Қотили рақами 1-и Кумита: «Амирбег Бегназаров-аз пардаҳои КДАМ то нақшаи табаддулот»

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №19

 Салому дуруди худро ба Шумо бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин мерасонам. Умедворам хубу саломат ҳастед ва аз хидмат ба халқу миллат хаста нашудаед.

Ҳиҷ руҳияи тарсу ҳаросе надорам, азоби виҷдоне намегирам. Агарчи тамоми ҳаёти худро вақф ва сарфи ин режими ғайримардумӣ ва хуношоми миллат карда ва то рутбаҳои баланди ҳарбӣ расидаам.

 Барои он аз руҳияи тарс ва азоби виҷдон ёдовар шудам, ки мо барои раиси ҷумҳур ва ҳифзи саломати вай ҳам савганд ёд кардаем. Аммо, ман ин Президент ва низ раиси КДАМ-ро афроде ёфтам, ки фақат ва фақат дар фикри худ ва курсиҳои худ ҳастанд. Бадтар аз ин омодаанд, ки барои ҳифзу наҷоти курсӣ ва мансаб тамоми халқро дар ғаму ғурбат нишонанд.

Дар ин авохир чанде аз навиштаҳои шумо маро бисёр ҳам таҳрик ва ангеза дод. Худо шоҳид аст ки баъди мутолиаи онҳо натавонистам хоби дуруст равам. Мақолаҳои шумо дар бораи қатли Саидаъзам Раҳмонов дар КДАМ ва низ як матлаби бисёр ҳам воқеӣ ва хонданибобатон, ки се бор такроран мутолиа кардам, дар бораи Рӯзи Президент болои ман сахт таъсир кард.

Дуруст аст ки режимҳои диктаторӣ бо тамоми васила ва абзоре, ки доранд тарсу ваҳшатро то мағзи ҷону устухони мардум ҷо мекунанд.

Тарс ба масобаи девори Хитой ва садди Искандар дар васати мардум ва ин режим шудааст. Ёду хотира ва ҷароҳату захмҳои ҷанги шаҳрвнадӣ ҳанӯз боқист. Барои убури он боястӣ ба мардум фаҳмонд, ки ин ҳаюлло, ки болои сар дорему худро Ҷанобу Пешвову Асосгузор эълон кардааст, як самозванеце беш нест, вале ҳарчи қадар идома биёбад халқи тоҷик чизеаш намемонад. Ба мардум бояд фаҳмонд, ки ин девори тарс, ки рост кардааст, пойдевораш, таҳкурсиаш ковок ва ларзонак ва ковок аст. Он дар як они воҳид фурӯ мерезад.

Мо бояд ҳақи зиндагии шоиста ва сазовор дошта бошем, ин таврест, ки ҳақи шоистаро танҳо ин оила дошта бошаду боқӣ бояд рӯз гузаронанд.

 Мо бояд аз гирифтани литсензияи онҳо барои зиндагӣ даст бикашем. Ҳоло онҳо тамоми зиндагии моро дар литсензияи худ гирифтаанд.

              Литсензия-асбоби ғуломсозӣ

 Литсензия надиҳанд зану шавҳар намешавӣ- хешу таборӣ мумкин нест.

 Литсензия надиҳанд, туй баргузор намешавад. Инҳо литсензия надиҳанд, роҳи Душанбе ба самти Хуҷанд бароят масдуд аст.

Литсензия надиҳанд, ҳиҷ кор карда наметавонӣ, ҳатто ҳамин утилизатсия, ҳатто ҳамин ҷамъоварии шираи камол, шофери таксӣ шудан дар пойтахт ва ғайраву ғайраҳо, ҳатто бори мошинат растаможка намешавад,дар ихтиёри инҳост.Барои ҳамаи ин мо бояд пул диҳем.Чаро?

