Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№277

Ислоҳ нет

«Ва дар охир як факти ҷолиб. Дар як маҳфили дӯстона Ҳикматуллозода Абдуғаффо,раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва дар гузашта муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон мегуяд «дхтари Ятимова дело оғоз кадеста бдм, Ятимов тел када зора кад,ки додари акаш и кора накн».Сипас як одами дар маҳфил шишта савол медиҳад,ки «дхтари и чи корай дело каданӣ бдиша? Дар ҷавоб Ҳикматуллозода мегуяд банкир аст духтари Ятимов»

                Таъсири барномаи «Номаҳо аз…»

Нақшу таъсири барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро муаллифони он беш аз пеш эҳсос карда ва дида истодаанд. Мақомот дар пайи нашри номаҳои шикоятии мардум барои расидагӣ ва санҷиши он даст ба амал шуда, бархе аз камбудиҳоро доранд ислоҳ мекунанд. Барои ҳамин мо аз шумо, бародарону хоҳарони азиз хоҳиш мекунем, ки ҳарчи бештар аз камбду мушкилоти худ ба мо бинависед, то бо ҳам ин масъулинро водор созем, ки оби ишками худро биҷунбонанд ва дар пайи рафъи нуқсону мушкилот бошанд. Муаллифони номаи зер навиштаанд, ки баъди чопи шикояти онҳо дар «Ислоҳ» мушкли оби полезиашонро дар ноҳияи Рудакӣ ҳал намуданд, аммо дери дер:

   Рӯдакӣ

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо, аз шумо ташаккур мекунем, ки тавассути нашри арзу шикояти мо ба ҳалли мушкилоти мо кумак мекунед. Мо дар шумораҳои пешина дар бораи набуди об дар ҷамоатамон навишта будем.

  Ҳама он чизе ки шумо дар барномаи Номаҳо аз ноҳияҳо, ки дар таърихи 24 август нашр кардед сад дар сад дуруст аст. Ман истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоргултеппа деҳаи Стаханов ҳастам ва инҷо мехохам каме бошад аз рӯзгори мардуми ин деҳа суҳбат кунам. Дар деҳаи мо мардум асосан ба зироаткорӣ машғуланд. Имсол бо шарофати раиси номуҳтарам тамоми мардуми деҳот натавонист як ҳосил зироат гирад. Сабаби нашудани зироат ҳамин раиси номуҳтарам мебошад 

  Чунки раис ба деҳқонони деҳаи Стаханов дар моҳи май, июн, июл умуман об надод. Сабаби об надодан дар он буд, ки обе, ки ба мо меояд аз ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Оли Сомон меояд, аз ҳамонҷо роҳи обро баст, то ки ба домсозҳо халал нарасонад. Мо чандин маротиба ба ҳукумати ноҳия ба пеши раиси ноҳия рафтем. Фақат як гап дошт, «ҳамин ҳафта ҳал мекунем» ваъдаи бардуруғ медод, аммо ягон дигаргунӣ нашуд. Чунки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозодаи ғоратгар  аз мо деҳқонон ягон манфиате надорад. Вале  аз як домсоз 200 то 300 ҳазор доллари амрикои мегирад. Мо чандинбор ба деҳаи Оли Сомон рафтем, хостем обро кушоем, аммо ба мақсадамон нарасидем. Чунки   нозири минтақавӣ омада ошкоро мегуфт, ки супориши раис аст. Бо мегуфт, ки «фалони очаи ғармиё мебармтона статьяи салафӣ мезанмтона». Мо дигар  нахостем бо он нозири минтақавӣ баҳсу даъвао кунем. Чунки ҳамааш маълум шуда буд.  

