Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет.» №49

Ислоҳ нет

Дар ҳар номае, ки аз тамоми гушаву канори кишвар мерасад, назар меандозӣ, ҳамон як гурӯҳи дузду ғоратгаррро мебинӣ, ки дар либоси роҳбару дар курсии раису сардор нишаста мардумро дучори азобу азият мекунанд. Ин гурӯҳи ҳокимон, махсусан дар ноҳияҳо худро ҷанобчаҳои олии маҳаллӣ пиндошта, мисли Ҷаноби олии калониашон фақат ва фақат ба худу бастагони худ фикр мекунанду аз даҳони мардум зада мегиранду ба даҳони худу наздикони худ мегузоранд:

                    Абдурраҳмони Ҷомӣ

 Ассалому алайкум, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ айни ҳол муаллимҳо дар 300 сомонӣ аз муоинаи табибон гузашта истодаанд. Аз ин 300 сомонӣ 150 сомониаш барои Фароз гуфта истодаанд. Вақте мепурсем, ки чаро ва барои чӣ муаллимҳо ба Фароз маблағ месупоранд, ҷавоб чунин аст: «фармон аз боло»

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва сокинони он фаромушшуда ҳастанд ва Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро тамоман намепусад. Ин ноҳияро намешавад ноҳия гуфт. Ранги оғил, ҷазиру ифлос, мисли трушобаҳои Ҳиндустон. Аммодар инҷо коррупсия –порагирву порахурӣ дар авҷи аъло аст.

  Мо савдогарони бозори марказии ноҳия аз он шикоят мекунем, ки Ҳоҷӣ Зайнулло гуфтанӣ як шахс аз авлодони президент, ин ноҳияро аз худ кардааст, чи коре хоҳад мекунад. Ҳозир вай дар ин ноҳия бозори нав кушодааст ва акнун дигар бозорҳоро сузонида вайрон карда истодааст. Мо мардум, куҷо равем?

Дар бозори сохтаи вай ҷо нест. Як дашт аст, пеши бозор ҳамеша пробка аст. Мардум ба онҷо намеравад. Андозаш ҳам гарон. Сари ҳар дукон ҳар моҳ 1000 сомонӣ. Бар замии ин дар гирду атрофи бозор заминҳои назди ҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳатто хонаҳое, ки мардум солҳо зиндагӣ мекунанд аз дасти  халқ базурӣ аз худ карда истодааст. Аз ин пеш домоди Нуриддин, Зафар Қурбонови прокурор ҳамаро канда фурӯхта мардумро азият медод.

Зафари прокурор якҷо бо сардори амният бозори масолеҳи сохтмонӣ ва мағозаҳои дар ҳудуди автобаза ҷойгир шударо налог мебаст ва ба ҳар як бизнесмен мегуфт ё 800 сомонӣ ҳар моҳ медиҳӣ ё ба ҳамин миқдор маблағ маҳсулоти сохтумонӣ. Ин Зафар Қурбонов ва сардори амният аз ҳисоби сокинони ноҳияи мо дар Фархору Данғара дача ва хонаҳои баланд ошёнаи бо карру фар сохтаанд. Одамони босаводу пулдори ин ноҳияро якто-якто фарёд карда бо ҳар баҳонаҳо мешикананд.Ҳоло Зафар Қурбонов дар Прокуратураи генералӣ мақоми баландатреро ҳам гирифтаасту корашро давом дода истодааст.

  Мо, ҷавонони босавод, шахсиятҳои бисёр бо обру ҳам дорем.Аммо чаро роҳбарони ин ноҳия аз дигарҷоҳо омада мардумро ғорат карда ноҳияро мисли як трушоба мекунанду мераванд. Магар ин ноҳия кадрҳои худро надорад. Мо чандин бор ба президент навистем, аммо ягон хату хабар нест.

  Ин қадар мардуме, ки дар бозорҳо савдо мекарданд, дар хоҷагиҳояшон аъзоҳо доранд аз бекорӣ куҷо раванд, чи кор кунанд, чаро президент аҳамият намедиҳад? Боз мегуяд, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои мамнуъ мераванд. Ба куҷо раванд, вақте ки ҳақу ҳуқуқи онҳо поймол мешавад.   

  Ҳоҷӣ Зайнулло ҳавзҳои моҳипарварӣ, карйери сангу шағал, куҳҳоро, ки мардум чарогоҳҳо доштанд, боғҳои бо азобу машақат калонкардаи деҳқононро аз худ карда истодааст. Ҷони мардуми ноҳияро ба нуги биниашон расонидааст. Ҳатто болои таксиҳое, ки дар дохили ноҳия мегарданд зуроварӣ дорад.

