Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№169

Ислоҳ нет

Бо ин вуҷуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тирамоҳи соли 2015 дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият намекунад ва Раҳмонов онро мамнуъ эълон кардааст, вале ҳамоно аз ҳайбату салобати он Раҳмонов ва дорудастаи вай дар тарсу ҳаросанд. ҲНИТ ҳазорҳо километр аз Тоҷикистон дур аст, аммо аз ҳамин дуриҳо истода ба шахсиятҳои ҳукуматӣ ва рубаҳукумати чунон суҳбатҳо кардаву пул ваъда додааст, ки онҳо омода ба сарнагунии Раҳмонов шудаанд. Ишораамро фаҳмидӣ, хонандаи азиз. Агар нафаҳмида бошӣ ҳамин қадар мегуям, ки барои мисол ҳамин Ҳамрохон Зарифӣ, ки акнун дар боздошт аст дар гузашта на фақат як вазири хориҷӣ, ҳамчунин генерали КДАМ ҳам буд. Ҳамин нафарро ҳам ҲНИТ тавонистааст, ки ба дом афканаду бар зидди Раҳмонов бихезонад.

ҲНИТ ин қадар зуру тавон доштаасту худи мо бехабар. Аммо дар ин нома, ки ҳоло мутолиа мекунед, маълум мешавад, ки дар ҳақиқат ҳамоно аз шабаҳи ҲНИТ Раҳмонов ва имомхатибони таъйинотии вай чун барги бед меларзанд. Матлаби охири навиштаи Наҷмиддин Шоҳинбод дар «Фараж» аз бохти муборизаҳои иттилоотии режим дар муқобили ҲНИТ шаҳодат медиҳад:

                  Турсунзода

Ассалому аллайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ташаккур, ки номаи пешинаи манро чоп намудед. Ман боз як масъалаи дигарро ба шумо гуфтаниам.

Муллои масҷиди Аллома номаш Суҳбат мебошад. Ин Суҳбат як муллои лесаки висший сорт аст. Фақат дар бораи Наҳзат гап мезанаду бад мекунад. Дар бораи шумо, бародар Муҳаммадиқбол ҳам бадгӯӣ мекунад. Ҳар намози ҷумъа кораш фақат бад кардани шумо. Ним соат зиёд дар масҷид дар бораи шумо гап мезанад. Худаш савод надорад, намозро соз хонда наметавонад. Дар корхонаи алюминий кор мекард, як дузд буд. Ҳозир аз лесакиаш акнун мулло шуд. Ин мулло аз Қаратоғ аст. Аммо маълум нест, ки барои пагоҳ дар пеши Аллоҳ чи хел ҷавоб медода бошад. Кораш аз минбари масҷид наҳзатиҳо ва шуморо бад ва сиёҳ кардан аст. Вале аз дигар тараф кораш фақат таърифи Раҳмонов аст. Пешво гуфта ончунон мелесад, ки то бас гуфтан.
Дар алюминий завод кор мекард. Кораш фақат масладуздӣ буд. Ҳатто устоди худашро ба амният сиёҳ кардагӣ аст. Ҳар вақте шуморо гапҳои бад мезанад.

Мардум мефаҳманд, ки ин мулло лесакӣ дорад. Мардуми Регар медонад, ки шумо киву ин муллои лесак кӣ? Шуморо халқи Регар иззату ҳурмат мекунад.
Кори ин муллои чоплус ҷамъ кардани сум аст. Баъди ҳар ҷумъа се бор бо овози баланд дод мезанад, ки аз назди сандуқ мегузаред аз ёдатон набарояд. Руирост мегуяд, ки пул партоед, аз ёдатон пулпартоӣ набарояд мегуяд. Пули корманди масҷид, пули андоз, пули неруи барқро бояд пардохт кунем гуфта мардумро маҷбур мекунад, ки пул ба сандуқ партоянд. Тавба наход аз масҷид налог гиранд? Инҳо пагоҳ дар қиёмат чи ҷавоб медода бошанд? Ин мулло нест, ин шайтон аст. Мардуми Регар безор аз суҳбатҳои ин шайтон мулло шудаанд.

