Номаи маро алоҳида нашр кунед №4
Номаи Исмати Дӯлик аз СИЗО: «Комилҳуҷа, 11млн$ баргардон, вагарна паҳлӯям меорамат!»
Ассалому алайкум, бародарон ва ҳамватанони азиз. Ба дасти мо як мактуби фавқулода муҳим ва ҳассос расид. Ин нома аз дохили СИЗО-и Душанбе навишта шудааст ва муаллифи он касе нест ҷуз Исмат Абдуллоев – маъруф ба Исмати Дӯлик. Номаи мазкур ба суроғаи Комил Мирзоалиев, раиси Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон равона гардидааст.
Мо ин мактубро бидуни тағйир, бо ҳамон услуб ва тарзе, ки ба дасти мо расидааст, пешкаши шумо мегардонем. Зеро он худ як санади зиндаи таърихӣ ва ифшогари ҷиноятҳои махфии дохили ҳукумат аст.
Дар ин нома Исмати Дӯлик танҳо дарди шахсии худро баён накардааст. Ӯ сирру асрор ва муносибатҳои пинҳонии мақомдорон ва наздикони Раҳмоновро низ фош мекунад: аз қочоқи маводи мухаддир, то дузди пули мардум, аз табдили сохторҳои давлатӣ ба бонди мафиозӣ то нақшаи аз байн бурдани рақибон.
Ба назари мо, нашри ин нома зарурист, то мардум бо чашми худ бубинанд ва бидонанд, ки дар паси пардаи ҳукумат чӣ мегузарад ва киҳо воқеан дар саросари кишвар сарнавишти миллатро ба гарав гирифтаанд.
Номаи пурра ба шарҳи зайл аст:
Номаи Исмати Дулик ба Комилхӯҷа Мирзоалиев
«Комилхӯҷа, ошно мана ма зиёда аз чор моҳ мешавад да друни панҷара, СИЗОда маҳкамум. Ман органҳода ягон кору боромона нақл накадам. Мобайни ҳардмон
11000 000 (ёздаҳ миллион доллар) ҳисобмон мондагияй, хдт медонӣ, ай корои Масквамон. Иҷа кори Сибира ма нагуфтестам. Хай ФСБ да, қапид, сухтем, майлаш, 700 кг ҳардмон буд. Пули мара восстановит бкун ба хубӣ. Ҳама видеошам дорм, дасти бачамдай. Ба хубӣ намекунӣ, мекашм бари хдмда ҷот мекнм. Ма, мошини прадои сафед, барои отат харидагира ҳисоб накадам. Гилемои эронии хонатда харидагира ҳисоб накадестам. 120 ҳазор доллари додагим барои ресторани (Латина)-ро ҳисоб намекнм, ба хубӣ биёр бте. Ма, бояд пули давлат бспорм бром. Чи движение кадем ҳамаш записай. Иҷада мара бисёр пурсидан дар бораи худат, ма нафурӯхтамут. Неки 11$миллион доллара наметӣ, ма ҳама коромона видео записош катӣ бо факту далел мегум.
Чихел Умар Кремлёв кати омаден, қабул каден. Ту да берун катагӣ када бгард, ма дар иҷа азоб намекашм. Ма мегум Умар Кремлёв ҷуратай, ҳардтон маслиҳат букунен, бтен. Суми давлат буд. Раиси Кумитаи налог ҷуратай, гап зан як қисм корои мара минус кунад. Прадои сафеда бтонӣ, бте бачамда, пиёда нагарда. Акаи Ҳасан в курсе ҳаст. Ҳамаи коромона Тоҷиддин Пиров медона. Ягон сум туда ма додагиюм ай движениҳои хоки ватан ба худта, бдонки ма мекашам меёрумт, агар ин гапои гуфтмт накунӣ. Так что давай Комилхуҷа.
Комилхӯҷа Фаррухи ҷиянат қати ҳардута мекашам, фаромӯш накун. Ма пули давлата гуфти фалонӣ афғонда бте, ма бровардм 11$ миллион додм. Дасти ҷияни Фарухтда ҳам сумай. Ҳардутон ҳисобкитоб кунен, ҳақи мара ҳам бтен, ай ҳаму корои охиронмон. Ту номардӣ накун дар ҳақи кудакои ма. Худт хуб медонӣ, ки ма 64 кудак дорм.
