Шумораи навбатии мо аз номаҳои расида аз Вахш, Душанбе, Волгоград ва Шаҳристон таҳия ва такмил карда шуд.
Нависандаи нома аз Вахш ин бор масъалаи набуди нақлиёти ҷамъиятӣ миёни мркази ноҳия ва деҳотро ба баҳс кашида боз ҳам аз Қурбони бех, раиси ин ноҳия интиқод кардааст, ки барои донишомузону устодони коллеҷи тиббии шахсиаш Газелу микроавтобусҳо ташкил кардааст, аммо барои мардуми деҳот фикр ҳам намекунад
Аз Шаҳристон ҳам як муҳоҷире, ки се ҳафта пеш омадааст мегӯяд беҳтар аст Раҳмонов самолёти 92 миллиондоллариашро бифурӯшад ва барои мардум қувваи барқ бихараду таъмин кунад.
Сокини Душанбе ҳам аз адами неруи барқ дар пойтахт ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ҳушдор медиҳад, ки сабри мардум беохир нест. «Хонаҳои худашон, ки дар пушти чойхонаи Роҳат аст чароғон аммо мардум барқ надоранд» манависад, ин муаллиф.
Муаллифи доимии мо аз Волгоград ин бор як матлаби дигарро аз нашрияи чопи Душанбе фиристодааст. Барои ин ҳамкори ҷамъиятии мо матлаби мазкур аз он ҷиҳат писанд уфтодааст, ки дар он ба мавзӯъи эҳтиром ба забони тоҷикӣ пардохта шудааст.
Вахш
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Бародари мубориз ҳамин номаи маро қабул кунед. Ман аз ноҳияи Вахш, аз ҷамоъати Рудаки ҳастам. Ман барномаҳои шуморо тамошо мекунам, алалхусус барномаи «Номаҳоро..» Ва ман мехоҳам ба шумо як номаи пур аз ҳақиқат ва пур аз дарди дили мардуми ноҳияи Вахшро ба шумо равон кунам.
Дар ноҳияи Вахш аҳолӣ хеле зиёд аст, ҳудуди 200-ҳазор ва табиист, ки на ҳама дар наздики марказ зиндагонӣ мекунанд. Аксарият аз маркази ноҳия хеле дуранд, масалан, тарафи 4-5 отделния, совхози Вахш, Киров, Тошробод ва аз онҷоҳо ҳам дуртар аст. Аммо аз ягон ҷои ин минтақаҳои дурдаст мардум на бо автобуси давлатӣ таъмин шудаанд ва на бо маршрутка. Бечора мардум ҳамааш ба мошини раҳу таксӣ меоянд. Роҳҳои хуб ҳам надорем. Бовар кунед бародари гиромӣ, ҳамаи мардум ба гуфтаи русҳо на произвол судьбы -роҳашонро худшон миёбанд ва ҳал мекунанд, ин даҳшат аст, бовар кунед. Дар 34-сол, ки Тоҷикистон давлати мустақил шуд, як бор фикри мардуми одиро ҳичкас накардааст ва намекунад. Мақсади гапи ман чист? Хуб гуш кунед бародари гиромӣ.
Дар колхози Москва дар пеши хонааш Қурбони бех (Қурбон Юсуфӣ, раиси ноҳияи Вахш) коллеҷ ва беморхона сохтааст. Дар коллеҷи тиббии Қурбони бех тақрибан 500-нафар таҳсил мекунад. Барои онҳо аз 8 то 12 газелу микравтобус хизмат мекунад. Шумо ғамхориро бубинед, ки барои 500-нафар аз 8 то 12 василаи нақлиёти нави корӣ, хизмат мекунад ва ҳар рӯзи дарс бе ягон проблема донишҷуёнро мебаранд ва меоранд, аммо барои мардум ва сокинони ноҳия нест. Ҳоло шумо шояд бипурсед, ки барои чист ин ҳама техникаҳо — мошинҳо барои донишҷуён. Ва, агар коллеҷ таъмин намуда бошад чӣ зарар дорад, магар хуб нест, ки донишҷуҳо бидуни мушкил бошанд?
