд бор барои «бор» байни ҳам ҷанг шуданд, аммо хапу хомуш карданд. Аммо СС.Ятимов гушҳояшро чур ва баҳузур боз кардааст ва ҳарчи ки медонад навишта ба Раҳмонов пешниҳод карда истодааст. Барои ҳамин Раҳмонов ҳамаи онҳоро, ки дар Хатлон буданд, дар Шурои амният аз кор озод кард.

  Юсуф Раҳмон барои он Ҳабибулло Воҳидовро аз Агентии зидди нашъа оварду муовин ва сарпрокурори ҳарбӣ монд, ки вай  сарҳадчичҳоро назорат кунад ва дар қочоқи маводи мухадир бо Юсуф Раҳмон шарик шавад, чунки дар ин чанд соли дар Агентӣ кор кардан ин бизнес ва манобеъу гуруҳҳову масирҳоро хуб омухт.

                                             Шаҳринав

Ассалому алайкум! Ман аз ноҳияи Шаҳринав менависам. Дар бораи вонкоммат-комиссариати ҳарбӣ гуфтаниам. Масъулиги военкомати Шаҳринав бар ивази 15-20 ҳазор сомонӣ барои шумо документ карда медиҳанд. Ҳуҷҷатии нигоднигӣ мекунад. Лекин агар шумо аз онҳо документ нагиред, ҳар рӯз дар дари хонаатон омада ҳамаҷоро тит карда дар ҷонатон мезанад. Мақсад маҷбур мекунанд, ки документ кунед. Барои онки онҳо суми онро дар кисаашон мезананд. Лекин документи он дар ягонҷо намегузарад. Фақат ҳамин ки дар хонаатон повестка намеояд. Боз сахт таъкид ва огоҳатон мекунанд, ки аз хонаатон набаро, агар дар куча қапидем хизмат меравӣ. Ҳама маҷбур документ мекарданд. Баъд, пеш аз саршавии мавсими облава, моҳи сентябр меомад, набаромада дар хона хоб мекард. Лекин ҳоло документ кардагӣ, накардагиҳо фарқ надорад, дар хонааш даромада маҷбур қапида бурда истодаанд.
Чанд кас гуфт, ки дар военкомат ака охир худат документ кардагимон буди «бо чаро дар хостаги вақтут омада напурсида ягон мардак ҳастай ё не дуромадан мегирӣ». Як баҳона дорад, ки калони вайником дигар шуд. Лекин дар асл дуруғ аст, калони военкомат « алиш- палиш» шудаги нест.
Чандин нафар гуфт, ки бачаи ман нигодний аст, документ дорад. Аммо онҳо мегуянд, ки «ин документро дар к…т зан, ин чи хели документ аст, ин фалшивий аст». Боз мегуянд, ки касе документ кардагӣ бошад, ба ҳавай рафта гу ва фиреб медиҳад, ки вай дигар перевод карду рафт дар дигар ҷой ва ҳозир каор намекунад. Хулоса инҳо ҳам фиреб мекунануд сум мегиранд, такроран сум медиҳӣ. Боз баъди як-ду моҳ якеи дигараш меояду он ҳам айнан бо ҳамин роҳу усул сум мегирад. Хулоса,мардум дар Русия истода кор мекунаду аз ҳар ҷиҳат Раҳмонов, оилаи вай ва ҳукумати вайро хуронида истодааст.

Бовар кунед аз кучаҳо, аз паркҳо, аз масҷидҳо бачаҳоро қапида дар ДОСАВ  мехованем гуфта капида бурсоден. Аз масҷиди Шаҳринав дар намози ҷумъа 10 -15 касро қапида рафтанд. Ҳозир одамҳо аз баромадан ба куча ва рафтан ба намози ҷумъа метарсанд ва намераванд. Аз Русия меоянду як ё ду моҳ меистанду бармегарданду мераванд муҳоҷират.  
Бовар кунед, одамҳо дуо мекунанд, ки корашон дар паспорний стол, дар ҷамоат ё  ҳукумат наафтад. Барои гирифтани ягон ҳуҷҷат равед мегуянд, ки ба ин ҳуҷҷат имзо кун, ки хизмат меравӣ баъд коратро буд мекунам, масалан барои ягон справка ё ягон ҳуҷҷати дигар.

