Масъалаи фурӯши замин дар Тоҷикистон ба як мушкилоти ҳалнашуданӣ табдил шудааст. Чунки фурӯши замин як манбаъи асосӣ ва даромади аслии раисон дар ноҳияҳо аст. Ин масъаларо борҳо дар ҳукумат диданд. Ва худи Раҳмонов ҳам чандин бор дар борааш гуфта буд. Аммо чаро ислоҳ намешавад? Чунки, ончуноне гуфтем заминфурӯши бизнеси асосии раисони ноҳияҳо аст ва ҳамин раисони ноҳияҳо ҳастанд, ки қарори додани заминро имзо мекунанд. Ва ҳатто як порчаи заминро ба ду кас ҳам фурӯхтагианд:
«Ман ин заминро аз як амниятӣ харида будам, чанд соли пеш. Аммо маро он амниятӣ кидат кард, агарчи ҳуҷҷатҳо 100%».
«Замини ба номи ман ҳуҷҷатгузорӣ шударо кумиати замин боз ба як нафари дигар фурӯхтааст. Каси дигар ҳоло ҳуҷҷат карда истодааст. Чунки дар пушташ худи раиси ноҳия меистад».
«Замини ҳуҷҷат шударо аз нав фурӯхта истодаанд. Ман боз МБТИ санад дорам, сертификат дорам, техпаспорт-паспорти техникӣ дорам. Аммо, нафари даъвогари ин замин пули калон хурондааст»
Бо чунин мазмун ва мисли ин навиштаҳо ба мо зиёд меояд,ки албатта, бо навбат мунташир шуда истодааст. Бадбахтона, ингуна номаҳо, ки ҳикояти заминфурӯшии масъулинро мекунанд, аз ҳама навоҳии кишвар мерасанд. Имкон надорад, ки маслан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ надонанд. Ба назар мерсад, ки худи онҳо ҳатман шариканд дар «доля». Барои таъйиди ин иттиҳомамон мо далел дорем ва далели мо нома аз ноҳияи Вахш аст:
Вахш
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Нома аз ноҳияи Вахш. Ин ноҳия яке аз ноҳияҳои бузург дар вилояти Хатлон буд. Аммо имрӯз ин ноҳияро хелида фасод карданд ва карда истодаанд. Масалан ҳаромхуриву коррупсия, тағабозӣ ва беадолатӣ дар авҷ аст. Дар ноҳия садҳо мактаб носохта ва таъмир нокарда аст, роҳҳо ҳам ҳамчунин. Раиси пешинаи ноҳияи Вахш Девонаев ҳамара фурӯхт ва ҷазир кард, ҳатто Машъалро ҳам. Имрӯза раиси ноҳия Қурбони бех ё Қурбон Юсупов роҳ сохт, аммо барои худаш, то қабри падару модараш асфалт кард. Лекин барои кучаҳои ноҳияи Вахш бошад ҳеҷ кор накардааст. Ин ҳам бошад мисли Девонаев ҳамаи заминҳои маркази ноҳияро аз худ карда истодааст.
Ман зодаи ҷамоати шаҳраки Вахш астам. Дар хонаи як ҳуҷраӣ зиндагӣ мекардем. Баъди зангирӣ Русия рафта кор кардам. Омада замин харидам барои хона ва зиндагӣ кардан. Заминро аз Ташрипов Файзулло ба маблағи 20.000 сомонӣ соли 2017 харидам. Дар вақти сохтани хона аз идораи архитектура омада гуфтанд, ки Файзулло дар инҷо насоз. Чунки тибқи генплан нест.
Аммо Ташрипов Файзулло саркашӣ карда гуфт месозам ва маро низ гуфт «бисоз. Маро баччаам дар Кумитаи амният кор мекунад. Ман ҳамаашро худам ҳал мекунам ва ман ҷавоб мегуям.Чунки амниятиҳо любой кора ҳал мекунанд, кори ту набоша усушда ва ҳечкаса гуш накун фақат бусоз тамом».