Ислоҳ: Ҳафтаи сипари гашта яъне ниҳояти 30 уми август дар тамоми кишвар бар алаҳи ҲНИТ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар фаолон имомхатибон дар намози ҷумъа суҳбат доштанд. Ин маълумот аз Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва Суғд расид. Ҳадаф маълум аст барои чи дар минбарҳои масоҷид ин корҳоро анҷом медиҳанд. Режим дар изтироб аст.

                 Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Беш аз сӣ сол дар мақомоти интизомӣ, милиса ва прокуратура кор кардаам ва ҳоло дар як ташкилоти хориҷӣ мушовири ҳуқуқӣ-адвокат мебошам. Нишастҳои хабарии масъулони ҳукумати Тоҷикистонро аз расонаҳо пайгирӣ кардам. Беш аз ҳама   суҳбатҳои Прокурори генералӣ таваҷҷуҳи маро ҷалб кард. Нишасти матбуотии Прокурори генералӣ 9 август сурат гирифт.

Юсуф Раҳмон фақат сухан аз таърифу тавсифи ниҳоди зери раҳбариаш кард. Масалан гуфт, ки «барои вайрон кардани танзиму ҷашну маросим 1100 нафар ва таълиму тарбияи кӯдак 3089 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 138 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсили ҳатмии асосӣ ва 230 таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 329 нафар (177 нафар ноболиғон) ошкор ва тадбирандешӣ карда шуд».

  Юсуф Раҳмон ба саволи хабарнигорон дар масъалаи пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ҷавоб гуфта дод ва боздошти беш аз 20 нафарро барои қасди анҷоми амали террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт:

«Дар ҳақиқат, содиршавии акти террористӣ бо роҳи заҳролудкунии гурӯҳи одамон дар арафаи Ҷашни Наврӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ карда шуд ва дар робита ба он зиёда аз 20 аъзои ташкилоти террористии ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дастгир карда шудаанд».

  Ман чи гуфтан мехоҳам? Ман гуфтаниам, ки масъулони мақомоти тафтишотиву тартиботу ҳифзи ҳуқуқ намедонам бо чи мақсад талош менамоянд, ки ҳатмани ҳатман аз тоҷикҳо унсурҳои террористӣ муаррифӣ кунанд? Ин кори онҳо ангезаи сиёсӣ дорад ва ман бовар дорам, ки як руз не як руз воқеиятҳо ошкор мешавад, ки ин ҳама иттиҳомот пучу бемоя аст. Масалан гуфт. ки «230 таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 329 нафар (177 нафар ноболиғон) ошкор ва тадбирандешӣ карда шуд». Аммо ин тарафи масъаларо шарҳу тавзеҳ намедиҳад, ки таълимоти қонунии диниро дар куҷо кудаку наврасу ҷавон бигирад? Дар назди падару модар ва дар назди як нафари чашми хатту савод дошта гирифтани таълимоти ибтидоии динӣ, масалан омузиши фароизи динӣ мамнуъ аст. Аммо як мусалмон муваззаф аст ки фарзандашро таълим бидиҳад. Пас,вай чи кор кунад? Чун ин фарзи гарданаш аст. Вақте мақомоти Тоҷикистон масалан ҳамин Прокурори генералӣ аз тоҷикҳо террорист муаррифӣ мекунанд ва дар ҳақи шаҳрвандони худ туҳмат мезананд ин тарафи масъаларо фикр намекунанд, ки миллионҳо тоҷик дар руи дунё ва махсусан дар Русия дар пайи ризқу рузӣ аст, дар ин ҳолат вай чи кор мекунад? Чунки мақомоти интизомии ин кишварҳо дигар бо вай бо шубҳа менигаранд. Баъди ҳодисаи Крокус-ситии Маскав тоҷик дигар ҳамчун террорист шинохта мешавад. Аммо масъулони мо боз ҳам бештар тоҷикро террорист муаррифӣ карда истодаанд. Оқибати он чи хоҳад шуд? Шумо бо ин кору амали худ зиндагиро барои садҳо, балки миллионҳо тоҷик, ки имруз дар саросари олам пароканад шудааст ва 99.99% барои нон рафтаанд мушкил ва ғайримумкин ва дузаху ҷаҳаннам мекунед. Вале фикр намекунед, ки агар онҳо бозгарданду биёянду авзоъи иҷтимоии кишвар чи мешавад?

