Харсанги сари роҳ

Ислоҳ нет

Озодӣ дар табиати Худо ҳама ҷо ҳукмфармост.

Дар табиати Худо ҷое барои ситам нахоҳед ёфт.

Агар моҳиро аз об ба дур афканед, мемирад.

Агар чарандагонро аз марғзорҳо ба дур ронед, хоҳанд мурд

Агар инсонро аз озодӣ маҳрум созед, аз рушд мемонаду саранҷом хоҳад мурд. Ҳар миллате, ки дар торих ба ситам ё ситампазирӣ одату хӯ гирифтаанд, мурдаанд. Ҳар тамаддуну соҳибтамаддунҳое, ки аз роҳи истибдод пеш рафтаанд, нобуд гаштаанд.

Аз ин рӯ,  табиати офариниш ва хилқати Худо чунин аст, ки ҳар навъе аз анвоъи мавҷудот ба худ маҳдудаи озодӣ дорад, ки чун аз он бурун афтад, ҳалок мешавад.

Говҳо бо говҳо, харҳо бо харҳо, мӯрчагон бо мӯрчагон – дар иттиҳоду якпорчагӣ зиндаанд. Аз ин маҳдуда берун, мемиранд.

Инсон дар танҳоӣ метавонад зинда бимонад, вале чун дастаҷамъӣ мавриди бардагӣ қарор бигиранд, ё онро бипазиранд,  хоҳанд мурду нобуд шуд. Ғуломон умри дароз намебинанд, онон дар зери ҳар гуна кору зулму шиканҷаву азоб ҷон хоҳанд дод.

Инсоне озод аст, ки метавонад мустақилона коре кунад, чун барда гашт, пеш аз ҳама, ирода ва мустақилияташ салб мешаваду чун дигар ҷонварон мешавад. Ба зарби говрона, зери шаллоқу «роҳнамоӣ» кор мекунаду ниёз ба «дастуру супоришу ҳидоятҳои»– ҷаноби хоҷаи олияшро дорад.  Балки ҷонварон бо махсусиятҳои табиие, ки доранд, дар ҳамон риштаҳунарҳои ҷабалияшон корҳое метавонанд бикунанд – мустақилона, вале инсони барда то супориш нашавад коре азаш сохта нест.

Масалан, то тиран супориш накунад, ки сарбанде бисозед миллати бардагашта онро, мустақилона, сохтан наметавонад, вале агар он тиран ҳам ақлаш танҳо ба калламанорасозӣ бирасад, ин миллати бардагашта танҳо ҳунари калламанорасозиро дошта метавонаду бас. Ё, шояд умре ба ҷои калламанора картошкаманора, кадуманора, карамманора ва редискапирамида бисозанд..?

Гуфтанист, ки тирани ҷоҳил миллатро дар ҷаҳли худ, дар сатҳи фаҳмиши худ умре нигаҳ хоҳад дошту аз сатҳи ақлонияти ӯ бештар пеш нахоҳад рафт. Аз ин рӯст, ки миллатҳои бардагашта имкон надоранд, ки тӯли асрҳои мадид даст ба кори шигирфе зананд, ё ихтироъоте кунанду ё ҳатто ба кишварҳои дигар, мустақилона юриш баранд.

Ин гуна миллатҳо мисли роботанд, ки танҳо барои хоҷаашон хоҳанд ҷангид, хоҳанд сохт, хоҳанд сӯхт, хоҳанд кушт, хоҳанд кошт. Дасту пову ақлу ҷавориҳу ҳастиву буду шуду духтару писаронашонро барои тақвияти ҳукми тиран бахшидаанд.

Ин хислат бештар дар миллатҳои ақабмондаи торих дида мешавад, ки ҳоло ҳам аз форматсияи ҷамъиятии «ғуломдорӣ», ё аниқтараш «ғуломфикрӣ» берун нарафтаанд, ки тоҷикони асри 21 яке аз ин камшумортарин миллатҳои ба сатҳи миллатнарасидаи доҳию пешвопараст, афсус,ки ба шумор меояд!

На дар Африқо, на дар Урупо, на дар Осиёи худамон миллате бад-ин беъурзагиву ғуломтинатӣ ёфт намешавад, ки худро бо он қиёс кунем! Қирқиз, қазоқ, рус, олмонӣ, поландӣ, итолиёвӣ, араб, турк, татор, ҷопонӣ, чинӣ…. Ҳеч миллате чун тоҷики «тоҷдор»-и воҳимаи торихи дурӯғин, ғуломи як оилаи палиди дузду ғару нокасу беаслу табору ношуду тарсу нест, ки нест! Ҷуз тоҷику тоҷикистонӣ касе Раҳмончақурро ин қадар сол имкон надошту надорад, ки таҳаммул карда, бо ин қадар мушкилоти рӯзафзуну ҳалнашаванда, сабр карда,  сано хонда гардад!!!

Аз ҳамин рӯ буда, ки дар Бухоро фатво дода будаанд, ки раъият чун «палаки харбузаи амиранд» ; хост кадомеашро сар бибурад – сар мебурад, даст бибурад – даст мебурад, даст бибандад – даст мебандад, бифрӯшад – мефурӯшад, тортуқ кунад – тортуқ мекунад. Ва Подшоҳ, ки сояи Худост, инҳо мекунад. Вале кас суол надод, ки магар Худо алъаёзу биллоҳ ё ҳошо лиллоҳ чунин ваҳшӣ аст? Магар ин гунаҳо сояи шайтон нестанд?

Дар охир Аҳмади Дониш пайдо шуда гуфт: амир ҳам як муздур аст – кор мекунад, маош мегирад… ва  инҳоеро, ки «ҷаноби шариатпаноҳ»-у «ҳазрати амир» мехонанд, агар миллати огаҳе мебуд, кайҳо маъзул мекард!

Вале, ҳайҳот… Аҳмади Донишро ҳам «калла»-ву «ақлак» номиданду аз дару девор ронданд! Киҳо?! Миллати тоҷику хоҷаи манғитии хуношомашон!

Миллат худ гунаҳкори асосии сарнавишти хеш аст!  Чун гов гашта аст. Хов гашта аст. Ғулому хор гашта аст. Решаи ин ғуломият аз аҳди Раҳмонови 32 сола не, балки 1000 сола умқу имтидод дорад!

Ва барои он миллати тоҷик худро тӯли ин 1000 сол «диндори гузаро» мегирифт, то аз сиёсат, ҳукумат, мубориза, озодихоҳӣ, равшангарӣ фирор кунаду худро дар лонаи бардагӣ, дастнигарӣ, моямолӣ, маддоҳӣ, дастпешибарӣ, гарданкаҷӣ нигоҳ дошта, тамоми олимонаш худро «бандафақири ҳақир, камина, бандаи камтарин, хоки роҳ, бандаи нотавон» номида, ҳар золими хуношомеро «ҷанобашон», «ҳазрати ҳумоюнӣ», «сайфуддавлати ваддин», «сояи Худо» ва ғайра унвону лақаб додаву миллатро аз муборизаи сиёсӣ манъ мекарда, ва фатво ҳам дошта: «Бо сӯзан набояд бар зидди шамшер баромад!».

Ҳоло ҳам ҳамон – Раҳмонови тарсу «шамшер» асту 10 миллион тоҷик «сӯзан»!

Раҳмонови даҳмардаро кӣ чунин кард?  – мо!