                       Девори тарс ва режими оилавӣ

Ному насаби ман ҳатман махфӣ хоҳад буд. Ҳамин қадар басанда аст, бидонед, ки чаҳоряк аср мешавад дар вазифаҳои гуногун:- аз ваколатдори оперативӣ сар карда то сардори чанде аз раёсатҳои КДАМ кору фаъолият намудаам. Ҳоло ҳам сардори яке аз ниҳодҳои муҳим ва калидии ин сохтор мебошам. Ҳамарӯза бо муовин ва гоҳе аз рӯзҳо ба худи раис гузориш ва ҳисобот медиҳам. Шумо, дуруст пай бурдед, ки «фабрикаи ҷавоб» дигарбора даст ба кор шуд. Чунки дастури оғози фаъолияти вайро доданд.

 Имрӯз ба Шумо оиди яке аз сардорони раёсати КДАМ ҶТ, яке аз қотилони ҳирфаии Кумита, нафаре, ки 70%-и зиндонҳои Тоҷикистонро бо моддаҳои 137, 137(1), 179, 179(1), 179(2), 179(3), 187, 189, 305, 306, 307, 307(1), 307(2), 307(3), 307(4), 308, 401 пур намудааст, маълумот медиҳам.

 Ин нафар нафаре аст, ки дар кушторҳои оммавии ВМКБ, зиндонӣ ва ба қатл расонидани фаъолони ҷомеаи маданӣ ва журналистон, нафаре, ки худи ӯ бо ҳамроҳии СС.Ятимов барои боқӣ мондан дар ин ё он вазифа нақшаи нооромии мамлакатро мекашанд, то бо ин баҳона дар вазифаашон боқӣ монанд, нафаре, ки дар қатли Саидаъзам Раҳмонов даст дорад.
Бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ташаккур бар шумо, ки симои воқеъии чандин тан аз  золимон ва хоинони ин миллатро барои мардум ошкор кардед. Аммо ин нафаре, ки ман мегӯям, як шахси калидӣ ва қотили рақами 1 на танҳо дар Кумита, балки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нафар сардори Раёсати 20-ум (яъне Раёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм)-и КДАМ ҶТ, генерал-майор Бегназаров Амирбег Саймирович мебошад. Ин хунхор баъди кушта шудани Сардори раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров ( санаи кушта шудани генерал Назаров 21.07.2012), ба ҷои ӯ сардори раёсати ВМКБ таъин шуд, аниқтараш 3.09.2012 таъин шуд. Он замон рутбааш полковник буд. Дар давоми фаъолияташ дар ВМКБ чандин нафаронро бе гуноҳ ба қатл расонидааст. Ӯ қариб 2 сол дар ВМКБ сардори Раёсат буд. Ин нафар қотил ва ҷаллоди мардуми Бадахшон аст. Ёдатон бошад баъд ҳаводисии хунунин соли 2012 Раҳмонов дар 16 августи соли 2013 барои куштори мардуми помирӣ ба вай «Барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҷасорату фидокорӣ ҳангоми мубориза бо ҷинояткорӣ ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ордени «Спитамен», дараҷаи 2 тақдим кард».

  Соли 2015 ин ҳаромхӯри қотилро дар мувофиқа бо президент сардори Раёсати 20-ум (яъне Раёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм)-и КДАМ ҶТ таъин менамоянд ва худи ҳамон сол яъне 28.08.2015 ба ӯ рутбаи Олии ҳарбӣ, яъне генерал-майор дода мешавад. Дар ин вазифааш то 26.09.2017 меистад ва бо фармони президент аз 26 сентябри соли 2017 Nº438 ба вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад ва то 1 октябри соли 2018 дар ин вазифа кору фаъолият менамояд, ва бо фармони президент аз 1 октябри соли 2018 Nº486 аз ин вазифа озод карда мешавад ва боз ба вазифаи пештарааш яъне сардори Раёсати 20-ум (яъне Раёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм)-и КДАМ ҶТ бар мегардад ва то ҳол дар ҳамин вазифа кору фаъолият дорад.

