Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №284

Ислоҳ нет

«Домсозҳо» ва тиҷорати онҳо на фақат дар пойтахту шаҳрҳои калоне чун Хуҷанду Бохтар, балки дар тамоми навоҳии кишвар барои сокинон дардисарсоз шуда истодааст. Чандин нафар аз ин домсозҳои ба истилоҳ соҳибкор бо фиребу найранг пулҳои сокинонро гирифтаву ба манфиати шахсиашон истифода бурданд. Баъзе аз онҳо аз тарафи мақомот дастгир ҳам шуданд. Аммо масъала ва ё аниқтараш мушкилӣ дар инҷо аст ки ин домсозҳо барои раисони шаҳру навоҳӣ як манбаи муфти даромад шудаанд. Чуноне медонем барои гирифтани қарори дом то 250-300 ҳазор доллар (раиси ноҳияи Рудакӣ) пора мегиранд. Як намуна аз ҳазорон мавриди мушобеҳ ҳоло дар ноҳияи Турсунзода дар ҷараён аст. Ҳолати фарқкунанд дар ин шаҳр ин аст ки ба навиштаи муаллифи номаи аввали ин шумора, бештар маҳалҳои узбекнишини ин шаҳрро чапа карда истодаанд:

 Турсунзода

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ҳамеша саломату сарбаланд бошед. Ва, дар роҳи ҳақ устувор.
 Ман аз Турсунзода менависам ба шумо. Нисбати судя Раҳим Вализода. Ин судя аз домсозҳо пул гирифта тарафи домсозҳоро мегирад. Ҳама медонад, ки бо хоҳиши домсоз судя соҳиби хонаро ҳалнома бароварда зулм карда истодааст. Судя умуман тарафи соҳиби хонаро намегирад. Дар Турсунзода тамоман ноадолатӣ рафта истодааст.
Ин судя 6 хона аз домсозҳо пора дар Турсунзода гирифту аз Душанбе ду адад. Кораш ҳозир фақат пулкоркунӣ. Қонун умуман дар ин масъала аслан на амал мекунад ва на вуҷуд дорад.
Президент ба соҳибкорҳои домсоз гуфта буд, ки соҳиби хонаро розӣ кунеду баъд қарорро гирифта дом созед. Аммо домсозҳо бо судя гапзанон ва гапро як карда болои мардум зулм карда истодаанд ва ба зӯрӣ хонаҳояшонро гирифта истодаанд. Боз болои мо узбекзабонҳо бештар ситам мекунанд. Гуфта истодаанд, ки ин замини давлати тоҷикон аст, шумо монеа нашавед барои ҳар коре,ки мо мехоҳем анҷом диҳем. Охир, бароар, мо дар ин хонаву ҳавлӣ калон шудем, падару модарамон инҷо солҳои сол зиндагонӣ кардаву мо инҷо ба дунё омадем,ин хонаҳоро онҳо сохта буданд. Мо гунаҳгор шудем, ки узбезабонем? Инҷо ватани мо ҳам ҳаст.

Аммо инҳо намефаҳманд. Корашон фақат зӯрӣ аст.
  Ман ба амният, ба милиса ва ба прокурор савол дорам. Чаро барои ин амалҳои ғайриқонунии домсозҳо чора намебинед?

Турсунзодаро инҳо расво карданд, шаҳрро тамоман хароб карданд. Ин Парвиз Акрамзодаи раиси шаҳр тамоман маълум нест, ки ба чи кор банд аст?

 Ҷойи замини мусорпатоиро ба домсоз фурӯхтааст. Ҳама халқи Регар (Турсунзода)дуъои бад карда истодаанд. Ҳам Парвизи раиси шаҳр ва ҳам домсозҳоро.
 Домсозҳо хуб гӯш кунед! Бо ин хел зӯрӣ ва тарсонидани мардум шумо баракат намеёбед. Вақту соатш меояд шумо дар назди ҳам қонун ва сипас назди Аллоҳ ҷавоб медиҳед.