Ҷавобашро ман ба шумо мегӯям. Ин мошинҳо барои бизнеси шахсии Қурбони бех аст. Чунки ин коллеҷи тиббӣ, чуноне гуфтам аз они Қурбони бех аст. (Дар бораи сатҳу сифати дониш, муаллимон, таҷҳизот ва тарзи таълими ин коллеҷ дар оянда хоҳам гуфт.Ҳоло фақат ҳамон қадар мегӯям, ки инҷо ба ном коллеҷи тиббӣ аст, дар асл ҳиҷ дарсу донишу саводе дар ин даргоҳ нест).
Аммо барои зиёда аз 200-ҳазор сокини ноҳияи Вахш як автобус ё ки маршутка нест, ки то маркази ноҳия бараду оварад ва дар фикраш ҳам нестанд. 5-6 автобус аст тарафи шаҳри Бохтар меравад меояд. Аммо чаро деҳоти дар роҳҳои дурдастро як бор фикр намекунанд. Ин азоби ҳаррӯзаи мардуми ноҳияи Вахш аст ва мо дар телевизион ва шабакаҳо мебинем, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ноҳияи Вахш меояду меравад, аммо инаш ҳам дар фикру андешааш нест.
Ҳамаи коргарони давлати мошинҳои қимату баланд доранд, меравану меоянд ба кору бори худашон. Аммо мо мардуми одӣ то кай то Тошробот ё Гулистона бо мошини роҳ -бо таксиҳо ба пули зиёд равем ба пеши фарзандонамон? Охир 34-сол шуд истиқлоиятро! Канӣ ободӣ, канӣ пешравӣ? Ин ҳукумат кай фикри моро мекунад?
Ҳамин буд номаи ман бародари гиромӣ, Муҳаммадиқбол! Худо шуморо нигаҳбон бошад, бародар..!
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман якуякбора ҳарфи диламро ба шумо изҳор медорам. Бовар дорам ин ҳарфи танҳо дили ман нест, тамоми мардуми Тоҷикистон ин ҳарфҳоро дар дил доранд.
Дар таърихи Тоҷикистон ин гуна зулм ҳатто дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ набуд. Дар он солҳо ҳам газ буду ҳам свет доштанд хонаҳоямон. Агар солҳои гузашта дар ноҳияҳо лимит амал мекард, ҳозир дар пойтахт, дар Душанбе лимит ҷорӣ кардаанд. Хайрият, ки ҳоло рӯзона ҳаво гарм аст. Худо раҳми бандаҳояшро хӯрда истодааст. Аммо шабона сард аст.
Бовар кунед, ки дар тамоми шаҳри Душанбе лимит ҷорист. Ғайр аз пушти пешина чойхонаи Роҳат, ки дар он ҷо ҳавлиҳо-қасрҳои Раҳмонов ва авлодаш ҷойгир шудааст. Дирӯз дар роҳ зани солхурдаеро дидем, ки нолиш карда дуъо мекард, ки «э и чи рӯзи сиёҳай, и чи давлатай. О наход сол ба сол бачои он, ки соз шава, бад шида рафтестай. О наход я бачаи ёшӣ Рустам наброӣ ҳолу авҳоли халқа набинӣ. О, дар ягон сари сол дар Душанбе и хел бесоҳибӣ набуд. Э, Парвардигор, хонаҳои духтарои Эмомалӣ бсуза, набероҳоша дардҳое бте, ки ай чашмои Рустаму апаҳошу хоҳарош ай гиряра хун реза. Э мо дар Водонасос зиндагӣ мекнеме, маркази шаҳрай. Наход дар як шабонаруз ҳамагӣ 7 соат свет тиене. Ай 10и шав мекшен то 5и саҳар бо 5и саҳар метен то 7и рӯз бо мекшен. Аллоҳ, ин ша Аллоҳ доду фарёдҳои мо модарора мешнава. Ин ша Аллоҳ пайдо мешан бачаҳои баномусу и авлоди беимона чапа мекнан».
Бародар, ин модар гиря мекад. Мо ҳам ба умедем, ки Аллоҳ бузург аст, ин ша Аллоҳ ҳамаи дуъоҳои модарону падарони мазлум иҷобат хоҳад шуд.