Ба иқрори Кисравӣ : сабаби асосии шикасти эрониён назди чанд муғули ваҳшии камшумор ҳамоно ҳамин таълимоти барғалати дарвешгарӣ, хароботигарӣ, сӯфигарӣ ва амсоли ин мебуда, ки миллатро аз ин дунё ба «он дунё» фикрашро кашида, ба ҳар мағораву кӯю харобот бурда буд!

Айнан, мисли «таълимоти Раҳмончақур» «намозта барои он дунёт хон, ба ин дунё – сиёсат даст задӣ, ҷавоб метӣ!».  

Ман хитоби оташину муҳимам ба миллати тоҷик ин аст, ки ягона роҳи наҷоти мову шумо дар рӯй овардан ба сиёсат, даст задан ба сиёсат, гирифтани зимоми сиёсат, ислоҳоти сиёсӣ, ислоҳи низоми сиёсии давлатамон асту бас!

Намоз ибодот пойбанд ба дину имонамон эътиқоди инфиродии ҳар яки мост, вале «сиёсат» кори «дастаҷамъӣ» – и ҳар як мусулмону ғайримусулмони ин кишвар аст!

Муллои тоҷики дарборӣ тӯли 1000 соли охир ҳамеша барои «болида кардани табъи ҳумоюнии амирони хунхори нотоҷик» фатво меҷӯсту ҷилд – ҷилд китобҳои фиқҳию боҷу хироҷ менигошту мадҳномаву ашъори дурӯғине, ки ба гуфти Саъдии Шерозӣ  дар васфи «Куни хар аст, агарчи гови амбар аст», месуруд. Вале касе ҷуз Алӣ Абдуррозиқ дар оғози асри 20 напурсид, ки чаро ин қадар олиму шоиру пажӯҳандагони олами ислом, ки тоҷикон ҷузъи боризи онон будаанд, лоақал як китоб дар соҳаи сиёсатшиносӣ ё давлатдорию демократия нангоштаанд? Ҳол онки тамоми осори юнониёну ҳиндуву лотининихат дар тарҷумаи арабию форсӣ дар дастрас буда ҷуз ин соҳа.

Сабаб якто буд – танҳо шинохти илми сиёсат, маърифати сиёсӣ, ошноӣ бо улуми иҷтимоӣ аз қабили торихи ҷаҳонӣ, торихи давлатҳои мунқаризгашта ва омилҳои инқирози онҳову асбоби рушду нуму ва иллатҳои инқирози он, миллатҳоро аз зери ситами ситамкорон мераҳонид. Аз ин рӯ, тӯли 1000 сол ба олимону адибону рӯшанфикрону қаламкашон иҷозат набуд, ки дар ин соҳа равшангарӣ кунанд!

Ҳоло ҳам ҳоли мо тоҷикон ҳамин аст: «Ба сиёсат даст задӣ, турма мешай», Э. Ш. Раҳмонов

Масҷидҳо боз – намоз хон

Дискоклубҳо боз – рақс кун

Сарҳадҳо боз – ғуломӣ рав ё фирор кун

Ҳазорон китобҳои қадиму ҷадид дар фанни «ҳайзу нифос»-у «бо кадом пой тувалетдароӣ» нигошта – хон!

Вале ба олами сиёсат наздик нашав! Наздик шудӣ – турма мешавӣ!

Як китоби Насиҳатул мулук «Сиёсатнома» аз Низомулмулк дорем, ки он ҳам як «такфирнома»-ву «салҷуқпарастнома»-е беш нест! Оид ба «ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии баёну эътиқоду ислоҳи низоми давлатдорӣ» чизе дар он нест. Баръакс, «Саркӯбнома» аст ин асар!

Мулоҳиза: миллате то  ба сатҳи олии шинохти сиёсат ва фаъолияти огоҳонаи сиёсӣ нарсад, маънои чистии  давлату аҳамияти он дар ҳаёти худро пай набарад, озод нахоҳад шуд.

Ба мо тӯли ин 1000 соли охир дурӯғ гуфтаанд, ки калиди роҳи озодӣ «ғуломии амир»  аст. Ҳол онки калиди роҳи озодӣ барандохтани ин ҳама амиру пешвову ҷанобони олӣ буду ҳаст!

Агар чунин намебудем, бо кадомин ақл як говбореро ин ҳама сол рӯи сар карда овардему имрӯз фаротар аз Сарқонун ӯро «пешвои миллат» унвон додем?!

Кӣ кард? Кӣ овард? Кӣ интихоб кард? Кӣ ин идеяро сохт?!

Ҳоло агар аз 10 миллион тоҷик оид ба асосҳои давлат, вазоифи ҳукумат, масъулиятҳои Президенту мақомдорон, сиёсати хориҷии кишвар, маънои протоколу санаду дигар қонунҳои пазируфташуда, интихобот, муддати раёсат, инқилоб, сохторҳои ҳукумат, демократияву масъулияту ӯҳдадориҳои ҳар як шаҳрванд, хидмати давлат ба миллат, на баръаксу дигар масоили ҳаётӣ пурсон шавед, балоро бомба мефаҳманду давлатро – Пешво, ҳукуматро – оилаи Подшоҳ, сохтори кишвардориро – масоили хонаводаи Раҳмонов ва ҷангро – ҷанги шахсии пешвои худхонда бо ҳаркиву ҳарчӣ, ва сулҳро – «мо бо ҳизби Экстремистию террористӣ»-и Наҳзат ҳеч созишномае имзо накардаем, хоҳанд фаҳмид.

Сиёсат, ки як илми доманадори қадими инсоният аст, аз погадарии хонаи деворрехтаи пияндари Эмомалӣ – Шарипчақур, шӯи Майрам оғоз ёфта, то трибунаи Эмомалӣ, ки наздаш каврик густурдаанд, идома ёфта, бо хитоби ин говбон дар шакли : «Ба сиёсат даст задӣ, назди қонун ҷавоб медиҳӣ», хотима меёбад!

Ҳамин аст сиёсат? Ҳамин аст озодӣ? Ҳамин аст «кишвари ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ»?

Ҳамин қадар аст имтидоди сиёсатмадорию сиёсатшиносии ҳар як фарди тоҷик – аз оғулхонаи Шарипчақур дар Данғара то трибунаи какани ӯ дар рӯи ҳар хокрӯбае, ки рӯяш каврик густурдаанд?!

Магар Худо мавҷудотро офарид то бардаи як тиране бошанд?

Дар табиати Худо диктатура вуҷуд надорад. Ҳеч шере нарафта тӯдаҳои бӯзинагонро асир карда, ё архарҳо бузҳои кӯҳиро ба ҷарҳо ҳаво дода бошанд. Ё зоғҳо кабутарҳоро табъиз карда бошанд.

Ончи ки мебинем шерҳову дигар соҳибчанголҳо дигар алафхорҳоро тӯъмаи хеш месозанд, барои ин нест, ки байни онон душманӣ ё носозгорӣ бошад, балки инҷо табиати офариниш чунин буда, ки шер барои зинда мондан ҷонвари алафхореро сайд кунаду аз меъда зиёд он сайдҳоро надарад. Ва ин шеру гургу бабр ҳам аз ҷамъияти алафхорҳо танҳо заифтаринашонро, ки ё бемор, ё пир, ё дармонда, ё маҷруҳ астро бихӯранд , то дар раммаву подаву галлаҳои ин ҷонварон бемориҳои сироятӣ буруз накунад.