Вале аз тарафи дигар баъзе аз шаҳрвандони мо, ки таҳти таъсири мубаллиғин монданд ва ё ба хотири пул рафтаанд, обруи тоҷикҳоро резонида истодаанд, ки бовар кунед ин ба ояндаи мардуми мо хатари ҷиддӣ дорад. Дар калисои Марияи Туркия инфиҷор кардан чи суд? Ба биҳишт меравӣ? Кӣ гуфт? Ҳушатро гу ба сарат баргардад? Ту агар Раҳмоновро маҳор ва безарар гардонӣ он гоҳ шаҳид мешавӣ ва биҳиштӣ мегардӣ. Ту агар биравию дар Олмон таркиш кунӣ, ҳеҷ чизе намешавад. Ту агар равию дар Эрон, дар Афғонистон ва дар ҳар ҷои дигари дунё амали террористӣ анҷом диҳӣ ва махсусан дар Русия бар зарари мусалмонони ҳаммилатат тамом мешавад.

   Аммо ин Юсуф Раҳмон хоҳарзодаи доишии худашро аз Сурия оварда маҳкам накард. Вале ҳазорон кас маҳкум шуданд. Ин хоҳарзодааш ҳозир дар ширкати домсози  худи Юсуф Раҳмон кор мекунад вале дар мавсими ҳаҷ боз ҳоҷиҳоро мебарад. Як ҷияни Юсуф Раҳмон Шариф ном дорад, муовини прокурори Душанбе, ҷияни дигариаш Самад  дар коррупсияи Хуҷанд аст.

Аммо ин ҷиянашро, ки аз Сурия баргардонида овард, нашинонд. Балки бизнесмен кард ва ҳоло дар домҳои месохтаи худи Юсуф Раҳмон кор крада истодааст. Ана инро мегуянд нозиру ҳомии қонун!

Дар ҳамон нишасти хабариаш вақте  хабарнигорон роҷеъ ба боздошти Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ  вазири хориҷӣ пурсиданд аҷаб худашро донову сиёсатмадор тарошида гуфт, ки ҳар касе ба давлату миллат ва ба Президент хиёнат мекунад, новобаста аз он, ки дар гузашта кӣ буду чи хизмат кард ҷавоб мегуяд. Аммо, корҳое, ки худаш анҷом дода истодааст бадтар аз ҳар хиёнаткор аст. То ҷое маълум аст Юсуф Раҳмон яке аз наркобаронҳои асосии Тоҷикистон ба шумор меравад. Замоне, ки Ҳамрохон Зарифӣ ва Акбаршо Искандаров мамлакатро тинҷу ором мекарданд, Юсуф Раҳмон ҳоло чизеву касе надошт ва тасаввурот надошт, ки давлат чисту ва рузе мешавад, ки вай Прокурори генералӣ мешавад.

 Имрӯз дар давлати тинҷу тайёр омадаасту аз ҳаво гап мезанад. Шокирҷони Ҳакимро ҳам бо амри махсуси ҳамин Юсуф Раҳмон дастгир карданд. Як наздики Юсуф Раҳмон, ки бо ман ҳам ошноӣ дорад гуфт, ки Юсуф Раҳмон ба муфаттишон гуфтааст, ки «бо и к..зани будик мукунам намукунам када гап ёд мета имруз бо, к..зана ёдиш бтен гапзанира». (пузиш аз хонанда барои қавли айнан нақлшуда) Ба Акбаршо Искандаров бошад, Юсуф Раҳмон, ки шахсан  худаш пурсидааст гуфтаст, ки «уқа доно мебдӣ, вазифара намедодӣ. Акы ҳози ятина када шин».  

Юсуф Раҳмон  Ҳамрохон Зарифириро гуфтааст, ки «ку шогирди тарифит?» Юсуф Раҳмон Озодаро дар назар дошт ва илова мекунад, ки « дидӣ,шогирд чи хел устода дынг мемона? Дидӣ? Хытона коммунист мегирифтену ҳмммм.  

Ку Озода?