О, свет набоша ин к@зани Рустам чаро ин қадар электромобил оварда истодааст? О, свет, ки набоша, чаро ин қадар заправкаҳо электрикӣ сохтеду сохта истодаед? Куш ҳамаи заправкаҳои электрикиатро, қатъ куну ба мардуми шаҳр свет деҳ. Ин меҳмонҳо-сайёҳони хориҷӣ ба ин ҳоли Душанбе чи мегуянд?
Э, далбаёби Рустам, камтари дигар ба ҳамин минвол давом деҳ, шабошаб мераванду дар хонаат фалонат мекунанд, бо зану кудакҳоят.
Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон, то ҳатто як қисми Покистонро таъмин карда истодаед. Охир дар куҷо гуфта шудааст, ки аз мардум бигиру ба дигарҳо деҳ?
Корхонаҳо, ресторанҳо, заправкаҳои электрикӣ, подсветкаи домҳоро кушу хонаҳои мардуми шаҳрро свет деҳ.
Рустам гӯш кун! Ин отаи туро фурсати камаш мондааст. Имсол ё соли дигар мардум хармураш мекунанд, баъд дер мешавад. Худо кунад, ки дер шавад! Тарафи мардум гард. Раису раисчаҳоятро пеши роҳашонро гир. ЖКХ, горсвет, водоканалу дигару дигар умуман шаҳрвандонро писанд намекунанд, телефонҳояшонро тамоман ҷавоб намедиҳанд. Як бор худат барои озмоиш ба телефони ба ном «боварӣ»-и онҳо занг зан ва бубин, ки вазъияти чи гуна аст?
Рустам боз ин падари дуздат вақте ТЕТСҳоро хитоиҳо барои Душанбе сохтанд, ваъда дода буд, ки зимистон Душанбе ҳам гарм мешавад ва ҳам аз ҳисоби ҳамин марказҳои барқу гармидиҳӣ, яъне ҳамин ТЕТСҳо бо қувваи барқ таъмин мешавад. Ва барқе, ки зимистон Душанбе истифода мекард ба манотиқи дигари кишвар дода мешавад. Аммо ку? На инки бо свет таъмин шудем, балки аз солҳои пешина бадтар кардед.
Душанбе пойтахти Тоҷикистон свет надорад. Ин аз баракакти роҳбарии туст. Ту омадиву Душанберо ба харобазор мубаддал кардӣ.
Худо ҳам туро ва ҳам падаратро ҳарчи зудтар аз болои ин мардум бигирад, то як нафаси осудаву роҳат бикашанд.
Волгоград
Ассалому алайкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин бор низ аз сайти нашрияи СССР як мақолаеро бароятон мефиристам. Ин мақола ҳам як поблемаи актуалии ҷомеаи Тоҷикистонро матраҳ намудааст. Ин мақоларо нафаре бо номи Шамсиддини Муқим аз Маскав барои ин нашрия фиристодааст. Мақола таҳти унвони «SOS: 300000 кӯдаки тоҷик бе саводи забони модарӣ мондааст…» дар рӯзи 12 ноябри соли ҷорӣ(2025) ба нашр расидааст.
