Устод Нурӣ: «ман раиси он мешавам, чун обруи ман барои ҲНИТ обру меорад, «престиж» гуфта буд»
Баъд аз интишори барномаи «Минбари муҳоҷир» -и № 328, ки таҳти унвони «Тағйирот ва ислоҳоте, ки дар РО ҲНИТ интизор доштем чи натиҷа дод?» (РО-Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон) дар рӯзи 12 март пахш гардид, он қадар паёму гапу ҳарфе гирифтаму шунидам, ки то бас гуфтан. Дӯстону нодустон бародарону хоҳарон, ҳаводорону мухлисон тарафдорону муқобилон, хулса, зиёд гуфтанд. Бармеояд, ки барзеҳо фаҳмидаанд, ки манзури мо чӣ аст, бархеҳо нафаҳмидаанд, ки мурод аз ин суҳбатҳо чи буд. Ва, дигар ногузир шудам, ки муҳтавову моҳияти суҳбатҳои он барномаро дар як навишта пешкаш кунам. Мақомот ва фермаи ҷавоб пас аз он барнома,ки дар он раъйпурсӣ доир намудему 80% омода ба ворид шудан ё аъзои ҲНИТ шуданро хостанд аз 1266 иштирок кунанда. Хобу хури режимро аз байн бурд ва ба сатҳи ҷунун оварда расонид, ки ҳоло ҳам ин мардум мехоҳанд ба сафи ҲНИТ шомил шаванд. Охир ин ҳама зиндонкуниҳо ва туҳматҳои 15 сола бар алайҳи ҲНИТи мо куҷо шуд?
Ростӣ, барои имрӯз, ки зодрӯзи устоди равоншод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва аз поягузорони ҳаракатҳои сиёсии динӣ дар қаламрави шуравии пешин мебошад матлаби дигареро дар назар доштам. Аммо, шароити феълии ҲНИТ, фазои ҳоким ва муҳити маъаласаф носозгору ғайрикории даруни он ки дар «Минбари муҳоҷир» ҳам тазаккур додам, боис шуд, ки онро барои баъдтар бимонем, масалан ба рӯзи ташкилёбии ҲНИТ, ки чизе бештар аз як моҳи дигар боқӣ мондааст. Равони устод шоду гиромӣ бод, ки барои ин ҳизб хеле зиёд ҷоннисориҳову ҷонсупориҳо кардааст. Вале, бо камоли таассуф, имрӯз, дар мактаб ва манзили бинокардааш шогирдону пайравонаш ҳолу ҳавои хуш надоранд. Ин ҳизб фарзанди устод буд, мисли қорӣ Муҳаммадҷон дӯсташ медошт…. Чун барои ин ҳизб зиндонӣ шуд, ҳиҷрат кард ва ҳама мусибатҳоро мутаҳамаил шуду ин ҳизбро мисли гавҳараки чашмаш маҳфӯз нигоҳ дошту бо иззати тамом ба ватан баргардониду дуюмбора дар қаламрави кишвар ҳизби расмияш кард. Ин кори саҳлу содае набуд.
Хуб, ҳоло биёем сари асли матлаб
Ман ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳеҷ гоҳ намехоҳам,ки ҲНИТ ба як корпус ва рамақи беҷон мубаддал шавад. Ин ташаккул, ки дар хонаводаи мо руи олам омадааст, мароҳили ҳавлноку ҳайратангезеро пушти сар кардааст. Ман намехоҳам, ки ин ҳизби бузурги динӣ-сиёсӣ ба хотири хостаҳо ва амбитсияҳои як кас поён биёбад. Ин шахс, хоҳ ман бошам, хоҳ Бадриддин бошад, хоҳ Фатҳиддин бошад, хоҳ Шамсиддин бошад, хоҳ Муҳиддин бошад, хоҳ Муҳаммадҷон бошад, муҳим нест. Хостаҳо ва амбитсияҳояш пеши худаш бояд бошад. Чунки ин моликияти хусусӣ, ЗАО-ҶДММ нест. Агарки ҳам буд, барои ҳамон муассисони аслӣ ва воқеиаш буд. Аммо имрӯз он моликияти ҷамъиятӣ аст ва барои шахсе, ки масъулияти раҳбарӣ ва мудириятро барои вақфа ва муҳлати муайян ва таъйиншуда бар уҳда дорад, муваққат аст ва ҷойи ҳама тасмим гирифта наметавонад. Ман мехоҳам пешгоҳи Худо, виҷдон, равони падари бузургворам ва устоди шаҳид-бунёдгузорони ҲНИТ ва садҳову ҳазорҳо шаҳид ва қурбониёни ин ҳаракати муқтадири сиёсии динӣ азоб накашам, руҳу равонам осуда бошад. Чун на фақат паёмҳои катбӣ, зангҳои телефонӣ ҳам зиёд шуданд, бардоштҳои гуногун, занну гумонҳо, ҳаводориҳову тарафдориҳо ва баракс,-«иғвову фитна наандоз, домулло чи мехоҳӣ» ва аз ин қабил гапу ҳарфҳо, бароям расиданд ва чорае ба ҷуз арз доштани ақида ва мавқеъам боқӣ нагузоштанд.