 Мо дар ноҳияамон ягон мактаби ҳалол надорем. Мо падару модарҳо чени зуррасамон таъмир мекунем. Ба директорҳои мактаб мегуем, ки чаро ҳукумат таъмир намекунад? Директор мегуяд, ки раиси молия шарт гузоштааст, ки аз пули ҷудо шуда 50% аз они ман мешавад аммо дар коғаз барои100 фоиз даст мемонӣ. Барои ҳамин мактабҳо бе таъмир мемонанд.

  Аз маошҳои муаллимҳо сар карда то нафақахурҳо бояд ба молияи ноҳия доля диҳанд, набошад пул нест. Аз минбари шумо мехоҳем, ки ин номаи мо садо диҳад, то миллат бубинад, ки ин хел трушобаҳо дар Тоҷикистон дар асри 21 вуҷуд доранд. Раиси молияи ноҳияи Ҷомӣ Бобоҷонзода савори як Прадои сиёҳи калон аст ва ба гуфтаи худаш ба 500 ҳазор сомонӣ заказ карда харидааст. Номерҳои мошинаш ҳам куртой: 0005.

  Раиси амнияти ноҳияи А.Ҷомӣ Давлатов Сарфароз аст. Дар Фархор як боғчаи бачагонаро, ки1гектар замин дошт аз они худ намуда ва дар онҷо як қасри калони бадвоҳима сохтааст. Тамоми масолеҳи сохтмониашро аз ҳамин ноҳия бурдагӣ аст. Устоҳояш ҳам аз ноҳияи мо мебошанд.  

                          Зафаробод  

   Салом акаи Муҳаммадиқбол!
 Ман аз Зафаробод. Мехоҳам, ки ин ҳақиқатҳоро дар барномаи мустақиматон ба мардум расонед. Ҳақиқат дар бораи чанд чоплусе, ки бидуни кадом шарму ҳаё баромада аз номи мардум ва дар бораи вазъияти зиндагиву кори мардум дар «Минбари муҳоҷир» гап мезананд.
 1.) Салимҷоне, ки тахминан як моҳи пеш бар барномаи «Минбари муҳоҷир» баромад карда худро муаллими забони англисӣ муаррифӣ карду гуфт ман академия дорам, бачаҳоро ба донишгоҳ тайёр мекунам ва соҳиби ҷоизаи сафорати Амрико шудаам, ин шахс номи худро ҳатто аз гуфтан тарсид. Номи ин шахс Фирдавс Боймуродов аз шаҳраки Ҳамид Алиев аст ва ҳамагӣ 2сол стажи муаллимӣ дорад. 2 сол муаллими мактаби № 5. Ва, баъд ӯ дар худи ноҳия бо раиси ноҳия кор кард. 1 сол баъд дар шаҳраки худ ҳамон академияи худро кушод.
 Ин шахс гуфт, ки дар ноҳия свет доимист, ба аллоҳ қасам дуруғ аст.


2.) Давлатов Нуриддин аз шаҳраки Ҳамид Алиев. Ин шахс 4 сол пеш донишгоҳро хатм кард ва 1 сол шуд дар мактаби №5 -и шаҳраки Ҳамид Алиев кор мекунад.
Ин бародар мегуяд, ки ҳама ҷо обод аст. Вале ин худ моҳи сентябр боз ба Россия равон аст.

  Ин шахс гуфт, ки дар мактаб хуроке, ки барои синфҳои ибтидоӣ омода мекунанд бе пул аст. Қасам ба бузургии Аллоҳ дуруғ аст, чунки аз сари ҳар як хонанда ба миқдори 3 сомонӣ дар ҳар ҳафта ҷамъ мекунанд.
Ва боз ин шахс гуфт, ки пули ремонти мактабро аз талабагон ҷамъоварӣ намекунанд, балки  волидони ҳар талаба ҷамъ мешаванду як ҷои мактабро обод мекунанд. Қасам бар номи Аллоҳ дуруғ аст. Дар сари ҳар як талаба дар мактаби № 13-и мо 27 сомонӣ буд, ҳоло бошад 60 сомонӣ ҷамъ мекунанд.

3.) Бобоев Камол. Ин шахс замоне яке аз сарватмандони Тоҷикистон буд, пулҳои падарро мехурд. Падарашон ба гуфти як бародар беш аз 300 сар гусфанд дошт.  Камол Бобоев  ин ҳамаро фурӯхта бо духтар ва ҷурабозӣ тамом кард. Ин шахс 8 соли худро дар ғарибӣ гузаронидааст. Ин шахс дар ғарибӣ як чанд одамро туҳмат баста ба мақомоти Тоҷикистон расондаааст. Аз пушти касофатиҳои ин шахс 3 оила  қариб барҳам хурда буд. Камол Бобоев ҳақи ғарибонро низ зиёд хурдааст. Ин дар ҳақиқат буз аст. Чандин ҷавонҳоро дар деҳа бузӣ карда то ба зиндон ва фирор аз ватан расондаааст.