Мақолаи мазкурро пурра пешниҳоди хонандаҳои азизи Ислоҳ.нет мекунам. Ҷаноби Шамсиддин Муқим масъалаи забони модарӣ дар байни фарзандони муҳоҷирин ва баъзе дигар аз масоили эҳтиром ба забони модариро матраҳ кардааст. Муаллиф аз муносибати бисёр ҳам бефаросатонаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав интиқод намудааст. Ҳамчунин бо дарду алам зикр намудааст, ки масъулони имрӯзи ҳатто номи тоҷикии шахсиятҳои таърихии худро намедоннад ва бо гуиши мардумони дигар онҳоро ном мебаранд. Ва инак он матлабро пешниҳодатон менамоям:
«Биёед ба ҳоли имрӯзаи ҷомеъа назар кунем! Бубинем, равиши забони модарӣ-давлатро ба кадом самт бурда истодаем. Ҳаст забони давлатие, ки аз тарафи дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ зери ҳимоя ва рушд бошад? Кафолати ҳуқуқи ҳифзи забони давлатӣ дар дохил ва берун аз он ҳаст? Барои чӣ қисми зиёди бузургтарин адибони тамоми давру замонро маҳз намояндагони мардуми порс-тоҷик ташкил кардаанд, лекин имрӯз ин қадар ноэҳтиромӣ ба сари забони ӯст? Хулоса атрофи ҳимоя ва равнақи ин забони хеле нодири куҳанбунёди Тоҷдорон суол хеле ва хеле зиёд аст…
Андар достони маҳви бесаводӣ дар СССР
Соли 1924, яъне 101 сол пеш, роҳбари давлати СССР дид, ки дар кишвари ҷавон забони ягонае нест, ки байни Ҷумҳуриҳои навташкил муносибати хуб пайдо гардад, барои ҳамин аз 7 сола то 70 соларо пушти парта оварда, дарси забону одоб доданд, ки то соли 1935 мардуми кишварро аз чунин торикӣ раҳо диҳанд. Барои чӣ ин кори муҳим карда шуд? Барои он ки одами ҷамъяти нав худаш қарору қонун ва ахбори он рӯзро хуб хонад, сарфаҳм равад. Ана ҳамин забони ягонаи СССР буд, ки аз болои фашизм ғалаба кард, одамро ба кайҳон бурд. Яъне одами Шӯравӣ русиро омӯхта, забони давлатиро ёд гирифта, сухани давлату кори мардумро хуб сарфаҳм мерафт.
Андар баёни ғалабаи маъориф дар Ҷопон
Охири моҳи августи соли 1945 Аскари Сурхи СССР артиши шоҳаншоҳии Квантуни Ҷопонро шикст дод. Баъди ин шикасти бузург, Ҷопон Артиш, яъне Қувваҳои Мусаллаҳашро аз даст дод. Дар буҷа ҳам харҷи ин сохтор боқӣ монд. Ана барои ҳамин аввали соли 1946 Ҳукумати нави Ҷопон маблағи калони ҳарбиро ба маъориф дода, бузургтарин мактабу омӯзгоронро ба майдон баровард, ки баъди 5-10 сол беҳтарин маҳсулоти ниёзи мардум “Нокия”, “Кодак”, “Тоёта” ва ғайраро барои олам ба савдо гузошт, ки то ҳол дар равнақи техникӣ дар ҷои намоён меистад. Ҳамаи ин хизмати устоду омӯзгорон буд.
Дар олам чанд забон аст?
Тибқи маълумоти бузургтарин марказҳои забоншиносӣ дар ҷаҳон, то соли 2024 7164 забони фаъол мавҷуд буд, ки ба 142 оилаи забонҳои гуногун тааллуқ доранд. Бо забони маъмултарин, ки 40 адад мебошад, тақрибан аз 2/3 қисмати аҳолии Замин суҳбат мекунад. Бештари мардум бо забони чинӣ, ҳиндӣ, англисӣ, испанӣ, арабӣ, русӣ ва португалӣ суҳбат мекунад. Бубинед, ки ҳиндӣ, ё ҳинду вожаи порсӣ буда, маънояш сабзина ва худи мардум писарамӯи порсиёни куҳананд, дар ҷои 2 буда, 60% вожаҳои сарзамини Ҳиндустон тоҷикист. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки нест забоне дар ин дунё, ки вожа, ё ба самти худ табдилдодаҳои порсӣ-тоҷикӣ надошта бошад. Ба монанди “ОДАМ”, “ШОҲМОТ”, “НАРД”, “ЧОЙ+ХОНА” ва ғайра. Ана бузургиву мана шаҳомат.
Талош барои истиқлоли забони адабӣ!!!
Имрӯз мо суханро бозорӣ намуда, танҳо барои иҷрои савдо “равнақ”, яъне паст кардем. Ҳамаи мардумро бо забони ягонаи адабӣ метавон наздику муттаҳид кард. 35 сол аст, ки мо якҷоя ба паст кардани эътибори забони давлатӣ машғулем. Наздики 80-85% одами соли таввалуди 1980-1985 ба ин сӯ навишту гуфтори адабӣ надорад. Дар 95% телефони мардум ҳарфи тоҷикӣ нест!!! Вакууми безорӣ аз забони модарӣ ба миён овардаем. Садои пои сумби аспи таърихи имрӯза ба гӯши мо бояд расида бошад, ки танҳо иттиҳоди мардуми дорои 1 забони адабии оммафаҳм зинда мемонад. Дигар ҳама беобу рӯ аз ин зиндагӣ хоҳад рафт.
