Боваркарданӣ нест, ки бигӯем милисаву фоҳишаву бузҳо ОПГ-гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ташкил намуда навъи нави тиҷоратро ба роҳ мондаанд. Дар гузашта фаҳмида будем, ки милисаҳо сабукпоҳоро кришават мекунанд, милисаҳо снабженетси асосии баригаҳоанд, аммо чунин ҳодисаву ҳолат, ки бо фоҳиша ва буз ҳамроҳу шарики ҷиноят (подделник) шуда ва ҷавонҳоро ғорат бикунанд, нав набошад ҳам хеле нодир аст. Номаи аввали ин нашри барнома аз як чунин милиса ва ҳамроҳони вай ҳикоят мекунад:
Исфара
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам хубу хуш бошед. Аз қавли як бародар аз ҷиноятҳои уголовнйи розиски Чоркуҳ, ки Халил ном дорад, мехоҳам бароятон бигӯям. Халил аз шаҳри Конибодом мебошад вале дар Чоркуҳ кор ва ҳаромхурӣ мекунад.
Ба ҷавононе, ки аз Русия меоянду муҷарраданд, бузҳои милисаҳо, ки низ аз ҳамон деҳаанду ин ҷавонҳоро хуб мешиносанд ва низ медонанд, ки кадоме пул дорад ё надорад омада мегуянд, «духтарои зур ҳаст, агар хоҳӣ мерем одих мекунем». Баъзе аз ин ҷавонҳо ба дом меафтанду розӣ мешаванд, бехабар, ки ин бача буз шудаги аст, ҳамроҳ меравад ва бо духтарҳо одих мекунад. Камтар пас ин духтарҳо ба ин ҷавон занг мезананд ва мегуянд, ҳамроҳи ҷураҳоят биё, инҷо ман дугона дорам. Инҳо мераванд ва подстава мешаван, чунки Халил бо шестёркаҳояш меқапад. Зеро ин ҳама корҳо нақшаи худи Халил ва ин бузҳову духтарҳои беҷогард аст. Ана баъд таҳдиду шантажу ҳақоратгуйи зуроварӣ сар мешавад. Бо ҳар яки ин бачаҳо таҳдиди отделу ташхис барои СПИДу дигару дигарро сар мекунанд. Авал аз ҳар як бача 1500 долларӣ талаб мекунанд. Бо ҳар яки ин бачаҳо алоҳида суҳбат ва савдо мекунад, ба ҳама вақт медиҳад, то ҳамон вақт бояд пулро ҳатман аз куҷое набошад пайдо кунад. Вагарна боз ин тавр ҳам тарс медиҳанд, ки «ба камера запс кардаем ба мардум нишон медиҳем».
Як нафаре аз инҳо дар Русия бо як одаме, ки аз Конибодом шинос буд занг мезанад ва ҳодисаро нақл мекунад. Он мард ба Халил занг мезанад ва мефаҳмонад. Баъд Халил ба ин бача мегуяд, ту озод фақат ба ҷураҳоят фаҳмон, ки Халил аз ман пули талаб кардаашро гирифт.
Мо фаҳмидем, ки Халил дар ягонҷо хондагӣ набудааст. Аввал ба уголовникҳо буз шуда кор карда аст, баъд ба кор гирифтаанд. Ҳоло званияаш лейтенант будааст.
Нуробод
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман зодаи ноҳияи Нурободам ва ҳоло дар Русия истиқомат мекунам ва шаҳвандии Русияро дорам. Вале ҳамарӯза аз хабарҳои ватан огоҳам. Ман барномаҳои шуморо бисёр тамошо мекунам, хусусан барномаи Номаҳо аз ноҳияҳоро. Акаи Муҳаммадиқбол, шумо дар бораи Нуробод гуфтед, хусусан дар бораи бузҳои ҷамоати Сариқош ва Сафедчашма Самсолиқ ҳамааш ростанд. Мехоҳам изофа кунам ногуфтаҳоро дар бораи бузи калон, раиси ҷамоати Сафедчашма Сайдашраф. Ӯ бо фурӯши замин- участкаи наздиҳавлигӣ бо кумитаи замин Қиёмидин Зайнидинов (бо лақаби Қиём)машғул аст. 6 сотих заминро 18000 сомонӣ то 30000 сомонӣ мефурӯшад ва касоне, ки ба воситаи ариза бояд замин бигиранд онҳо наметавонанд.