Парвиз Акрамзодаи ҳоким қарорро ба як домсоз мефурушад, домсоз қарорро харида ба домсози дигар мефурӯшад ва ана ҳамин хел бизнес карда истодаанд.
Ва, инҳо специално маҳаллаҳои узбекҳоро чапа карда дом сохта истодаанд, бо зулм ва бо зӯрӣ. Аммо бехабаранд, ки ин корҳояшонро Аллоҳ дида истодааст.

Мо, мехоҳем, чи хеле раиси Конибодомро маҳкам карданд, раиси Турсунзодаро низ маҳкам кунанд. Барои тамоми амалҳои ғайриқонунӣ ва зидидавлатиаш ҷавоб диҳад. Нисбати судя Раҳим Вализода ҳам мақомот бояд чора бинад. То ба кай ин судяи номард ба халқи узбеки Турсунзода зулм мекунад?

 Ташаккур ба шумо, бароар Муҳаммадиқболи Садриддин, барои нашри номаи ман. Мехостам ҳамин гапро ба шумо бирасонам.

  Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дар муҳоҷирати корӣ дар Маскав ҳастам.
Имрӯз хона занг задам. Гуфтанд, ки аз амнияти шаҳр паспортҳоро ноаён ва хеле ҳам муғамбирона тафтиш карда истодаанд. Домовойи хонаҳоро ҳам ҳамин хел. Пурсидам, ки чаро, чи сабаб шудааст?

Гуфтанд, ки Путин Тоҷикистон мерафтааст ва хонаҳои касони ваҳдатиро, ки дар бари шоҳроҳ воқеъ аст ҳамаро ба қайд мегирифтанд. 

 Домулло, ин аксро бароятон фиристодам.Ин акси Бобоҷонов Абдусамад аст, аз шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Чуянгарон, қишлоқи Чорбоғ. Ин нафар ҳама бачааҳои муборизро фақат дашном медиҳад, аз ҷумла шуморо ҳам. Ин нештатники отдели Ваҳдат аст. Бо началник ИВСи Ваҳдат бачаҳоро мефурӯшад. Як ҳамсояашон адвокат аст бо номи Акрам. Раиси маҳаллаашон акаи Акрам аст, ки инҳо якҷоя кор мекуннад. Ин одам бо моддаи 200.қ.4 зиндон шуда буд.

Баъди зиндон бузи отдел шуда баромад. Самад Акрам адвокат ва акааш раиси маҳалла, ҳамакаса як группа шудагианд. Бачаҳои Ваҳдат аз ин шахсият дур бигарданд, ки миёни чанд касро ин бузҳо шикастанд.
 Самад Бобоҷонов дар Москва кор мекунад, посредник дар болои сари мардикорони Владимировский област. Ин одам данийҳоро аз Маскав ба раиси маҳаллаашон ва Акрами адвокат медиҳад. Худи пагоҳ, субҳи содиқ аз мақомот ба хонаи шербачаҳо аз мақомот зер мекунанд.

Домуло, ташаккур, ки ин хабарро ба мардум мерасонед ва онҳоро аз амалҳои инҳо огоҳ мекунед!

Дӯстӣ (Ҷиликул)

Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқболи Садриддин! Аллоҳ аз шумову аҳли оилаатон розӣ бошаду падаратонро раҳмату мағфират кунад.

Ин сеюмин барнома аст ки барои деҳаи Ваҳдат, собиқ Миравойи ноҳияи Ҷиликул ҳозира Дустӣ менависам. Боз ҳам дар бораи ҳамон буз- Ҳайитов Назриддин, Аллоҳ ҷаҳаннамро ҷояш гардонад.

 Бародар Муҳаммадиқбол! Вақте якумин барнома дар бораи ҳамин бузи ҳаромро ба эфир баровардед дар телеграм валлоҳу аълам се рӯз гузашта буд, ки ин гурсухтаро бардошта бурданду хуб канданаш.