Хулоса, ман сохта буд кардам ва дар асоси сертификати додаашон хонаро МБТИ кардам,техпаспорт кардем, қонунӣ дар номи Файзулло. Баъд аз он бо воситаи идораи давлатии нотариус аз номи Файзулло ба номи ман қонунӣ гузарониданд.
Акнун аз ҳолати асосӣ гап мезанам.
Баъди ҳамаро қонунӣ харидан ва зиндагӣ кардан, як сол баъд маълум мешавад, ки хонаи сохтаи мо дар болои раҳ будааст. Бубинед, ки ҳатто МБТИ ҳуҷҷат кард, соҳиби техпаспорт шудам аммо ҳама санадҳо хато будааст, хато кардаанд.
Ин ҳукумат ин қадар бе савод аст? Ва он замине, ки дар бари хонаи ман аст аз они ман аст -сад дар сад аз руй ҳуҷҷат ва ин гапро Идораи архитектура вақте сохтан нагуфта буд. Аммо, акнун он замин соҳиб пайдо кард. Соҳибаш ҷияни корманди кумитаи замини ноҳияи Вахш аст, яъне ҷияни Бозоргул аст ва ҷияни Бозоргул дар ин қитъаи тақсимот 2 замин гирифта аст. Аз як хона ду кас. Ба маблағи 300 доллар ва ба маблағи 500 доллар. Як духтарашро инвалид гуфта ва дигарашро бевазан, гузаронидаанд, албатта бо ёрдами Дамонов Абдусалом яке аз ҷинояткори номии ноҳияи Вахш дар фурӯши заминҳо.
Аммо ин ду духтар барвақт шавҳар карда рафтаанд. Лекин ин корҳои нохалафу ҳаромхуриро бародарашон –Темур, ки дар хариду фурӯши заминҳо кору фаъолият мекунад, ҳамон кардааст. Чунки дид фоидаи хуб бадаст овард бо ҳамроҳии амааш аз кумитаи замин ва шавҳари аммааш, ки дар Алфа кор мекунад. Аз кумитаи архитектура бошад бо Фарҳод ва Ҷамолиддин. Амаки Фарҳод бошад дар идораи суд кор мекунад. Хулоса ин Темур як заминро ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ фурӯхт. Ва ҳамаи харҷи ҳуҷҷаташро дар сари харидори камбағал зад. Бечора ноилоҷ ин камбағал даводав карду ҳуҷҷат сохт. Ва дуюм замине, ки хонаи ман аст ва ман, ки аз Ташрипов Файзулло харида будам ва ман ҳам ҳама намуди ҳуҷҷатро карда бо воситаи нотариуси давлатӣ ин заминро гирифтам. Ин заминро ҳам Темур ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ фурӯхт, боз ба як камбағали дигар. Айни ҳол 80 ҳазорашро гирифтааст ва гуфтааст, ки «ма одам дорум ва одам дорем дар любойҷо, ҳатто дар Душанбе ва ма аз болои ҳуҷҷатҳо ҳуҷҷат карда метум, чунки дар Тоҷикистон қонун ин пулай ва таға ҳама ира медона». Темур гуфт аст ки Алишер заминро тибқи қонун аз Файзулло харид « ма записуша дорум»
Дар назди клиентҳояш ҳамин хел гуфта мегаштааст. Яъне ба заминхарҳо Темур ҳамин тавр мегуфтааст. Яъне аз эшон буданашон ва аз касалӣ доштанашон суи истифода мебаранд. Дар ҳамаи ҷо замин доранд, масалан замини президентӣ ё ки саҳмия ва ё ки замингирӣ аз давлат бо ариза. Ҳатто дар Душанбе замин доранд ва дар бозори Корвон ҳам. Ин суханони худи Темур аст.