Аз ҳамин ҷамоати Сафедчашма чандин ҷавон ба Афғонистон ва Сурия рафтанд. Муддати 10 сол зиёд мешавад то ҳол аз ҳар мақомот омада аз падару модарони онҳо баёнот мегиранд. Ин Сайдашрафи буз дар пеши мақомот худнамоӣ карда ба ин падару модарон дашному суханҳои қабеҳ мегӯяд. Ман ба ин падару модарон гуфтаниам, ки шумо ҳам хомӯш наистед, ҷиноятҳои ӯ ва ҷиноятҳои падарашро гӯед то ин ки ба шумо зулм накунад. Албатта хуб медонед чикора будан ва ҳоло дар куҷоянд.
Падараш Шокиров Аброриддин, ки дар интернат кор мекард, пули интернатро муддати чанд сол хурд. Ӯро зиндон карданд, аммо як сол нагузашта озод шуд. Мо, ҳама шоҳид будем дар ин муддати чанд соли кориаш ягон писараш ба муҳоҷират наомад вале баъди ҳабси падарашон ба муҳоҷират омаданд. Ман писаронашро гуфтаниям, ки шумо ушерб (зиён)-и пули интернатро додаву падаратон озод кардед, аммо ин фақат як моҳаи пули хурдагии падаратон буд, шумо аз Аллоҳ битарсед. Бояд падари шумо зиндон шаваду шумо пули сағираҳоро баргардонед, ки ҳақи сағираҳост, шикоф мекунад, заҳри баданатон мешавад. Падаратон ба ҳамин ҳақи сағираҳо шуморо хуронду хононду соҳиби касб кард. Бародар Муҳаммадиқбол, ман ягон мушкиле надорам, ҷоям тинҷ, аммо дилам ба мардуми бегуноҳ месӯзад. Кадом падар ё модар мехоҳад ҷигарбандаш ба ҷанг равад. Ман ба мардум ҷамоати Сафедчашма гуфтаниям, ки шумо ҳам хомӯш наистед, гап занед, ҷиноятҳои ӯ ва ҷинояти падараш ва амакашро бигӯед. Ҳар гоҳ ба шумо зулм кард, шумо ҳам хомӯш наистода гап занед ҷиноятҳои ӯро, ки ӯ ҳеҷ гоҳ даст аз зулм барнамедорад, чунки ӯ бо луқмаи ҳаром, яъне ҳақи сағира хӯрда калон шудааст.
Ман ба мақомоти Тоҷикистон гуфтаниям, ки ӯ ва падараш бояд зиндон шаванд, чи қонун магар фақат барои халқи камбағал аст охир? Ман бисёр ҷиноятҳои онҳоро медонам, ин шаАллоҳ дар барномаҳои оянда менависам.
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародари азиз ва ҳамроҳу ҳамдили мардуми зулму ситамдидаи тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаро аз шаҳри Ваҳдат бароятон менависам. Дар моҳи июл, тақдир будаст, се нафар аз хонаводаи мо мубтало ба ҷарроҳӣ шуд. Ва дар беморхонаи Ваҳдат дар бахши хирургия амал шуданд. Ҳар як ҷарроҳӣ аз 6000 сомонӣ боло харҷот дошт. Мо мегӯем, ки ин чи намуд қонуни қоида аст, ки ин қадар нархҳо гаронанд. Врачҳо мегӯянд, ки
«прикази главврачи Ваҳдат аст, хоҳед ҷарроҳӣ мекунем, нахоҳед баред касалатонро очеред пур».