Шумо ҳам медонед, ки ҳозир дар Тоҷикистон қотил ҳам бошӣ, пора медиҳӣ мебароӣ.

Ман намедонам, ки ин мақомот, ин коркунони амният куҷоро нигоҳ мекунанд. Ба назар мерсад, ки аз ин Назриддин то ҳукумати ноҳия, то дигар мақомот, ҳатто амният ин қадар сахт метарсидааст.

Хуб, хайр, ана мурд, Аллоҳ ҷаҳаннамаш бурд. Ку як раведу назар кунед, ки роҳи оммаро маҳкам ва замини давлатиро аз худ кардааст. Ин қадар дарахтро ҷафс шинондааст, шураку шамак пахш кардааст, ранги ҷангал.

  Ҷуйбори давраи Союз ба пушти забори мардум меравад. Он ҷуйборо пур карду аз замини давлатӣ ҷуйбор канду мегуфт, ки инҷо банд аст. То ин дараҷа шайтон буд, ки ягон мақомоти болоӣ ва поёнӣ гапе зада наметавонист. Ку ҳамон мақомдор, ку ҳамон, амният ва ку прокурорҳо? Рафта бинед бо ҷашмони худатон. Валлоҳӣ, ягон гапам хато нест. Канӣ он шермардон, ки роҳи оммаро кушоянд? Гирифта баред ягон булдозерро, ки мардум гуянд мо соҳиб дорем ва ана ин аст дар болои зӯр як зӯри дигар!

 Зӯр мурд рафт, аммо ягон лаби заминро бо худ набурд. Метавонед рафта бо роҳи аввалаш баргардонед? Ё ки, агар тарсед, хеста аз Рустам ё Озодаҷон, ё аз Исмоил илтимос кунем. Охир вай мурд, рафт ба дарак. Натарсед, шуморо намебарад ба пешаш. Роҳи оммаро як метр мондааст. Ҳамонро ҳам метр кунед. 70 сантиметр мондааст. Бо велик мегузарӣ, метарсӣ, ки ҳозир рули велик дар девор мезанад. Ку шермарде ки ин корро бисмиллоҳ карда тағйир диҳад?

 Раиси ноҳияи Дӯстӣ ку як бисмиллоҳ бигӯ, ғайрататро нишон деҳ, баъд мо ранги Пешвоятон аҳсан ба ту раиси ноҳия гӯем.

 Бародар Муҳамадиқбол ҳамин Хизмати хусурбачаи Пешво ҳам аз Назриддин метарсид. Заминҳо аз Хизмат буд, ҳамон чен захват карда гирифта буд, ягон чизаш нагуфт.

    «Мумкин ҳамишам трт кадаги буд, манеш талхакаф буд». Мо боз ҳам аз мақомоти болотар талаб дорем, ки роҳи оммаро аз дасти ин хоинҳо гирифта кушоед.

Агар ҳамин роҳро накушоед, мо ба навор гирифтем ҳамаашро доказат мекунем. Эмомалӣ, мард бошӣ, як фармон деҳ роҳи оммаро кушоянд. Агар накушоянд, интизор бош, ки аз они модаратро ҳам мардум мегирад.

 Аввал дарвозааш дар ана ҳамин гранитсаи ҳамсояаш буд. Вақте ки роҳро маҳкам кард дарвозаашро лаби девор бурд, дар роҳи маҳкам кардагӣ дарвоза шинонд.

Дарвозаро оварда дар роҳи омма шинонд. Худатон хулосаатонро бароред мақомдорони ҳаром хур, ки ин ҷинояткорро пуштибонӣ мекардед. Раиси ноҳияи Дӯстӣ мо мунтазир мемонем ягон тағйироте мешавад ва ё не. Пас аз ин мегузарем ба ҷиноятҳои шахсии шумо дар ҳукумати ноҳия!