Саранҷом, яъне имрӯз ҳақиқатро бояд наҷот дод. Ин ҳақиқат барқарор кардани забони адабист, ки мардуми тоҷикро аз варта наҷот медиҳад.
Куруши Бузург, ё Кири Калон?
Бадхоҳон ҳар чӣ ки хоҳанд метавонанд, зеро имрӯз зӯру тавоно, дорои қудрати электронӣ ҳастанд. Барои чӣ имрӯз дигарон ба ҳоли мардуму ба чунин забони шикастаи фалаҷкардаи мо механданд, ки худ 2 асра таърихи пайдойиш надоранд? Айб дар ош аст ё мош?
Ба ин расми қолини дар шаҳри Қайроқум бофта нигаред, ки аз тарафи ягон бегона нею, аз ҷониби кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия рӯзи 14 октябр дар шаҳри Москва бо тантана намоиш дода шуда буд. Зери ҳар 1 сухани мо ФИО-и зиёди кормандони намояндагӣ ва ташкилоти тоҷикон ҳастанд, ки сазои овардан ҳам нестанд. Танҳо ба 1 суол посух гирифтанӣ ҳастем, ки барои чӣ душман нею худи мо асосгузор ва ягона нависандаи Эъломияи Ҳуқуқи Башар-Куруши Бузургро ба Кири бузург табдил додаем??? Аз бегонаи бадхоҳ чӣ нолем, ки худамон нисбати бузургворон чунин пасткорӣ дорем?
Бисёр маъзарат мехоҳам, вале Кир, агар ба алифбои ниё нависем, медонед, чӣ маъно дорад? Курушро чаро пас масъулини сафорати ҶТ дар Москва “Кир” кардаву ба маърази омм гузоштаанд? Кадом Тоҷик Курушро дар кадом аср “Кир” мегуфт, ки сафорат фармоиш медиҳаду Қайроққум метанаду оварда дар Маскав меовезем? Куруш Великий менавиштем, оё русҳо моро зада пеш мекарданд?
Муроҷиат ба вазири хориҷаи ҶТ
Берун аз кишвар сатҳи дониши адабии ҷавонон аз даст рафта истодааст. Бояд онҳоро дар роҳи омӯзиши забони адабӣ рост кард. Ҳар сол наздики 1-2 миллон мардум ба кишвари дигар баромада, аз паи кору таълим аст. Зиёда аз 1 миллиони он дар қаламрави Россия ҳузур дорад. Соли 2019 устоди МГУ Мавзуна Ҳайдарова ба Пешвои Миллат дар ҷаласаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муроҷиат карда, мушкили аз байн рафтан ва набудани омӯзиши забони модарӣ дар Россияро баррасӣ карда буд. Ҳамон замон аз тарафи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дар бораи ташкили омӯзиш дар назди намояндагии Тоҷикистон, ба хусус дар назди Сафорати ин кишвар дода шуд, ки имрӯз тамоман фаромӯш кардаем.
Зимнан аз Вазири корҳои хориҷии ҶТ, муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин қотеъона дархост дорем, ки дастури Президенти кишвари азизи моро, зимни омӯзиши забони давлатии модарии Тоҷикӣ ба инобат гирифта, дар назди сафорату консулгарии на танҳо Россия, балки дар тамоми ҷаҳон курсҳои омӯзиши забони модарӣ-давлатиро кушоянд.
Хатари бузург дар он аст, ки наздики 300 ҳазор тоҷики берун аз кишвар зода шуда, аз забони давлативу сарфу наҳви забони модарӣ маҳрум аст. Пагоҳ ин забонгумкардаҳоро Ватан аз даст хоҳад дод. Ин камбудиро зуд бояд ислоҳ кард.
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем
Каму беш 100 сол пеш аз ин, дар аввали саддаи XX, дар оғози ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ, сардафтари адабиёти советии Тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон (2006) устод Садриддини Айнӣ (1878- 1954) аз дарду алами бесаводии мардум ба шӯр омада, ақидаи асосгузори маъорифпарварии Аҳмади Дониш (1827-1897)-ро омӯхта, чунин сухани бузурги болдорро гуфта буд, ки то ҳол аҳамияти иҷтимоии худро аз даст надодааст:
Чаро аз ин гулистон гул начинед,
Чаро дар кунҷи бекорӣ нишинед?