Ман, инро на як бору ду бор гуфтам ва инҷо бори дигар бо сароҳат ба ҳама эълон медорам, ки бо устод Муҳиддин Кабирӣ, шахсияти вай сари сузан, баробари донаи арзан мушкил надорам. Бародар аст, донишманд аст, муҳтарам аст, олим аст, сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ аст. Дар канори як чунин шахсият, душодуши як чунин сиёсатмадор будан мояи ифтихор аст. Аммо бо тамоми эҳтироме, ки дорем аз ҳақиқат сарфи назар набояд кард, чун ресурҳои як инсон адошаванда аст. Ва, як инсон болои як курсӣ бист сол биистад, он курсӣ дигар на минбари кор, бистари нарм мешавад. Худи шахсият дилгир ва хастакунанда мешавад. Намехоҳам ки раиси ҲНИТ-и мо чунин нафар бошад. Раис метавонад дар ҳар куҷое аз ҲНИТ мақоми болотарро касб карда бошад. Чун кордону коркушта, обдида аст машварату маслиҳатҳои беҳтаринро метавонад бидиҳад. Аммо 20 сол будан дар сари як ташкилот «зебанда»-и як ҳизб нест. Албатта, ин фикру ақидаи шахсии ман аст ва ман ҳақ дорам, ки баён созам. Аммо, худову ростӣ, ин танҳо фикру ақида ва назари ман нест. Хелеҳо ҳастанд. Аммо сахт мулоҳиза мекунанд. Хуб, бигзор.
Вале ин «хелеҳо» ҳам, ки дар ҳақиқат аксариятанд, бигзор, биҳисобед, ки касе нестанд, ки таъйин кунанд. Таъйинкунанда, танзимкунанда ниҳодҳои расмии ҳизбанд.
Хостаи ман ва хостаи «хелеҳо» ҳамин аст, ки ниҳодҳои ҳизб, аз ячейкаи аввалия то Раёсати Олӣ фаъолияти ошкор, боитминон ва ботавозун ва мустақилу мухтор ва дар чаҳорчуби қавонини шаръӣ ва дунявӣ, тибқи оиннома ташкил карда шаванд ва амал бикунанд. На бар вифқи муроду мақсади як нафар сохта шаванду сипас табдил ба санги сари роҳ бишаванд.
Раёсати Олии ҳизб, ки барои он салоҳиятҳои зиёд дода шудааст, бар ин тариқа, ки ташкил шуд, моро қаноат дода наметавонад. Бахусус, ки вақте фақат ва фақат узви Раёсати Олии ҳизб ҳақ дошта бошад, ки номзад ба мақоми раисӣ, яъне раис бишавад. Дар чунин ҳолат ин Раёсат бояд аз тамоми гурӯҳҳо ва шахсиятҳои дохилиҳизбӣ ташкил бишавад, на танҳо аз афроде, ки мисли вакилони Маҷлиси намояндагон, ки раиси муҳтарам таҷрибаи кори онҷоро ҳосил кардааст, фақат тукма пахш кунанд ва воқеияти мавҷударо ба эътибор нагиранд.Воқеияти мавҷуда ин аст ки ҲНИТ беш аз пеш ба партгоҳи амиқ сарозер шуда истодааст. Ин аз сиёсати сабри роҳбар аст ки дар натиҷаи он Наҳзати исломии Тоҷикистон дар давоми 20 соли ахир, баъди реҳлати муассиси он зинабазина, марҳалабамарҳала, қадамбақадам ба ҳошия ва гуша ронда шуд, ки оқибат то ба инҷоҳо овардамон. Мардум то онҷо ки аз дасташ меомад, пушти моро пур кард, муттакоямон шуд, дастгириамон кард. Интихоботҳои парлумонӣ шаҳодати ин гуфта аст. Аммо роҳбарияти ҲНИТ чи кор кард? Тавонист мардумро, ҳадди ақал аъзову тарафдоронашро ҳифозат кунад? Бояд ошкоро ва сахту тунд ҳам бошад бигуем, ки натавонист. Ин сиёсати сабр буд, ки моро аз Ватан ба Аврупо овард ва дар идома номаълум аст ки аз Аврупо ба куҷо мебурда бошад?