Ҳеч мавҷудоте ба хоҳиши худаш омада ғуломиро ба гардан намегирад. Ҳеч филеро аз ҷангал ба ин осонӣ намешавад рафту оварду барда кард. Ҳеч ҷонвареро ба ин осонӣ наметавон рафту қапиду оварду дар сиркҳо масхаразбоз кард, магар инки аз хурдӣ онҳоро боздошт карда тарбияи ғуломӣ доду масхарабоз кард.

Вале, ҳатто аз хурдӣ ҳам наметавон гургу леопарду рубаҳу бисёре аз ҷонваронро рому масхарабоз кард.

Шерро мешавад масхараи торих кард, вале гургро на.

Пас, инҷо нерӯ дар озод шудани мо нақше надорад, балки огаҳии омехта бо ҷуръат маҳак аст ;  чун шер нерӯмандтарин ҷонвар аст, балки якравӣ, ҷиддият ва дигар хислатҳои азалист, ки гургу палангҳоро ромнопазир мекунад.

Имрӯз миллати тоҷик якдигаро «шери нар» меноманду аз «гург» номидани хеш ор медоранд, дар ҳоле ки нишонаи боризи туркон (символи қавмияшон)  гургият аст, ки ин нишонаи саркаш будани ононро мефаҳмонад.

Вале вақте як инсони тарсуву нотавоне омада инсонҳои озодро асири нафси хешу ҷаҳолати худ месозад, инҷо ягон «талаботи табии»-е дида намешавад.

Чаро инсонҳои дигарро озодае барда кунад? На, инҳое, ки дар дарозои торих дигаронро барда кардаанд, худ озод набудаанд. Магар ҳамин Чингиз дар хурдӣ як бардашуда набуда, ки қасос гирифт, то миллионҳо танро асиру барда карда кушад?

Магар  ҳамин Темури гову мешдузд барои он миллионҳоро асиру барда накард, ки дар ҷавонӣ, дар ҳолати аспдуздӣ аз пояш маҷрӯҳ ва ланг шуд?

Бояд решаковӣ кард, ки Раҳмонов дар хурдӣ чӣ уқдаҳое дошта, ки имрӯз ин қадар бераҳму қотилу мардумозору дуздаш карда?

Қашшоқӣ? Нимаятимӣ? Зиндагии якҷо бо пияндар? Таҳқир аз наздикон? Уқдаи шарму сархамӣ аз фоҳиша будани модар? Тарбияи дурушту душвор дидан? Ё чӣ?!

Оре, онҳое ки дар дарозои торих чун «бардасоз» машҳуранд, дар гузашта худ бардае беш набудаанд, ки маънои озодиро умре дарк накардаанд.

Магар ҳамин Сабуктегин падари Маҳмуди Ғазнавӣ умре ба хотир намеоварду намегирист, ки дар ҷавонӣ барда буду хоҷааш чӣ азобҳое бад ӯ медод?!

Ё ҳар бардахӯйи дигари таърихро мисол бигирем, ки пасон сафи «ҳамтақдирон»-ашро меафзуду меафзуду институти ғуломиятро дар империяи ташкилдодааш ниҳодина мекард!?

Онҳое, ки имрӯз ҳам пайи бардасозии чи ҳаммиллатони хеш ва чи ҳамсоямиллатҳоянд, дар гузашта ё ҳаромӣ, ё ғуломхӯй, ё уқдавӣ,  ё аслан ба дур аз фарҳанги озодманишӣ тарбия ёфта,   ба воя расидаанд.

Мушкил дар он нест, ки миллате ғуломиро дӯст дорад, балки адами шинохти қадри озодагист, ки миллатҳоро сардаргум мекунаду онон ба доми бардагирон меуфтанду ин бардагиро муллову мухолифу «озодандеш»-они дурӯғине тасбит мекунанду ба миллат бардагиро дар ниқоби озодӣ ва озодиро бардагӣ ҷилва медиҳанд. Ин назарияпардозони худ ғуломбуда инсонҳоро аз озодӣ метарсонанду дар ғуломӣ ононро дар «амну амон» вонамуд месозанд.

Мегӯянд: агарчи баъзан тиран ба шумо ситам мекунад, сабр бубояд кард,  вагарна озодихоҳон омада, бо номи озодӣ шуморо «ғуломи дукарата» мекунанд.

 Пас, ҳамин ғуломии яккаратинаи ниҳодинашудаи одатшудаи шумо басо беҳтар аз «саргардонию дукаратабардашавӣ»-ятон аст. Пас сабр бубояд кард, то Худо аз ин «бадтар» накунад. Бад хубаст, бадтар бад аст!

Аз бад ба бадтар нашитобед. Ҳол онки дар бардагию ғуломӣ ҳеч навъ некие несту аз бадтар ҳам бадтар аст, ки пас аз диктатура ҳеч бадие вуҷуд надорад. Ҳолати бадтарини бадтарин ҳамоно «диктатураи сиёсӣ»-ст, ҳол онки диктатура чандин навъ мешавад.

Якум, гурӯҳе аз диктаторон, ки иддао доранд ононро миллат «интихоб» карда сари қудрат оварда аст ;

Дуюм, гурӯҳе ки бо зӯри силоҳ ҳукуматро ғасб карда бошанд;

Сеюм, тахту курсиро аз роҳи мерос ба даст оварда бошанд.

Аз ҳама намуди бадтарини диктатура ин меросии он аст. Чун меросбарандагон натанҳо тахту курсӣ, балки он миллати ғуломшударо ҳам ба мерос мегиранд. Пас, агар тахт мероси падарияшон бошад, миллат ғуломони падарашон маҳсуб меёбанд. Агар буджети кишвар будҷети падарашон бошад, сарватҳои табиию боигариҳои ин давлат ҳам мероси падарияшон мебуда.

Вақте ин давлат меросӣ шуду ин миллат ба тарзи худкор бардагони «меросбар» гаштанд, пас аз насле, ин миллат дигар на маънои озодӣ ва на дарди бардагиро эҳсос хоҳанд кард. Аз рӯзи таваллуд то дами марг ҳамин ҳақиқатро мефаҳманд, ки инҳо – ғулом ва меросбари ъарш –  хоҷа офарида шуда аст.

Бадии  кор дар ҳамин аст, ки миллати тоҷик тӯли 1000 сол чунин зиста буду пас аз барҳам хӯрдани Шӯравӣ, дубора ба ин ботлох баргардонида шуданд!!

Шуҷоъат бо озодӣ пайванд дорад, вақте озодӣ салб шуд, шуҷоъат ҳам хоҳад мурд.

Сабаби асосии тарсуии мо имрӯз дар он аст, ки озодӣ надорем. Рӯзе, ки озодии ин миллат ба ӯ баргардонида шавад, хоҳед дид, ки то чи ҳад ҷасур хоҳанд шуд.

Ҳеч миллате ба тарзи саросарӣ тарсӯву буздил нест, вале метавон гуфт, ки озодиро метавон ба тарзи фарогир аз миллате салб кард, ки ин реша ва асоси ҳамаи тарсуӣ мебошад.

Хоҳед миллате нотарс шавад,  барояш озодиро биёваред, вале озодӣ аз осмон ба сари касе намеафтад, балки барои баргардонидани он заҳмат бояд кашид.