Вале, инак бо гузашти 3 моҳ дар таърихи 15- 20 август обро сар доданд. Аммо акнун об ба мо чи лозим аст дигар. Аввалаш инки мавсими обёрӣ дигар гузашт. Баъдан, мо пулро аз банк қарз гирифта зироаткорӣ карда будем (сер кай парвои гушна дорад ). Дар моҳи август ба мо об лозим нест. Он зироатҳои мо аз беобӣ ҳамааш қариб, ки ба нобудӣ расид. Ин ҳама ба шарофати раиси номуҳтарами ноҳияи Рудакӣ генерал Ҳикматуллозода Абдуғаффор. Ман ба ин раиси номӯҳтарам гуфтаниям барои манфиати худат ва як домсоз ризқи кудакони 40 -50 оиларо пеши по задӣ. Ман гуфтаниям бигузор ҳама мардуми Тоҷикистон фаҳманд. Ман ба президент ва командааш боварӣ надорам ва надоштам. Танҳо бовари ман ба худост. Аз худованди бузург талабам ин аст ки ҳолу рӯзи зиндагии моро рӯзе ба сари  Ҳикматуллозода Абдуғаффор биёрад ва бифаҳмад, ки зулм чи будааст ва тоқати онро мекунад ё на:

 Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад, 

Агар сӯзад шабе сӯзад- шаби дигар намесӯзад.

 Ҳамаи он суханҳое, ки Шумо дар барномаҳоятон қайд кардед 100 дар 100 дуруст ва дақиқ мебошад.

Ман боз мехоҳам оиди як масъала нависам. Аз рӯзе, ки ҳамин раиси ноҳияро ба ноҳияи мо мондаанд ноҳия ба як шаҳраки Ҳиндустон монанд шудааст. Дар зери ҳар як баландошёна то 1 мошин партов (мусор) ҷамъ шудааст. Аз бӯйи ғализи партов (мусор ) онҷоро убур кардан ғайриимкон аст. Бовар накунед, биёеду сари вақт бинед ва акс гиред (агар инсоф ва ору номус дошта бошед), дар вазифаи ишғолкардаатон содиқ бошед ва ба он савганде ёд кардед, содиқ бошед. Манзур аз навистанам ба кормандоне, ки дар нохунак амниятиҳо дахл дорад.

  Агар ягон нафар тоқияшро ё дасташро дар намоз нодуруст монад дар ҳол бурда мерасонед, аммо ноҳияро ба як свалкаи  ( партовгоҳе,ки тонна мусорҳоро ҷамъоварӣ мекунанд) табдил додаед.

  Хитоби ман ба СС Ятимов ин аст ки ин коргарони ношоистаатро ҳамашро иваз кун, ки ҳозир дар амнияти ноҳия кор карда истодаанд, ғайр аз бизнеси замин, дом бизнес ва миёнадароӣ кори дигаре намекунанд.

То онҷое шунидем ва огоҳ шудем Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо С.С Ятимов хело як рафтуои хуб ҳам доштааст. Шояд аз ҳамин лиҳоз тири амниятиҳои ноҳия ба нишон намерасад.

 Ва дар охир як факти ҷолиб. Дар як маҳфили дӯстона Ҳикматуллозода Абдуғаффор, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва дар гузашта муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон мегуяд «дхтари Ятимова дело оғоз кадеста бдм, Ятимов тел када зора кад, ки додари акаш и кора накн». Сипас як одами дар маҳфил шишта савол медиҳад, ки «дхтари и чи корай дело каданӣ бдиша? Дар ҷавоб Ҳикматуллозода мегуяд: «банкир аст духтари Ятимов»

                                               Файзобод

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Як хабари ҷолиб дорам бароятон. Шояд шумо ва хонандаҳои шумо бовар накунанд. Аммо аз шумо хоҳиш менамоям, ки ин навиштаро нашр кунед. Ин ҳодиса дар ҳақиқат рӯй дод.