  Дар бораи ноҳияи Зафаробод  инро ҳам мехоҳам бигуям, ки якум мушкили он насос, яъне таъминоти об аст. Насосе, ки аз (канал) ё Сирдарё об гирифта ба 2 канал, канали 1-ум ва канали 2-юм об медиҳад, аксари вақт вайрон аст. Он насос аз давраи СССР мондааст. Ташаккур ба СССР, ки онро сохта буд, аммо ҳоло ҳар сол вайрон мешавад. Ба деҳконҳо дар вақташ об намерасад ва аз беобӣ ва гармии офтоб 50% пахта қадаш кутоҳ (пастак) ва беҳосил мешавад. Баъзе деҳқонҳо кредит гирифта насос (скваж) насб кардаанд, барои бо об таъмин кардани пахтазор.

 Он 2 канале, ки гуфтам, касоне,ки ба канал наздиктар ҳастанд, гирифтани об барои онҳо каме осонтар аст. Касоне, ки дуртар бошанд, мушкилӣ аз об мекашанд. На ҳама метавонад скваж -насос насб кунад.

  Бобои Ҷурабойе, ки баромад карда буд дар деҳаи Пахтакор зиндагӣ мекардааст- дар кудакӣ бисёр медидам он касро. Ӯро чандин маротиба ба амният даъват карда ғам додаанд. 

   Боймуродов Фирдавс соли таваллудаш 1986 ноҳияи Зафаробод ш. Ҳамид Алиев хатмкунандаи мактаби 5-и ба номи Ҳабибулло Нозимов мебошад. Узви партияи Раҳмонов ва дар вақти интихобот барои вай имзо ҷамъ мекард

 2-юм мушкилоти Зафаробод.

Дар вақти СССР қатори дарахтҳо (лесопалос) дар заминҳои кишта пахта мавҷуд буд, баландиаш 4-8-10 метр, фосилаи байни дарахтҳо 3-4 метр, дар 3 қатор ва дарозиаш байни 2 канали калони об тақрибан 5- 7 километр буд. Алъон 70% дарахтҳо аз сабаби бе светию хунукӣ ҳезуми печка шуданд.

    Ин лесопалос яъне қатордарахтҳо чи вазифаро иҷро мекард, ба чи хотир бунёд карда буданд?

Дар Зафаробод шамолу бод тезу сахт аст. Дар тобистон гармсел ва дар зимистон хунукӣ деҳқононро азият медиҳад. Ин мушкилоти экологиро он замон  бо ёрии дарахтҳо шуравӣ ҳал карда буд. Алъон, ки дарахтҳо кам шудааст ба кишоварзҳо ҳам зарар расида истодааст. Чунки шамоли гармсел аз 1тараф ва мушкилоти об аз тарафи дигар таъсири худро ба ҳосил расонида истодааст.

  3-юм мушкилии Зафаробод

Ҳамаи он чоплусҳое, ки дар ноҳия ҳастанд- онҳоро амниятиҳо подстава  карда асири худ гардондаанд. Баъзеашро барои дуздӣ, баъзашро барои бизнеси маводи мухаддир, баъзеашро барои беҷогардӣ, яъне арусбозӣ. Баъзе муллохоро бо фоҳишаҳо «ташкил» кардаву қапида ва ба асиру фармонбардори ҳукумат табдил додаанд. Баъзе бачаҳои ҷавонро низ бо фоҳишаҳо подстава карда онҳоро байни мардум мефиристанд, барои хабарчинӣ. 

Баъзе ҷодугармуллоҳо ҳам азбаски муттаҳам ё бо ягон ҷурме асиранд-дар хизмати онҳоянд. Дар Зафаробод дар ҳамаҷо коррупсия реша давонида аст. Агар чупон бошад дар багажи мошинаш барра, деҳқон бошад маскаву қаймоқу қуруту чакка, агар одами оддӣ бошад бо камтар пули қарзкардашуда ба назди кормандони ҳукумат мераванд. Барои ҳал кардани мушкилоташ.

 Ин ҳукумати палидро касоне тарафдорӣ мекунад ки манфиат доранд ва баъзеаш   ба хотири дустӣ бо ҳукуматдорҳо.
    Тақрибан солҳои 12-14 бобои Фаттоҳ, падари Абдуқаҳҳор Абдусалом, ки дар шаҳраки Ҳамид Алиев зиндагӣ мекард, инсони хело худотарс, ҷасур ва ростгу ва ҳамавақт намозашро дар масҷид мегузорид. Як вақт барои танқиди Раҳмонов ӯро амниятихо бурдаву шиканҷа карданд. Ба бемории сахт гирифтор шуда баъди чанд вақт вафот кард

  Чанд бачаҳои ҷавони шаҳраку ноҳияро рабуданд. Онҳо дертар пайдо мешаванд, баъди пайдо шудан ё дар зиндон ё дар байни мардум ба буз табдил мегардад.

