Магар давлат одам мекушад? Ривояти як афсари собиқ аз қатли Саидаъзам

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №15       

Навиштаи он мақомдори баландпояи собиқро, ки дар робита ба ҳодисаи қатли Саидаъзам Раҳмонов таҳти унвони «Қатли Саидаъзам: идомаи занҷираи терор ва сиёсати тарс» аст, ки чанд рӯзи пеш дар рубрикаи  «Номаи маро алоҳида нашр кунед№14» чоп кардед, хондам. Хондаму чанд рӯз таҳти таъсири он қарор гирифтам.

Метавонам тахмин занам, ки муаллиф кист ва шояд ҳамон нафаре аст, ки мешиносам ва шояд ман аз шогирдон ё ҳамкорони ӯ ҳастам. Ман низ мисли он бародар солҳо дар мақомоти қудратӣ будам ва дар масъулиятҳои баланде ҳам кор кардам. Ба нафақа баромадаам. Айни замон роҳбарии сервиси амниятии як фирмаи хориҷиро бар уҳда дорам.

  Шогирдони ман ҳам ҳоло дар сари коранд. Дар ҳамин фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳам ҳастанд. Масъулиятҳои калидӣ ҳам доранд.

Чанд рӯзи пеш тасодуфан дар назди маркази савдои «Садбарг» бо яке аз онҳо рӯбарӯ омадам ва дар хараки муқобили ҳайкали устод Садриддин Айнӣ нишастему аз ину онҷо суҳбат кардем. Гап сари ҳодисаи куштори Саидаъзам рафт. Гуфт, ки дар «Ислоҳ» ончики чоп шуд, хеле аз сирҳоро ошкор кард, аммо баъзе маълумотҳои дигар ҳам ҳаст. Гуфт, ки то инки Саидаъзам вориди толори фурудгоҳ шавад, аллакай роҳи ӯро мепоиданд. Чунки рӯйихати мусофиронро пешакӣ дар даст доштанд. Вай гуфт, ки барои ҳамин баробари даромадан ӯро гирифтанд. Нафари гирифта муовини сардори амнияти фурудгоҳ аст.

Дар аввал ҳикояти ин шогирдамро дар бораи ҳодисаи боздошт ва қатли Саидаъзам инҷо меоварам.

Саидаъзам аз тарафи муфаттишони қаторӣ кушта нашудааст. Ӯро баландрутбаҳои амният куштаанд.

Ҳодиса ин тавр руй медиҳад. Рӯзи 6 октябр Саидаъзам, ки парвози самти Маскав дошт, бехабар аз пешомади шум, вориди толори фурудгоҳ мешавад. Бо дастури сардори шӯъбаи амнияти фурудгоҳ муовини вай бо як корманд Саидаъзамро дастгир мекунанд ва бо супориши сардори амнияти фурудгоҳ ба утоқи кории вай мебаранд. Сардори амнияти фурудгоҳ ӯро чанд мушт дар қафаси сина, болои дил ва қабурғаҳояш зада ҳақоратҳои қабеҳ мекунад, ки «ту чаро риш мондаӣ, чаро мӯи саратро дароз мемони мегардӣ, ту салафиӣ?»

Сипас, ӯро ба бинои марказии КДАМ мебаранд. Ба таҳхонаи амният. Таҳхона, ки даромадӣ пеши рӯят як дари шишаӣ аст, боз мешавад ва онҷо ворид мешавӣ, кабинет ҳаст. Столу креслоҳои нормалний дорад, ки дар ду тарафи кресло ду аккумулятор истодааст.

Дар онҷо Саидаъзамро мезананд, мефтад. Аммо вай ҳанӯз зинда аст, накуштаанд. Боз группавой мезананд. Аз ду аккумулятор ба баданаш ток мемонанд. Аз вай ҷойи пулҳои овардаашро мепурсанд. Саидаъзам таҳти шиканҷа ва қувваи барқ ночор ҷойи пулҳояшро ифшо мекунад. Мераванду 160 ҳазор долларашро мегиранд, тибқи маълумоти дигар 140 ҳазор.