  Рудакӣ
Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман Алӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳастам. Қабл аз ҳама шуморо барои таъсиси ҳаракати нави сиёсии «Ислоҳотхоҳон» табрик карда дар роҳи мубориза бароятон тани сиҳату забони бурро ва зиракии сиёсӣ орзу дорам. Мо мардуми ноҳияи Рӯдакӣ бо шумоем.
Бародар, хоҳ бовар мекунед, хоҳ не, ин раиси ноҳияи мо аз ҳамон рӯзи омадагиаш «гарени» баромад. Раисони пешин талу теппаҳои дури ноҳияро тақсим карда ба мардум мефурӯхтанд ин бошад, худам шоҳ, табъам вазир гуфта аз маркази ноҳия сар кард ва ба домсозҳо-сохтмончиҳо ҳамаро фурӯхт.

  Аз рӯзе, ки омад ду тарафи роҳ -аз даромадгоҳи бозори Давлати Зафар, ки ҷаноб ҳар сол ба кушодашавиаш меояд- то гардиши масҷиди ҷомеи Авлиё ҳамаро фурӯхт ва ҳоло дар он ҷойҳо дом бардошта истодаанд. Аммо он домҳо ба ягон стандарт ҷавобгӯ нест. Чун домеро, ки дар 5-6 моҳ месозанд, маълум аст худаш. Канализатсияҳои ин домҳо номаълум. Барқ, ку лимит. Домулло ба шумо як савол дорам. Чаро барои онки раиси як ноҳияро ба зиндон партоянд ҳама сарвати дуздидагиаш баргадонда ва чанд оила куштаву чанд хона вайрону мотамзада шавад? Оё ин нишонаҳои ба поён расидани режим бошад?
Абдуғаффор Ҳикматуллозода ноҳияро дуруст идора карда натавонистӣ. Аз рӯзе, ки омадӣ маркази ноҳияро ба мусоркаи роҳи Султонобод баробар кардӣ. Он мусорка ранги инҷо бӯ надорад.

Ба Худо қасам дар пеши домҳо мусорҳо титу пит, пашаву сагу пишак дар торашон. Экология бошад дар хонаҳои мардум мегардад, инҷоро намебинад. Кормандони ҷамоатҳо ба мардум кору муомила надоранд. Барои як справка саҳар меравӣ то бегаҳ корат кашол меёбад.
Раисои маҳаллаҳо тамоман одамони нолоиқу номуносиб. Ба кадом деҳа меравӣ, бесаводеро раиси маҳалла мондаанд. Ва агар савод дошта бошад ҳам боз аз халқ мегирад, ҳаром мехурад, виҷдон нест. Коррупсия дар ҳама сохторҳои ноҳияи Рудакӣ реша гирифтааст.

  Худи Раис  фақат дар фикри дуздӣ аст. Мардумро аз ватан дилхунук накун. Ту бояд аввал раисони маҳаллаҳора санҷишу тафтиш намоӣ, чунки кори ҳаррӯзаи тамоми мардум вобаста ба раиси маҳалла аст, раиси маҳалла бошад ба ҷамоат, ҷамоат бошад ба ҳукумати ноҳия. Аммо худи раиси ноҳия бадтар аз ҳамаи инҳо аст. Ман бовар дорам, ки ин ҳолат то ба худи пешво рафта мерасад. Наход пешво як кадри нормалний барои Рӯдакӣ ёфта монда натавонад?

 Раис, ту вақте омадӣ, бояд содиқона бо мардум кор мекардӣ, аммо хиёнат ба хоку замини ин ноҳия кардӣ.
Инҷо чанд масъаларо зикр мекунам. Масалан соҳаи тандурустӣ.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ду беморхонаи калон яке Поликлиника ва дуюмин Беморхонаи МИС фаъолият мекунанд. 