Ман гуфтаниам, ки дар ноҳияи Вахш чунин ҳаромхурӣ ва коррупсия дар авҷ аст.
Агар Темур ислоҳ нашавад номаи дигарро ҳам менависам.
Ташрипов Файзулло гуфта буд, ки фарзандам дар кумитаи амният кору фаъолият мекунаду «ҳамаша ҳал мекунум», аммо ягон чораи ҷиддӣ надид. Баъд бо вай гапҳоямон гурехт. Ман ӯро ба коррупсия додам. Коррупсия корро ҳал накард.
Коррупсия гуфт, ки «бра прокуратура корта ҳал мекунад». Коррупсия ҳатто ҷавоби аризаи манро надод.
Рафтам ба прокуратураи ноҳияи Вахш аризаамро додам.
Пас аз он бо хонаи Файзулло рафтам ва гуфтам «биё кор ба хубӣ ҳал шавад». Бо бачаш дар алоқа шудем. Бачаи амниятиаш гуфт: «куҷое мерай бра арзу шикоят ку, ма кори отама ҳал мекунум, чи хеле, ки кора дар коррупсия ҳал кардум, дар любойҷо ҳал мекунум. Бра бугу пракрорай судай инами бачай амниятиш ами хели гуфт, номи мара бигир, номи ман Файзуллозода Рустам».
Номи пешинааш Ташрипов Рустам Файзуллоевич буд. Яъне ному насабашро тағйир додагӣ аст. Хулоса, прокуратура корро ба суд дод. Суд маро даъват кард, гуфт, ман ҳамаи корро гуфтамаш. Ва суд гуфт, ки оё намешавад ин корро ба хубӣ ҳал кунем? Чунки ин замини ҳуҷҷат шудагӣ, ба тамоми қоидааш. 100% ба номи ту аст, тамом ва ҳатто МБТИ яъне техпаспорт карда шудааст ва ин замин нест, ин хона шудагӣ аст.
Ман гуфтам, ки омодаам, розиям, аммо онҳо падару писар амал намекунанд. Хулоса суд гуфт ин кори ту 100% ба манфиати ту будааст. Ва ин хона аст, замин нест. Вале вай аз ту замин талаб дорад, яъне Темур. Замини ӯро аз дигарҷо ёфта бидиҳанд.
Ва дар инҷо ман ба амнияти вилояти Хатлон рафтам ва гуфтам, ки коргаратон ана ҳамин хел ҷиноят карда истодааст бо ҳамроҳиии падараш. Ҳатто ариза навиштам. Кураторашон бо номи Анушервон гуфт, ки мо чораашро мебинем, аммо дар онҷо ҳам ҷиддӣ чора надиданд.
Хулоса, дар суд ман бо Рустам Файзуллоевич вохурдам ва модарам ба Рустам гуфт, ки «айбро намедонӣ, ин корҳоро мекунӣ? Ба хубӣ ҳал карда намешавад»? Рустам амниятии зирак дид, ки мо фаъолона кор карда истодаем зуд розӣ шуд.
Дар аввал гуфта буд, ки «бра любойҷо арзу шикоят ку».Ман ва модарам гуфтем, ки то Президент меравем, то ҷаноба меравем. Дар ҳол Рустами Файзуллои амниятӣ розӣ шуд ва ман аризаамро гирифтам аз суд. Рустами амниятӣ гуфт «исуш кори ма уқа коре нест».
Аммо то ҳозира кор ҳал нашуд. Аз соли 2020 то имрӯз.
Ҳозир бошад ҳоло ман хонаамро буд накарда фурӯши он замин давом дорад ва Рустами Файзуллои амниятӣ бошад охирон бор соли 2023 ҳамроҳаш гап задам гуфт, ки гап ҳамон гап «бра любойҷо арзу шикоят ку ма лбойша задагиюм амният қати сарта намон».
