Фарҳанги фасод ниҳодина мешавад,чаро директори зинокори мактаб раиси ҷамоат шуд?

Ислоҳ нет

Ахлоқ ва фарҳанги фосиди хонаводаи Раҳмонов, қиссаҳои Озодаи қили аспу Шаҳбоз Раҷабов Тахминаи Клеопатраву Илҳоми ботурободӣ Рустам ва «Доми 16 Қайроққум» Исмоили дастбахайру солиммонии духтарҳо дар як бузкашӣ, Ҳасани ишкамба ва занҳои никоҳиву ғайриникоҳӣ, Нуриддини трактористу як ҳофиза имрӯз дорад тавассути пайравони онҳо дар саросари кишвар паҳн мешавад. Раҳмонов на танҳо дар сиёсату иқтисоду дину оина дар фарҳанги ҷомеаи ҳам хулқу хӯ ва рафтору кирдори хонавода ва қабилаашро таҳмил карда истодааст. Ҳеҷ чизе меъёр ва арзиш боқӣ намонд. Расму русум ва анъанаи хонаводаи Раҳмонов ба миллат дорад сироят мекунад.

  Вақте  Раҳмонов дар маҷлиси васеъ як донишҷӯдухтарро мепурсад, ки «телефон мекадагӣ ҳаст, ягонта ёфтӣ», «дар курси чор шавҳар кун, меравӣ як сол кор мекунӣ бачадор мешавӣ» ва бо чашмонаш он духтарро «мехурад» зинои чашм мекунад, ин кишвар ба чи ҳол гирифтор мешавад. Ва, тамаллуқпешагоне мисли Давлат Сафар баъд бо ифтихор мегӯянд, ки «миллатро саворӣ» кардаем. Мактабу омӯзишгоҳу донишгоҳҳо ба макони фисқу фасод табдил шудааст. Дар мактаб маводди мухаддир мефурӯшанд. Участковийҳо шарики ин ҷиноятанд. Толибаҳоро ба афроди пулдор «туғрӣ» мекунанд. Ин фарҳанги барбарӣ ва қабилаӣ, ин фарҳанги зиддимиллӣ, ин фарҳанги муғойир ва мухолифи дину оини мо дорад рӯзбарӯз паҳн мешавад. Ончики дар хона ва фарҳанги хонаводаии Раҳмонов маъмуливу сунатӣ аст, дар тамоми кишвар интишор меёбад. Сиёсати сарупойи бараҳна, сиёсати зидди пӯшиш ҳиҷоб дорад меваҳои худро медиҳад.

Як нафар аз рафиқони огоҳ, ки дар охраннаи Раҳмонов кор мекунад гуфт, ки мактаби 15-и Душанбе, синфҳои 9-11-и онҳоро фақат барои боло омода мекунанд. Гуфт ба камиаш даҳ нафар аз ҳамкорони ман –охраннаи Раҳмонов аз миёни ин духтарҳо, ки барои пешвози меҳмонҳои Раҳмонов ба фурудгоҳ бурда мешаванд, зан гирифтаанд, аксаран зани дуввум. Магар мактаби мо ҷойи таълиму тарбия аст ё ҷойи фоҳишаомодакунӣ ва он ҳам амали номашрӯъе,ки директор дар пеши чашми талабаҳо мекунад. Ҳолатҳои ҳомилашавии толибаҳои мактаб аз тарафи омӯзгоронро ҳам мо навишта будем. Инки баъзе аз муаллимаҳо ба прокурору милиса ва дигар мақомот аз ҳисоби толибаҳо мамарозагӣ мекунандро ҳам гуфта будем. Ончи дар матлаби зер ҳикоят шудааст, имрӯзҳо, мутаассифона дар ватани мову шумо характери саросарӣ касб кардааст, яъне хоси Зафаробод нест.