Ино ҳоли мара ҷавоб доданӣ нестан ба и наздикиҳо. Агар сумҳои мара натӣ ма ҳамаи гапома Зоирда мерасонм, мара бфаҳм Комилхуҷа. Комилхуҷа ошно агар ҳами мактуби мара ҷураҳои милиса, коррупсия, прокуратурада мерасонӣ, ай ма хафа нашав дигар. Ма дига роҳ надорм, ҷанобда мегум ҳама коромона. Ма пули давлата гирифта ғалтидагиям. Боромона додм, ту надодӣ. Пули борора пеши афғонода, эрониҳода ма платитон кардм, ҳози номардӣ када мегрезӣ ай ма? Ин охирон придуприждения. Комилхуҷа ошно нагардондӣ сумои мара, бари мада мебиёй мешинӣ, ҳама факто ҳастан, давай».
Ин буд бародар Муҳаммадиқбол, ин нома, ки таърихи омаданаш ҳам ҷолиб аст. Ин нома аз Душанбе ба Истамбули Туркия, аз онҷо ба Сеули Кореяи ҷанубӣ ва аз онҷо ба Олтойи Русия ва сипас ба дасти ман омада расид.
То онҷое бохабар шудам, муаллифи нома Исмати дулик мактубашро тавассути кадоме аз масъулони СИЗО бароварда ба дасти Комил расонидааст ва ба назар мерасад он нафари масъул спетсиално онро копӣ карда ба дасти нафарҳои дигар расонидааст, ки инак ба дасти мо ҳам расид.
Мафияи Комилҳуҷа ва нақшаи аз байн бурдани Исмати Дӯлик
Комилҳуҷа: аз роҳбар то «Президент»-и роҳи оҳан
Шоҳидон мегӯянд, ки Комилҳуҷа худро мисли президент ҳис мекунад. Ӯ ҳатто ба одамони наздики худ гуфтааст:
«Роҳи оҳан як давлат аст ва президенти он моем».
Бо пуштибонии мустақим аз оилаи Раҳмон, ӯ ба як қудрати молиявӣ ва ҷиноятӣ табдил ёфтааст.
Қочоқи героин ва бозори Русия
Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки Комилҳуҷа ҳар ҳафта героини Афғонистонро бо қатор ба Русия равон мекунад. Ҳамаи мақомот ва масъулони дахлдорро харидааст ва барои «доля» ба онҳо маблағ месупорад.
Долларҳои нақдӣ ва нақшаи «убрат»
Аз сӯҳбатҳои дохилӣ маълум мегардад, ки 11 миллион долларро аз Исмати Дӯлик шахсан Комилҳуҷа бо ҷиянаш Фаррух гирифтааст. Акнун барои аз байн бурдани Исмат дар дохили СИЗО нақша кашида шудааст.
Яке аз ҳамсафонаш мегӯяд:
«Комилҳуҷа ҳоло вақтро кашола мекунад. 11 миллион долларро надодааст. Бояд Исмати Дӯликро убрат кунад. План ҳамин аст».
Хуни миллат ва дуздии бепоён
Комилҳуҷа ва ҳаммаслаконаш на танҳо аз қочоқ фоида мебинанд, балки моликияти умумии мардумро низ тороҷ кардаанд. Соли 2024 дар Италия барои писаронаш виллаи 10 миллион долларӣ харид. Ҳамаи фарзандонаш дар Душанбе бо хонаҳои 30-метрӣ аз ҳисоби пули мардум таъмин шудаанд.
Амонулло Ҳукумов ва «навбати Комилҳуҷа»
Ба гуфтаи манбаъҳо, ҳатто Амонулло Ҳукумов гуфтааст, ки навбати «роҳи оҳанбандӣ» ва зиндон ба сари Комилҳуҷа расидааст. Ӯро «шайтон» ва «хунмак» меноманд, ки хуни миллатро ҷабидааст.
Хулоса: боз як дастгоҳи тороҷгари миллӣ
Ҳамаи ин маълумотҳо боз собит мекунанд, ки гурӯҳи хурди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии чунин афроди ҷиноятпеша, миллионҳо доллар пули нақдро соҳиб шудаанд ва ҳатто намедонанд, куҷо сарф кунанд.
Дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон дар фақр ва муҳоҷират сарсон аст, фарзандони онҳо дар Аврупо бо виллаҳо ва моликияти боҳашамат зиндагӣ доранд.