Охир мо чикор кунем дигар? Суд, прокуратура, коррупсия, КДАМ боз ягон ниҳоди дигар ҳаст равам шикоят кунам ? Яу бародар гуфт пас аз ин ҳама «Ислоҳ» мондаги аст. Гуфтам ба шумо нависам , то ҳамашон якбора бубинанд корро. Прокурор нав шудааст мегуянд инсони хуб аст яке кори моро ҳал мекунанд. Хаста шудем аз пушти ин кормандҳо ва тағадорҳо дар мақомот. Охир мо мардуми камбағала футболмон мекунен?
Бохтар (Қурғонтеппа)
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман мудири тими «Ислоҳ» дар Бохтар аз Заргар Стаханов.
Ҳозир Раҳмонови ғоратгар дигар роҳ надорад, ки ҳамаи дуруғҳояшро пушонад роҳ гирифтааст, ба суйи масҷиду муллоҳо.
Ҳар рӯз муллоҳоро ба маҷлис ба ҷамоати Заргар ва ба Бохтар фарёд мекунанд. Муллоҳо панҷ вақт дар масҷид неву дар маҷлиси шайтонии сохтаи Раҳмонов ҳастаанд. Бисёр аз муллоҳо дар тарс ҳастанд, чунки ин муллоҳо қисми огоҳкунандаи миллат ҳастанд.
Дар масҷидҳо шуруъ аз моҳи январи соли 2025 таърифу тавсифи интихоботи вакилони маҳалӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ рафта истодааст.
Ҳамаи номзадҳои вакилони парлумон суратҳояшон бо сурати Раҳмонови хабис дар дохили масҷидҳо насб шудаанд.
Раиси маҳала-Кенҷаев Адҳам, учасктовйи маҳала-Толибов Суҳроб, имомхатиби маҳалла-Тошпулотов Нозимҷон Эминҷонович, директори мактаб-Махсумов Насим Ҳошимҷонович ва чанд чоплусу кунлеси Раҳмонови террорист дар маҳалла маҷбурӣ райъҳои мардумро дар бюллетенҳо ошкоро гирифта истодаанд.
Муаллимони мактаби маҳала шурӯъ аз аввали моҳи январи ҳамин сол мардумро руйхат карда, овозҳоро доданд, гуфтанд, ки омадани мардум ба ҳавзаҳои интихоботӣ дуруғ ҳаст, ошкоро муаллимон гуфта истодаанд.
Дар маҳалла қувваи барқ умуман нест, оби нушокӣ нест, бозорҳо ҳама қимматӣ, ҷойи кор нест. Ман чанд рӯз шуд, аз Русия омадам, фикр кардам дар Афғонистон ё Сурия ё Фаластину Ироқ ҳастам. Ҳолати мардуми Тоҷикистон дар сатҳи пасти ғайриинсонӣ қарор дорад. Валлоҳӣ қасам мехурам Тоҷикистон аз Фаластин ҳам дар сатҳи паст қарор дорад. Амниятиҳо ва дигар чокарони Раҳмонови хабис моро метарсонанд бо ҳар роҳ аммо мо наметарсем. Ҳамаи номҳои амниятиҳо бо суратҳояшон ва бо суратҳои зану модаронашон дар дасти тими «Ислоҳ» ҳаст. Дар вақти лозимӣ монанди худашон бо худашон бархурд мекунем. Дар умум дар хона чордаҳ нафарем. Мо дар интихоботи вакилони халқ иштирок намекунем ва мебинем агар Рустами герчик гузашт маълум мешавад, ки ҳамааш тақаллубкорӣ ҳаст. Дар маҳаллаи мо чорсаду ҳафтод хоҷагӣ мебошад. Инҳо ҳамаашон зидди Раҳмонови қотил мебошанд, ба Раҳмонов тоҷиккуш овоз надоданд ва овоз намедиҳанд.