Озодӣ мисли нӯрест, ки аз ҷониби Аҳримани торикӣ ва  бастагону авлодаш балъида шуда аст. Барои баровардани ин нӯр бояд, чун устураҳои бостониён шиками аҳримани торикиро шикофт. Маънои «шикофтани шиками аҳримани торикӣ» ин аз сари қудрат барандохтани диктатор аст, ки бо суқути ӯ гӯё деви рушноихор шикамчок гаштаву нӯри балъидашуда, дубора раҳо мегардад.

Ин аҳримани нӯрхор танҳо нест – давру бараш пур аз девҳои масту рушноихор аст, ки ҳамагӣ барои тамдиди ин торикӣ ва надаридани шиками сараҳриман талош мекунанд. Чун дар ин торикӣ ин девгала метавонанд ҳар кори зишту бадеро амалӣ намоянд. Чун нури озодӣ баргашт, девҳо дархуд печида, ба чолаҳои беамалии хеш бархоҳанд гашт!

Вақте озодӣ салб гашту шуҷоат мурд , миллат рӯҳияи ҷанговарию ҳақталабии худро аз даст дода, рӯҳияи истеҳсолоту навоварию халлоқият дар вуҷуди онон хоҳад мурд, ки инро мову шумо дар мисоли миллати хеш дида истодаем – тамоми соҳаҳои ҳаёти мо фалаҷ аст!

Дар чунин вайронаҳо танҳо ҷӯғзҳои бадмуру калхотҳои одамхору кафторҳои тагитабақхӯр зистанро меписанданду бас!

Калхот-Раҳмон, Калмурғ -Ҳамро, Кафтор -Ятим, Ҷӯғз – Шоҳрих-Бузмак-Қунғурот-Девонаевҳо. Ва дигар деву девгаллаву девнагаллаҳое, ки аз қишлоқҷойҳои давру бари худ ҷамъу ҷӯр карда оварда – чун худаш – птинкаи квуту гарданбанди алаву мундири шик пушонида, рӯи курсиҳои пурмасъулияти давлатӣ шинонда, дар ҳоле, ки аз дасташон хок намеояду давлатеро табоҳу миллатеро ҷазир карда партофтаанд! Ягон-тояшон мутахассису соҳибмағзу кордону масъулу миллатдӯсту одами ҳисобӣ нестанд!

Чун харбоне сарвар шуд, говбон – сарвазиру хукбон амниятиву сагбон пулис мешавад. Ва бояд барои дарки бештари ин масъаллаи илмию амалӣ китоби машҳӯри «Ҳайвонкада»-и Ҷорҷ Оруэллро мутолиаву баррасӣ кард, то роҳҳои халосӣ аз ин гов-хук-саггалларо ёфт!

Шеваи дигари ниҳодина кардани истибдод ин бадахлоқсозии одамон аст. Вақте миллате ба гудоли бебандуборию бадахлоқию беэмонӣ афтод, муҳол аст ки дубора сар бардорад. Ин ҳама қонунбарорию таҳоҷум бар алайҳи дину эътиқоду ахлоқу солимии оилаву ҷомеа, ки рӯз ба рӯз, банд-банд гусаста шуда истода аст, ба хотири ҳамин ҳақиқати гуфташуда аст

Миллате, ки дар он айёшиву муханнасиву фаҳшову бардагии ҷинсӣ интишор ёфт, он миллати «беғайрат» ва «беномус» маҳсуб ёфта, фикри озодихоҳӣ ва иродааш аз ӯ салб мегардад.

Агарчи барои ба дом афтонидани харгӯше сайёдон заҳмати фаровон мебинанду барои ба шаст овардани моҳие соатҳо камин мегиранд, вале барои бардаи бетафаккур кардани як миллату ҷамъияти инсонҳо  баъзе дасткорҳову домҳои аблаҳона танидан кифоя аст, то ки онон даста – даста, гурӯҳ- гурӯҳ ба доми диктатор биуфтанду умре ғуломи ӯ гарданд. Ин домҳоро метавон дар шаклҳои : рақсу суруду фейрвейку, солюткафонии осмонкафу тӯпандозии гулдуросии дашҳатзову ҷашнҳои бозу дастаҷамъии бардавом, масхарабозию саҳнаҳои театрикунонида, хитобаҳои дурӯғини ваъдамандона, чакомаи гесуву, шаробнӯшию шаробфурӯшии бебандуборонаву истеъмоли ошкори доруҳои ҳероинию нашъамандию дискоклубравию фаҳшои ошкору гурӯҳию мубтазилу сабти «зинои занҳои хоина», ва «келинҳо рӯи зино»-ву дастгиршавии «муллоҳо ҳангоми зино» ва амсоли ин ҳама фишангҳо, ки мағзи миллатеро карахту «беномус» намуда, аз ҷуръату шарофату покӣ ба дур мегардонад, шинохт. Албатта, ба ин ҳама тамаллуқкорию «бузӣ»-ю ҳамдигарҳаросию тарс аз «душмани террористӣ эҳтимолӣ» -ро ҳам бояд замм кард!

Диктатрон натанҳо аз миллатҳои хеш итоату бандагии бечуну чароро тақозо мекунанд, балки хоҳони онанд, ки бо ихлос (чуноне, ки Раҳмонов мегӯяд: шукрона карда, содиқона) хидматашонро кунанд. Аз хати кашидаи онон аҳаде қадам берун наниҳад. Аз ҳадди муъайянкардаашон касе берун андеша наронаду аз қонунҳои содиркардаашон, ҳарчанде мусибатзо ҳам бошанд, саркашӣ накунанд. Ва ин лозунг беҳуда нест :  «Шукрона кунед, ки чунин ватан дореду шукронаи ин ободию озодию сериву пуриро кунед, ки дар оилаи роҳбаратон ҳукмфармост. Шукронаи ин ҳама фаровониеро кунед, ки роҳбаронатону аҳлу авлодашон дар он ғутаваранд».

Пирамидаи диктатор

Ҳар як диктаторе сароғоз аз худашу занашу як-ду фарзандаш иборат аст, ки дар байни миллат такягоҳу пайраву дастгире надорад. Гузашти рӯзгор ӯро водор ба ин месозад, ки сароғоз барои худ сардамдорону вазирону кумакрасонони раддаи аввалро таҳия ва ба вуҷуд оварад. Ба гуфти тирани мо «Қаблан кӣ будед?!  Яхел-та ай даруни хок кашида овардам, ҳозир бинед лапосо мана».

Инҳо аз 4 то 6 тан беш нестанд. Ба мисли вазири ВКД, КДАМ, вазири Дифоъ, ва дигар вазирони муассири органҳои низомию идорӣ… пасон ин тиран метавонад, барои бештар кардани ин раддаҳои аввал ниҳодҳову кумитаву вазоратхонаҳои нолозимро сохтусоз дода, барои ҳарчи бештар тохтани миллат ва бештар кардани пайравони «содиқ»-и худ, пайи кор шавад.