Аз қочоқи героин то дуздии миллионҳо ва сохтани виллаҳо дар Аврупо
Ин ҳама маълумотҳо аз он мегӯянд, ки боз як пардаи дигари фасод ва ҷинояткории шабакаи наздик ба оилаи ҳокимро мекушояд. Комилҳуҷа, ки солҳост бо роҳбарии ғайрирасмӣ дар соҳаи роҳи оҳан ва шабакаҳои қочоқ фаъолият дорад.
Комилхӯҷа Мирзоалиев зери заррабини «Ислоҳ»
Ва, ҳоло чанд ҳарфе роҷеъ ба «ҳаёту фаъолият» ва корномаҳои Комил Мирзоалиев, ки қисмате аз онҳо дар матолиби пешинаи «Ислоҳ» мунташир шудаанд:
Комил Мирзоалиев дар ноҳияи Московский (Мир Сайид Алии Ҳамадонии имрӯза) як дача дорад, дар лаби оби сарҳади Афғонистон. Аз ҳамонҷо ҳар вақте ки Рустами Эмомалиро шикор мебарад, партияҳои калони «хоки ватан»-ро мегузаронанд. Зиёда аз 700 кг, «хоки ватан» вақти як сафари Рустам рафт. Ягон орган қарибиаш рафтан наметавонад. Аз қафои кортеҷи Рустами Эмомалӣ спринтери мерседеси сиёҳ сопровождения мекунад то Душанбе. Вайро ҳеҷ кас дар ҳеҷ ҷо наметавонад манъ ва проверка кунад.
Ин Комил як ҷиян дорад, ки номаш Фаррух ва ҳамроҳи Рустам аст. Перевозкаи «хоки ватан»-ро то Русия ва ҷамоҳири Прибалтика контрол мекунад. Фаррух ҳозир як хона дар Калинини Душанбе сохта истодааст. 5 миллион $ расход кард, аммо сохтмонаш ҳоло ҳам давом дорад. Аз куҷо мегиранд ин қадар сумро? Пули «хоки ватан»-героин аст, албатта.
Исмати дулик ҳам Фаррухро нағз мешиносад. Айни ҷояш ҳаст, ки як равшание андозем, ки ин Фаррух кист ва барои он аз як навиштаи пешинаамон дар бораи Комил Мирзоалиев иқтибосе меоварем:
«Як ҷияни Комил Мирзоалиев Фаррух ном дорад. Вай «снабженец» мебошад. Бо чанд «проводник»-и дигар дар ЖД-Роҳи оҳан ба ташкил ва интиқоли маводди мухаддир машғуланд».
«Ҷиноятҳои раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»- №1 05.09.2020 https://isloh.net/inoyat-oi-raisi-kvd-ro-i-o-ani-to-ikiston-1/
Ва як иқтибоси дигар аз навиштаи дигари мо:
«Феълан Комил мустақим бо Рустам часпонидагӣ аст. Барои ҳамин бо Зоир мисли қабл муносибат надорад. Зоир аз онки Комил «на прямой» бо Рустам шудааст, сахт рашк мекунад. Аммо ҳоло ҳам корҳояшон ба минволи пешина идома дорад.
Комил борҳои Рустам ва Зоирро мебараду онҷо пул карда меоварад. Як шогирд дорад дар онҷо бо номи Ҳамза Ҷелонов. Ҳамза ҳам ванҷӣ аст ва аз солҳои пеш дар ин «система» кор мекунад. Комил Мирзоалиев ба вай бо воситаи Фаррухи ҷиянаш ошно шудааст. Фаррух ҳам ҳаминкора аст. Борро аз Душанбе ё Хуҷанд ба номи Зоир роҳӣ мекунанд. Боз паноҳӣ аз назари Зоир тавассути каналҳои худашон мефиристанду мебаранд. Масалан 100то аз Зоир бошад, боз 30 кг аз худашон ҳам ҳаст. Яъне бори худи Комил Мирзоалиев. Мирзоалиев тавассути Фаррух ва Ҳамза обу лой мекунад. Нафари дигар дар ин бонди қочоқчиёни маводди мухаддир Пиров Сарабек қудои Ҳамза дар Маскав аст. Ба воситаи вай пули борҳое, ки алоҳида барои худашон роҳӣ мекунанд (шури мурии худи Комил Мирзоалиев)-ро мегиранд. Яъне вай хазинадор аст.
Вале пули «борҳо»-и Зоирро худи Маҳмадбеков Эргаш ҷамъу гир мекунад.
Комил Мирзоалиев бо дастури худи Раҳмонов барои мамнуъгоҳи Данғара баъзе аз намуди ҳайвонҳое харидааст, ки гуфта мешавад арзиши онҳо аз 30000 доллар ҳам зиёд аст.