Нафаре аз онҳо мегӯяд, ки «Агар дар Тоҷикистон се зӯр бошад, яъне Эмомалӣ, Рустам ва Ятимов, чорумаш ман ҳастам». Ин нафар севвумини шарик дар куштори Саидаъзам аст, ки рутбаи баланди ҳарбӣ дорад ва аз Данғара ҳам ҳаст.

Аз инҷо ба баъд, аллакай, маҷроро худи СС.Ятимов роҳбарӣ мекунад. 100.000 долларро худи Ятимов мегирад, боқиро зердастон байни ҳам тақсим мекунанд.

Саидаъзам мегӯяд, ки ман ин кори шуморо бепосух нахоҳам монд ва ба ҳукумати Олмон (Саидаъзам панҷ соли ахир дар Олмон ба сар мебурд) шикоят хоҳам кард. Вақте вай ин гапро мезанад СС.Ятимов дастур медиҳад, ки гумаш кунед. Боз зери зарбу лат қарор медиҳанд ва ниҳоят ба шаҳодат мерасонанд. Яъне куштори Саидаъзам амдӣ ва махсус сурат гирифтааст.

Дар ҷараёни обиски хона ва манзили зисти Саидаъзам ҳарчи шиносу рафиқу ҳамсинфҳо, ки дошт, онҳоро ҳам дастгир карда ба амният бурда ғам медиҳанд ва дар бораи Саидаъзам суол мекунанд. Ҳеҷ касе аз онҳо дар бораи вай ҳарфи бад намегӯяд.

Куштори Саидаъзам ҳамин тавр болояш сарпӯш гузошта шуд. Ва, баъид аст ки ифшо бишавад, агарчи бархеҳо, ки огоҳанд ба хотири ба даст овардани 35 ҳазор еврои ҷоизаи эълоншуда тавассути «Ислоҳ» мехоҳанд, маълумотро бирасонанд, аммо, ба ду сабаб, яке инки ҳатман ифшо мешаванд, чун круги огоҳ маҳдуд аст ва дигар инки бовар надоранд соҳибони ҷоиза маблағро медиҳанд ё не, сахт дар фикр задаанд.

Ман бори дигар мегӯям, ки хеле аз он маълумотҳо, ки ҳамкори мо дар мақолаи ёдшуда баён намудааст, воқеист.

Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳамон соати аввал аз ҷузъиёт огоҳ буд. Медонад. Аз вай ин гуна ҳодисаҳоро, ки эҳтимол ва имкон дорад бесуботӣ ва эътироз ба бор оварад, намепӯшонанд.

Раҳмонов аз барномаҳои «Ислоҳ» ҳам ҳамеша огоҳ карда мешавад. Пеш вақтҳо намегуфт, аммо вақтҳои ахир, ки дар суҳбату суханрониҳояш мегӯяду ишораҳо мекунад «дар интернет гуфтанд, дар шабакаҳо гуфтанд, манзураш «Ислоҳ» аст. Чунки нисбати оилаи ӯ аз ҳама бештар «Ислоҳ» мегӯяд ва ин ба касе ҳам пӯшида нест.

Ин бародар аз усулу приёми мақомот, ки хуб огоҳӣ дорад сиёсати Раҳмоновро накӯ мешиносад, барои ҳамин гаштаву баргашта такрор кардааст, ки бо куштори Саидаъзам тарси дохили мардумро тақвият доданд. Ин сиёсати Раҳмонов солҳост, ки идома дорад. Вай мехоҳад, ки мардум лолу кар, розӣ, мутеъ, таҳти иродаи вай ва ҳамеша фармонбардори вай бошанд. Вай мардумро хари боркаш ва гови ҷуфтӣ кардааст.