Акнун, ки ман ва «хелеҳо» ҳамчунин дидгоҳу мавқеъ дорем ва барои онки ин назар ва ақидаи мо маҳор бишавад, барои онки мутафарриқу муталошӣ нашавем, барои онки мунсаҷим ва муттаҳид боқӣ бимонем, бояд аз тасмимоти шитобзада, саросемавор ва то ба охир нопухта даст бардорем ва ҳама кори ташкиливу идорӣ бояд шаффоф сурат бигирад. Мо, то мушкили дохилиамон ҳал нашавад, на оппозитсияем на дар фикри миллатем. Мо фазосоз, мо фитнагар мо ғайбатчӣ нестем. Агар ғайбатчӣ ва ғоибгу будам, на дар барнома ва на дар инҷо суҳбати ошкоро мекардам.
Раёсати олии ҳизб бояд нав бишавад. Афроди нав ба узвияти он қабул бишаванд. Ба ихтиёри Раёсати олии ҳизб вогузории интихоби номзад дуруст аст. Бигзор Раёсати олӣ номзад ё номзадҳоро барои раисӣ баргузинад, аммо ин шарт, ки танҳо узви Раёсати олӣ битавонад раиси ҲНИТ бишавад, бояд лағв шавад.
Нигаред ба ин банди низомнома:
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аъзои ҲНИТ
Узви ҲНИТ дорои ҳуқуқ ва салоҳиятҳои зерин мебошад:
Озодона узви ҳизб шавад ва аз узвияти ҳизб даст кашад;
Дар интихоби мақомоти рохбарикунандаи ҳизб иштирок намояд ва ба мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб интихоб шавад;
Охир ин банд дар худи низомномаи ҷадид омадааст.
Чаро мехоҳед ин уҳдадориҳои узви ҲНИТ-ро бо ин банд бекор кунед?
4. Раиси ХНИТ
4. 1. Раиси ҲНИТ барои як давраи 4-сола аз миёни аъзои РО интихоб карда мешавад ва салоҳиятҳои зеринро дорад:
Охир чаро «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аъзои ҲНИТ»-ро бо ин банди 4 мехоҳед лағв кунед?
Чунин меъёри булаҷаб ва чунин фикри бикрро на ҳар «фитнагар», на ҳар «иғвогар» ва на ҳар «ғайбатчӣ» метавонад дошта бошад. Ин аст хостаи дигари ман ва хелеҳои дигар аст. Дар чунин ҳолат мо шаффоф ва бидуни нақзи ҳуқуқ ва бо риояти тамоми меъёр кор хоҳем кард.
Раёсати олии лаббайкгу, Раёсати олии пур аз абдуҳалимғаффорҳо барои ҲНИТ даркор нест.
Ва хостаи дигари ман, ҳамчуноне гуфтам ин аст ки набояд аҷала бикунем.
Магар бо ин аҷалаву шитобзадагӣ кори ташкилии ҳизбро анҷом диҳем чи оидамон мешавад, чи бар кафамон меояд?
– Агар, бар фарзе то ним сол, то се моҳи дигар мавқуф бигзорем чи хоҳад шуд?
-Магар дар сангарҳои ҷиҳодӣ сарбозҳо бероҳбар мемонанд?
-Корхонаҳову тиҷоратҳои ҲНИТ аз кор меуфтанд?
-Ҳизб, ки чизе надорад! Ҳизб, ки аз мову мисли ман иборатанд, ки ҳар кадоме аробаи худашро худаш пеш мекашад.