 Ҳудуди 20 рӯз пеш, дар аввалҳои моҳи август  дар ноҳияи Файзобод кормандони милисаи файзобод раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Саидзода Мубориз ва директори колеҷи муҳандисии ноҳияи Рашт Киромзода Зиёратро ҳангоми амалҳои қавми Лутро анҷом додан боздошт кардаанд. Онҳо дар ҷамъ ҳафт нафар будаанд ва ин ливотагарон хонаеро дар ноҳияи Файзобод ба иҷора гирифта ҷавононро пул медоданд ва ба онҳо корҳои қавми Лутро анҷом медодаанд.
Дар байни онҳо як корманди соҳаи маориф ҳам ҳаст, ки номашро намегирем.  
Баъд аз ин ҳодисаи нангин кормандони милисаи ноҳияи Файзобод пул гирифта онҳоро озод кардаанд. Аз ҳама аҷибаш ин аст ки ин афрод дар вазифаи худ то ҳол кор мекунанд. Ин кадрҳо бо тавсия ва пешниҳоди Сайдализода Муродалӣ, сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Рашт ва Идизода Зарина  раиси ноҳияи Рашт ба кор гирифта шудаанд. Ва то ҳол ин афрод аз ҷониби Сайдализода Муродалӣ, раиси КДАМ ноҳияи Рашт ва Идизода Зарина пуштибонӣ мешаванд. Ин нафарон, яке масъули ҳизби Президент дар ноҳия ва дигаре мудири як муассисаи таълимӣ ҷавононро дар руҳияи ин амали нангин тарбия доранд.

Як бори дигар аз шумо хоҳиш менамоям, ки ин навиштро дар «Номаҳо…» чоп кунед, то бубинем, ки Раҳмонов ва мақомоташ ягон чораҷӯӣ мекунанд ё инки тарафдору пуштибонӣ ҳамин гуна корҳову ҳамин гуна кадрҳоянд?

                                   Ҳамадонӣ

Ассалому алайкум бародари аз ватан дур дар қалбҳои мо наздик Муҳаммадиқболи Садриддин! Бародар ман ҳамроҳи модарам доимо шуморо тамошо ва гӯш мекунем. Ин номаро аз ноҳияи Ҳамадонӣ бароятон роҳӣ мекунам. Ҳар гоҳе Минбари муҳоҷир нашар нашавад модарам мепурсад, ки чи шуда бошад, хавотир мешавад. Мегӯяд, ки вақти барномаҳояш сообшеинй меомад,ин бор наомад. Баъд телефонро нигоҳ мекунӣ, ки сообшений бисёр аст, намефаҳмӣ, ки кай омадааст.Бародар Ҳусейн Ашуровро бисёр тамошо мекунем. Модарам мегӯяд, ки ҳозиро Ашӯров бармадро бас кардааст, чаро баромадҳои нав надорад, дар куҷо боша, мегӯяд, ки бигӯ бароянду суҳбат кунанд. Мо дар ҳақашон дуогӯем. Бародар Муҳаммадиқбол модари мо имрӯз бемор ҳастанд. Дар ҳақи мову модарам дуогӯ бошед.

Бародар мо чанд ҳолати дуздиҳои ноҳияамонро ба шумо гуфтем. Баъди нашри он нома бархе аз онҳо ба дигар районҳо повишенний рафтанд.

Бародар ман дар Русия чанд сол азоб кашида кор кардам, чунки кудаони хурдсол дорам. Барои ҳамин сумҳои кор кардаамро дар бонк монем, барои дохилшавии онҳо то гум нашаванд. Аммо мо сумҳоро дар дасти дуздҳо дода будаем. Соли дуҳазору шонздаҳ дар банки ноҳияи Ҳамадонӣ сум мондам, аммо то ҳозир меравам, раисаш мегӯяд,ки «ба худо ҳамаш тинҷ аст»

Мо дар як баромади президент шунида будем, ки гуфт сумҳоятонро дар таги болиштҳо нигоҳ надоред, дар банк гузоред, амонати шумо гум намешавад. Мо ҳамон сол бовар кардем, аммо, маълум мешавад, ки мо дар дасти дуздҳо додаем пулҳоямонро. То ҳозира меравем раиси бонк мегӯяд, ки сум нест. Номи раиси банк Шомуддин, номи бухгалтераш Эмомалӣ. Аввал гуфтанд, ки банк дар фурӯш аст. Фурӯшем суми ҳамаро бармегаронем. Ба ҳаромхӯрҳои кумитаи замин фурӯхтанд. Гуфтем раис сумҳоро кай медиҳӣ? Мегӯяд,ки сумро аз боло омаданду бурданд, раисро гутфем, ки аз қарздорҳоят бигиру сумҳои моро баргардон. Мегӯяд, ки «и сумо болода даркорай».