Бинобар маълумоте, ки ба ман расид ҳоло  Шокирҷон Ҳакимовро маҷбур доранд, ки номи Ойниҳол Бобоназароваро гирад. Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки «бояд и дела сенсация шава. Идомаи нақшаашон ин аст, ки ҳамон ҷавонони деҳаҳои Андарбак ва Жамаки ҷамоит деҳоти Язғуломро ба ҳамин гуруҳи Сайидҷаъфар Усмонов «қуш» кунанд.

                                  ҶАЙҲУН

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз бемористонҳои калони  Қумсангир шикоят дорам. Зани ҳомиларо узи карда пеши духтури занона –женский духтур бурдем. Мегуяд ё мазро аз ман дар арзиши 175 сомонӣ мехари ё хоб мекунӣ. Мо он қадар пул надорем, ки хоб кунем. Мазро аз компанияи «Фаберлик» мефурушанду доруву укол аз Сифатфармаи гури Марям. Мо ҷон безор шудем. Як ҳафта кор мекунӣ налог ё пули свет мешавад.

Дар Тоҷикистон кор нест. Ҳамаро депорт карда истодаанд дар Қумсангир. Азон полний аз микрофон манъ шудааст. Дар масҷид меравӣ учасковий омада фақат пули роҳ металабад ва кадоме камтар дар дин сахт аст, ғам медиҳад. Номҳои занонаи духтурҳо главврач Обидова, Ганҷина ва Шукрона. Инҳо бо ширкати Сифатфарма ва Фаберлик маслиҳат карда хуни халқро хурданд. Ҳамаи занҳои Қумсангирро касалӣ карда партофтанд. Аз дасти инҳо як кудаки солим нест дар Қумсангир

                                  Ашт

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Понғози Ашт бароятон нома мефиристам. Қарор аст Эмомтапак рӯзҳои наздик ба вилояти Суғд, аз ҷумла ба Ашт ояд. Ва чанд коргоҳ ба мисоли ҳавзи моҳипарварӣ, ки аз они раиси ноҳия аст, фермаи мурғпарварӣ, боғи гелос ва корхонаи истеҳсоли ҷуроб, ки аз они Зайнулобиддини понғозӣ мебошад ба истифода медиҳад

Ҳар рӯз Раҷаббой Аҳмадзода маъруф ба Қофлонбой ва СС. Ятимов инҷо омада дидаву бозпас  рафта истодаанд. Ин ҷаноб байни рӯзҳои 1ум то 7уми сентябри 2024 ба Ашт омаданӣ. Дар Ашт 4 иншоот кушода мешавад, ҳамонҳоро бо қайчиаш буридан мебиёд 

Рузи 19 уми август Қофлонбой омад. Дар роҳ ҳама мошинҳоро аз ҳаракат боздоштанд ва то рафтани Қофлонбой движений ба тарафи Аштро маҳкам карданд.

Рӯзи дигараш бошад бо шиму костюми сиёҳ СС.Ятимов омада ҳама объектҳоро аз назар гузаронида рафт. Ҳар рӯз аз мақомотҳои гуногуни давлатӣ ҳар хел вазирҳо омада рафта истодаанд. Ҳамааш шуда барои ҳамин 4 коргоҳ. Коргоҳи истеҳсоли ҷуроб ҳам аз они раиси ноҳия аст, ки бо пули Зайнулобиддин Мақсудҷонови бизнесмен сохта истодааст. Ҳавзи моҳипарварӣ ҳам аз они Шуҳрат Мамадҷонов, раиси ноҳия аст.

Ҳамаи вазирҳо меоянд бо мошинҳои Лексус ва Ҷипҳои бадвоҳима. Ашт дар ин шабурузҳо вазирборон шудааст. Наход, ки роҳбари давлат ба як ноҳия омаданаш ин қадар воҳима дошта бошад? Яке аз раисони ҷамоат шиносам аст. Гуфт, ки омадани ин вазирҳо ба диламон задааст. Чунки барои ҳар як омадани онҳо бояд гусфанд кушанд. Ҳамаи ин харҷу хароҷотро раиси ноҳия ба ҷамоатҳо бор кардааст.