 Бародар, шумо фикр накунед, ки ҳама кормандони мақомот саги вафодори Раҳмонову Рустаманд. Саги вафодор онҳоеанд, ки дар вазифаҳои асосианд ва даромадҳои калон доранд. Инҷо кормандоне кам нестанд, ки дилашон ба ҳоли мардум месузад. Ин кормандон медонанд, ки фақат барои ҳамин як Оила кор карда истоданд ва медонанд, ки ин оила чи гуна хуни ҷигари мардум ва хуни ҷигари куҳҳову хуни ҷигари замину коргоҳҳову корхонаҳоро макида истодааст. Таҳқири ҷасад, таҳқири падару модар, таҳқири мардуми он маҳалла, таҳқири дину мазҳаб, таҳқири  урфу одат, таҳқири ҳама чиз, сунату анъана, ҷузъе аз ин сиёсати ҳисобшуда аст. Ҳамаи ин таҳқирҳоро мо ба хотири як нафар таҳаммул мекунем. Аммо ин як нафар дар аслу амал ҳамаро задагӣ аст. Чанд рӯзи пеш боз духтари хурдиашро ҳам ба ҳукумат овард. Ҷони мо, номуси мо, ҳайсияти мо шарафи мо, эҳтирому қадри мо чизе нест, баробари игрушкаи Анушервон арзиш надорад. Инҳо агар ҳамватан, ҳаммилат, ҳамдини мо буданд ин мусибату ин фоҷиаро болои мо намеоварданд. Аммо касе парвои падару модари Саидаъзам, касе парвои зани вай, касе парвои ҷони ҷавон   парвои ҳаёти буридаи вайро надорад. Раҳмонов кай хоби шабаш мебарад, ки Саидаъзам кушта шуд.

Дар чунин вазъу чунин муҳит «Ислоҳ» ва расонаҳои амсоли вай, ки мутаассифона хеле кам аст мисли бало бар сари инҳо мешавад.

Ҳаминҷо бояд як чизро бигӯям. Дар мубориза ва муқовимати солҳои 92-97 дар ҷанги иттилоотӣ бартарӣ дар тарафи оппозитсион буд. Расонаҳои русӣ ва байналмилалӣ умдатан аз оппозитсион ва дар ҳаводорӣ аз он мегуфтанд. Раҳмонов ва ҳукумати вай ҳамеша интиқод ва мазоҳу масхара мешуд. Мутассифона имрӯз он тавр нест. Дар ҳоле, ки он замон Раҳмонов худаш танҳо буду ин оилаи бузургаш ба ҳукумат оварда нашуда буд ва худаш ҳам ин қадр дуздиву ғоратгарӣ надошт ва ҳоло ҷавҳари инсонӣ кам ҳам буд, дошт. Ҳоло он қадар маводу матолибе барои интиқод дорад, ки сад расона бошад ҳам пушиш дода наметавонад.

Бидуни вокуниш ва шарҳи расмӣ боқӣ гузоштани ҳодисаи куштори Саидаъзам Раҳмонов ҳамоно ин ҳарфу ҳадисро доман зада истодааст, ки «Террори давлатӣ ба марҳалаи дигар мегузарад». Ҳамаро аз як сар нест кард, неруи сиёсӣ намонд, шахсиятҳои матраҳ намонданд, акнун ба таъқибу куштори афроде мисли Саидаъзам мезананд.  

Як ҷавон бо пойи худ меравад фурудгоҳ зиндаву саломат билет дорад аммо мурдаи ӯро меоваранд.

Саидаъзамро ба унвони як террорист гурониданд. Мо, чанде аз сарбозу афсари ҳамроҳи ҳоҷӣ Ҳалимро дар соли 2015 айнан ҳамин тавр гӯронида будем. Аз аввал то охир айнан ҳамин тавр.

 Касеро иҷоза надодем. Чанд нафар иштирок карду халос. Чунки онҳоро давлат террорист эълон карда буд. Аммо Саидаъзамро ҳеҷ иттиҳоме назаданд, гуфтанд худкушӣ кард. Худи ҳамин масъалаи худкушӣ ҳазоруяк савол дорад. Аммо савол ин аст ки агар худкушӣ кард, пас чаро намегузоред, ки баданашро бишӯянду кафан печонанду дар гӯр монанд, чаро ин ҳама корҳоро худатон анҷом додед?

 Тафовути гӯри Саидаъзам аз бақия гурҳои ҳамшафаташ дар ин қабристон дар он аст ки  онро на хешу табору дӯстон, балки қотилонаш –кормандони амнияти Тоҷикистон канданд. Ҳазорҳо ҳазор аз ҳамватани мо айни ҳамин Саидаъзам дафн шудаанд.