Бар падари болоят лаънат. Охир ту суми худи моро бидеҳ. Садҳазор сомонӣ буд пули пасандози ман дар бонк. Мегӯяд, ки «ака чко кунм,садта мактуб мекунм,бенатиҷай!»

   Ин мактуби раис «дуокунӣ», як хелҳо барин,аз тори сараш дур намеравад. Номи ин бонк Агроинвестбонк мебошад. Бародар ҳоло мо дар муҳоҷират қарор дорем. Рафта ягон кор кардан даркор аст дигар тоқат надорем мо бо ин ҳукумати дузд.

Ҳамон ҳаромхури Фаррухи экология ҳоло  ҳам бо ҳар баҳона дар ҳар ҷамоат ҳамроҳи участковий аз мардум пул канда гаштааст. Агар доля надиҳӣ, мегӯяд, ки қонунро риоя кунед, агар надиҳӣ мегӯяд, ки иҷозат нест. Ҳама инҷоҳо ҷазир. Овози бензапиларо шуавад даррав қонун ба ёдаш мезанад, баъд сар мекунад:-«шашсад сум мара бте, сесад сум раисма бте».Раисаш дар Кулоб аст. Он раисаш мегуяд, намегӯяд, барои мо номаълум. Гуфтам,ки «раисат хешмай,туғриш мекнем, не мега, сума бте».Ин вирусҳо кай бас мекарда бошанд, ҳаромхуриро?

Бародар, дар паноҳи Худо бошӣ. Боз менависам.

                                   Ваҳдат
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ин нома аз шаҳри Ваҳдат аст.

Дар бораи як духтур бо номи Ҷамшед Назиров аз ҷамоати Чуянгарон менависам. Солҳои пеш дар Ваҳдат ҳамчун главврач кор мекард. Ҳоло бошад дар Тангаӣ, як бемористони калон дар ихтиёраш ҳаст, ки бо ҳамроҳи фарзандонаш хуни мардумро мемаканд.

Ҷамшед духтури дил ва давления аст. Агар бемор дар дигар ҷо ЭКГ карда ба пеши Ҷамшед равад, қабул намекунад. Фармон медиҳад, ки «бра дар ЭКГ-и мо ташхис кун бад биё». Аммо ЭКГин духтур қимат аст-30 сомонӣ мегирад. Аммо бечора бемор илоҷ надорад, меравад мекунад. Баъди ташхис Ҷамшед доруҳои фирмаҳоро менависад, ки бениҳоят қимат аст. Аз рӯи фирмаҳо пул мегирад.

Яке аз беморон худи ман будам. Маро як моҳ табобат фармуд, беҳад гарон буд, доруҳояш, аммо ягон натиҷа надод. Баъд маро аз фирма занг зада пурсиданд, ки шумо бемори духтур Назиров Ҷамшед ҳастед, гуфтам бале. Гуфт мо аз ширкати дорухонаем. Пурсид, ки баъди табобат чи хел шудӣ? Ман валлоҳӣ ҷавоби дағал ва рост додам, ки ҳеҷ чи фоида накард». Ширкати дорухона телефонро кушт,дигар гап назад. Мақсад аз занг заданашон барои он буд,ки дар мо шаҳрвандон он доруҳоро экпримент ё таҷриба мекунанд. Мехоҳанд фаҳманд натиҷааш чихел ҳаст,то дигар ба ҳама фурӯшанд. Ин чи гуна соҳаи тиб ва назорату санҷиш ҳаст дар боло?