   Кормандони амният рӯзҳои муайяни махсус доранд, мегуяд, ки барои духи мардумро шикастан рейд мегузаронанд, чуноне, ки н корҳоро ОМОН ва СОБР-и Русия анҷом медиҳанд. Дар як сол 2-3 маротиба ҳамчунин рейдҳо доир карда мешавад. Дар маҳаллу деҳаҳое, ки руҳияи зиддиҳукуматӣ бештар аст ва ин нуқоти аҳолинишинро бо хату ранги алоҳида ишора мекунанд,ду –се мартиба неву 7-8 ва ҳатто даҳ маротиба рейдҳо доир мекунанд. Дар инҷоҳо бузҳои бисёртар месозанд. Бо хурдтарин баҳона мебаранд, мезананд, зиндон мекуннад ва ё пулашро кашида мегиранд.

 Баъзе кормандони судҳо чи дар навоҳӣ ва чи дар вилоят аризаи ҷудошавии оилаҳоро ба таври худ расидагӣ мекунанд. Тибқи қонун бояд судя дар аввал барои ҷуфте, ки ҷиҳати талоқ муроҷиат мекунанд вақт, яъне муҳлат барои андеша ва ислоҳ медиҳад. Аммо судяҳо арӯсҳоро гапзанон карда бо онҳо ҳамхоба мешаванд ва ё маъшуқа мекунанд ва коғази талоқи онҳоро медиҳанд. Ин корро як корманди суд ба ман гуфт. Он судяро хело хуб мешиносам, вале номашро гуфта наметавонам, чунки ҳоло ҳам судя аст.

 Ман аз ҳамаи гурӯҳҳои мухолифон хоҳиш мекунам, ки расман штаб кушоянд ва муборизинро ба узвият пазиранд, ҳамчуноне ҲНИТ пештар корти тасдиқкунандаи узвият медод.

       Ва дар охир дар бораи як нафар буз ва зинокори ҳукуматӣ  гап мезанам. Бо шумо дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» Туйғун Шарифов суҳбат карда буд. Туйғун мудири шуъба дар ҳукумати ноҳия аст. Бо мошини Мерседес сечкаи саефд мегардад. Ӯ гуфт ман омузгор, аммо дуруғ гуфт. Вай пештар омузгор буд. Ҳоло дар ҳукумати ноҳия кор мекунад. Ашуров Қадриддин дар МТМУ-мактаби таҳсилоти миёнаи умумии16 омузгор аст. Дар СЕС-санэпидемстансияи ноҳия низ кор мекунад. Беномуси пеши пеш аст. Буз ҳам ҳаст. Бо духтари холаи Қадридин Қурбанова Шарифа зинокорӣ мекунад. Ин духтар бе шавҳар аст. Ин чи хел боз муаллима шудааст, ман ҳайрон. Инҳо мактабро монополия кардаанд. Нафари дигаре, ки бо шумо суҳбат кард Ҷасур аст. Гуфт ҳамаҷо обод аст, об дорем гуфт. Дуруғ мегуяд. Заминҳоро мебинӣ, гиряи одам мебиёяд.

Директори МТМУ16 Азизов Шодиқул ҳамшаҳрии Абдуфаттоҳ Шарифови котиби матбуотии Президенти Тоҷикистон аст. Бовар кунед, дар мактаб 80 % муаллим ва муаллима аз Сангистони Айнианд, ки мактабро таги даст кардаанд. Чоплусҳо мебароянду мегуянд дар мактаб ҳамачи бе пул аст. Бахудо қасм дурӯғ мегуянд.   Дар ҷои мо дар зимистон ба навбат бачаҳо ҳезуму ангишт мебаранд. Ангиштеро, ки аз тарафи давлат меояд, азбаски ҳамагӣ аз як деҳаанд, ба хонаҳояшон мекашонанд. Хитоб ба бузҳо ва чоплусҳои Пахтакор! Бузиро бас кунед, ки мо сар кардем навиштанро!