Главврач Фируз ном дорад. Як нафар бо фамилияи
Зайнидинов врачи хирургия аст. Ошкор ва нотарсида бо соҳибони бемор нарху наво мекунад. Зайниддинови врач мегуяд, ки мо доляи сардухтурро медиҳем. Главврачи ин хирургия шахсе бо номи Салимов Ашур аст, ки ин ҳам як аждаҳор будааст. Як оператсияро 10000 сомононӣ мегӯяд. Валлоҳӣ, домулло, бо ҳамин гушҳои худам шунавидам,ба хонаи ҳалолам, ки дуруғ нест.
Ин аждаҳор Салимов Ашур аз руйи ин беморҳо дар деҳаи Тангаи як бемористони калон сохта бачаҳояшро дар Тангаӣ мондааст, ки хуни беморонро мемаканд. Худаш бошад дар маркази Ваҳдат.
Мегӯем, ки қонун дар куҷо аст, ки ин қадар пули калон барои ҷарроҳӣ бидиҳем.
Зайнидинови врач механдад ва мегуяд, ки «ҷонум шавӣ, бра ай банк қарз бигир биёр те, мо ҷони касалитона харидем».
Валлоҳ, домулло мо барои ин 3 беморамон аз банк 20 ҳазор сомонӣ қарздорем. Илтимос, ин номаи моро дар «Номаҳо…» нашр кунед, ки чораи ин врачоҳо ҳаромхури Ваҳдатро давлат бинад.
Валлоҳӣ, домулло дар се бемормона ҷарроҳӣ карданд, сахт қарздорамон карданд, ин беинсофҳо. Охир, ин чи мусибат аст ба сари мардуми камбағал?
Помир
Ассалому алайкум бародари азиз ва муборизи роҳи ҳақ, Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман ҳамон хоҳари шумо аз Помир, сокини ноҳияи Роштқалъа, аз маркази ноҳия ҳастам. Бародари азиз, ҳазор раҳмат, ки номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и №242 ҷой додед, изҳори миннатдорӣ мекунам.
Ман имрӯз ба шумо дар бораи ду нафар, яке корманди собиқи ноҳияи Роштқалъа як апаам ва коркуни имрузаи ЗАГС, як зани бедониш ва бадахлоқи ноҳия гап мезанам. Аммо дар аввал дар бораи «қаҳрамонон»-и номаи пешина камтар нақл мекунам ва баъд мегузарам ба мавзӯи ҳозира.
Бародар Муҳаммадиқбол, баъди нашри нома, ман баъд аз рафтани барзагов Раҳмонов аз Помир ҳамон хеши худро занг задам.
Гуфтам чи хел ҳамон одамро гусел кардед?
Гуфт напурс, ин қадар моро озор доданд, аз ҳад гузаронданд.
Ва ман баъд аз чанд гапҳо боз пурсидам:
Бар ҳамин бадзоти саги лаъин Саидҷаъфар ягон кор накарданд?
Вай хандида гуфт:
Ман туро гуфтам, ки ягон кор намекунанд, чи хел ҳамин ҳайвон буд, бо ҳамин хел мегардад, бо ҳамон шаробхурӣ, бо ҳамон бевабозӣ ҳамроҳи Раҳмонбекова. Ҳатто вай фоҳишаро бароварда ҳамчун табиб баромад карда интервю дод, аз номи табибҳо.
Ана инро мегуянд як бесаводӣ ва як бесоҳибӣ.
Вай аз куҷо табиб аст, вай як бесаводи бадҷаҳл аст.
Ва боз гуфт, ин ҳаромро як умри аз инҷо даъф намекунанд, чунки вай дар куштани бародар- раҳматии Гулбиддин, роли муҳим мебозид.