   Назиров Ҷамшед як рецепт менависад, доруҳояш 2000 сомонӣ мешавад. Вале валлоҳ, ки ягон фоида намекунад. Чунки ин доруҳо аз ширкати дубликат аст, бизнес мекунад бо ҳамроҳи ширкатҳо. Боз маҷбур меунад,ки

«дар беморхонаи мо хоб кун, мо тра саҳат кунем». Агар хоб кунӣ пули 10 рӯзи палатаи беморхонааш 700 сомонӣ ҳақи худи духтур 1000 сомонӣ. Боз ба медсестра ва полшуякҳо ҳам пул медиҳӣ. Қасам ба Аллоҳ якбора аз зиқиро касл мешавӣ, ки «иқа пул расход кардум, шифо наёфтум».

Ин духтур ва ду бачааш хуни мардуми касалро мемаканд. Падари ман дар беморхонааш бистарӣ шуд. Ман бо чашмони худам ҳаромхуриашро дидам.

Маҷбур мекунад, ки массаж мегирӣ, парафин мекунӣ. Эҳ, нолиҷ мемонӣ, маҷбур мешавӣ, қарз мекунӣ, пули беморхонаро медиҳӣ, аммо натиҷа нест.

Ин Назиров Ҷамшед се зан дорад. Зани дуввумаш ҳамшираи шафқат- медсестра  аст. Азпули беморхонаи Ваҳдат катагӣ ва кибру ғурур карда мегарданд. 

Назиров Хурсандӣ номи бародари калони духтур Ҷамшед аст. Ин Хурсандӣ  як барбар заминҳои Ваҳдатро аз они худ намуда мардумро за копеека кор мефармояд, боз дашном мекунаду дурушту дағал гап мезанад. Ин Хурсандиро аз боиси ҳаромхӯриаш дуъои мардум гирифт, бачаи калонаш вафот кард, чор сол пеш. Вай дар шаҳри Ваҳдат пеши «Шоми чашма» заводи томат дорад. Соф беваю сағираву камбағалҳо кор мекунанд дар ин заводаш. Рӯзи кори 60 сомонӣ медиҳад. Аз соати 7саҳар то 8 бегоҳ кор мефармояд. Директори завод духтараш аст. Ин хонасухтаҳо як ҳақоратҳо мекунанд, ба коргаронашон, илоҳо тавба.

   Духтари Хурсандиро дар завод раиса гуфта ном мегиранд:  «ку папробит кун номша бигир ё аз дар дарояд пешаш нахез, очаи зорта нишон мета»

Ана ҳамин ҳолу рӯз аст дар Ваҳдати мо.

                                          Ашт

Ассалому алайкум,домуллои азиз,Муҳаммадиқболи Садриддин. Раҳмат, ки навиштаи моро нашр намудед. Нашри мустақими «Номаҳо аз ноҳияҳо №270» ум шумораро дидем. Ба ман хеле писанд омад.

Баъди наши номаи мо дигаргунӣ ба амал омад. Ҳозир дар минтақа Ҳабибуллои нозири минтақа-участковий ба чашм наменамояд. Ҳамеша ба масҷид рафта меистод, дар масҷид ҳам нанамуд, ин ҳафта тамоман ғайбаш зад.

Нафари дигар, масъули танзим, ки Иноят ном дораду вай ҳам ҳамеша нахӯди пеши қошуқ буд, баъди нашри номаи мо дар Ислоҳ ба масҷид намеравад.

 Ҳамааш дар ларза даромадаанд. Домулло ҳамаашро ба ларза даровардед. Худо хоҳад ки ин ҳама далолат аз он мекунад, ки пирӯзӣ наздик аст. Худо худаш рӯзи пирӯзиро медонад, вале дилам гувоҳӣ дода истодааст, ки қариб аст.