Ҳой қорӣ Нозим аз Худо тарс! Барои чи ба амниятиҳо мегуйӣ, ки ман нома нависҳоро меёбаму ба шумо медиҳам. Аз ҳаминҷо маълум шуд, ки ту як буз ҳастӣ. Дар масҷид, ки хонаи Худо аст, номанависонро мекобӣ ва сухани Раҳмонови валадизинора мегуӣ. Ба ту мегуям, ки ҳой қорӣ Нозими буз. Ман дар ҳар намози ҷумъа дар ру ба руи ту ҳастам, боз дар анҷоми намоз бо ту салом мекунам, ту аз Худо битарс. Ту боз занатро дар байни занҳо мондаӣ, ки номанависонро ёбад. Қории номуҳтарам аз занат маҳрум мешавӣ, он рӯз наздик ҳаст ин ша Аллоҳ.
Рӯзи 24 январи 2025 баччаи як бузи амниятро мошин зад мурд. Номи ин буз Сатторов Алишер бо лақаби Алишер Вандам мебошад, бародари Сатторов Саймир. Ин Саймири бародараш буз офитсиално КГБ мебошад. Мардумро ба ҳама мақомоти дузду қотили Раҳмонов мефурӯшанд.
Директори мактаби маҳалла Махсумов Насим Ҳошимович рӯзи 27,28 январ ва 2,3,7 феврал маҷлис кард. Мегуяд, ки як саду панҷоҳ сомонӣ барои мактаб аз сари ҳар як оила ҷамъ кунед. Дар дар хонаи мо шаш оила ҳаст бояд 900 сомонӣ ҷамъ карда бидиҳем. Ин пулро барои он ҷамъ мекардааст, ки дар байни мактаб, дар саҳни пеши он ду корпуси ду ошёна месохтааст. Барои он ин пулро ҷамъ мекунад, ки аз куҷое, фаҳмидаст, ки аз директорӣ мегиранаш. Ҳафтод ҳазор сомонии додаашро бигираду гурезад, ба монанди Бобоев Садриддин Амонуллоевич. Ба Худо қасам нони хурдан надорем, маҷбурӣ бояд ин пулро диҳем.
Агар ҳамаи мардуми маҳалла беномус шаванд, ман беномус нестам. Ман ба мухолифон ҳамфикр ҳастам. Ман мудири тими «Ислоҳ» дар минтақаи Бохтар ҳастам. Мардумро ба инқилоби озодӣ мехезонам, агар амниятиҳо моро парронанд, падари ман собиқадори Фронти халқӣ ҳаст. Шогирдонаш дар тамоми мақомот ҳастанд, ниқори маро мегиранд.
Волгорад
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Имрӯз, чун одат, вақте сайтҳои нашрияҳои Тоҷикистонро мурур мекардам, чашмам ба як навиштаи нашрияи СССР афтод. Дар ин навишта аз набуди барқ ва инки миёни суханҳои масъулини соҳа ва воқеият фарқи калон ҳаст сухан меравад. Ин матлабро аввал,айнан, чи хеле ҳаст, пешкаши аудиторияи бузурги «Ислоҳ» мекунам ва сипас фикрҳои худамро дар ин бора мегуям:
« Барқ, Барқ, Барқ…
19.02.2025
Давлаталӣ Ахмедов, хонандаи ҳамешагии газетаи СССР, собиқадори соҳаи маориф аз н.Вахш бо идора дар тамос шуда (тел: 931613734), дар бораи тақсимоти ноодилонаи қувваи барқ изҳори норозигӣ намуд.