                                  Зафаробод

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Мехоҳам ба тавассути шабакаи «Ислоҳ» чеҳра ва симои як шахси бадахлоқу ҳаромгаштро ошкор намоям. Ин шахс Фозилов Фаридун аст. Чандин сол дар мактаби деҳаи Навбаҳор ба ҳайси директор кор кард. Айни ҳол дар ҷамоати Ҷомии ноҳия Зафаробод раисаш монданд.

 Ман мехоҳам, ки ҷиноятҳои ин касифро, ки дар чаҳорчӯби як навишта бароятон мефиристам дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба нашр расонед. То инки мақомоти болоӣ-роҳбарияти ноҳия, масъулони сохторҳои интизомӣ алайҳи ӯ чораҷӯӣ кунанд ва масъалаи ӯро бинанд. Ин шахс вақти адои вазифааш ба ҳайси директори мактаб ҷиноятҳои бисёре анҷом додааст. Яке аз охирин ҷиноятҳои ӯро, ки дар пеши чашми ҳама, дар ҳузури аҳли мактаб содир кард ба унвони намуна аз ҷиноёти фаровони он меоварам. Дар стадиони мактаби деҳаи Навбаҳор, дар соати дарсӣ бо ҳамроҳи як муаллими дигар- Ғафуров Акмал, дар ду мошини сабукрав (дар видео дида мешавад, навори ирсолшуда дар навори ютубии ин барнома гузошта мешавад) бо як муаллимаи ин мактаб дар вақти бозии футбол, ки хонандагон бозӣ доштанд, ин директор даромада дар стадион мошинронӣ карда дар сари рул ин муаллимаро шинонда ишқварзӣ карда болои хонандагон мошин меронад. Ин ҳодисаро  наворбардорӣ карда дар группаи вотсапи истиқоматкунандагони ин деҳа партофтанд. Баъди дидани ин навор мардуми ин деҳа, ки тақрибан ҳама дар мусофиратанд ба он директор занг зада масъаларо пурсон шуданд. Вай ҷавоб мегардонад, ки чи чизе бихоҳам мекунам, аз дастатон ягон кор намеояд, кришаҳоям боқувват аст. Баъди шунидани ин суханҳои директор мардуми баномусу бошарафи  деҳаи Навбаҳор, ки онҳоро даҳкатиҳо мегуянд, (инҳо аз Даҳкати ноҳияи Деваштич-Ғончии собиқ ба ин ҷо кучидаан) ва ин мардум мардуми бениҳоят ободкоранд ва онҳоро дар ноҳияи Зафаробод бо тарзи шухӣ ва ҳазломез корчалонҳо ҳам мегуянд, дар ҳақиқат ободкору соҳиби хонаҳои зебову боҳашаматашон ба ҳафт ё ҳашт ҷавон мегуянд, ки раведу ба мақомоти босалоҳияти дахлдор ариза кунед ва авзоъро пурра бифаҳмонед, ки ин чи бетартибиву бесоҳибӣ аст. Ин ҷавонони зирак бошанд аз тамоми аҳолии ин деҳа имзо ҷамъ намуда бо  факту далел ба прокуратураи ноҳияи Зафаробод муроҷиат намуда навори ин амали анҷомдода директорро диск карда   месупоранд. Баъди супоридани ариза ба прокуратура ба назди раиси ноҳияи Зафаробод ҳам мераванду муроҷиат мекунанд. Ин амали зишти анҷомдодаи директорро раиси ноҳия Исмоилзода Зуфар Муртазохон дида ба он ҳафт нафар истиқоматкунанди ин деҳа ваъда медиҳад,  ин чораи директорро мебинем. Вале шумо мардуми бошараф ба ягон хатоӣ ё ҷангҷанҷол роҳ надиҳед ва мегуяд, ки наворро ба ман ҳам равон карданд. Раиси ваъда медиҳад, ки директор ба ин кори ғайриахлоқӣ ва ғайриқонуниаш дар назди қонун ҷавоб мегуяд ва ин бародаронро мегуселонад.  Ногуфта намонад, ки ин ваъдаро раиси пешинаи Зафаробод ҷаноби Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода буд, чунки дар ин миён раиси Зафаробод иваз шуд ҷаноби Муродзода Муқим Қаюм.