Ба масҷиди домулло Абдураҳим барои адои намоз мерафтам. Дар онҷо як мулло ҳаст Сулаймон ном дорад. Ин Сулаймон ҳамеша дар намозҳо пешво пешво гуфта мегардад. Ин одам ҳамин хел одами хушомадгӯ. Ҳамин ин дафъа пешво гӯяд хеста гап мезнам гуфта будам. Аммо ин ҳам ин дафъа, дар намози ҷумъа пешво гуфтагиаш не. Дар масъалаи таълиму тарбия, донишомӯзӣ ва илм гап зад. Пешворо ягон маротиба ба даҳанаш нагирифт. Ман дар бораи вай чанд сол пеш ба шумо навишта будам. Барои ҳамин ба он масҷид намерафтам. Масҷиди минтақаи худамон, ба хонаи ман наздик, масҷиди Муродбой Дар ҳаминҷо намоз мехондем. Барои ҳамин масҷиди пас ба нарафта ҳаминҷо намоз мехондам. Аз ҳаминҷо, баракс амният рафта мардумро ҷарима карданӣ шуд. Муллоро ҷарима карда буд, ки ту одамҳоро  ҷамъ карда намоз хонда истодаӣ. Мо рафта онҷо намоз мехондем. Амният моро, ман ва як рафиқамро бурда 1500 сомонӣ ҳар кадомамонро ҷудо-ҷудо ҷарима кард. Барои онки гапи муллои пешвопарастро нашунавем, намерафтем ба он масҷид.

Он амниятӣ, ки моро бурд, номашро Рустамзода гуфта буд. Акнун дар бораи мубориза домуллои азиз. Ман ҳамаашро дида истодаам бохабарам маблағ барои мубориза лозим. Ман бемаблағ не. Худо хоҳад 500 -1000 ҳар моҳ кумак карда метавонам. 

                                Рӯдакӣ 

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол ва тамоми хонанда ва бинандагони Ислоҳ. Мехоҳам аз пешрафт ва натиҷаи кори барномаҳои «Ислоҳ» бигӯям.

«Ислоҳ» дар ҳақиқат ислоҳкунандаи кору аъмоли зишти золимон будаст. Шумо дар барномаи гузашта гуфта будед, ки боғчаи кудаконаи воқеъ дар ҷамоати Чоргултеппаи деҳаи Кармакс (Карл Маркс) қарор аст моҳи октябр дар доираи сафари президент ба истифода супорида шавад. Баъди нашри ин барнома ин боғчаро имрӯз дар таърихи 1сентябр ба истифода супориданд ва сафари Раҳмоновро мунтазир нашуданд. Ман якбори дигар бовар кардам, ки саҳми Шумо дар ҷомеа хело баланд шуда истодааст. Аз ин лиҳоз гуфтаниам, ки Шумо  ҳастед, ки лаҷоми ин золимҳоро мекашед.

 Мехоҳам боз як нуктаро қайд кунам. Имрӯз таърихи 1сентябр шоҳиди ҳодисае шудам. Дар як синфхонаи синфи як, ки имсол ба мактаб омаданд 45 нафар талабаро ҷой кардаанд. 8 ё 10 синфи як ҳаст. Ба ҳисоби миёна дар як мактаб тақрибан 400 синфи якумхон таҳсил мекунад ва табиист, ки ҷо намерасад, шароит барои дарсхонӣ нест. Кудакон дар шароити вазнин, дар бадтарин ҳолат дарс мехонанд. Дар синфҳои болои аз 35 нафар ҳам бештар дар як синфхона талаба дарс мехонад. Дар чунин вазъият магар талаба ягон чи ёд мегирад? Дар маркази ноҳия аз солҳо пеш се мактаби амал мекард. Ҳоло ҳам ин мактабҳо ҳастанд, кор мекунанд. Аммо ин мактабҳоро дар замони шуравӣ барои аҳолии кам сохта буданд. Намедонем сарамонро ба куҷо занем, додамонро ба кӣ гуем? Магар вазири маориф аз ҳамин ҳолатҳо хабар дорад ё на? Агар хабар надошта бошад, вой бар ҳолаш. Вой бар ҳолатон, вазири маориф, ки аз чунин ҳолатҳо бехабар бошед. Мо фикр кардем ин вазири маориф ба монанди Нуриддин Ҷартиевичи бепарво нест,  каме бошад ҳам масъулиятро ҳис мекунад. Аммо, чизе дигаргун нашуда истоааст. 