Рустам ба Комил Мирзоалиев дастур додааст, ки барои ту иҷозат «любой кор»-ро мекунӣ аммо корҳо, супоришҳоро бекаму кост иҷро мекунӣ. Рустам ҳоло «бозор»-и маводди мухаддир дар Тоҷикистонро комилан таҳти контроли худ гирифта истодааст. Зоир, Тоҷиддин, Комил Мирзоалиев ва чанд нафаре дигар зери дасти вай кор мекунанд.
Ҳозирҳо Рустам дар пеши мошини Комил мешинад ва якҷоя шаҳрро мегарданд. Комил дигар ба яке аз наздиктарин нафарони Рустам мубаддал шудааст. Хуршед Мирзоев, дӯсти наздики Рустам ва аз роҳбарони «Авесто-групп» домоди хоҳари Комил Мирзоалиев аст. «Наркокартел-и тоҷикӣ- 2».17.05.2023» https://isloh.net/narkokartel-i-to-ik-2/
Комил Мирзоалиев як падар дошт, номаш Ҷумахон (Ҷумахон подхалим) мегуфтанд. Солҳои 1970 то 1988-90 ин Ҷумахон дар вилояти Кулоб агенти КГБ буд. Касе бо Афғонистон дар он солҳо алоқа мекард ин подхалим ба КГБ козёлӣ мекард, мардумро бузӣ мекард, намемонд ором зиндагӣ кунад. Фақат бо ҳамин гапи Ҷумахон подхалим чанд нафар мусулмонҳоро ҳамон солҳо зиндон кардагианд.
Падари Комил Ҷумахони подхалим бисёр одамҳоро шикастагӣ, тюрма кардагӣ. Бузи КГБ мегуфтанаш, механдид.
Ҷодугар лақаби худи Комил аст. Бисёр ҷодугарӣ мекунад. Инро занаш ҳам бисёр ҷодугарӣ мекунад. Фақат даҳони мардумро ба ҷодугарӣ мебандад.
Дар мобайни Комил, Исмати дулик ва Умар Кремлёв сумҳои калон мондагӣ аст. Ҳозир намедонанд, ки чи кор кунанд. Комил шабурӯз ҳаракат дорад, ки Исмати дуликро бо дасти тюремшикҳо дар СИЗО нест кунад. Ба Исмат гуфтааст, ки мабодо Зоир корҳоямонро нафаҳмад. Ин ду кас-Исмати Дулик ва Комил Зоирро конкретно кидат кардагианд. Гуфтанд, ки дар ин кидатҳо Озода ҳам шарик аст. Дар байни мақомоти тафтишотӣ ин гапҳо сахт рафта истодааст.
Дар бораи дуздиҳои Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон, Комил Мирзоалиев дар тафтишот меҷумбад.
Қоҳир Расулзода дар Дубай ба 5миллион доллар вилла гирифтааст. Қоҳир Расулзода бо Комил Мирзоалиев дар Дубай ҳамсояанд.
Партияҳои калони хоки ватан аз ноҳияи Московский лаби сарҳад тавассути дачаи Комилхуҷа гузаронида мешавад ва аз онҷо то марказ ва вилояти Суғд меоранд ва сипас ба Русия равон мекунанд. Дар се миллион доллар дачаи махсус, спетсдача сохтагӣ аст. Боз 1000 гектар замини ҷангал дорад дар лаби дарёи назди сарҳади Афғонистон.
Ин бачаи Ҷумахони подхалим сахт бо ҷодуву сеҳр машғул аст. Садҳо духтари тоҷикро ба афғонҳои наркобарон тӯҳфа кардагӣ аст. Ин Комили ҷодугар номуси миллӣ надорад. Духтари худашро дар таги пойи Исмоили пингвин хоб кунонд, бо Зоир қудо шавам гуфта. Лекин Зоир қабул накард.
Аз Халиков Рустам, директори пешинаи аэропорт 100$ ҳазор доллар қарздор аст, то ҳозира намедиҳад. Кору бораш ҳиллаву найранг, мисли падараш.
Комил идораи Роҳи оҳани ҷумҳуриро ба як оҳанпарто бадал кардааст. Вагонҳо пусидагӣ, занг задагӣ. Аммо миллионҳо долларро списат кардагӣ аст, вагон харидам гуфта. Аммо вагонҳои куҳнаро аз Русия ва Прибалтика овардааст, ҳама вагонҳои овардааш ҷазир шудагӣ. Ба коргарҳо маош дода наметавонад. Кори давлат мондагӣ, гузоштааст канор, аммо ба корҳои худаш машғул, овора ба корҳои шахсиаш.