 Бегназаров А. чӣ хеле, ки дар боло зикр намудам дар ҳақиқат як қотил аст. Чӣ гунае, ки дар барномаҳоятон оиди қатли Саидаъзам гуфта гузаштед, дар асл ӯро дар таҳхонаи раёсати 20-ум ба қатл расониданд. Раёсати 20-ум дар дохили дастгоҳи марказии КДАМ ҷойгир аст. Ӯро барои ришаш ба Кумита мебаранд ва дар онҷо мефаҳманд, ки маблағи зиёде дорад ва ӯро бо қувваи барқ бисёр шиканҷа мекунанд. Ин шиканҷаро ваколатдорони оперативии Раёсати 20-ум Рустам бо ҳамроҳии Наим ва Фируз анҷом медиҳанд. Онҳо бо дубинка дар сараш бисёр мезананд. Чандин дандонашро мешикананд. Ва дар охир Саидаъзам мегӯяд, ки ман ҳамаи ин шиканҷаҳоро ба ҳукумати Олмон мерасонам. Баъдан Рустам зуд ба муовини Бегназаров занг мезанад. Муовини Бегназаров ин полковник Суҳроб Раҷабов мебошад. Баъдан бо супориши Бегназаров Амирбек дар мувофиқа бо Ятимов, бечораи Саидаъзам «безарар» гардонида мешавад, яъне ӯро буғӣ карда мекушанд. Худо хоста бошад ин қотилон ҷавоби ҳамаи инро медиҳанд.
Ятимов нақша дорад, то омадани Рустами Эмомалӣ ба сари қудрат , дар мамлакат як табаддулоти дохилиро байни мақомотҳо анҷом диҳад. То ҷое маълумот дорам шояд ин табаддулот дар моҳи декабри соли 2026 анҷом шавад, яъне 3 моҳ пеш аз интихоботи президентӣ дар моҳи марти соли 2027.


Масоили маҳрамонаи генерал Бегназаров бо Ятимов

 Қариб 2-3 моҳ мешавад, ки дар дастгоҳи марказии КДАМ байни кормандон сухан танҳо дар бораи СС. Ятимов ва Бегназаров рафта истодааст.
Бегназаров дар кумита ва дар назди зертобеонаш алалхусус дар назди муовини худаш полковник Раҷабов Суҳроб бо лақаб ва ё кличкаи «хояи чапи Раис, яъне хояи чапи Ятимов» машҳур мебошад. Сабаби номгузории ин лақаб бисёр муаммои дуру дароз аст. Шояд Шумо дар бораи бачабоз будани Фаттоҳ Саид, Шоҳрух Саид ва дигарон маълумот дошта бошед, аммо ба виҷдони покам, ки дурӯғ намегӯям, ин беморӣ солҳо инҷониб ба СС.Ятимов ҳам таъсир кардааст. Ва партнёри СС.Ятимов дар вақти ин амали нангин ин Бегназаров Амирбег мебошад. СС. Ятимов ва Бегназаров ҳарду «УНИВЕРСАЛЬНЫЙ РОЛ» доранд, яъне ҳангоми якҷоя шуданашон бо навбат якдигарашонро чунин мекунанд. Ва «хояи чапи Раис» лақаб гирифтани Бегназаров ҳамин аст, ки вақти чунин амал бо СС. Ятимов ба мояи чапи ӯ чӣ зараре мерасонад.

Лутӣ будани СС. Ятимов ва бархе аз  сардорони раёсатҳои КДАМ-ро Камолзода Фарҳод (муовини аввали Раиси КДАМ) дона ба дона ва бо факту далел ва сабтҳои пинҳонии овозу наворҳои пинҳонӣ ба Раҳмонов мерасонад. Ҳоло дар тамоми мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон гап дар сари сабзибадаст будани ин пирсаг ва Бегназаров меравад.

Зимнан, вақте Бегназаровро аз Кумитаи дин дубора ба ҷойи пешинааш, ки яке аз Раёсатҳои калидии КДАМ аст меоварданд, дар Кумита мишмишҳо шуда буд, ки СС.Ятимов бе вай сахт зиқу ғамгин шуда буд.