– Ҳарчанд борҳо дар ин бора мегӯянду мегӯем, аммо натиҷае намедиҳад. Дар рӯзномаи «Тоҷикистон» хонда будам, ки сар карда аз моҳи феврал тақсимоти қувваи барқ ба 7 соат мерасад. Аммо мо, ки дар ноҳияҳо зиндагӣ дорему аз марказ дурем, на 7 соатро мебинему на 5 соатро. 1,5 соат субҳ ва 2,5 соат бегоҳ барқ дорему халос. Хоҳиш мекунем, ки ақаллан дар рӯзҳои сард барқро мувофиқи тақсимоташон ба мардум дастрас намоянд. Бе барқ дар рӯзи зимистон ҳеҷ коре наметавон кард. Кӯдакони бемори зуком ва пирони касалмандро нигоҳубин мебояд. Аммо аз ин бебарқӣ гуфтанҳо на дигаргуниро мебинему на барқи кофиро. Магар дар ин боронгариҳою барфҳо ҳоло ҳам норасоии обро баҳона доред(м)?!»
Ин буд он навиштаи нашрияи мазкур.
Ман дар ин бора чи гуфтаниям?Дар ҳақиқат бебарқиву торикиву сардӣ ба ҷони мардум задааст. Ба болои ин фиребу дуруғгуиҳои мақомои соҳа мардумро сахт асабонӣ кардааст.
Аз матбуот ходем, ки вазири энергетика чанд бор гуфт, ки қувваи барқ ба аҳолӣ аз соати 5-и бегоҳ то 10-шаб ва аз 5-и субҳ то ҳашти саҳар дода мешавад. Яъне иқрор карданд, ки режими таъинамудаи давлат дар шабонарӯз ҳамин қадар аст. Аммо хабарҳо аз хешу табор мерсад, ки субҳ аз 6 то 7уним ва бегоҳ аз 6 то ҳашт, ҳаштуним медиҳанд. Яъне дар як шабонарӯз ҳамагӣ 4 соат.
Ман бовар надорам, ки аз ин вазъу ҳол Раҳмонов хабар надошта бошад. Вале пурсиданиам, ки агар 8 соат ржим бошад, пас чаро он чор соат шудааст ва ҳамарӯза чор соат барқи тамоми кишварро куҷо мебаранд ва ба кӣ медиҳанд? Кӣ бовар мекунад, ки бе иҷозати Раҳмонов масъулин 4 соат барқи мардумро намедиҳанд? Пас, гапи мардум, ки мегуянд неруи барқи мамлакатро Раҳмонов ба хориҷа мефурӯшад, рост будааст.
Ҷаббор Расулов
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбл! Умедворам хубу сиҳату саломат ҳастед. Ин номаи 2-мин аз ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Мо мардуми ин ноҳия аз зулму азоби ин ҳукумат бо сардории Эмомалии золими ватанфурӯш ҷонамон ба лаб расидааст. Мардум намедонанд, ки чи кор кунанд ва ба кӣ шикоят кунанд? Ҳатто ҳақи худро талаб карда наметавонанд.
Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек деҳаҳои Зарафшону Маданият ва Тоҷикободро, ки дар назди марз воқеъанд, маҷбур кардааст, ки дар хоҷагиҳо пахта коранд, то ҳатто таҳдид бо амнияту прокуратура кард:-«агар пахта накоред говсуд мекунаматон» ,гуфтааст. Охир мардум аз пахта фоидае намегиранд. Он доруҳое, ки барои рушду нумуъи пахта истифода мекунанд, аз ҷумла (селитра, карбамид, аммофос) бениҳоят қимат мебошанд. Об нест, ки пахтаро обёрӣ кунанд. Расходе, ки мекунанд фоидае намегиранд.
Шукрона кунед мегуяд, он касифи дар болонишаста. Мо шукронаи чиро кунем? Шукрона кунем, ки Эмомалии касифи ватанфурӯш як қисми ноҳияамонро ба қирғизҳо фурӯхт? Шукрона кунем, ки дар ватан кор нест, барқ нест ва ҳама чи гарон? Шукронаи чиро кунем?