То даме, ки вай дар Роштқалъа аст, тамоми бедодгарӣ ва бадахлоқӣ ва ҳамроҳи ҳамин зани бероҳа мегардад, ва дар охир гуфт, ки хоҳар худро дигар ғам надеҳ.
Бародари роҳи ҳақ, ман баъд аз ин гуна суҳбатҳои вай бисёр ғамгин шудам ва гуфтам, ки ин бефоида аст ва ман дигар намегуям, вале баъд аз ду руз дар яке аз группаи помириҳо, ки дар саҳифаи Телеграмма аст, як статья баромад, вайро хонда оби чашмонам ҷорӣ шуд.
Акаи Муҳаммадиқбол, ҳозир дар бораи ҳамон одами аввал, чи хеле дар боло гуфтам, нақл мекунам.
Ин одам бону Насима Суфишоева, собиқ милитсия дар ноҳияи Роштқалъа кор бо ноболиғон мекард.
Ин апа бисёр одами ботачриба кордӯст ва бисёр бадониш аст. Ман ин одамро хуб мешиносам, ва ҳурмату эҳтиром мекардам.
Вай ҳам ранги ман ҳатто пештар ба ин ҳаромкорӣ ва ноадолатӣ тоб наоварда чанд сол пеш аз кор рафта Москва омад бо аҳли оилааш.
Вай дар ин ҷо бо се фарзанди ноболиғ ва шавҳараш зиндагӣ мекард.
Ҳамин соли равон барзагов Раҳмон статьяи лайк ва комментарияро, ки бекор кард, ҳамин апа дар саҳифаи фейсбукаш як ду комментария навишт ва баъд ҳамин мақомоти палид сар карданд ба вай занг задан, ки хезаду Тоҷикистон биёяд.
Вале ҳамин апа ҳамчун собиқ милитсия ба онҳо гуфт ин ҳозир ҷиноят нест ва аҳамият ба суханонашон надод.
Вале дар яке аз рузҳо ӯро дар метро милисаҳои Москва манъ мекунанду ва мегуянд, ки туро Тоҷикистон дар розиск додааст. Ва худи ҳамон руз истирдод кардандаш ба Тоҷикистон.
Ҳамин апа Насима Суфишоева ҷияни яке аз докторҳои номдор Ғарибшо Суфишоев ва бародари вай як чоплус подполковники собиқ Акобир Суфишоев мебошад.
Баъд аз онки ин бонуи муҳтарамро истирдод намуданд ин бародари чоплуси беинсофи беимон Акобир, дар саҳифаи радиои Озодӣ навиштааст, ки
«Шумо радио Озодӣ дуруғ мегуед, хоҳари ман ба Тоҷикистон бо хоҳиши худаш омадааст» ва гуфтааст, ки гӯё бачаи вай касал шудааст ва ӯ вайро барои табобат овардааст.
Бо навиштааст, мо, оилаи ба ватан хизматкунанда ва чанд бор мукофотонида шуда ҳастем, гапҳои шумо ҳама дуруғ ва бофта аст.
Бародар Муҳаммадиқбол, бубин, магар ин хел ҳам мешавад? Хоҳари ту, ҷони ту, ҳамхуни туст, ту метавонӣ ин хел ноодамгарӣ дар нисбати хоҳарат кунӣ?
Нафрин бар ту, туф бар ту, агар одамгарӣ ба ин ҳолат расид, мурдан беҳ.
Ман ба мардуми Тоҷикистон гуфтаниам, ки бовар накунед бар ин дурӯғҳои мақомот. Он чи ки гуфтанд дар бораи статьяи лайк ва коментария, ҳамааш дурӯғ, ягон чиро бекор накардаанд, ин ҳам боз як маъракаи пулчинии дигар шуд, эҳтиёт худро кунед.
Одами дуюме, ки гуфтам дар борааш менависам як зани бедониш, бефаҳм, бадахлоқ, бадрафтор ва чоплусӣ номер як аст.