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!
Ба бекориву нодонӣ намонем!
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Шаҳристон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Се ҳафта шуд, ки аз Маскав ба ватан, ба назди модар ва оилаам баргаштам. Бовар кунед, бародар, инҷо мардум як ҳолу рӯзи бисёр бад доранд.
Ман дар ноҳияи Шаҳристон зиндагонӣ мекунам. Ду фарзанди яке синфи ду ва дигари синфи 5 ва як кудаки майда дорам. Ба кудакони мактабии ман як китобро маҷбурӣ ду нусхаӣ фурухтаанд. Масалан барои якеаш ду китоби Забони тоҷикӣ ва барои дигариаш ду китоби Адабиётро 20 сомонӣ додаанд.
Ин як масъала. Масъалаи дигар ҷойи чарогоҳ аст. Чарогоҳҳои деҳаамонро пурра барои гову молҳои дигарҳо фурӯхтаанд. Касе наметавонад, ки гову гусфандонашро ба куҳ бароварад. Бо ин вазъу ҳол ҳеҷ кас наметавонад дар хонааш чорпо дошта бошад, дар ҳоле, ки як гов метавонад барои як оилаи мисли оилаи мо-оилаи миёна манбаъи таъмини ғизо бошад: шир, ҷурғот, қаймоқ, чака ва равғани онро бачаҳо мехуранд. Аммо бо алафи еми харида ин кор бисёр душвор аст.
Мо, талош мекунем, ки аз муҳоҷират ризқу рӯзии худро ба даст оварем, аммо инҷо меоем, ки ҳама чизро-зиндагиро назар ба як соли пеш боз гаронтар кардаанд.
Имсол нархи 1 тонна кумур-ангишт аз 1300 то 1500 сомонӣ шудааст. Дар ҳоле, ки ду соли пеш 900 то 1000 буд. Мардум свет надоранд. Бовар кунед, ки баъзе рӯзҳо ҳатто ду соат свет ҳам намедиҳанд. Мо то кай ба ин азоб зиндагонӣ мекунем. Умри худи ман, ки 33 сол дорам дар бесветӣ гузашт. Наход фарзандони ман ҳам то ин синну сол бесвет зиндагонӣ кунанд?
Ҳамаи ин вазъу ҳолро мебинаму ба рафтору корҳои Эмомалӣ Раҳмонов муқоиса мекунам. Ман ба як чиз ҳайронам. Ҳар қадар мардум бечораву гурусна шаванд, ҳамон қадар Раҳмон шоҳона зиндагӣ мекунад. Вай ба 92 миллион доллар ҳавопаймои шахсӣ харид. Ин шабурӯзҳо дар вилояти Суғд қарор дорад. Лентабуриву пардабардорӣ ва кайфу сафову зиёфатхӯрӣ карда гаштааст. Як майда ба ҳоли мардум фикр намекунад. Аз рӯи шунидам дар дохили ин ҳавопаймо хобгоҳи шахсӣ бо ороиши тиллоӣ мавҷуд будааст ва толори васеи мулоқот, ва ошхонаи гаронарзиш бо нӯшокиҳои хориҷӣ ва ғизоҳои баҳрӣ дорад.
Ҳамон вақте Маскав будам як нафар аз ҳамкоронам, ки дониши хуби иқтисодӣ дошт гуфта буд, ки агар ҳамин маблағ барои мардум истифода мешуд, метавонист:-920 мактаби нав сохта шавад, 184 бемористон бо таҷҳизоти муосир фаъол гардад, 92 ҳазор ҷойи корӣ ба ҷавонон таъмин карда шавад.
Аммо Раҳмон аз болои ҳамин мардуме, ки на свет дорад, на гармӣ дорад ва зиндагиашро аз ҳисоби муҳоҷират таъмин мекунад, бо ин ҳавопаймои тиллоӣ парвоз мекунад ва ба ҷаҳониён худро «падари миллат» муаррифӣ месозад.
Шармат бод Раҳмонов, хиҷолат бикаш!