Ин ҳукумати золим мо сокинни даҳеҳои наздимарзиро аз ватан беватанамон карда истодааст. Аз деҳаи Маданият ин ҳукумати хунхор аз канал боло 1300 гектар замин ва як заставаро, ки бо ёри ин мардуми деҳа сохта буданд, дар тақсимоти марз барои Қирғизистон фурӯхт. Ва ин деҳаро мисли Ворухи Исфара ба анклав табдил дод. Ин Эмомалии касифи ватанфурӯш сари моро таслими қирғизҳо кард. Худованд хору залилат гардонад Эмомалии ватанфурӯш.
Ман аз истиқоматкунандагони боғайрату шуҷоъи деҳаҳои Зарафшону Маданият ва Тоҷикобод эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки бедор шавед. Биёед якҷо шуда аз ҳақи худ дифоъ ва аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунам биёед якчо шуда ин ҳукумати золим бо сардории Эмомалии касифи ватанфурӯшро сарнагун созем ва ояндаи ватани худро бо дастони ин мардуми боғайрат бисозем. Вақте ки заминҳои деҳаи Маданиятро ба Қирғизистон дод нафрати мардуми ин ноҳия бар Эмомалии касифи ватанфурӯш боз ҳам бештар гардид. Ин Эмомалии ватанфурӯш қисми Бадахшонро ба Хитой ва қисми Исфараро ба Қирғизистон фурӯхт бас набуд, ки боз аз ноҳияи Ҷаббор Расулов заминҳоро фурӯхт. Ин шо Аллоҳ рӯзе мерасад, ки номи Эмомалии ватанфурӯш дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун хоини ватан ва миллат навишта хоҳад шуд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Номаи якумини моро дар барномаи 210-уми «Номаҳо аз ноҳияҳо» пахш намудед, хело хушҳол шудем.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин номаи моро дар барномаи наздиктарин пахш намоед.
Ёвон
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Ёвон,аз Чорум совхоз, аз ҷамоати Ситораи сурх.
Дар ҳамин айни замон мардумро бениҳоят зулм карда истодаанд. Якум зулми онҳо дар бораи сатру ҳиҷоб аст. Вақте занҳо ба духтурхонаи ноҳияи Ёвон мераванд, аввалин саволи онҳо ин аст ки медонӣ, ҷаримаи сатру ҳиҷоб аз 3000 сомонӣ то 10000 сомонӣ аст? Ва ҷарима мебанданд ва ҳамин хел мардуми мазлумро метарсонанду халос.
Дар мактаби рақами 33 деҳаи Зафаробод мардумро маҷбур мекунанду халос. Онҳо ба хонандагони синфҳои 1аз як ҳар деҳа мардумро фармон медиҳанд, ки печка харед. Агарки нахаранд кудакҳо аз хунукӣ мариз мешаванд. Ва боз талабаҳоро маҷбур мекунанд, ки барои мактаб тапак биёред. Директори пешинаи ин мактаб Обидова Давлатпочо буд ва ин зан падару модарҳоро сахт истисмор мекард. Ангиштҳои мактабро сортировка мекарду медуздид ва ин зан пенсия баромад. Дар ҷойи вай дар ин мактаб як ҷавонро монданд. Ному фамилияаш Халилов Наврӯз мебошад. Феълан ин директор хуб кор карда истодаст.Раиси тоза таъини ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода умедворем ислоҳотро аз мактаби мо шурӯъ мекунанд.
Дар охир аз Худованди маннон талаб дорам, ки муборизонро пирӯз бигардонад омин…
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол.
Дар шаҳри Ваҳдат як мактаб ҳаст ба номи Тережкова. Директори мактаб ҳар як хонандаро маҷбур карда истодааст, ки 200 сомонӣ оваранд. Гуфтааст, ки бо ин пул майдони мактабро таъмир мекунем. Охир ман зани танҳо, шавҳар надорам, аз куҷо 600 сомонӣ супорам? Кор нест, ҳама гаронӣ. Баъд мегуянд чаро занҳо бероҳа мешаванд ва аз Худо наметарсанд. Маҷбур доранд, ки ҳатман пулро супоред. Ин фармон аз боло будааст. Ба куҷо шикоят кунем? Аз кӣ имдод ҷуем? Ба вазорати маориф? Ба прокурори нав таъиншуда? Беҳтараш ба «Ислоҳ» менависем, ҳатман агар ҳақиқат ва адолат бошад, мебинанду ин зулмро мебардоранд аз сари мо модарони танҳо.