Барои гирифтани паспорт ба паспортний стол равед ҳам айни ҳамин гапро мезананд: аввал барои хизмат имзо кун мегуянд. Аммо, мо ҳоло 16 сол ҳастем, то хизмат ду соли дигар ҳаст. Майлаш мегуянд, имзо кун, ба он тарафаш корат набошад.

Дар Шаҳринав дар сари пул як дискотека ҳаст. Бо чашмонам дидам ва онҳоро шахсан хуб мешиносам, ки бачаҳои 14 -15сола ҳар рӯз мераванд. Ягон кас ягон чи намегуяд. Аммо барои ба масҷид даромадану тоату ибодат кардану қарзу фарзи бандагиро баҷо овардан бачаҳои то синни ҳаждаҳро иҷозат амедиҳанд, ҳатто агар то ин син ду ё се моҳ монда бошад баҳона карда намегузоранд, ки бидароӣ. Ман худам шоҳиди ин ҳодиса ҳастам. Дар дари масҷиди Шаҳринав ҳамеша милисаҳо меистанд. Агар ягон кас ба ҳаждаҳ норасида дохили масҷид шавад аз 600 то 5 ҳазор сомонӣ штрафаш мекунанд.

 Бовар кунед дари масчид барои аз 18 поён маҳкам аст, худи имомхатиб намегузорад, ки вориди масҷид бишаванд, аммо дари дискотека барои аз 18 поён ҳам кушодаву аз 18 боло ҳам. Дари дискотека барои хама кушода аст. Маҳдудият вуҷуд надорад.  Идибек дина гуфт валлоҳи кудакҳо дар масҷиданд, агар мард бошад биёяд Шаҳринав баъд видё кунад росташро мегуяд ё не? Дар дисотека бангу афюну чарсу кристаллу героин тақсим мешавад, дар масҷид аз ахлоқ одобу ҳалолу ҳаром сухан меравад. Инро ҳам бигуям, ки ГАИҳои Шаҳринав як намуд дуруғгую порахур ҳастанд, ки то бас гуфтан. Агарки манъ карданд бе сум халос шуда наметавонед.

  Як бор маро манъ карданд,  бо суръати 30 омада истода будам. Аммо ду гайишник туҳмат карданду гуфтанд, ки мо радар задем аз руи 60 омадӣ ва 10 сомонӣ гирифтанд.

 Аз одамҳо фаҳмидам,ки инруз режими Гаиҳои Шаҳринав будааст. Бовар кунед, ки аз ҷои набудагӣ меёбанду суматро мегиранд. Як одамро медонам, ки дар отдели Шаҳринав қаровул буд, посбони одӣ буд. Дар ягон ҷо нахондааст, ҳозир бошад корманди ГАИи Шаҳринав аст. Ҳоло ҳам кор карда истодааст. Боз агар фаҳмид, ки бесоҳибед, ягон шинос ё криша надоред, ҳар вақт манъ кардан мегиранду суматонро мегиранд.

 Барои ҳамин маҷбур мешавед, ки ё мошинатонро фурушед ё пиёда гардед. Барои зиндагӣ кардан дар Шаҳринав бояд ягон шинос ва ё криша доштанатон зарур аст.
 Эй мардум аз ин дида зиёд зулм намешавад. Бас будагист ранги гусфанд дар ин зулм сабр кардан. То кай бачаҳоятон ё худатон дар Русия бараи хурондану пушондани ҳукумати Раҳмонов кор мекунед. Аз муҳоҷират биёед. Дар ватан сарҷамъ шуда ин ҳукумати золимро дафъ кунем.

  Бедор шавед, эй мардум. То кай ранги ғулом зиндагӣ мекунем. Ин пирхари Раҳмонав аз милати мо нест. Агар аз миллати мо мебуд, Тоҷикистонро дар бадтарин ҳолт намеовард. Як бор чашматонро кушоеду бинед, ки кадоме аз ҳамсояҳои мо свет надорад?

Share This Article