Ин одам номаш Сурайё зани худи ҳамон Ҳабиби милитсия аст, ки тамоми бадбахтиҳои Помир аз дасти вай сар мезад, мебошад.
Ҳамон солҳо ман худам ҳоло дар ҳукумат кор мекардам ва дар хамин ЗАГС як зани дигар кор мекард. Одами хушмуомила ва кордон буд. Бисёр солҳо дар онҷо кор мекард.
Лекин ҳамин Ҳабиб бо ҳамон прокурорҳо чи нағмаву ҳиллае карда ҳамон занро подставит мекунанд ва аз кор пеш мекунанд, қариб буд, ки ҳатто делои ҷиноятӣ мекушоданд.
Ва баъд зани бедонишу бефаҳми худро оварда дар ҷояш монд.
Як моҳ пеш, дар яке аз туйҳои помирӣ, як шиноси деринаи худро дидам. Вай дар яке аз деҳаҳои дурдасти Роштқалъа зиндагӣ мекунад.
Вай нав аз ватан омадааст.
Ман ӯро пурсидам, ки дар ноҳияи мо чи гап?
Вай сарашро қапида гуфт, напурс, бисёр хуб аст, ки мо дар дурдасти ноҳия зиндагӣ мекунем ва ягон чиро намебинем ва намешунавем.
Рӯз аз рӯ руз вазнинтар ва ноадолатӣ бисёр ва зулм болои мардум афзуда истодааст.
Барои як ду қоғаз ба духтарчаам пеши ЗАГС рафтам. Онҷо чунон маро ғам доданд, ки қариб ду ҳафта маро давониданд, ман безор шудам бо вай гап зада намешавад. Агар ягон чиз гуӣ пешат мекунад ва боз кори ту як ҳафтаи дигар қафо мемонад.
Касоне суми бисёр медиҳанд, дарав корашро ҳал мекунад, маро давонда давонда, дар муддати як моҳ кашол дод, дар ҳоле, ки он кори дурӯза ҳам набуд.
Бо ду одамони дигар ҳам дар Москва аз вай шикоятҳо карданд. Гуфтанд бисёр одами бесавод ва бедониш аст. Ҳама справкаҳое, ки аз пеши вай инҷо меоранд, тамоман хонда намешаванд дар ҳама калимаҳо хатои пур, қариб буд, ки бо ин справкаҳо сураш мекарданд.
Бисёр шикоятҳо аз вай ҳар руз меояд, болои ҳамин бесаводӣ ва бадахлоқӣ худ, ягон касро писанд намекунад, кай форад кор сар мекунад, касе, ки сумаш бисёртар медиҳад, кораш зуд ҳал мекунад ва дигар мардумони дурдасти ноҳияро бисёр ғам медихад.
Акаи Муҳаммадиқбол! Ҳамин бесаводи фоҳишаро аз кор нагиранд, боз харобтару вайронтар мешавад. Ягон касро писанд намекунад, кришааш прокурорҳои ноҳия мебошанд. Вай дигар феълу хислатҳо ношоёну ношоиста ҳам дорад, лек ин кори шахсии вай. Шаш кас пеши ман аз болои вай ба шикоят омадаанд.
Умед дорем, ки баъди нашри ин нома ин одами нодон ва бадахлоқро аз кор мегиранд.
Акаи роҳи ҳақ ва муборизи роҳи озодӣ, Муҳаммадиқбол! Дар инҷо ман номаи худро ба охир мерасонам ва аз Худованди бузург дуо металабам, ки Шумо ҳамеша зиндаву саломат бошед.
Худо ҳофиз!
Роғун
Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд аз шумо розӣ ва доим нигаҳбонат бошад.
Як шикоят аз шаҳраки Обигарми Роғун дорам дар бораи мактаби рақами 3. Бовар кунед, ки инҷо ҳама чиз аз ҳад гузаштааст. Ҳар сол пули ремонт, пули китоб, пули зодрузи муаллимҳову муаллимаҳо, мо падару модари хонандаҳо безор шудагием.Агар аз ҳаминҳо саркашӣ мекунӣ дарҳол мақомотро равон мекунанд ба хонаат.