Рудакӣ
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман яке аз мухлисони шабакаи «Ислоҳ» ҳастам. Худоро шукр мегуям, ки як чунин расона ба дарду доғи мардум расидагӣ мекунад. Домуллои азиз, мо як гурӯҳ кормандони ҳукумати ноҳияи Рудакӣ мебошем. Ин номаи мо дар бораи сабзӣ бадастӣ, ливотат аст. Мутаассифона, ҳатто раиси ноҳияи мо, ки пештар ҷонишини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон буд аз ҳамин зайл одамҳо будааст. Ин раиси мо Ҳикматуллозода Абдуғаффор ном дорад. На танҳо вай, балки бархе аз зердастонаш ҳам ҳамин гуна маризӣ доранд. Инҷо исму насаби онҳоро ошкор мекунам.
Мудири бахши фарҳанг Рустамҷон. «Дуст»-и наздики раиси ноҳия, рақами1 аст.
2 ёрдамчии раис Исматуллоҷон. Исомиддин, сардори шуъбаи кадрҳо.
3,Ҷасур роҳбари ОКС-сохтмони асосӣ 4. Ҷасурро хеле зиёд дуст медорад.
Яке аз дигар дустдоштатаринҳои раис Саидобид, сармъмори ноҳия аст. Як нафари дар ин навъи муошиқат бисёр ҳам маъруфу машҳур, ки ҳамаи ноҳия аз кору кирдори вай огоҳ аст, ки ӯро нав ёфта овардааст, Сунатуллоҷон ном дорад, масъули кор бо ноболиғон ва ҳифзи кудакон. Манучеҳри роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия ҳам, ки ӯро тоза ёфта овард, низ дар маслаки худи раис аст. Ва ҳамаи инҳо дар таҳти ҳимояту ҳифозати генерал Қудратулло Назарзода, мақоми баландпоя дар вазорати дохилӣ аст, ки шумо як барномаи махсусеро дар бораи вай пахш карда будед.
Домулло, ин бор ҷойи айшу ишраташон, хонае, ки ин корҳоро иҷро мекунанд, аксашро гирифта мефиристам. Ҷойи ин амалҳои пасту шанеъашон чанд ҷо аст.
Ин маълумот, ки дар дастатон расид, дақиқ аст. Ҳама сохторҳо медонанд, ки раиси ноҳияи Рудакӣ кӣ аст ва ба чӣ корҳо машғул мебошад. Як рафиқи наздикам, ки аз нафарони Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ аст гуфта буд, ки Ҳикматуллозода Абдуғаффорро барои ҳамин корҳои зишташ аз кор ронда буданд. Гуё маълумот мустақим ба Эмомалӣ Раҳмонов расида будааст. Вай бо Шоҳрух ва падараш кали Фаттоҳ сахт кент буд. Вақте ин хабар рафта мерасад аз шармашон надонистанд куҷо равонаш кунанд. Оварданд ба Рудакӣ раси монданд, ҳеҷ чизро ақлаш намегирад, ягон беҳбудӣ нест дар Рудакӣ.( Дар мавриди Абдуғаффор Ҳикматуллозода маълумоти бештаре расидааст,ки комилан аз хеле амалҳои пуштипардагии ӯ ҳикоят мекунад. Ҳатман рӯзҳои наздик тақдиматон менамоем. Агар шоҳидони ҷиноятҳои дигаре аз Ҳикматуллозода бошед ба «Ислоҳ» ирсол намоед!)