-Пас, чаро бояд бишитобему бишитобонем.
Дар ҳақиқат аҷиб ва шакангез аст ки рӯзи 9 март ҷаласа доир намоиву бигуӣ, ки то рӯзи 16 номзадҳо ариза дода номнавис шаванд ва дар ҳамин моҳ раисро интихоб намоем. Ва раисро ҳам аз даруни на ҲНИТ, аз даруни Раёсати Олӣ. Чаро? Машруияи ин Раёсатро кӣ ва дар куҷо таъйид кардааст? Магар ман худам ба худам овоз диҳам, худам худамро таъйид кунам, ин мешавад легитимност?
Аз тарафи дигар магар мо куҷое сафаракием? Ҳатто агар сафаракием бояд бо таҳаммул ва бо тамкин кори раёсат ва раисро файсла кунем.
Чаро ин ҳама солҳо «сабр» аслу асоси сиёсатамон буд, ҳоло ин қадар шитобу шитобзадагӣ дорем?.
Ва, боз аз рӯзи 9 то 16, яъне дар муддати 7 рӯз номзад бояд барномаи номзадӣ пешниҳод кунад. Аҷаб! Барномаи номзади раиси ҲНИТ. Яъне чӣ?
Ин мазоҳу масхараву бозиҳо барои чӣ аст?
-Раисии ҲНИТ чи дорад?
-Буҷҷа дорад?
-Пул дорад?
-Чи дорад?
-Магар ҲНИТ даҳшатафкан эълон нашудааст?
-Магар ҲНИТ дар мулки ғарибӣ қарор надорад?
Чӣ дорад, ки ин қадар ҷазбу ҷалбу ширеш мекунад?
Барои онки дар оянда аз ин қабил ҳарфу сухан набошад ва аз он зиёд ҳам мешавад, боястӣ муҳлати интихоби раиси ҲНИТ мавқуф гузошта ва дар Раёсати олии он ҳадди ақал 50 % афроди нав ворид карда шавад. Вуруди аъзои нав бидуни таъсир бояд сурат бигирад. Ва дурусттарин ва муносибтарин ва мувофиқтарин шеваи кор ин аст ки раис довталабона истеъфо бидиҳад ва Раёсати нави ҳизб раиси навро интихоб кунад. Рафтани бообру худ як қаҳрамонӣ аст. Масалан Маҳкамов рафт, гапе нашуд. Раҳмонов намеравад ҳазоруяк гап аст. Набояд Раҳмонов шуд! Ҳар дарозумри сиёсӣ нусхаи такрори Раҳмонов ва раҳмоновҳои дигар аст. Мо дида истодаем, ки дар ин чанд гоҳи ахир чи такудавҳо ва чи бозиҳо сурат гирифта истодааст. Мо, баъди ҳиҷрати дуввуми инак 10 сол мешавад тирамоҳ, ки истодем, ҳеҷ чи нашуд, се ё чор моҳ ё ҳатто 6 моҳ биистем чи хоҳад шуд?
Агар мутмаинӣ, ки боз ҳам интихоб мешавӣ, ба худат бовар дорӣ, пас чаро аз ворид шудани наҳзатиҳои дигар ба Раёсат ҳарос дорӣ?
Зудтар анҷомаш диҳем, ки чи хоҳад шуд?
Магар мо то имрӯз чи корҳое пурманфиат кардем, ки барои чанд моҳи дигар дер мешуда бошад?
Чиро бой медиҳем бар фарзе агар яке ду бори дигар машварат бишавад?
Аз чи дер мекунем?
Чаро барои рафтани ду аъзои раёсат пробелма намешавад, барои ворид кардани афроди нав бояд баъди интихоби раисро мунтазир бишавем?
Ба хотири чӣ?
Бовар кунед, ки инҷо мақсад дигар аст ва агар дар фикри мубориза ва оппозитсия будед инҷо дар Аврупо чи ғалате мекунем?
Агар курсии раисии як ҳизбро додан ин қадар душвор бошад, пас Раҳмонов курсии президентиро чаро диҳад? Раисии ҳизб ва курсии он ин қадар ширеш ва қандак дошта бошад чаро Раҳмонов курсиашро бидиҳад?
Талаби ин низомнома ва Қонуни Асосгузори сулҳу пешво аз ҳам чи фарқ дорад?