 Пеши кадом духтуре равӣ, раву дар каса супор мегӯянд, чек меорӣ, боз ба худашон сум медиҳӣ. Аммо дар беморхонаи МИС, ки калонтарин беморхона аст ҳамааш ба як бизнес табдил дода шудааст. Дар як беморхонаи калон як ё ду кабинети узи ҳаст, ки духтури ҳардуяш ҳам мард. Узии занона нест. Ман чанд вақт пеш ҳамсарамро бурдам. Шанбе ё якшанбе буд, дар хотирам нест. Гуфтанд узи карда биёр. Рафтам як мард шиштааст. Пурсидам, ки узии занона нест? Гуфт не. Гуфтам ягон зан нест, ки узи кунад.Г уфт нест. Медсестрае, ки оилаамро ташхис карда буд, доду вой дорад, ки бояд дар ҳамин бинед. Ман гуфтам рӯзи душанбе дар поликлиника мебинам, баъд хулосаи узиро меорам,чи проблемае шуд худам ҷавобашро медиҳам гуфтам ва рафтам.
Духтурони ин беморхонаи МИС монополия кардаанд ин беморхонаро. Дар гирду атроф дорухонаҳои худашонро ҳуй кардагианд. Рост ҳамонҷо роҳиат мекунанд, ягон тартибу интизом нест, фақат пулканӣ. Дар шӯъбаи ҷарроҳиаш ҳама аждаҳорҳои пулхуранд. Дар шӯъбаи кӯдаконааш ҳам ҳамин хел. Таваллудхонаашро намегӯӣ? То кӯдакро мегирӣ аз онҷо, чи суме дорӣ меҷафанду мегиранд. Дар қабулгоҳ -дежурний шабона меравӣ барои ҳама як ретсептро менависад.

70сомонӣ,100сомонӣ мегирад. Ту дилкасал, зопӣ ё дарунравӣ фарқ надорад, назначеният кард, 70сомонӣ, 100сомониатро мегирад, касалият якбора авҷ мегирад.
Хоҳиш аз мақомоти танобкаш. Назорат аз болои ҳама шӯъбаҳои беморхона сахт карда шавад, санҷиш гузаронед, то ки ба мардум содиқона хизмат кунанд. Мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ»-ро зиёд ва ройгон кунед, то ба мардум хизмат кунанд.
Хитоби ман ба мақомот!

  Мо метавонем даст ба кори худ бандему коррупсияро решакан кунем. Онҳое, ки ба «Ислоҳ» менависанд накобед, равед санҷиш гузаронед. То адолат барқарор шавад!

  Ман боварии комил дорам, ки ватану миллатро дӯст медоштагӣ инсон дар ғами имрӯз не, дар ғами оянда бояд бошад. Касе, ки коррупсияро мебинаду чашм мепушад ё рафта сумашро мегиранд, меоянд он мақомдор хиёнат ба ватан ва миллат кардааст, чун виҷдони миллиашро фурӯхт, содиқона хизмат накард дар вазифааш. Агар мо аз ин ҷиноят ба «Ислоҳ» навиштем инҷо мо хоини ватанем ва ё шумо мақомот?
Маорифи ноҳия дар ҳолати хело бад қарор дорад. Кормандони Хадамоти назорат фақат обед кардан мераванд ё кисапулӣ кор кардан.
Амнияти ноҳия дигар барои амониву амнияти мардум не, барои тарсу таҳлукаи мардум машғул аст.