Ин Комил рафоқату инсонгарӣ надорад, номард аст. Фақат ошиқи пул аст. Роҳи оҳанро фақат барои перевозкаи «хоки ватан» истифода мебарад. Миллат дар азоб мондагӣ, аммо Комил шахсан худаш ҳамроҳи бачааш Италия рафта дар 10$ миллион доллар як виллаи калон харид. Шахсан худаш рафт ва ба бачааш гуфтааст, ки барои ягон «черний ден» даркор мешавад.
Хиёнатҳои Комилхӯҷа ба мардуми Хатлонзамин хеле бисёр аст. Ин Комил фақат кораш бачаҳои Кулобро подставит кардан аст. Дар хуни Комили беномус мардуми Кулоб сахт ташнаанд. Миллат уро намебахшад.
Комили ҷодугар ҳамроҳи занаш муллобозӣ мекунад мегардад. Ҷодугарӣ. Ҳама медонад.Саидшо Шамолов фақат бинад ҷодугар омад, бачаи Ҷумахони подхалим омад мегуяд.
Номаи Исмати Дӯлик – санади ифшогарӣ
Ва аммо дар мавриди ин мактуби Исмати Дӯлик чи метавон гуфт? Дар воқеъ, ин нома як санади мувассақи ифшокунанда ва далели муҳкам аст, ки тафтишот метавонад бар асоси он алайҳи Комил Мирзоалиев парванда боз кунад-на ба унвони як шахси оддӣ, балки ҳамчун ҷинояткори ҷиддӣ ва қочоқчии маводи мухаддир.
Аз тарафи дигар, чуноне ки дар оғози матлаб гуфтем, пешорӯи мо манзараҳое ҳувайдо шуданд, ки собит мекунад:
аксарияти масъулони ҳукумати Раҳмон ё худ узви бондҳои мафиозӣ мебошанд, ё ин ки ин бондҳоро ташкил ва маблағгузорӣ мекунанд.
«Эскобари тоҷикӣ»
Мо бо далелҳои инкорнопазир борҳо навишта будем, ки Комил Мирзоалиев на танҳо як шахси фасодкор, балки нуктаи марказии шабакаи наркобаронҳои Тоҷикистон аст. Ба ҳамин хотир ӯро солҳои охир «Эскобари тоҷикӣ» меноманд.
Номаи Исмати Дӯлик ин воқеиятро тасдиқ кард. Аз муҳтавои он маълум мегардад, ки ҳатто Рустами Эмомалӣ ва Зоир — домоди Раҳмон низ дар тиҷоратҳои ҷиноӣ шарики мустақим мебошанд. Комил Мирзоалиев бошад, бо чунин пуштибонӣ дилпурона кори худро пеш мебарад.
Саволи калидӣ: аксуламали Раҳмон чӣ хоҳад буд?
Акнун, бо нашри ин нома, саволи калидӣ пеш меояд:
оё Эмомалӣ Раҳмон ба ин ифшои сангин вокуниш нишон медиҳад ё боз ҳам чун ҳамеша сукутро ихтиёр мекунад?
Ин суол танҳо ба шахси Раҳмон нест, балки ба тамоми низоми сиёсии Тоҷикистон дахл дорад. Зеро ҳар қадаре ки ифшои чунин далелҳо зиёд шавад, ҳамон қадар қудрати як низоми фасодзада бештар фош мегардад.
Хулоса:
Номаи Исмати Дӯлик баёнгари он аст, ки гӯё пардаи дигаре аз рӯи шабакаи пинҳонии фасод ва қочоқ бардошта шуд. Вақте ки номҳо ба мисли Комил Мирзоалиев, Рустами Эмомалӣ ва Зоир ошкор мешаванд, маълум мешавад, ки масъала танҳо шахсӣ нест-балки системаи ҳокимият пурра ба як бонди мафиозӣ табдил ёфтааст.
«Ислоҳ.нет» ин таҳқиқотро ҳамчун ҳушдор ба ҷомеа нашр мекунад:
Миллат бояд бидонад, ки чӣ гуна оилаи ҳоким ва шарикони наздики онҳо сарвати кишварро ғорат мекунанд ва хуни мардумро мемакаанд. Чуноне шоҳидед Комилхӯҷа 11 млн долларро доду Дулик баромад….