                      Деваштич

     Ассалому алайкум, бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Мо якчанд муҳоҷир дар шаҳри Москва. Зодагони деҳаи Чуянгарон (собиқ Чуянчи) –и ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ). Бародар Муҳаммадиқбол мо мехостем нисбати ду бузи ҳукумату мақомот барои Шумо  маълумот диҳем. Инҳо Тошев Муҳаммадалӣ бо лақаби “авғон“, корманди ҷамоати Ваҳдат   ва Бобоев Худойназар, раиси кумитаи маҳаллӣ ва бо лақаби “штангист” маъруф аст,мебошнд. Тошев Муҳаммадалиӣ вазифаи аниқ надорад. Як рӯз мебинӣ андоз ҷамъ мекунад, рӯзи дигар дар ЗАГС кор мекунад, рӯзи дигар танзим, хуллас ҳамкора. Аммо ин палид аз ҳама вазифаи асосиаш бузӣ кардан ба военкомат ва кормандони БДА аст. Ин ноҷавонмард бар ивази мусоидат дар гуели се ҷавон барои ба артиш соҳиби замини назди ҳавлигӣ гаштааст. Чи проблемаҳое, ки дар деҳа мешавад ин палид ба милиса хабар медиҳад. Ва кӣ фарзанди ба синни артиш расида дорад, маълумот дода меистад, ҳол он ки се фарзанди худаш умуман хизмат накардаанд вале соҳиби билети ҳарбӣ мебошанд. То ҳатто фарзандонаш касби падарро гирифтаанд. Масалан мошини кӣ техосмотр надорад, кӣ права надорад, кӣ маърака барпо кардааст, бузӣ мекунанд.

  Ана акнун дар бораи геройи қишлоқ Худойназари штангист. Барои он штангист, ки бахшиш хояҳои шахсони пулдорро чунон мебардорад, ки дар олимпиада чунин намебардоранд. Агар шахси пулдор ягон маърака карданӣ бошад, пешакӣ рафта «мо дар хизмат гуфта» ҳама гуна хароҷотро иҷозат медиҳад, албатта ба ивази “музд” .Вале Худо накарда як камбағал ё миёнаҳол ягон маърака кунад, гӯё президент бошад бо як тамасхуру такаббур огоҳ мекунад, ки ягон проблема кардӣ, фалон мекунад. Ин гадозода панҷ бор ҳаракати сафари Ҳаҷ кард. Ду бор пулашро гирифтанду ӯро аҳмақ карданд. Ягон кор аз дасташ наомад. Се даъфаи дигар ба ӯ кормандони ҳукумат иҷозат надоданд, ягон чи гуфта натавонист. Бобоев Худойназар соҳиби чор писар аст, лек ягонтааш хизмат нарафтааст. Аммо ин гадозода ба оилаҳои камбизоат рафта “модаратонро фалон кунам, ватана ки ҳимоя мекунад» гуфта ба дасти мардум повестка месупорад. Ҳар чор писараш соҳиби замин шуданд. Вале 20оилаи эҳтиёҷманд замин гирифта натавонист. Кумакпулие, ки муҳоҷирон барои ободии деҳа мефиристоданд харҷҳои беҳуда карда асосан ба фоидаи худаш истифода мебарад. Даҳ сол пеш аз як бечора заминашро гирифтааст. Вақте мардум мефаҳманд пасон як мошине, ки арзиши як пули пучакро надорад ба ин камбағал медиҳад. Ҳамон вақт арзиши замин 12 ҳазор доллар меистод, арзиши ин мошин  бошад 3 ҳазор доллар. Вақте ки муқобилаш гап мезанӣ, мегӯяд,  ки ту противи давлат ҳастӣ.Бисёр гап назан, ки арз мекунам, вазъиятат безеб мешавад. 

  Муҳаммадиқбол бародар, бовар кунед, гуфтаниҳо зиёд аст. Лек мехостем аввал дар бораи ҳамин ду буз ба мардум мегуфтед,то дигарон низ бохабар бошанд.

Боз як чизи дигар. Соли 2014 як соҳибкори деҳа тақрибан 20 нафари сокинони деҳаро ба Туркия барои кор бурда буд. Ин касифҳо ба амнияти ноҳия муроҷиат карда гуфта буданд, ки ҳамдеҳагони моро ба Туркия бурда баъд ба ДОИШ месупоранд. Амният маҷбур кард падару модарҳо фарзандони худро ҷеғ заданд то бозпас биёанд. Мардуми бечора аз бонкҳо қарз гирифта рафта буданд. Ва аз болои вай шахс ба амният ариза карданд, ки оқибат бегуноҳии ӯ исбот шуд.

Бародар, ҳоло боз давоми корҳои Бобоев Худойназарро мегӯям. Ӯ бо воситаи фарзандони худ дар Русия байни муҳоҷирон корти хайрия кушода ҳар як муҳоҷири деҳаро вазифадор кардааст, ки ҳармоҳа ҳатман пул мепартоед барои ободии деҳа. Соли, агар хато накунам 2019 мактаби миёнаи деҳаро аз барқ қарздор гуфтанд. Сари ҳар як хонанда 44 сомонӣ бояд супоранд гуфта худи ҳамин штангист хона ба хона гашта пулро ҷамъ кард. Ва, албатта, ки бо дашному таҳдиду таъна аз мардум пул гирифт. Соли 2021 аз тарафи кадом созмон барои хоҷагии деҳқонӣ бо лизинг трактор доданд. Вай ин тракторро аз они худ кард.  Ва бачаи вай бошад ҳоло ба ивази нархи гарон заминҳои мардумро шудгор мекард. Вақте мардум мепурсанд, ки чаро нагуфтӣ, мо ҳам талабгори гирифтани трактор будем, ҷавоб медодааст, ки «пока ман зинда бошам, ягон касат бе иҷозати ман ягон кор намекунӣ».