Сараввал,  мо чанд «поя»ҳои беасосу сусти 4-гона ё 6-гонаро мулоҳиза мекунему бас, вале чун ин раддагиҳои аввал худро устувор карданд, ин 6 тан тан барои худ 600 тани дигарро «мусаллаҳ» барои пуштибонии пешво-тиран пайдо ва гирди хеш ҷамъ меоваранд. (Аз даруни хоку оғулу гилу лой кашида меоранд) . Мешаванд 606 тан. Пасон, ин 600 тан боз барои тақвияти хоҷаи олияшон 6 ҳаҳор ва 6 ҳазор 600 ҳазор ва 600 ҳазор 6 миллион чоплусу пайравони пешворо «пайдо» мекунанд, ки ин мешавад, дар мисоли Тоҷикистон нисфе аз ҷомеаи кунунии мо, ки дар натиҷаи ин «тарафгирӣ» ҷомеаи мо мешавад дубуъдӣ, ду тарафи ба ҳам зидду душман, ва чуноне дар Қурон оид ба аҳволи иҷтимоии ҷемеаи Мисри замони Фиръавн омада: Фиръавн аҳолии кишвари хешро ба 2 гурӯҳ тақсим намуда, як қисматашро ба василаи дигар қишр заифу нотавон карда, кӯдакони бепаноҳонро мекушту занонашонро «ба маршировкаву рақсу суруд» мебаровард.

Ана ҳамин аст хатарнокии ҳолати диктатура, ки қишреро умре ситаму зулм карда, ҳуқуқу боварҳову озодиҳояшонро поймол мекунанду умре ин ҷомеа дар душмании оштинопазир ба ҳамдигар ба сар мебаранд, ки асоси ҳама гуна бархурдҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, низомӣ, нажодию забонӣ реша дар системаи бинокардаи диктатор дорад, ки дар оғоз 1 нафар буду пасон 1+5=6 тан шуданду ин 6 тан +600 тан шуданд, ки аъзои оилаву бастагони сардамдорони раддаи аввал мебудаанду пасон инҳо оилаву қавму қабилаву ҷӯраву ошнову ҳамкосаву шарикҳои ҷурму ҷиноёти хешро, тадриҷан, гирди худ оварда, сафи ҳамсафони ин низом густариш пайдо карда, то ин ҳоле расидаем, ки акнун дорем : диктатор + диктатрура+ пайравони диктатор= дудастагӣ, фақр, ҳошияронӣ, табъиз, тамйиз, зиндонисозӣ, табъид ва ба «худӣ»ю «бегона» тақсим кардани як миллати воҳид!

Қишре аз ҳисоби қишри дигар кайфу сафо доранд!

Баъзеҳо, ё шояд, бисёриҳо гумон мекунанд, ки такягоҳи асосии диктатор ин силоҳу тонку тӯпу тӯфангу рагбор аст. Вале, ин бовар ғалат аст. Дуруст аст, ки низомиёну силоҳбадастон бехатарии диктатор ва алулаку булулакашро аз мардуми фақири почакандаи пойлӯчи нотавон ҳимоя карда, роҳбандӣ ба роҳ мондаву онҳоро аз наздикшавӣ ба ин оилаи махав бозмедоранд, вале аз инқилоб, шӯриш, юриш, сӯиқасдҳо ва ҷангу куштор ҳимоят кардан наметавонанд.

Ҳарчанде қонун баровардаанд, ки «таҳқири пешво» , «таҳқиру задани намояндаи давлат» иҷозат нест, вале қонун набаровардаанд, ки «таҳқири миллат», «таҳқири дину эътиқоди миллат», «таҳқири тарзи зиндагии мардум», низ, иҷозат нест!

Миллатро ҳақорату душном додан ба инҳо «иҷозат»  асту акси садои миллат ба ин ҷанобони дашномандеша «иҷозат» набуда, ҷавобгарии ҷиноиро дар пай дорад!

Чи басо тиранҳову хунхороне, ки дар дарозои торих, дар миёни ин ҳама силоҳварон, дар даруни рахти хобашону дар даруни қасру кӯшку хаймаҳои сахтмуҳофизатшавандаашон, сартир, қатл, террор ва кушта шудаанд. Ва ҳатто дар ин кор худи ҳамон муҳофизон низ даст доштаанду ҳатто ҳамон 6-гонаҳои «муқарраби даргоҳ» низ пайи дасиса шуда, хоҷаро заҳролуд ё бӯғӣ карда куштаанд.

Ин дар ҳолатҳое рух медиҳад, ки «манофеи ҳаётӣ ва бехатарии вуҷудӣ»– и сардамдорони олӣ поймол ё ба манофеашон хатаре таҳдид мекарда бошад.

Пас, диктатор дар пушти мили силоҳ ҳам худу бастагонашро дар амну осоиш эҳсос намекунад.

Вале такягоҳи асилу асосии бардавоми ҳар як диктатор дар тӯли торих, аз силоҳ дида, қалам, аҳли қалам, аҳли сухан ва аҳли фаҳму дирояту сиёсат мебудааанду ҳастанду хоҳад монд.

Чун,  боре,  малики Салҷуқӣ бо Низомулмулк гапҳояш гурехту ӯро таҳдид ба «сабукдӯшшавӣ»  кард, Низомулмулк гуфт: ҳукумати ту рӯи ранги қалами ман пойбарҷост, чун ин қалам варуфтад, давлатат баруфтаду фано шавад.  Ва чунин ҳам шуд. Ин заъфи бузургро Ҳасани Саббоҳ хуб дарк карда, бо куштани Низомулмулк ин давлатдориро саранагуну фаромушхонаи торих кард.

Ва, албатта аз паси диктаторон манфиатварон саф хоҳанд кашид, на ба ин хотир ки ӯро меписанданду аз аъмолаш хушнуданд, балки барои манфиати маҳзи шахсӣ, аз вай пайравӣ мекунанд. Дар ҳоле ки агар озодию қонунмеҳварӣ зуҳур карда густариш ёбад, ин гуна ашхос аз манофеъу курсию карру фарр маҳрум хоҳанд шуд. Яъне, ягона падидае, ки ин гуна ашхосро диктаторпарвар мекунад, манофеъ асту бас.

Аз онҷо ки давлат ҳам чун организми зинда амал мекунад, вақте як шахси мариз сари кор омад ,куҷо як «маризу паразиту инфексия» аст, гирду бараш ҷамъ омада, ҷисми давлатро фосиду бемор мекунанд, ва агар ҳарчи зудтар барандохтаву ислоҳ нашанд, (баданаи давлат муъолиҷа нашавад) давлатро то марзи маргу фано бо худ хоҳанд бурд.

Ҳоло Тоҷикистон дар ҳамин марҳалаи «марди бемор»- е қарор дорад, ки бо дока обаш дар ҳалқ чаконда, зери апарати нафаскашӣ ба зур ба тарзи сунъӣ нафасаш медиҳанд.

Яке аз хатарзотарин пайомади шуми ҳар як «марди бемори давлатраво»-и нотавон ин аст, ки марзҳои кишвараш рӯз паси рӯз каму камтар шудан мегирад. Чун оҷизу хасакӣ асту санъати кишвардорӣ намедонад, ҳар мушкилеро бо гузашт кардану бахшидани хоки кишвараш «ружд»-у «ҳаллу фасл», гӯё,  мекунад!

Дар ҳақиқат бошад ҳар як гузашту бахшиши соддалавҳонааш муште бар даҳони ояндагони миллаташ тамом хоҳад шуд, ки ин гуна кӯрмушакҳои чормағздузд, натанҳо мояи бадбахтии имрӯзиён, балки лаънати торихие бар насли ояндаи мо маҳсубанд, ки харақлона, ҳар боре даст рӯи Сарқонун гузошта, «тақдири имрӯзу фардои насли моро ба ӯҳда» мегиранд! Ингор мегиранд. Дар ҳақиқат бошад ақлашон ҷуз дар доираи манофеи танги оилавияшон намечархад!