Хитоби мо ба вазири маорифи Тоҷикистон!

Муҳтарам вазир Саидзода Раҳимҷон Ҳамро шумо чанд рӯз пеш аз дасти Президент мукофот гирифтед. Хитоби мо истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ ба Шумо чунин аст: Агар ору номус дошта бошед, агар савганде, ки хурдед ва гуфтед дар охираш, ки ба ватанам содиқона хизмат мекунам, агар ҳамин суханҳо ҳақиқӣ бошад як бор ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар кунед сафари дуруст (омада саҳнаи сохтаро тамошо карда хурок хурда наравед ) аз рафти кори директорони мактабҳо бохабар шавед, санҷиши хизматӣ гузаронед 

      Боз хитоби мо ин аст ки он қонуну қоидаҳое, ки баровардед, назорат кунед, ки дар кадом минтақа иҷро шуда истодааст ё на, корбарӣ шуда истодааст, ё на? Манзурам ин аст, ки ҳамон қонуни Шумо дар бораи пулҷамкунӣ барои таъмири мактаб -синфхона баровардед, барои кӣ буд, ё ба раиси нохияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор дахл надорад ё ин ки Ҳикматуллозода Абдуғаффор ҳуқуқӣ дахлнопазирӣ дорад, ки ҷиянаш Убайдулло, директори гимназияи тоҷикӣ- русӣ ба номи А.С.Пушкин зиёда аз 400 хонандаи синфи 1 аз волидайнашон аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ гирифта дар охир ба даст афтод. Боз дар рафти тафтишот Убайдулло, директори гимназияи тоҷикӣ- русӣ ба номи А.С.Пушкин гуфтааст, ки раис Ҳикматуллозода Абдуғаффор «мара гуфт ҷам кун мурдани пула».

 Рӯзи 12 август Убайдулло, директори гимназияи тоҷикӣ- русӣ ба номи А.С.Пушкин қапида буданд. Аммо гап -гап аст ки Убайдулло бо дахолат ва ёрии Ҳикматуллозода Абдуғаффор озод шудааст. Баъди ин ҳодиса мо ба хулоса омадем, ки тамоми сохторҳои қудратии ноҳия дар назди Ҳикматуллозода ҳеҷ будаанд. Дар ҳақиқат генерал будааст.

 Наход ҷиянашро барои гирифтани зиёда аз 200 ҳазор сомони пора қапанд аммо Ҳикматуллозода ба монанди човандоз, ки бузро аз дасти човандози дигар кашида мегирад кашида гирифт. Ҳикматуллозода аз дасти Сулаймон Султонзодаи Агентӣ кашида гирифт, ҷиянашро озод кард ва барои ҷиянаш ҳоло даводав дорад, ки  вазифаи нав диҳад. Дар ҷои кори пешини ҷиянаш -директори гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкин як одами худашро овард ва худаш дар маросими шиносоии ин директори нав шахсан иштирок кард ва ба ҳамаи муаллимҳо таҳдид кард ва гуфт «яктата мефаҳмам кати ҳамин рост намегирен рост ай ҳамиҷа маҳкамтон мекнм». Охир ин раис чи имунитет дорад чунин гап мезанад ва чунин кор мекунад?

Директори ин муассисаи таълими як нафаре шуд, ки соли таваллудаш 1995 аст. Ку, бубинем, ки ин ҷавон чи гуна корро пеш мебарад, баъд дар борааш менависем.

 Аммо инки раиси як ноҳия, собиқ як мақоми баланди ниҳоди ҳифзи қонуну тартибот ҷияни порахӯрашро аз ҷазо озод кард, чеҳра ва симои аслии Раҳмонов ва ҳукумати вайро нишон медиҳад.  Мардум ҳама мусибатҳое бар сарашон Ҳикматуллозода Абдуғаффор мекунад онро аз Раҳмонов мебинанду медонанд.

Share This Article