Соли гузашта президент ба ноҳияи Деваштич омад. Ин гадозодаи Худойназари штангист дар ба дари мардум гашта 85 кг картошка ҷамъ карда. Оилаҳое, ки картошка надоштанд бар ивази он пул медоданд. Баъзе мардум агар норозигии худро нишон медоданд мегуфт «шумо занҷалабҳо Ҷаноби олия нагз намебинед, шуморо бояд як амният фаҳмонад».    

  Имрӯз бо ҳамдеҳагон мулоқот доштем. Мегӯянд,ки таъмири бинои мактаби деҳа ба души хонандагони мактаб вогузор шудааст. Боз ҳамон Худойназари штангист ба мактаббачаҳо гуфтааст аз хонаҳояшон ғизо ҳамроҳ биёранд. Ин чоплус боз мардумро ташвиқот бурдааст, ки ин ободии деҳа аст, ҳама бояд ҳиссаи худро гузоранд.

                                Данғара

    Салому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмонов, аз Данғара бароятон менависам. Дар ҳақиқат дуруст аст, ки ҳоло Данғара дар муқоиса бо дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва бахусус ноҳияҳои минтақаи Кулоб хеле тараққӣ кардаву ободу зебо шуда истодааст. Ин маълум аст. Чунки Раҳмонов нақша дорад Данғараро ба маркази вилоят табдил диҳад. Мехоҳад, ки вилояти собиқи Қурғонтеппа ва шаҳри собиқи Қурғонтеппаро аввал аз вовчикҳо-мардуми Қаротегин покиза «тоза» кунад. Яъне дар тамоми мақомоти имрӯзаи ин шаҳру вилоят зодагони Данғараро оварда ва сипас вилояти Кулобро ташкил бидиҳад, ки марказаш Данғара мешавад. Хуб, бигзор ҳар ғалате мехоҳад кардан гирад. Аммо дар инҷо корҳое сурат гирифта истодааст, ки агар нақл кунам шояд боваратон намеояд. Ман дар бораи ду ҳодиса мегуям.

  Ҳозир падару модарҳоро маҷбур карда истодаанд, ки барои хариди сару либоси мактабӣ чек бояд бурда супорӣ:

 «чек барои либоси мактаб, либоси мактабиро мехарӣ, чекша мебарӣ, баъдан қабул мекнан ба мактаб.
250 сомонӣ костюму бурук, барои синфи -1 мактаби №6, дехаи Меҳтар,
собиқ Саргазон. Либосора дар ноҳия мефурушан, кучаи Тағоев рупа руи бозор, бари мактаби № 56.Чекаш ҳамин аст,нархаш навистагӣ нест, метарсан, неки набарӣ қабул намекунанд».  
Дар сехи пойафзолдузӣ ботинкаҳои мардона ва барои сарбозҳо муза медузанд. Либосҳоро аз сехи Каёнуш меоранд. Танҳо либосҳо бачагона, аз духтарҳоро дар ҳамон сехи Каёнуш мефурушанд, поёнтар аз бозор. Барои синфҳои 1 ва синфҳои 10 бояд аз ҳамонҷо бихарӣ.
Дар мактабамон барои нишасти талабагон ҷо нест, чунки қишлоқ калон шудаасту талаба бисёр. Мо чанд сол пеш кучида инҷо омадем. Номи қишлоқамон Истамбул. Аммо мактаб надорем. Барои ҳамин талбаҳо Саргазон мераванд.
Ин ҳама талаботу фишорҳо дарҷамоати деҳоти Оқсу, деҳаи Саргазон,мактаби №6,ки директори мактаб Маҳмадиева Гулбаҳор мебошад,рух дода истодааст.

Аммо чизи асосие, ки мехоҳам бигӯям ин аст.

 Ҷамоати Корези Данғара, аз Ғарғара, Корез Данғараи боло, Бошбулоқ иборат астДар ин ҷамоат як участковий дорем,ки номаш Иброҳим аст. Ин бадбахти ҳаромзода, худованд хору зораш бигардонад ҳамаи мардум ва бахусус ҷавонҳоро дар маводи мухаддир шинонд. Аз тарафҳои Фархор ва Ҳамадонӣ маводи мухаддирро меорад ва ба барига-фурушандаҳои ин мавод медиҳад. Ин баригаҳо бисёранд. Масалан бачаи Шарипов, як духтар Моҳира Сабзаева, Раҳмони бачаи Қувват ва боз дигарҳо, масалан Абдулло. Ин баригаҳо маводро аз дасти ҳамин участковий мегиранду сипас мефурушанд. Ба бачаҳои ҷавон мефурушанд.