Куҷои ин низоми демократӣ аст агар шахс аъзои раёсат набошад ҳақ надорад, ки даъвои курсии раисӣ кунад? Ин не, он не, мақсад ин аст ки бимонед ман боз раис биистам. Аҷаб…
Мақсади мо раисӣ нест. Мақсади мо аз ин мурдаоб, аз ин бефаъолиятӣ, аз ин карахтӣ, аз ин несту нобудшавӣ, аз ин парокандагӣ, ки таҳдидаш воқеӣ аст раҳо кардани ҳизб, аъзову тарафдорон ва мардуми Тоҷикистон аст. Кореро, ки давоми наздик ба бист соли раҳбарӣ дар ҲНИТ надидем. Куҷо будем, куҷо омадем. Дар Аврупо чи кор мекунем?
Мо ногузир ҳастем (аз ҷумла чандин нафар дар дохили ҳамин риёсат) Наҳзатисломӣ- ташаккули сиёсиамонро, ки барои рушду нуму ва такомули он аз ҷони падарону модарону худамон моя гузоштаем бигирем.
Мо фақат бойкот намекунем. На ба он маъно, ки меравем, ба он маъно, ки мебарем. Мо ҲНИТамонро мегирем. Ва бо ҳарки бо мо ҳаст, масирамонро идома медиҳем. Мо дар сангинтарин ҳолу рӯзҳо дар аврупо будем ва ҳастем, инҷо ҳам муваққат хоҳем буд. Ҷуз аз рафтан нақша ва нияти дигаре надорем. Барномаи кутоҳмуддат, баландмуддати мо бозгашт аст.
Раҳмонов давлатро, ватанро, ҳокимиятро, сиёсату иқтисоду молияву фарҳангро хусусӣ ва аз они худ кардааст. Мардум барои вай ифодаи ҳокимият нест, мардум барои вай муздур ва хидматгузор аст. Вай барои худаш қонун вазъ мекунад, масалан Қонуни Асосгузору пешво.
Ҳоло мо чӣ? Низомнома?
Пас раиси ҲНИТ мисли вай бишавад ва бошад?
Кӣ кафолат медиҳад, ки дар сари Кабирӣ ин фикр нест, ки пагоҳ ягон баччаашро меорад.
Мо, «ҳатман» мақсад надорем, ки гапамонро гузаронем вале агар илоҷ дигар намонед, мо роҳу усули худро пеш мегирем ва пеш мебарем ва он гоҳ худобиёмурз … ва раҳматӣ … нестанд, ки дари хонаҳои мо оянд ва мо ҳам марҳум домулло Ҷалолиддини Маҳмуд ва домулло Сайидиброҳими Назар нестем. Албатта ин гап соҳибашро ёфт, ки чи маъно дорад.
Моҳи Рамазон моҳи тоату ибодату тавбаву надомату тазарруъ аст.
Дар ин моҳи муборак корбурди хидъа, тазвир ва найранги сиёсӣ гуноҳонро «яка ба сад» меафзояд. Моҳи сиёсат ва моҳи интихоби раис нест. Моҳи танаффур ва бозиҳои сиёсӣ нест, моҳе нест, ки «иша ба уш» ҷанг андохт. Моҳи парҳезу тақвову оштиву мурувват аст.
Айни Раҳмонов, ки кори ҳукумату кори ҳизбро қотӣпотӣ-, омехта алдараш кардааст, набояд кард.
Ҳизб ҳоло чи барнома дорад?
Дунболи ООН бидавад, феҳрист бисозад ва грант бигирад барои зиндониҳои сиёсӣ?
Ҳамин? Ва, аз сад якашро надиҳад! Бидавад шинад кофе брейкҳо ва бо фалониҳо дидору мулоқот кунад ва аз вазъи ҳуқууқи башар ривояту ҳикоят кунад?
Ба назари мо ҳизб як барнома бояд дошта бошад. Баргашт ба ватан. Ин тавр набояд бошад, ки мо инҷо ҷойи роҳат, худамону баччаҳоямон, пособия гирему хурем, мошин гирему ронем, «ивару увар турист» шавем, аммо он нафарони дар ватан, он нафарони зиндонӣ масалан Маҳмададлӣ Ҳаит, Раҳматуллои Раҷаб, Саидумар Ҳусайнӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳҳори Давлат ва садҳои дигар дар қайди азобу кулфат бошанд. Аммо инҷо бо хоҳар….бародар ….. аъзои риёсат шуда бишинед, даст болои даст.