Ин чи зулме аст бародар? Дарди диламонро фақат бародар ба шумо менависем, ки пеши роҳи ин хел ҳаромхурҳоро гиранд. Боз ана мактаб сар шуда истодааст. Аз ҳозир маҷбурӣ бояд либоси кудакатро аз мактаб харӣ, агар не дарҳол бо мақомот рӯбарӯ мешавӣ.
Райҳонаи муаллима завучи мактаб аст. Мардумро беҳад ғам дода истодааст. Намегузоранд, ки мо камбағалаҳо барои кудаконамон ақалан як либосе бихарем, ки то фасли сармо расонад. Ақалан се, чор моҳ пӯшанд. Ин либосҳое, ки инҳо моро маҷбур медиҳанд як моҳ ҳам намебарад. Охир дар сексия зиндагӣ мекунем, оби дуруст надорем.
Ҳар сол нархи об ҳам боло рафта истодааст. Меравӣ ЖКУ боз ягон справка намедиҳад. Мегӯяд, ки то агар коммуналний услугиро насупорӣ, справка нест. Мемурӣ месупорӣ. Вагарна дарҳол ба мақомот месупорад. Ба мақомот,ки супоранд дигар ҳама туҳмати дунёро ба сарат бор мекунанд ва ба ҷои 100 сомонӣ 100 ҳазоратро мегиранд. Охир ин чи гӯна давлату давлатдорӣ аст? Раиси ЖКУ Мусоев Ҷурахон вақте сари вазифа омад дар сари пулаки Обигарм ба мардум ваъда дод, ки «обтона таъмин мекунам». Аммо то ҳол аз об дараке нест. Дар як сутка 2 соат об дорем. Бародар Муҳамадиқбол! Ин нома аз номи 15 зани сари пулаки Обигарм аст. Мо хоҳиш дорем, ки чораи ин мактаб ва ба оби ин маҳалларо бинанд. Вале дар охир боз як нуктаро махсус таъкид менамоем. Агар ин муаллимаи Райҳона ислоҳ нашавад, боз дар борааш маълумот хело зиёд дорем, боз менависем.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ин чизро ҳам бояд бигӯям, ки шумо дар бораи проблемаҳои балнитсаи мо нашр кардагӣ будед. Баъди он хеле проблемаҳоро ислоҳ карданд, духтурҳо ислоҳ шуданд. Мо занҳо фаҳмидем,ки ақалан ҳамин навиштанро метонем ва вазъияти худро навишта мефиристем ба Ислоҳ. Инҳо сахт аз Ислоҳ метарсанд ва мо ҷойи шикоят ҳам дорем. Шумо ҳастед мо ҳимоятгар дорем шукри Худо.
Ваҳдат
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Ваҳдат аз дараи Ромит ҷамоати Чуянгарон ҳастам. Барномаи Номаҳо аз ноҳияҳои шумо барои мо бисёр ҳам минбари зарурӣ шудааст. Барои ҳамин дар бораи раиси ҷамоати Чуянгарон як- ду гап гуфтанӣ ҳастам. Раиси ҷамоати мо Мирзоев Баҳриддин мебошад, ки ӯро ҳама ба лақаби Баҳриддин воҳима мешиносандаш. Солҳои пеш хокзанаки муҷоҳидҳо буд. Дар вақташ додархони Нозими камандир буд ва сафедӣ бизнес мекард. Ҳозир ҳам мекунад. Солҳои пеш худаш сафедӣ (героин) Русия мебурд ва аз онтараф барои мошинҳо Нозим камандиру дигарҳо запчаст меоварду хок мезад. Ҳозирҳо бошад худаш намебарад, одам дорад мебарад. Номи одамаш Ашур, аз қишлоқи Амоншаҳӣ мбошад. Инро чанд бор қапидану маҳкам ҳам карданд, аз ҷумла дар Россия. Баҳриддин ӯро сахт таъкид кардагӣ аст, ки «қапиданта мара намешиносӣ, ма хоната то буромадани ту мехуронум,зану кудакота нигаҳ мекунум».