  Бар болои ин дар кадом хонаводае, ки дар ҷамоати Корез ҷангҷол мешавад ин участковий тарафдори ҳамон хона шавҳар ё хусуру хушдоман намешавад, тарафдори келини он хона мешаваду баъд дили ҳамон келинчакро меёбад ва бо вай ҳамхоба мешавад. Боз аз ҳама кори бадтари дигараш ин аст ки одамонаш аз Фархору Ҳамадонӣ маводи мухаддирро меоранд ва дар ин миён кадом бачае, ки маъқулаш нашуд, бачаи ягон камбағали почаканда ки ӯ ба ин корҳо заниматсия мекунад, ҳамонро меқапад бо маводи мухадир ва барояш резултат мешавад.Дар ҳоле,ки бор аз они худаш ва одамони худаш аст. Он одамро мебарад аводи мухадирашро мегирнад ва худашро зиндон мекунанд. Агар вай ҳамроҳ дошта бошад 100. 200 то 300 000 сомонии ӯро зада мегирад.

   Кришаи ин Иброҳими участковий генерали ВКД Суҳроби Рамазон, сардори Раёсати кадрҳо аст ки ӯро дар инҷо Суҳроби Каромат мегуянд. Суҳроб қудои Қурбонбӣ апаи президент аст. Қурбонбӣ зани Холмуъмин Сафаров, раиси Идораи ҳифзи ҷангали Тоҷикистон буд, ки чанд соли пеш дар Душанбе паронида кушта буданд. Ин апаи Эмомалӣ Раҳмонов дар коронавирус мурда буд. Ёдатон бошад бачааш вазири тандурустиро зада ҷоғу биниашро хуншор карда буд. Ин участковий қудои ҳамон, ки ҳаст   касе сарбасар шуда наметавонад. Хоҳари Суҳроб зани бачаи апаи президент аст.  

                                Фархор 

       Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Фархор ҳастам. Дар бораи Ғафуров Муслиҳиддин, ки дар андози Фархор кор мекунад, гуфтаниям. Хабарҳо буд, ки ӯро аз кор гирифтанд, аммо ҳоло боз корашро давом дода истодааст. Нархашро баланд карда аст. Бадбахт мегуяд «ма зани мара аз вазифа мегрфтагира фалон кардагиюм, ма иқа суми унора метиям знкшон гирифтагӣ».

   Ин президенти мо, то ҷое ман фаҳмидам, ки шайтони бадбахттарин будааст.

  Хитоби сахт ба ту Эмомалӣ. Ин саги ранги худат валадуззинои бадбахти ҳаромиро аз Фархор бигираш, ки ғазаби мардумро оварда истодааст. Чаро дар Фархор соф хуносоҳоро дар вазифдаӣ. Инҷо одамҳои бегуноҳро фақат барои намозхонӣ террорист мегуянд ва ба зиндон мекашанд. Ман ба ҷавонҳо муроҷиат карда гуфтаниям, ки мурғ нашавед. Хап наистед. Дискотекаҳои Фаридуни Пантера кор карда истодааст. Духтарҳо бероҳа, бангӣ ҷавонҳо майзадаву герчик. Масҷидҳоро яке пушти яке баста истодаед. Раведу дар гарданатон крест овезон карда гардед.

  бозори ноҳияро Фаридуни панҷшер алов зад. Гапаш бо раиси бозор гурехта будааст. Раиси бозор доляро саривақт надода будааст. Шабона шогирдҳояшро роҳӣ кардааст ва онҳо ҳамроҳи дуздакҳояшон ҳам дуздӣ кардаанд ва ҳам бозорро дардодаанд. Дар дуконҳо даромада пулу чизҳои тилову қиматбаҳоро бурдаанд.Баъд алов задаанд.

  Ба гуфти як дузд 1000000 сомонӣ бору ашёро дуздидаанд. Мақомот хапу хомуш. Метарсанд. Инҳо чандин дуконҳоро дуздидаанд. Чанд сол пеш ҳам аз як амбор пахтаҳоро дуздида сипас алов зада буданд. Дар 450.000  сомонӣ пахта буд. Дар ин ҷиноят милисаҳо ҳам «қуш» буданд.

Ин Фарози домоди Раҳмонов сероӣ надорад.

   Як фарзанди бародарм синфи як рафт. Гуфтанд аз духтур бигузаронед, справка оваред. Рафтанд, навбат. Садҳо нафар талабаҳои мактаб. Как будто аз муоинаи духтур мегузаронанд. Аммо меравӣ, медароранд ба як кабинети дигар ва як чеку як коғази муҳрзадагӣ медиҳанду мегуянд 200 сомонӣ пардохт кун.