Дар гирду бари диктатори муъаззам як галла диктаторчаҳои (мушбаччаҳои) хурд-хурд ҷамъ омадаву якҷоя чарида, парида, дарида гаштаанд!

Ҳар яке дар доираи салоҳияти хеш диктаторча асту барои худ дору дастгоҳу обруву эътибору вазну тавоноӣ дошта, ҳар яке ба чени тавон метозаду медозаду меканаду мебарад ва дар навбати хеш ба тоғии аъзам ҳам таъзим намуда барош доляву  ҳаққи ҳаромашро равон мекунад,  то садоқати хешро дар шакли ришваву пора нишон диҳад. Ва агар бахташ хандад, ягон духтари ғар ё набераи кӯзапушти Пешвои Муъаззамашро ба ақди никоҳи писари галӯи хеш дарорад, гӯҳ дар гӯҳ – буттаи сагрида, ё ба таъбири эшон : нӯр болои нӯр мешавад. На, балки гӯр болои гӯр мешавад.

Хари калон чун бо архаре ёр шавад, кӯррахар ба бор хоҳад омад, ки аз архар хурдтару аз хар бузургтар хоҳад шуд.

Вақте ҳокиму пайравонаш дузданд, ягона нишонаи садоқат байнашон ҳамоно пораву ришва боқӣ мемонаду садоқат дар дуздии дастаҷамъӣ нишонаи «худӣ» будани шахси мансабдор аст.

Ҳамин гуна, ин шабакаи ҳаромӣ аз боло то поён,  чун пиратҳо ҳамдигарро дар дуздӣ дастгирӣ, ва дар ҳолатҳои зарурӣ якдигарро дар баробари миллат ҳимояву ҳифз мекунанд.

Ва ҳарчи қадаре ки диктаторпарастон ба ӯ наздик шаванд, ба ҳамон миқдор аз ҳақиқату Худову халқу озодӣ ба дуру маҳрум хоҳанд шуду умре чун бардаи беҳуқуқ, барои чанд пули сиёҳе юғи бардагӣ дар гардан, озору таънаи «бологиҳоро» чун сагон таҳаммул мекунанд. Ва дар навбати худ, ин нуқсро аз зулм ба бечорагоне қусурашро баровардан мехоҳанд, ки ҳайҳоту вовайло….

Дареғо, ки то ба ин ҳадд моро худамон овардем: замоне, ки ин диктатор майдамуш буд, ҳамагӣ пайи чаришу париш мебудему ҳамагӣ; чи наҳзативу чи муллову чи ҳукуматиҳои «покдил»-у чи ИНОТиву чи равшангароҳову чи тамомии миллат пайи «қитъаи бузурги торт» мегаштем!

Солҳои тиллоиро аз даст додему ин майдамуш калламуш гашту имрӯз решаи давлати наврустаамонро хоиду хушконид, ҳоло ҳам, бадбахтона, ба ҷои ин кӯрмушро аз ин хона рондан, мухолифу муллову блогеру суханвару огаҳонамон «ҳамдигархоӣ» доранду дорем!

Ҳоло ҳам «раҳбарони мухолифин»-амон пайи «кариераву имиҷу обрӯсозиву..»-янду ҳамму ғаммашон шуда долларғундорию «бизнес»!…

Табоҳ бод рӯзи миллате, ки ягона дарду ғамаш пул бошад! Зан бошад! Зиндагии оилавии маҳдуд бошад! Ҳақиқаташон бо чанд пули пӯчи сиёҳ хариду фурӯш шавад!

Ва аммо устухонлесони ҳукуматӣ….

Худо инҳоро хор карда, ки ба чунин нагунбахтӣ гирифторашон карда. Ин чоплусон умре барои хоҷаи аъло каф мекӯбанд, шабу рӯз пайи ирзои ӯянду ҳамеша дар фикри онанд, ки бо кадомин роҳи нави тамаллуқ хотири эшонро шод кунанду ханда ба лабонаш андохта, дар чашму рӯи хунукаш бо меҳр нигариставу як ҷаҳон лаззат баранду наздаш дастҳо рӯи сина,  чун арусон саф биороянду аз баҳри хӯру хобу зану фарзанди хеш гузашта, аз дунболаш кашола шуда гарданд, то ҳарчӣ аз эшон хоста шавад, бо камоли майл иҷро кунанд;  то бошад ки «аҳсант»у як ҷаҳон ташаккур шунаванду назди дигар бардагон қиссаи «болидатабъ кардан»-и  пешвояшонро нақлида, фахрфурӯшӣ кунанд. Ба ҷои хушбахтию болидагии табъи хеш, умре зери пои хоҷаашон фитода, хушнудию болидатабъии ӯро хоҳонанду аз ғазабаш дар ғазаб шуда, аз ғамаш ғамгину афсруда мешаванд.

 Кӯтаҳи гап, инҳо баҳри дигар кас гӯё офарида шуда, гӯё пойҳояшон пои ӯст, ки шабу рӯз аз пасаш медаванду қалбҳошон ба ҷои қалби ӯ метаппад!

Эй марг ба рӯзу рӯзгори тираву торатон, бардагон, ки расми бардагиро шумо фарогир кардаед!!

Агар деҳқону табибу хокпошу …. танҳо ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо мақомдорон чанд лаҳзае гирифтори зулму ситаму сархамӣ шаванд, ин «бардагони ҳукуматӣ», «бардагони пагондор», «бардагони мақомдор», «бардагони мухлиси хоҷаи олӣ», «бардагони муқарраб», «бардагони  сарсупурда» – бардагоне, ки омодаанд ба хотири болидарӯҳии хоҷаашон ҳамагӣ , бардагони ғайриҳукуматиро дар як шаб қир кунанд, умре дар зери зулми хоҷагони болонишинашон қарор доранд, ки худашон инро хуб эҳсос мекунанд.

Ҳамин ҳам зиндагӣ шуд, ки ин тоифа на аз худ озодӣ доранду на озодии рафтору амал дорану на иродаи мустақилу на озодии раъй?! Ва низ намегузоранд, ки 10 миллион тоҷику тоҷикистонӣ аз қайди бардагӣ раҳо шаванд!

Дар ҳоле ки даъвии мусулмонӣ доранд, вале Худо мегӯяд;  Анъом, ояи 162:

قل إِنَّ صَلَاتِي وَنُسُكِي وَمَحْيَايَ وَمَمَاتِي لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

Бигӯ: «Намози ману қурбонии ман ва зиндагии ману марги ман барои Худо — он Парвардигори ҷаҳониён аст».

Вале инҳо ҳама ҳастии хешро назри як «тоғии акбар» кардаву худашон ҳам шудаанд муште арозили хурддиктатори мардумозор!! На диктаторча, балки бардагони бардаозоранду бас!

Агар бардагони болшевикҳоро «калтакдорони сурх» меномиданду навкарони амири Бухороро «қаракалтак – сияҳкалтак» меномидаанд, инҳоро чӣ биномем?! Сакалтак? Сакалтук? Фронткалтак?! Чӣ?!

Лаънат бад ин тоифаи разил, ки мояи ҳам решадавондани истибдоданду ҳам имтидоди он!