                         Кулоб

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ шуморо аз бадиҳои замину осмон дар ҳифзи худаш нигоҳ дорад. Ман як бародари шумо аз шаҳри Кулоб. Айни ҳол дар Душанбе зиндагӣ мекунам ва дар бозори Корвон ба тиҷорат машғгулам.Чандин сол мешавад, ки як сирро дар қалби худ нигоҳ доштаам. Аммо дигар наметавонам ва тавассути барномаҳои шумо мехоҳам ба самъи мардум расонам. Бигзор  ҳама огоҳ бошанд ва бигзор ҷавонони солими миллат фирефтаи ин тоифа нашаванд. Ин воқеа чанд сол пеш руй дода буд. Ҳоло бошад ман соҳиби чанд фарзанд ҳастам. Якруз аз хона аз кучаи Чармгарони поёни Кулоб ба нияти сафар ба Душанбе барои кор пайдо кардан баромадам. Ба автовокзал ба назди таксиҳои Кулоб-Душанбе расидам. Дар онҷо мошин арзон-попутӣ интизор будам. Чунки он вақтҳо ман донишҷу будам. Се моҳи тобистон бозори Фаровон рафта грузчики мекардам. Дар онҷо мисли ман як чанд нафари дигар интизори таксӣ буданд, ки як мошини Лексус рақамҳои давлатиаш 2000 (то ҳол дар хотирам ҳаст) омада истод. Аз дарунаш як марди буланқад, гандумгун, ки дар тан шиму костюми сиёҳ дошт фаромада пурсид, ки ягон кас Душанбе меравад, ман танҳоям дар роҳ бо ман суҳбат карда равем. Ва таъкид кард, ки фақат як нафар кифоя. Пеш аз ман як марди дигар давида дар курсии пеши мошин нишаст. Вай бошад ба ман нигоҳ карда гуфт ту ҳам меравӣ? Ман гуфтам бале! Он марди мошинбударо гуфт ту фаро ва дар ҷои вай ба ман гуфт ту шин суҳбат карда меравем. Дар аввал он мард бисёр хушсуҳбат ба назар меомад. Мо дар роҳ бисёр шухию ханда карда рафтем. Шеър бисёр мехонд. Вақте, ки ноҳияи Данғараро гузаштем у гуфт зодгоҳи Ҷанобамон инҷо ҳаст. Вай ба ман гуфт:- ту медонӣ имруз бо кӣ ҳамсуҳбат шудаӣ? Ман гуфтам не, шуморо бори аввал мебинам. Вай гуфт ман солҳои зиёд мешавад, ки пеш аз ҳар баромадаш Ҷаноби Олиро муаррифӣ мекунам. Дар ҳама баромадҳояш аввал садои ман мебарояд. Як садои баланде, ки толорро ба ларза медарорад он садои ман аст:

   Муҳтарам Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмон гуфта ман ҷанобро муаррифӣ мекунам ва баъдан ҷаноб ба минбар мебарояд, дасташро дар қафаси синааш зада гуфт, ки ана ҳамон кас манам ва инчунин назорати ҳамаи автодромҳои ҷумҳуриро Тахмина хоҳарамон бар уҳдаи ман гузоштааст. (Вай чи гуна назоратро дар назар дошт ман нафаҳмидам). Ман пеши ин оила эҳтироми хоса дорам, аз ҷумла бо Рустамҷону Тахмина муносибатам хуб аст, гуфт. Вай нушидагӣ буд. Вақте гап мезад аз даҳонаш буи бади арақ мебаромад. Аз ман пурсид ту наход, ки манро нашиносӣ? Ман гуфтам бале, ин садоро, ки ҷанобро муаррифӣ мекунад бисёр шунидаам, аз шиносоӣ бо шумо бисёр шод шудам! Вай аз ман ному насабамро, дар кадом донишгоҳ ва дар курси чандум хонданамро суроғаи хонаамонро ва инчунин ному насаб ва ҷои кори падарамро пурсид. Ман гуфтам ба шумо чи лозим ин маълумотҳи шахсии ман. Вай гуфт ту бисёр ҷавони хуб ба назар меоӣ. Ман мехоҳам туро дастгирӣ кунам. Ман бисёр хурсанд шудам. Ҳарчики пурсид ҷавоб додам. Ман он вақтҳо 22 сол доштам ва он вақтҳо аз зиндагӣ чизеро намефаҳмидам. Он кас дасти маро қапида гуфт бисёр ҷавони боқувват метобӣ, варзишгар ҳастӣ? Ман гуфтам баъд аз дарс ба зали гуштин меравам. Ба ман гуфт ба ту як пешниҳод мекунам. Агар қабул кунӣ тамоми зиндагиатро тағйир медиҳам ва туро аз Кулоб ба Душанбе меорам, дигар инҷо зиндагӣ мекунӣ, ба ту мошин гирифта медиҳам. Ба ректори донишгоҳат гап мезанам. Дигар ба дарс намеравӣ. Худаш дипломи сурх пур карда медиҳад. Дар кадом идораи давлатӣ  хоҳӣ онҷо ба кор мемонам. Ҳамаи зиндагиатро ман ба уҳда мегирам.