 Баъди овоза шудани ин мавзуъ СС.Ятимов ду бор бо хоҳиши худаш ба қабули Президент меравад то ӯро аз вазифаи Раиси КДАМ гирифта ба Академияи илмҳо равон кунад. Аммо Раҳмонов ӯро ҳатто ба наздаш қабул намекунад. Агар шумо аҳамият дода бошед чандин чорабинии давлатӣ бо иштироки Раҳмонов гузашт, аммо дар ягонтояш СС.Ятимов даъватӣ набуд. Инчунин дар нишасти охири Шӯрои Амният ҳам СС.Ятимов иштирок намекард.
Дар охири навишта мехоҳам як чизро бароятон гӯям. Аз риш метарсанд. Ҳам СС. Ятимов ва ҳам Раҳмонов.

Мирзо Зиё ва Мирзохуҷа Низомовро Раҳмонов барои он ришҳояшонро гиронд, ки ҷуръат ва ғайраташ дар баробари онҳо мемурд ва забонаш банд меуфтод. Маҷлисҳои ҳукуматро ба душворӣ мегузаронд. Дар баробари риш эҳсоси хурд ва заъф мекунанд.

  Шумо дар ҳамон аксу наворҳо бинед, ки СС.Ятимов бо намояндагони Толибон дар курсӣ чи гуна нишастааст ва СС. Ятимовро дар назди ё иҳотаи беришҳо бинед, ки симову ваҷоҳаташ чи гуна аст? Салобат ва азамати риш пахшаш мекунад.

 Инро ҳам бояд бигӯяматон, ки Амирбег Бегназаров мисли қассобе, ки барояш гирифтани сари гунҷишку шутур якест. Аммо ин гунҷишку уштур не, одамҳоро «безарар» гардонидааст.

Ҳиҷ гоҳ маро кашф ва ошкор карда наметавонанд. Ман дар таги фукашон ҳастам. Дар рӯз садҳо маротиба мебинанд ва чун худ бовар доранд.Тамоман дар андешаашон хутур намекунад, ки ин ман ҳастам. Ба ман шубҳа кардан ба худ шубҳа кардан аст. 


Бародар Муҳаммадиқбол! Ин маълумотҳое, ки ба Шумо фиристодам, ин ҳамчун муқаддимае аз китоби шоҳнома мебошад. Худо хоҳад маълумоти зиёд дар даст дорам. Аз фарзандони Бегназаров то СС. Ятимов, аз суҳбатҳои маҳрамонаи СС. Ятимов бо Бегназаров, аз қасди куштани Раҳмонов дар дохили ҳавопаймо, наворҳо ва сабтҳои овозии махфӣ нисбати нақшаи табаддулот дар мамлакат, муносибатҳои маҳрамонаи ин ду муханнас бо факту далел ва сабти навору овоз. Худо хоҳад бо дигар рақамҳо ба Шумо мефиристам. Боқӣ хонаободу сарбаланд бошед.

Эзоҳи Ислоҳ

Муаллиф навиштааст, ки метавонад аз муддаиёни 35000 евро ҷоизаи эълонамудаи дӯстони Саидаъзам барои ошкор намудани шахсияти қотилони Саидаъзам бошад. Аммо тавре ин ҷоиза ба вай дода бишавад, ки касе бӯ набарад.

Мо, ҳанӯз маълумоти мувассақ нагирифтаем, ки маҳз кӣ ва кадоме аз амниятиҳо Саидаъзамро ба қатл расонидаанд. Аммо чуноне мебинед, сари нахҳо якеяке ҳуй ва ошкор шуда истодаанд.

 Ва, аммо дар ин миён нақши Бегназаров Амирбег дар ин қатл чи гуна аст, шахсан худи вай дар вақти куштор ҳузур дошт, номаълум аст. Аммо як чиз мушаххас ва дақиқ шудааст, ки  ин нафар зидди дини ислом, атеисти худобезор, лоик ва ришу ҳиҷоббадбин аст.

  .

Share This Article