 Дар ҳақиқат ин нафарро аз директории мактаб гирифтанд. Аммо ба ҷойи онки ба вай ҷазо диҳанд, ба ҷавобгарӣ бикашанд ба ӯ вазифаи нав ва болотар доданд. Фозилов Фаридун раиси ҷамоат таъин гардид, дар ҳоле, ки аз ин ҷинояти вай тамоми мақомоти ноҳия бохабар буданд. Ҳоло саволи мо ин аст ки ин чи беқонуниву беинсофӣ ва ин чи шеваи давлату ҳукуматдорист, ки як шахси бадахлоқи бадгаштро барои содир кардан ҷиноят аз директорӣ мегиранд вале баъди чанд муддат раиси ҷамоат таъин мекунанд.

Ҳозир Фозилов Фаридун раиси ҷамоати Ҷомии ноҳияи Зафаробод шуд. Эй, мақомоти ноҳияи Зафаробод! Шумо чаро ин қадар беномус шудед, ки ин  ҷинояткори палидро боз ҳам дар ҳамин ноҳия ва дар ҳамин ҷамоате, ки ин мардум зиндагӣ доранд раис таъин кардед. Ва ин раиси ҷамоат бошад, ҷойи он муттаҳам бошад, аз мардум узр пурсад бо ҳар баҳона мардуми деҳаи Навбаҳорро, ки сабаби аз директорӣ рафтани Фозилов (Шрек)шуда буд, зулм мекунад. Ман худ аз ҳамсоягони инҳо мебошам. Моро бо номи «ширинчагиҳо» мешиносанд. Ин мардум аз таъин шудани ин шахси палид сахт дар хашму ғазаб ҳастанд. Фаридун Фозилов гуфтааст, ки «ана акнун, ки раиси ҷамоат шудам, бо ин даҳкатиҳо кори хостаамро мекунам». Дар ҳақиқат оҳиста -оҳиста мардумро зулм карда истодааст. Ё ин корро барқастона кардаед,ки ӯ қасд гирад аз мо?

Э, Фозилови шреки бурукғалтида! Агар туро мақомот чоратро набинад махсусан прокуратура, ки навору аризаи дастаҷамъонаи зиёда аз 300 нафар аз сокинони  деҳаи Навбаҳор дар дасташон аст, мо худамон хоҳем дид. Мо мардум интизорем, ки ин шахсро аз вазифа меронанд ва ё не.

Ин Фозилов Фаридун мардумро рӯзторӯз ғазабашро оварда истодааст. Боз лоф зада мегуфтааст, ки «нав ҷояма ёфтам, якто- якто даҳкатиҳоро қассосамро мегирам». Фозилови шрек! Бо ин мардум бозӣ накун. Ин мардум мардуми бошарафанд. Фозилови шреки шикамдам кибру ғурур накун. Мо даҳкатиҳо нав болои ту корро сар кардем. Беҳтар аст, чи тавре, ки аз мактаб гуё бо хоҳиши худ рафтӣ аз ҷамоати Ҷомӣ ҳам рав. Вале агар бинем, ки баъди нашри «Ислоҳ» наравӣ он гоҳ бо забону бо тарзи худат рафтор мекунем. Фозилов ту фикр накун, ки аз корҳои зиште, ки дар мактаб анҷом медодӣ мо бехабарем, не ҷура, ту сахт хато мекунӣ. Мо медонем, ки бо муаллимае, ки алоқаи маҳрамона мекардӣ ва айшу ишрат мекардӣ, мо бехабар нестем.Ту фаҳмидӣ худат, ки гап дар бораи кадом муаллима аст?  Ишқ меварзидию гуё ба у компюер меомузонам гуфта худатро болои у партофта дастонашро қапида корҳои ҳаром анҷом медодӣ, мо бохабарем аз ҳама корҳоят. Мақсад ин муаллима он муалимаи дар стадион гонка кардагиат не. Худ нек медонӣ, ки ин муаллима ҳамоне аст, ки ҳамроҳаш муносибатҳои ғайриахлоқӣ доштӣ ва то ҳол телефонӣ суҳбат мекунӣ, мо бохабарем. Ту красиво бояд равӣ. Магар ту баъди ин қадар ҷиноятҳое, ки суистифода аз мансабат кардӣ боз зебандаи раиси чамоат бошӣ, ҳаргиз туро нахоҳем гузошт. Бас кун болои даҳкатиҳо издеватсияро. Ба як ҷавоне, ки ба наздат рафт «ту даҳкатӣ» гуфт як справкаро надодӣ. Ту фикр накун, ки ту бо занҳои мардум (муҳоҷирони корӣ) муносибатҳои шаҳвони мекунӣ бо ту нахоҳанд кард:

  Ангушт макун ранҷа ба дар куфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

 Ногуфта намонад, якчанд косалесони ин деҳаи номбаршуда, ки туро бардор- бардор доранд: Мирсоев Тошпулоди гандуми қиргиздузд ва Мирсоев Мирзиё, ки имомхатиби масҷиди ин даҳкатиҳо астро мо ҳама хуб мешиносем. Ин шахс ояталкурсиро пурра намедонад, боз имомхатиб аст. Бобои Мирзиё, бобои Тошпулод, магар шумо набудед, ки ҳамон ҳашт ҷавонро ҳалаҳала мекардеду мегуфтед, ки равед бачаҳо Фозиловро аз болояш шикоят баред, мо бо шумоем. Чаро имрузҳо бо ин ҷинояткори Фозилов ҳастед. Бобои Тошпулод мард шавед. Шумо худатон гуфтед, ки ин шахс пулҳои аз талабагон ҷамъ намударо аз они худ кард. Мо мардум медонем, ки шумо бузи амният ҳастед, пагоҳ ё рӯзи дигар мемуред, пеши Худо чи ҷавоб мегуед?.

  Фозилов  гуфтааст, ки пули калон дода омадам болои даҳкатиҳо, токи қасосамро гирам. Фозилови Фаридун бо мардуми бошарафи даҳкатиҳо бозӣ дорӣ. Оқибаташро ҳам андеша кун.

 Э, бехирад, ту бехабарӣ, ки аллакай мо як гуруҳи ҷавонҳову калонсолҳо болои ту кор карда истодаем. Агар мақомот чораатро набинад, баъд мефаҳмӣ, ки бо занҳои мардум корҳои бад кардан чи оқибат дорад? Фозилов ту бо он руйхате, ки дар болои столат дорӣ, номи ҷавонони аз болоят ариза кардаро навиштаӣ, ягон кор карда наметавонӣ. Яке аз онҳо пешат омад, ту дуғу пӯписа ва таҳдид карда, гуфти ки «ҳамаатро чи корҳо мекунам, мебинед, аз болои ман ариза кардетон, дидӣ, а кӣ шудам, таға дорам, сум дорам» гуфта болои он ҷавон зурӣ кардӣ. Он ҷавон чи гуфт ба ту «моро даҳкатӣ мегуянд, ягон кор аз дастат намебиёяд , раис» ва аз наздат рафт. Баъд аз Хуҷанд бароят занги телефонӣ шуд. Ва ту ҳамон замон ба он ҷавон занг зада гуфтӣ, ки «ман туро ягон чи нагуфтам, ку!» Ту ба мо занг задӣ, гуфта телефонатро хомуш кардӣ. Фозилов Фаридун мебинем, ки ту дар фикр қасосгирӣ аз даҳкатиҳо ҳастӣ. Аммо ин фикрҳор аз сарат дур кун!

 Дар охири ин нома гуфтанием, бовар дорем, ки ҳукумати ноҳия ин масъаларо ҷиддӣ мегирад ва Фозилов Фаридунро аз вазифа барканор мекунад.

Бародар Муҳаммадиқбол! Мо шуморо нав ёфтем, ана акнун ҳар ҷинояте, ки мебинем дар Зафаробод ҳамаашро муфассал менависем. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.

Share This Article