  Ман ҳайрон шуда пурсидам чи пешниҳод доред? Вай гуфт ман Чернобил хизмат кардагиям, узви мардинагиям хуб кор намекунад. Ду зан дорам, наметавонам бо онҳо хуб робита кунам. Барои ҳамин ман маҷбур ҳастам ин корро кунам. Вай гуфт ман як марди 35 сола дорам, ки ҳар вақт хоҳам уро даъват мекунам. Аммо вақтҳои охир он ҳам аз уҳдаи ин кор намебарояд. Ба ман гуфт шербачаҳои Кулоб бисёр қавӣ ҳастанд мегуянд. Ту агар қабул кунӣ дар як ҳафта ду ё се бор маро истифода мебарӣ. Ҷои  махсус барои ин кор дорам. Натарс касе аз ин огоҳ намешавад. Ман ба ту занг мезанам. Ба онҷо меравӣ. Ман ҳам ба онҷо меоям. Кори ту фақат ҳамин тамом, мисли шоҳбача зиндагӣ мекунӣ. Танҳо ман ин хел нестам. Бисёрии вазирону кормандони Дастгоҳ ҳам чунин ҳол доранд. Аммо агар ба касе мегуӣ инро худатро ва тамоми оилаатро нест мекунам. Ман ба ту бовар мекунам. Ту ҷавони бофаҳм ҳастӣ гуфта аз ҷайбаш панҷто сад доллара гирифта ба пешам гузошт. Ба Худо қасам, дасту поям аз тарси зиёд ба ларза даромаданд. Он бадбахти лаънаткардаи Аллоҳ ханда карда гуфт аввалаш ҳаминхел. Натарс, ту мард ҳастӣ. Чи метарсӣ ва дасташро тарафи ман дароз кард. Хост аз узви мардинагии ман қапад. Ман дасташро ба қафо зада як мушти дигар ба сараш задам зану духтарашро ҳақорат кардам ва дод зада гуфтам мошинро манъ кун вагарна худамро мепартоям. Дари мошинро кушодам. Он бадбахт манъ кард. Ман аз мошин фаромадам ва аз тарси зиёд сумкаи либосҳоямро нагирифтам. Он вақт мо ба Ваҳдат расида будем. Ман аз Ваҳдат дар дигар мошин нишаста ба Душанбе омадам.

  Барои ин ҳикояти воқеӣ аз ҳамаи хонанда ва шунаванда узр мехоҳам. Каме аз доираи ахлоқ берун буд ин гуфтаҳо. Аммо ин ҳақиқат аст. Ман ба чунин лаънаткардаи Аллоҳ рубару шудам дар ҳаёт…

                              Турсунзода

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мехоҳам дар бораи камбудиҳо гап занам, аммо намедонам дар бораи кадом камбудиҳо гап занам. Камбудиҳо хеле зиёт аст. Турсунзода беҳтарин ноҳияи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Аммо феълан ин тавр нест. Масалан шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода пур аз зулму туҳмату фасод аст. Соҳаи тандурустӣ ба мисли бозор гаштааст. Махсусан роддом- зоишгоҳ. Кори ман ба таваллудхона бисёр афтидагӣ аст. Инҷо аксарият кормандон аз узбектаборҳо ҳастанд, ки сахт миллатчигӣ мекунанд. Духтуру акушеркаҳову медсестраҳо агар бинанд зани ҳомила точик аст бо вай ба мисли инсони паст менигаранд, дуруст хизмат намерасонанд, ба кудакони навзоди онҳо бераҳмӣ мекунан.
Ман худ шоҳиди ин ҳолат будам, ки чандин тифли навзодро маъюбу дардманд карданд ва ҳатто ба қатл расониданд. Агар пули гуфтаашонро надиҳӣ, ё ки каме гапҳояш бо бемор ё ки бо шавҳари бемор гурезад инҳо қасд мегиранд. Ду ҷияни манро инҳо ба қатл расонданд
Бародари ман то Прокуратураи генералӣ арзу шикоят кард. Навзодро ташхис намуданд. Маълум шуд, ки дар кудаки навзод уколи бачаҳои калонро задаанд. Кудак судуроги зад, ҳалок шуд. Гарданаш маъюб ва бастагӣ буд.