Дар ҳоле ки агар камтарин рафторе кунанд, ки ба «худо»-яшон хӯш наояд, дар ҳол, дар малаи ъомм онҳоро муҳокима карда, аз толор бо хорию хиффат меронад. Инҳо, ҳамагӣ ҳамин қадар қадру манзалат доранд – манзалати як саги дайду назди соҳиби масту аласташ, ки ҳар гоҳе дилаш хост ба сару сураташон сангу кулуху аху туфу душному ҳақорат мепаронад! Инҳо ҳам чун он саги одаткарда ба хиффат, дум меликонанду даст пеши бар гирифта «ҳо, бале, ҷаноби олӣ, гапатон дуруст.. бале, бале, ман хато кардам ҷаноб, ислоҳ мекунем, пӯзиш мехоҳем»…. Ва ғайра…

Инҳоро месазад сагҳои галстукдор, сагҳои дарборӣ, сагҳои устухонлес, сагҳои мансабдор, сагҳои дастомӯз, сагҳои газандаи миллатгаз,  ва ҳарчизе дигар,  ки марбути ҷамоъаи сагони бесоҳиб аст, бихонем.

Ва ҳар гоҳе хоҷаи аълояшон хосту зарурат дид, якояки ононро «мусодираи амвол» ҳам мекунад! Чун сагон аз хеш чизе надоранд, ҳамагӣ худу дороиҳошон моли хоҷаашон аст!

Инҳоро хоҷаашон аз «хоку гил» кашида оварда «кас» карда аст, ва ҳар гоҳе хост ба ҳамон асли аввала барашон хоҳад гардонид! – мурда гардонидан, пас аз зинда гардонидан ҳаққ аст, яфъалу хоҷа мо яшоъ!!

Инҳо ва хоҷаашон умре «қимор» мебозанд. Калон – калон медузданду калон – калон бурда ба ӯ месупоранду калон-калон аз эшон мусодира мешаваду инҳо , ки ин сарватҳои ҳангуфтро муфт ба кафф овардаанд, боз, пас аз ҳар «бохт»-ашон, дубора тӯс меандозанду қимор мебозанд.

Аз миллати бесоҳиби сокити тарсу медузданду медузданд. На инсоният дар инҳо боқӣ мондаву на имону на хирад. Чун пешвояшон, ҳамагӣ, дузданду бе шарму ибо, рӯй шод медузданду дар хориҷа, дар офф-шорҳо меанбозанд, ки мерасад рӯзе, ки чун Олимхон ин ҳама анбоштаҳои мушҳои рӯи хазина, барбод хоҳад рафт!

Ҳар чизе аз бод ояд, боз бар бод меравад!

Вале ин ҳама дуздиҳои бебаркаш рӯз аз рӯз миёни миллатро шикаста истода аст, ки дигар тоқатфарсову ошкор гашта аст!

Дуздиву пуррӯию бешармӣ ҳам ҳадду андоза дорад!

Ва ҳамин аст услуби зиндагии ҳаромашон:

Хоҷа, боғ дорӣ ? , – дорам!

Кадом аст он?, – боғи миллати бесоҳиб! Ё боғи бесоҳиби миллат!

Вале фаромуш кардаанд, ки ин қиморхонаи тиран то рӯзи маҳшар давом намекунаду ин ҳама сарватҳои барбоддодаи дуздида аз миллатро мерсад рузе, ки ба якҷошон ҷавоб хоҳанд дод, ки «аз куҷо оварданду дар куҷо сарф карданд!».

Чун дар Рӯзи растохез ҳам яке аз пурсишҳои муҳим аз ҳамин молу сарват мебуда, ки аз кадом роҳ ба каф овардию ба куҷо масрафаш кардӣ?!

Инҳо худ бодовардагонанд, ки бо камтарин вазиши боду тундбоди мардумӣ, қалъу қамъ шуда,  ба мағорҳои омадаашон парт хоҳанд шуд. Вале тундбоди хезондаи инҳо, ҳоло хело аз тару хушкҳои ин миллатро решакан карда, ҳазорон саодатҳову умеду ишқу орзуҳоро барбод хоҳад дод. Дар солҳои навадум ҳаёти инсонҳоро аз роҳи силоҳ месӯзондаанду ҳоло ба василаи фақру фоқаву бекорию навмедию аз ватан рондан!

Ин ҳама дарду заҷру кулфату азобу дарбадарию ғуломӣ дар кишварҳои бегона бадтар аз қатлу кушторест, ки дар фарҷоми асри пор анҷом медоданд: дар он солҳо бо як тир ба озодии ҷовидонӣ мерасидӣ, ҳоло бо як қонуну бо як статяву бо як тӯҳмату бо як зулму тааддӣ, умре саргардону овора чун Фирдавсӣ, то дами марг хоҳӣ сарсарӣ гашт! Замин сахту осмон – баланд!

Дар ин дузах, ки Раҳмониён онро баҳри хештан «Биҳишти рӯи замин» кардаанд, умре бояд дузахиёна зист! Ё аз ин биҳишт-дузах фирор карду дар аърофи ҷаҳони ҳастӣ сарсон монд!

 Худоё, фарёдрасе ба додамон фирист, ки шаби бадбахтиямон бас тӯлонӣ гашт! Роҳи 32-солаи паймудаамон ғалат аз об даромад! Роҳнамоямон бошу бар хирадамон хираде замм кун, бошад, ки дар ин тирашаби зулму зулумот роҳи наҷоту роҳи фардои некро пайдо кунем!

Ва инҳо ки худ аз хоку гил овардашудагонанд, боз бо ҳамон суръате ки болонишин гашта буданд, бо азл аз маносибашон сарнагун ба хоки зиллате сарафканда мешаванд, ки чанде пеш «худовандгор»-ашон баҳри зиллату хидмату бардагию бандагӣ «кашида» оварда будашон. Марг ба ин тоифаи худозадаи торих, ки истибдодро устувор кардаанд дар ин марзу бум!

Маргу нафрин бад инҳо, ки сароғоз ба василаи хоҷаашон якдигарро маҳв мекунанду дар охир хоҷа инҳоро ба василаи дасисаи дигарон, дар ниҳоят, маҳв мекунанд. Магар каманд касоне, ки ҳамситами ситамкоре бошанду ниҳояту фарҷоми гуворое дошта бошанд?! На, балки инҳо ба чолае сарнагун мешаванд, ки солҳо қабл дигаронро ба он фиристода буданд!

Яке бо заҳр, яке бо қаҳр, яке бо тир, яке бо дор, яке бо садамаву яке бо парт аз баландҷое сагмур кунонда хоҳанд шуд…

Инҳо ҳамонҳоеанд, ки чанде пеш дигаронро мусодира мекарданду кунун дигарон инҳоро мусодира мекунанд!

وَلَئِنْ أَخَّرْنَا عَنْهُمُ الْعَذَابَ إِلَىٰ أُمَّةٍ مَّعْدُودَةٍ لَّيَقُولُنَّ مَا يَحْبِسُهُ ۗ أَلَا يَوْمَ يَأْتِيهِمْ لَيْسَ مَصْرُوفًا عَنْهُمْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ

Ва агар чанд гоҳе азобашонро ба дер бияфканем, мепурсанд: «Чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чӣ масхарааш мекарданд, ононро дар бар хоҳад гирифт.

Сураи Ҳуд, ояи 8.

Ҳатман инҳоро тақдири пешиниёнашон дар пай хоҳад буд.