Соли 2018 раиси ҷамоати Чуянгарон таъин шуд. Аз он рӯзе, ки раис шуд, не замин монд, на боғ, ҳамаро фурухт. Як ако дорад Мақсуди пича мегуяндаш. Як шайтони машеник аст. Агар туй карданӣ бошӣ, пеши Баҳриддини воҳима медароӣ, пул медиҳӣ, мебароӣ аз онҷо ки пушти дар Мақсуди пичаш истодагӣ. Ошкоро мегӯяд: «агар мехоҳӣ танзим наравад ба хонаат ва туятро мотам накунад, 500 сомонӣ маро медиҳӣ, он гоҳ чи хеле форадат туй кун ма хдм гап мзанм» гуфта ваъда медиҳад. Аммо вақте туй мекунӣ танзим меояд бо ҷаримаат мекунад. Занг мезанӣ ба Мақсуди пича телефонашро намебардорад. Аз ин пулро пас гирифта намешавад, пулро мегиранд, дигар намедиҳанд ин оқипадарҳо.
Бинои масҷиди Даҳанаро гирифтанду амният карданд. Мардумаш хапан ҳеҷчиз намегуянд. Масҷиди деҳаи Бонгурара ҳам ҳамин хелкардан. Аммо онҷо мардумаш намондашон. Ин номардҳо-акаву додар имон надоранд.
Дар куҷое як корманди калон аст ин Баҳриддини воҳима хокзани ҳамон аст.
Ин боз ба замми хокзанӣ як одами пасти зинокор ҳам ҳаст. Кадом духтар аз шуяш барояд ин аз думаш. 99 % раисои ҷамоатҳои Ваҳдат зинокори ҳаромхуранд. Бубинед, ки як раиси ҷамоат аз куҷо меёбад, ки мошини 50 ҳазор доллара дорад. Хонаашро мебинӣ намегӯӣ хонаи як раиси ҷамоат аст. Як қасри калон, боз дар чанд ҷо дача дорад.
Баҳриддини воҳима имсол аз раисӣ рафт, ҳама хурсанд шуданд, гуфтанд, ки ин ҳаромхур рафт, халос шудем. Дере нагузашта боз муовини раиси ноҳияи Ваҳдат таъинаш карданд, морифу мактабу фарҳангро дар ихтиёраш гузоштанд. Ана акнун дигар худатон хулосаатонро бароред. Аз ҳама мактабҳо пул ҷамъ кард, пули кам не, аз 10 ҳазор боло. Ба мактаби рақами яки ба номи Крупская медарояд ягон камбудӣ намеёбад. Мегӯяд, ки дар синф як талаба наомадааст. Муаллим Ислом ном дорад, мегӯяд,ки намедонам, ки барои чӣ наомадааст. Боз дар рӯзномаи як талаба имзои падару модараш набудаст. Гуфтаст, ки барои чи инҷо имзо нест. Директорро гуфтаст, ки бигир ин муаллимро сур ку. Директор гуфтааст, ки ман инро сур мекунам, киро мемонам, ман сур намекунам. Баҳриддин воҳимаро сахт қаҳраш кардаасту баромада рафтааст. Аз ҳамон рӯз ин тараф ҳаррӯз ба ин мактаб комиссия омада истодааст. Охир ин чи зулм аст дар сари мо? Аз Ромит чаро наменависед ҳамин ҳолатҳоро мебинед ? Аз чӣ метарсед ягон кас шуморо намеёбад, бас аст дигар тарсидану ғулом шудан, мард шудан даркор!