Дар воқеъ пурсиши мардум ба ҷо аст ки мепурсанд-магар давлат ва Идораи амнияти миллии он одам мекушад? Мардум аз ҷинояткору авбош ба давлат паноҳ мебарад, дар ин ҳолат ба кӣ паноҳ барад? Қадри одам, арзиши одам, чӣ шуд?

Ҳоло дигар Саидаъзам нест, хоку туроб шуд. Аммо давлат барои ин кор посух дод? Давлат эътироф кард? Давлат ҷуброн пардохт? Давлат узр пурсид?

Дар ҳодисаи ин куштор давлат спетсиално, дидаву дониста, огоҳона, бо ақлу шуур гирифту кушт. Нафаре, ки дар ҳодисаҳои Бадахшон даст рӯи сина зада воҳима мекард, ки вай масъули амнияти нуҳуним миллион аст, инҷо гирифту заду кушт. Мардум ҳақ дорад, ки бипурсад, шумо чаро мекушед?

 Аз аввл то охири ин моҷаро як фоҷиаи бузург аст. Ин ба он маъност, ки мо давлат надорем, ки ба вай умед бандем, такя кунем. Давлати мо аз як гурӯҳи гангсетрӣ ва аз як ОПГ, созмони муташаккили ҷиноӣ фарқ надорад.

Ин гӯрҳои саидаъзамҳоро, ки дар аксарияти қабристонҳоямон, чи дар шаҳр ва чи дар деҳоту шаҳракҳо, мебинед, гапи дарунатон, дарунамонро зиёдтар мекунад. Нафрину дашному дуъои бад зиёд мешавад, ин гӯрҳоро, ки мебинед, ки якеву дуеву даҳу сад не зиёданд, беҳад зиёд, шумори онҳоро намедонем, ангеза барои инқилобу исён медиҳанд, манзур шумори гӯрҳоеро, ки меоваранду худашон дафн мекунанду намегузоранд, ки ҳатто наздикон бишӯянд кафан печонанд.

Ин ҳукумат тамоман дар фикри мардум нест. Вақте бар ивази вогузории ду кони калони тилло ба Хитой барои Душанбе ду ТЕЦ  сохтанд, гуфтанд, ки бо инҳо Душанбе ва ноҳияи Рудакӣ бо гармӣ ва рӯшанӣ таъмин карда мешавад ва ҳиссаи барқи месухтаи Душанбе дар фасли сармо ба бақия манотиқи мамлакат дода мешавад. Аммо баракс шуд. Душанбе дар муқоиса бо солҳои пешина дучори мушкилоти бештари бебарқиву бегармӣ шудааст. Чаро? Чунки пеш фақат Раҳмонов медуздид, Убайдуллоевро намедод, акнун бо Рустам тақсим карда истодааст, хулоса дузд дуто шуд. Бале, маълум аст ки фурӯхта истодааст.

Вақте зулму истибдоду тарс ниҳодина мешавад, мардум одат мекунад. Вагарна ҳамин бесветӣ ва сардии хонаҳои пойтахт бас аст, ки бихезанду аз лингаш бигиранду ба замин зананд.

Фикр мекунед дар онҷоҳо, ки барқи Душанберо қатъ карданд кегебешнику милисаву суду прокурору мчсу гвардияи миллӣ, корманди вазорати мудофиа зиндагӣ намекунад, хона  ва  кудаки майда надорад? Ва онҳо намедонанд, ки Раҳмонов дуздида истодааст, фурӯхта истодааст. Медонанд.

Онҳо ба Раҳмонов нафрат доранд, аммо бояд зиндагиашонро пеш баранд. Барои ҳамин дар боло ишора кардам, ки на ҳама дар сохторҳои қудратӣ саги вафодори Раҳмонованд, танаффури зиёд доранд, аммо дандон рӯи ҷигар тоқат карда истодаанд. Чаро? Чунки як қувва ва як неруи сиёсие нест, ки вориди майдон бишавад ва онҳо ба ин неру ҳамроҳ шаванд ва ин кохи истибдодро валангору хароб созанд.