Фикр ҳам накунед, ки дар ин лонаи Тортанак, ки дар Қурон бад-он масал зада шуда аст, инсонҳои шарифу покдасту ҳалолхор дер мепоянд. На, балки инҳо ҳам дар фарҷом дар тори зиллату ҳарому пораву ришваи танидаи Шоҳтортанак печида ва ҳалок хоҳанд шуд.

Чун хона, ва тарзи рӯзгузаронии Тортанакро дар Қурон ба  вожаи «авҳан»

وَإِنَّ أَوْهَنَ الْبُيُوتِ لَبَيْتُ الْعَنكَبُوتِ ۖ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ

  бадтарину бебақотарину сустмоятарин ташбеҳ карда аст, ки дар он тортанаки модина наринаро, пасон тортанакчаҳо шиками модари хеш шикофта, сароғоз ӯро тӯъмаи хеш карда, пасон ҳар яке ҳамдигари заифтареро кушта, танҳо яке аз онҳо дар фарҷом зинда хоҳад монд!  

Ҳеч шахсе дар ин гуна режимҳо дар амон нест;  камтарин хато, камтарин саркашӣ, камтарин сухани нохӯшоянд метавонад сари наздиктарин дӯсти тиранро барбод дода, дороиҳояшро салб ва оилаашро балозада созад, ки инро тӯли 32 сол аст дар командаи Тортанаки олӣ мушоҳида дорем! Тамоми тортанкҳои гирди шоҳтортанаки оғули Данғара, акнун гирифтори торҳои танидаи ноаёни ӯ ҳастанду дар талвосаи ҷонканӣ… ё интизори он, ки кай ин тортанаки наҳси пир онҳоро ҳам луқмаи худ созад! Аз ин тор дигар надоранд имкони фирор!

Дипломи иътимод

Ҳар як диктатор кӯшиш мекунад, ки садоқату эътимоди пайравонашро, ки ба он худ бовар надорад, исбот кунад. Масалан,  тирани мо ин гуна садоқатро гӯё дар додани «дипломи эътимод» ба рухи миллат мекашад.

 Дар ҳоле ки диктатор ҳеч гоҳ касеро дӯст намедораду ӯро касе сидқан дӯст нахоҳад дошт.

Садоқату эътимод сифати мардуми олуфтаву озода аст, на бардадору бардагон! Садоқату боварӣ дар асоси дӯстию баробарию бародарӣ пойдор мемонад, на байни хоҷаву бардагонаш!

Дӯстию садоқат байни касоне пойбарҷо мемонад, ки дар дӯстию самимияту инсонияти якдигар шаке надошта бошанд, вале тирану пайравонаш хуб медонанд, ки ҳамагӣ муште дузду ғосибу ҳаромкору мардумозору ҳақимардумхоре беш нестанд. Ҳам пешво медонад, ки пайравонаш муште арозилу дузду роҳзананду ҳам онҳо медонанд, ки хоҷаашон чунин шахсияте аст.

Пас, инҷо ҷуз нифоқу дасисабозию ҳамдигарфиребӣ чизе боқӣ намемонад. На байни худ ва на бо миллат чеҳраи содиқу сухани рост надоранд. Ҳама нифоқ андар нифоқанду бас .

Он ҷо ки хушунату хиёнату зулму истибдод аст, сидқу сафову ростқавлӣ асло падид нахоҳад омад. Он ҷо ки инсонҳои баду пасту палид гирди ҳам оянд, на дӯсттию рафоқат, балки макру хиёнат ҳасту бас. Ҳеч гоҳе чунин ашхос ҳамдигарро дӯст нахоҳанд дошт, балки ҳамеша яке баҳри дигаре доми макру шайтанат метанад то аз рақибаш (на дӯсташ) халос шавад. Ва дар ниҳоят ин ханҷари макру хиёнат дар гулӯи хоҷаи олӣ ҳам хоҳад халид. Чун ӯ ҳам барои нафаре метавонад «харсанги сари роҳ»-и орзуҳояш буда бошад!

Чи қадар пурзарқу барқ аст курсии таги куни пешвои дилбазани ҷовидонӣ!

Диктатор аз ҳама талаби садоқату шукронаву итоату дустдорӣ мекунад, дар ҳоле ки ӯ худро баландтар аз он медонад, ки бо аҳаде дари дӯстию рафоқат боз кунад. Чунки дигар касеро ҳамтирозу ҳамсанги «азамат»-и хеш намедонад, аз ин рӯ дили тиран умре холӣ аз раҳмату дустию шафқату меҳрубонисту пур аз тарсу даҳшату риёву нифоқ. Лонаи торики деви ҳафтсар аст қалби мутакаббири ҷаббор!

Ӯ ҳамтову ҳамвазн надорад, аз ин рӯ танҳо  вай  бояд  то дами марг фармонравоӣ кунад. Пас аз марг ҳам бояд назди ҳайкалаш таъзим кунанд!

Бигирам, ки ин пешвои золим то дами марг бар «содиқон»-аш хашм нагираду гиромишон дорад, вале аҷаб нест, ҷонишини ӯ ҳар яки ононро ба сазои аъмолашон расонад – агар ин ҷонишин солеҳ бошад. Албатта, барои ҷурму ҷиноёташон ҷазошон диҳад, вале агар фосиде ҳам бошад, гирду бари худ фосидини навбатиро гирд оварда, инҳоро меронаду мусодираи амвол мекунад, ё мекушад – безарар мегардонад.

Дар ҳоле ки инҳо умре бо дили пуртарс аз хоҷаашон мезистаанду умре нигарони пешомади номаълуме аз ҳамдигар мебудаанд, бар замми ин тамоми халқи Худо бар инҳову олу авлодашон душному дуои бад мекунанд. Аз ин дида зиндагии пасту палиде ёфт мешавад?! Барои як мусулмон? Барои як инсони мӯҳтарам?! На!

Бо ин ҳама, аз нафрати мардум раҳо нахоҳанд шуд, балки ҳаминки хоҷаашон суқут кард, миллат бар онҳо ворез гашта, ва агар бимиранд ҳам бар гӯру аъмолашон душному носазо хоҳанд гуфту бозмондагони наҳсашонро ҳам ин нафрини миллат фаро хоҳад гирифт, ки умре бо ҳасрат хоҳанд зист. Инҳо, ингор барои «таъмини бехатарии ояндаи фарзандон»-ашон гирди мустабидде гирд омадаанд, вале ҳамин «ҳамоиши ситамкорона»-ашон дар оянда барояшон дардисарсоз хоҳад шуд!

Наслҳои оянда ин ситамкору кумакрасононашро нафрин хоҳанд карду номи баду сиёҳашон дар бойгонии миллат барои абадуддаҳр боқӣ хоҳад монд!

Ин ҷамъияти касофати торих, аз пешво то пасвову ҳама даврубариҳояшонро Худованд рӯзе ба сазои аъмоли золимонаашон хоҳад расонид.

Мо ба ин эмон дорем.

ولَا تَحْسَبَنَّ اللَّهَ غَافِلًا عَمَّا يَعْمَلُ الظَّالِمُونَ ۚ إِنَّمَا يُؤَخِّرُهُمْ لِيَوْمٍ تَشْخَصُ فِيهِ الْأَبْصَارُ

Ва мапиндор, ки Худо аз кирдори ситамкорон ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонанд, ба дер мепартояд!

Сураи Иброҳим, ояти 42

Умедворам бардошти хубе аз ин матлаб намуда бошед!

Share This Article