Воқиан агар ба ҳамин минвол раёсат аст ва ҲНИТ аст бояд таклифатон рушан бишавад. Ин ҳизби мазҳабӣ- сиёсӣ аст.
Мо бояд ва кайҳо бисоти сабрро бармечидем. Савганд ба Аллоҳ сабри мо дар муқобили Раҳмонов ин ҷиноят ва нофармонӣ аз фармонҳои Илоҳӣ аст. Дигар ин сиёсати сабрро бо шата занед ва даст ба кор бояд шуд. Агар ҷуз сабр чизе дар бисотатон надоред роҳро барои бе саброн холӣ кунед, охир аз ҳамин ҳолати бадмури ва бе иззатӣ ва бе қадрии имрӯза ягон коре мекардагиянд. Мо, имруз, манзуруам 99%-и наҳзатиҳо ва тамоми мухолифини ин режим ҳамон пролетариати Ленинем, чизе ба ҷуз аз дасту бозу надорем. Дасту бозуи гиро, печон, неруманд, аммо дар банди сабр, дар қайду доми сабр рустмондаву функсияҳои худро гумкардаистодаем.
Аммо дасти он тараф беш аз пеш дарозтар шуда истодаст. Русия буд омад Туркия, Туркия буд омад Урупо, Урупо буд рафтан дорад Амрико ва худокунад нарасед ба Африқо.
Ҳоло маро кофта истодаанд, ки дар куҷоям дар Фароснса ё дар Англия ё дар Шветсария ва ё Канада. Кофта истодаанд, ки маҳор кунанд. Аммо хеле саргардонанд дар ин масала.
Муҳим ҳарокуҷое ҳастам масъулиятамро бо сари баланд дар назди Аллоҳ ва мардумам анҷом дода истодаам ва ҳама шоҳиди онанд. Чун имон дорам, қасд дорам, ҳадаф дорам ва дар масирам то онҷое метавонам равонам…
Ман блогер набудаму нестам. Қиёс бо оне дар барнома ошкоро гуфтану ташбеҳатон номардист. Ман агар тарафдорам зиёд шудааст, барои он аст ки наҳзатиам. Ва ман ин обруро мадюни Наҳзат медонам бар фарқи баъзеҳо. Хуб бидонед ин стримҳо ва барномаҳои онлайнӣ як василае ҳастанд вагарна маро дар пеши анбуҳи омма ва масоф хоҳед дид!
Бояд бо сароҳат эълон бидорам, ки ин ҳизб, ҳизби динӣ аст. Инро бояд бар мағзу ақлу шууру зеҳнамон ҷо бисозем. Аммо дин моли фақат он дунё нест. «Дину давлат ба ҳам андаранд» ва «роҳи ҷаннат аз дунё мегузарад».
Лидери ин ҳизб улгуи ҳамин ақида ва марҷаъ бояд бошад. Ҳиҷ ҷиҳодиву ҳиҷ размандае барои муи руғанмолида ва галстуки аҳмару аблақу азрақи ман ҷабҳа ва сангар намеравад. Ҷиҳодӣ барои оппозитсия ҷиҳод намекунад. Ҷиҳоди ҷиҳодро барои дину оинаш мекунад. ҲНИТ моли як кас нест, ки бихоҳад абаддудаҳр биистад. ҲНИТ мактаби пуё ва дар ҳоли таҳаррук аст.
Равони он бузургвор, муассиси мактаби сиёсии исломӣ устоди зиндаёд Саид Абдуллоҳи Нурӣ шод бод, ки ҳеҷ гоҳ худро бо «фаришта» қиёс накарда буд. Ҷелаку ришу дастор дошт. Вақте ҲНИТ аз ғурбат баргашту номнавис шуд, гуфт, ки ман раиси он мешавам, чун обруи ман барои ҲНИТ обру меорад, «престиж» гуфта буд…. Аммо имрӯз чӣ? Дар ҳиҷрат қарор дорем сиёсати «сабр»-ро пеш гирифтаасту, гуфти Абдухалил Восеев: «Ин Кабирӣ ба ҳузураи, биёед равем..»