 Бале, шароиту вазъияти кишвар барои тамоми маневру бозиҳои Раҳмонов табъи дилаш аст. Мехоҳад Рустамро меорад, мехоҳад худаш меистад. Чун касе мухолафат намекунад.

  Мо бояд чиро мунтазир бошем?

Бояд «бипазонем». Бале, мепазад, ин тавр намеистад, аммо агар дастрӯидаст бошем, грант бигирем, паноҳанда шавем, пособия гирем бачаҳоямонро дар донишгоҳҳо монем, вазъ ҳиҷ гоҳ дигаргун намешавад.

Тарс вуҷуд дорад, тарс ҷомеъаро фаро гирифтааст, далели куштори Саидаъзам ҳам тарс додани бештари мардум аст.

Аммо як чизи дигар ҳаст. Ин тарс ончунон ба эътироз меояд, ба дард меояд, ки камтарин ҷунбиш, камтарин ангеза ва таҳрик ба нафрат ва ниқор мубаддалаш мекунад. Ба ҳамон андоза, ки ҷамъу ҷо шуд ба ҳамон андоза ҷуръат ва ҷасорат мешавад. Вале мунтазири он рӯз набояд нишаст. Бояд талош кард, ки он рӯз зудтар фаро бирасад. Агар дар Тоҷикистон

 мухолфин- оппозитсияи сазовор дошта будем, шароит таври дигар буд, ки аммо ин масъала ва мавзӯъи имрӯзаи мо нест.

Ҳарчиқадар, ки Раҳмонов тарсро дар дилҳо ҷо мекунад, мухолифин даҳ баробари он ба мардум руҳия ва ҷасорат бидиҳанд. Дафтари аъмоли Раҳмонову хонаводаашро варақ ба варақ барои мардум бихонанд.

Дар ин дафтари аъмол боби Саидаъзам бояд барои ҳамеша гуфта ва навишта бишавад.

Вақте бо он шогирдам худоҳофизӣ карда аз болои харак бархостам вай гуфт, ки он 160 000 доллари Саидаъзамро, агарчи куштанду таги хок карданд, барнагардонданд.

 Ёдам омад, ки «Ислоҳ» навишта буд, ки дидаанд, ки яке аз мошинҳои гаронбаҳои ҳоҷӣ Ҳалим пас аз мусодира ва «давлатӣ» ҳамчун ғанимат ба дасти яке аз духтарони Ятимов  гузаштааст.

Пулҳои Саидаъзамро ҳам бо ҳам тақсим карданд. Ҳамин аст ин давлат ва ин давлатдорон.

Охирсухани «Ислоҳ» дар ин нома

Саидаъзам Раҳмоновро куштанд, аммо ҳақиқатро кушта натавонистанд.

Ин нома, ин ривоят, ин шоҳидӣ боз як санадест алайҳи терори давлатӣ, алайҳи низоме, ки ба ҷойи ҳифозат, ба қатлу дафн машғул аст. Саидаъзам як нафар буд, аммо номи ӯ имрӯз садои ҳазорҳо гӯри нобаҳақ аст. Ва ҳар гӯр, ҳар ашк, ҳар нафрат, ҳар савол тухми огоҳиест, ки онро на сад, на ҳазор, балки даҳҳо ҳазор даст сӯхтаю бепадид ҳам аз замин барнахоҳанд дошт.

Ислоҳ бо ҳар калима, ҳар иқтибос, ҳар исбот таҷдид мекунад ва дар баробари тарс, ба ҷасорат даъват мекунад.
То вақте ки ҳеҷ кас ба ҷойи Саидаъзам сухан нагӯяд Саидаъзамони ғурамарг зиёдтар мешаванд.

Мо хомӯш намешавем.
Ҷамъият… тарсидан бас аст.
Тамоми қудратҳое, ки бар хоки зулм бино шудаанд-бо як нидо фурӯ мерезанд.

Ислоҳ: Ҳақиқатро ҳифз кун, ҳатто агар ба қимати ҷони ту бошад.

Share This Article