Тавба. Ин чи бадбахтӣ аст ки ба сари мардум оварданд! Мардуми бечора гушнаву ташна мегарданду бачаҳоямон хонанд мегуянд. Ҳоло боз мактаб сарношуда хона ба хона гашта истодаанд, ки китобашон бигиред, туалети мактаб вайрон аст пул диҳед. Ҳайрон мешавӣ.  Талабҳо хонаҳояшон барои қазои ҳоҷат оянд. Суми ремонт, суми парта, суми бур, суми журнал, суми қавру бало.

Бовар кунед, ки чанд муаллимаи ҷалаб дорем,ки бо талабаҳои синфҳои 10-11 ҳамхоба мешаванд.

    Дарахтони калони мактаби моро директор буриду хонааш бурд. Ягон кас гап намезанад. Аз ин директору муаллиму муаллимаҳо фарзандони мо ба ҷуз аз корҳои бад, дуздиву ғарӣ чизе дигар ёд намегиранд.

  Фермаи Ятимов постоянний свет дорад, аз красний линия гузарониагӣ аммо мардум свет надорад. Говҳои фермаи Ятимов аз мо мардум боарзишу боло ҳастанд.

 Ҳазор бор давраи ҳукумати ленинободиҳо беҳтар буд. Ҳукуматро гирифтеду ҳамаро хароб кардед.

                              Душанбе

 Ассалому алайкум бародар  Муҳаммадиқбол!  Ман барномаҳои шуморо тамошо мекунем.Ҳоло нафақахурам. Солҳо дар Кумитаи мудофиаи гражданӣ кор кардаам. Ман чи гуфтаниям. Гуфтаниям, ки спектакли Раҳмонов  давом дорад.

Онҷое, ки мурдаи Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасани Ориёнбонкро ёфтанд қаблан 40 бор кофта будану гуфта буданд,к и нест! Баъдан дар Тоҷикистон нест ин гуна экспертиза, ки мурдаи лах- лах шударо идентифицировать кунад. Ин қадар дуруғ мегуян, ки мижаашон хам намехурад, изо намекашанд. Ҳоло ҳам фикр мекунанд, ки мардум мардуми солҳои 1990.  Дар он маҷрои дарё агар дар як ҳафтаи аввал ёфтӣ меёбӣ, наёфтӣ тамом. Дар ин ду моҳ ҷасад дар оби равони пур аз харсанг зада-зада на даҳон мемонад, на дандон. Гушти инсон тикаву пора ва несту нобуд мешавад. 

  Фармон буд, ки ягон мурдаи монанд ёфтед хабар диҳед. Мурда зиёд ёфтанд,  зану мардҳои калон. Мақсад ягон мурдаи подходящийро ёфта муовини Ҳасан гуфтани будан. 

Мурдаро ёфтанд, сверхсрочно дар чанд соат экспертиза карданд. Э,руи очат сияҳ, ба ин дуруғ. Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ гуфт мурдаи Шуҳрат Исматуллоевро дина ёфтанду имрӯз уже экспертиза муайян кард. Агар худашро даронад, ки на камтар аз 5 рӯз лозим. Хуллас, ин як маймунбозӣ. Тамоман дуруғ. Бовар накунед.

                                Айнӣ

 Салом,бародар Муҳаммадиқбол! Бахудо, ман бо ҳамаи фарзандонам барномаи Шуморо тамошо мекунам. Дар бораи ноҳияи мо чанд чиз чоп кардед, ки ҳамааш дуруст аст. Яке аз дуздони калони ноҳия Қосимов Беҳруз аст. Вай худро бизнесмен метарошад. Аммо ҳамаи дороиҳояш дуздии молу мулки давлат аст. Бародари вай дар Душанбе прокурор аст. Ҳимояаш мекунад. Вай ҳоло корҳояи ҷиноятиаш, дуздиҳояшро руирост карла истодааст. Дар Айнӣ ба вай ягон кас кордор намешавад. Ман барномахои шуморо тамошо карда хеле хурсанду дилпур мешавам, аммо алҳол кадом тағйиротеву натиҷа нест, зиқ мешавам.

  Раиси ноҳияамон ҳарруз маст. Вай просто раис, палочка вручалочка. Ягон мушкили аҳолиро ҳал карда наметавонад.

  Нисфи маркази Айниро Беҳруз забт карда гирифтааст. Ҳамагӣ 2 писар дорад вале нафсаш аждаҳо. Ба худо қасам агар ягон нооромӣ ин карат дар Тоҷикистон шавад, якум Беҳрузро аз ҷарии пеши ҳавлияш кашол мекунам. Ман розӣ ба перемени власт шудан. Тезтар шавад. То ин дуздҳову ҳақимардумхурҳо ба сазои аъмолашон расанд.

 Аз аҳли байташ ягонтоаш намоз намехонад. Роҳи масҷидро намедонад. Фақат аз паи ғорати мардум ҳастанд.

Share This Article