  Ҷияни дуввумам шаш моҳа буд. Шаб хоб накард. Гулудард буд. Назди ҳамин духтурон бурданд кудакро. Як укол заданд,кудак каб- кабуд шуда мурд. Дар муддати 25 дақиқа кудакро куштанд. Арзу шикоят кардем. Фоида надод. Ин духтурҳои қотилро бурда пулашонро гирифта ҷавоб доданд. Корманди вазорати корҳои дохилии Турсунзода тарафи духтурон таҳдиду сахтгуӣ кард, ки соз ва дуруст кор кунанд. Аммо ин як навъ сохтакорӣ дар назди мо буд, чунки инҳо пул гирифтанд аз ин духтурҳо. Боз тарафи онҳо хандида мегуяд, ки аз болои шумоҳо арзу шикоят бисёр. Аммо, баъди рафтани мо ин духтурҳоро ба кабинеташ дароврада пул гирифта ҷавоб дод.

 Баъд аз дуруз рафта мебинам, ки боз ин қотилҳо кор карда истодаанд. Тарафи ман бо тамасхуру киноя хандиданд ва таҳдид ҳам карданд.

Як ҳамсояи ман гуфт, ки ҳамин коркунони роддом дар таги пои навзод оби ҷушро  бо боклажка гузошта пой тифлро сузонданд. Ду ҳафта кудакро ҷавоб надоданд. Падару модараш мераванд, ки кудак фақат хоб аст. Ин акушеркаҳо ба кудак фақат доруи хоб зада уро карахт мекардаанду мехобонидаанд. Баъди ду ҳафта ба модараш кудаки мурдагиро медиҳанд ва модараш мебинад ҳарду пой кудак сухта суп-сурх ва гуштҳои даруни по овезон. 
Дар бахши тандурустии Турсунзода порагириву ришвахорӣ дар авҷи аъло ва руирост аст.

Инҷо мехоҳам боз дар бораи як шахсе, ки пур аз фасоду зулму ҷиноят аст гап занам. Ин нафар дар пеши кормандони ҳифзи ҳуқуқ пешвову пешвобозӣ ва сахт лесакиву чоплусӣ мекунад. Аммо дар назди одамони одӣ