  Хоҳиш аз сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Рудакӣ!  Ба домуллоҳои бесавод ва раисони маҳаллаҳои бесавод фаҳмонед, ки идораи шуморо ба мардум ҳамчун як ҷинояткор муаррифӣ накунанд. Агар домуллои маҳалларо дар ягон маърака  фарёд накунӣ, аниқ медонӣ, ки уже мефурӯшад ба амният. Ё раиси маҳаллаҳо, ки 24 соат дар забонашон амният аст. Гуё амният як идораи фақад ҷазодиҳанда ва саркубгар бошад. Бовар кунед айб аст. Агар мову шумо ба ҳамин бесаводон имкони бештар бидиҳем фардо ватанро мефурӯшанд.
Раиси ноҳия аз вақте омадӣ дар ноҳия ҷои мошинмонӣ дигар намонд. Аз гардиши Сафина то бозори ПТУ таксиву маршруту тангену старекс ва мошинҳои корхонаҳову савдогарон ё мошинҳои мардуми одӣ дар роҳ мемонанд. Чунки раис ҳамаро канд ва барои домсозҳо фурӯхт. Бечора мардум мошинро мемонанд, меояд, ки номерҳоро ГАИ кандааст. Бовар кунед, ки ноҳия як бардак шудааст, ягон стоянка надорад.

 Дар охир як хоҳиш аз ҳама мақомотҳои ноҳияи Рудакӣ дорам. Даст аз зулми мардум бардоред. Ҳар як вазифадор ба вазифаи худаш содиқона хизмат кунад. Амниятӣ дар амният, кормандони отдел дар отдел. Ҳама кормандон, бигзор, ҳатто як чекчини бозор дар кори худаш содиқона кор кунад, дар ин сурат ҳама- деҳаҳо, кучаҳои шаҳраки ноҳия обод зиндагии ором мегузаронем. Фақат бо виҷдони пок бояд кор кунед. Фикр кунед, ки як нафарро ба азобу машаққат гирифтор мекунед, ки як рӯз дар ҷои шумо нишаста аст, ҳолатон он вақт чи мешавад? Сарбаланд бошед бародар.

То ин раисро аз кор нагиранд кори мову шумо давом меёбад.

 Иншоаллоҳ умед дорам, ки ягон нафари бовиҷдон бо мардум баромада кор мекунад.

Вақте як раиси маҳалла ба кораш содиқ бошад вақте ӯро иваз карданд ҳама мехезад эътироз мекунад вақте раиси ноҳия дузду ҳаромхӯр дар чашми ҳама хок мезадаги набошад мардуми ҳамон ноҳия мехезанд пуштибониаш мекунанд, лекин туф ба ту Абдуғаффор Ҳикматуллозода ноҳияро ҷазир кардӣ?

Ҷайҳун( Қумсангир)

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаи кутоҳро мефиристам, то ки ба мардум бирасонед. Сухан аз кору амали  милисаҳои ноҳяи Ҷайҳун Қумсангири пешина меравад.

Дар ноҳия як писаре бо номи Шифо дар боғи шаҳр бо бачаҳои дигар ҷанг мекунад. Милисаҳо омада бачаҳоро мебаранд ба милисахона. Дар онҷҷо ҳамаро ҷавоб медиҳанд, аммо Шифоро не. Барои онки Шифо на падару модар, не хоҳару бародар ва не бобову бибӣ дорад, ятими кулл, бекасу кӯ, ҳеҷ кас надорад. Ҳатто як милисаи ҳаром рӯирост мегӯяд, ки «ин ҳеҷ кас надорад, бесоҳиб аст, инро аз ҷомеъа несту нобуд кардан даркор». Худованд тамоми мардуми тоҷикро аз зулми ин палидҳо халос кунад

Ин писарро чанд сол пеш Эмомалӣ Рахҳмон ба сағирахонаи ноҳияи Советский бурда буд. Ин писар на ҷои зист дорад, на соҳибе, ҳатто паспорт надорад.

(бародар писаре, ки дар охири видео гиря дорад Шифо аст)

Дар даруни милисахона температура мекунад, аҳволаш бад мешавад. Скорий меояд укол мекунаду меравад. Ба ягон кас нишонаш намедиҳанд, мумкин нест мегуянд. Чандин рӯз аст ки дар подвали милисахона аст. Намедонем, ки аҳволи вай чӣ мешуда бошад?

Share This Article