  пешвояшро дашном мекунад. Инсони дарундори тоҷикбадбин. Як ҳаёт тоҷикҳоро дашному таҳқир мекунад ва паст мезанад. Президенти Тоҷикистонро бесаводи тупой мегуяду президенти Узбекистонро зур, баақл ва умний мегуяд. Шавкат Мирзиёев «ихели кард ухали кард» гуфта мефахрад. Узбеко боақланд, тоҷикҳо тупой гуфта механдад. Ин инсон Чупонов Нурмат ном дорад. Хирург, духтури беҳтарин дар соҳаи худаш.  
Ин Чупонов айни ҳол дар Қараболои шаҳри Турсунзода кор мекунад. Боз клиникаи шахсии худашро дорад. Бо ҳамроҳи фарзандаш Фарҳод кор мекунад. Фарҳоди писараш ба мисли падараш тоҷикбадбину золим дуруя аст. Бисёр ба Узбекистон сафар мекунад. Фақат таърифу ҳаваси Узбекистон мекунад. Мегуяд шумо точикҳо ҳамин хел хору залил шуда мемуред. Яке мебинӣ, ки чоплусӣ мекунад, боз мебинӣ, ки беҳад дашном мекунад. Фарҳод Раҳмонови пешвояшро гапи нагуфтааш намонд. Фарҳод вақте донишгоҳ хонда тамом кард бо падараш дар Қараболои Турсунзода кор мекард. Дар муддати кутоҳ соҳиби мошину пулу мол шуд. Бо пули пора туйи худашро ҳам кард. Хеле хароҷоти калон кард. Ҳофизи туяш Муҳаммадрафии Кароматулло, чунон фукаш чухт буд, ки гуё дар ҳаво парвоз дорад. Соли 2014 кормандони коррупсия дастгир карданд. Чунон ғамаш доданд, ки 30 кило хароб шуда буд. Мегуяд чунон саволу ҷавоб шуд, ки ду моҳ ба худ наомад. 15 000 $ дода халос шуд. Вале боз баъди якуним сол ба кор бо ёрдами Тоҷиддин, главврачи Қараболои Турсунзода ба кор даромад. Фарҳодро коррупсия се бор қапид, аммо ҳар бор пулашро гирифту сар медиҳанд. Ин падари Чупонов Фарҳод маро ягон бор ягон кас нақапидааст гуфта Фарҳоди писарашро дашном мекард.
Соли 2016 Чупонов Нурмат бо писараш Чупонов Фарҳод дар 1ум микрорайон дар назди поликлиника сохтмони клиникаи худашонро сар карданд. Дар аввал барои сохтмони клиникаи онҳо иҷозат доданд. Баъде, ки ду ошёна бардоштанд, баъд сар карданд ва аз тарафи ҳокимият, аз тарафи суд, аз тарафи прокуратура тала карданд. Бисёртар суд ғам дод. Хато накунам зиёда аз 20 000 доллар гирифтанд. Нома ба Озода, нома ба президент, нома ба Рустам навиштанд, ягон чи нашуд. Аз санг садо ҳасту аз ин куҳнаҷунуб садо нест. Баяк азобу даводави ва пора диҳию хушомат зани сохтумони килиникаро тамом кард соли 2019 кушоданд кленикай ба номи Чупон отаи ин Фарҳод нисбат бо беморон хело берахму сахт хаст вахте ки медарои дуруға пули анализ мегираду лекин анализ на мекунад бе чавоби анализ апиратсаро сар мекунад агар бемор тоҷик бошад бераҳму қаҳролуд мешад дард медихад ман аз даҳони худаш шунидам ман дарчи дар ҳайратам ёки чоплус бош ёки зиди чоплуси бош. Дар назди мақомдорон беҳад чоплуси мекунад дар назди мардуми оди ё бемори тоҷик тоҷик бадбини мекунад маро дарчи алам мекунад дар Точикистон кор мекунию тоҷиконро бадбини маро сахт мераса нисбат точикон беҳад таҳқир мекунад агар фақат Эмомали Рахмоновро бад медиду дашном мекард ман зид намебудам не ҳам пешвоашро бад мебинад ва миллати тоҷикро ин аз руи адолат нест.Ин Чупонов Нормат падари ин Фарход пеш аз ин килиника аз ин пештар даже солхоеки ин Фарход мактаби миёна мехонд падараш ғайри қонуни беморҳоро дар хонааш оварда апиратца ва личени мекард 100 касро дар хонаи шахсии худаш апиратца мекард бо ҳамроҳи бачаҳояш Эркин, Камол, Фарход онвахто ин Фарход бачаи мактабхон буд дар дуюм ошёнаи хонаашон ягон шароити хуб надошт тағои маро дар хонаш апиратца кард як шаб хов рафт саҳараш ҷавоб  дод ҳолаш хело бад шуда буд 2 моҳ азоб кашида буд. Баноми Аллоҳи меҳрубон қасам чизеки ман дар шумо навистам туҳмат  нест ва ғарази шахси надорам Аллоҳ худ шоҳидаст. Багуфти ин Фарҳод аз забони худаш шунидам ман гуё Фарҳод дар кумитаи Амният ноҳияи  Турсунзода бисёр омада аз хонаш мебурдиян ин духтури гемарое ку барои ҳамин ба гуфти  Фарҳод вақте ки мерафтаст уро бар падвал медаровардаан мегаки хамин одамоеки ҷиноят мекунанд хамонҳоро дар бутулка ва дар баклашка мешинондиян ақибашон ҷазир мешудаст баъд ин рафта 3 4 кук мегирифтаст гуё медухтаст.

Share This Article